Главная страница

Болезни ноги. беморихои_бугум. Лексия Беморихои бугуми I. Артрити ревматоиди ii. Остеоартроз iii. Никрис Таснифи беморихои бугуми


Скачать 0.8 Mb.
НазваниеЛексия Беморихои бугуми I. Артрити ревматоиди ii. Остеоартроз iii. Никрис Таснифи беморихои бугуми
АнкорБолезни ноги
Дата13.05.2023
Размер0.8 Mb.
Формат файлаppt
Имя файлабеморихои_бугум.ppt
ТипДокументы
#1126288

Лексия№ Беморихои бугуми


I. Артрити ревматоиди
II. Остеоартроз
III. Никрис

Таснифи беморихои бугуми


1.Артритхои сирояти (илтихоби)
а) артрити ревматики
б) артрити ревматоиди (аз он чумла бемории Бехтерев Стилла, Фелти)
в) артритхои сироятии сабабашон муайян(бруселлез, сифилис, гонорея, туберкулез, дизентерия)
2. Артритхои дистрофики (гайрисирояти)
а) остеоартрити колабвайронкунандаи музмин (остеоартроз), остеоартрози синусоли
б) полиартрити хушсифати(профессионали) хангоми фаъолияти чисмони


в) эндокрини (гиперпаратиреоз, акромегалия ,тиреотоксикоз, климактерики)
г) метаболитики (подагра бемории Кашина-Беке)
3. Артритхои садамави
а) хангоми шикастани пушида ва кушодаи бугумхо
б) хангоми осебёбии сабуки бугумхо
4. Артритхои вобаста ба дигар беморихо

а) хангоми колагенозхо б) хангоми беморихои хун в) хангоми псориаз г)хангоми беморихои шуш(саркоидоз) 5. Намудхои кам вохурандаи осебёбии бугумхо Вобаста ба маводхои дорувори хунобви хондропатиахо, варами обдори аз чо ба чои гузарандаи бугумхо

Артрити ревматоиди


Артрити ревматоид-бемории музмини имуннокомплексие,ки ба тез вайроншавии сохтори наздибугуми ва бугумхо, пайдошавии иллати системави оварда мерасонад
Сабабхои пайдоиш (этиологи)
-метавонад вирусхои герпесии намуди 4 (вируси Энштейн-Бара), намуди 5(ситомегаловирус), микобактерияхо бошанд. Хамчунин сабабгори пайдоиш


дигар бактерияхо ва вирусхо буда метавонад
Бояд кайд кард, ки барангезандахои сирояти, танхо дар сурати мутаомили генетики ва модарзоди, ё дар давоми хаёт пайдошуда метавонанд фаъолият нишон дихан. Дар аксар беморони гирифтори АР антигени HLA DRW4 муайян кардаанд

Патогенез


Фаъолияти механизми патогенетикии АР одатан баъд аз хунукхури, холати иммунодепресевии гузарандаи сабабашон гуногун, ки ба хуручи барангезандахои хомуши бемори меоварад.
Барангезандахои бемори дар зинаи нуксони генетики ба пайдошавии фактори ревматоиди-IgM,IgG, антителахоиFC, фрагментиIgGмеоранд


Фактори ревматоидиро метавон бо микдори на он кадар зиед дар хуни одамони солим муайян кард. Хангоми мавчуд будани АР серопозитиви фактори ревматоидиро дар хуноба (зардоб) вакти аз хад зиед хал кардан муайян кардан мумкин аст, ки дар одамони солим мушохида намешавад.
Хангоми АР дар хун микдори зиедиIgG (FC)-IgG ва IgG(FC)-IgM мавчуданд, ки барои онхо, антиген FC-и имунноглобулини G, ва антителахо-


имуннлоглобулини-IgG, IgM хастанд. Комплексхои имунни дар тагоякхои бугумхо, пардаи синовиалии бугумхо, деворахои рагхои хунгард чойгир мешаванд.
Комплексхои IgG(FC)-IgM дорои кодилияти криоглобулинхо бошанд. Онхо метавонанд бо комплект пайваст шуда, онро фаъол кунанд. Дар ин сурат механизмхои хучайрави ва хунии илтихоби имуни хуруч карда, дар натичаи такшиншавии комплексхои


имуни боиси пайдошавии тагиротхои десстуктивии бугумхо, рагхои хингард гарданд.
Одатан иллатёбии симметрики, дутарафаш эрозиви-десструктивии бугумхо бо тагояк, пардаи синовиали ва капсулаи он ба амал меёбад. Дар натича бофтаи гоанулясиони-паннус пайдо мешавад, ки ба вайроншавии тагояк ва эпифизхои устугонхо бо пайдошавии узурхо, деформасиахои дагал ва анкилози бугумхо оварда ме-

расонад .


расонад .
Васкулити имуннокомплексии дуюминдарача пайдо мешавад, ки сабаби асосии тагиротхои узвхои даруна-аз тарафи шуш, дил, узвхои хозима, асаб дар беморони АР-дошта мешавад.
Сарбори ё окибати он-норасоии функсионалии мехашумхои протеолитики комплексхои имунни сабаби асосии пайдошавии амилоидози узвхои дохила дар беморон мебошд.


Дар хуни беморони АР-дошта фактори ревматоиди метавонад набошад. Ин намуди АР серонегативи аст. Дар ин холат фактори ревматоидиро дар моъи синовиали бугумхои илтихоб метавон пайдо кард.
Таснифи байнанхалкии МКБ 10 АР-ро ба 2 гурух чудо мекунад:
- артрити ревматоидии серопозитиви(МО5)
-дигар артритхои ревматоиди(МО6)
Ба гурухи АР серопозитиви дохил мешаванд:
-синдром Фелти
-Бемории ревматоиди шушхо
-АР бо гирифтори дигар системахо ва узвхо
-дигар АР-серопозитиви
II. Ба гурухи дигар АР дохил мешавад:

АР-серонегативи


АР-серонегативи
Бемории Стилла, ки дар калонсолон вомехурад
Бурсити ревматоиди
Гирехчахои ревматоиди
Полиартропатии илтихоби
Дигар АР муайяншуда
АР номуайян
Дар клиника аксар вакт вомехуранд: АР серопозитиви,АР негативи,АР бо часби дигар узвхо ва системахо.

