Главная страница
Навигация по странице:

  • Моддаи

  • ва ( ё ) дигар пардохт ҳ ои ҳ

  • аз шахси њуќуќї

  • Уголовный кодекс Таджикистана. Кодекси иноятии УМурии тоикистон исми умумї фасли i. Онуни иноятї


    Скачать 0.67 Mb.
    НазваниеКодекси иноятии УМурии тоикистон исми умумї фасли i. Онуни иноятї
    АнкорУголовный кодекс Таджикистана
    Дата27.07.2022
    Размер0.67 Mb.
    Формат файлаdocx
    Имя файла1604807476303297.docx
    ТипКодекс
    #636887
    страница32 из 51
    1   ...   28   29   30   31   32   33   34   35   ...   51

    Моддаи 321. Истифодаи ғайриқонунии маблағҳои бонк

    1. Аз ҷониби корманди бонк истифода намудани воситањои худии бонк ва (ё) воситањои ҷалбшудаи бонк барои додани кредитҳои баръало бебозгашт ё бастани аҳдҳои барои бонк баръало бефоида, ҳамчунин ба мизоҷони бонк ва ё ба шахсони дигар пешниҳод намудани кафолатҳои беасоси бонк ё шартҳои имтиёзноки беасос, агар бо ин кирдорҳо ба шаҳрванд, ташкилот ё давлат зарари калон расонида бошад, -

    бо љарима ба андозаи то сесаду шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё корњои ислоњї ба муњлати то ду сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

    2. Аз ҷониби корманди бонк баръало нодуруст ё баръало сариваќт нагузаронидани маблағҳои пулї, аз ҷумла воситаҳои асъорӣ ба суратҳисобҳои бонкии мизоҷон, агар бо ин кирдор ба шаҳрванд, ташкилот ё давлат зарари калон расонида бошад, -

    бо корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то шаш моњ ё љарима ба андозаи то яксаду њаштод нишондињанда барои њисобњо ва ё њабс ба муњлати то панљоњ шабонарўз бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то як сол ҷазо дода мешавад.

    Эзоњ: шахсе, ки бори аввал кирдори дар њамин модда пешбинишударо содир кардааст, дар мавриди зарарро ихтиёран талофї намудан аз љавобгарии љиноятї озод карда мешавад.
    Моддаи 322. Саркашї кардани шахси воќеї аз пардохти андозҳо ва (ё) пардохтҳои дигари ҳатмӣ ба буҷет

    Саркашї кардани шахси воќеї аз пардохти андозҳо ва (ё) пардохтҳои дигари ҳатмӣ ба буҷет, ки бо роҳи пешниҳод накардани эъломия дар бораи даромадҳо, дар мавридњое, ки пешниҳоди эъломия ҳатмист ва ё бо роҳи ба эъломия ё ҳуҷҷатҳои дигари ба ҳисобкунӣ ва пардохти андозҳо ва (ё) пардохтҳои дигари ҳатмӣ ба буҷет алоқаманд мебошанд, дохил намудани маълумоти баръало таҳрифшуда оид ба даромад ё хароҷот ё оид ба моликияти таҳти андозбандӣ қарордошта, бо истифодаи њисоб-фактура бидуни иҷрои воқеии кор, хизматрасонӣ, борфиристӣ содир гардидааст, агар ин кирдор боиси напардохтани андоз ва (ё) пардохтҳои дигари ҳатмӣ ба буҷет ба андозаи калон шуда бошад, -

    бо љарима ба андозаи то сесаду шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё корњои ислоњї ба муњлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

    Эзоҳ:

    1. Љавобгарии љиноятї барои саркашї кардан аз пардохти андозњо ва дигар пардохтњои њатмї ба буљет, ки бо њамин модда пешбинї шудааст, танњо дар мавриде ба миён меояд, ки агар шахси бори аввал ин кирдорњоро содиркарда, дар давоми чилу њашт рўзи бонкї аз рўзи ќабули ќарори дахлдори маќомоти андоз ва (ё) дигар маќомоти дахлдор, маблаѓи пардохти андозњо ва (ё) пардохтњои дигари њатмї ба буљетро бо љарима ва фоизњояш пурра насупорад, инчунин кирдорњои мазкурро такроран содир карда, дар давоми бисту чор рўзи бонкї аз рўзи ќабули ќарори дахлдори маќомоти андоз ва (ё) дигар маќомоти дахлдор маблаѓи пардохти андозњо ва (ё) пардохтњои дигар њатмї ба буљетро бо љарима ва фоизњояш пурра насупорида бошад.

