Главная страница
Навигация по странице:

  • Билети 9 1.Танзими њуќуќии фаъолияти соњибкорї

  • 2.Мафњум ва маќсади танзими давлатии фаъолияти соњибкорї

  • Билети 10 1.Илми њуќуќи соњибкорї

  • 2.Усулњо, воситањо ва шаклњои танзими давлатии иќтисодиёт

  • Билети 11 1.Асосњои конститутсионии соњибкорї

  • 2.Назорати давлатии фаъолияти соњибкорї

  • 3.Бозори асъор ва фаъолияти соњибкорї

  • Билети 12 1.Мафњум ва намудњои сарчашмањои њуќуќи соњибкорї

  • 2.Мафњум ва таъмини њуќуќии танзими техникї

  • 3.Ташкил ва гузаронидани амалиётњо дар бозори асъор

  • Билети 13 1.Хусусияти татбиќи сарчашмањои њуќуќи соњибкорї

  • 2.Мафњум ва хусусияти стандартикунонї

  • 3. Танзими давлатї дар бозори асъор

  • Билети 14 1. Татбиќи меъёрњои њуќуќи хориљї

  • 2. Мафњум ва асосњои њуќуќии сертификатсия

  • 3. Мафњуми бозори хизматњои бонкї

  • Билети 15 1.Тавсифи умумии њуќуќи соњибкорї дар кишварњои хориља

  • 2. Асосњои њуќуќии воњидњои ченак

  • Билет бо чавобхо 30 билет-1828155221. Билети 1 Итисодиёт хусусиятои асосї ва функсияо


    Скачать 235 Kb.
    НазваниеБилети 1 Итисодиёт хусусиятои асосї ва функсияо
    Дата02.06.2021
    Размер235 Kb.
    Формат файлаdoc
    Имя файлаБилет бо чавобхо 30 билет-1828155221.doc
    ТипДокументы
    #213234
    страница2 из 5
    1   2   3   4   5

    3.Танзими њуќуќии фаъолияти аудиторї

    Дар кишварњои собиќи Шўравї низоми мураккаби танзими фаъолияти аудиторї вуљуд дорад. Дар ин низом љоий асосиро ќонун ташкил менамояд, аз љумла, Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи фаъолияти аудиторї» аз 22 июли соли 2013, №993.

    Ба гурўњи дуюм, санадњои меъёрии зерќонуние, ки барои аудиторњо иљрои онњо њатмї мебошанд, мањсубанд.

    Ба санадњои гурўњи сеюм стандартњои фаъолияти аудиторї дохил карда шудаанд, ки иљрои онњо низ барои аудиторњо њатмї мебошад.

    Билети 9

    1.Танзими њуќуќии фаъолияти соњибкорї

    Усулњои њуќуќи умумї ва њуќуќи хусусї дар соњањои гуногуни њуќуќ ва ќонунгузорї мавриди истифода ќарор дода мешаванд.

    Шартнома воситаи асосии њуќуќи хусусї буда, дар фаъолияти соњибкорї истифода бурда мешавад, вале таъсиррасонии њуќуќи-умумї ба шартнома њангоми баамалбарории фаъолияти соњибкорї бараъло муайян аст. Масалан, бисёр созишномањое, ки бо ба амалбарории фаъолияти соњибкорї алоќаманданд дар асоси шартномањои намунавии аз љониби маќомоти давлатї тасдиќ шуда баста мешаванд.

    2.Мафњум ва маќсади танзими давлатии фаъолияти соњибкорї

    Дар байни функсияњои давлат - функсияи иќтисодии он љойи асосиро ишѓол менамояд. Танзими давлатии иќтисодиёт дар асоси сиёсати иќтисодии давлат ба амал бароварда мешавад.

    Танзими давлатии иќтисодиёт бошад, фаъолияти давлат дар симои маќомотњои он мебошад, ки бањри амалї намудани сиёсати иќтисодии давлат бо истифода аз усул, восита ва шаклњои махсус равона шудааст.

    Дар замони њозира сиёсати иќтисодии давлат дар як ќатор њуљљатњо таљассум ва мустањкам мегардад, ки дар байни онњо Паёми њарсолаи Президенти Љумњурии Тољикистонро ба Маљлиси Олї, Консепсияи рушди соњибкорї дар Љумњурии Тољикистон то солњои 2015, барномањои рушди иќтисодї – иљтимої ва ѓайраро номбар кардан мумкин аст.

    Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи дурнамоњои давлатї, консепсияњо, стратегияњо ва барномањои инкишофи иљтимоию иќтисодии Љумњурии Тољикистон» аз 8 декабри соли 2003 бо таѓйироту иловањои 26 марти соли 2009 ва 2011 намудњои гуногуни танзими давлатии иќтисодиёти мамлакатро пешбинї намудааст.

    Маќсади танзими давлатї дар соњаи иќтисодиёт, њал намудани як ќатор вазифањои мушаххасро дар назар дорад, ки бањри амалї намудани функсияњои иќтисодии давлат заруранд.

    3. Хулосаи аудиторї

    Хулосаи аудиторї – њуљљати хаттии расмие, ки мутобиќи стандартњои аудит тартиб дода ва пешнињод шуда, аќидаи мустаќили аудитори инфиродї ё ин ки ташкилоти аудиториро оид ба натиљањои аудити гузаронидашуда дар бар мегирад.

    Хулосаи аудиторї аз рўи натиљаи аудити гузаронидашуда тартиб дода мешавад. Ташкилоти аудиторї ё аудитори инфиродї аз рўи натиљаи аудити гузаронидашуда метавонад, ки мутобиќи стандартњои аудит аз изњори аќида ва додани хулосаи аудиторї даст кашад. Шакл ва мундариљаи хулосаи аудиторї бояд ба талаботи стандартњои миллї ё байналмилалии аудит мутобиќ бошанд.

    Дар натичаи гузаронидани аудит яке аз чунин намудњои хулоса бароварда мешавад:

    а) хулосаи мусбї; б) шартан мусбї; в) манфї.

    Билети 10

    1.Илми њуќуќи соњибкорї

    Илми њуќуќи соњибкорї гуфта низоми донишњо оиди њуќуќи соњибкорї, назарияњои олимон дар бораи ин соња, предмет ва методи он, сарчашмањо, љойи он дар низоми њуќуќ фањмида мешавад. Вобаста ба таъсири омилњои объективї ва субъективї назарияњо оиди ин соњаи њуќуќ дар даврањои гуногуни инкишофи давлатдорї таѓйири назар менамуданд.

    Дар солњои 90-ум гузариш аз як сохти иќтисодї ба сохти дигари иќтисодї оѓоз ёфт ва бинобар ин омилњои нав, аз ќабили фаъолияти соњибкорї, гуногуншаклии моликият, аз љумла, моликияти хусусї, шаклњои нави ташкилї-њуќуќии соњибкорї, озодии шартнома ва ѓайра таќозои таѓйирёбии назарияро менамуданд.

    2.Усулњо, воситањо ва шаклњои танзими давлатии иќтисодиёт

    Усулњои таъсиррасонии давлат ба иќтисодиёт ба ду намуди асоси таќсим карда мешаванд: 1) мустаќим; 2) ѓайримустаќим.

    Усулњои мустаќими танзими давлатї асосан бо истифода намудани воситањои маъмурии таъсиррасонї ба муносибатњои иќтисодї алоќаманд мебошанд.

    Усулњои ѓайримустаќими танзими давлатї воситањои пулию - ќарзї, сиёсати буљетї, фашангњои нархгузорї, банаќшагирии бавосита ва ѓайра баромад мекунанд.

    3. Мафњуми бозори асъор
    Бозори асъор соњаи муносибатњои иктисодие мебошад, ки бо ба амалбарории амалиётњо оид ба хариду- фурўш, иваз намудани асъори хориљї ва ќоѓазњои ќиматнок бо асъори хориљї, инчунин амалиётњо оид ба сармоягузории сармояи асъорї алоќаманд мебошад. Бозори асъор ба бозори љањонї (берунї) ва дохилї људо мешавад.

    Бозори асъории дохилї- дар дохили мамлакат таъсис дода мешавад, чунки фаъолияти он бо танзими њаракати асъор дар дохили кишвар ва таъмини алоќаи он ба марказњои асъории љањонї вобаста мебошад. Дар бозорњои асъори миллї амалиётњо бо асъори миллї бо роњи иваз намудани асъор ва котировкаи асъори хориљї бо асъори миллї ба роњ монда мешавад. Котировка муайян намудани курси асъор.