клиника


I. намуди патогенетики АР
-полиартрити(иллатёбии бисер бугумхо)
-олигоартрити(иллатёбии якчанд бугумхо)
-моноартрити(иллатёбии як бугум)
1 АР бо зухуроти системави
-гирехчахои ревматоиди
-лимфоаденопатия
-серозит
-васкулит
-амилоидоз
-пневмонит
-офталмопатия
-синдромхои махсус : синдроми псведосептики, Фелти


2 АР якчоя бо остеоартроз, беморихои бофтаи пайвасткунанда,ревматизм
-АР ювенили ( бо хамрохии бемории Стилл)
II. Таснифи имуннологи АР
-серопозитиви
-серонегативи
III. Равиши бемори:
-охиста хуручкунанда
-тез хуручкунанда
-сустраванда
IV. Мархилаи фаъолият:
-минимали(I дар)
-миёна( II дар)
-баланд(IIIдар)
-гайрифаъолият, ремиссия(0 дар)

Дарачаи рентгенологи:


Дарачаи рентгенологи:
-остеопорози наздибугуми(I дар)
-остеопороз, тангшави узурхои ягона(IIдар)
-остеопорз, тангшавии узурхои зиёд, анкилозхо(IIIдар)
Вайроншавии фаъолияти бугум:
-ВФО-фаъолияти бугум вайрон нашудааст бемор аз кобилияти кори тахассуси махрум нест
-ВФI-фаъолияти бугум тагир ефтааст, кобилияти кори тахассуси кисман гум шудааст
-ВФII-кобилияти кори тахассуси гум шудааст
-ВФIII-бемор ба ёрдами дигарон ниёзманд аст.
Саршавии бемори метавонад шадид, зершадид ва охистахуручкунанда бошад.
Хангоми саршавии шадиди бемори тагиротхои умими:


Баландшавии харорат (аксар гектики) сустии умимии бараъло, дардхои шидадкунандаи бугум, махдудиятя харакат дар бугумхо ба назар мерасад.
Хангоми равиши зершадиди бемори дар клиника синдроми бугуми назаррас аст. Артралгияхо доимиянд, дардхои шидаткунанда хангоми ба харакат оварбани бугумхои иллатёфта.
-Махдудият дар бугумхо , танхо дар нимаи дуюми руз камтар мешавад . Бадшавии холати умими камтар ба назар мерасад. Харорати бадан на он кадар баланд аст.
-Саршавии сустравандаи бемори одатан бо дардхои на он кадар бошиддати бугумхо, махдудияти пагохарузии начандон дурударози бугумхо мегузаранд. Харорати бадан муътадил аст.
-Дар мархилаи саршввии АР полиартрити


симметритикии дутарафа бо иллатёбии бугумхои хурд хос аст: бозубанд(лучезапясных), байни устугончахои ангуштон(межфаланговых) камтар иллат меёбанд
Базе камтар бемори ба намуди олиго ва малоартрит бо фарогирии бозубанд, бозу, бугумхои зону сар мешавад.
Бугумхои китф, кос, байнисутунмухрави дар мархилаи саршавии бемори осеб намеёбанд. Илтихоби ин бугумхо хангоми равиши дурударози бемори ба амал меояд
Артрит бо тагиротхои экссудативи сар мешавад. Дар ковокии бугумхои илтихобёфта моеъ пайдо мешавад, ки хангоми палмосидан «симптоми флуктиасия» мусби аст . Равиши экссудативи дар бофтахои периартикуляри ба варамноки, сурхшавии пуст меоварад . Деформасиа ва


бечошавии бугумхо ба амал меояд.
Дар д ва равиши патологии бугумхо харакати беморро махдуд месозад . Баъдан равиши пролиферативи сар мешавад. Таннус ва баъдан анкилози бугумхои иллатёфта, атрофияи мушакхои бугумхои аз харакат бозмонда пайдо мешавад. Ва дар хуручу бемори бугумхои нав ба нав гирифтори илтихоб мешаванд. Якчанд тагиротхои бугуми мавчуданд, ки танхо ба АР хос хастанд:
Панчаи ревматоиди:
-симптоми «плавника морэка»-девиасияи улнарии панчахо – катшавии панчахо ба тарфи устугони оринч,
-симптоми «шея лебеда»-деформасияи панчахо, ки дар натичаи контрактураи каткунандаги


Бо хамрохии бугумхо ковокихои синовиали ва пойхо иллат меёбанд. Аксар халтаи пойхои каткунанда ва росткунандаи панчахо гирифтори илтихоб мешаванд, ки дар натича варамноки, дардманди пайдо мешавад. Крепитасияи пойхо хангоми майли харакат кардани панчахо шунида мешавад.
Тендовагинити панчахои каткунандат метавонад боиси зерхурии асаб миёна, бо пайдошавии синдроми «карпельный канал» шавад. Дар бораи ин синдром дар он сурат гуфтан мумкин аст, ки вакти дар баробари махдудуяти харакат парестезияи ангушти миёна ва ишорати дард бо пахншавии ба боло то оринч меравад.
Гайр аз патологияи бугумхо дигар тагиротхои систематики пайдо мешаванд,ки ба АР серопозитиви хос хастанд: гирехчахои ревматоиди, иллати пуст, шуш , дил ,узвхои хозима ,чигар , чурда ,

системаи асаб , чашм


системаи асаб , чашм
Дар аксар беморон камхунии гиперхромии амилоидози дуюмдарачаи узвхои дохила пайдо мешаванд.
-Гирехчахои ревматоиди аломати хоси АР аст , ки хангоми баландшавии фаъолияти илтихоби пайдо мешаванд. Дар мархилаи гайрифаъоли бемори андозаашон хурд ё умуман гум мешаванд. Онхо гиреххои дурушти , бедард, хастанд,ки андозаашон аз 2-3мм то 2-3см мерасад ва аз бофтаи пайвасткунанда иборат хастанд.
-метавонанд характ кунанда буда, дар зери пуст чойгир шуда ба устухон ё апоневрози мушакхо часпанд. Аксар дар чойхои бисёр осебмеёфта чойгир мешаванд-найи ахиллови.


