Главная страница
Навигация по странице:

  • Моддаи 104. Асосњои татбиќи чорањои маљбурии дорои хусусияти тиббї

  • Моддаи 107 . Назорати ма ҷ бурии

  • ҳ ои р уҳӣ

  • Моддаи 108. Табобати ма

  • Моддаи 109. Дароз кардан, тағйир додан ва қатъ кардани татбиқи чора

  • Моддаи 110. Таъйини љазо баъд аз татбиќи чорањои ма

  • Моддаи 111. Чорањои ма ҷ бурии дорои хусусияти

  • Уголовный кодекс Таджикистана. Кодекси иноятии УМурии тоикистон исми умумї фасли i. Онуни иноятї


    Скачать 0.67 Mb.
    НазваниеКодекси иноятии УМурии тоикистон исми умумї фасли i. Онуни иноятї
    АнкорУголовный кодекс Таджикистана
    Дата27.07.2022
    Размер0.67 Mb.
    Формат файлаdocx
    Имя файла1604807476303297.docx
    ТипКодекс
    #636887
    страница12 из 51
    1   ...   8   9   10   11   12   13   14   15   ...   51

    ФАСЛИ VI. ЧОРАЊОИ МАЉБУРИИ ДОРОИ ХУСУСИЯТИ ТИББЇ


    БОБИ 15. АСОСЊО, МАЌСАД, ТАЪЙИН ВА ТАРТИБИ ТАТБИЌИ ЧОРАЊОИ МАЉБУРИИ ДОРОИ ХУСУСИЯТИ ТИББЇ



    Моддаи 104. Асосњои татбиќи чорањои маљбурии дорои хусусияти тиббї

    1. Чорањои маљбурии дорои хусусияти тиббиро суд метавонад ба шахсоне таъйин намояд, ки:

    1) дар њолати номукаллафї кирдорњои дар моддањои Ќисми махсуси Кодекси мазкур пешбинишуда содир кардаанд;

    2) баъд аз содир кардани њуќуќвайронкунии љиноятї гирифтори парешонњолии руњї гардидаанд, ки таъйин ё иљрои љазоро имконнопазир мегардонад;

    3) њуќуќвайронкунии љиноятиро содир кардаанд ва гирифтори парешонњолии руњие мебошанд, ки мукаллафиро истисоно намекунад;

    4) њуќуќвайронкунии љиноятиро содир кардаанд ва эњтиёљманд ба табобат аз майзадагї, нашъамандї ё зањрмандї дониста шудаанд;

    5) аз синни њаждањсола калонбуда, ки ба муќобили дахлнопазирии љинсии ноболиѓон љиноят содир кардаанд ва гирифтори ихтилоли иштиёќи шањвонии љинсї (педофилия) мебошанд, ки мукаллафиро истисно намекунад.

    2. Ба шахсони дар ќисми якуми њамин модда зикргадида чорањои маљбурии дорои хусусияти тиббї танњо дар мавридњое таъйин карда мешаванд, ки парешонњолии руњї бо эњтимолияти аз љониби њамин шахсон расонидани дигар зиёни љиддї ва ё бо хавфи барои худ ё дигар шахсон алоќаманд аст.

    3. Тартиби иљрои чорањои маљбурии дорои хусусияти тиббиро Кодекси иљрои љазои љиноятии Љумњурии Тољикистон ва ќонунгузории Љумњурии Тољикистон дар соњаи тандурустї муайян менамояд.

    4. Нисбати шахсони дар ќисми якуми њамин модда зикргардида ва аз рўи њолати руњиашон хавф надошта суд метавонад маводњои заруриро ба маќомоти тандурустї барои њалли масъала оид ба муолиљаи ин шахсон ё равон кардани онњо ба муассисањои руњу асаб бо тартиби муќаррарнамудаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон дар соњаи тандурустї супорад.

    Моддаи 105. Мақсади татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ

    Мақсади татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ муолиҷаи шахсоне, ки дар қисми якуми моддаи 104 Кодекси мазкур зикр гардидаанд ё бењтар намудани ҳолати рўҳии онҳо, инчунин пешгирии аз љониби онњо содир кардани кирдорҳои наве, ки дар моддањои Қисми махсуси Кодекси мазкур пешбинӣ шудаанд, мебошад.

