Главная страница

Ахмади дониш. ахмади дониш. Наводир ул ваоеъ


Скачать 18.69 Kb.
НазваниеНаводир ул ваоеъ
АнкорАхмади дониш
Дата03.10.2019
Размер18.69 Kb.
Формат файлаdocx
Имя файлаахмади дониш.docx
ТипДокументы
#88469

КМД 3. Аҳмади Дониш “Наводир – ул – вақоеъ”

Аҳмади Дониш яке аз маорифпарварони маъруфи тоҷик буда, бо фаъолияти ҷамъиятии худ дар осори илмию адабиаш ғояҳои пешқадами замонашро таблиғ намудааст. Аҳмади Дониш нисбат ба сохти мавҷудаи феодалӣ, тартиботи давлатӣ ва ҳамаи боқимондаҳои он нафрати беандоза дошт. Ӯ соли 1826 дар шаҳри Бухоро ба дунё омадааст. Дар назди волидайн ва дар мадрасаҳои бухоро таҳсил намуда, мақому мартабаҳои баланд расида, дар соли 1897 дар ҳамин ҷо вафот кардааст. Таъкид намудан ба маврид аст, ки Аҳмади Дониш то охири умраш як зиндагии озодона ва покеро ба сар бурдааст. Аҳмади Дониш соли 1827 дар Бухоро дар оилаи мулло Мир Носир таваллуд шудааст. Падари вай аслан аз тумани Шофирком буд ва дар ҷавонӣ барои таҳсили илм ба Бухоро омада, дар ҳамин чо мадрасаро хатм мекунад ва аз ҳамин чо хонадор мешавад. Дониш тахаллуси адабии Аҳмад буд. Гайр аз ин, уро ба сабаби калон будани сараш Аҳмади Калла хам мегуфтанд. Дар оилаи Мир Носир Аҳмад фарзанди ягона буд ва бачахои дигари онхо пеш аз Аҳмад ва баъд аз вай хама талаф шуда буданд. Аҳмади Дониш хондану навиштанро дар хавлии худ, дар мактаби хусусии модараш, ки барои саводомузии кудакон кушода буд, ёд гирифт. Вай аз синни 7-8- солаги ба шеър мухаббати калон пайдо кард ва худаш хам шеърхои навкаламона менавишт, ба рассоми ва лавхакаши низ хаваси калон дошт ва чунон ки худаш дар хотирахояш менависад, дар деворхои хавлиашон ва руи тахтаву лавхахо хар хел сурату шаклхо мекашид. Дар айни замон вай ба омухтани забони араби низ мустакил шуруъ намуд. Тахминан дар солхои 1837 – 1838 падараш Аҳмади Донишро ба мактаби корихо медихад, то ки Куръонро аз ёд намуда, корӣ шавад ва ба ҳамин васила як навъ зиндаги гузаронад. Аммо Аҳмади Дониш ба куркурона ёд намудани куръон рағбат пайдо накард. Гайр аз ин, вай аз кудаки дар забон лакнат (гирифтани забон) дошт, Аҳмади Дониш аз дарсхо мегурехт ва бештар вакташро дар мачлису маъракаи таъриххону киссагуйхо мегузаронид. Падараш ин холи писарашро дида, уро аз ин мактаб гирифта, тахминан дар солхои 1842 – 1843 ба мадраса мемонад.Барномаи мадраса, ки асосан аз омухтани забони араби, мантик ва дигар илмхои дини иборат буд, Аҳмади Донишро каноат кунонда натавонист. Вай ин дарсхоро бомуваффакият аз худ намуда, боки вакту соатхои холиашро ба омухтани илму фанхое, ки дар мадрасахои Бухоро намегузаштанд, сарф мекард. Вай риёзиет, илми нучум ва хайъат (астрономия ва космогония), табииёт, чугрофия, таърих ва фалсафаи шаркро ба таври мустакил омухт.

