Главная страница
Навигация по странице:

  • Билети 22 1.Баќайдгирї ва иљозатдињии фаъолияти соњибкорї

  • 2.Њифзи њуќуќї аз раќобати бевиљдонона

  • 3.Танзими њуќуќии фаъолияти сармоягузор дар бозори ќоѓазњои ќиматнок

  • Билети 23 1.Маќоми њуќуќии соњибкорони хориљї дар Љумњурии Тољикистон

  • 2.Мафњум ва намудњои нарх

  • 3.Танзими њуќуќии фаъолияти иштирокчиёни касбии бозори ќоѓазњои ќиматнок

  • Билети 24 1.Соњибкории инфиродї

  • 2.Асосњои њуќуќии танзими давлатии нарх

  • 3.Мафњуми њуќуќии сармоя ва фаъолияти сармоягузорї

  • Билети 25 1.Шаклњои корпоративии фаъолияти соњибкорї: умумият ва хусусият

  • 2.Асосњои њуќуќии ташаккулёбї ва татбиќи нархњои озод

  • 3.Субъект, объект ва намудњои фаъолияти сармоягузорї

  • Билети 26 1.Ширкати комил ва ба боварї асосёфта

  • 2.Љавобгарї дар бахши нархгузорї

  • 3.Дастгирии давлатии сармоягузор ва сармоягузорї. Имтиёзњои сармоягузорї

  • Моддаи 19. Имтиёзњои сармоягузорї

  • Билети 27 1.Љамъиятњои дорои масъулияти мањдуд ва иловагї

  • Билет бо чавобхо 30 билет-1828155221. Билети 1 Итисодиёт хусусиятои асосї ва функсияо


    Скачать 235 Kb.
    НазваниеБилети 1 Итисодиёт хусусиятои асосї ва функсияо
    Дата02.06.2021
    Размер235 Kb.
    Формат файлаdoc
    Имя файлаБилет бо чавобхо 30 билет-1828155221.doc
    ТипДокументы
    #213234
    страница4 из 5
    1   2   3   4   5

    3.Эмиссияи ќоѓазњои ќиматнок

    Эмиссияи ќоѓазњои ќиматнок ин тартиби бо ќонун муќарраршудаи њаракати пай дар пайи эмитент оиди љойгиркунии ќоѓазњои ќиматноки эмиссионї байни дорандањои аввалаи онњо мебошад.

    Эмиссияро бояд аз барориш (барориши иловагї) ќоѓазњои ќиматнок фарќ кард, чунки эмиссия гуфта маљмўи ќоѓазњои ќиматноки як эмитентро меноманд, ки њаљми якхелаи њуќуќро дода, дорои номиналї якхела мебошад.

    Барориши ќоѓазњои ќиматноки эмиссиониро раќами ягонаи ќайди давлатї медињанд.

    Љараёни барориши ќоѓазњои ќиматнок марњилањои зеринро дар бар мегиранд: - ќабули ќарор дар бораи љойгиркунонии ќоѓазњои ќиматнок; - тасдиќи ќарор дар бораи барориши (барориши иловагї) ќоѓазњои ќиматноки эмиссионї; - баќайдгирии барориши ќоѓазњои ќиматноки эмиссионї.

    Билети 22

    1.Баќайдгирї ва иљозатдињии фаъолияти соњибкорї

    Баќайдгирии давлатии таъсисёбии шахси њуќуќиро маќомоти анљомдињандаи баќайдгирии давлатї дар мањалли љойгиршавии (суроѓаи) шахси њуќуќї дар муддати то панљ рўзи корї ва шахси воќеиро ба сифати соњибкори инфиродї дар муддати се рўзи корї аз лањзаи пешнињод намудани њуљљатњои зарурї ба амал мебарорад.

    Њуљљати тасдиќкунандаи баќайдгирии давлатии таъсисёбии Шањодатнома дар бораи баќайдгирии давлатї ё Патент барои њуќуќи амалї гардонидани фаъолияти соњибкории инфиродї мебошанд.

    Номгўи фаъолияте, ки дар ќонуни махсус пешбинї шудаанд, танњо дар асоси иљозатнома ба амал бароварда мешаванд. Иљозатдињї гуфта розигиро меноманд, ки бањри ба амал баровардани намудњои алоњидаи фаъолият бо шартњои дар он пешбинишуда њосил мегардад.

