Хучуми русхо ба Осиёи Миёна. РЕФЕРАТ. Аз тарафи Русия забт шудани Осиёи Миёна сарсухан ууми шунои рус ба муобили хонигарии анд ва аморати Бухоро. Таъсиси генералгубернатории Туркистон
Скачать 156.5 Kb.
|
Аз тарафи Русия забт шудани Осиёи Миёна САРСУХАН 1. Њуљуми ќўшунњои рус ба муќобили хонигарии Ќўќанд ва аморати Бухоро. Таъсиси генерал-губернатории Туркистон 2. Идомаи љанги Русия бо Бухоро ва забти Хева 3. Шўриши солњои 1873 – 1876 дар хонигарии Ќўќанд ва аз тарафи ќўшунњои рус пахш намудани он. Забти сарзамини ќабилањои туркман. 4.«Масъалаи Помир» ва њалли он дар байни Русия ва Англия ХУЛОСА САРСУХАН Дар миёнаи асри Х1Х дар сарзамини Осиёи Миёна ба ѓайр аз се давлатњои мустаќил: аморати Бухоро, хонигарињои Ќўќанд ва Хева, боз як ќатор мулкњои ниммустаќил, ба монанди: Шањрисабз, Китоб, Њисор, Ќаротегин, Дарвоз, Кўлоб ва ѓайра вуљуд доштанд. Халќи тољик дар он давр дар њайати аморати Бухорою хонигарии Ќўќанд ва мулкњои ниммустаќили номбаршуда, бо њамроњии халќњои ўзбек, туркман, ќазоќ, ќирѓиз ва ѓайра бародарвор зиндагї ба сар мебурданд ва талхию ширинии њаётро бо њам мечашиданд. Давлатњои мустаќилу ниммустаќили Осиёи Миёна дар арафаи њуљуми ќўшунњои рус дар зинаи тараќќиёти муносибатњои феодалї буданд. Дар байни онњо бештар душманї њукмфармо буд. Махсусан љангњои беохири байни аморати Бухорою хонигарии Ќўќанд боиси харобињои зиёди мулкњои њар ду тараф гардидаанд. Бояд ќайд кард, ки дар арафаи њуљуми ќўшунњои рус вазъияти хонии Ќўќанд хеле ногувор буд. Махсусан байни хонњои Ќўќанд Худоёрхон (солњои 1845-1858 ва 1862-1873) ва Маллахон (солњои 1858-1862, яъне дар фосилаи гурехтани Худоёрхон) раќобати сахти мансабї мерафт ва њар кадоме мехост, ки амири Бухороро ба тарафи худ кашад. Амири Бухоро Музаффархон Худоёрхонро пуштибонї намуда, соли 1862 ба Ќўќанд њуљум карда салтанати Худоёрхонро аз нав барќарор намуд. Аз аввали солњои 60-уми асри Х1Х ба мулкњои Осиёи Миёна њуљуми васеи ќўшунњои Русияи подшоњї сар шуд, ки барои он сабабњои зерин вуљуд доштанд: Якум, подшоњони Русия дер боз, аниќтараш аз замони Пётри 1, ният доштанд, ки Осиёи Миёнаро ба зери тасарруфи худ дароранд. Зеро, онњо барои абадќудратии империяи Русия, аз љануб, ба воситаи бањри Араб ва уќёнуси Њинд ба роњи мунтазами обї баромаданро зарур мењисобиданд. Мањз бо њамин маќсад соли 1717 Пётри 1 ба муќобили хони Хева нахустин њуљуми њарбї, вале бебарор ташкил карда буд.Минбаъд Русия то миёнаи асри Х1Х, асосан бо сабабњои мураккабии муносибаташ дар Ѓарб, имконияти ѓасби Осиёи Миёнаро надошт; Дуюм, дар Русия бо бекор карда шудани њуќуќи крепостної (19 феврали соли 1861) барои инкишофи муносибатњои капиталистї имконияти васеъ кушода шуд. Дар он махсусан бофандагї тараќќї кард, ки он вобастаи ашёи хом - пахтаи америкої буд. Вале бо сабаби љангњои шањрвандї дар ИМА (солњои 1861-1865) барои Русия аз ин мулк низ овардани пахта мураккаб гардид. Дар натиља