Баъзан гирехчахои ревматоиди дар шуш, миокард, дарготхои дас пайдо мешаванд. Дар пойхо чойгир шуда, метавонанд боиси кандашавии онхо шаванд.
-Лимфоаденопатия ба АР хуручкунанда хос аст. Аксар ба спленомегалия мушохида мешавад. Гиреххои лимфатики зерикаши, оринчи, зеричоги, гардани калон мешаванд . Лимфоаденопатия пахншуда дар чунин намудхои АР мушохида мешавад. Синдроми Фелти, бемории Стилла дар калонсолон.
Васкулити ревматоиди сабаби асосии пайдошавии иллатхои системави дар беморони АР серопозитиви аст . Дар аксар беморон ба намуди синдроми Рейно мегузарад. Дар ин холатхо тангшавии артерияхои зерипуст дар натичаи хунукхурии дастон ба меояд. Панчахо сафедчатоб, баъдан кабудчатоб, варамида аз хисоби дилатасияи компенсатории баъди-

пиемики мешаванд .


пиемики мешаванд .
Васкулити рагхои пуст боиси пайдошавии ливидо дар пойхо –сурати махсуси варидхои зерипусти дар пусти сафедчатоб ва тунукшуда. Дар зонухо хунрезихои зерипусти махви бофтахо ба назар мерасад. Догхои хокистарранг, ки дар натичаи микроинфарктхо пайдо мешаванд дар нохунхои даст ва пой ба назар мерасанд.
Бемории ревматоидии шушхо дар бемороне, ки титри баланди фактори ревматоиди доранд, метавонад ба намуди пневмонит ,алвеолити фибрози гузашта ба норасоии нафас оварад. Дар шушхо хирросхои намноки майдахубобчавии, крепитасияи беовоз шунида мешавад.
-патологияи дил бо намуди миокардити гранулематоиди, ки зохир мешаванд ба намуди экстрасистала , блокадаи системаи гузарониши дил


перикардита хушк-хангоми гушандози соиши хишки перикард, баъдшавии интервали ST дар ЭКГ. Баъзан парокхои компенсатори-норасогии дарготи митрали, норасогии дарготи аорта.
-Осеби ревматоиди гурдахо-гломерулонефрити имуннокомплексии музмин ки ба норасоии кори гурда меорад. Пайдошавии симптомхои нефретики аз амилоидози гурда вобастаги дора.
Полинейропатияи периферики,ки дар беморони АР пайдо мешавад ,ки ба намуди вайроншавии хиссиёт,баъзан- харакат зохир мешавад.
Дар баъзе холатхо синдроми мигрен пайдо мешавад, ки ба норасоии функсионали ва гиперплазияи гадудхои дахон, дигар гадудхои эндокрини, пайдошавии пардахои луоби, конюктива бо пастшавии биниш, узвхои хозима меорад

ташхис:


тахлили умумии хун: камхунии гипохроми, микдори лейкоситхо дар хун дар меъёри , лейкопения хангоми спленомегалия(синдроми Фелти) пайдо мешавад,СОЭ баланд мешавад.
Биохимия : баландшавии микдори фибрин, фибриноген ,алфв-2 глобулин ,серомукоид, гаптоглобулин.
Ташхиси имуннологи: баландшавии титри фактори ревматоиди дар хун( на камтар аз 1:32 реаксияи Ваалер-Роузе) хангоми АР серопозитиви . Хангоми АР серопозитиви дар фактори ревматоиди танхо моеъи синовиали пайдо кардан мумкин аст .
Пунксияи бугумхои иллатёфта: баландшавии гализи ба микдори элементхои хучайрави, нейтрофилхо, фактори ревматоиди, рагоситхо.


Биопсия ва биоптати пардаи синовиали бугумхои иллатефта: махфи баъзе кисмхои бофта чамшавии фибрин дар синовил пролиферасияи хучайрахои силовиали .
Барои ташхиси амилоидози дуюминдарача биопсия аз пардаи луобии дахон рудаи рост мегиранд. Тест бо махлули рангкунандаи Конго-Роно мегузаронанд ва клиренси онро дар роххои пешоббарор муайян мекунанд. Чи кадар , ки зиёд махлул дар организм нигох дошта мешавад, хамон кадар зиед амилоидоз дар узвхои дохила пайдо шудааст.
Ташхиси УЗИ амилоиди нефросклероз.
Дар он сурат ташхиси АР мемонанд, вакте 4 ва ё зиёд аз он аломатхои клиники бошанд:
1. Махдудияти бугумхо пагохирузи , ки накамтар аз як соат давом мекунад.


2. варамидагии се ва зиёд аз он бугумхо
3. илтихоби симметритикии бугумхо
4. тагиротхои рентгении хос(остеопороз, узури ва дигар хо)
5. гирехчахои ревматоиди
6. титри фактори ревматоиди дар хун бисер баланд аст
Аз руи муайяндодхои клинико-лаборатори дарачаи фаъолноки:
-Oдарача(фаъолият нест,ремиссия) махдудияти сахаргохи нест , нишондодхои лаборатори ва биохимия дар меъёр
-Iдар(фаъолияти минимали) махдудияти сахаргохи давомнокиаш то 30 дакика гипертермия ва варамидагии бугумхо на он кадар бараъло аст СОЭ то 20-24мм/соат СРБ(+), алфа-2-глобулин 12-15%


IIIдарача(фаъолияташ баланд)-махдудият дар давоми руз, дардхои шиддатноки бугумхо, варамидагии барзиёд, гипертермии пуст дар бугумхои иллатёфта СОЭ зиёда аз 40 мм\соат, лейкоситоз 12-45мм\соат,анемияи гипохроми СРБ(+++), алфа-2-глобулинхо зиёда аз 15%
Нишонахои хоси синдроми Фелти:
-баландшавии харорат
-серопозитиви-баландшавии титри фактори ревматоиди дар хун
-полиартрити вазнини деструктиви, амиотрофи
-гирехчахои ревматоиди, дигар нишондодхои системави АР
-спленомегалия(аломати доими)
-лейкопения бо нейтропения, анемия,баландшави СОЭ


-имуннодефицити нейтропеники бо майли ба беморихои сирояти
Нишонахои хоси бемории Стилла дар калонсолон
-асоси: серонегативи-пробахо манфи
-лихорадкаи дурудароз
-артрит ё артралгияи устувор бо иллатёбии кисми гардани сутунмухра
-доначахои макуло-палулёзи
-иловаги:нейрофилез, лимфоаденопатия, гепатоспленомегалия, полисерозит, майл ба инфексияхои парафаренгиали.
Ташхиси тафрикави
-бо ревматизм, остеоартроз, бемории Рейно, Бехтер.
-ревматизм аз АР бо он фарк мекунад,ки осебии бугумхо кутохмуддат аст дар саршавии бемори


