Главная страница
Навигация по странице:

  • Њавзаи якум

  • Њавзаи чањорум

  • Самти якум

  • Самти дуюм

  • Самти сеюм

  • Самти чорум

  • ЊАВЗАЊО ВА САМТЊОИ АСОСИИ СИЁСАТИ ХОРИЉИИ ТОЉИКИСТОН. Макола. авзао ва самтои асосии сиёсати хориии тоикистон


    Скачать 33.97 Kb.
    Названиеавзао ва самтои асосии сиёсати хориии тоикистон
    АнкорЊАВЗАЊО ВА САМТЊОИ АСОСИИ СИЁСАТИ ХОРИЉИИ ТОЉИКИСТОН
    Дата23.01.2021
    Размер33.97 Kb.
    Формат файлаdocx
    Имя файлаМакола.docx
    ТипДокументы
    #170761

    ЊАВЗАЊО ВА САМТЊОИ АСОСИИ СИЁСАТИ ХОРИЉИИ ТОЉИКИСТОН

    Сафаров Њакимшо – ассистенти кафедраи њуќуќ ва муносибатњои байналмилалии ДДК ба номи А. Рўдакї
    Сиёсати хориљї яке аз муњимтарин љанбањои њаёти сиёсии кишварњо дар низоми байналмилалї ба шумор меравад ва баќою њаёти як кишвар ба он вобастагї дорад ва тасмимоту љињатгирињои кишварњо дар заминаи сиёсати хориљї мустаќиман бо зиндагии мардум, бењбудї ва амнияти онњо сару кор дорад. Ба назари бисёре аз коршиносон ва сиёсатмадорони љањон, манфиатњои миллї чароѓи роњнамои кишварњо ва давлатњо дар раванди њаракати онњо дар масири пешрафту тараќќї аст.

    Ба манзури њифзи манфиатњои миллии худ њар давлате сиёсати хориљии муайяне ба роњ мемонад. Ин сиёсат фаъолиятњои давлат ва дигар нињодњои сиёсии љомеа дар пиёдасозии манфиатњо ва ниёзњои худ дар арсаи байналмилалї аст.

    Сиёсати хориљї идомаи сиёсати дохилї мебошад, ки ба кишварњои дигар нигаронида шудааст. Сиёсати хориљї, монанди сиёсати дохилї, бо низоми иќтисодии њоким, сохти љамъиятию сиёсии давлат робитаи мањкам дорад ва ифодакунандаи он дар арсаи байналмилалї мебошад. Њадафи асосии сиёсати хориљї таъмини шароити матлубу мусоиди ба њаќиќат пайвастани манфиатњои кишвар, таъмини амнияти миллї, осудањолии мардум, љилавгирї аз вазъиятњои буњронї мебошад.

    Фаъолияти давлатњо дар њавзаи сиёсати хориљї, дар маљмўъ, муносибатњои байналмилалї, яъне маљмўи муносибатњои иќтисодї, сиёсї, фарњангї, њуќуќї, низомї ва дигар робитањои байни кишварњо, миллатњо, созмонњои сиёсию илмию фарњангию мазњабиро дар арсаи байналмилалї шакл медињанд.

    Сиёсати хориљї сиёсати куллии кишвар дар њавзаи байналмилалї мебошад. Ин сиёсат муносибатњои як кишварро бо кишварњои дигар ва миллатњои дигар мутобиќ ба усулњо ва њадафњои кишвар, ки бо шеваю равишњои гуногун амалї карда мешаванд, муайян месозад.

    Сиёсати хориљии њар кишвар бо сиёсати дохилии он дарњамтанидагии сахте дорад ва намоёнгари низоми сиёсию љамъиятии он кишвар мебошад. Њар кишваре бо ворид шудан ба муносибатњои байналмилалї манфиатњои миллии худро, алалхусус дар њавзаи амният, њифзу посдории сулњ, њаллу фасли масъалањое, ки дар пешрафти иљтимої ба вуљуд меоянд, бо манфиатњои умумибашарї пайванд медињад.