    2. Шахсе, ки кирдори дар ҳамин модда пешбинишударо содирнамуда, маблағи қарзи андоз ва (ё) дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет, инчунин пеняи пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мавриди ихтиёран пардохт намудан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва љазо озод карда мешавад.
    Моддаи 323. Саркашї кардан аз пардохти андозҳо ва (ё) дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буљет аз шахси њуќуќї

    1. Саркашї кардан аз пардохти андозҳо ва (ё) дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет аз шахси њуќуќї, ки бо роҳи пешниҳод накардани эъломия дар ҳолате, ки пешниҳоди эъломия ҳатмист ё бо роҳи ба эъломия дохил намудани маълумоти баръало таҳрифшуда оид ба даромад ва (ё) хароҷот, бо роҳи пинҳон доштани объектҳои дигари андозбандї ва (ё) дигар пардохтҳои ҳатмӣ, агар ин кирдор боиси напардохтани андоз ё дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба андозаи калон шуда бошад, -

    бо љарима ба андозаи то сесаду шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё корњои ислоњї ба муњлати то ду сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

    2. Ҳамин кирдор, ки:

    1) бо истифодаи њисоб-фактура бидуни иҷрои воқеии кор, хизматрасонӣ, борфиристӣ;

    2) аз ҷониби гурўҳи шахсон бо созиши пешакӣ содир шуда бошад, -

    бо љарима ба андозаи то панљсаду чил нишондињанда барои њисобњо ва ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то се сол ва ё маҳрум сохтан аз озодї ба њамин муҳлат бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

    3. Кирдорҳои дар қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда пешбинишуда, ки:

    1) аз ҷониби гурўҳи ҷиноятӣ;

    2) ба андозаи махсусан калон содир шуда бошанд, -

    бо љарима ба андозаи аз панљсаду чил то нуњсад нишондињанда барои њисобњо ва ё мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз се то панљ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то панљ сол ё бидуни он ҷазо дода мешаванд.

    Эзоҳ:

    1. Љавобгарии љиноятї барои саркашї кардан аз пардохти андозњо ва дигар пардохтњои њатмї ба буљет аз шахсони њуќуќї, ки дар ќисмњои якум ё дуюми њамин модда пешбинї шудааст, танњо дар мавриде ба миён меояд, ки агар шахси бори аввал ин кирдорњоро содиркарда, дар давоми чилу њашт рўзи бонкї аз рўзи ќабули ќарори дахлдори маќомоти андоз ва (ё) дигар маќомоти дахлдор, маблаѓи пардохти андозњо ва (ё) дигар пардохтњои њатмї ба буљетро бо љарима ва фоизњояш пурра насупорад, инчунин кирдорњои мазкурро такроран содир карда, дар давоми бисту чор рўзи бонкї аз рўзи ќабули ќарори дахлдори маќомоти андоз ва (ё) дигар маќомоти дахлдор маблаѓи пардохти андозњо ва (ё) дигар пардохтњои њатмї ба буљетро бо љарима ва фоизњояш пурра насупорида бошад.

    2. Шахсе, ки кирдорњои дар ќисмњои якум ё дуюми њамин модда пешбинишударо содир карда, маблағи қарзи андоз ва (ё) дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет аз шахси њуќуќї, инчунин пеняи пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мавриди ихтиёран пардохт намудан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва љазо озод карда мешавад.
    Моддаи 324. Фиреби истеъмолкунандагон

    1. Фиреби харидорон, супоришдињандагон ё дигар истеъмолкунандагон аз љониби корманди соњибкори инфиродї ё шахси њуќуќие, ки фурўши молњо, иљрои корњо ё расонидани хизматро амаликунанда ва ё фиреб додани истеъмолкунандагон аз љониби соњибкори инфиродии чунин фаъолиятро (фиреби истеъмолкунандагонро) амаликунанда, агар чунин кирдор дар давоми соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ ва ё ба андозаи назаррас содир шуда бошад, -

    бо корњои ислоњї ба муњлати то шаш моњ ва ё љарима ба андозаи то яксаду хафтод нишондињанда барои њисобњо љазо дода мешавад.

    2. Њамин кирдорњо, ки:

    1) якчандкарата;

    2) аз љониби гурўњи шахсон бо созиши пешакї;

    3) ба андозаи калон содир шуда бошанд, -

    бо корњои ислоњї ба муњлати то як сол ва ё љарима ба андозаи то дусад нишондињанда барои њисобњо ва ё мањрум сохтан аз озодї ба муњлати то як сол бо мањрум кардан аз њуќуќи ишѓоли мансаби муайян ё машѓул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то як сол љазо дода мешаванд.

    3. Кирдорњои дар ќисмњои якум ва дуюми њамин модда пешбинишуда, ки:

    1) аз љониби гурўњи љиноятї;

    2) ба андозаи махсусан калон содир шуда бошанд, -

    бо љарима ба андозаи то панљсаду чил нишондињанда барои њисобњо ва ё мањрум сохтан аз озодї ба муњлати то се сол бо мањрум кардан аз њуќуќи ишѓоли мансабњои муайян ё машѓул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то се сол љазо дода мешаванд.

    Эзоњ: фиреби истеъмолкунандагон ба андозаи назаррас содиршуда њисобида мешавад, агар зарари ба истеъмолкунандагон расонидашуда аз як нишондињанда барои њисобњо зиёд, ба андозаи калон - аз дањ нишондињанда барои њисобњо зиёд ва ба андозаи махсусан калон аз панљоњ нишондињанда барои њисобњо зиёд бошад.
    1   ...   28   29   30   31   32   33   34   35   ...   51


    написать администратору сайта