Билет бо чавобхо 30 билет-1828155221. Билети 1 Итисодиёт хусусиятои асосї ва функсияо
Скачать 235 Kb.
|
2.Мафњум, ањамият ва асосњои меъёрї –њуќуќии биржа Биржа аз калимаи олмонии Borse ва лотинии bursa – бармеояд ва ба маънои «њамён» фањмида мешавад. Биржа њанўз аз даврањои Рими ќадим ва Юнони ќадим маълум мебошад. Соли 1531 биржаи ќадимтарини молї дар Антверпен ба вуљуд омада буд. Биржаи молї, бозори доимоамалкунандаи молњои оммавиест, ки мувофиќи стандарту намунањо фурўхта мешаванд ва ташкилоти тиљоратиест, ки дар асоси мустаќилияти хољагї амал мекунад (ќ 1 фасли 1 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи биржаи молї ва савдои биржавї дар Љумњурии Тољикистон» аз 23 декабри соли 1991 ва таѓйиру иловаи солњои 1997, 2005, 2011). Аз таърифи пешнињодшудаи мафњуми биржа якчанд аломатњои асосии тавсифкунандаи биржаи молии муосирро људо намудан мумкин аст: якум, биржа – ташкилотест, ки дорои њуќуќи шахси њуќуќї буда, барои иљро намудани функсияњояш њуќуќу ўњдадорињои муайянро доро мебошад. Дуюм, биржаи молї - ташкилотест, ки маќсади асосї, таъинот ва предмети фаъолияташ ташаккул додани бозори яклухт мебошад. Чунин таъиноти биржа бо ду роњ амалї карда мешавад: 1) бо роњи ташкил намудани савдои биржавї; 2) бо роњи танзими ин фаъолият. 3.Кафолатњои давлатии њимояи соњибкор њамчун сармоягузор Давлат баробарњуќуќии сармоягузори хориљї ва сармоягузори ватаниро кафолат дода, дар муносибат бо сармоягузорон вобаста ба мансубияти шањрвандї, миллї, забонї, љинсї, нажодї, эътиќоди динї, љои анљом додани фаъолияти иќтисодї, инчунин кишвари асли баромади сармоягузор ва сармоягузорї, ба њељ гуна поймолкунии њуќуќ роњ намедињад. Ќонуни Љумњурии Тољикистон дар бораи сармоягузорї ва дигар санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон, инчунин санадњои њуќуќии байналмилалии аз тарафи Тољикистон эътирофгардида ба сармоягузор њимояи пурра ва њатмии њуќуќ ва манфиатњои ќонуниашро кафолат медињанд. Дар њолати ворид кардани таѓйиру иловањо ба ќонунгузории вобаста ба сармоягузорї дар Љумњурии Тољикистон сармоягузорон ба мўњлати панљ сол аз рўзи интишори расмии таѓйиру иловањо њуќуќи интихоби шароити барои онњо мусоидтарро доранд. Сармоягузор мутобиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон барои љуброни зарари расонидашуда њуќуќ дорад, ки дар натиљаи аз тарафи маќомоти ваколатдори давлатї ќабул шудани санадњои мухолифи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон, инчунин дар натиљаи амалњои (беамалии) ѓайриќонунии шахсони мансабдори ин маќомот ба вай расонида шудааст. Билети 28 1.Љамъияти сањомї Љамъияти сањомї - ташкилоти тиљоратие, ки сармояи оинномавии он ба миќдори муайяни сањмияњо таќсим шуда, иштирокчиёни (сањмдорони) он аз рўи ўњдадориҳои љамъияти саҳомӣ масъулият надоранд ва таваккалли зарари вобаста ба фаъолияти онро дар доираи арзиши сањмияњои марбуташон ба зимма доранд (Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи љамъиятњои сањомї» аз 5 марта соли 2007). Ду навъи љамъиятњои сањомиро људо намудан мумкин аст: 1) љамъияти сањомии навъи кушода; 2) љамъияти сањомии навъи пўшида. Шумораи сањмдорони љамъияти саҳомии пўшида набояд аз панљоњ нафар зиёд бошад. Сармояи њадди аќалли оинномавии љамъияти сањомии кушода бояд на камтар аз панљ њазор сомонї ва љамъияти сањомии пўшида бояд на камтар аз як њазор сомониро ташкил дињад. Ќонун дар бораи љамъияти сањомї чунин низоми маќомотњои идоракунии љамъиятро муќаррар намудааст: - маќоми олї – Маљлиси умумии сањмдорон; - маќоми идора – Шўрои директорони (Шўрои нозирони) љамъияти саҳомї; - маќоми иљроия – директор, директори генералї, раёсат, маъмурият; - маќоми назоратї – комиссияи тафтишотї (ревизор); - маќомоти дигар мутобиќи оиннома ва ќонунњои Љумњурии Тољикистон. 