    Ба даст овардани истиќлоли давлатї ба Љумњурии Тољикистон имконият фароњам овард, ки узви комилњуќуќи љомеаи байналмилалї гардад ва сиёсати мустаќили љавобгў ба манфиатњои мардум ва кишварро роњандозї намояд. Ба манзури ба таври муассир ба роњ мондани сиёсати хориљї дар љумњурї маќомоти давлатии таъминкунандаи фаъолиятњои хориљї ва заминаи њуќуќии равобити хориљї ба вуљуд оварда шудаанд. Заминаи њуќуќии сиёсати хориљї, усулњо ва њадафњои сиёсати хориљии љумњуриро Конститутсияи Тољикистон, Консепсияи сиёсати хориљии Љумњурии Тољикистон, Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон «Дар бораи таъмини татбиќи сиёсати ягонаи хориљї», Консепсияи амнияти миллии Љумњурии Тољикистон, Доктринаи њарбии Љумњурии Тољикистон, ќонунњо «Дар бораи хизмати дипломатї», «Дар бораи мудофиа», «Дар бораи шартномањои байналмилалии Љумњурии Тољикистон», санадњои њуќуќии байналмилалие, ки Тољикистон эътироф кардааст, дигар асноди меъёрии њуќуќии марбут ташкил медињанд.

    Сиёсати хориљии Љумњурии Тољикистон дар моњияти худ сулњљўёна, ќонунгароёна, башардўстона буда, дар якљоягї бо дигар њавзањои сиёсати давлат барои боло бурдани сатњи зиндагии мардум ва таъмини амнияти онњо роњандозї мегардад. [4, с. 52-54]

    Ин нукта мусаллам аст, ки пешбурди сиёсати хориљии муваффаќ ва мутобиќ бо ниёзњову манфиатњои миллї бе доштани заминаи ќавии њуќуќї ва мушаххас будани самтњои њамкории хориљї муяссар намегардад. Роњбарияти љумњурї њангоми тањияи сиёсати хориљї ба ин натиља расид, ки барои амалї кардани ин маќсад тањияи санади алоњида – Консепсияи сиёсати хориљии Љумњурии Тољикистон зарур аст. Сарвари давлат ќисмати муњими суханронии худро дар иљлосияи XVIII Шўрои Олии љумњурї 28 декабри соли 1993 ба роњу усулњои пешбурди сиёсати хориљї бахшида, зарурати тањияи консепсияро махсус таъкид намуд. Пешвои изњор доштанд, ки тавассути чунин консепсия «мо бояд равшан тасаввур карда тавонем, ки фаъолияти давлатамон дар арсаи байналмилалї ба кадом тарафњо ва ба чи тарзе љараён гирад». [1, с. 31]

    Зимни ин, Роњбари давлат панљ њавзаеро даќиќ намуд, ки дар он ваќт Љумњурии Тољикистон аз рўи мањалли љуѓрофї, мавќеи геополитикї ва манофеи иќтисодиаш ба панљ њавзаи сиёсї дохил мешавад.

    Њавзаи якум Иттињоди Давлатњои Мустаќил аст, ки бо вуљуди душворињои солњои аввали ташаккулаш ба сўи тањкими равобити њамаљониба тамоюли ботинї дорад.

    Њавзаи дуюм, Осиёи Марказист, ки акнун рў ба вањдати иќтисодию сиёсї ќарор дорад.

    Њавзаи сеюм фазои зисту амали давлатњои њамсояи форсизабон аст, ки њанўз ба ягон иттињоди муштараки сиёсї ё иќтисодї нарасида бошанд њам, онњоро нафаќат њамбастагии таърихї ва мазњабию фарњангї, балки дурнамои воќеии рушди миллї ба њам љазб мекунад.

    Њавзаи чањорум доираи нуфузи давлатњои мусулмоннишини Шарќ аст, ки онњоро нафаќат ягонагии дину ойин ва суннатњои рўњонї, балки имконият ва эњтиёљоти рушди миллї низ ба њам мепайвандад.