    Моддаи 106. Намудњои чорањои маљбурии дорои хусусияти тиббї

    1. Суд намудҳои зерини чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббиро таъйин карда метавонад:

    1) назорати маҷбурии амбулаторӣ ва табобат дар назди табиби беморињои руњї;

    2) табобати маҷбурӣ дар беморхонаи бемориҳои руҳии навъи умумї;

    3) табобати маҷбурӣ дар беморхонаи бемориҳои руҳии навъи махсусгардонидашуда;

    4) табобати маҷбурӣ дар беморхонаи бемориҳои руҳии навъи махсусгардонидашуда бо назорати пуршиддат.

    2. Ба шахсоне, ки барои содир кардани њуќуќвайронкунињои љиноятї дар ҳолати мукаллафӣ мањкум шудаанд, вале ба табобат аз майзадагӣ, нашъамандӣ ё зањрмандї ва ё ба табобати парешонњолии руҳї, ки мукаллафиро истисно намекунад, эҳтиёҷ доранд, суд дар баробари ҷазо метавонад чорањои маҷбурии дорои хусусияти тиббиро дар намуди назорати маҷбурии амбулаторӣ ва табобат дар назди табиби беморињои руњї таъйин намояд.

    3. Ба шахсоне, ки љиноят ба муќобили дахлнопазирии љинсии ноболиѓон содир кардаанд, суд њангоми озод кардан аз љойњои мањрум сохтан аз озодї баъд аз адои муњлати љазо масъалаи таъйин, дароз, таѓйир ё ќатъ намудани чорањои маҷбурии дорои хусусияти тиббиро њал менамояд.
    Моддаи 107. Назорати маҷбурии амбулаторї ва табобат дар назди табиби бемориҳои руҳӣ

    Назорати маҷбурии амбулаторї ва табобат дар назди табиби бемориҳои руҳӣ мумкин аст њангоми мављуд будани асосҳои дар моддаи 104 Кодекси мазкур пешбинишуда таъйин карда шаванд, агар шахс аз рўи ҳолати руҳии худ барои ҷойгиркунӣ дар беморхонаи бемориҳои руҳї эҳтиёҷ надошта бошад.
    Моддаи 108. Табобати маҷбурӣ дар беморхонаи бемориҳои руҳӣ

    1. Табобати маҷбурї дар беморхонаи бемориҳои руњї мумкин аст њангоми мављуд будани асосҳои дар моддаи 104 Кодекси мазкур пешбинишуда таъйин карда шавад, агар хусусияти парешонҳолии руҳии шахс чунин шароитњои табобат, нигоҳубин, нигоҳдорӣ ва назоратро талаб намояд, ки онњо танҳо дар беморхонаи бемориҳои руњї метавонанд амалї карда шаванд.

    2. Табобати маҷбуриро дар беморхонаи бемориҳои руњии навъи умумї ба шахсе таъйин кардан мумкин аст, ки аз рӯи ҳолати руҳии худ ва хусусияти кирдори ба ҷамъият хафноки содиркардааш ба табобат дар беморхонаи бемориҳои руњї ва назорат эҳтиёҷ дорад, вале назорати пуршиддатро талаб намекунад.

    3. Табобати маҷбурӣ дар беморхонаи бемориҳои руњии навъи махсусгардонидашуда ба шахсе таъйин кардан мумкин аст, ки аз рӯи ҳолати руҳии худ ва хусусияти кирдори ба ҷамъият хафноки содиркардааш назорати доимиро талаб мекунад.

    4. Табобати маҷбурӣ дар беморхонаи бемориҳои руњии навъи махсусгардонидашуда бо назорати пуршиддат мумкин аст ба шахсе таъйин карда шавад, ки аз рӯи ҳолати руҳии худ ва хусусияти кирдори ба ҷамъият хафнокии содиркардааш барои худ ё шахсони дигар хафнокии хос дошта, назорати доимї ва пуршиддатро талаб мекунад.


    Моддаи 109. Дароз кардан, тағйир додан ва қатъ кардани татбиқи чорањои маҷбурии дорои хусусияти тиббї

    1. Дароз кардан, тағйир додан ва қатъ кардани татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ аз љониби суд бо пешнињоди маъмурияти муассисаи амаликунандаи табобати маљбурї, дар асоси хулосаи комиссияи духтурони руњшинос амалї карда мешавад.

    2. Шахсе, ки ба ў чораи маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ таъйин гардидааст, бояд аз љониби комиссияи духтурони руњшинос барои њалли масъалаи љой доштани асосњо љињати ирсоли пешнињод ба суд оид ба ќатъ кардан ё таѓйир додани чунин чора на камтар аз як маротиба дар шаш моњ (муоина) шањодатгардонї карда шавад. Њангоми љой надоштани асосњо барои ќатъ кардани татбиќ ё таѓйир додани чораи маљбурии дорои хусусияти тиббї маъмурияти муассисаи амаликунандаи табобати маљбурї барои дароз кардани табобати маљбурї ба суд хулоса пешнињод менамояд. Бори аввал дароз кардани табобати маљбурї мумкин аст баъди ба итмом расидани шаш моњи аз лањзаи саршавии табобат амалї карда шуда, минбаъд дароз кардани табобати маљбурї њарсола ба иљро расонида мешавад.