    Иљозатдињї барои машѓул шудан ба фаъолияти муайяни соњибкорї, аз ќабили, фаъолияти тиббї ё мушовири њуќуќї ё барои ба амал баровардани амали алоњида дар дохилї як намуди фаъолият ба амал бароварда мешавад.

    2.Њифзи њуќуќї аз раќобати бевиљдонона

    Раќобати бевиљдонона - њама гуна амали субъектњои хољагидор мебошад, ки барои ба даст овардани афзалият дар фаъолияти соњибкорї равона шудааст ва хилофи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон мебошад ва метавонанд ба дигар субъектњои хољагидорї - раќибон зарар расонад ё расонидааст ё обрўи кории онњоро паст мегардонад.

    Њамин тариќ раќобати бевиљдонона чунин аломатњоро дорад: якум, њамагуна амали субъекти хољагидорист, ки барои ба даст овардани афзалият дар фаъолияти соњибкорї равона карда шудааст; дуюм, њамагуна амалест, ки хилофи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон мебошад; сеюм, амалест, ки метавонад ба субъектони соњибкорї зарар расонад ё аллакай зарар расонидааст; чорум, амалест, ки обрўи кории субеъектњои хољагидориро паст намудааст.

    3.Танзими њуќуќии фаъолияти сармоягузор дар бозори ќоѓазњои ќиматнок

    Эмитент ва сармоягузор мухолифи якдигар мебошанд Агар эмитент талаботро нисбати маблаѓњои сармоягузорї муњаё намояд, пас сармоягузор бо роњи пешнињод намудани маблаѓњои худ, талаботро нисбати ќоѓазњои ќиматнок фароњам меоварад. Аз ин рў эмитент дар љалб намудани маблаѓњо ва сармоягузор дар гузоштани маблаѓњо њавасманд мебошанд.

    Эмитент њамеша субъекти бозори ќоѓазњои ќиматнок, сармоягузор бошад субъекти дигар бозорњо низ мебошад.

    Билети 23

    1.Маќоми њуќуќии соњибкорони хориљї дар Љумњурии Тољикистон

    Баќайдгирии давлатии таъсисёбии филиал ва намояндагии шахси њуќуќии хориљиро маќомоти анљомдињандаи баќайдгирии давлатї дар мањалли љойгиршавии (суроѓаи) филиал ё намояндагї дар муддати то панљ рўзи корї аз рўзи пешнињод намудани њуљљатњое, ки номгўи онњоро Ќонун пешбинї намудааст, бо дар худи њамин муддат додани њуљљати тасдиќкунандаи баќайдгирии давлатии он амалї мегардонад.

    Њуљљати тасдиќкунандаи баќайдгирии давлатии таъсисёбии филиал ё намояндагии шахси њуќуќии хориљї Шањодатнома дар бораи баќайдгирии давлатии филиал ва намояндагии шахси њуќуќии хориљї мебошад.

    2.Мафњум ва намудњои нарх

    Нарх ифодаи пулии арзиши мол мебошад. Як навъи алоњидаи нарх тариф ном дорад ва барои хизматњои расонидашуда ва корњои иљрогардида муќаррар карда мешавад.

    Њамчун истилоњи њуќуќї нарх ба сифати шарти асосии як ќатор шартномањо, заминаи ташаккулёбии андоз аз арзиши иловашуда, аксизњо, иловпулињои таъминотї-фурушї, иловпулињои савдо ва ѓайра мебошад.

    Таснифи нарх вобаста ба асосњои гуногун ба амал бароварда мешавад, аз љумла: Вобаста ба наќши давлат дар нархгузорї - нархњои озод ва танзимшударо људо намудан мумкин аст.

    Вобаста ба тарзи амали намудани назорат, нархњои назоратї ва ѓайриназоратиро људо намудан мумкин аст. Вобаста ба бозор нархњои яклухт ва чаканаро људо менамоянд. Бо њудуди амал - нархњои дохили давлатї ва љањониро људо менамоянд.

    Вобаста ба таќсимоти харољот оиди дастрас намудани мол, суѓуртаи он, пардохти бољи гумрукї якчанд намуди нархро људо менамоянд. Чунин таснифот дар ќоидањои байналхалќии тафсири истилоњоти савдо «Инкотермс» оварда шудаанд.

