Масоили махдудиятхои захирахо дар корхонахои истехсоли. Donishju. Net
Скачать 13.92 Kb.
|
DONISHJU.NET | ОМӮЗИШ Масоили маҳдудияти захираҳо ва талаби беинтиҳои инсон 24 июля 2019 РЕКЛАМА 31% доход на 21 месяц humo.tj Захираҳои табиат – унсури муҳимтарини сарвати ҷомеа мебошад. Охирон, ҳамчун нишондиҳандаи макроиқтисод, нерӯ ва қудрати иқтисоди миллиро муайян менамояд. Оиди дарк ва маънидодкуниҳои сарвати ҷомеа андешаҳои мухталиф маҳфузанд. Масалан, намояндагони сохти мактаби классикӣ (У.Петти, А.Смит, Д. Рикардо, К. Маркс) зери мафҳуми сарвати ҷомеа меҳнати дар неъматҳои моддӣ ифодагаштаи наслҳои гузашта ва ҳозираро дар назар доштанд. Онҳо меҳнатро сарчашмаи асосии ташаккули сарвати ҷомеа медонанд. Бесабаб нест, ки У. Петти меҳнатро “Падари сарват ва заминро модари он” номидааст. Ҳамаҷониба эътироф шудааст, ки сарчашмаи асосии сарвати ҷомеаро меҳнат ва табиат ташкил медиҳад. Сарвати ҷомеа ҳамчун воситаи ҳаёт (ҳосилхезии замин, моҳӣ дар ҳавзҳо…) ва воситаи меҳнат (чашмаобҳо, дарёҳо, дарахт, металл (фулузот), ангишт…) ташкил меёбад. Қисми асосии сарвати ҷомеаро боигарии моддӣ – маҷмӯи маводҳои таърихан андӯхташудаи қимматдор ташкил медиҳад. К. Маркс онро аз се ҷиҳат: а) мақом ва нақши усулҳои сарвати ҷомеа – воситаҳои истеҳсолот (сармоя) ва предметҳои истеъ-молӣ; б) имконияти иваз кардани усулҳои моддии сарвати ҷо-меа, махсусан, қисми беҳаракати он (беҳтар кардани генезис (та-ркиб)-и хок, бино, таҷҳизот, канал, роҳ…); в) қисми ҳаракат-кунандаи он (локомотив, параходҳо, ҳайвонҳои корӣ, имконияти истифодаи унсурҳои сарвати ҷомеа ба сифати сармоя, яъне пасандозу андӯхт ва ғайра) мавриди таҳлил қарор медиҳад. Дар адабиёти муосири иқтисодӣ зери мафҳуми сарвати ҷомеа сарвати миллӣ дониста шуда, чӣ аз ҷиҳати арзиш ва чӣ аз шакли моддӣ ҳархела шарҳ ва ҳисобу китоб карда мешавад. Масалан, П.Хейне боигариро ҳамчун кулли чизҳои аз тарафи одамон эътироф ва қадршаванда, муаллифони китоби дарсии назарияи иқтисодӣ – тарзи васеи интихоби чизҳо аз ҷониби одамон, омори собиқи ИҶШС маҷмӯи фондҳои асосӣ, фондҳои ғайри-истеҳсолӣ, захираҳои моддию молии қимматдор, молу мулки аҳолӣ… мефаҳманд (19, 53). Одатан, раванди истеҳсолотро ҳамчун ҷараёни дахолат ва таъсиррасонии инсон ба табиат тасаввур мекунанд. Дар ин асно табиат ду вазифаро: ҳамчун “модари табиат” – манбаи дастрас намудани захираҳо ва идомадиҳандаи раванди таҷдиди ҳаёти ҷомеа адо мекунад. Хусусиятҳои хоси онҳо дар сохтор (низом)-ҳои гуногуни иқтисодӣ таҳти таъсири омилҳои рушди иқтисод, мақсад ва мақоми онҳо қарор мегирад. Дар навбати худ мунтазам ва бемайлон боло рафтани рушди иқтисод, минбаъд амиқ гаштани тақсими ҷомеавии меҳнат, раванди