Уголовный кодекс Таджикистана. Кодекси иноятии УМурии тоикистон исми умумї фасли i. Онуни иноятї
Скачать 0.67 Mb.
|
Моддаи 267. Вайрон кардани қоидаҳои ҳифзи захирањои моҳӣ Вайрон кардани қоидаҳои ҳифзи захирањои моҳӣ ҳангоми сохтмони пул, сарбанд, анҷом додани корҳои таркишї ё дигар корҳо, ҳамчунин истифодаи иншооти обгирӣ ё таҷҳизоти обкашӣ ва агар ин кирдорњо боиси талафоти саросарии моҳӣ ё дигар ҳайвоноти обӣ, ҳамчунин боиси ба андозаи назаррас нобуд гардидани захирањои хўрока ва ё дигар оқибатҳои вазнин гардида бошад, - бо корњои њатмї ба муњлати то яксаду бист соат ва ё корњои ислоњї ба муњлати то чор моњ ва ё љарима ба андозаи то яксаду бист нишондињанда барои њисобњо ва ё њабс ба муњлати то чил шабонарўз бо мањрум кардан аз њуќуќи ишѓоли мансаби муайян ё машѓул шудан ба фаъолияти муайян ба муњлати то ду сол љазо дода мешавад. Моддаи 268. Шикори ғайриқонунӣ1. Шикори ғайриқонунӣ, аз љумла бо истифодаи силоњи оташфишон, пневматикї, њаводињанда, сард, дигар намудњои олоти шикорї, сагњо, парандањои чанголдори шикорї, наќлиёти саворї, боркаш, њамчунин шикори ѓайриќонунї бо истифода аз воситањои тарканда ё дигар воситањои маҳви саросарии ҳайвонот, воситаҳои нақлиёти ҳавоӣ, автомобилӣ, механикӣ ва ё киштиҳои хурд, - бо корњои њатмї ба муњлати то яксаду бист соат ва ё корњои ислоњї ба муњлати то чор моњ ва ё љарима ба андозаи то яксаду бист нишондињанда барои њисобњо ва ё њабс ба муњлати то чил шабонарўз бо мусодираи молу мулк, бо мањрум кардан аз њуќуќи ишѓоли мансаби муайян ё машѓул шудан ба фаъолияти муайян ба муњлати то як сол љазо дода мешавад. 2. Ҳамин кирдор, ки якчандкарата содир шуда бошад, - бо корњои њатмї ба муњлати то яксаду њаштод соат ва ё корњои ислоњї ба муњлати то шаш моњ ва ё љарима ба андозаи то яксаду њафтод нишондињанда барои њисобњо ва ё њабс ба муњлати то панљоњ шабонарўз бо мусодираи молу мулк, бо мањрум кардан аз њуќуќи ишѓоли мансаби муайян ё машѓул шудан ба фаъолияти муайян ба муњлати то як сол љазо дода мешавад. 3. Кирдорҳои дар қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда пешбинишуда, ки бо расонидани зарари назаррас содир шуда бошанд, - бо љарима ба андозаи то сесаду шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё корњои ислоњї ба муњлати то ду сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат бо мусодираи молу мулк, бо мањрум кардан аз њуќуќи ишѓоли мансаби муайян ё машѓул шудан ба фаъолияти муайян ба муњлати то ду сол љазо дода мешаванд. 4. Кирдорҳои дар қисмҳои якум, дуюм ё сеюми ҳамин модда пешбинишуда ки: 1) дар минтаќаи мамнунгоњи давлатї ё парваришгоњ ё дар минтаќаи офати табиї ё дар минтаќаи њолати фавқулодаи экологї содир шуда бошанд; 2) нисбати ҳайвоноти нодир ва зери хатари нобудшавӣ қарордошта, ҳамчунин ҳайвоноти истифодаи онҳо манъшуда; 3) бо истифода аз мақоми хизматӣ; 4) бо расонидани зарари калон содир шуда бошанд,- бо љарима ба андозаи то панљсаду чил нишондињанда барои њисобњо ва ё мањрум сохтан аз озодї ба муњлати то панљ сол бо мусодираи молу мулк, бо мањрум кардан аз њуќуќи ишѓоли мансаби муайян ё машѓул шудан ба фаъолияти муайян ба муњлати то се сол љазо дода мешаванд. 5. Кирдорҳои дар қисмҳои якум, дуюм, сеюм ё чоруми ҳамин модда пешбинишуда, ки: 1) аз љониби гурўҳи ҷиноятӣ: 2) бо расонидани зарари махсусан калон содир шуда бошанд,- бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз се то шаш сол бо мусодираи молу мулк, бо мањрум кардан аз њуќуќи ишѓоли мансаби муайян ё машѓул шудан ба фаъолияти муайян ба муњлати то панљ сол љазо дода мешаванд. Моддаи 269. Вайрон кардани ќоидањои њифзи олами њайвонот Вайрон кардани ќоидањои њифзи олами њайвонот њангоми амалї кардани равандњои истењсолї ё истифодаи воситањои