Уголовный кодекс Таджикистана. Кодекси иноятии УМурии тоикистон исми умумї фасли i. Онуни иноятї
Скачать 0.67 Mb.
|
Моддаи 380. Ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ1. Ташкили муњољирати ѓайриќонунї бо роњи пешнињоди воситањои наќлиёт ва ё њуљљатњои сохта ва ё манзил ё дигар бино, инчунин расонидани дигар намуди хизматрасонї ба шањрвандон, хориљиён ё шахсони бешањрванд барои ѓайриќонунї баромадан, ворид шудан ё љойивазкунї дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, - бо љарима ба андозаи то сесаду шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то ду сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат љазо дода мешавад. 2. Њамин кирдор, ки бо истифода аз маќоми хизматї ё гурўњи шахсон бо созиши пешакї содир шуда бошад, - бо ҷарима ба андозаи аз сесаду шаст то нуњсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва ё мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз ду то панљ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад. 3. Кирдори дар ќисми якуми њамин модда пешбинишуда, ки аз љониби гурўњи љиноятї содир шуда бошад, - бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз се то њафт сол ҷазо дода мешавад. Моддаи 381. Вайрон кардани низоми Сарњади давлатї Вайрон кардани низоми Сарњади давлатї, низоми сарњадї ва низоми нуќтањои гузаргоњи Сарњади давлатї, ки дар давоми як соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ барои чунин кирдор содир шуда бошад, - бо љарима ба андозаи то сесаду шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то ду сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат љазо дода мешавад. Моддаи 382. Таѓйири зиддињуќуќии Сарњади давлатии Љумњурии Тољикистон 1. Гирифтан, љойивазкунї ё нобуд кардани нишонањои сарњадї бо маќсади таѓйири зиддињуќуќии Сарњади давлатии Љумњурии Тољикистон, - бо ҷарима ба андозаи то сесаду шаст нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва ё мањрум сохтан аз озодї ба муњлати то ду сол љазо дода мешавад. 2. Њамин кирдорњо, ки якчандкарата ё бо оќибати вазнин содир шуда бошанд, - бо ҷарима ба андозаи аз сесаду шаст то нуњсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва ё мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз ду то панљ сол љазо дода мешаванд. Моддаи 383. Якчандкарата вайрон кардани ќоидањои љалб ва истифодаи ќуввањои кории хориљї дар Љумњурии Тољикистон Якчандкарта аз љониби корфармо ба кор ќабул кардани хориљиён ё шахсони бешањрванд, ки ба њудуди Љумњурии Тољикистон бе иљозати дахлдори маќоми ваколатдор ворид шудаанд, њамчунин якчандкарата вайрон кардани ќоидањои истифодаи ќуввањои кории хориљї дар Љумњурии Тољикистон аз љониби корфармо, - бо корњои њатмї ба муњлати то яксаду бист соат ва ё корњои ислоњї ба муњлати то чор моњ ва ё љарима ба андозаи то яксаду бист нишондињанда барои њисобњо ва ё њабс ба муњлати то чил шабонарўз љазо дода мешавад. |