Хучуми русхо ба Осиёи Миёна. РЕФЕРАТ. Аз тарафи Русия забт шудани Осиёи Миёна сарсухан ууми шунои рус ба муобили хонигарии анд ва аморати Бухоро. Таъсиси генералгубернатории Туркистон
Скачать 156.5 Kb.
|
2. Идомаи љанги Русия бо Бухоро ва забти Хева Муњорибаи Чўпонато ва забти Самарќанд. К.П.Кауфман баробари генерал- губернатори Туркистон таъин гардиданаш амалиёти забткоронаи пешгузаштагони худро давом дод. Маќсади асосии ў таслим намудани аморати Бухоро буд. Сараввал диќќати ўро вазъияти мураккаби Самарќанд, ки хеле ноором буд, ба худ љалб кард. 1 майи соли 1868 дар баландии Чўпонато (наздикии Самарќанд) муњорибаи шадидтарини байни ќўшунњои рус ва сарбозони амир, ки бо якљоягии ихтиёриён амал мекарданд, ба вуќўъ омад. Дар ин муњориба њокими Њисор Рањмонќулбї парвоначии манѓит низ бо отряди худ иштирок дошт ва таърихшинос Мирзо Азими Сомї воќеанигори ў буд. Муњофизон агарчанде аз љињати шумора нисбат ба аскарони подшоњї, ки ба онњо бевосита худи К.П. Кауфман сарварї мекард, бартарї дошта бошанд њам (аз рўи баъзе маълумотњо шуморои онњо ба 100 њазор нафар мерасид), аммо аз љињати таљрибаи њарбї ва таъмини яроќ хело касод буданд. Дар натиља ин муњориба њам боиси маѓлубият ва талафоти бузурги муњофизон, аз он љумла сарбозони амир гардид. Маѓлубият дар муњорибаи Чўпонато таќдири Самарќандро низ њал намуд. Зеро, сарварони ин шањри бостонї муќобилияти минбаъдаро нисбат ба ќўшунњои забтгари Русияи подшоњї бефоида ва ба зарари шањру шањриён (яъне боиси талафоти бешумор ва инчунин вайронињои зиёд) њисобида, рўзи дигар, яъне 2 май бе муќобилият дарвозаи шањрро ба рўи ќўшунњои рус кушоданд. 3 май ин хабар ба амир Музаффархон расид, ки ў он лањза дар Кармина буд. Вай њатто аз изтироб ќосиде, ки хабари аз даст рафтани Самарќандро барояш расонид, ќатл намудааст. Дар чунин вазъият гуфтушуниди намояндагии Русия ва Бухоро оид ба масъалаи тиљорат давом дошт ва он 11 майи соли 1868 бо имзои шартномаи иборат аз 6 банд анљом ёфт. Мувофиќи он дар ќаламрави хоки аморати Бухоро барои тољирони Русия имконияти васеи фаъолият дода мешуд. Муњорибаи Зирабулоќ. Шартномаи 23 июни соли 1868 ва таќдири он. Имзои шартномаи тиљоратии 11 майи соли 1868 идомаи љангро дар байни Русия ва Бухоро боз надошт. 12 май Ургут, 18 май Ќаттаќўрѓон аз тарафи ќисмњои аскарони рус ишѓол карда шуд. Умуман, муњорибањои минбаъда исботи он буданд, ки ќўшунњои амир имконияти муќобилиятнишондињиро аз даст додаанд. Амир Музаффархон чунин вазъиятро эњсос намуда, маљбур шуд, ки ба имзои шартномаи пешнињодкардаи Кауфман розї шавад. Њанўз шартнома дар байни Бухорою Русия имзо нагардида хабари он, яъне ба имзои он майл кардани амир ѓазаби як ќисми мардуми Бухороро ба вуљуд овард. Олимаќомони худи Бухоро њам аз амир талаб мекарданд, ки