наќлиёт, истифодаи воситањои њимояи растанињо, нурињои минералї ё дигар маводи доруворї, ки боиси мањви оммавї ё талафоти олами њайвонот, њамчунин вайрон кардани тартиби истифода ё њифзи шикоргоњ, обанборњои моњипарварї гардида, зарари калон расонида шудаанд, - бо љарима ба андозаи то сесаду шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё корњои ислоњї ба муњлати то ду сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат бо мањрум кардан аз њуќуќи ишѓоли мансаби муайян ё машѓул шудан ба фаъолияти муайян ба муњлати то ду сол љазо дода мешаванд. Моддаи 270. Муносибати ѓайриќонунї бо намудњои нодир ва тањти тањдиди нестшавї ќарордошта, инчунин истифодаашон манъбудаи растанињо ё њайвонот, ќисмњо ё њосили онњо Ѓайриќонунї љамъоварї, коркард, соњиб шудан, нигоњ доштан, фурўхтан, воридот, баровардан, ирсол, интиќол ё нобуд кардани намудњои нодир ва тањти тањдиди нестшавї ќарордошта, инчунин истифодаашон манъбудаи растанињо ва њайвонот, ќисм ё њосили онњо, инчунин растанињо ва њайвоноте, ки истифодаи ќисм ё њосили онњо манъ шудааст, њамчунин нобуд кардани муњити зисти онњо, - бо љарима ба андозаи то сесаду шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё корњои ислоњї ба муњлати то ду сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат бо мусодираи молу мулк, бо мањрум кардан аз њуќуќи ишѓоли мансаби муайян ё машѓул шудан ба фаъолияти муайян ба муњлати то ду сол ё бидуни он љазо дода мешаванд. Моддаи 271. Ғайриқонунӣ буридан, нобуд ё вайрон кардани дарахт ва буттаҳо 1. Ғайриқонунӣ буридан, нобуд ё вайрон кардани дарахт ва буттаҳои ба фонди љангал дохилнабуда ва буриданашон манънабуда, ѓайр аз дарахт ва буттањои дар ќитъањои наздињавлигї, бўстонсарой ва боѓњо, инчунин нобуд ё вайрон кардани зироатњои љангал, растанињои кишт ва ё нињолњо дар парваришгоњи љангалї ё дар киштзорњо, инчунин нињолзори табиї, навнињол ва ё худрўй дар майдони барои аз нав бавуљудоварии љангал ва бешазоркунї таъиншуда бо расонидани зарари назаррас, - бо корњои њатмї ба муњлати то сад соат ва ё корњои ислоњї ба муњлати то се моњ ва ё љарима ба андозаи то сад нишондињанда барои њисобњо ва ё њабс ба муњлати то сї шабонарўз љазо дода мешавад. 2. Ғайриқонунӣ буридан, нобуд ё вайрон кардани дарахт ва буттањои ба фонди љангал дохилбуда бо расонидани зарари назаррас, - бо корњои њатмї ба муњлати то яксаду бист соат ва ё корњои ислоњї ба муњлати то чор моњ ва ё љарима ба андозаи то яксаду бист нишондињанда барои њисобњо ва ё њабс ба муњлати то чил шабонарўз бо мусодираи молу мулк љазо дода мешавад. 3. Кирдорњои дар ќисмњои якум ё дуюми њамин модда пешбинишуда ки: 1) якчандкарата; 2) бо истифода аз маќоми хизматї; 3) бо расонидани зарари калон; 4) дар њудудњои табиии махсус муњофизатшаванда содир шуда бошанд, - бо корњои њатмї ба муњлати то яксаду њаштод соат ва ё корњои ислоњї ба муњлати то шаш моњ ва ё љарима ба андозаи то яксаду њафтод нишондињанда барои њисобњо ва ё њабс ба муњлати то панљоњ шабонарўз бо мусодираи молу мулк, бо мањрум кардан аз њуќуќи ишѓоли мансаби муайян ё машѓул шудан ба фаъолияти муайян ба муњлати то як сол ё бидуни он љазо дода мешаванд. 4. Кирдорњои дар ќисмњои якум, дуюм ё сеюми њамин модда пешбинишуда, ки аз љониби гурўњи љиноятї содир шуда бошанд, - бо љарима ба андозаи то сесаду шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё корњои ислоњї ба муњлати то ду сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат бо мусодираи молу мулк, бо мањрум кардан аз њуќуќи ишѓоли мансаби муайян ё машѓул шудан ба фаъолияти муайян ба муњлати то ду сол ё бидуни он љазо дода мешаванд. Моддаи 272. Нобуд ё вайрон кардани ҷангал 1. Нобуд ё вайрон кардани дарахт ва буттаҳои ба фонди ҷангал дохилшуда ва дохилнашуда, ба ѓайр аз дарахт ва буттаҳои дар ќитъањои наздињавлигї, бўстонсарой ва боѓҳо љойдошта дар натиҷаи муносибати беэҳтиётона бо оташ ё дигар манбаи хатари баланддошта, агар ин кирдор зарари калон расонида бошад, - бо љарима ба андозаи то сесаду шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё корњои ислоњї ба муњлати то ду сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат бо мусодираи молу мулк љазо дода мешавад. 