    Билети 11

    1.Асосњои конститутсионии соњибкорї

    Зери асосњои конститутсионии фаъолияти соњибкорї меъёрњои асосии конститутсионие фањмида мешавад, ки онњо: заминањои зарурии фаъолияти соњибкориро фароњам меоранд; мазмун, шарт ва тартиби баамалбарории онро муайян мекунад; њуќуќ ба фаъолияти соњибкриро бо кафолатњои њуќуќии таъин мегардонад.

    Ин меъерњои конститутсионї:

    - консепсияи муайяни танзими њуќуќиро дар бар мегиранд;

    - принсипњои конститутсиониро мустањкам мекунанд.

    2.Назорати давлатии фаъолияти соњибкорї

    Назорати давлатї дар бахши фаъолияти соњибкорї гуфта, низоми тафтиш ва мушоњидањоеро меноманд, ки барои аз љониби ташкилотњои тиљоратї ва ѓайритиљоратї риоя намудани муќаррароти санадњои меъёрї - њуќуќї њангоми ба амал баровардани фаъолияти соњибкорї равона карда шудаанд.

    Ба њайси як намуди алоњидаи назорат (контрол) надзор баромад мекунад, ки дар навбати худ ба ду намуди асосї људо мешавад:

    1) назорати умумии Прокуратура, ки бањри риоя ва иљрои Конститутсия ва дигар ќонунњои амалкунанда дар њудуди Љумњурии Тољикистон, аз љумла дар бахши фаъоляти хољагї равона шудааст;

    2) назоратї (надзорї) маъмурї.

    Вобаста ба доираи маќомотњои назорат (контрол)-ї ва хусусияти ваколатњои назоратї чунин намудњои назорат љой доранд:

    - назорати (контроли) Президенти Љумњурии Тољикистон;

    - назорати маќомоти њокимияти ќонунгузорї;

    - назорати маќомоти њокимияти иљроия;

    - назорати маќомоти њокимияти судї.

    3.Бозори асъор ва фаъолияти соњибкорї

    Фаъолияти соњибкор дар бозори асъор дар он шакл ифода меёбад, ки сохибкор иштирокчии касбии ин навъи бозор мебошад. Њамин тариќ, иштирокчиёни бозори асъорро ба ду гурўњ људо намудан мумкин аст: иштирокчиёни касбии бозори асъор ва иштирокчиёни ѓайрикасбии бозори асъор.

    Бояд ќайд кард, ки аз тарафи соњибкор иљро намудани њуќуќу ўњдадорињо оид ба талаботи ќонунгузории асъорї маънои дар бозори асъори дохила бевосита фаъолият кардани соњибкорро надорад. Барои амалї намудани чунин фаъолият онњоро бояд ба њайси иштирокчии касбии бозори асъор эътироф намоянд. Хусусияти бозори асъори дохила дар он ифода меёбад, ки дар он биржањои байнибонкии асъор ва бонкњои тиљоратии ваколатдор иштирок менамоянд.

    Билети 12

    1.Мафњум ва намудњои сарчашмањои њуќуќи соњибкорї

    Дар адабиётњои њуќуќї истилоњи «сарчашмаи њуќуќ» ба ду маъно моддї ва расмї фањмида мешавад.

    Зери мафњуми сарчашањои њуќуќи соњибкорї ба маънои расмї тарзњои гуногуни инъикосёбии ќоидањои хуќуќие фањмида мешавад, ки дар доираи соњибкорї ташаккул ёфта, амал менамоянд. Дар навбати худ ин ќоидањо шакли ифодаёбии натиљаи њуќуќэљодкунии маќомоти махсуси давлатї мебошанд.

    Новобаста аз хусусиятњои дар боло нишон дода шуда, ба сифати сарчашмаи танзими њуќуќї инњоро эътироф намудан мумкин аст:

    а) ќонун ва дигар санадњои меъёрї- њуќуќї; б) амсоли судї; в) одатњо.

    2.Мафњум ва таъмини њуќуќии танзими техникї

    Ќонунгузории амалкунандаи Љумњурии Тољикистон санадњои меъёрї-њуќуќии махсус ва меъёрњои алоњидаеро дар бар мегирад, ки барои таъмин намудани сифати дахлдори мол, кор ва хизмат равона кардашудаанд.