бо «кофирњо», яъне русњо љангро давом дињад. Бо њамин сабабњо амир маљбур шуд, ки боз майл ба љанг намояд. Ў дар наздикии Зирабулоќ 15 њазор сарбозони савора, 6 њазор сарбозони пиёда ва 14 тўпро бо сарварии Њољї Тўќсабо ва Усмон Тўќсабо љамъ намуд. Аз рўи маълумотњои дигар шумораи умумии сарбозон ва мардуме, ки он љо ба муќобили аскарони рус љамъ намудаанд, ба 50 њазор нафар мерасид. Инак, 2 июни соли 1868 дар наздикии Зирабулоќ муњорибаи сахттарин ва охирини байни Русияю Бухоро ба вуќўъ омад. Вале маѓлубият боз насиби сарбозони амир гардид. Онњо 1500 нафарро талаф доданд. Ќўшунњои рус баъди ѓалаба дар Зирабулоќ боз ба сўи Самарќанд равон шуданд. Зеро дар он љо њанўз 1 июн шўриши зиддирусї ба вуќўъ омада буд. Шўришгарон шањрро ба даст дароварда, намояндагони Русия ва мањаллиёни бо онњо њамкорї намударо ба ќатл расонидаанд. Онњо њафт рўз шањрро муњофизат карданд ва ба ќўшунњои рус муќобилияти сахт нишон доданд. 8 июни соли 1868 шўриши Самарќанд бо вањшоният пахш карда шуд. Барои Музаффархон баъди маѓлубият дар муњорибаи Зирабулоќ ва пахш намудани шўриши Самарќанд ба ѓайр аз ќабули таклифи Кауфман оид ба имзои шартномаи пешнињод кардааш чораи дигаре набуд. Бинобар ин ў намояндаи худро барои имзои шартнома ба Самарќанд фиристод. 23 июни соли 1868 шартномаи байни Русия ва Бухоро имзо гардид, ки мувофиќи он амир вазифадор шуд: аз заминњои забтнамудаи ќўшунњои рус, бо шањрњои Хуљанд, Уротеппа, Љиззах, Самарќанд ва Каттаќўрѓон, ба фоидаи Русия даст кашад; ба хазинаи њукумати подшоњї чун товони љанг 125 њазор тилло (500 њазор сўми русї) фиристад; аз хоки Бухоро хати телеграф гузаронад; ба тољирони Русия имконияти дар сарзамини аморат озодона амал карданро дињад; дар дарёи Аму ба киштигардии Русия мамоният накунад; ѓуломдориро манъ намояд ва ѓайрањо. Мувофиќи ин шартнома амир аз њуќуќи муносибати мустаќилона бо дигар давлатњои њамсоя мањрум мегардид. Яъне, дар асоси ин банди шартнома аморати Бухоро дар њаќиќат аз љињати њуќуќ (юридикї) бояд тобеи Русия мегардид. Шартномаи номбурда баъди имзои тарафайн барои тасдиќ, ба подшоњи Русия Александри II фиристода шуд. Подшоњ бошад бо сабабњои сиёсию иќтисодї шартномаро тасдиќ накард. Аз ин рў он шартнома њукми ќонуниро нагирифт. Агарчанде соли 1869 њукумати амир, ки аз ин њолат хабар надошт, бо сафирони худ як ќисми товони љангро (50 њазор тангаи тилло ва 19 њазор тангаи нуќра) ба хазинаи њукумати подшоњї фиристод. Хазинадорони подшоњї њам он ѓаниматро бе ягон калавиш ќабул карданд. Шўриши Абдумаликтўра. Баъди имзои шартнома вазъият дар Бухоро боз њам мураккаб гардид. Шахсони аз шартнома норозї дар атрофи писари калонии амир Музаффархон - Абдумаликтўра (Каттатўра) љамъ омада, ўро амир эълон карданд. Њокимони Китобу Шањрисабз - Љўрабеку