Уголовный кодекс Таджикистана. Кодекси иноятии УМурии тоикистон исми умумї фасли i. Онуни иноятї
Скачать 0.67 Mb.
|
Моддаи 352. Азонихудкунии ваколатњои шахси мансабдорАз ҷониби хизматчии давлатӣ, ки шахси мансабдор намебошад, азонихудкунии ваколатњои шахси мансабдор ва вобаста ба он содир кардани ҳаракатњое, ки боиси расонидани зиёни назаррас ба ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ё ташкилот ва ё манфиатњои бо ќонун њифзшавандаи љамъият ё давлат гардида бошад, - бо корњои њатмї ба муњлати то яксаду бист соат ва ё корњои ислоњї ба муњлати то чор моњ ва ё љарима ба андозаи то яксаду бист нишондињанда барои њисобњо ва ё њабс ба муњлати то чил шабонарўз љазо дода мешавад. Моддаи 353. Иштироки ѓайриќонунї дар фаъолияти соњибкорї Аз љониби шахси ба иҷрои вазифањои давлатӣ ваколатдоршуда ва ё шахси ба ў баробаркардашуда ва ё шахси мансабдор ва ё шахси мансаби давлатиро ишѓолнамуда таъсис додани ташкилоте, ки фаъолияти соњибкориро ба амал мебарорад ва ё шахсан иштирок дар идора кардани ин ташкилот ё тавассути шахси боэътимод хилофи манъи муќаррарнамудаи ќонун, агар ин кирдор бо фароњам овардани имтиёз ё бартарї ё дар шакли дигари пуштибонї ба ин ташкилот алоќаманд бошад, - бо корњои њатмї ба муњлати то яксаду шаст соат ва ё корњои ислоњї ба муњлати то шаш моњ ва ё љарима ба андозаи то яксаду њафтод нишондињанда барои њисобњо ва ё њабс ба муњлати то панљоњ шабонарўз бо муосдираи молу мулк љазо дода мешавад. Моддаи 354. Монеъ шудан ба фаъолияти ќонунии соњибкорї 1. Радди ѓайриќонунии баќайдгирии соњибкории инфиродї ё ташкилоти тиљоратї ва ё саркашї кардан аз баќайдгирии онњо ё радди ѓайриќонунии додани иљозати махсус барои татбиќи фаъолияти соњибкорї, мањдуд кардани њуќуќ ва манфиатњои ќонунии соњибкори инфиродї ё ташкилоти тиљоратї, новобаста аз шакли ташкилию њуќуќї ё шакли моликият, њамчунин мањдуд кардани мустаќилият ва ё дахолати дигари ѓайриќонунї дар фаъолияти соњибкори инфиродї ё ташкилоти тиљоратї, агар ин кирдорњо аз љониби шахси ба иҷрои вазифањои давлатӣ ваколатдоршуда ва ё шахси ба ў баробаркардашуда ва ё шахси мансабдор ва ё шахси мансаби давлатиро ишѓолнамуда бо истифода аз маќоми хизматї хилофи манфиатњои хизматї бо маќсади ба даст овардани фоида ва бартарї барои худ ё дигар шахсон, ташкилот ва ё расонидани зиён ба дигар шахсон ё ташкилот, ки боиси расонидани зиёни назаррас ба њуќуќ ва манфиатњои ќонунии шањрвандон ё ташкилот ва ё манфиатњои бо ќонун њифзшавандаи љамъият ё давлат гардида бошад,- бо љарима ба андозаи то сесаду шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то ду сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат бо мусодираи молу мулк, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то ду сол ё бидуни он љазо дода мешавад. 2. Њамин кирдорњо, ки: 1) аз љониби гурўњи шахсон бо созиши пешакї; 2) ба андозаи калон содир шуда бошанд, - бо љарима ба андозаи аз сесаду шаст то нуњсад нишондињанда барои њисобњо ва ё мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз ду то панљ сол бо мусодираи молу мулк, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то панљ сол ё бидуни он љазо дода мешавад. 3. Кирдорњои дар қисмњои якум ё дуюми ҳамин модда пешбинишуда, ки: 1) ба андозаи махсусан калон; 2) аз љониби гурўњи љиноятї ва ё ба манфиатњои гурўњи љиноятї содир шуда бошанд, - бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз чор то њафт сол бо мусодираи молу мулк, бо якумра маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян љазо дода мешаванд. Моддаи 355. Бадќасдона вайрон кардани ќоидањои баргузории савдои оммавї ё тендер ё музоядањо (аукцион) Бадќасдона вайрон кардани ќоидањои баргузории савдои оммавї ё тендер ё музоядањо, ки ба соњибмулк, ташкилкунандаи савдо ё тендер ё музояда, харидор ё дигар субъекти хољагидорї зарари калон расонида