2.Сохтор ва маќомоти идоракунї биржа Танзими њуќуќии фаъолияти биржањои молї бо ду гурўњи санадњои меъёрї-њуќуќї ба амал бароварда мешавад: 1) санадњои меъёрии марказї (Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи биржаи молї ва савдои биржавї дар Љумњурии Тољикистон» аз 23 декабри соли 1991; 2) санадњои меъёрї-њуќуќии локалї (њуљљатњои таъсисии биржа, ќоидаи савдои биржавї, низомнома ва дигар санадњое, ки њолати њуќуќии ќисматњои таркибии биржа ва кормандони онро муайян мекунад), дигар ќоидањое, ки аз љониби маќомотњои биржа мутобиќи ќонунгузории љорї ќабул (тасдиќ) карда шудаанд. Ба ѓайр аз маќомотњои идоракуни хоси љамъиятњои сањомї ва дигар сохторњои ташкилї – њуќуќие, ки дар шакли онњо биржа таъсис дода мешавад, дар сохтори дохилии биржа ќисматњое вуљуд доранд, ки танњо хоси биржа мебошанд, аз љумла, комиссияи (нархгузорї) котировалї; палатаи њисоббаробаркунї (маркази клирингї); палатаи баќайдгирї, комиссияи арбитражи биржавї ва ѓайра. 3.Мафњум ва мазмуни лизинги молиявї Иљораи молиявї (лизинг) - маљмўи муносибатњои иќтисодї ва њуќуќие мебошад, ки вобаста ба иљрои шартномаи иљораи молиявї, аз љумла хариди предмети иљораи молиявї, ба вуљуд меоянд (ќисми 1 моддаи 2 Ќонуни Љумњурии Тољикистон “Дар бораи иљораи молиявї (лизинг)” аз 22 апрели соли 2003, № 9). Фаъолияти иљораи молиявї - намуди фаъолияти инвеститсиони оид ба харидани амвол ва ба иљораи молиявї додани он номида мешавад. Ба сифати предмет - иљораи молиявї метавонад њама гуна ашёву анљоми ѓайриистеъмолї, аз љумла корхонањо ва дигар маљмўи амволи, бино, иншоот, таљњизот, воситањои наќлиёт ва дигар амволи манќул ва ѓайриманќуле баромад намуда метавонанд, ки дар фаъолияти соњибкорї мавриди истифода ќарор дода мешаванд. Билети 29 1.Кооперативњои тиљоратї Мувофиќи ќисми 1 моддаи 1 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи кооперативњо» аз 22 июли соли 2013, № 991 кооператив гуфта, иттиҳодияи мустақил ва ихтиёрии бо тартиби муқарраргардида бақайдгирифташуда мебошад, ки дар асоси узвияти шахсон бо мақсади ќонеъ намудани талаботи муштараки иқтисодї, иљтимої, фарҳангї ва дигар талаботи онҳо, инчунин саъю кўшиши шахсони мазкур тавассути муттањидкунии молу мулк (аъзоҳаққии саҳмї) ва таъсиси ташкилоти ба таври демократї идорашавандаи молу мулки якљоя таъсис дода мешавад. Кооперативњо метавонанд дар ду шакли зерин таъсис дода шаванд: - кооперативи ѓайритиљоратї; - кооперативи тиљоратї Кооперативи тиҷоратӣ ташкилоти тиҷоратӣ буда, мутобиқи оиннома асосан ба шахсони сеюм хизмат мерасонад. Даромади софи кооперативи тиҷоратӣ метавонад дар байни аъзои он тибқи тартиби муқаррарнамудаи ЌонуниЉТ «Дар бораи кооперативҳо» ва оинномаи кооператив тақсим карда шавад. Кооперативҳо метавонанд фаъолияти худро дар соҳаҳои матлубот, истеҳсолот, сохтмон, манзил, коммуналӣ, коркард, фурӯши маҳсулот, таъминот, хизматрасонӣ, савдо, кишоварзӣ, суғурта, қарздиҳӣ ва дигар соҳаҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ намоянд. Кооперативҳое, ки дар соҳаи қарздиҳӣ фаъолият мекунанд, ташкилоти қарзии ғайрибонкӣ мебошанд. Тартиби фаъолияти кооператив дар соҳаи қарздиҳӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фаъолияти бонкӣ ба танзим дароварда мешавад. Тартиби фаъолияти кооперативҳо дар соҳаи суғурта мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи суғурта ба танзим дароварда мешавад. Кооператив аз ҷониби на камтар аз се шахси воқеӣ ё шахсони ҳуқуқӣ таъсис дода мешавад. 