    3. Таѓйир додан ё ќатъ кардани чораи маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ аз љониби суд дар мавриди таѓйир ёфтани чунин њолати руњии шахс, ки зимни он зарурати татбиќи чораи ќаблан таъйингардида аз байн меравад ва ё зарурати таъйин кардани дигар чораи маљбурии хусусияти тиббї ба миён меояд, амалї карда мешавад.

    4. Дар мавриди ќатъ кардани татбиқи табобати маљбурї дар беморхонаи бемориҳои руҳї суд метавонад маводњои заруриро нисбати шахсе, ки дар табобати маљбурї ќарор дорад, барои њалли масъалаи табобат ё фиристодани ў ба муассисаи беморињои руњу асаб ба маќомоти тандурустї мувофиқи тартиби пешбиникардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соњаи тандурустї супорад.
    Моддаи 110. Таъйини љазо баъд аз татбиќи чорањои маҷбурии дорои хусусияти тиббї

    1. Ба шахсе, ки баъд аз содир кардани њуќуќвайронкунии љиноятї ё дар ваќти адои љазо гирифтори бемории руњї шудааст ва ў имконияти ба њаракатњои худ бањо додан ё роњбарї ба онњоро надорад, баъд аз шифо ёфтанаш суд метавонад љазоро татбиќ намояд, агар муњлатњои мурур нагузашта бошад ё барои озод кардани ў аз љавобгарии љиноятї ва љазо асосњо мављуд набошанд.

    2. Дар мавриди шифо ёфтани шахсе, ки баъд аз содир кардани љиноят гирифтори парешонњолии руњї гардидааст, њангоми таъйин кардани љазо ё аз нав сар кардани иљрои он, ваќте, ки дар љараёни он ба шахс табобати маҷбурї дар беморхонаи бемориҳои руњї татбиќ гардида бошад, ба муњлати љазо аз њисоби як рўзи дар беморхонаи бемориҳои руњї будан ба як рўзи мањрум сохтан аз озодї ва ё ба як рўзи њабс ба њисоб гирифта мешавад.
    Моддаи 111. Чорањои маҷбурии дорои хусусияти тиббї, ки бо иљрои љазо пайвастанд

    1. Дар њолати пешбининамудаи бандњои 2) ва 5) ќисми якуми моддаи 104 Кодекси мазкур чорањои маљбурии дорои хусусияти тиббї дар љойи адо намудани љазои мањрум сохтан аз озодї ва нисбати шахси ба дигар намуди љазо мањкумгардида бошад, дар муассисањои тандурустие, ки кўмаки рӯҳии амбулаторї мерасонанд, иљро карда мешаванд.

    2. Дар мавриди пешбининамудаи банди 4) ќисми якуми моддаи 104 Кодекси мазкур, чорањои маљбурии дорои хусусияти тиббї дар љойи адо намудани љазои мањрум сохтан аз озодї, нисбати шахси ба намудњои дигари љазо мањкумгардида бошад, дар муассисањои тандурустї иљро карда мешавад.

    3. Њангоми таѓйир ёфтани њолати руњии мањкумшуда, ки ба табобат дар беморхонаи беморињои руњї эњтиёљ дорад, љойгир намудани мањкумшуда дар беморхонаи бемориҳои руҳї ё дигар муассисаи табобатї бо тартиб ва дар асосњои пешбининамудаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон дар соњаи тандурустї ба амал бароварда мешавад.

    4. Ваќти дар муассисањои номбурда будан ба муњлати адои љазо њисоб карда мешавад. Њангоми аз байн рафтани зарурати табобати минбаъдаи мањкумшуда дар муассисањои номбурда, љавоб додани ў мувофиќи тартиби пешбининамудаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон дар соњаи тандурустї амалї карда мешавад.

    5. Ќатъ кардани татбиќи чораи маљбурии дорои хусусияти тиббї, ки бо иљрои љазо пайвастанд, аз љониби суд бо пешнињоди маќомоти иљрои љазо дар асоси хулосаи комиссияи духтурони руњшинос ба амал бароварда мешавад.
    ЌИСМИ МАХСУС
    1   ...   8   9   10   11   12   13   14   15   ...   51


    написать администратору сайта