Главная страница

Шпаргалка. Ахтарони адаб 37 - Абдулкодири Бедил. Ахтарони адаб 37 айати мушовара ва таририяи


Скачать 0.85 Mb.
НазваниеАхтарони адаб 37 айати мушовара ва таририяи
АнкорШпаргалка
Дата15.09.2021
Размер0.85 Mb.
Формат файлаdocx
Имя файлаАхтарони адаб 37 - Абдулкодири Бедил.docx
ТипДокументы
#232339
страница21 из 35
1   ...   17   18   19   20   21   22   23   24   ...   35

Шарм кам дорад зи номуси адам,

Ҳар кӣ тӯмори насаб во мекунад.

Пунба аз мино ба ғафлат бармадор,

Ин парӣ банди қасаб во мекунад.

Бе адаб бар ғунча макшоед даст,

Ин гиреҳро гул ба лаб во мекунад.

Уқда нопайдост дар тори нафас,

Лек, Бедил, рӯзу шаб во мекунад.

* * *

Муҳаббат ситамгар набошад, набошад,

Вафо заҳматовар набошад, набошад.

Дили ҷамъ муҳрест бар ганҷи иқбол,

Агар киса пурзӯр набошад, набошад.

Шукӯҳе, ки дорад ҷаҳони қаноат,

Ба хоқону қайсар набошад, набошад.

Диле мегудозам ба сад ҷӯши мастӣ,

Маям гар ба соғар набошад, набошад.

Дар афсурданам хуфта парвози анқо,

Чу рангам агар пар набошад, набошад.

Ҳавасҷавҳари тарбият нест ҳиммат,

Фалак сифлапарвар набошад, набошад.

Чӣ ҳарф аст лағзиш ба рафтори маънӣ?

Хате гар ба мистар набошад, набошад.

Ба ҷое ки бошад уруҷи ҳақиқат,

Агар чарху ахтар набошад, набошад.

Чунон бош фориғ зи бори тааллуқ,

Ки бар дӯш агар сар набошад, набошад.

Яқине, ки аз шубҳае дур бинӣ,

Лаби ёр гавҳар набошад, набошад.

Ба хеш ошно шав, чи воҷиб, чи мумкин,

Аразро ки ҷавҳар набошад, набошад.

Паёмест ин эътибороти ҳастӣ,

Ки ҳар ҷо паямбар набошад, набошад.

Аз он остон хоҳ матлуби ҳиммат,

Ки чизе бар он дар набошад, набошад.

Зи аъдоди халқ ончи вомешуморӣ,

Агар воҳид аксар набошад, набошад.

Асар номдор аст, аз оина магзар,

Гирифтам, Сикандар набошад, набошад.

Чи дунё, чи уқбо, хаёл аст, Бедил,

Ту бош, ину он гар набошад, набошад.

* * *

Мактуби шавқ ҳаргиз бе номабар набошад,

Мову зи хеш рафтан, қосид агар набошад.

Ҳар ҷо танид348 фитрат, як ҳалқа дошт гардун,

Дар фаҳми хатти паргор ҳукми дусар набошад.

Хошокро дар оташ то кай хаёли пухтан?

Он ҷо ки ҷилваи ӯст, аз мо асар набошад.

Мағрури фурсати даҳр з-ин бештар мабошед,

Басту кушоди мижгон шому саҳар набошад.

Барқе зи дур дорад ҳангомаи таҷаллӣ,

Эй бехудон, бибинед, дил ҷилвагар набошад?

Моро ба ранги шабнам то ошёни хуршед

Бояд ба дида рафтан, гӯ болу пар набошад.

Ҳарчанд кори фардост, имрӯз муфти худ гир,

Шояд димоғи тоқат вақти дигар набошад.

Зоҳид, зи вазъи хилват нози камол мафрӯш,

Афсурдан аз кафе хок чандон ҳунар набошад.

Оинахонаи дил охир ба занг додем,

З-ин беш оҳи моро ранги асар набошад.

