статяи точики. Статяи точики. Кабиров А. Г
Скачать 60.83 Kb.
|
1 2 Кабиров А.Г. Кабиров А.Г. – директори филиали муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии хун” дар шаҳри Кӯлоб. ҳаракати донори ва бемориҳои сироятӣ Филиали муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии хун” дар шаҳри Кӯлоб. Калимаҳои калиди: ҳаракати донорӣ, маркази хун, донорхои қарордодӣ, гепатити В ва С, ВМНО. Проблемаи донорҳо ва асосан донорҳои қарордодӣ табибони трансфузиолог ва эҳёгари минтақаи Кӯлобро баъди пайдо шудани бемориҳои сироятӣ ба монанди Гепатити В ва С дар тааҷуб андохтааст. Донорҳо бо сабаби ба синни ниҳои расидан руз то руз кам шуда истодааст. Бо сабаби зиёд шудани ҳомилҳои беморони гепатити В ва С ВМНО дар байни аҳолӣ, асосан ҷавонон, ки ҳисиёти тарсу ҳарос пайдо намудан, баъди дарёфт намудани сироятшави пайдо шудааст, ба он оварда мерасонад, ки ҷалб намудани донорҳои ҷавон мушкил шудааст. Филиали муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии хун” дар шаҳри Кӯлоб бо роҳбарии муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии хун” барои чалб намудани донорон як қатор ҳуҷатхои лозимаро ба тавсиб расонидааст, аз он ҷумла қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2015, № 422 «Дар бораи Барномаи миллии рушди донории хун ва ҷузъҳои он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2019” Тадкиқот ба он равона карда шудааст, ки донорҳои солимро аз аввал дар байни кормандони тандурусти ва баъдан дар байни аҳоли дарёфт намоянд. Бо ин максад дар байни кормандони тандурусти ташфикот бурда шуд, ки хуни донории бе подош супоранд ва ҳамзамон аз таҳлили лаборатори барои муайян намудани 4 намуд бемории сироятии гепатити В, С, ВНМО ва оташак танҳо бо усули имуноферменти ройгон гузаранд. Асосан ба он диққат дода шуд, кадрҳои ҷавон хуни донории бе подош супоранд, ва ҳамзамон солимии табибони ҷавонро муайян намуда, бо ин мақсад донорҳои бе подоши солимро дар оянд ба донорҳои қарордоди мубадал намоянд. Аз ин лиҳоз дар Филиали муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии хун” дар шаҳри Кӯлоб тадкикоти демографи оиди шумораи донорон бо сину сол гузаронида шуд ва бо тариқи таблитса нишондод карда шуд(Графики №1). Графики 1 ҳамаги аз ноябр то апрели соли 2016-2018 гг, ба шуъбаи қабули донорон 2616 нафар барои хунсупори муроҷиат намуданд. Аз ноябри соли 2016 то апрели соли 2017 года 632 нафар, аз ноябри соли 2017 то апрели соли 2018 725 нафар, аз ноябри соли 2018 то апрели соли 2019 1259 нафар. Аз ин нишондодҳо маълум мешавад, ки (таблитсаи 1) дар 5 мохи соли 2017-2018 нисбат ба 5 мохи соли 2016 шумораи донор 14,7% зиёд, вале дар 5 мохи соли 2018-2019 нисбат бо соли гузашта фоизи шумораи донорон ба 73,6% расид. Графики 2 Дарёфти ҳомилони бемориҳои сирояти Аз таблитсаи №1 муайян шуд, ки шумораи дарёфтшудагони ҳомилони беморихои сироятӣ дар ҳолати зиёд шудани донорон меафзояд.
1 2 |