    3.Танзими њуќуќии фаъолияти иштирокчиёни касбии бозори ќоѓазњои ќиматнок

    Наќши асосиро дар инфрасохтори бозори ќоѓазњои ќиматнок миёнаравњо иљро менамоянд, ки ба њайси онњо иштирокчиёни касбї баромад менамоянд. Ќайд кардан зарур аст, ки миќдори миёнаравњо аз миќдори иштирокчиёни касбии бозор зиёдтар мебошанд. Ба њайси хизматњое, ки миёнаравњо дар бозори ќоѓазњои ќиматнок мерасонанд, инчунин хизматрасонињои иттилоотиро дохил намудан мумкин аст.

    Иштирокчии касбии бозори коѓазњои ќиматнок гуфта шахси њуќуќиеро меноманд, ки дорои иљозатнома барои амалї намудани як ё якчанд намудњои фаъолияти касбї дар бозори коѓазњои ќиматнок мебошад.

    Дар бозори коѓазњои ќиматнок намудњои зерини фаъолияти касбї муќаррар карда мешаванд: - фаъолияти брокерї дар бозори коѓазњои ќиматнок; - фаъолияти дилерї дар бозори коѓазњои ќиматнок; - оид ба идораи портфели коѓазњои ќиматнок; - оид ба муайян кардани ўњдадорињои тарафњо (клиринг) аз рўи амалиёт бо коѓазњои ќиматнок; - оид ба пешбурди фењристи дорандагони коѓазњои ќиматнок; - фаъолияти мањфуздорї; - фаъолияти ташкили савдо дар бозори коѓазњои ќиматнок.

    Билети 24

    1.Соњибкории инфиродї

    Соњибкории инфиродї гуфта, шањрванди дорои ќобилияти пурраи амалкуниро меноманд, ки тањти таваккал ва масъулияти шахсии молумулкии худ фаъолияти соњибкориро мустаќилона ба амал мебарорад ва бо тартиби муќарраршуда ба ќайд гирифта шудааст.

    Шартњои зарурии ба фаъолияти инфиродии соњибкорї машѓул шудан инњоянд: 1) ќобилияти пурраи амалкунї; 2) ќайди давлатї ба њайси соњибкори инфиродї.

    Баќайдгири соњибкори инфиродї дар асоси Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи баќайдгирии давлатии шахсони њуќуќї ва соњибкорони инфиродї» ба амал бароварда мешавад.

    2.Асосњои њуќуќии танзими давлатии нарх

    Танзими давлатии нарх аз рўйи њар як гурўњи мол ва хизмат бо санадњои махсуси меъёрї ба амал бароварда мешавад. Масалан, нисбати нархи љараёни барќ Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи истифодаи манбаъњои барќароршавандаи энергия» аз 12 январи соли 2010, № 587 ва Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон «Дар бораи тарифњои энергияи барќ ва гармї» аз 28 июли соли 2009, № 433. Нархи тарифњои хизматрасонии алоќаи почта ба ањолї дар бобати мубодилаи муросилоти почта, фиристодани телеграмма бо Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон «Дар бораи тарифњои хизматрасонии алоќаи почта ва фиристодани телеграмма» аз 30 апрели соли 1996 тањти раќами 184 муќаррар карда шудааст.

    Нисбати истифодаи гази табиии воридоти нархи истифодабарии он мутобиќи Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон «Дар бораи тасњењоти тарифњои фурўши гази табиии воридотї» аз 28 феврали соли 2009, № 141 муќаррар карда мешавад ва ѓайра.

    3.Мафњуми њуќуќии сармоя ва фаъолияти сармоягузорї

    Мафњуми сармоя дар Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи сармоягузорї» аз 12 майи соли 2007 оварда шудааст, ки мувофиќи он cармоя гуфта, њама гуна шаклњои њуќуќи молу мулкї (ба истиснои молу мулке, ки ба истифодабарии шахсї ва ё бо фаъолияти фурўши мол бе коркарди он алоќаманд аст), бо шумули маблаѓ, коѓазњои ќиматнок, таљњизоти истењсолию-технологї ва натиљаи фаъолияти зењнї, ки ба сармоягузор аз рўи њуќуќи моликият мансубанд ва аз тарафи ў ба объектњои фаъолияти сармоягузорї бо маќсади гирифтани фоида ва ё расидан ба натиљаи дигари назарраси фоиданок гузошта шудаанд ном дорад

    Фаъолияти сармоягузорї гуфта, амали сармоягузор вобаста ба гузоштани сармоя ба истењсоли мањсулот ва (ё) тарзи дигари истифодаи он бо маќсади ба даст овардани (фоида) ва (ё) муваффаќ шудан ба натиљаи дигари назаррас номида мешавад.

