Уголовный кодекс Таджикистана. Кодекси иноятии УМурии тоикистон исми умумї фасли i. Онуни иноятї
Скачать 0.67 Mb.
|
Моддаи 285. Вайрон кардани њуќуќњои муаллифї ва (ё) њуќуќњои вобаста ба он 1. Истифодаи ѓайриќонунии объектњои њуќуќи муаллифї ва (ё) њуќуќњои вобаста ба он, њамчунин ба даст овардан, нигоњ доштан, интиќол додан ё тайёр кардани нусхањои ѓайриќонунии объектњои њуќуќи муаллифї ва (ё) њуќуќњои вобаста ба он бо маќсади ба соњибияти каси дигар додан ва ё азони худ кардани муаллифї ё маљбур кардан ба њаммуаллифї, агар бо ин кирдорњо ба муаллиф зарар ба андозаи калон расонида шуда бошад, - бо корњои њатмї ба муњлати то њаштод соат ва ё корњои ислоњї ба муњлати то се моњ ва ё љарима ба андозаи то њаштод нишондињанда барои њисобњо ва ё њабс ба муњлати то сї шабонарўз љазо дода мешавад. 2. Њамин кирдор, ки: 1) якчандкарата; 2) аз ҷониби гурўҳи шахсон бо созиши пешакї; 3) бо истифода аз маќоми хизматї содир шуда бошад, - бо корњои њатмї ба муњлати то яксаду шаст соат ва ё корњои ислоњї ба муњлати то шаш моњ ва ё љарима ба андозаи то яксаду њафтод нишондињанда барои њисобњо ва ё њабс ба муњлати то панљоњ шабонарўз бо мањрум кардан аз њуќуќи ишѓоли мансаби муайян ё машѓул шудан ба фаъолияти муайян ба муњлати то ду сол ё бидуни он љазо дода мешавад. 3. Кирдорњои дар ќисмњои якум ё дуюми њамин модда пешбинишуда, ки: 1) бо расонидани зарар ба андозаи махсусан калон; 2) аз љониби гурўњи љиноятї содир шуда бошанд, - бо љарима ба андозаи то сесаду шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё мањрум сохтан аз озодї ба муњлати то ду сол бо мањрум кардан аз њуќуќи ишѓоли мансаби муайян ё машѓул шудан ба фаъолияти муайян ба муњлати то се сол ё бидуни он љазо дода мешаванд. Моддаи 286. Вайрон кардани ҳуқуқҳо ба ихтироот, моделҳои муфид, намунаҳои саноатӣ, дастовардҳои селексионї ё топологияњои микросхемаҳои интегралї 1. Ифшои моҳияти ихтироот, модели муфид, намунањои саноатї, дастовардњои селексионї ё топологияњои микросхемаҳои интегралї бидуни розигии муаллиф ё аризадињанда то интишори расмии маълумот дар бораи онњо, њамчунин азони худ кардани муаллифї ё маљбур кардан ба њаммуаллифї ва ё истифодаи ғайриқонунии ихтироот, модели муфид, намунаҳои саноатӣ, дастовардњои селексионї ё топологияњои микросхемаҳои интегралї, - бо корњои њатмї ба муњлати то њаштод соат ва ё корњои ислоњї ба муњлати то се моњ ва ё љарима ба андозаи то њаштод нишондињанда барои њисобњо ва ё њабс ба муњлати то сї шабонарўз љазо дода мешавад. 2. Њамин кирдорњо, ки: 1) бо расонидани зарари назаррас ё ба андозаи назаррас ва ё зиёни назаррас ба њуќуќ ё манфиатњои ќонунии муаллиф ё дигар дорандаи њуќуќ; 2) якчандкарата содир шуда бошанд, - бо корњои њатмї ба муњлати то яксаду шаст соат ва ё корњои ислоњї ба муњлати то шаш моњ ва ё љарима ба андозаи то яксаду њафтод нишондињанда барои њисобњо ва ё њабс ба муњлати то панљоњ шабонарўз љазо дода мешаванд. 3. Кирдорњои дар ќисми дуюми њамин модда пешбинишуда, ки: 1) аз љониби гурўњи шахсон бо созиши пешакї; 2) ба андозаи калон ё зарари калон расонида бошанд; 3) бо истифода аз маќоми хизматї содир шуда бошанд, - бо љарима ба андозаи то сесаду шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё мањрум сохтан аз озодї ба муњлати то ду сол бо мањрум кардан аз њуќуќи ишѓоли мансаби муайян ё машѓул шудан ба фаъолияти муайян ба муњлати то се сол ё бидуни он љазо дода мешаванд. 