    Нињоят, њавзаи панљум љомеаи байналмилалист, ки њамбастагии зоњирию ботиниаш беш аз пеш ќувват мегирад ва њам оњиставу пайваста ба сўи воњидии тамаддуни умумибашарї роњ мепаймояд». [2, с. 16]

    Дипломатияи тољик дар даврони истиќлолият дар њаллу фасли муњимтарин масъалањои њаёти љумњурї – бартараф кардани низои дохилї тавассути љараён додани гуфтушунид бо мухолифин, бартараф сохтани оќибатњои љанги шањрвандї бо иштироки љомеаи љањонї, рушду тавсеа бахшидан ба њамкорињои иќтисодї бо њамёрони хориљї, љалби сармояи хориљї ба лоињањои гуногуни кишвар наќши муассир дошт.

    Тайи дањсолаи охир бо шарофати сиёсати «дарњои боз» ва љалби кишварњои гуногун ба њамкории судманд дар кишвар лоињањои зиёде дар соњањои саноат, энергетика, коммуникатсия амалї шуданд, ки барои рушди устувори давлати мо заминањои мустањкам гузоштаанд.

    Дигар самти муњим – иштироки фаъолонаи Тољикистон дар њаллу фасли масоили байналмилалї ва минтаќавї мебошад, ки дар ин маврид низ дастовардњои мо чашмрасанд. Аз љумла, чандин ташаббуси кишвари мо, бахусус дар њаллу фасли масъалањои обу энергетика, мубориза алайњи тероризм, тундгарої ва гардиши ѓайриќонунии маводи мухаддир, аз байн бурдани мушкилоти Афѓонистон аз љониби соири кишварњои љањон дастгирї ёфта, тадриљан амалї мешаванд. [5, с. 3-4]

    Соли 2002 Консепсияи сиёсати хориљии Љумњурии Тољикистон ќабул гардид, ки дар он моњияту мундариља ва дурнамои сиёсати хориљии љумњурї, роњу василањо ва усулњои амалисозиву самтњои авлавиятноки он инъикос ёфт. Дар ин санади муњим доираи манфиатњои кишвар, минтаќањои њамкорї, давлатњои шарик ва дигар масъалањои муњими пиёда кардани сиёсати байналмилалї љойи худро ёфтанд. Муайян гардид, ки сиёсати хориљии Тољикистон бисёрсамта ва сулњхоњона буда, љумњурї њамкорињои дуљониба ва бисёрљонибаро бо кишварњои хориљї дар асоси эњтироми истиќлоли давлатии љонибњо, баробарї, дахолат накардан ба корњои дохилии њамдигар, бо назардошти манфиатњои тарафњо ба роњ мемонад. Тољикистон бо њар давлати хоњишманде, ки ин принсипњоро эътироф менамояд, муносибату њамкорї мекунад. Њамзамон дар назар дошта мешавад, ки ин њамкорињо бар зарари кишварњои дигар набошанд.

    Дар табрикоти солинавии худ ба муносибати фарорасии соли 2003 Эмомалї Рањмон эълом дошт, ки «мо дар сиёсати хориљии худ сиёсати дарњои бозро интихоб кардем». Роњбари давлат зикр кард, ки «мо минбаъд њам муносибатњои хайрхоњона ва дўстона, њамкорињои мутаќобилан судмандро бо њамаи давлатњо, ќабл аз њама њамсояњои наздик, яъне кишварњои Осиёи Марказї рушд хоњем бахшид».

