|
ирратсионализм. М.16.Ирратсионализм. Наша
Нақша: 4.Фалсафаи рус ва тоҷик аз нимаи дуюми асри XIX то ибтидои асри XXI Муаллиф: Мирсаидов Р. Мавзўи 14. Ирратсионализм - Дар таърихи фалсафа асрҳои XIX, XX ва ибтидои асри XXI давраи хеле мураккаб ва пуртазод ба ҳисоб меравад. Дар ин давра дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла илм, тағйиротҳои бузурге ба миён омаданд.
- Вобаста ба ин мактабҳои гуногуни фалсафие, ки ҳар кадом аз рӯи равишу услуб аз ҳамдигар фарқиятҳо доштанд, ташаккул ёфтанд.
- Нимаи дуюми асри XIX оғози давраи ғайриклассикии фалсафа маҳсуб мегардад. Дар ин давра якчанд таълимотҳои фалсафие рӯ ба ҳастӣ намуданд. Ирратсионализм (А.Шопенгауэр), фалсафаи ҳаёт (С.Кьеркегор, Ф.Нитсше, А.Бергсон), позитивизм ва неопозитивизм (О.Конт, Б.Рассел, Л.Витенштейн), экзистенсиализм (М.Хайдегер., К.Ясперс, Ж.П.Сартр), марксизм (К.Маркс, Ф.Энгельс, Г.В.Плеханов, В.И.Ленин), прагматизм (Ч.Пирс, У.Ҷеймс, Ҷ.Дюй), ратсионализми интиқодӣ (К.Поппер) аз зумраи онҳо мебошанд.
- Ҳамаи ин таълимотҳоро асосан ба ду равия ҷудо намудан мумкин аст: яке равияи ирратсионалистӣ (ақлнобоварӣ), дигаре ратсионалистӣ (ақлгароӣ).
- Фалсафаи баъдиклассикии Аврупо бо фалсафаи ирратсионализми Артур Шопэнгауэр (1788-1860) оғоз меёбад.
- Ирратсинализм равияи фалсафиест, ки хилофи ратсионализм мебошад. Он на танҳо ақлро ҳамчун омили асосӣ ва ҳалкунанда дар маърифат инкор мекунад, балки амалу рафтори одамон, ҷараёни таърих, ташаккули ҷаҳонбиниро низ нооқилона меҳисобад. Ин таълимот, баръакс, дар ин амр нақши ғариза, гумон, имону эътиқод, фаросатро асосӣ мешуморад. Шопенгауэр ба муқобили ратсионалистони (ақлгароён) ифротӣ бархеста, иродаро ба ҷойгоҳи ақл нишонда, онро асоси ҳастӣ эълон кардааст.
- Асари маъруфтарини Шопенгауер «Ҷаҳон ҳамчун ирода ва тасаввур» ном дорад. Назарияи фалсафии ин мутафаккир асосан зидди материалистӣ буда, ба худшиносии ботинӣ-рефлективии инсон асос меёбад.
- Шуур фақат дар сатҳи зоҳирии зеҳни мо қарор дорад, мо аз дарун-ботини зеҳн хабар надорем, хамчунон ки аз курраи замин фақат қишри зоҳири онро мебинем.
- Фридрих Нитше (1844-1904) дигар намояндагони маъруфи фалсафаи ҳаёт ва ирратсионализм аст.
- Нитше дар масъалаи маърифат пайрави Шопенгауэр мебошад. Вай низ ирода ба кудратталабиро асоси ҳастии олам мешуморид. Маъруфтарин осори фалсафии ӯ «Чунин гуфт Зардушт», «Иродаи рӯй ба қудрат», «Фаросӯи Худо ва шайтон» мебошанд.
- Дар афкори Нитше таъсири фалсафаи зардуштия мушоҳида мешавад.
- Ғояи ниҳоии ӯ «абармард» (супермен) мебошад, ки ниҳояти ҳадаф ва мақсадаш касби ирода ба кудрат аст.
- Танқиди Нитше аз фалсафа ва хосатан аз дини масеҳӣ ва ахлоқи он вобаста ба рӯҳияи таълимоти ахлоқии ӯст.
- Вай ахлоқи масеҳиятро ахлоқи ғуломон меҳисобад.
- Аммо, ӯ баръакси лаззатгароён (гедонистҳо) ва эпикуриён дар ахлоқ мухолифи ҳар гуна асли ахлоқиёт аст, ки инсонро ба нармӣ ва нозпарварӣ одат мекунонад.