Бобобек њам бо дастањои худ ба тарафи Абдумаликтўра гузаштанд. Дар натиља дар худи Бухоро ба муќобили Музаффархон ќувваи бузурге ташкил ёфт. Аз рўи баъзе маълумотњо тирамоњи соли 1868 дар ихтиёри Абдумаликтўра ќариб 8 њазор нафар аскар буд. Агар њамон лањза ќуввањои Абдумаликтўра, ки Ќарширо ба маркази худ табдил дода буданд ва Музаффархон бо њам бар мехўрданд, маѓлубияти амир аз эњтимол дур набуд. Инро худи амир њам эњсос намуда барои имдод ба К.П. Кауфман мурољиат кард. Кауфман бошад ба хубї мефањмид, ки њаракати Абдумаликтўра пеш аз њама ба муќобили манфиати Русия аст, аз њамин сабаб ба таклифи Музаффархон розї шуд. Ў барои пахш намудани шўриш ќўшунро бо сарварии генерал А.К. Абрамов фиристод. Тирамоњи соли 1870 ба ќўшунњои Абдумаликтўра, ки дар наздикии Ќаршї омодаи љанг буданд, сарбозони амир ва аскарони рус якбора њуљум карданд. 27 октябр Ќаршї аз тарафи аскарони рус забт карда шуд. Пас аз он сарбозони амир њам вориди шањр гардида, онро торољ намуданд. Он лањза як њиссаи бузурги сарбозони амиру аскарони рус ба сўи Шањрисабзу Китоб њаракат карда, он мулкњоро низ тобеи амир Музаффархон гардониданд. Абдумаликтўра бошад баъд аз њама нобарорињо аввал ба Ќўќанд, баъд ба Ќошѓар гурехт. Эъзомияи Исканедаркўл. Баробари ба ихтиёри Русия гузаштани Самарќанд инчунин болооби Зарафшон, ё худ Кўњистон: Фалѓар, Мастчоњ, Фон, Киштут ва Моѓиён, ки мулкњои ниммустаќил буданд, низ ба луќмаи он пешкаш гардиданд. Њукумати подшоњї аз њисоби Самарќанд, Каттаќўрѓон ва дигар мулкњои Зарафшонии аз аморати Бухоро забт намудааш музофоти Зарафшонро бунёд намуда, генерал А.К. Абрамовро сарвари он таъин намуд. Яке аз маќсадњои асосии Абрамов ин тобеи худ гардонидани мулкњои номбурдаи Кўњистон буд. Мардуми он мулкњо агарчанде њама тољиканд, вале њокимони онњо байни худ љангида ќувваи мудофиавии Кўњистонро хеле заиф гардонидаанд. Пўшида набуд, ки чунин њолати ин диёр муваффаќияти ќўшунњои русро осон мегардонид. Вале Абрамов намехост, ки кўшиши ў барои таслими болооби Зарафшон чун њуљуми њарбї ном бурда шавад. Бо њамин маќсад вай зурур шуморид, ки амалиёти њарбиро бо эъзомияи илмї рўпўш намояд. Зеро он ваќт марказњои илмию љуѓрофии Русия оиди омўзиши табиату набототи Осиёи Миёна раѓбати зиёд пайдо карда буданд. Дар натиља бањори соли 1870 бо сарварии генерал Абрамов эъзомияи Искандаркўл ташкил карда шуд. Ба њайатии эъзомияи номбуда 200 нафар ќазоќњои мусаллањ, ротаи пиёдагард ва взводи пулемётчињои кўњгард дохил мешуданд. Боз аз Уротеппа дастаи дигари њарбиёни мусаллањ тањти фармондењии Деннет њаракат карда, дар роњ ба дастаи Абрамов пайвастанд. Сафари эъзомия 25 апрели соли 1870 аз Самарќанд сар шуд. Моњи август шањри Панљакент бе муњорибаи љиддї ба ихтиёри ќўшунњои рус гузашт. Вале дар дењаи