    Билети 25

    1.Шаклњои корпоративии фаъолияти соњибкорї: умумият ва хусусият

    Шаклњои корпоративии фаъолияти соњибкорї як ќатор хусусиятњои умумиро доранд ва ин имконият медињад, ки барои омўзиш онњоро дар як савол љой дињем.

    Аз љумлаи аломатњои умумиашон инњоянд:

    1) Њам ширкат ва њам љамъият ташкилоти тиљоратї бо њуќуќи шахси њуќуќї буда, маќсади фаъолияти онњо гирифтани фоида мебошад.

    2) Фоидаи аз фаъолияти хољагї ба даст омада байни иштирокчиён (муассисон) таќсим карда мешавад.

    3) Ширкат дорои сармояи љамъшуда ва љамъиятњои хољагї дорои сармояи оинномавї мебошанд.

    4) Њуќуќ ва ўњдадорињои иштирокчиён (муассисон)-и ширкат ва љамъият монанд мебошад: а) њуќуќи идоракунї; б) гирифтани иттилоот дар бораи фаъолият ва шинос шудан ба њуљљатњои муњосибии ширкат ва љамъият.

    Хусусиятњои фарќкунандаи онњо:

    1) Вобаста ба намуд ва њаљми масъулияти иштирокчиён аз рўи ќарзњои ташкилот.

    2) Аз рўи њайати иштирокчиён.

    3) Бо имконият ва оќибати таѓйир додани њайати иштирокчиён.

    4) Аз рўи ташкили фаъолият.

    5) Аз рўи хусусияти танзимнамоии њуќуќї.

    2.Асосњои њуќуќии ташаккулёбї ва татбиќи нархњои озод

    Асоси њуќуќии нархњои озодро дар кишвари мо Низомнома «Дар бораи ташаккулдињї ва татбиќи нарху тарифњои озод ба мањсулоти таъиноти истењсолию техникї, молњои истеъмолии халќ ва хизматрасонињо», ки бо ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 26 июни соли 1998 тањти раќами 202 тасдиќ карда шудааст ва инчунин Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон «Дар бораи яклухт кардани нархњои озод (бозорї), тарифњо ва беэътибор донистани мањдудиятњои изофапулињои тиљоратї ба молњои истеъмолии халќ» аз 23 феврали соли 1996, № 92 ва ѓайра ташкил медињад.

    Нархњои озод аз нархњои танзимї бо он фарќ мекунанд, ки аз љониби субъектњои хољагидор мустаќилона муќаррар карда мешаванд. Бо маќсади кўмаки корхонањо дар ин бахш маќомотњои ваколатдори давлатї метавонанд тавсияњо оиди ташаккулёбї ва татбиќи нархњои озод ва тарифњо ба мањсулот, мол ва хизматро ќабул ва пешнињоди субъектњои хољагидорї гардонанд. Ингуна санадњо хусусияти тавсиявї дошта, аз љониби њамаи субъектњо новобаста аз шакли ташкилї - њуќуќї ва тобеияти соњавї мавриди истифода ќарор дода мешаванд.

    3.Субъект, объект ва намудњои фаъолияти сармоягузорї

    Сармоягузор – шахси воќеї ва њуќуќие мебошад, ки дар Љумњурии Тољикистон сармоягузорї мекунад. Аз љумла, вобаста ба субект чунин намудњои асосии сармоягузоронро људо намудан мумкин аст: 1) сармоягузорони хориљї ва 2) сармоягузори ватанї.

    Вобаста ба шаклњои ташкилї-њуќуќии сармоягузорон чунин намудњои фаъолияти сармоягузориро људо намудан мумкин аст: а) фаъолияти сармоягузории хусусї; б) фаъолияти сармоягузории давлатї; в) фаъолияти сармоягузории хориљї; г) фаъолияти сармоягузории муштарак.

    Объектњои фаъолияти сармоягузорї инњо мебошанд: - молу мулки ѓайриманќул; - коѓазњои ќиматнок; - моликияти зењнї; - дигар объектњое, ки ќонунгузории Љумњурии Тољикистон фаъолияти сармоягузориро дар онњо манъ накардааст.