2.Маќоми њуќуќии брокер, дилер ва дигар иштирокчиёни савдои биржавї Ба сифати субъектњои асосии савдо ширкатњои брокерї ё брокерњои мустаќил баромад намуда, миёнравии биржавиро ба амал мебароранд. Брокери мустаќил – шахси љисмониест, ки бо тартиби муќаррар намудаи ќонун ба сифати соњибкор бидуни таъсиси шахси њуќуќї ба ќайд гирифта шудааст. Њамзамон ба амал баровардани ањдњои биржавї аз љониби миёнравї биржа аз ном ва аз њисоби худ бо маќсади минбаъд фукрўхтани онњо дар биржа ба фаъолияти дилерї дохил карда мешавад. 3.Намудњои алоњидаи лизинги молиявї Се навъи асосии лизингро људо менамоянд: лизинги молиявї, лизинги ољилї ва лизинги баргарданда. Њангоми лизинги молиявї - мўњлати иљора ба мўњлати истифодаи таљњизот наздик мебошад. Дар муносибатњои лизинги молиявї се тараф ширкат меварзад: бонкї – лизингдињанда, гирандаи лизинг ва фурўшандаи таљњизот. Моњияти лизинги баргарданда дар он зоњир меёбад, ки лизинггиранда дар як ваќт ба њайси фурўшандаи таљњизот низ баромад менамояд. Бонки лизингдињанда аввал аз лизинггиранда таљњизоти муайянро харидорї ва сипас онро дар шакли лизинг ба худи фурўшанда, яъне лизинггиранда медињад. Моњияти лизинги ољилї дар он зоњир меёбад, ки пас аз мўњлати кўтоњи истифодаи амвол имконияти ба зериљора ё бо фоида фурўхтани он вуљуд дорад. Билети 30 1.Корхонањои давлатї Асоси њуќуќии фаъолияти корхонањои давлатиро Кодекси граждании Љумњурии Тољикистон ва Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи корхонањои давлатї» аз 28 феврали соли 2004 ташкил медињанд. Корхонањои давлатї ба ду намуд људо мешаванд: 1) корхонањои воњиди давлатї; 2) корхонањои давлатї. Вобаста ба рељаи њуќуќии моликият: -корхонањои воњидї давлатии ба њуќуќи истифодабарии хољагї ва -корхонањои давлатии ба њуќуќи оперативии идоракунї асосёфтаро људо менамоянд. Вобаста ба намудњои моликияти ба онњо тањвилшуда корхонањои мазкур таќсим мешаванд: а) ба корхонањое, ки дар пояи моликияти љумњуриявї ќарор доранд – корхонањои давлатии љумњуриявї; б) ба корхонањое, ки дар пояи моликияти њокимияти мањаллї ќарор доранд – корхонањои давлатии коммуналї. 2.Мафњум ва хусусиятњои шартномањо дар бахши фаъолияти соњибкорї Истилоњи «шартнома» дар фаъолияти соњибкорї дар ќонунгузорї ва адабиёти њуќуќї истифода мешавад. Мафњуми шартнома дар бахши фаъолияти соњибкорї аз мафњуми шартномаи дар КГ оварда шуда, маншаъ мегирад. Бо назардошти мафњуми шартнома, шартномаи соњибкорї њамчун муносибати њуќуќї ва ўњдадории шартномавї фањмида мешавад (ќ 1 м. 209; ќ 4 м. 24; м. 31; ќ 3 м. 432; ќ 3 м. 460 ва ѓайра). Дар ќонунгузории гражданї ўњдадорињое, ки бо ба амалбарории фаъолияти соњибкорї алоќаманд мебошанд, махсус људо карда шудаанд, ки њамчун ўњдадорињои соњибкорї фањмида мешаванд. Шартномањои соњаи соњибкорї бо хусусиятњои хоси худ аз дигар шартномањо фарќ мекунанд, аз љумла: аз лињози њолати њуќуќии тарафњо; аз лињози тарзи чунин шартномањо; аз лињози њадафи бастани онњо; аз лињози музднок будан. 3.Шартномаи лизинги молиявї Мувофиќи шартномаи иљораи молиявї - иљорадењ ўњдадор мешавад, ки амволи нишондодаи иљорагирро аз фурўшандае, ки њамин иљорагир муайян кардааст, њамчун моликият харидорї намуда, онро барои соњибї ва истифодабарии муваќќатии пулакї бо маќсадњои соњибкорї ба иљорагир пеишнињод намояд. Шартномаи иљораи молиявї (лизинг) сарфи назар аз мўњлат дар шакли хаттї баста мешавад. |