ќисме аз фабрикањои бофандагии Русия аз набудани пахта амалиёти худро боздоштанд. Чунончї, агар соли 1860 дар Русия шумораи фабрикањои амалкунандаи бофандагї 57 (бо 659 дастгоњ) бошад, пас соли 1863 он то ба 35 (бо 338 дастгоњ) кам шуд. Бинобар њамин њам њукуматдорони Русия, то ин ки норозигии саноатчиёнашон ба вуљуд наояд, мехостанд Осиёи Миёнаро ба зери нуфузи худ дароварда, онро ба макони ашёи хом, яъне пахта табдил дињанд; Сеюм, барои саноатчиёни Русия бозори нави молфурўшии бераќобат зарур буд. Ин гуна бозорро онњо дар ќитъаи Европаи Ѓарбї ба даст дароварда наметавонистанд. Аниќтараш мањсулоти саноатии Русия дар бозори мамлакатњои Ѓарб раќобат карда наметавонист. Аз ин рў њомиёни саноати бофандагї ният доштанд, ки њар чї зудтар Осиёи Миёнаро ба бозори фурўши молњои худ табдил дињанд; Чањорум, маълум аст, ки њукумати подшоњии Русия дар љанги Ќрим (солњои1853-1856) шармандавор шикаст хўрд ва сулњи Париж (соли 1856) ба зарари он буд. Барои бекор кардани шартњои вазнини он (аз љумла барои бекор намудани беназоратии соњилњои шимолии бањри Сиёњ) дипломатияи рус, њарчанд љонбозињо кард, вале ќувваи Русия, ки дар Ѓарб хале заиф буд, он кўшишњо натиљаи дилхоњ надоданд. Бинобар ин, њукуматдорони Русия бо тавсияи њарбиён мехостанд, ки ба Шарќ, ба сарњади Њиндустон – мустамликаи Англия, ќуввањои зиёди њарбии худро чамъ намуда, бо ин яке аз аъзоёни асосии иттињодияи зиддирусиягї, аниќтараш сарварї он – Англияро барои бекор кардани шартњои вазнини сулњи Париж моил гардонанд. Ба андешаи мо, мањз њамин сабаб аввали солњои 60-уми асри Х1Х њуљуми васеи ќўшунњои русро ба муќобили Осиёи Миёна тезонид; Панљум, њукумати подшоњии Русия, ки бо шикаст хўрдан дар љанги Ќрим хело беобрў шуда, боиси коста шудани нуфузаш дар байни синфи њукмрони мамлакат гардида буд, ният дошт, бо ба зери тасарруфи худ даровардани Осиёи Миёна обрўяшро аќаллан дар дохили мамлакати худ аз сари нав барќарор намояд. Дар асоси њамин сабабњо Русия барои забти Осиёи Миёна ќўшун кашид. Кўшишњои љиддии њукумати Русия барои забти Осиёи Миёна аз охири солњои 30 то миёнаи солњои 50-уми асри XIX. Зимистони соли 1839 Русия бо маќсади «танбењ» додани хонии Хева бар зидди он амалиёти њарбї сар кард. Ба ќўшуни 4 њазораи русњо губернатори Оренбург В.А. Перовский сарварї намуд. Вале ин њуљуми њарбї барор нагирифт. Сарбозони рус ба хунукии 30 дараљаи биёбони Мангишлоќ тоб наоварда, аќибнишинї намуданд. Бо њамин иѓвои њарбї, ки бо номи «њуљуми Хевагї» шўњрат дошт, зимистони соли 1840 барбод рафт. Њукумати подшоњї охири солњои 40 ва аввали 50-уми њамон аср њуљуми њарбиро ба муќобили Осиёи Миёна нисбатан аз доираи васеъ сар каданї шуд. Дар он ваќт аскарони рус барои њуљум ба ин кишвар асосан дар ду самт: љануб (аз Оренбург) ва љанубу шарќ (аз Семипалатинск) омодагї медиданд. Аз самти Оренбург ќўшунњои рус соли 1847 ба соњилњои бањри Арал расида, дар резишгоњи дарёи Сир истењкоми Раим (њозира ќалъаи Арал)-ро бино карданд. Дар натиља самти њарбии Оренбург то соњили бањри Арал давом дода шуд. Соли 1852 отряди 469 нафараи ќўшунњои рус, аз самти Оренбург, ба ќалъаи Оќмачит (Ќизилўрдаи њозира), ки мулки хонигарии Ќўќанд буд, њуљум карданд ва 72 нафарро талаф дода, ќафо гаштанд. Соли 1853 губернатори Оренбург В.