Артуч, Панљрўд, Даштї, Кулолї, Фалѓар, Мастчоњ ва ѓайра љангњои шадид ба амал омадааст. Дар ин амалиёт бисёр дењањоро бо њукми Абрамов ба хок яксон намудаанд. Моњи июни соли 1870 эъзомия амалиёти њарбии худро ба охир расонид. Аз њисоби мулкњои ниммустаќили кўњистонии болооби Зарафшон «Туманњои Кўњистонї» ташкил ёфт ва он ба музофоти Зарафшон њамроњ карда шуд. Дар эъзомияи Искандаркўл як ќатор олимон: табиатшинос А.Ф. Федченко, геолог Д.К. Мищенко, наќшбардор (баъдтар арбоби намоёни њарбию сиёсї) Л.Н. Соболев ва дигарон дохил буданд. Бо ташаббуси ин донишмандон барои тадќиќи захирањои табии болооби Зарафшон ќадамњои аввалин ва муњими илмї гузошта шуд. Њуљуми ќўшунњои рус ба муќобили хонигарии Хева. Минбаъд амалиётњои асосии ќуввањои њарбии дар Осиёи Миёна доштаи Русия барои забти хонигарии Хева нигаронида шудаанд. Барои рўњан мањв намудани аскарони хонигарї амалдорони њарбии Русия ба муќобили он якбора аз се самт: аз самти Тошкент, ба воситаи Љиззах, бо сарварии генерал-майор Головачев (4600 нафар), аз самти Оренбург, ба воситаи ќалъачаи (форти) Эмбин, бо сарварии генерал-лейтенант Верёвкин (3400 нафар) ва аз самти Красноводск отрядњои Ќафќозї, бо сарварии полковник Маркозов (4300 нафар), яъне бо шумораи умумии 12 њазор нафар, бо сарварии умумии К.П.Кауфман ба њуљум гузаштанд. Миёнаи моњи майи соли 1873 ќўшунњои подшоњї аллакай дар ќаламрави хонигарї амалиёти љангї мегузарониданд. 29 май барои шањри Хева љангњои сахттарин ба вуќўъ омад. Хони Хева, Саид Муњаммад Рањими II аз тарс гурехта, бо ишораи таслим, аз Кауфман сулњ талабид. 12 июн бо фармони Кауфман амалиёти љангї дар хоки Хева ќатъ гардид. 12 августи њамон сол байни Русияву Хева шартнома имзо гардид, ки мувофиќи он Хева тобеи Русия гардида, бояд чун товони љанг ба хазинаи подшоњї 2 млн. 200 њазор сўм медод. Аз заминњои хонигарї соњилњои рости дарёи Аму ба ихтиёри Русия гузашт. Њангоми њуљуми ќўшунњои рус ба муќобили хони Хева, амири Бухоро Музаффархон натанњо ин амалиётро торафдорї кард, балки ба ќўшунњои рус кўмаки амалї расонид. Чунин рафтори содиќонаи амир ба Русия ба амалдорони њукумати подшоњї хеле маъќул гардид. Бинобар њамин њам њукумати подшоњї мањз садоќати амирро нисбат ба худ ба инобит гирифта, инчунин ба ивази он мулкњое, ки аз њисоби аморат ба ихтиёри Русия гузашта буд, заминњои Чорљўйро аз ихтиёри хони Хева гирифта, ба ихтиёри амири Бухоро дод. Шартномаи 28 сентябри соли 1873 байни Русия ва Бухоро. То моњи сентябри соли 1873 дар байни Русияву Бухоро, ба ѓайр аз шартномаи тиљоратии 11 майи соли 1868 дигар ягон њуљљати њуќуќї (юридикї), ки муносибати ин ду давлатро муайян намояд, вуљуд надошт. Аз њамин сабаб, асосан баъди њалли таќдири Хева, дар доираи њукумати Русияи подшоњї боз масъалаи муайян намудани