    Дар ин миён, рољеъ ба ташаккули асосњои њуќуќии амалисозии сиёсати хориљии Тољикистон кор дар чанд самт идома ёфт:

    Самти якум: дар Конститутсияи Љумњурии Тољикистон муќаррар гардид, ки санадњои њуќуќи байналмилалии эътирофнамудаи Тољикистон ќисми таркибии низоми њуќуќии љумњурї мебошанд ва дар њолати мувофиќат накардани ќонунњои љумњурї бо санадњои эътирофшудаи њуќуќи байналмилалї меъёрњои санадњои њуќуќи байналмилалї амалї мешаванд. Тољикистон бо дарназардошти доираи манфиатњои худ ва заруратњои пешомада ба чандин конвенсияњо ва дигар санадњои байналмилалї пайваст, ки ба пешбурди сиёсати хориљии Тољикистон таъсири амиќи худро мерасонанд. Њамчунин дар доираи муносибатњои дуљониба ва бисёрљониба бо кишварњои њамёр санадњои зиёде ба имзо расид, ки барои роњандозии њамкорињо дар самтњои гуногун заминаи устувор ба вуљуд оварданд. Роњбари давлат љонибдори коргирї аз меъёрњои њуќуќи байналмилалї дар тамоми љањон мебошад. Президенти мамлакат рољеъ ба ин мавзўъ дар Паёми худ ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон аз 16 апрели соли 2005 чунин гуфта буд: «Мо љонибдори низоми одилона ва устувори љањонї бар асоси усул ва меъёрњои њуќуќи байналмилалї, ќабл аз њама баробарњуќуќии њамаи субъектњои равобити байналмилалї ва риояи соњибихтиёрии давлатњо мебошем, ки дар танзими он Созмони Милали Муттањид њамчун созмони ягонаи универсалии љањон бояд наќши марказї дошта бошад. Ин низом љавобгўи манфиатњои олии њамаи халќњо ва кишварњо, амният ва суботи љањонї мебошад. Тањлилњо нишон медињанд, ки хориљ шудан аз доираи њуќуќи байналмилалї ва нодида гирифтани баъзе принсипњои бунёдии он барои минтаќањо ва кишварњои зиёд сабабгори мушкилот ва проблемањои љиддї мегардад».

    Самти дуюм: Тољикистон зимни тањия ва ќабули санадњои ќонунгузорї ба назар гирифтани талаботи меъёрњои њуќуќи байналмилалї ва робитањои хориљии љумњуриро ба таљрибаи маъмулї табдил дод, ки чунин муносибат мазмуну мундариљаи санадњоро сифатан боло бурд. Миёни онњо доираи васеи санадњоро рољеъ ба љалби сармояи хориљї, кушодани корхонањо бо иштироки хориљиён, доир ба масъалањои шањрвандї, тартиби будубоши шањрвандони хориљї дар Тољикистон, дар бораи гурезањо ва ѓайра номбар кардан мумкин аст, ки масъалањои зиёди марбут ба сиёсати хориљии љумњуриро танзим мекунанд.

    Самти сеюм: доир ба амалї кардани сиёсати хориљї шурўъ аз Конститутсияи љумњурї санадњое ќабул гардиданд, ки дар онњо маќомоти дахлдор, ваколатњои онњо ва роњу василањои роњандозї намудани сиёсати байналмилалї муайян шуданд. Масалан, дар Конститутсия ваколатњои Президент, Парлумон ва Њукумати љумњурї рољеъ ба ин масъала мушаххас шуданд. Баъдтар Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи хизмати дипломатї» (2002), фармонњои Президенти Љумњурии Тољикистон дар бораи кушодани сафоратхонањо дар кишварњои хориљї, дар бораи тасдиќ намудани низомномањо дар бораи Сафорати Љумњурии Тољикистон ва Сафири Фавќулода ва Мухтори Љумњурии Тољикистон, дар бораи тасдиќ намудани Муќаррароти умумии таљрибаи ягонаи ташрифотии Љумњурии Тољикистон, як зумра ќарорњои њукумати кишвар барои фаъолияти Вазорати корњои хориљї, дигар хадамоти дипломатии љумњурї, намояндагињои дипломатии Тољикистон дар хориља, инчунин соири вазорату муассисањое, ки ба робитањои хориљї сару кор доранд, заминаи устувори њуќуќї ба вуљуд оварданд.