Хоҳӣ, ба халқ рӯ кун, хоҳӣ, хаёли ӯ кун,

Эй олами тамошо, бар худ назар набошад.

Осудагӣ маҷӯед аз вазъи ашки Бедил,

Ин ҷавҳари чакидан оби гуҳар набошад.

* * *

Мавҷи гул бе ту хорро монад,

Субҳ шабҳои торро монад.

Ба фусуни нишот хун шудаам,

Нашъаи ман хуморро монад.

Чашми оина аз тамошояш

Нусхаи навбаҳорро монад.

Зиндагонию гирудори нафас

Арсаи корзорро монад.

Гули шабнамфурӯши ин гулшан

Синаи доғдорро монад.

Чанд бошӣ зи ҳосили дунё

Маҳви фахре ки орро монад?

Шуҳрати эътибор ташҳир аст,

Муътабар харсаворро монад.

Дуди оҳам зи ҷӯши доғи ҷигар

Накҳати лолазорро монад.

Мекашандат зи ҳалқ, хуш бошад,

Ҷоҳ ҳам пойи дорро монад.

То назар боз кардаӣ, ҳеҷ аст,

Умр барқи шарорро монад.

Мижа во кардане намеарзад,

Ҳама олам ғуборро монад.

Маҳви ёрему орзу боқист,

Васли мо интизорро монад.

Бе ту оғӯши гиряолудам

Захми хундарканорро монад.

Сояро нест офати селоб,

Хоксорӣ ҳисорро монад.

Нусхаи сад чаман задем ба ҳам,

Нест ранге, ки ёрро монад.

Мижаи хунфишони Бедили мо

Раги абри баҳорро монад.

* * *

Нашъа дудест, ки аз оташи май мехезад,

Нағма гардест, ки аз кӯчаи най мехезад.

Аз лаби навхати ӯ гар сухан эҷод кунам,

Ҷомро мӯ ба тан аз мавҷаи май мехезад.

Пир гаштӣ, зи асарҳои амал ибрат гир,

Аз камон баҳри шикастан рагу пай мехезад.

Пештоз аст хурӯши нафас аз ваҳшати умр,

Гарди ҷавлон ҳамаро гарчи зи пай мехезад.

Чӣ хаёл аст, ба хун то ба гулӯ наншинад?

Ҳар кӣ чун шиша раги гардани вай мехезад.

Дил агар оинаи анҷумани имкон нест,

Ин қадар нақши таҳайюр зи чӣ шай349 мехезад?

Оламе силсилаперои ҷунун аст, аммо

Гирдбоде дигар аз водии ҳай350 мехезад.

Саъйи оҳ аз дили мо печухами ваҳм набурд,

Ҷавҳар аз оина бо мисқала351 кай мехезад?

Машав аз офати дамсардии пирӣ ғофил,

Дуде аз табъи нафас мавсими дай мехезад.

Бедил, аз бас ба ғами ишқ саропо гираҳам,

Аз дилам нола ба занҷир чу най мехезад.
* * *

Номам ҳаваси нигин надорад,

Назмам чу нафас замин надорад.

Ҳиммат чӣ фарозад аз такаллуф?

Домони сипеҳр чин надорад.

Ҳастӣ ҷуз шубҳа нест, лекин

Бар шубҳа касе яқин надорад.

Дар табъи лаим шарми кас нест,

Хиссат арақи ҷабин надорад.

Ҳарчанд ба доманаш бикӯшӣ,

Дасти карам остин надорад.

Дарди ватан аз шикасти дил пурс,

Чинӣ ҷуз мӯ зи Чин надорад.

Ҳар сӯ назар афканӣ, асирем,

Сайёдии мо камин надорад.

Худ хасми худем, варна, гардун

Бо халқи заиф кин надорад.

Айшу алам аз ту пеш рафтаст,

Фурсат дами вопасин надорад.

Мову ту хароби эътиқодем,

Бут кор ба куфру дин надорад.