тагиротхои деструктивии бугумхо анкилоз мушохида мешавад.
-тагиротхои эксудативи , дард дар бугумхо хангоми ревматиз тез ва ба пурраги аз истифодаи доруворихои зиддиилтихоби гайристероиди мегузарад. Хангоми ревматизм дар навбати аввал тагиротхои вазнини гемодинамики, ки сабабашон нуксони дил аст меистад, ки дар АР мушохида намешавад.
-хангоми остеоартрози якуминдарача аксар вакт бугумхои байни панчагии дистали дастон осеб меёбад пайдошавии остеофитхои наздибугуми- гиреххои Гебердон, ки дар АР нестанд
-дар остеоартрози якуминдарча махдудият, варамидаги гиперемияи пуст дар бугуми иллатёфта мушохида намешавад. Тагиротхои лаборатори ва биохимиявии илтихоби нестанд.


Фактори ревматоиди дар хун ва дар моеъи синовиали нестанд.
Рентген: склерози сутхондрали, остеофитхо,ки дар АР нестанд
Дар бемории Рейтер бугумхои пой ассиметри осеб меёбанд.
Фасциити зерипои, осебёбии банди ахили,сакроилеит.
Тагиротхои хоси деструктиви дар бугумхои майдаи даст нест. Дар хун фактори ревматоиди ёфта нашуд.
Бемории Бехтерева ё ки спондилоартрити анкилози бо осебёбии бугумхои сутунмухра аз артрити ревматоиди фарк мекунад. Бемори бо сокроилеит сар карда то гардан пахн мешавад. Анкилозхо сутунмухраро ба «чуби бомкуни» монанд сохта, хатто


харакатнокии сутунмухраро кам месозад. Барои беморхо холати «талбандаги» бо хам шудани миён ва сар хос аст.
Шакли периферии бемори Бехтерева бо илтихоби бугумхои зону, косу рон, кигох-гох хангоми артрити ревматоиди дучор мешаванд.
Накшаи ташхис:
-тахлили умумии хун
-тахлили биохимияи хун: фибриноген, фибрин, гаптогеобинхо,серомукоид, алфа-2-глобулин, СРБ
-ташхиси иммунологи: фактори ревматоиди, гардиши комплекси иммунологи, криоглобулинхо, антителахои антикеративи.
-Рентгенографияи бугумхо
-пунксияи бугуми осебдида бо тахлили морфологии пунктат


-Биопсияи пардаи синовиалии бугуми осебдида, тахлили морфологии биоптат
-ташхиси УЗИ гурда ва чигар
-ЭКГ
-Ташхиси эхокардиографи
Табобат :
-истифода мешавад дорухои зидди илтихобии гайристероиди
-диклофенак-натрий(артофен)0,00=25-0,05-3бор дар як руз, истифодаи даруни
-ибупрфен 0,8 3-4бор дар як руз истифодаи даруни
-напроксен 0,5-0,75 ду бор дар як руз истифодаи даруни
-индометасин 0,025-0,05 се бор дар як руз истифодаи даруни
Бемороне, ки захми меъда ва рудаи дувоздахангушта


доранд дорухои зидди илтихобии гайристероидие дорои хусусиятхои селективи мухосирави ба ЦОГ-2 доранд, истеъмол мекунанд.
Нимесулид 0,1 ду бор дар як руз и/д
-хангоми артрити ревматоиди серопозитиви дорухои аз тилло тайёркардашуда истеъмол мекунанд
-кризанол 17мг,микдори табобати -34мг як бор дар як хафта, дохили мушаки гузаронида мешавад
-тауредон- дохили мушаки ду бор дар як хафта . Дар 3 инексияи аввал 10мг, дар инексияи 4-6 бо 20мг ва баъдан 50мг
-ауронофин-6мг дар як руз микдори шабонарузи бо истифодаи баруни 1-2 бор хангоми хурок хури.
-иммунодепресантхоро хангоми артрити ревматоиди фаъолияти миёна ва баланд дар муддати 3-6 мох

истифода мебаранд


истифода мебаранд
Натичаи табобати иммунодепресанти баъди 3-4 хафтаи табобат маълум мешавад.
-метотрексон 7,5-15мг дар як хафта.
-азатилорин 50-150мг дар як руз
-сиклофосфан 100-150 мг дар як руз
-Д-пенсиламин беморони бо артрит ревматоиди серопозитиви бо холатхои намоёни бемори истеъмол мекунанд
-трупренил 0,25-0,75мг дар як руз дар давоми 6-9 мох . Дар 8-хафтаи аввал микдори нихоят баланд дода мешавад. Агар дар муддати 4-мох натича набошад истифодаи доруро манъ мекунанд.
-дорухои зиддиилтихобии сулфаниламидхо дар беморони АР бе ягон тагироти системативи истеъмол карда мешад


Сулфасалазин дар хафтаи аввал бо истеъмоли даруни бо микдори 1,0г дар як шабонаруз, хафтаи дуюм 1,5г дар як шабонаруз ва хафтаи сеюм 2,0гдар як шабонаруз
Дорухои аминохинолиниро хангоми АР фаъолитияшон миёна ва нихоят кам истифода мебаранд.
-делагил 0,25дар як руз бо истифодаи даруни
-глюкокартикоидхо хусусияти устувор ва тезмуддати зиддиилтихобиро доранд. Истифодаи зерин натичаовар мебошад :
-аз 5 то 7,5мг преднизалон дар якчояги бо дорухои зиддиилтихоби гайристероиди таъин карда мешавад.
-АР дарачаи баланди бо тагиротхои систематики табобати набзи бо метилпреднизалон бо микдори 1000мг дар як шабонаруз дар муддати 3 руз паи хам


Хангоми васкулити ревматоиди фаъол бо осеби душвори некротикии узвхои даруни рузи дувум 1000мг циклофосфонро мегузоранд.
-гузаронидани глюкокортикоидхои дохили бугумхо
-дубора гузаронидани метилпреднизалон ё ки депомедролро бо микдори 40мг баъди 1-5 хафта
-гидрокартизонимусуксинатро бо микдори 125мг як бор дар як хафта
-дар бугумхои калон микдори пурраи,мукдори миена 50%, дар дар бугумхои хурд 25% меъёрхои нишондодашуда.
-плазмофарез 9мг аз табобатхо натичаоварро АР мебошад.
-беморихое,ки гардиши комплекси иммунологи баланд аст, фактори ревматоидид бо микдори баланд тавсия дода мешавад.