А. Перовский бо отряди 2- њазорнафара ба муќобили Оќмачит бори дуюм њуљум кард. Он лањза Оќмачитро, ки нуќтаи муњими стратегї ба њисоб мерафт, њамагї 250 нафар сарбозони Ќўќандї муњофизат мекарданд. Муњосираи ќалъа 22 рўз давом кард. 28 июли соли 1853 ќалъа аз тарафи ќўшунњои рус забт карда шуд. Аз муњофизони он танњо 74 нафар зинда монданд, ки 35 нафари онњо њам захмї буданд. Ќалъаи Оќмачит баъди забт аз тарафи ќўшунњои рус ба ќалъаи њарбии Перовский табдил дода шуд. Ба ѓайр аз ин онњо бо зудї дар соњилњои дарёи Сир панљ истењкоми нави њарбї бунёд карданд. Дар натиља хати њарбии дарёи Сир (ё худ Сирдарё) ба вуљуд омад, ки он њамчун идомаи хати њарбии Оренбург ба њисоб мерафт. Аз тарафи хони Ќўќанд бошад, минбаъд борњо кўшиши баргардонидани ин истењком карда шуд. Вале њамаи онњо бебарор анљомиданд. Солњои1850-1854 ќисми дигари ќўшунњои рус аз љанубу шарќ (аз Семипалатинск) њаракат карда, водии Залийро гирифтанд ва соли 1854 ба шањри Верный (Алма-Атои њозира) асос гузоштанд. Дар натиљаи ин амалиёт аз Семипалатинск то ба Верный хати дигари нави њарбї ба вуљуд омад. Вале минбаъд, бо сабабњои ављ гирифтани «бўњрони Шарќ», ки боиси саршавии љанги Ќрим гардид, амалиёти љангї дар Осиёи Миёна аз тарафи њарбиёни Русия дар њар ду самт њам мавќуф гузошта шуд. Оѓози њуљуми васеи забткоронаи ќўшунњои рус дар њудуди Осиёи Миёна. Инак, аввали солњои 60-уми асри Х1Х бо сабабњои дар боло ишорашуда, ќўшунњои Русия барои идомаи амалиёти љангї дар Осиёи Миёна, аз сари нав омода гардиданд. Ќўшунњои самти Сибирї ба њуљум гузашта, моњи августи соли 1860 ќалъаи Токмак ва 4 сентябр ќалъаи Пишпек (Бишкеки њозира), соли 1861 Чулек ва Янги Ќурѓонро забт карданд. Соли 1861 губернатори нави Оренбург А.П. Безак таклиф ва лоињаи бо њам пайвастани хати њарбии дарёи Сир (Сирдарё) ва Сибириро пешнињод кард, ки мувофиќи он шањрњои Туркистон ва Тошкент бояд забт карда мешуд. Губернатори Сибири Ѓарбї А.О. Дюгамел таклифи забти пурраи водии Чуйро гузошт. Вале ин таклифњо аз тарафи мутасаддиёни молиявї дастгирї надид. Аз њамин сабаб њукумати подшоњї ба њар ду губернаторони номбурда иљозат дод, ки яке, яъне А.П. Безак ба самти Туркистон ва дигаре - А.П. Дюгамел ба самти Пишпек ва Авлиё Ота (Чамбули њозира), фаќат гуё корњои тадќиќотиро давом дињанд. Ин пешнињод барои амалдорони њарбї бањри оѓози амалиёти љангї кифоя буд. Минбаъд ќўшунњои барои забти Осиёи Миёна равоншуда аз самти Шарќ, бо сарварии генерал Веревкин ва аз самти Ѓарб бо сарварии генерал М.