шуда бошад, - бо љарима ба андозаи то сесаду шаст нишондињанда барои њисобњо ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то ду сол ё мањруми сохтан аз озодї ба њамин муњлат љазо дода мешавад. Моддаи 356. Гирифтани пора 1. Гирифтани пора шахсан ё тавассути миёнарав аз љониби шахси ба иҷрои вазифањои давлатӣ ваколатдоршуда ё шахси ба ў баробаркардашуда ё шахси мансаби давлатиро ишѓолнамуда ва ё шахси мансабдор, њамчунин шахси мансабдори давлати хориљї ё шахси мансабдори ташкилоти байналмилалї дар намуди пул, коѓазњои ќиматнок, дигар молу мулк, њуќуќ ба молу мулк ё фоидаи дорои хусусияти молумулкидошта барои худ ё шахсони дигар, барои иљро кардан ё накардани амали муайян ба манфиати порадињанда ё намояндагони ў, агар чунин њаракат (бењаракатї) ба доираи ваколати хизматии ин шахс дохил бошанд ва ё ў вобаста ба ќудрати мавќеи мансабиаш ба чунин њаракат (бењаракатї) мусоидат карда метавонад, њамчунин барои пуштибонии умумї ё сањлангорї дар хизмат, - бо љарима ба андозаи аз дањ то понздањкаратаи маблаѓ ё арзиши пора ва ё мањрум сохтан аз озодї ба муњлати то се сол бо мусодираи молу мулк бо якумра маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян љазо дода мешавад. 2. Њамин кирдор, ки ба андозаи назаррас, њамчунин гирифтани пора барои њаракатњои (бењаракатии) ѓайриќонунї содир шуда бошад, - бо љарима ба андозаи аз понздањ то бисткаратаи маблаѓ ё арзиши пора ва ё мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз ду то панљ сол бо мусодираи молу мулк, бо якумра маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян љазо дода мешавад. 3. Кирдорњои дар қисмњои якум ё дуюми ҳамин модда пешбинишуда, агар онњо: 1) бо роњи тамаъљўї; 2) якчандкарата; 3) аз љониби гурўњи шахсон бо созиши пешакї; 4) ба андозаи калон содир шуда бошанд, - бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз панљ то њашт сол бо мусодираи молу мулк, бо якумра маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян љазо дода мешаванд. 4. Кирдорњои дар қисмњои якум, дуюм ё сеюми ҳамин модда пешбинишуда, агар онњо: 1) ба андозаи махсусан калон; 2) аз љониби гурўњи љиноятї содир шуда бошанд, - бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз њашт то дувоздањ сол бо мусодираи молу мулк, бо якумра маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян љазо дода мешаванд. Эзоњ: бо дарназардошти камањмият будан ва аз љониби шахс бори аввал гирифтани молу мулк, њуќуќ ба молу мулк ё дигар фоидаи дорои хусусияти молумулкидоштаи дар ќисми якуми њамин модда пешбинишуда, њангоми набудани созиши пешакї барои њаракат (бењаракатии) ќонунї, агар арзиши туњфа аз дањ нишондињанда барои њисобњо зиёд набошад, љиноят намебошад ва бо тартиби интизомї ё маъмурї таъќиб карда мешавад. Моддаи 357. Додани пора 1. Додани пора шахсан ё тавассути миёнарав ба шахси ба иљрои вазифњои давлатї ваколатдор ва ё шахси ба ў баробаркардашуда ё шахси мансаби давлатиро ишѓолнамуда ва ё шахси мансабдор, њамчунин ба шахси мансабдори давлати хориљї ё ташкилоти байналмилалї, - бо љарима ба андозаи аз панљ то дањкаратаи маблаѓ ё арзиши пора ва ё мањрум сохтан аз озодї ба муњлати то ду сол бо мусодираи молу мулк ё бидуни он, бо якумра маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян љазо дода мешавад. 2. Њамин кирдор, ки ба андозаи назаррас содир шуда бошад, - бо љарима ба андозаи аз дањ то понздањкаратаи маблаѓ ё арзиши пора ва ё мањрум сохтан аз озодї ба муњлати то се сол бо мусодираи молу мулк ё бидуни он, бо якумра маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян љазо дода мешавад. 3. Кирдорњои дар ќисмњои якум ё дуюми њамин модда пешбинишуда, агар онњо: 1) якчандкарата; 2) аз љониби гурўњи шахсон бо созиши пешакї; 3) ба андозаи калон содир шуда бошанд, - бо љарима ба андозаи аз понздањ то бисткаратаи маблаѓ ё арзиши пора ва ё мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз ду то панљ сол бо мусодираи молу мулк, бо якумра маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян љазо дода мешаванд. 