4. Кирдорњои дар ќисмњои дуюм ё сеюми њамин модда пешбинишуда, ки аз љониби гурўњи љиноятї содир шуда бошанд, - бо љарима ба андозаи аз сесаду шаст то нуњсад нишондињанда барои њисобњо ва ё мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз ду то панљ сол бо мањрум кардан аз њуќуќи ишѓоли мансаби муайян ё машѓул шудан ба фаъолияти муайян ба муњлати то панљ сол ё бидуни он љазо дода мешаванд. Моддаи 287. Ғайриқонунӣ ронда бурдани автомобил ё дигар воситаи нақлиёт 1. Fайриқонунї ронда бурдани автомобил ё дигар воситаи нақлиёт бе мақсади тасарруф, - бо корњои њатмї ба муњлати то яксаду шаст соат ва ё корњои ислоњї ба муњлати то шаш моњ ва ё љарима ба андозаи то яксаду њафтод нишондињанда барои њисобњо ва ё њабс ба муњлати то панљоњ шабонарўз љазо дода мешавад. 2. Ҳамин кирдор, ки: 1) якчандкарата; 2) аз ҷониби гурўҳи шахсон бо созиши пешакӣ; 3) бо истифодаи зўроварӣ, ки барои ҳаёт ё саломатї хавфнок нест ё бо таҳдиди истифодаи чунин зўроварӣ содир шуда бошад, - бо љарима ба андозаи то сесаду шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё корњои ислоњї ба муњлати то ду сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат љазо дода мешавад. 3. Кирдорҳои дар қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда пешбинишуда, ки: 1) аз љониби гурўњи љиноятї; 2) бо расонидани зарари калон содир шуда бошанд, - бо љарима ба андозаи аз сесаду шаст то нуњсад нишондињанда барои њисобњо ва ё мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз ду то панљ сол љазо дода мешаванд. 4. Кирдорҳои дар қисмҳои якум, дуюм ё сеюми ҳамин модда пешбинишуда, ки: 1) бо истифодаи зўроварӣ, ки барои ҳаёт ё саломатї хавфнок аст ва ё бо таҳдиди истифодаи чунин зўроварӣ; 2) бо расонидани зарари махсусан калон содир шуда бошанд, - бо љарима ба андозаи аз нуњсад то як њазору дусаду панљоњ нишондињанда барои њисобњо ва ё мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз панљ то њашт сол љазо дода мешаванд. Моддаи 288. Қасдан нобуд ё вайрон кардани молу мулки ѓайр 1. Қасдан нобуд ё вайрон кардани молу мулки ғайр, ки боиси расонидани зарари назаррас гаштааст, - бо корњои њатмї ба муњлати то дусад соат ва ё корҳои ислоҳӣ ба муњлати то ду сол ва ё ҷарима ба андозаи то сесаду шаст нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то ду сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба ҳамин муњлат ҷазо дода мешавад. 2. Ҳамин кирдор, ки: 1) бо роҳи оташ задан, тарконидан ё дигар усули хавфи умумидошта содир шуда бошад; 2) аз беэҳтиётӣ боиси расонидани зиёни вазнин ё миёна ба саломатї гардида бошад; 3) вобаста ба аз љониби љабрдида иљро намудани ќарзи хизматї ё љамъиятї ва ё нисбати хешовандони наздики ў аз рўи њамин ангезањо содир шуда бошад; 4) бо ангезањои иљтимої, нажодї, миллї, мањалгарої ё динї (мазњабї) содир шуда бошад; 5) боиси расонидани зарари калон гардида бошад, - бо ҷарима ба андозаи аз сесаду шаст то нуњсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва ё мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз ду то панљ сол ҷазо дода мешавад. 