муносибат нисбат ба Бухоро ба миён омад. Инак, 28 сентябри соли 1873 дар Шањрисабз байни Русия ва Бухоро шартномаи нав имзо гардид, ки он бо номи шартномаи «дўстї» маълум буда, аз 18 банд ибарат аст. Ин шартнома аз тарафи подшоњ тасдиќ гардид ва он дар ќатори шартномаи тиљоратї, ки дар боло ишора рафт, њамчун њуљљати асосии њуќуќии байни Бухоро ва Русия то Инќилоби Октябри соли 1917 амал кард. Шартномаи «дўстї»-и соли 1873 сарњади њамонваќтаи байни Русияву Бухороро тасдиќ намуда, сарњади байни Бухорову Хеваро низ муайян мекард. Дар асоси он њар ду тараф, яъне тарафњои Русияву Бухоро вазифадор мешуданд, ки дар Осиёи Миёна, дар сарзамини дар зери нуфузи худ буда, инкишофи муносибатњои тиљоратї ва озодона шино кардани киштињоро дар дарёи Аму таъмин мекунанд; тољирони рус на танњо барои дар тамоми шањру ноњияњои аморати Бухоро озодона амал намудан њуќуќ пайдо карданд, балки онњо дар њимояи махсуси њукумати амирї низ буданд; аз молњои тарафайн бояд аз 2,5 фоиз зиёд андоз-закот гирифта намешуд; молњои русї ба воситаи сарзамини Бухоро ба дигар давлатњо бебољ гузаронида мешуд; тољирони њар ду тараф метавонистанд дар доираи Осиёи Миёна корвонсарои худро дошта бошанд. Ѓайр аз ин, тољирони рус дар соњилњои дарёи Аму истгоњ (бандар) ва анборњо сохта метавонистанд; ба раиятњои тарафайн, аз рўи ќонунњои мављуда, њуќуќи дар љои дилхоњ машѓули касбу њунар шудан дода мешуд. Инчунин онњо метавонистанд мулки ѓайриманќула, яъне хона, боѓ, замини корам дошта бошанд; тарафайн намояндагии худро, яъне њукумати амирї дар Тошкент ва њукумати Русия дар Бухоро дошта метавонистанд; тарафи њукумати амирї вазифадор карда мешуд, ки дар сарзамини аморат хариду фурўши одам, яъне ѓуломдориро манъ намояд. Њамин тавр, дар шартномањои тиљоратии соли 1868 ва «дўстии» соли 1873 ба ѓайр аз баъзе бартарињо барои тољирони рус дар сарзамини Бухоро, дигар ишорае нест, ки дар асоси он аморати Бухоро мутеи Русияи подшоњї гардад. Пас ба хулосае омадан мумкин аст, ки аморати Бухоро аз љињати њуќуќї, яъне юридикї, давлати мустаќил будааст. Вале амирони Бухоро, ки дар назди иќтидори њарбии Русия нотавон буданашонро ба хубї эњсос мекарданд, бинобар ин худро «ихтиёран» ба оѓўши тобеият андохта, нисбат ба њукумати подшоњї сиёсати содиќона хизмат карданро пеш гузошта, аморатро ба мустамликаи њаќиќии Русия табдил доданд. 3. Шўриши солњои 1873 – 1876 дар хонигарии Ќўќанд ва аз тарафи ќўшунњои рус пахш намудани он. Забти сарзамини ќабилањои туркман. Оѓоз ва рафти шўриш. Баъди ба Русияи подшоњї тобеъ гардидани хонигарии Ќўќанд вазъияти мардум боз њам вазнинтар гардид. Њокимони мањаллии хонї нисбат ба мардуми мењнатї бештар зулмро раво медиданд. Халќи љабрдидаи хонигарї љавобан ба зулми истисморгарон њарљо-њарљо исён мебардоштанд. Соли 