умумигардонии истеҳсолот мусоидат карда, таъсири ҷомеаро нисбат ба табиат чуқур мегардонад. Инсон, захираи мавҷудаи табиат (канданиҳои фоиданок, манобеи қаҳри замин, баҳр, коинот)-ро нисбатан бераҳмона барои қонеъ гардондани талаботи худ истифода мекунад. Аз ин ҷо масоили истифодаи омилҳои маҳдуди табиат дар ҳар як сохтори иқтисодӣ ба масъалаи муҳимтарини хоҷагидорӣ табдил меёбад. Маълум аст, ки на ҳамаи мамлакатҳо дорои ҳамаи сарватҳои табиию иқтисодиянд. Дар ҷаҳон бидуни Руссия, Амрико ва давлати Чин боқимонда давлатҳо кулли сарватҳоро надоранд. Давлатҳои дигар дар шароити гуногуни захираҳои табиӣ фаъолияти хоҷагидорӣ мекунанд. Бояд эътироф кард, ки саноати ҳозира зиёда аз 70 сад дар сади ашёи хомро истеъмол мекунад. Аз ин сабаб фаъолияти хо-ҷагидории аксарияти давлатҳо тобеъ (дастнигар)-и мамлакатҳои ашётаъминкунанда гардида, амиқ ва густариши ҳамаҷонибаи саноат ба тафриқаи давлатҳои тавлидгари ашё ва истеъмолгари он бурда мерасонад. Ин боиси баҳраву босамар истифода кардани партовҳои саноатӣ ва чизу чораҳои нодаркори хоҷагӣ (рӯзғор) мегардад. Аз ин лиҳоз, масъалаи интихоби захираҳо ва ташкил кардани раванди оқилонаю самаранокии истеҳсолот ҳамчун масъалаи асосии замони муосир ба миён меояд. Ҳадафи ниҳоии ҳар як истеҳсолот – қонеъ гардонидани талаботи ҷамъият мебошад. Барои дар амал тадбиқ намудани он ҷомеа ҳамаи намудҳои захираҳои дар ихтиёри худ доштаро барои истеҳсоли молу маҳсулот ва адои хизмат истифода мекунад. Дар ин асно ҳалли ду масъалаи муҳим, ки асоси рушд ё худ таназзули ҷомеа буда метавонад ба миён меояд: 1) захираҳои иқтисодӣ (моддӣ) нисбатан маҳдуд буда, ба ҳаҷм ва меъёри истеҳсолот (бо таври манфӣ ё худ мусбӣ) таъсир мерасонанд; 2) талаби ҷомеа ҳадду ҳудуд надорад (беинтиҳо, номаҳдуд аст) ва онро бо пуррагӣ қонеъ гардондан имконнопазир аст. humo.tj РЕКЛАМА 31% доход на 21 месяц Увеличьте доход на 31% за 21 месяц. Акция действует до конца сентября. Перейти на сайт Дар адабиёти имрӯзаи иқтисодӣ таҳти захираҳо омилҳое, ки барои тавлиди неъматҳои иқтисодӣ афзалиятан истифода карда мешаванд, фаҳмида мешаванд. Ба онҳо дороии сарват, захира-ҳои табиат, захираҳои меҳнат, захираҳои молиявӣ, захираҳои иттилоотӣ ва воситаҳои пасандозу андӯхтшудаи аҳолӣ, корхонаҳо ва ҷамъият дохил карда мешаванд (5,-19). Вобаста ба нақш ва мақоми истифода шудан дар ҷараёни тавлиди неъматҳои иқтисодӣ онҳоро ба чунин гурӯҳҳо тақсим мекунанд: Захираҳои моддӣ – замин, ашё, сармоя; Захираҳои меҳнатӣ – аҳолӣ, аз ҷумла қувваи коргарӣ, фаъолияти соҳибкорӣ ва ғайра; Захираҳои молиявӣ; Захираҳои иттилоотӣ (13, 39-43). Сармоя (капитал), замин, меҳнат, соҳибкорӣ ҳамчун омили истеҳсолот (ниг. саволи