Г. Черняев њаракат карда, бо њам наздик мешуданд. Моњи майи соли 1864 аз тарафи Веревкин Авлиё Ота, 12 июн ќалъаи Туркистон, 21 сентябр аз тарафи Черняев Чимкент ишѓол карда шуд. Њар ду колонаи њарбї дар Чимкент амалан бо њам пайвастанд. Дар натиља соли 1864 барои фатњи Тошкент, ки мулки хонигарии Ќўќанд ба њисоб мерафт, ќўшунњои зиёди подшоњї љамъ шуданд. Забти Тошкент. Диќќати Черняевро махсусан Тошкент ба худ љалб карда буд. Аз рўи баъзе маълумотњо њукумати марказии Русия ба вай њуќуќи забти љангии Тошкентро надодаанд. Яъне онњо умед мекарданд, ки ин шањр ихтиёран ба њайати Русия дохил мешавад. Аммо таъкид шуда буд, ки агар хавфи аз тарафи ќўшунњои Бухоро забт намудани Тошкент ба вуљуд ояд, он гоњ ў ба сўи ин шањр лашкар кашад. Њамон ваќт амири Бухоро - Музаффархон на Тошкент, балки Ќўќандро тањдид мекард. Ин воќеа барои Черняев кифоя буд, ки ихтиёран ба сўи Тошкент њуљум кунад. 1 октябри соли 1864 ќўшунњои рус бо сарварии Черняев ба Тошкент аввалин бор њуљум карда, вале бебарор ба Чимкент баргаштанд. Ин бебарорї њукуматдорони подшоњиро водор сохт, ки барои фатњи Тошкент љиддитар омода гарданд. 29 апрели соли 1865 Черняев ба сўи Тошкент бори дуюм њуљум кард. Ў дар аввал дамбаи дарёи Чирчиќро вайрон карда, канали Анњорро хушк намуд ва шањрро беоб гузошт. Љангњои шадид ба вуљуд омаданд. Фаќат шаби аз 14 ба 15 июни соли 1865 ба Черняев муяссар гардид, ки ба шањр дарояд. Дар натиља љангњои сахти кўчагї оѓоз ёфт, ки он се рўз давом кард. Нињоят, 17 июн Тошкент аз тарафи Черняев забт карда шуд. Байни намояндагони шањр ва Черняев шартнома имзо гардид. Моњи сентябр губернатори Оренбург њангоми дар Тошкент буданаш ин шањрро, бо маќсади аз нуфузи Ќўќанду Бухоро озод нигоњ доштан, мулки мустаќил эълон кард. Вале он ваќт љангњои байни Бухорою Ќўќанд (яъне бо муќобилони Худоёрхон) давом мекард. Амири Бухоро баъди забти Хуљанд ба сўи шањри Ќўќанд њаракат кард. Инчунин ў аз сарварони ќўшунњои рус талаб кард, ки Тошкентро ба ихтиёри ў супорида, худ аз шањр баромада раванд. Њукумати подшоњї чунин тањдиди Музаффархонро ба инобат нагирифта, моњи октябри соли 1865 ба тарзи расмї ба њайати Русия дохил шудани Тошкентро эълон кард. Нахустин муњорибањои байни Русия ва Бухоро. Барои амалиёти минбаъдаи ќўшунњои рус дар пеши роњи он истењкоми нисбатан мустањкам - Љиззах меистод, ки мулки Бухоро ба њисоб мерафт. Ин ќалъаро ду ќатор деворњои баланд ва канали пуроб ињота мекард. Муњофизони ќалъа хеле зиёд буданд. Ба ѓайр аз љиззахиён, сарбозони истаравшанї, бо сарварии њокими худ-Аллаёр девонбегї; зоминї, бо сарварии њокими он-Љянхоља туќсабо; сарбозони бухорої бо сарварии ќўшбегї Яъќуббек дар мудофиаи ин ќалъа њузур доштанд. Сарварии умумии мудофиаи ќалъаи Љиззахро Яъќуббек ба ўњда дошт. Аммо вазъият дар маркази аморати Бухоро-шањри Бухоро њам мураккаб буд. Хабари аз тарафи ќўшунњои рус забт гардидани Тошкент, мардумро ба њаракат даровард. Баъзе гурўњњо амирро барои дар љангњои муќобили Русия иштирок