1873 дар хонигарї шўриши калонтарине сар шуд, ки он то феврали соли 1876 идома ёфт. Ба он исёни мардуми дењањои Косон ва Нанайи Намангон ибтидо гузоштанд. Бањонаи асосии шўриш зиёд ситонидани закот, яъне андоз аз чорво ба њисоб мерафт. Шўриш аз моњи июли соли 1873 характери мусаллањонаро гирифта буд. Ба шўриш ўзбекњо, тољикхо ва ќирѓизњо фаъолона иштирок доштанд. Сарварони асосии шўриш Мулло Исњоќ Мулло Њасан ўѓлї (баромадаш ќирѓиз, писари мударриси «Оќмадраса»-и Марѓелон), ки бо номи «Пўлодхон» машњур буд ва Абдурањмон офтобачї (писари Мусулмонќул ном шахс, ки аз тарафи хони Ќўќанд Худоёрхон ќатл карда шудааст) ба њисоб мерафтанд. Абдурањмон офтобачї то соли 1875 ба яке аз ќисмњои аскарони хонї сарварї мекард ва барои пахш кардани шўриш борњо иштирок карда буд. Вале соли 1875 ба муќобили хони Ќўќанд-Худоёрхон сўиќасд ба вуќўъ омад ва Абдурањмон отфтобачї њам бо њамроњии писари калонии Худоёрхон - Насриддинбек иштирокчии он буд. Моњи июл сўиќасдчиён њам ба тарафи шўришгарон, ки он лањза Пўлодхон роњбари асосиаш буд, гузаштанд ва аз њамон лањза давраи дуюми шўриш сар мешавад. Минбаъд ба шўриш Пўлодхон ва Абдурањмон офтобачї якљоя сарварї карданд. Онњо Ўш, Намангон, Андиљон, Ассакї ва Олтиариќро ба даст дароварда, бевосита ба худи Ќўќанд тањдид мекарданд. Писари дуюми Худоёрхон Муњаммад Аминбек њам бо дастањои худ ба шўриш њамроњ шуд. Вазъияти Худоёрхон хеле мураккаб гардид. Вай роњи ягонаи халосиро дар кўмаки генерал-губернатори Туркистон медид ва барои имдод ба ў мурољиат њам кард. Вале баробари ба шањри Тошкент расидани мўрољиати Худоёрхон, худи ў њам 22 июли соли 1875 бо наздиконаш аз Ќўќанд баромада ба воситаи Хуљанд ба Тошкент омада расиду худро ба њимояти њукумати подшоњї гирифт. Баъди ин гурўњи Абдурањмон офтобачї на ин ки Пўлодхон, балки писари хони гуреза - Насриддинбекро хон эълон карданд. Аз тарафи ќўшунњои рус пахш намудани шўриш ва барњам додани хонигарии Ќўќанд. Моњи июли соли 1875 Насриддинбек ва Абдурањмон офтобачї дар мактуби худ ба генерал- губернатори Туркистон таклифи идома додани муносибати дўстиро пешнињод карданд. Дар љавоб генерал-губернатор таъкид намуд, ки њокимияти Насриддинбекро њамон ваќт мешиносад, ки агар ў тамоми бандњои шартномаи бо Русия имзо намудаи Худоёрхонро эътироф намояд. Њамон лањза шўриш њанўз идома дошт ва ноњияњои нав ба навро фаро мегирифт. Аз рўи баъзе маълумотњо аввали августи соли 1875 шумораи иштирокчиёни шўриш то ба 15-16 њазор нафар расид. Шўришгарон Новро ишѓол намуда, роњи алоќаи Уротеппаю Хуљандро буриданд. 7 августи соли 1875 Кауфман ба муќобили шўришгарон ќувваи бузургеро гузошт. 