саввӯм) сирати ягона – маҳдуд доранд ва онҳоро ба таври сунъӣ густариш (васеъ кардан) додан номумкин аст. Аз ин сабаб ҷамъият ба таври дилхоҳ аз ҳама навъу намудҳои захираҳо истифода карда, неъматҳову хизматҳои заруриро дастраси омма карда наметавонад. Дар як ҷо захираҳо серобанду истифода намешаванд, дар ҷои дигар эҳтиёҷ ба онҳо зиёд асту онҳо намерасанд ва дар натиҷа талаботи мардуми як давлат ё худ гурӯҳи давлатҳо ба он қонеъ нашуда боқӣ мемонад. Аз ҳамин сабаб масъалаи интихоби захираҳо, истеҳсоли ин ё он маҳсулоту хизматҳо, қонеъ гардонидани ин ё он талаботҳо дар мадди аввал гузошта мешавад. Захираҳои молиявӣ – ҳамчун воситаҳои пулии субъектҳои иқтисодӣ, ки барои ташаккул ва таҷдиди истеҳсолот ҷудо карда мешаванд, ташкил меёбанд. Дар шароити бозор онҳо ҳамчун воситаҳои сармоягузорӣ, қоғазҳои қимматнок, андоз, пардохтҳои пулӣ, заёмҳои давлатӣ ва ғайра ташаккул меёбанд. Захираҳои иттилоотӣ – ҳамчун сифру материалҳои зарурӣ, ки барои идораи автоматикунонидашудаи истеҳсолот, ҳисобу китоби компютерӣ лозиманд, баромад мекунанд. Ҳалли ин масъалаҳо мустақиман аз сатҳу дараҷаи рушди иқтисод, камолоти низомҳои иқтисодӣ, мақсад ва ҳалли вазифаҳои ҷорию дурнамоии ҷомеа, сиёсати иқтисодии давлат ва ғайра вобаста мебошанд. Дар ин ҷода масъалаи оқилона истифода кардани захираҳо ва самаранок ташкил намудани тарзу услуби фаъолияти хоҷагидорӣ ба ҳайси вазифаи асоситарин ба миён меояд. Дар адабиёти иқтисодии муосир ду навъи захира – захираҳои маҳдудӣ, нисбӣ ва мутлақро аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Таҳти захираҳои маҳдуд вазъияти истеҳсолоте фаҳмида мешавад, ки захираҳои истеҳсолӣ қудрати яку якбора қонеъ гардондани ҳама гуна талаботи ҷамъиятро надорад. Агар доираи талабот маҳдуд карда шавад, он гоҳ маҳдудияти мутлақи талабот ба талаботи нисбӣ табдил меёбад, чунки барои доираи маҳдуди талабот захираҳо нисбатан маҳдуд мебошанд. Маҳдуд будани захираҳои иқтисодӣ, имконияти техникию технологӣ, экологӣ ва ғайра ҷомеаро маҷбур месозад, ки он усулу услубҳои гуногуни омезишу ивазкунии омилҳоро тибқи самараи миқёси истеҳсолот ва қиммати муносибтарини он интихоб намояд. Дар адабиёти муосир вобастагии интихоби захираҳо ва тарзу услуби гуногуни истеҳсоли неъматҳо бо воситаи каҷхати имконоти тавлид нишон дода мешавад (18, 20-22), (ниг. нақшаи 3). Тахмин карда мешавад, ки иқтисод ҳамчун маҷмӯи ду соҳа – соҳаи гражданӣ ва ҳарбӣ ташкил меёбад. Дар соҳаи якӯм равған ва дар соҳаи дуввӯм яроқу аслиҳа истеҳсол карда мешавад. Агар ҳамаи аҳолии мамлакат кор кунанд, он гоҳ дар давоми як сол 15 ҳазор тонна равған ё худ 6000 дона яроқ истеҳсол карда метавонанд. Дар ҳолати зарурӣ ҳам равған ва ҳам