    Санадњои меъёрї-њуќуќии байнидавлатї ва байналмилалї дар соњаи ишорашуда аз љониби шўрои байнидавлатї оид ба стандартикунонї, метрология ва сертификатсия ќабул карда мешаванд. Аз љумла, аз љониби ин маќомот «Созишнома оиди амалигардонии сиёсати ягона дар соњаи стандартизатсия, метрология ва сертификатсия ва аккредитатсияи фаъолият дар ин самт» 13 марти соли 1992 дар шањри Москва ќабул карда шудааст.

    Наќши асосиро дар танзими махсуси ин масъала Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи бамеъёрдарории техникї» аз 19 майи соли 2009 тањти раќами 522 ва таѓйирё иловањои соли 2011, 6 иљро менамояд.

    Бамеъёрдарории техникї гуфта, фаъолиятеро меноманд, ки барои муќаррар намудани талаботи техникии риояашон њатмї равона кардашуда тавассути он бехатарии мањсулот, љараёни коркард, истењсол, истифодабарї, нигоњдорї, интиќол, фурўш, коркарди партовњои он, иљрои кор ва хизматрасонї дар ќисмати бехатарї таъмин карда мешавад.

    Объектњои бамеъёрдарории техникї - мањсулот, љараёни коркард, истењсол, истифодабарї, нигоњдорї, интиќол, фурўш, истифодаи партовњои он, иљрои кор ва хизматрасонї дар ќисмати бехатарї.

    Талаботи техникї - меъёр, ќоида, хусусият ва (ё) талаботи дигари техникї нисбат ба объектњои бамеъёрдарории техникї ном дорад.

    3.Ташкил ва гузаронидани амалиётњо дар бозори асъор

    Дар банди 6 моддаи 1 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор» аз 14 июни соли 2013, № 964 чунин амалиёти асъорї номбар карда шудаанд:

    - амалиёте, ки бо гузаштани њуќуќи моликият ва дигар њуќуќњо ба сарватњои асъорї, инчунин бо истифодаи онњо њамчун воситаи муомилот ва пардохт алоќаманд мебошанд;

    - ба Љумњурии Тољикистон интиќол, ворид ё ирсол намудани сарватњои асъорї;

    - аз Љумњурии Тољикистон интиќол, содир ё ирсол намудани сарватњои асъорї;

    - кушодани суратњисобњои бонкї бо асъори хориљї.

    Њангоме ки дар бозори асъор фаъолияти касбї оид ба хариду фурўши асъори хориља анљом дода мешавад, таљрибаи љањонї амалиётњои содиршавандаро бо ширкати иштирокчиёни касбї дар бозори асъори наќдї (СПОТ), мўњлатнок (форвардї) ва омехтаи наќдї ва мўњлатнок (СВОН ) људо менамоянд.

    Амалиёти асъори наќдї асосан бо шартњои «СПОТ» (SPOt) сурат мегиранд. Амалиётхо бо шартхои «СПОТ» ва амалиёти худи «СПОТ» ба амалиётхои «TODAY» ва «tomorrow» чудо мешаванд.

    Билети 13

    1.Хусусияти татбиќи сарчашмањои њуќуќи соњибкорї

    Меъёрњои њуќуќие, ки фаъолияти соњибкориро танзим менамоянд бо фаъолияти њуќуќтатбиќнамої амали карда мешаванд.

    Њуќуќтатбиќнамої ин њал намудани њолати мољароии њуќуќии муайян дар натиљаи тањлил ва татбиќи сарчашмањои њуќуќи соњибкорї нисбат ба њолати мушаххаси дар љараёни фаъолияти соњибкорї ба вуљуд омада мебошад, ки барои њал намудани он ќарор ќабул карда мешавад.