- Ахлоқи нитшеанӣ мушкилписанд аст ва мисли спартаҳои румӣ ба риёзатталабӣ устувор мебошад. Вай мақсади ҳастӣ ва фалсафаро дар зуҳури абармард мебинад. Аммо, мавриди хилофи гуманизми вай он аст, ки даъвати худро танҳо ба гурӯҳи маҳдуди ашроф, ки лозимаи ҳукмронӣ аз болои аксарияти нолоиқро доранд, нигаронидааст.
- Позитивизм (аз калимаи лотинии мусбат) ҷараёни фалсафиест, ки солҳои сиюми асри XIX дар Фаронса ташаккул ёфта, берун аз он паҳн гаштааст. Дар маркази диққати позитивистон масъалаи муносибати фалсафа ва илм қарор дошт. Тибқи таълимоти онҳо дониши мусбати равшанро оид ба воқеият ҳамчун натиҷаи илмҳои махсус метавон ба даст овард.
- Фалсафа чун илми алоҳида наметавонад ба таҳқиқи соҳаи махсуси воқеият, даъвогар бошад ва ҳаққу ҳуқуқи мавҷудият надорад. Бино ба ақидаи позитивистон вазифаи илм он нест, ки моҳият ва сабаби ашё, чизҳо ва ҳаводиси воқеиро ошкор намояд, балки вазифаи асосии вай ин аст, ки робитаи ҳодисаҳои гуногунро дар заминаи мафҳумҳои умумӣ дарёбад.
- Илм бояд на ба саволи «барои чӣ?», балки ба саволи «чй тавр?» ҷавоб диҳад.
- Асосгузори позитивизм файласуф ва ҷомеашиноси фаронсавӣ Огюст Конт (1798-1857) буд. О.Конт дар асари худ «Курси фалсафаи позитивӣ» менависад, ки инсоният дар сайри таърихии маънавии худ се даврро аз cap гузаронидааст: якум, тафаккури динӣ; дуюм, метафизикӣ ва сеюм, тафаккури илмӣ.
- Хусусияти даври аввал иборат аз инъикоси ҳодисаҳои табиат ва вобаста кардани онҳо ба иродаи фавқуттабиӣ мебошад.
- Хусусияти даври дуюм ҷустуҷӯи моҳияти мутлақи ашё ва чавҳари ҳастӣ мебошад.
- Дар даври сеюм инсоният табиат ва ҳодисаҳои онро бо худи табиат ва падидаҳои дигари он шарҳу эзоҳ медиҳад.
- Марксизм яке аз мактабҳоест, ки аз дохили фалсафаи классикии Олмон баромадааст. Асосгузорони он Карл Маркс (1818-1883) ва Фридрих Энгелс (1820-1895) буданд.
- Сарчашмаҳои асосии назарияи марксизм, пеш аз ҳама, материализми Фейербах, диалектикаи Гегел, таълимоти сотсиалистони хаёлии фаронса Сен-Симон, Фуре, Оуэн ва иқтисоди сиёсии англис Адам Смит ва Давид Риккардо мебошанд.
- Муҳимтарин осори фалсафаи Маркс ва Энгельс «Мафкураи олмонӣ», «Қашшоқии фалсафа», «Дастнависи иқтисодӣ-фалсафӣ», «Оид ба танқиди фалсафаи ҳуқуқи гегелӣ», «Капитал» ("Сармоя"), «Людвиг Фейербах ва хотимаи фалсафаи классикии Олмон», «Диалектикаи табиат», «Анти-Дюринг», «Пайдоиши оила, моликияти хусусӣ ва давлат» мебошанд.
- Маркс дар «Тезисҳо оид ба Фейербах» мавқеи худро нисбат ба материализми гузашта муайян намуда, фарқи материализми диалектикию таърихиро аз материализми томарксистӣ нишон додааст.
- Маркс вазифаи асосии фалсафаи худро дар дигаргунсозии олам мебинад ва менависад: «Файласуфон (собиқ) танҳо дар шаклҳои гуногун оламро эзоҳ медоданд (маънидод мекарданд), аммо ҳақиқати амр дар он аст, ки вайро дигаргун бояд кард».
- Ҷавҳари таълимоти фалсафаи марксизмро омӯзиши қонунияти диалектикии такомули таърих, бовари хушбинона ба детерминизми ҷабри таърих, яъне, қонунияти тағйирнопазир ва ҳатмии рушди таърих ба самти муайян ташкил мекунад, ки он вобаста аз сатҳи ҳастии моддии ҷомеа: қувваҳо, воситаҳо ва муносибатҳои истеҳсолӣ мебошад.