    Билети 26

    1.Ширкати комил ва ба боварї асосёфта

    Мувофиќи ќонунгузорї ширкатњои хољагї дар ду шакли ташкилї-њуќуќї таъсис дода мешаванд: ширкати комил ва ширкати ба боварї асосёфта (ширкатњои коммандитї).

    Мувофиќи моддаи 72 КГ ЉТ ширкате комил дониста мешавад, ки иштирокчиёни он (шарикони комил) мутобиќи шартномаи байнашон имзошуда аз номи ширкат бо фаъолияти соњибкорї машѓул шуда, аз рўи ўњдадорињои он нисбати тамоми молу мулки ба онњо тааллуќдошта масъулият бар дўш доранд. Шахс иштирокчии танњо як ширкати комил буда метавонад.

    Номи фирмавии ширкати комил бояд инњоро дар бар гирифта бошад: номи (унвони) њамаи иштирокчиёни он, инчунин калимањои «ширкати комил» ё номи (унвони) як ё якчанд иштирокчї бо илова кардани калимањои "ва компания" инчунин калимањои «ширкати комил».

    Ду гурўњи шарикон дар таркиби субъективии ширкатњо људо карда мешаванд, яъне иштирокчии ширкати комил танњо шарикони пурра ва иштирокчиёни ширкати ба боварї асосёфта бошад аз ду гурўњи шарикон: шарикони пурра ва маблаѓгузорон (коммандитистњо) иборат мебошанд.

    Идоракунї дар ширкат бо розигии умумии якдилонаи шарикон ё бо овоздињии бартариятнок ба амал бароварда мешавад.

    Мувофиќи ќонунгузорї се варианти асосии идоракунии ширкат вуљуд дорад:

    1) якљоя, яъне аз љониби њамаи шарикон идора намудани ширкат;

    2) таќсим намудани ваколатњои идоракунї байни шарикон;

    3) аз љониби як нафари онњо ба амал баровардани функсияи идоракунї.

    Ширкати ба боварї асосёфта (ширкати коммандитї) он ширкате дониста мешавад, ки дар он дар баробари иштирокчиёне, ки аз номи ширкат фаъолияти соњибкориро ба амал бароварда, аз рўи ўњдадорињои ширкат бо молу мулки худ масъулият доранд (шарикони комил), як ё якчанд иштирокчии сањмгузоре (коммандистон) њастанд, ки таваккали зиёни марбут ба фаъолияти ширкатро дар доираи маблаѓи сањмгузориашон бар ўњда дошта, дар татбиќи фаъолияти соњибкорї аз љониби ширкат иштирок намекунанд.

    2.Љавобгарї дар бахши нархгузорї

    Нисбати субъектњои фаъолияти соњибкорї бинобар риоя накардани нарх ва тарифњои муќарраргардида дар як ваќт чунин чорањо татбиќ карда мешаванд:

    1. санксияи молиявї дар шакли рўёнидани воситањои пулии беасос ба дастовардашуда ё ин ки нигоњдошташуда аз њисоби шахсони дигар.

    2. љарима, дар њаљми санксияи молиявї ва њангоми такроран содир намудани њуќуќвайронкунї дар њаљми ду баробар.

    3.Дастгирии давлатии сармоягузор ва сармоягузорї. Имтиёзњои сармоягузорї

    Мувофиқи моддаи 18 ҚҶТ дар бораи сармоягузорӣ. Маќсади дастгирии давлатии сармоягузор ва сармоягузорї

    1. Маќсади дастгирии давлатии сармоягузорї фароњам овардани фазои мусоиди сармоягузорї барои рушди иќтисодиёт ва њавасманд гардонидани сармоягузорї, бунёд намудани истењсолоти нав, таљдиди истењсолоти амалкунанда бо истифода аз таљњизот ва технологияи муосир, нигоњ доштан ва муњаё намудани љойњои нави корї, тандурустї, њифзи муњити зист ва додани имтиёзњо барои дастгирии соњаи сармоягузорї мебошад.

    2. Дастгирии давлатии сармоягузор аз тарафи маќомоти ваколатдор, ки Њукумати Љумњурии Тољикистон муайян менамояд, амалї карда мешавад.