3. Кирдорњои дар ќисмҳои якум ё дуюми њамин модда пешбинишуда, ки: 1) аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон; 2) боиси расонидани зарари махсусан калон гардида бошанд, - бо маҳрум сохтан аз озодї ба муњлати аз панҷ то њашт сол ҷазо дода мешаванд. Моддаи 289. Қасдан нобуд кардан, баровардан ё вайрон кардани ашёи дорои арзиши махсусдошта 1. Қасдан нобуд ё вайрон кардани ёдгориҳои таърихӣ, фарҳангӣ, маљмаањои табиї ё объектњое, ки тањти њимояи давлат ќарор доранд, инчунин ашё ё асноди дорои арзиши махсуси таърихӣ, илмӣ, бадеӣ ё фарҳангӣ, њамчунин ѓайриќонунї баровардани арзишњои фарҳангӣ ё объектњои дастоварди фарҳангию миллї берун аз њудуди Љумњурии Тољикистон ва ё барнагардонидани онњо ба Љумњурии Тољикистон, - бо корҳои ислоҳӣ ба муњлати то ду сол ва ё ҷарима ба андозаи то сесаду шаст нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то ду сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба ҳамин муњлат ҷазо дода мешавад. 2. Ҳамин кирдор, ки: 1) бо роҳи оташ задан, тарконидан ё дигар усули хавфи умумидошта содир шуда бошад; 2) аз беэҳтиётӣ боиси расонидани зиёни вазнин ё миёна ба саломатї гардида бошад; 3) бо ангезањои иљтимої, нажодї, миллї, мањалгарої ё динї (мазњабї) содир шуда бошад, - бо ҷарима ба андозаи аз сесаду шаст то нуњсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва ё мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз ду то панљ сол ҷазо дода мешавад. 3. Кирдорњои дар ќисмҳои якум ё дуюми њамин модда пешбинишуда, ки аз беэҳтиётї боиси марги инсон гардида бошад, - бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муњлати аз панљ то њашт сол ҷазо дода мешавад. Моддаи 290. Аз беэҳтиётї нобуд ё вайрон кардани молу мулки ѓайр 1. Аз беэҳтиётї нобуд ё вайрон кардани молу мулки ғайр, ки боиси расонидани зарари калон гардида бошад, - бо корњои њатмї ба муњлати то шаст соат ва ё корњои ислоњї ба муњлати то се моњ ва ё љарима ба андозаи то њаштод нишондињанда барои њисобњо ва ё њабс ба муњлати то бист шабонарўз љазо дода мешавад. 2. Ҳамин кирдор, ки: 1) аз сабаби муносибати беэњтиётона бо оташ ё бо дигар манбаи хавфи умумидошта содир шуда бошад; 2) боиси оќибатњои вазнин ё расонидани зарари махсусан калон гардида бошад, - бо корњои њатмї ба муњлати то саду панљоњ соат ва ё корҳои ислоҳӣ ба муњлати то ду сол ва ё ҷарима ба андозаи то сесаду шаст нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муњлати то ду сол ҷазо дода мешавад. БОБИ 27. ЊУЌУЌВАЙРОНКУНИЊОИ ЉИНОЯТЇ БА МУЌОБИЛИ ФАЪОЛИЯТИ ИЌТИСОДЇ Моддаи 291. Соњибкории ѓайриќонунї 1. Ба амал баровардани фаъолияти соњибкорї бидуни баќайдгирї ё бидуни иљозатнома (литсензия), дар мавридњое, ки чунин иљозатнома (литсензия) њатмї мебошад, агар ин кирдорњо ба шахсони воќеї ё њуќуќї ё давлат зарари калон расонида бошад ва ё ба гирифтани даромад ба андозаи калон алоќаманд бошад, - бо љарима ба андозаи то сесаду шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё корњои ислоњї ба муњлати то ду сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат бо мусодираи молу мулк ё бидуни он, бо мањрум кардан аз њуќуќи ишѓоли мансаби муайян ё машѓул шудан ба фаъолияти муайян ба муњлати то ду сол ё бидуни он љазо дода мешавад. 