- Асоси амалии марксизм бошад, таълимоти сиёсию иҷтимоии ӯст, ки ба пояи назарияи инқилоби иҷтимоӣ-синфӣ устувор аст.
- Прагматизм (калимаи юнонӣ прагма - кор, амал) ё фалсафаи амал дар Амрико ба вуҷуд омада, асосгузорони он Вилям Ҷеймс ва Ҷон Дюӣ (1842-1910) мебошанд. Тибқи ин таълимот асоси ҳақиқат на мувофиқати он бо воқеияти объективй, балки муфид ва фоидаовар буданаш аст.
- Ин фалсафаи манфиатҷӯӣ, дарвоқеъ, инъикоси рӯҳияи мардуми сармоядори Амрико мебошад. Дар ин таълимот муфид будан, албатта, маънии васеъ дорад, яъне, ҳар чӣ дар зиндагии мо ба маънои васеи он муфид бошад, ҳақиқат аст.
- Дар ҷаҳоншиносӣ прагматистҳо ба назарияи такомули доимии олам такя доранд.
- Экзистенсиализм (калимаи лотинии экзистен-вуҷуд) ба маънии фалсафаи вуҷудӣ аст. Асоси ин мактабро муқаддамияти вучуд бар моҳият, озодӣ ва фардият ташкил мекунад.
- Ин таълимот аз навъи фалсафаи инсонгароӣ мебошад. Дар он ҳастишиносӣ аз инсоншиносӣ огоз меёбад. Масъалаҳое, ки дар бораи муқаддамии вуҷуд бар моҳият гуфта мешаванд, вобаста ба инсон аст.
- Фаъолиятҳои инсон, фикр кардани вай ҳама бунёд бар як асл доранд, ки он мавҷудияти мавҷуде ҳаст, ки аз вуҷуди худ огоҳ аст. Бино бар ин, одами муқаддам, ибтидо аст ва он моҳияташро худаш эчод мекунад.
- Сохта шудани одамӣ дар зимни мубориза ва таҳаммули сахтӣ ва машаққат ба дасти худ сурат мегирад. Инсон бар хилофи махлуқоти дигар ҳамеша дар холи шудан аст. «Ман» ибтидои мавҷуд аст ва то «Ман» набошад, фикр кардан воқеӣ намегардад. Бино бар ин, вуҷуд, яъне "Ман" муқаддам бар ҳар гуна фаъолиятест ва ин моҳияти инсон не г, ки бар вучуд асос менамояд.
- Таълимоти экзистенсиалӣ инсонро озод мепиндорад. Фард дар миёни чизҳои дигар шахсияти худро аз даст иамедиҳад ва низ фард аз ҳастии хештан огоҳ аст. Вай нисбат ба таъйини моҳияти худ тасмим мегирад.
- Ба туфайли ин одам аз озодии мутлак бархурдор аст ва баробар бо ин озодӣ масъулият низ вуҷуд дорад.
- Одамияти инсон он гоҳ маҳфуз мемонад, ки фардияти худро аз даст надиҳад. Инсон мавҷуди ҳастӣ ва ҷузъе аз хастии ин ҷаҳон аст. Вай истиқлол ва фардияти худро дар ҷомеа аз даст намедиҳад.
- Даври пайдоиши фалсафа ба маънои имрӯзаи он дар Русия ба ибтидои асри XIX тааллуқ дорад. Дар ин давра дар Маскав маҳфилҳои фалсафа ба вучуд меоянд, ки дар онҳо мутафаккироне чун Н.Ф. Одевский, П.Я.Чаадаев иштирок доштанд. Ҳамчунин, дар ин давр як мубоҳисаи ғарбгароён ва славяндӯстҳо (славянофилҳо А. С. Хомяков, И. В. Киреевский, К. С. ва И. С.Аксаковҳо) авҷ мегирад.
- Як гурӯҳ мутафаккирони рус Н. В. Станкевич, М. А. Бакунин, В. Г. Белинский ба омӯзиш ва татбики фалсафаи гегелӣ ба шароити Русия камар баста буданд.
- Дар ин давр А.И.Гертсен ва дар зери таъсири позитивизм ва марксизм як гурӯҳи демократҳои сиёсӣ-инқилобӣ чун Н.Г.Чернишевский, П.Л.Лавров, Н.К.Михайловский ба майдон омаданд.