    3. Маќомоти ваколатдори давлатї мутобиќи Низомномае, ки Њукумати Љумњурии Тољикистон тасдиќ мекунад, вазифањои зеринро иљро менамояд:

    - робитаи байни маќомоти ваколатдори давлатї ва сармоягузоронро таъмин месозад;

    - иттилоотро дар хусуси имкониятњои сармоягузорї, барномањо, лоињањо ва шароит дар Љумњурии Тољикистон тањия карда, интишор менамояд;

    -барои бењбудии фазои сармоягузорї дар Љумњурии Тољикистон пешнињодњо тањия месозад;

    - вазифањои дигарро, ки ба пешбурди сармоягузорї, дастгирї ва њимояи сармоягузор дар Љумњурии Тољикистон нигаронида шудаанд, ба амал мебарорад.

    4. Маќомоти ваколатдори давлатї ўњдадор аст, ки барои сармоягузор дар асоси баробарї ба њифз ва пешбурди манфиатњои онњо мусоидат кунад, ба њолатњои вазнин шудани вазъияти молиявию истењсолии онњо роњ надода, принсипи ошкоро ва шаффофиятро дар тартиби љалб намудани сармоягузорї бо роњи гузаронидани тендерњои байналмилалї амалї намояд.

    Моддаи 19. Имтиёзњои сармоягузорї

    1. Имтиёзњои сармоягузорї дар намудњои зерин дода мешаванд:

    - имтиёзњои андозбандї;

    - имтиёзњои гумрукї;

    - додани грантњои аслии давлатї.

    2. Имтиёзњои андозї ба сармоягузор мутобиќи тартиби муќарраркардаи Кодекси андози Љумњурии Тољикистон ва Кодекси гумруки Љумњурии Тољикистон дода мешаванд.

    3. Тартиби додани грантњои аслии давлатї ва намудњои онро Њукумати Љумњурии Тољикистон муайян мекунад.

    Билети 27

    1.Љамъиятњои дорои масъулияти мањдуд ва иловагї

    Љамъияти дорои масъулияти мањдуд љамъияти хољагиест, ки аз љониби як ё якчанд шахсе таъсис дода шуда, сармояи оинномавии он бо њиссањои баробар, ба андозаи муайяннамудаи њуљљатњои таъсис таќсим шудааст. Иштирокчиёни љамъият аз рўи ўњдадорињои он масъулият надоранд ва зиёни таваккали марбут ба фаъолияти љамъиятро дар доираи арзиши сањми гузоштаашон ба дўш доранд (м. 94 КГ ЉТ ва м. 2 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи љамъияти дорои масъулияти мањдуд» аз 10 майи соли 2002).

    Иштирокчиёни љамъияти дорои масъулияти мањдуд - шахсони њуќуќї ва шањрвандон, аз љумла шахсоне, ки фаъолияти соњибкориро њамчун касб ба амал намебароранд, шуда метавонанд. Маќомотњои давлатї ва маќомотњои худидораи мањаллї наметавонанд иштирокчии љамъияти дорои масъулияти мањдуд бошанд ќ. 4 м.69 КГ ЉТ.

    Ќонунгузорї миќдори иштирокчиёни љамъияти дорои масъулияти мањдудро то 30 нафар муќаррар кардааст.

    Сармояи оинномавии љамъият аз арзиши номиналии њиссаи иштирокчиёни он ташкил карда мешавад. Њаљми сармояи оинномавии љамъият бояд накамтар аз панљсад сомониро ташкил дињад. Њаљми сармояи оинномавии љамъият ва арзиши номиналии њиссањои иштирокчиёни љамъият бо асъори миллии Љумњурии Тољикистон муайян карда мешавад (м. 16 Ќонун).

    ЉДМИ аз рўи моњияти худ як намуди ЉДММ мебошад, бинобар ин, КГ ЉТ пешбинї намудааст, ки ќоидањои муќаррарнамудаи њамин кодекс нисбати ЉДММ ба фаъолияти ЉДМИ низ пањн мешаванд, ба шарте ки худи кодекс ќоидаи дигареро пешбинї накарда бошад.

    Хусусияти фарќкунандаи ин шакли фаъолияти соњибкорї дар масъулияти амволии аъзоёни ЉДМИ аз рўи ўњдадорињои љамъият мебошанд. Њангоми норасоии амволи ЉДМИ барои ќонеъ намудани талаботњои кредиторон аъзоёни љамъият ба љавобгарии муштарак бо амволї шахсиашон дар њаљми карат кашида мешаванд.
    1   2   3   4   5


    написать администратору сайта