2. Њамин кирдорњо, ки: 1) зарари махсусан калон расонида шуда бошанд ва ё ба гирифтани даромад ба андозаи махсусан калон алоќаманд бошанд; 2) якчандкарата; 3) аз љониби гурўњи љиноятї содир шуда бошанд, - бо љарима ба андозаи аз сесаду шаст то њафтсаду сї нишондињанда барои њисобњо ва ё мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз ду то чор сол бо мусодираи молу мулк, бо мањрум кардан аз њуќуќи ишѓоли мансаби муайян ё машѓул шудан ба фаъолияти муайян ба муњлати то панљ сол ё бидуни он љазо дода мешаванд. Эзоњ: шахсе, ки бори аввал кирдори дар ќисми якуми њамин модда пешбинишударо содир кардааст, њангоми зарарро ихтиёран талофї намудан аз љавобгарии љиноятї озод карда мешавад. Моддаи 292. Истењсол, ба даст овардан, нигоњдорї, интиќол ё ба муомилот баровардани мол ва мањсулоти тамѓанашуда 1. Истењсол, ба даст овардан, нигоњ доштан, интиќол додан бо маќсади муомилот ё ба муомилот баровардани мол ва мањсулоти тамѓанашуда, ки њатман бояд бо маркањои бољи аксизї, маркањои махсус ё аломатњои мутобиќатии аз сохтакорї муњофизатшаванда тамѓа карда шаванд, агар он ба андозаи калон содир шуда бошад, - бо љарима ба андозаи то яксаду шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё њабс ба муњлати то чил шабонарўз бо мањрум кардан аз њуќуќи ишѓоли мансаби муайян ё машѓул шудан ба фаъолияти муайян ба муњлати то як сол ё бидуни он љазо дода мешавад. 2. Њамин кирдорњо, ки: 1) аз љониби гурўњи шахсон бо созиши пешакї ва ё гурўњи љиноятї; 2) ба андозаи махсусан калон содир шуда бошанд, - бо љарима ба андозаи то сесаду шаст нишондињанда барои њисобњо ё мањрум сохтан аз озодї ба муњлати то ду сол бо мањрум кардан аз њуќуќи ишѓоли мансаби муайян ё машѓул шудан ба фаъолияти муайян ба муњлати то ду сол ё бидуни он љазо дода мешаванд. Моддаи 293. Фаъолияти ѓайриќонунии бонкї 1. Ба амал баровардани фаъолияти бонкї (амалиёти бонкї) бидуни баќайдгирї ё бидуни иљозатнома (литсензия), дар мавридњое, ки чунин иљозатнома (литсензия) њатмї мебошад, агар ин кирдорњо ба шахсони воќеї ё њуќуќї ё давлат зарари калон расонида бошад ва ё ба гирифтани даромад ба андозаи калон алоќаманд бошад, - бо љарима ба андозаи то панљсаду чил нишондињанда барои њисобњо ва ё мањрум сохтан аз озодї ба муњлати то се сол бо мусодираи молу мулк ё бидуни он, бо мањрум кардан аз њуќуќи ишѓоли мансаби муайян ё машѓул шудан ба фаъолияти муайян ба муњлати то се сол ё бидуни он љазо дода мешавад. 2. Њамин кирдорњо, ки: 1) зарари махсусан калон расонида бошанд ва ё ба гирифтани даромад ба андозаи махсусан калон алоќаманд бошанд; 2) якчандкарата; 3) аз љониби гурўњи љиноятї содир шуда бошанд, - бо љарима ба андозаи аз сесаду шаст то нуњсад нишондињанда барои њисобњо ва ё мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз ду то панљ сол бо мусодираи молу мулк, бо мањрум кардан аз њуќуќи ишѓоли мансаби муайян ё машѓул шудан ба фаъолияти муайян ба муњлати то панљ сол ё бидуни он љазо дода мешаванд. Эзоњ: шахсе, ки бори аввал кирдори дар ќисми якуми њамин модда пешбинишударо содир кардааст, њангоми зарарро ихтиёран талофї намудан аз љавобгарии љиноятї озод карда мешавад. Моддаи 294. Ташкили (таъсиси, азнавташкилдињии) ѓайриќонунии шахси њуќуќї 1. Ташкили (таъсиси, азнавташкилдиҳии) ѓайриќонунии шахси ҳуқуқӣ ба воситаи шахсони дигар ва ё истифода бурдани чунин шахсони ҳуқуқӣ аз ҷониби шахсони дигар, - бо љарима ба андозаи то сесаду шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то ду сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат љазо дода мешавад. 