Таъдод ба олами аҳад нест,

«Ӯ» дар ҳар ҷост, «ин» надорад.

Ҳар ҷилва ки ногузири ӯӣ,

Хоҳӣ дидан, «бибин» надорад,

Шавқест таронасанҷи фитрат,

Бедил сари офарин надорад.

* * *

На бо сози ҳавас ҷӯшад, на бар касби ҳунар печад,

Табиат чун расо афтад, ба маънӣ бештар печад.

Ба ин ошуфтагӣ моро куҷо роҳат, чӣ ҷамъият?

Ҳавои турраат ҷои нафас бар дил магар печад.

Гумони ҳалқаи дом аст он сайди назокатро,

Гар аз чашми манаш тори нигоҳе бар камар печад,

Зи асбоби ҳавас бар ҳар чӣ печӣ, фоли кулфат зан,352

Гиреҳ пайдо кунад, дар ҳар куҷо най бар шакар печад.

Шаби уммед тай шуд, вақти он омад, ки навмедӣ

Ғубори мо-заифон ҳам ба домони саҳар печад.

Ҷунунам доғ шуд дар кисвати номуси худдорӣ,

Гиребоне чу гул доман кунам, то дар камар печад.

Умеди офият гар ҳаст, аз теғ аст бисмилро,

Ғариқи баҳри улфат беҳ, ки бар мавҷи хатар печад.

Зи сомони тааллуқҳо парешонӣ ғанимат дон,

Ҳамон дом аст, агар ин риштаҳо бар якдигар печад.

Назокатгоҳи нози кист, ё Раб, килки тасвирам?

Ду олам ранг гардонад, сари мӯе агар печад.

Ба ранги шамъ маҷнуни гирифторӣ диле дорам,

Ки занҷираш гар аз по во кунӣ, чун мӯ, ба сар печад.

Ба андози хироми ӯ мабод аз худ равӣ, Бедил,

Ки тарсам, гардиши рангат инони ноз дарпечад.

* * *

Нишоти ин баҳорам бе гули рӯят чӣ кор ояд?

Ту гар оӣ, тараб ояд, биҳишт ояд, баҳор ояд.

Зи истиқболи нозат гар чаманро рухсате бошад,

Ба сад товус бандад нахлу як оинавор ояд.

Пур аст ин дашт аз сомони нахчири таманноят,

Ҷунунтозе, ки сайди лоғари мо ҳам ба кор ояд.

Ба сози мо набояд беш аз ин афсурдагӣ бастан,

Хироме, то зи ҳар гоми ту мизробе ба тор ояд.

Шукуфтан баски дорад ошён дар ҳар буни мӯят,

Табассум гар ба лаб дуздӣ, чаманҳо дар фишор ояд.

Надорад мавҷ бе васли гуҳар уммеди ҷамъият,

Ҳамоғӯшат бароям, то канорам дар канор ояд.

Ба барқи интизорам мегудозад шавқи дидоре,

Таҳайюр медиҳам об, эй Худо, дидан ба бор ояд.

Фалак ҳарчанд дар хоки адам резад ғуборамро,

Саҳар гул чинад аз ҷайбам, даме, к-он шаҳсавор ояд.

Чамантамҳиди ҳайрат рафта буд аз чашми муштоқон,

Кунун гулчини чандин наргисистон интизор ояд.

Шаб омад бар сари дурон, сияҳ шуд рӯзи маҳҷурон,

Худовандо, кай он хуршеди ғурбатихтиёр ояд?

Ҳазор оина аз дасти дуоям мезанад сайқал,

Ки, ё Раб, он парирӯ бо мани Бедил дучор ояд.

* * *

На фахр медамад ин ҷо, на нанг меборад,

Бар ин нишон ки ту дорӣ, хаданг меборад.

Фиреби абри карам хӯрдаӣ аз ин ғофил,

Ки қатра-қатра ҳамон чашми танг меборад.

Дигар чӣ чора ба ҷуз хомушӣ, ки ҳамчу ҳубоб

Бар обгинаи мо оҳ санг меборад?