    Одатан татбиќи њуќуќ фаъолияти њокимиятии маќомоти ваколатдори давлатї буда, ба маќсади таъмин намудани баамалбарории њуќуќу ўњдадорињои иштирокчиёни муносибатњои њуќуќї ва инчунин кафолати назорати ин раванд мебошад.
    2.Мафњум ва хусусияти стандартикунонї

    Мувофиќи ќисми 1 моддаи 1 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи стандартонї» аз 29 декабри соли 2010, стандартонї гуфта, фаъолият доир ба ќабули стандартњо ва њуљљатњои стандартонї, инчунин муќаррар намудани талаботи техникї (меъёр, ќоида, тавсифњо ва талаботи дигар нисбат ба объектњои стандартонї) бо маќсади татбиќи умумї ва бисёркаратаи онњо нисбат ба масъалањои доимо такроршаванда, ки барои ба даст овардани дараљаи муносибтарини тартиб дар соњаи коркард, истењсол, истифодабарї, нигоњдорї, њамлу наќл ва коркарди партовњои мањсулот, иљрои кор ва хизматрасонї равона карда шудааст.

    Стандарт - њуљљате, ки аз тарафи маќомоти ваколатдор оид ба стандартонї бо маќсади татбиќи умумї ва истифодаи бисёркарата тасдиќ гардида, ќоидањо, дастурњо ва ё тавсифњои ба мањсулот дахлдошта, аз љумла љараёну усулњои истењсолотро дар бар мегирад, ки интихоби онњо бо маќсади истифода ихтиёрї мебошад. Инчунин он метавонад танњо талабот ба истилоњот, ишора, борљома, тамѓагузорї ва бастабандиро дар дараљае, ки онњо ба мањсулот, љараён ва ё усулњои истењсолот истифода мешаванд, дар бар гирад. Объектњои стандартонї - мањсулот, љараёнњои коркард, истењсол, истифодабарї, нигањдорї, њамлу наќл ва коркарди партовњои он, иљрои кор ва хизматрасонї мебошад.
    3. Танзими давлатї дар бозори асъор

    Танзими давлатї дар бозори асъор чунин фаъолиятест, ки бо истифодаи усулњои анъанавии танзими пулию ќарзї, ба монанди мањдудиятњои асъорї ва назорати асъорї ба роњ монда мешавад.

    Мањдуднамоии асъорї манъ кардан, меъёрикунонї ва ба танзимдарории амалиётњое њисобида мешавад, ки резидентњо ва ѓайрирезидентњо бо асъор ва сарватњои асъорї анљом медињанд. Мањдуднамоии асъорї ќонунан бо истифодаи чорањои маъмурии таъсиррасонї муќаррар карда мешавад.

    Назорати асъор аз тарафи маќомоти назорати асъор ва агентњои онњо сурат мегирад. Маќомоти назорати асъор Бонки миллии Тољикистон, вазорати молияи Љумњурии Тољикистон ва кумитаи андози Љумњурии Тољикистон мебошанд. Агентњои назорати асъор бонкњои ваколатдори Бонки миллии Тољикистон мебошанд.

    Билети 14

    1. Татбиќи меъёрњои њуќуќи хориљї

    Асос барои татбиќи санадњои байналхалќї меъёри Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон мебошад (ќ.3 м. 10 Конститутсияи (Сарќонуни)).

    Санадњои њуќуќи байналмилалие, ки Тољикистон онњоро эътироф кардааст, ќисми таркиби низоми њуќуќї мебошанд. Агар ќонунњо ба санадњои њуќуќии байналмилалии эътирофшуда мутобиќат накунанд, меъёрњои санадњои байналмилалї амал мекунанд.

    Ќонунњо ва санадњои байналмилалие, ки Тољикистон эътироф кардааст, пас аз интишори расмї амал мекунанд (ќисми 1 моддаи 8 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи санадњои меъёрии њуќуќї» аз 26 марти соли 2009).

    2. Мафњум ва асосњои њуќуќии сертификатсия

    Санади асоси меъёрї-њуќуќии сертификатсияи мањсулот ва хизматрасонї Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи сертификатсияи мањсулот ва хизматрасонї» аз 13 декабри соли 1996, ки аз 1 январи соли 2013 аз эътибор соќит карда шуд.

    Сертификатсияи мањсулот фаъолиятест, ки мутобиќати мањсулотро ба талаботи муќарраршуда тасдиќ менамояд.

    Ду намуди асосии сертификатсия вуљуд дорад: њатмї ва ихтиёрї. Номгўйи мол, кор ва хизмате, ки талаби њатмии сертификатсияро доранд аз љониби Њукумати Љумњурии Тољикистон тасдиќ карда мешаванд. Мувофиќи ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон «Дар бораи номгўи мол (кор, хизматрасонї), ки бояд њатман сертификатсия карда шаванд» аз 1 октябри соли 2008, тањти раќами 486 номгўи миќдори муайяни мол (кор, хизматрасонї) тасдиќ карда шудааст, ки њатман бо сертификатсия фаро гирифта мешаванд.