Барои табобати амилоидози дувуминдарача истифодабарии диметилсулфаксид(димексид) тавсия дода мешавад.
Табобатро бо 12 дар як шабонаруз каме 1% махлулро бо истифодаи даруни баъди хурок . Мукдори доруро хар хафта 12 баланд мекунанд, то 3-5г дар як руз.

остеоартроз


Остеоартроз-бемории музмини бугумхо бо пайдошавии мавкеъи остеосклероз дар тагояки бугум , бо тагуротхои дегенеративи ва деструктиви тагоаки бугумхо, синовиити дуюмдарача, остеофитхо, деформасия ва махдуди харакати бугумхо.
-занхо нисбат ба мардхо 2 баробар зиёдтар гирифтори бемори мешаванд.
Якумин ва дуюминдарача метавонад бошад.
Якуминбор пайдошуда дар бугумхои пештар осебнаёфта пайдо мешавад.
Ба омилхои харакати инхоянд:
-кори чисмонии дурудароз
-атлетикаи вазнин

-фарбехии аз хад зиёд


-фарбехии аз хад зиёд
-Остеопароз
Остеоартрози дуюминдарач дар бугумхои пештар осебёфта пайдо мешаванд. Ба ин холати илтихоби оварда мерасонад: АР, артритхои реактиви, беморихои модарзоди ва дар давоми хаёт пайдо- шудаи бугумхо, беморихои эндокрини(акромегалия диабети канд) тагиротхои метаболитики( подагра, гемохроматоз).
Патогенез : фишори аз хад зиёд ба бугумхо ки ба шикастагихои хурди устухонхои таги тагоякчойгиршуда меоварад, ки дар натича илтихоби асептики пайдо шуда ба остеосклерози субхондрали меоварад.

Тасниф:


I.Намудхои этипатологи
1Якуминдарача
2дуюминдарача
II. Намудхои клиникави
1Полиартрози гирехи ё гайри гирехи
2Олигоостеоартроз
3Малоартроз
4Остеоартроз бо спондилёз,спондилоартроз, остеохондрози сутунмухра
III.Чойгиршавии иллат:
Бугумхои байни панчави бо гирехи Бушар-Гебердон
Бугумхои косу рон (коксартроз)


Бугумхои зону (гонартроз)
Дигар бугумхо
IV.Мархилаи рентгени:
O дар-бе тагирот
I склерози субхондрали остеофитхои канори
II чизе,ки дар I дарача хаст, остеосклерози субхондрали бараълотар, тангшавии ковокии бугум
III склерози субхондрали бараъло намоён аст остеофитхои канори зиёданд, ковокии бугум аз хад зиёд
IV деформасияи дагали бугум, ковокии бугум намудор нест, остеофитхои канори дагал ва зиёданд.
V. Вайроншавии фаъолияти бугумхо
ВФО-фаъолияти бугум тагир наефтааст,кобилияти тахассуси тагир наёфтааст.


ВФI-фаъолияти бугум аз байн рафта кобилияти тахассуси киман бокимонда
ВФII-кобилияти тахассуси аз байн рафтааст
ВФIII-бемор ба нигохбинии дигарон ниёзманд аст
Хусусиятхои клиникави Оадар бугумхои гуногун
Хангоми ОА бугумхои зону (гонартроз) беморон ба дард дар зону хангоми харакат, баромадан ба зинапоя ва орм шудан хангоми харакат накардан шикоят мекунанд. Крепитасияи бугумхо, варамидагии онхо мущохида мешавад. Махдудуяти сахаргохи муддати ним соат давом мекунад.
ОА бугумхои даст: мадудуяти пагохирузи муддати ним соат, синовиити бугумхо, греххои Гебердон Бушара


ОА сутунмухра: кисмхои миен ва гардани сутунмухра осеб меёбад. Метавонад бо 3 намуд гузарад:
-спонделёз-вакте байни сутунмухрахо остеофитхо ба намуди «щилхо» пайдо мешавад.
-спондилартроз-иллатёбии зиёди пайвастагихои байнисутунмухрави
-остеохондроз-осеби дискхои байнисутунмухрави бо дуруштшави, кашишхури, баромадани халкаи фибрози, пайдошавии чурраи шморле мегузаранд.
Хангоми иллати кисми гардан сутунмухраи беморон ба дарди гардан, мадудияти харакати гардан, ки хангоми зурзани , сулфа шиддат мекунад, шикоят мекунанд.
Хангоми иллати кисми миёни сутунмухра беморон бо дардхои миён, ки хангоми харакат, бардоштани бор зиёд мешавад.


Дар беморони сподилоартроз ё остеохондрози миён дошта метавонад клиникави пайдо шавад.
-люмбагои шадид- дард шадид дар кисми поёни миён
-ишиас-дард дар мавкеъи асаби пой
-люмбоишалгия-дард дар миён дар равиши асаби пой.
Иллатебии бугумхои кос (коксартроз),ки беморон ба дард дар бугумхои косу рон шикоят мекунанд. Хангоми шиддати бемори махдудуят дар бугумхои кос дида мешавад.
Дар натичаи кутохшавии гарданаки устухони рон дарозии кой кутохтар мегардад. Хангоми иллатёбии яктарафа яктарафа лангидани устувор пайдо мешавад


Хангоми коксартрози дутарафа гардиши мургобимонанд пайдо мешавад ,ки бемор хангоми вазни худро ба бугуми осебёфта партофтан мачбур аст. Кисми бологии баданро пеш хам карда кисми поёниашро кафо мебарад.
_Хангоми коксартроз атрофияи мушакхои рон ба амал меояд. Агар бугуми китф иллат ёбад беморон ба гиччоз хатомии харакати даст, дардманди махдудияти дар он шикоят мекунад.
-Полео стеро артроз ( артрози Келлигрен)иллатёбии се ва зиёда бугумхо ,зону,косу рон,байни панчавии дистали.
Ташхис:
-Ташхиси лабаратории моеъи синовиали: лейкотситоз камтар аз 2000- дар 1мкл,
Нейтрофилхо камтар аз25%.
-Ташхиси рентгени аломатхои хоси остеоартрозро нишон медихад.
Остеоатрози субхонррали.