накарданаш на танњо сарзаниши сахт, балки ќасди љонашро кардаанд. Аз њамин сабаб, ў маљбур шуд, ба љанги муќобили Русия омодагї бинад. Дар Бухоро ба љанг омодагии амир њанўз давом дошт. Вале охири январи соли 1866 як теъдоди нисбатан хурди ќўшунњои рус бо сарварии генерал Черняев, ки иборат аз 14 ротаи пиёдагард ва 600 нафар казакњои рус, бо 16 адад тўпњо буданд, ба Љиззах расиданд. Дар натиља, дар Љиззах ва атрофи он муњорибаи сахттарини байни њимоятгарони ќалъа ва ќўшунњои Черняев ба амал омад. Каси бисёре кушта ва захмї гардиданд. Дар ин муњориба махсусан муњофизони ќалъа бо сарварии Љянхоља тўќсабо мардонагї нишон доданд. Онњо аз ќалъа баромада, дар майдон бо сарбозони рус сахт љангиданд. Чунин њолат генерал Черняевро ба гурехтан маљбур намуд ва њангоми гурехтан ўро то 8-10 њазор нафар муњофизони ќалъа таъќиб карданд. Дар натиља љанги аввали Љиззах бо ѓалабаи бухороиён, аниќтараш – љиззахиён ва бо маѓлубияти Черняев анљом ёфт. Ѓалаба дар љанги якуми Љиззах бухороиёнро хеле рўњбаланд кард. Амир Музаффархон низ бо маќсади идомаи ѓалаба, бо ќувваи зиёд ба Љиззах њозир шуда, дар Сассиќкўл ном маконе (соњили чапи дарёи Сир) манзил гирифт. Сарварии умумии ин амалиётро Музаффархон ба ўњдаи худ гирифт. Вале вай ба љои сарварї ва назорати омодагии амалиёти љангї дар њамон лањза њам бо базму шатранљбозї банд буду, на танњо ба ѓалабааш боварии комил дошт, балки њатто чуноне Ањмади Дониш мегўяд, дар фикри мусодираи хазинаи дар Петербург доштаи њукумати Русия ва роњњои минбаъда истифодаи «асирони» њарбии рус буд. Баъди шикастхўрї дар Љиззах Черняев аз Осиёи Миёна даъват карда шуд ва ба љояш генерал Д.И. Романовский таъин гардид. Аз ин рў, минбаъд ў ќўшунњои русро дар љангњои муќобили сарбозони амири Бухоро ва хони Ќўќанд сарварї мекард. Вай нисбат ба амири Бухоро ба љанги навбатї аз њар љињат омода буд. 8 майи соли 1866 дар Майдаюлѓун, ё худ Эрљор (дар роњи Љиззах ва Хуљанд) байни ќўшунњои русу бухорої љангњои шадиде ба вуќўъ омад ва он бо ѓалабаи русњою маѓлубияти бухороиён анљом ёфт. Амалан ин љанги нахустини байни ќўшунњои Бухоро ва Русия ба њисоб меравад. Амир Музаффархон бо наздикон ва посбонони худ аз майдони љанг ба сўи Самарќанд гурехт. А.Дониш манзараи шикастхўрии сарбозони амир ва гурехтани худи Музаффархонро чунин тасвир намудааст: Сарбозони амир агарчанде худро «ѓозиёни ислом» меномиданд, вале њанўз пеш аз оѓози љанг «њама мунтазири фирор буданд» ва бо шунидани овози тўпњои Русия «якбора фирори барќвор ихтиёр карданд». Ваќте ба љаноби амир хабар оварданд, ки «аскар бевафои карданду пушт доданд, амир низ саросема ба болои аспи ќантарї ва зинхолие нишаста, фурсат наёфт ки аммома бар сар кунад ё љома бипўшад. Њамчунон аз сари шатранљ бархеста болои зин (бар) нишаст ва асп меронд»1. Забти Хуљанд ва Уротеппа. Барои ќўшунњои рус, баъди ѓалаба дар муњорибаи Майдаюлѓун, ё худ Эрљор роњ ба сўи Хуљанд кушода