Аҳмади Дониш тахминан аз солхои 1855 ба хидмати дарбори амир Насрулло меояд ва дар аввалхо ба китобати асархои тиб ва илми нучум машгул буд. Баъд аз оне, ки устодаш аз олам мегузарад, амир Аҳмади Донишро ба чои у меъмор ва мухандиси дарбор таъин мекунад. Аҳмади Дониш ба Санкт Петербург 3 маротиба сафар мекунад. Аввалин бор соли 1857 бо фармони амир Насруллох хамчун котиби элчи сафарбар шуд. Баъд аз вафоти амир Насруллох соли 1860 бар тахти аморат амир Музаффар нишаст. Дар соли 1869 А. Дониш бори дуюм ба Петербург сафар кард ва дар соли 1873 бори сеюм сафар мекунад. Сафари Россия дар пеши назари Аҳмади Дониш як чахони тозаеро кушод. Дониш, ки дар мухити таассуби дини ва пасмондагии феодали тарбия ёфта, аз чордевори торикистони аморати Бухоро берун набаромада буд, ба хуби дарёфт, ки аморати Бухоро аз тамоми чихатхои хаёти иктисодиву мадани акиб мондааст ва ахолии он дар гафлату чахолат зиндаги ба сар мебаранд. Дар ин сафар Аҳмади Дониш бо илму маданият, тартиботи давлатдори, баъзе вокеахои сиёсии Руссияву Аврупо хубтар шинос шуд. Се сафари А. Дониш ба Россия дар чахонбини ва фикру акидахои у таъсири калон гузошт. Пешрафти нисбат ба Бухоро нихоят фавкулоддаи Россия – тараккиёти саноату техникаи харби, хунархои санъати меъмори ва гайраро дида, Аҳмади Дониш бовари хосил кард, ки агар ба инсон илму маърифат дода шавад, у кодир аст, ки дар руи замин муъчизахои хайратангезе бунёд кунад.

Вазъи зиндагии Аҳмади Дониш вазнин буд. Аз як тараф ин солхо дар хаети Дониш як давраи навмеди ва яъсу андух буд. Орзую умедхои у аз бехтар намудани холи хароби мамлакату раият барбод рафта буданд. Вай худро дар чамъияти зулмбунёд ва чахолатпарвар танхо медид. Ба болои ин дар ин солхо хучуми пинхонию ошкори хушомадгуёни амир ва уламои мутаассиб ба мукобили Аҳмади Дониш аз аввала хам пурзуртар гардид. Яке уро «ношукру курнамак», дигаре «кофир», яке «касе мутакабир ва магрур», дигаре «чодугару кохин» гуфта, обруи уро дар байни мардум рехтани мешуданд, ки рухияи Аҳмади Донишро шикаста натавонистанд. У аз байни шоирон ва олимони маърифатдуст ва тараккихохи замон мухлису дустони бисере дошт, ки чонсупорона ва самимона уро тарафдори мекарданд, заковату дониш ва илму маърифати уро кадршиноси намуда, уро дар танхои намегузоштанд. Дар хавлии Дониш хамеша шоирон, адибон, олимон ва мусикичиен чамъ омада, мачлисхои адаби, илми ва мусики барпо менамуданд. Аз шоирони намоёни он давр Шохин, Музтариб ва Тамкин хам гохо ба зиёрати у меомаданд. Шохин баъди хондани "Наводирулвакоеъ” дар ситоиши дониш касидае гуфта ва Музтариб онро мухаммас намуда, дар он душманон ва бадхохони Донишро сахт танкиду мазаммат намуданд.

Дар мероси адабию илми ва фалсафии Аҳмади Дониш ду асари у махсусан ахамияти калон доранд. Яке аз ин асархо "Наводирулвакоеъ” ном дорад ва дигаре рисолаест, ки муаллиф ба он ном нагузоштааст ва мазмуни он аз тахлили таърихи салтанати амирони мангит ва вокеахои сиесии он давр иборат аст, ки мо онро шартан "Рисолаи таърихи” меномем 

Муаллиф ба таълифи "Наводирулвакоеъ” зиеда аз дах соли умрашро сарф намудааст.

Аҳмади Дониш дар "Наводирулвакоеъ” дар бораи тарбияи насли наврас, дар бораи усули тахсили нодуруст ва аз талаботи хаёт дур будани мактабхо ва хам мадрасахо хеле муфассал таваккуф намудааст.  Дониш ба асари "Наводирулвакоеъ” тавсифи ду сафари ба Россия кардаи худро низ дохил намудааст. Муаллиф дар ин хикояхояш дар бораи маданият ва илми пешкадами Россия, дар бораи тараккиёти ичтимои ва иктисодии ин мамлакат маълумот ва наклхои хеле шавкангез овардааст. Аҳмади Дониш ба ин восита, шахсони пешкадам ва умуман мардуми Бухороро ташвику таргиб намудааст, ки илмхои дунёви ва санъату хунари инсониро, ки дар Россия хеле ривочу равнак дорад, омузанд ва барои тараккиёти чамъият истифода баранд. Хикоятхои Аҳмади Дониш дар байни хонандагон нисбат ба санъату маданияти пешкадами Россия хусни таваччух бедор кард ва дустии халкхои Осиёи Миёна ва Россияро таргиб ва ташвик намуд. 