2. Њамин кирдорњо, ки: 1) бо истифода аз маќоми хизматї; 2) аз љониби гурўњи шахсон бо созиши пешакї ё гурўњи љиноятї содир шуда бошанд, - бо љарима ба андозаи аз сесаду шаст то нуњсад нишондињанда барои њисобњо ва ё мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз ду то панљ сол бо мањрум кардан аз њуќуќи ишѓоли мансаби муайян ё машѓул шудан ба фаъолияти муайян ба муњлати то ду сол ё бидуни он љазо дода мешаванд. Эзоњ: тањти мафњуми шахсони дигар дар њамин модда шахсоне фањмида мешаванд, ки муассисони (иштирокчиёни) шахси њуќуќї ё маќомоти идоракунии шахси њуќуќї буда, бо роњи гумроњ намудани онњо шахси њуќуќї ташкил (таъсис, азнавташкилдињї) гардида бошад. Моддаи 295. Истифодаи ѓайриќонунии њуљљатњо барои ташкили (таъсиси, азнавташкилдињии) шахси њуќуќї 1. Пешнињоди њуљљати тасдиќкунандаи шахсият ё додани ваколатнома, агар ин њаракатњо барои ташкили (таъсиси, азнавташкилдињии) шахси њуќуќї бо маќсади содир кардани як ё якчанд љиноятњо вобаста ба амалиёти молиявї ва ё ањдњо бо маблаѓи пулї ё дигар молу мулк содир шуда бошанд, - бо љарима ба андозаи то яксаду шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё њабс ба муњлати то чил шабонарўз љазо дода мешаванд. 2. Соњиб шудан ба њуљљати тасдиќкунандаи шахсият ё истифодаи маълумоти шахсї, ки бо роњи ѓайриќонунї ба даст оварда шудаанд, агар ин кирдорњо барои ташкили (таъсиси, азнавташкилдињии) шахси њуќуќї бо маќсади содир кардани як ё якчанд љиноятњо вобаста ба амалиёти молиявї ё ањдњо бо маблаѓи пулї ё дигар молу мулк содир шуда бошанд,- бо љарима ба андозаи то сесаду шаст нишондињанда барои њисобњо ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то ду сол ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат љазо дода мешаванд. Эзоњ: тањти мафњуми соњиб шудан ба њуљљати тасдиќкунандаи шахсият дар њамин модда дар асоси музднок ё ройгон ба даст овардани он, азонихудкунии њуљљати ёфтшуда ё тасарруфшудаи тасдиќкунандаи шахсият, инчунин бо роњи фиреб ё суиистифода аз боварї соњиб шудан ба он фањмида мешавад. Моддаи 296. Ќонунигардонии (расмикунонии) даромадњои бо роњи љиноят бадастоварда 1. Анљом додани амалиёти молиявї ё ањдњои дигар бо воситањои пулї, коѓазњои ќиматнок ё молу мулки дигар, агар баръало маълум бошад, ки чунин молу мулк даромадњои бо роњи љиноят бадастовардашуда мебошанд, бо маќсади рўйпўш ва пинњон намудани сарчашмаи ба даст овардани ин молу мулк ё бо маќсади кумак намудан ба њар шахсе, ки дар содир кардани љинояти асосї иштирок намудааст, то ки ў тавонад аз љавобгарї барои кирдорњои содирнамудааш саркашї намояд, инчунин рўйпўш ё пинњон кардани хусусияти аслї, мањалли љойгиршавї, тарзи ихтиёрдорї, љойивазкунї, њуќуќ ба молу мулк ё мансубияти он, њамчунин ба даст овардан, соњибї кардан, истифода бурдан чунин молу мулк ё ихтиёрдорї намудани он, - бо љарима ба андозаи аз сесаду шаст то нуњсад нишондињанда барои њисобњо ва ё мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз ду то чор сол бо мусодираи молу мулк, бо мањрум кардан аз њуќуќи ишѓоли мансаби муайян ё машѓул шудан ба фаъолияти муайян ба муњлати то се сол ё бидуни он љазо дода мешаванд. 