    3. Мафњуми бозори хизматњои бонкї

    Бозори хизматњои бонкї бо хусусиятњои зерин тавсиф дода мешавад. Пеш аз њама ташкилотњои ќарзие, ки иљозатномаи Бонки миллиро барои амалї намудани амалиётњои бонкї гирифтаанд, метавонанд хизматњои бонкиро мутобиќи он ба амал бароранд.

    Њамин тариќ, њамагуна хизмати бонкї ањдест, ки ба њайси як тарафи он ташкилоти ќарзии дорои иљозатнома баромад менамояд.

    Њамин тариќ, бозори хизматњои бонкї аз се љузъи асоси иборат мебошад, ки бо функсия ва вазифањои бонкї муайян карда шудаанд: бозори хизматњо оид ба ташкили њисоббаробаркунии пулї; бозори хизматњо оиди љалб намудани воситањои пулї; бозори хизматњо оид ба љойгиркунонии воситањои пулии љалбгардида.

    Билети 15

    1.Тавсифи умумии њуќуќи соњибкорї дар кишварњои хориља

    Њуќуќи соњибкорї дар кишварњои мутараќќии хориљї њамаи меъёрњои танзимкунандаи муносибатњои иќтисодї ё ин, ки ифодакунандаи манфиатњои соњибкориро дар бар мегирад. Бинобар ин ба доираи њуќуќи соњибкорї чунин меъёрњоро дохил менамоянд, ки аз нигоњи фањмиши соњавии њуќуќ сарчашмаи дигар соњањои њуќуќ буда, аз њуќуќи соњибкорї нињоят дур мебошанд. Ба њайси чунин меъёрњо, меъёрњои њуќуќи экологї, њуќуќи замин ва њуќуќи мењнатї баромад намуда, дар онњо талаботњои муайян, аз љумла, талаботњо нисбати таљњизотњои тозакунї, санитарї-эпидемиологї ва ѓайра дарљ гардидаанд.

    Фањмиши нисбатан мањдуди предмети њуќуќи соњибкорї хусусияти омўзишї дошта одатан аз ќисматњои алоњидаи мустаќил иборат буда, бевосита фаъолияти иќтисодиёти бозоргониро дар бар мегиранд. Аз љумла, њуќуќи ширкат, њуќуќи раќобат, муфлисшавї, њуќуќи молия, муттањидшавї ва харидкунии ширкатњо ва ѓайра.

    2. Асосњои њуќуќии воњидњои ченак

    Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи таъмини ченаки ягона» аз 5 майи соли 1997 тањти раќами 453 ќабул шудааст, бо таѓйироту иловањои солњои 2002, 2007 ва 2008, ки асоси њуќуќии ченаки ягонаро таъмин менамояд.

    Дар Љумњурии Тољикистон тибќи тартиби муќарраргардида воњидњои бузургии Системаи байналмилалии ченакњо истифода бурда мешаванд. Системаи байналмилалии ченакњо-системаи воњидњои ченкунии бузургињои физикие мебошад, ки Конференсияи генералии ХI оид ба ченак ва вазнњо соли 1960 ќабул кардааст.

    Дар асоси Ќонун «Тартиби гузаронидани санљиш ва тасдиќ намудани навъи воситаи ченак (ПР 50.2.009)» бо амри Вазири иќтисодиёт ва савдои Љумњурии Тољикистон аз 26 декабри соли 2005 тањти раќами 25 ќабул карда шудааст, ки дар Вазорати адлия тањти раќами 176 аз 11 январи соли 2006 баќайд гирифта шудааст.

    Назорати давлатии метрологї дар намудњои зерин амалї гардонида мешавад: -тасдиќи навъи воситањои ченак; -санљиши мутобиќати воситањои ченак; -санљиши истифодаи усулњои тавсияшудаи ченкунї; -санљиши риояи ќоида ва меъёрњои метрологї; -дигар намудњои назорати метрологї, ки мутобиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон пешбинї карда шудаанд.
    1   2   3   4   5


    написать администратору сайта