Остеоартрози канори


Остеоартрози канори
Тангшавии ковокии бугум
Киста дар мавкеи субхондралии устухон
Кальцификацияи догдори тагояк
Тахлили биохимиявии хун ягон таъгиротхои чиддиро нишон намедихад.
МРТ,ТУС имкон медихад таъгиротхои амики дискхои байни сутунмухравиро омузанд.
Ташхиси тафрикавии остеоартрозро дигар иллатёбии бугумхо ва бофтахои наздибугуми мегузаронанд. Дар навбати аввалостеоартроро бо артрити ревматоиди: дар ОА хангоми ташхисхои лабаратори ва биохимияви нишонахо илтихоба манфиянд.Дар хун комплексхои иммуни ,фактории ревматоидиро низ муайян кардан мумкин нест. Хангоми ташхиси рентгени дар беморони АР дошта остеофитхо ва склерози субхондрали муайян карда намешавад.
Хангоми ОА остеопороз ва узурхои бугумхо,ки дар АР вомехураанд, нестанд.
-бо спондилити анкилози (бемории Бехтерев) –дар ин бемори сакроилит хос аст,ки дар АР вонамехурад.

Накшаи ташхис:


Накшаи ташхис:
Тахлили умумии хун тахлили биохимияви хун:фибрин, туршиии синовиали, алфа-2-глобулин
Тест ба фактори реамотоиди
Ташхиси рентгени бугумхои осебёфта
Табобат: -барои бехтар шудани табобат ба беморон тавсия медиханд то кори чисмониро махдуд кунанд.
-хангоми ОА сутунмухра бемор бояд болиштро дар таги гардан монда дар чойгахи дуруш хоб кунад.
-хангоми шиддати дард ба бемор дорухои зиддиилтихоби гайристероиди тавсия медиханд: индометасин 0,025 се бор , диклофенак-натрий (валтарен) 0,025 се бор, пироксилан 0,01 се бор.
Ба бугумхои осебёфта апликпсия бо димексид мегузаронанд.
-гузаронидани глюкокортикоидхо бадохили бугум
-барои сабукии дард ба дохили бугум 5мл 5% поливинилпирролидон мегузоранд.


Тавсия додан мумкин аст доруворихои биогениро-хондропротекторхо, ки мубодилаи моддаро дар тагояк бехтар карда, боиси чудошавии зиёди моеъи синовиал мегардад.
Артепарен 25-50мг д\м як хафта 2 маротиба, хамаги 40 инексия, румалон 2мл д\м дар як хафта як маротиба –хамаги 15 инексия
-табобати физиотерапи: парафин, озекарит ба бугумхои иллатёфта, ултразвук, маннитотерапия, электрофарез бо дилексид, лидаза, йодид калия.
-табобати санаториро дар чойхои мегузаронанд, ки манбахои радони, сернисти, лойхои шифобахшанда доранд.
Табобат бо чаррохи тез гузаронидан мумкин аст:ламинэктомия, остеотомия, эндопротеази бугум.

Никрис(Подагра)


Подагра беморие мебошад, ки дар натичаи вайроншавии мубодилаи пурин ба амал омада, ба баландшавии туруши пешоби дар хун, ктистализасияи турушии пешоби ва намакхои он дар пуст, бугумхо, устухонхо, гурдахо, ки ба илтихоби асептикиибугумхо оварда мерасонад.
Сабабхои пайдоиш: бемори аксар дар синусоли 45 сола сар мешавад. мардхо 20 маротиба зиёдтар гирифтори бемори мешаванд. Агар занхо гирифтори бемори шаванд, танхо баъд аз климакс.
Вобаста аз сабабхои пайдоиш 2 намуди бемори мавчуд аст
Подаграи якуминдарача
Подаграи дуюминдарача
Подаграи якуминдарача ё идиопатики-ин бемори дар натичаи нуксони генетики, кисинтези ферментхое, ки дар мубодилаи пуринхо иштирок мекунанд ба амал меояд.
Ба бемори гайр аз нуксони генетики боз сабабгор мешавад:


Истемоли зиёди хурокахое, ки мукдори барзиёди пуринхо доранд(махсулоти гушти, донаги) истемоли мумтазами машруботи сипирти
Подаграи дуюминдарача дар натичаи аз хад зиёд чамшавии туршии нуклеини ё вакте гурдахо бо душвори уратхоро мебароранд. Ба чунин беморихо диабети канд, гемобластозхо, омосхо, камхунии генетики, псориаз, саркоидоз, норасоии музмини гурдахо дохил машаванд-метавонанд дар бемороне, ки дурудароз баъзе доруворихо:эуфилин, кофеин, димедрол,аспирин, салуретикхо, ситостатикхо, кортикостероидхо, вит В12 кабул мекунанд, пайдо мешавад.

Патогенез


Дар меъёр консентрасияи туршии пешоби дар хун 0,12-0,24 ммол/л аст. Хангоми подагра гиперуремия мушохида мешавад. дар натича фагоситози уратхо бо нейтрофил ва натичаи он чудошавии микдори зиеди ферментхо.
Дар мархилаи чорим дуруштшави, деформасияи бугумхо мушохида мешавад.
Клиника: дар клиника 4 мархила чудо мекунанд:
Мархилаи латенти-дар ин мархила аломатхои клиникавии иллатёбии бугумхо, гурда, пуст нестанд.дар беморон хангоми муоинаи тасодуфи дар хун консентрасияи баланди турши пешоби ва уратхоро муайян кардан мумкин аст.
Мархилаи дуюм- артрити подаграгии шадид. Одатан бемори ногахон сар шуда одатан як бугум осеб мебинад. Пусти болои бугуми осебдида гарм, сурхчатоб. Температура 39-40
Мархилаи байни хуруч-баъд аз якум хуручи бемори бемор якчанд муддат худро каноатбах хис мекунад.бо хар хуручи оянда мархилаи хомушии бемори кутохтар мешавад. Дар ин мархала дар бугумхо тофусхо пайдо мешавад. Тофусхо гайр аз бугумхо дар гуш пешонипардаи луоби бини,найи