2. Њамин кирдор, ки: 1) якчандкарата; 2) аз љониби гурўњи шахсон бо созиши пешакї; 3) бо истифода аз маќоми хизматї; 4) ба андозаи калон содир шуда бошад, - бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз чор то шаш сол бо мусодираи молу мулк, бо мањрум кардан аз њуќуќи ишѓоли мансаби муайян ё машѓул шудан ба фаъолияти муайян ба муњлати то чор сол ё бидуни он љазо дода мешавад. 3. Кирдорњои дар ќисмњои якум ё дуюми њамин модда пешбинишуда, ки: 1) аз љониби гурўњи љиноятї; 2) ба андозаи махсусан калон содир шуда бошад, - бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз шаш то њашт сол бо мусодираи молу мулк, бо мањрум кардан аз њуќуќи ишѓоли мансаби муайян ё машѓул шудан ба фаъолияти муайян ба муњлати то панљ сол ё бидуни он љазо дода мешавад. Эзоњ: 1. Шахсе, ки дар ќонунигардонии (расмикунонии) даромадњои бо роњи љиноят бадастоварда иштирок кардааст, аз љавобгарии љиноятї барои њамин кирдор озод карда мешавад, агар ў пас аз содир кардани љиноят ихтиёрї омада, ба гуноњи худ иќрор шуда, ба ошкор намудани љиноят фаъолона мусоидат намояд ва (ё) даромадњои бо роњи љиноят бадастовардаашро ихтиёран супорад. 2. Даромадњои бо роњи љиноят бадастоварда - њама гуна молу мулке, ки бевосита ё бавосита дар натиљаи содир намудани љиноят ба даст оварда шудаанд. 3. Агар даромадњои бо роњи љиноят бадастоварда ба молу мулки аз сарчашмањои ќонунї гирифташуда њамроњ шуда бошанд, он гоњ он ќисми молу мулк, ки ба арзиши даромадњои њамроњшуда мувофиќ меояд, бе расонидани зарар ба њар гуна ваколатњои марбут ба боздошта мондан ё њабс мусодира карда мешавад. 4. Ба фоида ё дигар манфиатњои аз даромадњои бо роњи љиноят бадастовардашуда аз молу мулке, ки ба онњо даромадњои бо роњи љиноят бадастоварда табдил ё ба шакли дигар гардонида шудаанд ё аз молу мулке, ки ба он даромадњои бо роњи љиноят бадастоварда њамроњ кардашуда гирифта шудаанд, чорањои дар моддаи мазкур зикршуда бо њамон тарз ва дараљае, ки нисбат ба даромадњои бо роњи љиноят бадастоварда пешбинї шудаанд, татбиќ карда мешаванд. 5. Љавобгарии љиноятї бо моддаи мазкур новобаста аз ба љавобгарии љиноятї кашида шудани шахс аз рўи љиноятњои асосї, ки дар натиљаи онњо даромадњо бо роњи љиноят ба даст оварда шудаанд, фаро мерасад. Моддаи 297. Ифшо намудани иттилоот дар бораи чорабинињои аз љониби мақомоти ваколатдор дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом гузаронидашаванда Аз ҷониби корманди ташкилоти амаликунандаи амалиёт бо воситањои пулӣ ё дигар молу мулк бо муштариёни худ ё шахсони дигар ифшо намудани иттилоот дар бораи ба мақомоти ваколатдор дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом додани иттилоот оид ба чораҳои татбиќшавандае, ки барои муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом пешнињод гардидааст, агар чунин кирдор дар давоми соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ содир шуда бошад,- бо ҷарима ба маблағи то панҷсаду чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то се сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад. Моддаи 298. Ѓайриќонунї гирифтан ё додани кредит ва ё ѓайримаќсаднок истифода бурдани кредит 1. Аз љониби шахси воќеї, соњибкори инфиродї ё роњбари ташкилот гирифтани кредит, дотатсия ва ё шароити имтиёзноки кредитгузорӣ бо роҳи ба бонк ё дигар кредитор пешниҳод кардани маълумоти баръало бардурўѓ оид ба вазъи хоҷагидорӣ, молиявї ё молу мулки дар гаравбудаи соњибкори инфиродї ё ташкилот ё дигар њолатњое, ки барои гирифтани кредит, дотатсия, шароити имтиёзноки кредитгузорї ањамияти муњим доранд, њамчунин хабардор накардани бонк ё дигар кредиторњо бо маълумотњо оид ба њолатњое, ки ба ќатъ гардидани кредитгузорї, дотатсиякунонї, ќатъ гаштани имтиёз ва ё мањдудияти њаљми кредит ё дотатсияи људошуда мегардад, агар ин кирдор зарари калон расонад,- бо љарима ба андозаи то сесаду шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё корњои ислоњї ба муњлати то ду сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат љазо дода мешавад. 2. Fайриќонунї гирифтани кредити маќсадноки давлатї ё кредите, ки дар зери кафолати давлатї дода мешавад, агар ин кирдор ба шањрванд, ташкилот ё давлат зарари калон расонида бошад, - бо љарима ба андозаи то панљсаду чил нишондињанда барои њисобњо ва ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то се сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат љазо дода мешавад. 3. Fайриќонунї додани њама гуна кредит ё ба ин мусоидат кардани шахсе, ки бо истифода аз маќоми хизматї мебоист ё метавонист ин њаракатњоро ба љо оварад, - бо љарима ба андозаи то панљсаду чил нишондињанда барои њисобњо ва ё мањрум сохтан аз озодї ба муњлати то се сол бо мањрум кардан аз њуќуќи ишѓоли мансаби муайян ё машѓул шудан ба фаъолияти муайян ба муњлати то се сол ё бидуни он љазо дода мешавад. 4. Ѓайримаќсаднок истифода бурдани кредит, агар ин кирдор ба шањрванд, ташкилот ё давлат зарари калон расонида бошад, њангоми мављуд набудани аломатњои тасарруфи молу мулки ѓайр, - бо љарима ба андозаи то сесаду шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё корњои ислоњї ба муњлати то ду сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат бо мањрум кардан аз њуќуќи ишѓоли мансаби муайян ё машѓул шудан ба фаъолияти муайян ба муњлати то се сол ё бидуни он љазо дода мешавад. 5. Кирдорњои дар ќисмњои якум, дуюм, сеюм ё чоруми њамин модда пешбинишуда, ки: 1) якчандкарата; 2) аз љониби гурўњи шахсон бо созиши пешакї; 3) бо истифода аз маќоми хизматї; 4) ба андозаи махсусан калон содир шуда бошанд, - бо љарима ба андозаи аз панљсаду чил то нуњсад нишондињанда барои њисобњо ва ё мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз се то панљ сол бо мањрум кардан аз њуќуќи ишѓоли мансаби муайян ё машѓул шудан ба фаъолияти муайян ба муњлати то панљ сол ё бидуни он љазо дода мешаванд. Эзоњ: шахсе, ки бори аввал кирдори дар ќисмњои якум, дуюм, сеюм ё чоруми њамин модда пешбинишударо содир кардааст, њангоми зарарро ихтиёран талофї намудан аз љавобгарии љиноятї озод карда мешавад. |