Видоъи фурсати барқу шарор хирман кун,

Ба мазраъе ки шитоб аз диранг меборад.

Баҳори ин чаман азбаски ваҳшатандуд аст,

Зи доғи лола ҷунуни паланг меборад.

Ба пурсиши дили чоки кӣ судаӣ нохун,

Ки ранги хуни баҳорат зи чанг меборад?

Ба ҳайратам, ки нигоҳ аз чӣ ибрат об диҳам?

Зи хору гул ҳама ҳусни Фаранг меборад.

Дили шикаста хумистони ёди наргиси кист,

Ки ашкам аз мижа соғарбачанг меборад?

Махӯр фиреби мурувват зи чархи миноранг,

Ки ҷои бода аз ин шиша санг меборад.

Зи обёрии кишти ҳасад табарро кун,

Ки хуни офият аз сози ҷанг меборад.

Хатост туҳмати ҷуръат ба аҷзи мо бастан,

Ҳазор обила бар пойи ланг меборад.

Махоҳ ғайри такаллуф зи ағниё, Бедил,

Ки абри мазраи ин қавм нанг меборад.

* * *

Вазъи фалак он ҷо, ки ба як ҳол набошад,

Ранги ману ту чанд сабукбол набошад?

То вонигарӣ, рафтаӣ аз дидаи аҳбоб,

Об он ҳама зиндонии ғирбол набошад.

Гардан нафарозӣ, ка дар ин мазраи ибрат

Чун дона саре нест, ки помол набошад.

Дилро нафиребӣ ба фусунҳои таайюн,

Ороиши ин оина тимсол набошад.

Айбе батар аз лофи камолот надидем,

Шарме, ки лабат ташнаи табхол набошад.

Аз шукри муҳаббат дили мо бехабар афтод,

Дар қаҳти вафо ҷурми маҳу сол набошад.

Имрӯз гар инсоф диҳад доди табоеъ,354

Кас мунтазири Маҳдию Даҷҷол набошад.

Эй оина, ҳар сӯ гузарӣ, муфти тамошост,

Уммед, ки оҳет ба дунбол набошад.

Домони карӣ гиру навои ҳама бишнав,

То пеши ту соҳибғаразе лол набошад.

Хиффат макаш аз халқу ба изҳори ғано кӯш,

Ҳарчанд ба дасти ту зару мол набошад.

Дар ҳар кафи хоке ки фитодем, фитодем,

Паҳлӯи адаб қуръаи раммол набошад.

Тар мекунад андешаи хушкӣ мижаамро,

Мағзи қалами наргиси ман нол набошад.

Озодагию сайри гиребон чӣ хаёл аст?

Бедил, сари парвоз таҳи бол набошад.

* * *

Ҳарчанд ба Ҳақ қурби ту мақдур355 набошад,

Бар дарди диле гар бирасӣ, дур набошад.

Осори ғурур анҷуманорои шикаст аст,

Чинӣ тараби маҷлиси фағфур набошад.

Бар шишаи қулқулҳаваси мо магузоред

Он пунба, ки мағзи сари Мансур набошад.

Пайғоми вафо дар гарави саъйи ҳалок аст,

Ғамномаи мо ҷуз ба пари мӯр набошад.

Эй масти қаноат, макушо каф ба дуо ҳам,

То дасти ту хамёзаи махмур набошад.

Аз басту кушоди дари таҳқиқ маяндеш,

Чашму мижа саҳл аст, дилат кӯр набошад.

Ёрон ғами дамсардии айём надоранд,

Бояд хунукиҳои ту кофур набошад.

Бигзар зи мақомоти хаёлоти фузулӣ,

Доғи «аринӣ» ҷуз ба сари Тур набошад.

Дар водии таҳқиқ чӣ ҳарф аст сиёҳӣ,

Гар ҳоили биноии мо нур набошад?

Нақди дилу помузди тараддуд чӣ хаёл аст,

Ин обила сар бар кафи муздур набошад.