буд. Шаби аз 19 ба 20 майи соли 1866 онњо ба шањри Хуљанд наздик шуда, аз 18 тўп ва 8 мортир (тўпи кўтоњмил) шањрро тирборон карданд. Сањарии 21 май муњосираи шањр оѓоз ёфт. Вале аз сабаби муќобилияти сахти муњофизони шањр, аскарони рус ба шањр дохил шуда натавонистанд. Барои мудофиаи шањр на танњо мардуми он - тољикон, балки атрофи он, дар ќатори тољикон ўзбекњо низ мардонагї нишон доданд. Аскарони баѓазабомадаи подшоњї шањрро се шабонарўз ба зери тўппаронии мунтазам гирифтанд. 24 май ќўшунњои рус ба шањри валангоргардида соњиб шуданд. Аз рўи баъзе маълумотњо, аз њисоби муњофизони шањри Хуљанд фаќат њалокшудагон ба 2,5 њазор нафар расидааст, ки маросими дафни љасади онњо як њафта давом кардааст. Аз тарафи забткорон бошад њамагї 5 нафар њалок шуду халос . 28 май Нов аз љониби ќўшунњои рус забт гардид. Баъди муњорибаи Майдаюлѓун-Эрљор ва забти Хуљанду Нов сарфармондењи ќўшунњои рус умед дошт, ки амири Бухоро аз љангњои нав даст кашида, худро маѓлуб мењисобад. Аммо чунин умеди онњо хом баромад. Музаффархон ба љангњои нав омодагї медид. Њарбиёни рус аз ин воќиф гардида, тирамоњи њамон сол амалиёти забткоронаи худро идома доданд. 1 октябр аз тарафи онњо Уротеппа муњосира гардид, ки онро 4 њазор нафар муњофизат мекарданд. 2 октябр шањр аз тарафи забткорон ишѓол карда шуд. Талафоти љонии муњофизон хеле бузург буд. Забти Љизах. 11 октябри соли 1866 аз тарафи ќўшунњои рус муњосираи нави Љиззах оѓоз ёфт. Ба онњо дар ин муњориба генерал-адъютант Н.А. Крижановский сарварї мекард. Љиззах он лањза аз њар љињат ба истењкоми мустањкам табдил ёфта буд. Илова ба ду ќабат девори аввала, боз девори сеюм сохта шуд. Барои мустањкам намудани ќалъа дар муддати њашт моњ њазорњо нафар мардуми тољику ўзбек кор кардаанд. Њангоми љангњо бошад шумораи муњофизони ќалъаи Љиззах 10 њазор нафарро ташкил додааст. Аз њамин сабаб њам барои забти ин ќалъа 7 рўз љангњои шадид давом кард. Муњофизон низ, ки асосан тољикону ўзбекон буданд, матонату далерї нишон доданд. Вале дар рафти љангњои шадид ќўшунњои рус пеши роњи обро баста, бо ин муњофизонро аз таъминоти об мањрум намуданд. Чунин амал муњофизонро дар њолати мураккабтарин гузошт. Нињоят, 18 октябр ќалъаи вайрона, бо 2,5 њазор нафар ќурбоншудагон ва маљрўњони бисёр, насиби аскарони рус гардид. Баъди маѓлубияти Љиззах дар муњорибаи Янгиќўрѓон њам ѓалаба таслими ќўшунњои рус шуд. Ќўшунњои рус баъди забти Љиззах ва Янгиќўрѓон аз идомаи амалиёти љангї муваќќатан худдорї намуда, ба муњорибањои минбаъда омадагї медиданд. Њукумати подшоњї бошад, дар ин муддат масъалањои идоракунии мулкњои забтшударо њал намуд. Ташкил намудани генерал-губернатории Туркистон. Аввали соли 1865 аз њисоби заминњои аз хонигарии Ќўќанд ишѓолкардаи ќўшунњои рус вилояти Туркистон, дар њайати генерал-губернатории Оренбург ташкил ёфт. Сарвари ин вилояти навбунёд генерал Черняев таъин гардид. Соли1867 њукуматдорони подшоњї натиљаи