4. Кирдорњои дар ќисмњои якум, дуюм ё сеюми њамин модда пешбинишуда, агар онњо: 1) ба андозаи махсусан калон; 2) љониби гурўњи љиноятї содир шуда бошанд,- бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз чор то њафт сол бо мусодираи молу мулк, бо якумра маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян љазо дода мешаванд. Эзоњ: 1. Бори аввал ба шахси дар ќисми якуми моддаи 356 Кодекси мазкур зикргардида, барои њаракатњои (бењаракатии) қонунии қаблии содиркарда додани туњфае, ки маблаѓ ё арзиши он аз дањ нишондињанда барои њисобњо зиёд намебошад, агар њаракатњо (бењаракатии) содирнамудаи ин шахс бо созиши пешакӣ анљом дода нашуда бошанд, ба љавобгари љиноятї кашида намешавад. 2. Шахсе, ки пора додааст, аз љавобгарии љиноятї озод карда мешавад, агар нисбати ў тамаъљўии пора аз тарафи шахси дар ќисми якуми моддаи 356 Кодекси мазкур зикргардида љой дошта бошад ё агар ин шахс ихтиёран ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ё мақомоти махсуси давлатӣ дар хусуси порадињї хабар дода бошад. Моддаи 358. Миёнаравї дар гирифтан ё додани пора 1. Миёнаравї дар гирифтан ё додани пора, яъне мусоидат ба порагир ва порадењ барои ноил шудан ё иљрои созиши байни онњо дар бораи гирифтан ва додани пора, - бо љарима ба андозаи аз се то њафткаратаи маблаѓ ё арзиши пора ва ё мањрум сохтан аз озодї ба муњлати то ду сол бо мусодираи молу мулк ё бидуни он, бо якумра маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян љазо дода мешавад. 2. Њамин кирдор, ки: 1) якчандкарата; 2) бо истифода аз маќоми хизматї; 3) аз љониби гурўњи љиноятї содир шуда бошад, - бо љарима ба андозаи аз њафт то дањкаратаи маблаѓ ё арзиши пора ва ё мањрум сохтан аз озодї ба муњлати то се сол бо мусодираи молу мулк, бо якумра маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян љазо дода мешавад. Моддаи 359. Сохтакории хизматї 1. Сохтакории хизматї, яъне аз љониби шахсе, ки ба иҷрои вазифањои давлатӣ ваколатдор ва ё шахси ба ў баробаркардашуда ва ё шахси мансабдор дар њуљљатњои расмї ворид намудани маълумоти баръало бардурўѓ ва ё ба њуљљатњои зикршуда ворид намудани ислоњоте, ки мазмуни аслии онро тањриф мекунад ва ё дидаю дониста додани њуљљатњои бардурўѓ ё ќалбакї, агар ин кирдорњо бо маќсади гирифтани фоида ва бартарї барои худ ё дигар шахсон ё ташкилот ва ё зиён ба шахсони дигар ё ташкилот содир шуда бошад,- бо љарима ба андозаи то сесаду шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то ду сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат бо мусодираи молу мулк, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то ду сол ё бидуни он љазо дода мешавад. 2. Кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда аз љониби шахси мансаби давлатиро ишѓолнамуда содир шуда бошад, - бо љарима ба андозаи то панљсаду чил нишондињанда барои њисобњо ва ё мањрум сохтан аз озодї ба муњлати то се сол бо мусодираи молу мулк, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то се сол ё бидуни он љазо дода мешавад. Моддаи 360. Беамалӣ дар иҷрои вазифа 1. Беамалї дар иљрои вазифа, яъне аз ҷониби шахси ба иҷрои вазифањои давлатӣ ваколатдоршуда ва ё шахси ба ў баробаркардашуда ва ё шахси мансабдор иљро накардани вазифањои худ бо мақсади гирифтани фоида ва бартарият барои худ ё шахсони дигар ё ташкилот ва ё расонидани зиён ба шахсони дигар ё ташкилот, агар ин кирдор боиси расонидани зиёни назаррас ба ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ё ташкилот ва ё манфиатҳои бо қонун ҳифзшавандаи љамъият ё давлат гардида бошад, - бо љарима ба андозаи то дусад нишондињанда барои њисобњо ва ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то як сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат бо мусодираи молу мулк, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то ду сол ё бидуни он љазо дода мешавад. 2. Кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда, ки аз ҷониби шахси мансабдори давлатї ё роњбари маќомоти мањаллии њокимияти давлатї ишѓолкунанда содир шуда бошад, - бо љарима ба андозаи то панљсаду чил нишондињанда барои њисобњо ва ё мањрум сохтан аз озодї ба муњлати то се сол бо мусодираи молу мулк, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то се сол ё бидуни он љазо дода мешавад. 3. Кирдорњои дар қисмњои якум ё дуюми ҳамин модда пешбинишуда, ки боиси оқибатҳои вазнин гардида бошанд, - бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз ду то панљ сол бо мусодираи молу мулк, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то панљ сол ё бидуни он љазо дода мешаванд. Моддаи 361. Хунукназарї 1. Хунукназарӣ, яъне иҷро накардан ё ба таври дахлдор иҷро накардани вазифаҳои худ аз ҷониби шахси ба иҷрои вазифањои давлатӣ ваколатдоршуда ва ё шахси ба ў баробаркардашуда ва ё шахси мансабдор ва ё шахси мансаби давлатиро ишѓолкунанда дар натиҷаи муносибати беинсофона ё бепарвоёна ба хизмат, агар ин боиси расонидани зиёни назаррас ба ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ё ташкилот ва ё манфиатҳои бо қонун ҳифзшавандаи ҷамъият ё давлат гардида бошад, - бо корњои њатмї ба муњлати то яксаду шаст соат ва ё корњои ислоњї ба муњлати то шаш моњ ва ё љарима ба андозаи то яксаду њафтод нишондињанда барои њисобњо ва ё њабс ба муњлати то панљоњ шабонарўз љазо дода мешавад. 2. Њамин кирдор, ки аз беэњтиётї боиси оқибатҳои вазнин гардида бошад, - бо љарима ба андозаи то панљсаду чил нишондињанда барои њисобњо ва ё мањрум сохтан аз озодї ба муњлати то се сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то се сол ё бидуни он љазо дода мешавад. Моддаи 362. Fайриќонунї додани шиносномаи шањрванди Љумњурии Тољикистон, њамчунин ворид намудани маълумоти баръало бардурўѓ ба њуљљатњое, ки барои гирифтани шањрвандии Љумњурии Тољикистон асос мебошанд 1. Аз љониби шахси мансабдор ё хизматчии давлатї ѓайриќонунї додани шиносномаи шањрванди Љумњурии Тољикистон ба шањрванди хориљї ё шахси бешањрванд, њамчунин аз љониби шахси мансабдор, хизматчии давлатї ё хизматчии маќомоти мањаллии њокимияти давлатї ва маќомоти худидоракунии шањрак ва дењот, ки шахси мансабдор намебошад, ворид намудани маълумоти баръало бардурўѓ ба њуљљатњое, ки барои гирифтани шањрвандии Љумњурии Тољикистон асос мегарданд,- бо корњои њатмї ба муњлати то яксаду шаст соат ва ё корњои ислоњї ба муњлати то шаш моњ ва ё љарима ба андозаи то яксаду њафтод нишондињанда барои њисобњо ва ё њабс ба муњлати то панљоњ шабонарўз бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то ду сол ё бидуни он љазо дода мешавад. 2. Аз љониби шахси мансабдор ё хизматчии давлатї ба таври дахлдор иљро накардан ё хунукназарона иљро кардани вазифањои хизматї, ки боиси ѓайриќонунї додани шиносномаи шањрванди Љумњурии Тољикистон ба шањрванди хориљї ё шахси бешањрванд ё ѓайриќонунї ба даст овардани шањрвандии Љумњурии Тољикистон шуда бошад,- бо корњои њатмї ба муњлати то яксаду бист соат ва ё корњои ислоњї ба муњлати то чор моњ ва ё љарима ба андозаи то яксаду бист нишондињанда барои њисобњо ва ё њабс ба муњлати то чил шабонарўз бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то ду сол ё бидуни он љазо дода мешавад. БОБИ 32. ЊУЌУЌВАЙРОНКУНИЊОИ ЉИНОЯТЇ БА МУЌОБИЛИ ТАРТИБИ ИДОРАКУНЇ Моддаи 363. Тањќири рамзњои давлатї Тањќири рамзњои давлатии Љумњурии Тољикистон, - бо љарима ба андозаи то дусад нишондињанда барои њисобњо ва ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то як сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат љазо дода мешавад. |