Мо-сӯхтагон барҳамани қашқаи шамъем,

Дар дайри вафо сандалу сундур356 набошад.

Барҳам задани улфати дилҳо маписандед,

Дуккони Ҳалаб хӯшаи ангур набошад.

Бедил, зи шару шӯри тааллуқ ба ҷунун зан,

Гӯ, хонаи занҷири ту маъмур набошад.

* * *

Ҳарчанд дил аз васл қадаҳнӯш набошад,

Раҳме, ки зи ёди ту фаромӯш набошад.

Ҳарфе, ки бувад бе асари сози дуоят,

Ё Раб, ба забон н-ояду дар гӯш набошад.

Ҷое ки ба гардиш занад андози нигоҳат,

Чандон ки назар кор кунад, ҳуш набошад.

Он ҷо ки адаб қобили дидорпарастист,

Во кардани мижгон кам аз оғӯш набошад.

Дар дайри муҳаббат, ки адаб оинадор аст,

Хомӯш беҳ он шуъла, ки хомӯш набошад.

Гӯянд, ба саҳрои қиёмат саҳаре ҳаст,

Ё Раб, ки ҷуз он субҳи буногӯш набошад.

Халқест хиҷолаткаши махмурию мастӣ,

Ин хумкадаро ғайри арақ357 ҷӯш набошад.

Сар то қадами вазъи ҳубоб аст хамидан,

Ҳаммоли нафас ҷуз ба чунин дӯш набошад.

Бедил, чӣ хаёл аст камоли ту нуҳуфтан?

Оинаи хуршед намадпӯш набошад.

* * *

Ҳар сухансанҷе, ки хоҳад сайди маъниҳо кунад,

Чун забон мебояд аввал хилвате пайдо кунад.

Зинҳор, аз суҳбати бадтинатон парҳез кун,

Зиштии як рӯ ҳазор оинаро расво кунад.

Умрҳо мебоядат бо безабонӣ сохтан,

То ҳамон хомӯшият чун оина гӯё кунад.

Мекашад бар дӯш сад тӯфон шикасти ҳодисот,

То касе чун мавҷ аз ин дарё саре боло кунад.

Ҳарзагард аз суҳбати соҳибназар гирад ҳаё,

Об гардад дуд, чун дар чашми мардум ҷо кунад.

Оҳи гарме сайқали сад оина дил мешавад,

Шуълае чун шамъ чандин доғро бино кунад.

Бе гудози худ илоҷи кулфати дил мушкил аст,

Кист, ғайр аз об гаштан иқди гавҳар во кунад?

Медамад субҳ аз гиребон сафҳаи оинаро,

Аз тамошои хатат гар ҷавҳаре иншо кунад.

Шонаро иқболи гесӯят Хутансармоя кард,

Вақти ринде хуш, ки бо чоки ҷигар савдо кунад.

Хоки Маҷнунро асое нест ғайр аз гирдбод,

Нолае ку, то бинои шавқи мо барпо кунад?

Сахт дур афтодаем аз обу ранги эътибор,

З-ин гулистон ҳар кӣ берун ҷаст, сайри мо кунад.

Бе хатое нест, Бедил, изтироби аҳли дард,

Ашк чун бетоб гардад, лағзише пайдо кунад.

* * *

Ҳар куҷо ушшоқро дарди талаб манзур шуд,

Рафтани ранги ду олам хуни як носур шуд.

Ранги миннат барнамедорад дили аҳли сафо,

Субҳ захми хешро худ марҳами кофур шуд.

Баски дидам улфати офоқ лабрези газанд,

Дидаи аҳбоб бар ман хонаи занбур шуд.

Беқароронат димоғи ҳасрате месӯхтанд,

Як шарар аз парда берун зад, чароғи Тур шуд.

Дил чӣ сомон к-аз шикасти орзу бар ҳам начид?

Баски мӯ овард ин чинӣ, сари фағфур шуд.

Буд бетаъмирие сарфи бинои коинот,

Дил харобӣ кард, к-ин вайронаҳо маъмур шуд.