Мероси адабии Дониш ғанӣ ва доманадор будааст. “Наводир – ул – вақоеъ” яке аз асарҳои бузурги Дониш буда, бобу фаслҳои гуногунро дар бар мегирад. Асари “Наводир – ул – вақоеъ” доир ба масъалаҳои гуногуни фалсафию иҷтимоӣ, ахлоқи ва илмӣ бахшида шудааст. Якчанд боби асари мазкур ба тасвири ду сафари Дониш ба Петербург бахшида шудааст. Дар “Наводир – ул – вақоеъ” муаллиф масъалаҳои муҳими сиёсати давлат ва идораи мамлакатро таҳлилу баррасӣ намудааст. “Наводир – ул – вақоеъ” заҳмати зиёда аз 15 солаи муаллиф ба шумор меравад. Гуфтан мумкин аст, ки асари мазкур дар байни аҳли илму адаби Бухоро шӯҳрати калон пайдо карда муаллифи он ҳамчун олим, нависанда ва мутафаккири забардаст шинохтаву эътироф шудааст. Ба ғайр аз ин, ӯ бисёр ҷиҳатҳои сиёсию ахлоқии ҷамъиятии замонашро аз назари танқиди тадқиқ намуда, иллату нуқсонҳои сохти иҷтимоӣ, тартибу низоми мамлакат ва ахлоқу кирдори табақаи ҳокимро кушоду равшан фош намудаст. Аз ин рӯ “Наводир – ул – вақоеъ” барои бедории фикрии бисёр ҳамзамонон ва пайравони Дониш, ҳамчун барои зиёни пешқадами охири асри ХIХ ва ибтидои асри ХХ таъсири бузурге гузоштааст. Мавзуи дигаре, ки дар асар таҳлилу барраси карда шудааст, ин тарбияи насли наврас, муносибати эҳтиеткорона нисбат ба тарбияи фарзандон, дар бораи ахлоқ ва муомилаи табақаҳои гуногуни ҷамъият, дар бораи одобу ахлоқ ва рафтори нописанд ва ноодилонаи синфи ҳукмрон ба шумор меравад.

Яке аз масъалаҳои муҳими дигар ин дар ҳаётии иҷтимоию маданӣ, дар мавзӯи илимию фанни ва иқтисодии кишвар тағйироти ҷиддӣ дохил намудан, мебошад, ки ин мавзӯъро дар асараш бевосита зикр намудааст. Ҳамчунин дар асар доир ба моҳияти давлату давлатдорӣ, қонуну қоидаҳои асосии он, доир ба ҳақиқату адолат асос ёфтани ҳокимият сухан рафтааст, ки қобилияти таваҷҷӯҳ аст. Ҳамин тариқ, “Наводир – ул – вақоеъ” аз нигоҳи мазмун ва мундариҷа масъалаҳо ва мавзӯъҳои ниҳоят муҳими ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ, илмию маданӣ, иқтисодиву соҳаҳои дигари мухлифи дигари ҷомеъ ва мардуми он замонро фаро гирифтааст. Бояд қайд кард, ки ҳамаи ин масъалаву мавзуъҳо дар асар ҳам ба тарзу тариқи бадеӣ ва ҳам бо таҳлилу хулосаҳои илми ва ҳам тавассути фикру андешаҳо мулоҳизаҳои амиқи фалсафӣ таҳлилу баррасӣ шудаанд. Дар ҳақиқат , “Наводир – ул – вақоеъ” дар муҳити ҳамонвақтаи иҷтимоию маданӣ як шуру ҳаяҷон ва ҷунбишу таконе ба вуҷуд овардааст. Фикрҳои пешқадамонаи Дониш чашми бисёр шахсон давлатдор ва мансабдорони замонро ба ҷиҳатҳои манфӣ ва иллату нуқсонҳои иҷтимоии давру замони худ кушод. Аз ин хотир, тарафдорони низому тартиботу низоми амирӣ ва намояндагони динӣ бошанд, аз таъсири ин фикру андешаҳои пешқадами Дониш ва асари ӯ ба тарсу воҳима афтода будаанд. Ҳамаи ин фикру андешаҳои пешқадамонаи Аҳмади Дониш обрую эътибори уро дар ҷамъият хеле боло бардоштанд. Чунин фикру ақидаҳои замонавӣ дар он замони тираву тор аз тарафи мутаффакирону нависандагони забардаст ҷонибдори ёфтааст. Худи Аҳмади Дониш бошад ҳамчун мутафаккиру донишманд дар адабиёти нимаи дуюми асри ХIХ ва аввали асри ХХ шӯҳрати бузурге касб кардааст.


написать администратору сайта