яроқ баровардан имконпазир аст. Азбаски захираҳои иқтисодӣ маҳдуд мебошанд, ҷамъият аз ҳар ду вариант якеро тибқи зарурат интихоб менамояд. Дар ин ҳолат кам кардани яке ба зиёдшавӣ ва зиёд кардани теъдоди дигаре ба камшавии дигаре оварда мерасонад. Ин тағйирот дар ҷадвал ва каҷхати зер баръало намоён аст (ниг. ҷадвали 1). Ҷадвали 1 Вариантҳои имконоти тавлид Вариантҳо Равған (тонна) Яроқ (дона) 1 1500 0 2 12000 2000 3 10000 3000 4 6000 5000 5 3000 5500 6 0 6000 Аз таҳлили ҷадвал хулоса бармеояд, ки дар ҳолати 16 ҳазор тонна истеҳсол кардани равған 2 ҳазор дона яроқ низ (нуқтаи С) мумкин аст. Ва агар зарурат ба зиёд кардани яроқу аслиҳа аз 2 то ба 4,5 ҳазор адад пайдо шавад, он гоҳ таносубан истеҳсоли равған то ба 9 ҳазор тонна (нуқтаи Д) фароварда мешавад. Дар ин ҳолат талабот ба равған ба таври сунъӣ ба андозаи 7 ҳазор тонна боз дошта мешавад. Ҳукумат дидаю дониста, равғанро ба яроқ табдил дод ва талабот ба равған дар як мӯҳлати муайян ҳамчун талаботи қонеъ нашуда боқӣ монд. Агар дар ҷомеа иқтидорҳои истеҳсолӣ пурра банд набошанд, қувваи коргарӣ, аз ҷумла аҳолии қобилияти меҳнатӣ дошта шуғл надошта бошад, шумораи бекорон зиёд бошад, раванди истиқрор ва танзими иқтисод касод бошад, онгоҳ ингуна иқтисод на дар нуқтаи имконоти тавлид (нуқтаҳои А,Д), балки дохили он – Х ба вуқӯъ мепайвандад. Ин аз хусуси паст будани дараҷаи самаранокии иқтисод ва ноқулай истифода кардани захираҳои иқтисод шабоҳат медиҳад. Нуқтаи N берун аз каҷхати имконоти тавлид ҷой гирифта, оиди имконпазирии тавлидоти низоми иқтисодӣ дарак медиҳад. Амалӣ гаштани он дар асоси бениҳоят зиёд ҷалб кардани воситаҳои алтернативӣ, технологияи навтарин ва сармоягузорӣ ба ин ё он варианти маъқул ва интихобшуда зарур мебошад ва сиёсати давлат ба ҳаллу фасли он равона карда мешавад (8, боби 2; 5). Масоили махдудияти захирахо ва талаби беинтихои инсон magcomposit.by РЕКЛАМА Линия по производству пластиковой арматуры цена Высокий спрос, низкая конкуренция, минимальные вложения, быстрая окупаемость. Каталог Сотрудничество Акции Информация Узнать цену Ҷустуҷӯ Вам может быть интересно Маҳдудияти захираҳои иқтисодӣ donishju.net Маркетинг, нақш ва мақоми он дар идораи фирма donishju.net Доира ва шаклҳои фаъолияти соҳибкорӣ donishju.net Рукнҳои асосии таълимот ва равияву мактабҳои иқтисодӣ donishju.net Иктисодиёт чист? Масъалаҳои асосии иқтисодиёт donishju.net Яндекс Игры РЕКЛАМА • 16+ Geometry Craft 3D - Яндекс Игры Казуальные игры • Стратегии • Гонки Мероси Абуабдуллохи Рудаки » Донишчу | забони точики Маълумоти ҷолибу хонданӣ, табрикоту таманиётҳо, китобҳо, мавзӯҳои дарсӣ аз фанҳои мухталиф барои эҷоди реферат, кори курсӣ ва семинару диссертатсияҳо, шеъру ғазал ва рубоиёт... 