амалиётњои љангии худро дар сарзамини Осиёи Миёна гўё љамъбаст намуданд. Дар ин сол бо марказ дар Тошкент генерал-губернатории Туркистонро ташкил доданд, ки он заминњои аз соли 1847 то он лањза аз мулкњои хонигарии Ќўќанд ва аморати Бухоро забт намудаи ќўшунњои русро дарбар мегирифт. Њамон лањза генерал-губернаторї аз ду вилоят: Сирдарё – бо марказ дар Тошкент ва Њафтруд - бо марказ дар Верный иборат буд. Мувофиќи ин таќсимот мулкњои Хуљанд, Нов, Уротеппа, Љиззах ва ѓайра ба њайати вилояти Сирдарё дохил шуданд2. Њудуди генерал-губернаторї ва микдори вилоятњои он минбаъд аз њисоби мулкњои тозаишѓоли ќўшунњои рус меафзуд. Баробари бунёди генерал-губернаторї инчунин округи њарбии Туркистон низ ташкил ёфт. 14 июли соли 1867 аввалин генерал-губернатори Туркистон генерал-адъютант, барон фон К.П. Кауфман таъин гардид. Подшоњи Русия Александри II дар асоси «Ярлиќи заррин»-и худ ба Кауфман њуќуќи васеъ дода буд, ки мувофиќи он ў мустаќилона бо давлатњои њамсоя масъалањои сиёсї, тиљоратї, сарњадї, ташкили сафоратњо, имзои шартномањо ва ѓайрањоро њал менамуд. Яъне Кауфман, дар асоси он њуљљат минбаъд имконият дошт, ки бо давлатњои њамсоя, аз он љумла аморати Бухоро, хонигарињои Хеваю Ќўќанд ва ѓайра мустаќилона љанг эълон кунад ва ё бо онњо сулњ имзо намояд. Кауфман ба хубї эњсос намуд, ки хони Ќўќанд-Худоёрхон дигар мадори љанг карданро надорад, аммо амири Бухоро - Музаффархон бошад њанўз њам тавоност. Ў боварии комил дошт, ки Бухорою Ќўќанд дигар муташаккилона ба муќобили ќўшунњои рус баромада наметавонанд. Зеро, бо ба ихтиёри Русия гузаштани Хуљанду Уротеппа ва Љиззах амиру хон аз роњи муросилаи байниякдигарї мањрум гардиданд. Аз њамин сабаб њам Кауфман соли 1868 бо Худоёрхон шартномаи барои Русия мувофиќро имзо кард. Мувофиќи он аз ихтиёри хон њуќуќи мустаќилї гирифта шуд, тољирони рус дар сарзамини хонигарї озодона амал карданро ба даст дароварданд. Яъне, мувофиќи ин шартнома хонигарии Ќўќанд тобеи Русия гардид. Њамин тавр дар сарзамине, ки аз тарафи ќўшунњои Русияи подшоњї забт гардида буд генерал-губернатории Туркистон ташкил ёфт. Агарчанде вилоятњои он номњои ба њаќиќати њол мувофиќро гирифтанд, яъне: сараввал Сирдарё, Њафтруд, минбаъд Самарќанд, Фарѓона ва њатто Моварои Каспї (Закаспий), вале “Туркистон” ном гирифтани ин кишвари бузург њаќиќати њолро ифода намекард. Аввалан, мулкњое, ки ба њайати генерал-губернаторї дохил гардид, ба ѓайр аз як њиссаи сарзамини вилояти Њафтруд, боќї ба Туркистони таърихї њељ алоќа надоштанд. Сониян, дар њудуде, ки соли 1867 генерал-губернатории Туркистон ташкил ёфт, мардуми туркнажод нисбат ба мардуми эронинажод, аз љињати шумора он ќадар бартарии зиёд надоштанд. Яъне ба андешаи мо, номгузории нодурусти кишвар, ин натиљаи дар доираи њукуматдорону њарбиёни олимаќоми Русияи њамонваќта мављуд будани каљфањмї, аниќтараш надонистани мардуми кишвар ва њайати таърихи ин диёр мебошад. |