    Самти чорум: аз соли 2000 инљониб њар сол Президенти Љумњурии Тољикистон ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон бо Паём оид ба самтњои асосии сиёсати дохилї ва хориљии љумњурї мурољиат мекунад. Роњбари давлат дар бахши сиёсати хориљї муњимтарин масъалањо ва вазифањоро мушаххас намуда, рољеъ ба проблемањои рўзмарраи љањонї ва минтаќавї назари худро иброз медорад. Назари Роњбари давлат нисбати масъалањои байналмилалї чун роњнамо хизмат намуда, дастуру супоришњои ў ба наќшањои корї ворид мешаванд ва мавриди иљро ќарор мегиранд. [1, с. 33-34]

    Пас аз истиќлолият Љумњурии Тољикистон худро дар муносибатњои байналмилалї ба сифати субъекти мустаќили њуќуќи байналмилалї муаррифї намуда, эълон дошт, ки фаъолияти он њамчун давлати комилњуќуќ барои ноил шудан ба сулњи пойдор, барњам додани силоњи ядрої ва дигар аслињаи ќатли ом, роњ надодан ба истифодаи ќувва дар њалли бањсњо ва ихтилофоти байни давлатњои соњибистиќлол равона карда мешавад. Ин масъала дар Эъломияи истиќлолияти Љумњурии Тољикистон бараъло дарљ гардидааст, ки «Љумњурии Тољикистон њамчун субъекти мустаќили њуќуќи байналхалќї бо давлатњои хориљї алоќањои дипломатї, консулї, тиљоратї ва дигар алоќањо барќарор менамояд, бо онњо мубодилаи намояндагони салоњиятдорро анљом медињад ва шартномањои байналхалќї мебандад».

    Имрўз истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистонро 180 кишвари љањон ба расмият шинохтаанд. Љумњурии Тољикистон бо эътироф кардани асноди робитањои байналмилалї, аз љумла Оинномаи Созмони Милали Муттањид, Санади хотимавии Њелсинки, Баёнияи Париж ва дигар санадњо зербинои сиёсати дохилї ва хориљии худро бунёд намуда, инсон ва њифзи њуќуќу озодињои онро, сарфи назар аз мансубияти миллї, мазњабї, нажодї ва љинсї арзиши олї мешуморад.

    Њамин тариќ, тањти роњбарии Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон заминањои назариявї ва њуќуќии сиёсати хориљии Љумњурии Тољикистон фароњам оварда шуда, барои амалї намудани онњо шароити зарурї низ муњайё гардид. Президенти Тољикистон дар Паёми навбатии худ ба парлумони кишвар моњи апрели соли 2012 бо ишора ба замони соњибистиќлолии љумњурї зикр кард: «ба мо муяссар шуд, ки асосњои сиёсати хориљии мустаќили кишварро шакл дињем, усули пойдор ва анъанањои арзишманди онро муайян кунем ва асли «њамкорї бо њамаи мардуми ба мо некхоњ»-ро шиори кори худ намоем. Идомаи мантиќии ин сиёсат, ки мо онро бо номи «дарњои кушода» муаррифї кардем, низ ба эњёи равобити ќадимаи фаромўшшуда ва њам ба дарёфти њамшарикону њамёрони љадиди ѓайримаъмул дар арсаи байналмилалї мусоидат намуда, љињати рушди кишвар имкониятњои нав ба вуљуд овард».[3]
    Адабиёт:

    1. 25 ќадам дар пањнои олам (зери назари Сирољиддин Аслов). Душанбе: «Ирфон», 2016, – 220 сањ.

    2. Дипломатияи Тољикистон: дирўз ва имрўз (Зери назари Њамрохон Зарифї). Душанбе: «Ирфон»,2009, 296 сањ.

    3. Паёми Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон. Душанбе: 20.04.2012: http://www.president.tj/node/1084

    4. Сайидзода Зафар Шералї Фаъолияти байналмилалии Пешвои миллат Эмомалї Рањмон: бозгашти давлати миллии тољикон ба арсаи сиёсати љањнї. Монография. – Душанбе: «Контраст», 2016. – 216 сањ.

    5. Сиёсати хориљии Тољикистон дар масири истиќлолият. Душанбе «Ирфон», 2011. 340 сањ.


    написать администратору сайта