Тарки инсоф аз русуми интизом эмин наяст,

Баски чашм аз маъниям пӯшид ҳосид, кӯр шуд.

Гоҳи тӯфони ғазаб аз чини абрӯ бок нест,

Аз шикасти пул натарсад сел, чун пурзӯр шуд.

З-ин ҳама ҳасрат, ки мардум дар хумораш мурдаанд,

Ҷамъ шуд хамёзае чанду даҳони гӯр шуд.

Обила бе саъйи помардӣ намеояд ба даст,

Решаи ток аз давидан соҳиби ангур шуд.

Меҳнати пирист, Бедил, ҳосили айши шабоб,

Ҳар кӣ шаб май хӯрд, хоҳад субҳдам махмур шуд.

* * *

Ҳар кӣ анҷоми ғурури манумо мебинад,

Бар фалак низ ҳамон дар таҳи по мебинад.

Шаш ҷиҳат оинаи арзи савоб аст, аммо

Чашмат аз кӯрдилӣ саҳву хато мебинад.

Чашм бар ҳалқаи дарвозаи раҳмат дорад,

Хешро ҳар кӣ ба таслим дуто мебинад.

Накунӣ ҷуръати коре, ки набояд кардан,

Гар шавӣ ин қадар огаҳ, ки Худо мебинад.

Зиндагонӣ чию осудагии умр кадом?

Субҳи мо арзи ғуборе ба ҳаво мебинад.

Шамъвор оинаи ростӣ аз даст мадеҳ,

Кӯр ҳам пешу паси худ ба асо мебинад.

Ҷои раҳм аст, гар озода муқайяд гардад,

Об дар кисвати оина чиҳо мебинад?

Булбули мо чӣ кунад, гар нашавад маҳви хурӯш?

Аз раги гул ҳама меҳроби дуо мебинад.

Беҳ, ки мо низ чу шабнам арақе об шавем,

К-он гулистони ҳаё ҷониби мо мебинад.

Ҳама мозист, куҷо ҳолу кадом истиқбол?

Дида ҳар сӯ нигарад, рӯ ба қафо мебинад.

Баски коҳидаам аз дарди таманно, Бедил,

Мӯй дорад ба назар, ҳар кӣ маро мебинад.

* * *

Ҳаргиз ба дастгоҳи назар по намерасад,

Кӯри асопараст ба бино намерасад.

Ҳар тифли ғунча ҳамсабақи дарси субҳ нест,

Ҳар соҳиби нафас ба Масеҳо намерасад.

Гул хок гашту шӯхии ранги ҳино наёфт,

Афсӯси ҷабҳае, ки ба он по намерасад.

Ин аст агар ҳақиқати найранги ваъдаат,

Моему фурсате, ки ба фардо намерасад.

Аз нақши эътибори ҷаҳон сахт содаем,

Тимсоли кас ба оинаи мо намерасад.

Дар ҷустуҷӯи мо накашӣ заҳмати суроғ,

Ҷое расидаем, ки анқо намерасад.

Моро чу сел хок ба сар кардан асту бас,

То он замон, ки даст ба дарё намерасад.

Осудаанд софдилон аз забони халқ,

Аз мавҷи май шикаст ба мино намерасад.

Якдаст медамад саҳару шоми рӯзгор,

Ҳеҷ офате ба ин гули раъно намерасад.

Дар гулшане ки ӯст, чӣ шамнам, кадом ранг?

Яъне, дуои бӯи гул он ҷо намерасад.

Рамзи даҳони ёр зи мо-бехудон мапурс,

Табъи сақими358 мо ба муаммо намерасад.

Зоҳид, димоғи тавба ба Кавсар расондаӣ,

Маъзур, к-ин хаёл ба саҳбо намерасад.

Охир ба ранги нақши қадам хок гаштан аст,

Оина пеши пову касе вонамерасад.
1   ...   17   18   19   20   21   22   23   24   ...   35


написать администратору сайта