16 ноября 2020 Читать полностью Навда, барг ва поя » Донишчу | забони точики Маълумоти ҷолибу хонданӣ, табрикоту таманиётҳо, китобҳо, мавзӯҳои дарсӣ аз фанҳои мухталиф барои эҷоди реферат, кори курсӣ ва семинару диссертатсияҳо, шеъру ғазал ва рубоиёт... 3 марта 2021 Читать полностью clinicnacpp.ru РЕКЛАМА Онкологический центр в Москве ЕСТЬ ПРОТИВОПОКАЗАНИЯ. ПОСОВЕТУЙТЕСЬ С ВРАЧОМ Мухотаб чист? » Донишчу | забони точики Маълумоти ҷолибу хонданӣ, табрикоту таманиётҳо, китобҳо, мавзӯҳои дарсӣ аз фанҳои мухталиф барои эҷоди реферат, кори курсӣ ва семинару диссертатсияҳо, шеъру ғазал ва рубоиёт... 22 октября 2020 Читать полностью Хаёт ва фаъолияти Абулкосим Фирдавси » Донишчу | забони точики Маълумоти ҷолибу хонданӣ, табрикоту таманиётҳо, китобҳо, мавзӯҳои дарсӣ аз фанҳои мухталиф барои эҷоди реферат, кори курсӣ ва семинару диссертатсияҳо, шеъру ғазал ва рубоиёт... 3 июля 2021 Читать полностью Фотосинтез. Дар баргҳо ҳосил шудани оҳар » Донишчу | забони точики Маълумоти ҷолибу хонданӣ, табрикоту таманиётҳо, китобҳо, мавзӯҳои дарсӣ аз фанҳои мухталиф барои эҷоди реферат, кори курсӣ ва семинару диссертатсияҳо, шеъру ғазал ва рубоиёт... 8 ноября 2020 Читать полностью hon.ru РЕКЛАМА Проживание у Дворцовой площади в Петербурге Абурайхони Беруни » Донишчу | забони точики Маълумоти ҷолибу хонданӣ, табрикоту таманиётҳо, китобҳо, мавзӯҳои дарсӣ аз фанҳои мухталиф барои эҷоди реферат, кори курсӣ ва семинару диссертатсияҳо, шеъру ғазал ва рубоиёт... 12 марта 2021 Читать полностью Инкишофи илму адаб (дар давраи Темуриён) » Донишчу | забони точики Маълумоти ҷолибу хонданӣ, табрикоту таманиётҳо, китобҳо, мавзӯҳои дарсӣ аз фанҳои мухталиф барои эҷоди реферат, кори курсӣ ва семинару диссертатсияҳо, шеъру ғазал ва рубоиёт... 28 декабря 2020 Читать полностью Оила вa вазифаҳои ҷамъиятии oн » Донишчу | забони точики Маълумоти ҷолибу хонданӣ, табрикоту таманиётҳо, китобҳо, мавзӯҳои дарсӣ аз фанҳои мухталиф барои эҷоди реферат, кори курсӣ ва семинару диссертатсияҳо, шеъру ғазал ва рубоиёт... 24 июня 2022 Читать полностью РЕКЛАМА Реклама: кай ва дар куҷо пайдо шуд? » Донишчу | забони точики Маълумоти ҷолибу хонданӣ, табрикоту таманиётҳо, китобҳо, мавзӯҳои дарсӣ аз фанҳои мухталиф барои эҷоди реферат, кори курсӣ ва семинару диссертатсияҳо, шеъру ғазал ва рубоиёт... 22 ноября 2021 Читать полностью Мероси илми ва адабии Абуали ибни Сино » Донишчу | забони точики Маълумоти ҷолибу хонданӣ, табрикоту таманиётҳо, китобҳо, мавзӯҳои дарсӣ аз фанҳои мухталиф барои эҷоди реферат, кори курсӣ ва семинару диссертатсияҳо, шеъру ғазал ва рубоиёт... 7 июля 2021 Читать полностью |