- Ибтидои асри XX бо зуҳури фалсафаи муназзам, мураттаб фарқ мекунад. Русҳо бар риояи фалсафаи классикӣ наздик шуда, муҳимтарин мавзӯъҳои метафизикӣ: маърифатшиносӣ, инсоншиносӣ ва зебоиписандӣ-ро мавриди тадқиқ қарор доданд. Дар ин самт саҳми Вл.Соловьев ва М.Ф.Федоров бузург аст.
- Дар ин аср, ҳамчунин, фалсафаҳои дин, экзистенсиалистӣ, навкантчигӣ ва ғайра равнақ доштанд.
- Хидмати В.И.Вернадский ва И.И.Мечников дар коркарди баъзе масъалаҳои позитивизм ва, алалхусус, маъқулаҳои биосфера ва ноосфера хеле калон аст.
- Дар ҳамаи давраи асри XX яке аз равишҳои асосии фалсафаи Русия пайравӣ аз марксизм (Г. В. Плеханов, А.А.Богданов, В.И.Ленин ва дигарон) буд.
- Баъд аз инқилоб дар Русия марксизм фалсафаи яккаҳоким гашта, он асосан ба тафсиру шарҳи ҳамчун таълимот шуғл меварзид. Бо вуҷуди ин, дар он давр бисёр масъалаҳои наву тозаи назария гузошта шуданд ва фалсафа дар доираи илмҳо мақоми хеле баланд ишғол карда буд.
- Охирин намояндаи фалсафаи классикии тоҷик дар охири асри XIX Аҳмад Махдуми Дониш буд.
- Аз маъруфтарин осори ӯ «Наводир-ул-вақоеъ» ва «Накз-ул-адён» мебошанд. Дониш аввалин мутафаккири маорифпарвар ва ислоҳотчии (реформатор) шуури миллию мазҳабии мардуми Осиёи Марказй, хосатан аморати Бухоро буд.
- Доираи масъалаҳои фалсафаи Аҳмади Донишро, пеш аз ҳама, мавзӯи доғи он рӯз-ҷустуҷӯи роҳҳои берун кашидани мардум аз ақибмондагӣ ва ҷаҳолатн ташкил медиҳад.
- Даври баъдии рушди фалсафа дар Тоҷикистон ба замони шӯравӣ рост меояд.
- Ташаккули фалсафаи муосир дар Тоҷикистон аз солҳои 40-50 оғоз гардида буд. Аввалин симои намоёни фалсафаи тоҷик Баҳоваддинов А. М. (1911-1970) мебошад. Аз осори бунёдии фалсафаи ӯ «Очеркҳои таърихӣ фалсафаи точик» аст, ки дар он пайдоиш, таҳаввул ва такомул, бархурдҳои мафкуравии равишҳо, мактабҳои гуногун ва намояндагони бузурги он тадқиқ шудааст.
- Муҳимтарин соҳаҳои илми фалсафа, ки солҳои 60-80-уми асри XX мавриди тадқиқ қарор гирифтаанд, таърихи фалсафа ва мантиқ маҳсуб меёфт.
- Нимаи дуюми асри XX як қатор тадкиқоти ҷолиб доир ба масъалаҳои фалсафаи табиатшиносии муосир аз ҷониби донишмандон С.Умаров, М. Осимӣ, А.Турсунов, С.Б. Морочник анҷом дода шуданд.
- Дар ин солҳо, ҳамчунин, амиқтар омӯхтани таърихӣ фалсафаи точик, равия ва мактабҳои он, аз чумла, тасаввуф, машшоия, исмоилия, калом, ишроқия, ҳамчунин, мавзӯъ ва масъалаҳои гуногун ва мубрами фалсафа: онтология, гносеология, инсоншиносӣ, ахлоқ, эстетика, исломшиносӣ, диншиносӣ, ҷомеашиносӣ, фалсафаи иҷтимоӣ сурат гирифт.
- Файласуфони намоёни нимаи дуюми асри XX ва оғози асри XXI тоҷик А.М.Баҳоваддинов М.Осимӣ, А.Турсунов, М.Диноршоев, X.Додхудоев мебошанд. Хусусан, асарҳои Акбар Турсунов доир ба фалсафаи фарҳанги Аҷам ва фалсафаи кайҳон беназиранд.
Адабиёт Адабиёт - 1. Фалсафа. Китоби дарсї. Ќисми 1. Д., 1997.
- 2. Фалсафа. Китоби дарсї. Ќисми 2. Д., 1997.
- 3. Энсиклопедияи советии тољик.
- М. Ғаффорова. Асосҳои фалсафа. Душанбе - 2012 184 с.
- Ф.Энгельс. Людвиг Фейербах ва хотима ёфтани фалсафаи классикии немис. Душанбе.
|
|
|