ахилов, пайдо мешавад,ки ранги зардчатоб дошта болои пуст чойгир шуда хангоми палмосидан бедарданд.
Хангоми вайроншавии тофусхо моуъи сафедчамонанд чудо мешавад.
Мархилаи чорум-артрити подаграгии музмин, ки мархилаи охири бемориро ташкил медиханд, ки тагиротхои даруни дар бугумхо пайдо шуда, беморонро ба пурраги кобилияти корро-сардангум мекунанд ва ба рии атрофиён ниёзманданд.
Ташхис: дар асоси анамнези бемори натичахои ташхисхои лаборатори ва аломатхои клиникави, рентгенологи, таркиби моеъи синовиали, ташхиси морфологии пунктати тофусхо гузошта мешавад. дар мархилаи аввали бемори тахлили умумии хун бе тагирот. Артрити шадиди подагри бо лейкоситоз нейтрофили бо майли ба чап бфланд СОЭ мегузарад.
Ташхиси биохимиявии зардоби хун- баландшавии консентрасияи туршии пешоби (дар меъёр на зиёда 0,23мкм/л). Хангоми осебёбии гурдахо ва НМГ мумкин аст дар хун баландшавии меъёри мочевина ва креатиниро мушохида кард.


Дар мархилаи шадиди артрити дар хун маркерхои реаксияи илтихоби- баландшавии меъёри фибрин дар хун, серомукоид, алфа-2-глобулинро кайд кардан мумкин аст.
Тахлили умумии пешоб дар мархилаи аввали бемори бетагирот. Дар тахшини пешоб мумкин аст ба микдори зиёд кристаллхои уратро мушохида намуд. Дар мархилаи охири бемори бемории санги гурда, нефрити интерстисанионали НМГ, пастшавии зичии нисбии пешоб, гематурии пешоби, протеинурия мушохида мешавад.

- Бо максади ташхис пунксия ва ташхиси биохимиявии моеъи синовиалиро мегузаронанд. Дар моеъ микдори зиёди лейкоситхо ба хусус нейтрофилхо (10-60х10⁹/л) муайян карда мешаванд, зери микроскоп намакхои туршии пешоби, нейтрофилхо, кристаллхои урати натрийро мушохида мекунанд - дар пунктати тофус хангоми микроскопия моеъи аморфи, ки дар он методи биохимияви, туршии пешоби ва намакхои он муайян мешаванд - Ташхиси рентгенологи метавонад нушокахои зерини осебёбии никрисро пайдо кунад Симптоим «дамиши» канори устухон -нуксони кисташакли эпифиз бо вайроншавии кабати кортикалии устухон -нуксонхои мудаввари «мухршакл»-и устухон бо андозаи 2-3 см хатман бо рохи рентгенопозитивии остеосклерози ихота шудааст -васеъшавии сояи бофтахои нарм дар минтакаи назди шараёни аз хисоби такшиншавии уратхо Бо тавсияи Ассотсиасияи ревматологони ИМА ташхиси никрис бо чунин критерияхо асоснок карда мешавад: - муайян кардани кристаллхои намакхои туршии пешоб дар моеъи синовали - тофусхои бо усули лаборатори муайяншуда - мавчудияти 6 ва зиёда аломатхои аз 12-то дар поён номбаршуда: 1. зиёдааз як хуручи шадиди артрит 2. дарди шадид ва реаксияи илтихоби хангоми артрити шадид дар якум шабонарузи бемори 3. Артрити шадиди як бугум (моноартрит) 4. Сурхшавии баръалои пусти бугуми осебёфта 5. дард ва варамкунии атрофи бугуми пешпанчаи ангушти калони панчаи пой 6. осебёбии яктарафаи ангуштикалони панчаи пой 7. осебёбии яктарафаи бугумхои пойпанча 8. гирехчахои монанд ба тофусхо 9. баландшавии меъёёри туршии пешоби дар хун 10. варамидагии асимметрикии бугумхои иллатёфта 11. Дар рентгенограммаи устухонхо пайдо кардани кистахои субкортикали бе эрозия 12. набудани микробхо дар моеъи синовиалие, ки аз бугумхои иллатёфта мегиранд
Ташхиси тафрикави бо беморихои артрит, хосилшавии гиреххо, бандаи деструктиви дар устухонхо. Мохияти ташхиси мукоисави дар тахлили чамъи клиникави, лаборатори ва нишонахои инструментали мебошад.
Хангоми остеоартроз остеоартрози гирехмонанди наздикии бугумхои байниангуштии даст, ки онхоро дагалона ба тофусхои подаграви монанд мекунанд, ёфт мешавад. хангоми остеоартроз аломатхои клиники ва лаборатории илтихоб вучуд надорад,двр пусти болои бугуми осебдида сурхи дида мешавад.
Гирехчахои Гебердени ваБушара назар ба тофусхо сохти мустахкам доранд. Хангоми остеоартроз манбаи штамнавие, ки ба подагра хос аст, дар эпифизи устухонхо ёфт намешавад.
Артрити подаграви бо хамрохии тофусхо бо АР- мукоиса кардан зарур аст.дар байни чунин гурухи беморон фаркиятхои сунусоли вучуд доранд.
АР дар чавонон дида мешавад. хусусан занон, аммо подагра хос аст да синну соли калон ва мардон.
Хангоми подагра дар хун титри баланди фактори ревматоидиро, нуксонхои мухрашакл дар эпифизхои устухон, ки бо рахи остеосклерози ихота шудааст, кристалхои турши пешобаро дар моеъи синовиали ёфтан гфйримумкин аст.
Дар мукоиса бо тофусхо, гиреххои ревматоиди дуруштанд ва ягон бор кушодашавии онхо ба назар намерасад.


АР узурасияи ва анкилози бугумхои осебдидаро ба вучуд меорад, дар подагра чунин тагиротхо мушохида намешавад.
Хангоми ташхиси тафрикави бо полиартрити шадиди ревматоиди чунин холатро ба назар мегиранд, ки полиартрити подагри одатан дар одамони калонсол мушохида мешавад. ба полиартрити ревматоиди одатан одатан чавонон гирифтор мешаванд.
Хангоми подагра нуксони дарготхои дил ба амал намеояд ва дар хун антителахои мукобили срептакокк хосил шуда муайян карда намешавад.
Хангоми бемории Рейтер илтихоби ассиметрии бугумхо ангушти якуми пой бо дард, варам , сурхшавии он мушохида мешавад(артрити псевдоподагри). Вале дар кийс бо бемории Рейтер: хангоми подагра конивит, уретрит, осебёбии пуст ва тестхои серологии сирояти хламидиоз муайян мекунад, манфи мебошад.
Накшаи муоина:
тахлили умумии хун


Тахлили биохимияи хун турушии пешоби, серомукоид, гаптоглобинхо, фибрин, алфа-2-глобулин, сафедаи хун, мочевина,креатинин.
Тахлилу умумии пешоб.
Санчиши бо усули Земниский.