22 август муњорибаи сахттарини назди ќалъаи Мањрам ба вуќўъ омад, ки бо маѓлубияти шўришгарон анљом ёфт. Кауфман баъди ишѓоли ќалъаи Мањрам аз шўришгарон талаб кард, ки муќобилиятро бас карда, чун товони љанг ба фоидаи хазинаи подшоњї 40 њазор тангаи нуќра, ё худ 10 њазор тангаи тилло супоранд. Инро аксари сарварони шўриш рад карданд. Вале Насриддинбек 22 сентябри њамон сол пинњонї аз шўришгарон бо Кауфман шартнома имзо кард. Мувофиќи он Насриддинбеки хоин на танњо хизматгори содиќи њукумати подшоњї буданашро эътироф кард, балки соњилњои рости дарёи Сирро низ, бо шањрњои Намангон ва Чўст, ба фоидаи Русия гузошт. Инчунин ў розї шуд, ки ба фоидаи хазинаи њукумати подшоњї ќариб 2 млн. сўм товони љанг супорад. Рафтори хоинонаи Насриддинбек ѓазаби нави шўришгаронро ба вуљуд овард ва онњо минбаъд муборизаи худро ба муќобили хони нави хоин ва атрофиёнаш нигарониданд. Бо ин давраи сеюми шўриш оѓоз ёфт. Охирњои моњи сентябр шумораи шўришгарон то ба 60-70 њазор нафар расид. Шўришгарон ба љои Насриддинбек Пўлодхонро хони Ќўќанд эълон карда, аз рўи одати пештараи аз муѓулњо ќабул намудаи туркњо, ўро дар рўи намади сафед гузошта, бардоштанд. Њамон лањза Пўлодхон Ассакиро пойтахти худ ќарор дода буд. 9 октябри соли 1875 шўришгарон Ќўќандро ишѓол намуданд. Насриддинбек гурехт. Пўлодхон моњи декабр ќароргоњи худро аз Ассакї ба Марѓелон овард. Муњорибањои минбаъда, ки асосан бо аскарони рус мегузашт, барои шўришгарон талафотњои зиёде овард. Чунончї, 8 январи соли 1876 дар муњорибаи Андиљон ќариб 20 њазор нафар шўришгарон ќурбон шуданд. Дар чунин лањзањои душвор як ќисми сарварони шўриш, аз он љумла Абдурањмон офтобачї ба воњима афтода, пинњонї бо саркардањои рус гуфтушунид карданд. Пўлодхон њанўз њам муќобили њар гуна муросо ва тарафдори идома додани мубориза буд. Ў ба Учќўрѓон рафта, ният дошт, ки аз Ќаротегин ќувваи нав сафарбар намояд. Вале шаби аз 27 ба 28 январи њамон сол аскарони рус ба манзили Пўлодхон зада даромаданд. Худи ў гурехта бошад њам, аммо ба зудї дастгир шуд. Моњи марти њамон сол Пўлодхонро дар майдони бозори Марѓелон, бо њукми суди њарбии рус ба дор овехтанд. Инчунин дигар сарварони шўриш низ ба тарзи гуногун љазо диданд. Њукумати подшоњї ба гардани мардуми Ќўќанд чун товони љанг 3 млн. сўмро бор кард. 19 феврали соли 1876 бо розигии подшоњи Русия Александри II, хонигарии Ќўќанд аз тарафи генерал-губернатори Туркистон Кауфман барњам дода шуд. Ба љои он, дар њайати генерал-губернатории Туркистон, боз як вилояти нав - Фарѓона ташкил ёфт. Губернатори њарбии вилоят генерал М.Д.Скобелев таъин гардид. Њамин тавр шўриши калонтарини мардуми водии Фарѓона шикаст хўрд. Он аз љињати характери худ халќї буда, дар аввал асосан ба муќобили зулму истибдоди хонигарї ва минбаъд ба муќобили ниятњои мустамликадоронаи њукумати подшоњї нигаронида шуда буд. Њукуматдорони подшоњї натиљаи онро ба фоидаи Русия њал намуданд. |