Главная страница

ТАЪРИХИ КАФЕДРА 2019. Таърихи кафедра


Скачать 17.66 Kb.
НазваниеТаърихи кафедра
Дата14.01.2020
Размер17.66 Kb.
Формат файлаdocx
Имя файлаТАЪРИХИ КАФЕДРА 2019.docx
ТипДокументы
#103958

ТАЪРИХИ КАФЕДРА

Соли 2001 ду кафедра: кафедраи математикаи амалӣ ва кафедраи механика ва усулҳои ададӣ муттаҳид гардида, минбаъд кафедра номи математикаи ҳисоббарорӣ ва механикаро гирифт.

Кафедраи математикаи ҳисоббарориро дар солҳои гуногун дотсентон Тошбоев В.Х. (1967-1977) , самандаров э.Г. (1978-1988) ва Шерматов Н. (1988-2001) роҳбари намудаанд.

Сарварони кафедраи механика ва усулҳои ададӣ дотсент Ҳасанов М.Ҳ. (1967-1977) ва Алиев Б.А. (1977-2001) буданд.

Роҳбарони кафедраи навтаъсиси математикаи ҳисоббарорӣ ва механикаро дотсент Садуллоев Р.И. (2001-2008; 2013-2018) ва профессор Шерматов Н. (2008-2012) ба дӯш доштанд. Ҳоло кафедраро дотсент Зарифзода С.Қ. роҳбарӣ менамояд.

Барпои хондани курсҳои махсус ва рҳбарӣ намудан ба корҳои курсию дипломӣ олимони намоён аз академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз дигар мактабҳои олӣҷалб мегарданд. Чунончи, Михайлов Л.Г., Усмонов З.Ҷ., Очилдиев А.И., Исмоилов М.А., Улмасов Н.У., Ҳаитов Т.И., ва дигарон. Ҳамзамон олимони намоён Хованский Г.С., Тарко А.М., Фармонов А.С. барои хондани курсҳои махсус даъват шуда буданд.

Кафедра ба олимони институтҳои АИ ҶТ, ба монанди Институти математика ба номи А.ҷураев , Институти химия ба номи В.И.Никитин, Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология, Институти тадқиқотии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамкории зичи илмӣ дорад.

Дар назди кафедра аспирантон таҳсил менамоянд, ки онҳо хатмкардагони факултет ва дигар донишкардаҳо мебошанд. Аз рӯи ду ихтисос кафедра: усулҳои ададӣ ва механика ҳар сол 40-50 нафар донишҷӯ донишгоҳро хатм менамояд.

Яке аз нишондиҳандаҳои самаранокии фаъолияти кафедра кор бо донишҷӯ мебошад. Натиҷаи заҳмати устодони кафедра мебошад, ки чанде аз донишҷӯёни мо солҳои гуногун дар олимпиадаҳо аз математика ва информатика дар сатҳи ҷумҳуриявию байналхалқӣ иштирок карда, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд.

Саҳми устодони пешбари кафедра дар навиштани китоб, васоити таълимию методӣ калон аст. Аз тарафи онҳо монография, чандин китобҳои дарсӣ ва васоитҳои таълимию методӣ бо забони давлатӣ барои донишҷӯён навишта шудааст.

Барои интишори маводи таълимӣ (2006-2010) профессор Алиев Б.А. бо чоизаи призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовор шуда буданд. Аз рӯи натиҷаҳои бадастовардаи илмӣ дотсентон Абдукаримов М.Ф. (с.2015) ва Зарифзода С.Қ. (с.2018) ба ҷоизаи Исмоили Сомонӣ мушарраф гардиданд.


написать администратору сайта