ТАБОБАТ Тарзи табобати беморони никрис вазифахои зеринро дар бар мегирад: -баркароркунии мубодилаи муътадили пурини: фурунишонии синтез ва дохилкунии урати сермахсул -несткунии хамалаи шадиди артрити никриси -муоличаи артрити никриси музмин -устуворкунии метаболизми пурин ба тарики воия хурока ичро карда мешавад, Манъкунии дорухои фармакологи, ки барои инкишофи никрис мусоидат мекунанд -махсулоте, ки дар таркибаш микдори пурини баланд аст, истеъмолаш камтар ё ки тамоман манъ карда шавад. Инхо гушти хайвоноти чавон, паррандахо, чигар, гурда, шуш. Гизохои нахуди ё ки боднок -беморон бояд донанд, ки истеъмоли зидди кахва ва арак ба мубодилаи пурин таъсири манфи мерасонанд -ба беморони никрис дорухои пешоббарори тиазиди тавсия дода намешаванд: туршии асетилсалисилат, эуфиллин, димедрол, ки хамлаи шадиди никрисро тахрик мекунанд - Дар варианти никриси метаболики синтези аз меъёр зиёди кислотаи карбамид тавсияи аллопуринолро фуру менишонад. Табобатро бо истеъмоли 100 мг дору дар як шабонаруз сар мекунанд - хангоми урикемияи зиёда аз 0,6 ммоль/л, дар холати мавчуд будани тофусхо, сангхо уоати дар хавзани гурда,норасогии гурда, микдори дору 100 мг хар хафта то 600 мг/шр баланд мекунанд - хангоми норасогии гурда микдори аллопуринол набояд аз 100 мг/шр зиёд шавад - Барои барориши интенсивии уратхо аз гурдахо антуранро бо 0,2-0,4 дар як ш/р тавсия мекунанд.Бо хамин максадпробенецид (бенемид)-ро бо 0,25 2 бор/шр аввали хафта бо зиёдкунии микдор то 0,5 2 бор/шр истеъмол мекунанд - хангоми натичаи нокифоя ва тахаммулкунии каноатбахш микдори пробенецидро то 0,5/шр хар 4 хафта то дарачаи нихоят баланд -3 г/шр баланд мекунанд. Дорухои зикршуда реабсорбсияи намакхои туршии карбамид дар каналхои гурда фуру менишонад - Барои пешгирии хосилшавии сангхои пешобгузаристеъмолионхо бояд бо истеъмоли 2-3 л об/шр анчом ёбад. Антуран ва парабенецидро ба бемороне, ки нефропатияи никрис ва беморихои санги пешобгузар истеъмол номумкин аст - тартиботи муътадил кам намуди таркиби туршии карбамид дар бадани бемор мувофик мебошад - Аллорпуринол, антуран,пробенецид ва дигар маводхое, ки ба дарачаи туршии карбамиди дохили хун таъсир мерасонанд, хангоми хамлаи шадиди никрис истифода бурдан мумкин нест - тагьироти консентратсияи уратхо дар хун давомнокии хамларо зиёд мекунад. Азин сабаб, агар артрити шадид аз сабаби истифодабурдани маводхои гипоурикемики ба вучуд ояд,дар ин холат чунин маводхоро ба микдори пештара давом додан мумкин аст - Яке аз воситахои фоидаоваре, ки микдори туршии карбамидро дар баданкаммекунад, бензбромарон мебошад. Чунин мавод фоидаи дучанд дорад. Ин мавод хосилшавии туршии карбамидро кам карда, хоричшавии онро зиёд мекунад ва реабсорбсияи каналии уратхоро кам мекунад. Ин мавод дорои фоидаи гипоурикеми буда,назар ба аллопуринол таъсироти манфиаш камтар мебошад - Хамлаи шадиди артрити никрисиро бо истеъмоли маводхои зиддиилтихобии гайристероиди бо микдори зиёд нест кардан мумкин аст. Индометасинро бо микдори 0,075 ва баъд бо микдори 0,05 хар як 6 соат то пайдоиши аломатхои бехтаршавии холати бемор ва баъд табобатро бо истеъмоли 0,025 3 бор/руз давом медиханд. Чунин натичаро хангоми табобати артрити никрисии шадид бо натрий диклофенак (волтарен) ва бутадион ба даст овардан мумкин аст - Колхисин ё, ки «нитроглисерин»-ро то нестшавии хамлаи шадиди артрити никриси истеъмол мекунанд.Ин яке аз бехтарин маводое, ки дард ва дигар аломатхои илтихобро босуръат кам мекунад. Колхисинро 1 мг-и хар як ду соат ( на кам аз 4 мг/шр) истеъмол мекунанд. Дар рузи дуввум бемор 3 мг ва дар рузи сеюм – 2 мг маводро истеъмол мекунанд. - дар холати шадид барои осон намудани холати бемор дохили бугуми осебдида аз 10-40 мг метилпреднизолонро гузаронидан мумкин аст - Хангоми дарди бенихоят сахт истеъмоли 30-60 мг кадеин ё 50-100 мг меперидин тавсия дода мешавад - бо максади баркарор намудани бугуми осебдидаи беморихои бо артрити никрисии музмин бояд табобати чисмони гузаронанд. Ба чунин беморхо осоишгоххои табобатие, ки дар наздикии обхои сулфиди ва радони чойгиранд,тавсия дода мешавад - дар рузхои аввали табобати санатори шадидияти илтихоби бугуми осебдида, мумкин аст. Аз ин сабаб дар 1-2 хафтаи аввали табобати санатори беморон бояд бо микдори зиёд маводхои зиддиилтихобии гайристероидиро (индометасин, бутадион, диклофенаки натрий) истеъмол намоянд - тофусхои калон ва инфилтрати уратии нихоят баланди бугумхо, ки бо вайроншавии тагояки эпифизи устухонхо меоварад, бо табобати дорувори натичаи мусби намедихад. Дар ин холат табобати чаррохи ки бо кандани тофусхо ва артропластика анчом меёбад, тавсия дода мешавад


написать администратору сайта