2. Ќасдан нобуд ё вайрон кардани дарахт ва буттаҳои ба фонди ҷангал дохилшуда ва дохилнашуда, ба ѓайр аз дарахт ва буттаҳои дар ќитъањои наздињавлигї, бўстонсарой ва боѓҳо љойдошта, ки бо роҳи оташ задан ё бо дигар тарзи хавфи умумидошта ва ё дар натиљаи ифлоскунї бо моддањои зараровар, партов, ихрољ ё хуриљињо содир шуда бошад, - бо љарима ба андозаи аз сесаду шаст то њафтсаду сї нишондињанда барои њисобњо ва ё мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз ду то чор сол бо мусодираи молу мулк љазо дода мешавад. Моддаи 273. Вайрон кардани низоми ҳудуд ва объектҳои табиии махсус муњофизатшаванда 1. Вайрон кардани низоми њудудњои табиии махсус муњофизатшаванда, ки боиси расонидани зарари назаррас шуда бошад,- бо корњои њатмї ба муњлати то сад соат ва ё корњои ислоњї ба муњлати то се моњ ва ё љарима ба андозаи то њаштод нишондињанда барои њисобњо ва ё њабс ба муњлати то сї шабонарўз бо мусодираи молу мулк, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то ду сол љазо дода мешавад. 2. Ќасдан вайрон ё нобуд кардани объектҳои фонди табиии мамнўъгоҳҳои давлатї дар њудудњои табиии махсус муњофизатшаванда, ки боиси расонидани зарари назаррас шуда бошад, - бо љарима ба андозаи то сесаду шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то ду сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат бо мусодираи молу мулк, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то се сол ё бидуни он љазо дода мешавад. Моддаи 274. Наандешидани чора љињати рафъи оќибати ифлосшавии экологї 1. Саркашї кардан аз гузаронидан ё ба таври дахлдор гузаронидани чорањои дезактивї ё дигар чорањои барќарорсозї дар мањалле, ки аз ифлосшавии экологї осеб дидаанд, аз љониби шахсе, ки уњдадории гузаронидани ин чорањо ба ў вогузор шудааст, - бо корњои њатмї ба муњлати то яксаду бист соат ва ё корњои ислоњї ба муњлати то чор моњ ва ё љарима ба андозаи то яксаду бист нишондињанда барои њисобњо ва ё њабс ба муњлати то чил шабонарўз љазо дода мешавад. 2. Њамин кирдор, ки боиси тањдиди ба марг расонидани инсон ва ё боиси расонидани зиёни вазнин ё миёна ба саломатии инсон ва ё боиси расонидани зарари калон гардида бошад,- бо љарима ба андозаи то сесаду шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то ду сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то се сол ё бидуни он љазо дода мешавад. 3. Кирдорњои дар ќисмњои якум ё дуюми њамин модда пешбинишуда, ки боиси марги инсон ва ё бемории оммавии одамон ва ё боиси расонидани зарари махсусан калон гардида бошанд,- бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз ду то панљ сол бо мањрум кардан аз њуќуќи ишѓоли мансаби муайян ё машѓул шудан ба фаъолияти муайян ба муњлати то се сол ё бидуни он љазо дода мешаванд. Моддаи 275. Нобуд кардани макони дар вазъияти басо хатарнок ќарордоштаи зисти организмњо, ки ба Китоби Сурхи Љумњурии Тољикистон дохил карда шудаанд Нобуд кардани макони дар вазъияти басо хатарнок ќарордоштаи зисти организмњо, ки ба Китоби Сурхи Љумњурии Тољикистон дохил карда шудаанд ва сабаби мањви пањншавии ин организмњо гардидаанд, - бо љарима ба андозаи то сесаду шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то ду сол љазо дода мешавад. ФАСЛИ XI. ЊУЌУЌВАЙРОНКУНИЊОИ ЉИНОЯТЇ ДАР СОЊАИ ИЌТИСОДИЁТ |