Кодекси тандурустии Чумхурии точикистон 2017. Кодекси тандурустии умурии Тоикистон
Скачать 1.07 Mb.
|
ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТЇ ВА ЊИФЗИ ИЉТИМОИИ АЊОЛИИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ВИЛОЯТИ ХАТЛОН МАРКАЗИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ САНИТАРИЮ ЭПИДЕМИОЛОГИИ ШАЊРИ КЎЛОБ Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ш. Душанбе, 30 майи соли 2017, № 1413 Кодекси мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро дар соҳаи тандурустӣ ба танзим дароварда, ба татбиқи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон ва ҳифзи саломатӣ равона карда шудааст. ФАСЛИ I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ АСОСӢ Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ. Дар Кодекси мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд: - аккредитатсия дар соҳаи тандурустӣ – расмиёти эътирофшудаи ваколати муассисаҳои тандурустӣ оид ба амалӣ намудани фаъолияти муайяни тиббӣ; - амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ – вазъи саломатии аҳолӣ ва муҳити зисти одамон, ки тавассути он таъсири зарарноки омилҳои муҳити зист ба инсон вуҷуд надорад ва шароити мусоиди фаъолияти ӯ таъмин карда мешавад; - амалияи хусусии тиббӣ – фаъолият оид ба расонидани кумаки тиббӣ аз ҷониби шахсони дорои таҳсилоти миёна ва олии касбии тиббӣ мутобиқи ихтисосашон, дар асоси иҷозатномае, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст; - аттестатсияи кормандони соҳаи тандурустӣ – раванди муайян намудани сатҳи касбият, салоҳияти касбӣ, сатҳи дониш ва маҳорату малакаи амалии корманд; - афканишоти иондор – афканишоте, ки ҳангоми таҷзияи радиоактивӣ, табдилёбии ҳастаӣ, боздории зарраҳои заряддоршудаи дар модда ба вуҷудомада, ҳангоми таъсири мутақобила бо муҳит ионҳои аломатҳои гуногундоштаро ба миён меоранд; - банақшагирии оила – қобилияти шахсони алоҳида ва ҷуфтҳое, ки таваллуди шумораи муайяни фарзандонро бо риояи фосилаи байни таваллуд пешбинӣ менамоянд ва ноил мегарданд; - бархӯрди манфиатҳо – ҳолате, ки дар он манфиати шахсии кормандони тиббию фарматсевтӣ ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти кориашон бо мақсади гирифтани фоида тавассути ширкатҳои фарматсевтӣ ва ё намояндагии онҳо метавонад боиси бевиҷдонона иҷро гардидани фаъолиятҳои касбии мутахассисони соҳаи тандурустӣ ва бар хилофи манфиатҳои бемор гардад; - барқарорсозии тиббию иҷтимоӣ – барқарорсозии саломатии беморон бо истифодабарии маҷмӯи чорабиниҳои тиббӣ, иҷтимоӣ ва меҳнатӣ, барои ҷалби беморон ба меҳнат, ҳамроҳшавӣ ба ҳаёти оилавӣ ва ҷамъиятӣ; - бемориҳои наркологӣ – вайроншавии солимии рӯҳӣ ва соматикӣ, ки ба истеъмоли ғайритиббии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва ба онҳо баробаркардашуда, машруботи спиртӣ вобаста буда, оқибати он ташаккул ёфтани вобастагии рӯҳӣ аз моддаҳои номбаршуда ва таназзули иҷтимоӣ мебошад; - бемориҳои сироятӣ – бемориҳои сироятии инсон, ки пайдоиш ва паҳншавии онҳо ба таъсири омилҳои биологии муҳити зист ба инсон (барангезандаи бемориҳои сироятӣ) ва имконоти гузариши чунин бемориҳо аз инсону ҳайвони бемор ба инсони солим вобастагӣ дорад; - бемориҳои оммавии ғайрисироятӣ – бемории инсон, ки пайдоиши он ба таъсири омилҳои ҷисмонӣ, кимиёвӣ ва ё иҷтимоии муҳити зист вобаста аст; - бемории касбӣ – беморие, ки ба он корманд бар асари таъсири омилҳои хатарнок ё зараровари истеҳсолӣ гирифтор шудааст; - бемориҳои паразитарӣ – ҳолати сироятёбӣ бо соддатаринҳо ё сироятёбӣ аз кирмҳо, ки дар натиҷаи он шаклҳои гуногуни ҷараёни сироятӣ инкишоф меёбанд; - бемории сил – бемории сироятие, ки барангезандааш гурӯҳи микобактерияҳои сил буда, асосан бо қатраҳои оби даҳон ва нафас паҳн мешавад; - бемории пайдошудаи норасоии масуният – давраи интиҳои сироятёбӣ, ки онро вируси норасоии масунияти одам боис шудааст; - безуриётӣ – надоштани қобилияти наслофарӣ; - бофта – силсилаи ҳуҷайраҳо ва маҳсули онҳо (моддаҳои байни ҳуҷайравӣ), ки аз ҷиҳати умумияти сохт, фаъолият ва инкишофи худ муттаҳид шудаанд (бофтаи рӯйпӯшкунанда, хун, зулола (лимфа), пайвасткунандаи аслӣ, тағояк, устухон, мушак, асаб); - вируси норасоии масунияти одам – вирусе, ки ҳолати норасоии масуниятро дар организми одам ба вуҷуд меорад; - воситаҳои худназораткунӣ – тести ташхисӣ ва асбобҳое, ки имконияти мустақилона муайянкунии сатҳи глюкозаро дар хун таъмин менамоянд; - воситаҳои зидди ҳомиладорӣ – ҳама гуна воситае, ки қобилияти пешгирии ҳомиладоршавиро дорад; - воситаҳои нашъадор – маводи сунъӣ ё табиӣ, шакли дорувории онҳо, инчунин растаниҳое, ки дар конвенсияҳои байналмилалии дахлдор ва Рӯйхати миллии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо (минбаъд - Рӯйхати миллӣ) гурӯҳбандӣ шудаанд; - гурӯҳҳои махсуси аҳолӣ бо хатари бештари сироятёбӣ аз вируси норасоии масунияти одам – шахсоне, ки метавонанд бо сарчашмаи вируси норасоии масунияти одам алоқа дошта, ҳамчунин дар инкишофи эпидемия ва чораҳои ҷавобӣ нақши асосӣ бозанд, аз ҷумла шахсони алоқаи ҷинсии ҳамҷинсона дошта, шахсони фоҳиша ва шахсоне, ки маводи нашъаоварро бо усули тазриқ истеъмол мекунанд; - гурӯҳи зери хатар – шахсоне, ки хатари бештар гирифтор шуданро ба бемории сил доранд, аз ҷумла: атрофиёни бемор, муҳоҷирони меҳнатӣ, гирифторони вируси норасоии масунияти одам, занҳои фосилаи муҳлати таваллудро риоя накунанда, кӯдакони бо ваксинаи батсиллаи Калметте -Жерен эмнашуда, маҳбусон, беморони гирифтори диабети қанд ва газаки музмини шушҳо; - гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ – гурӯҳи аҳолие, ки барои онҳо бо сабаби таъсири шароити номусоиди оилавӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва меҳнатӣ хатари сироят ёфтан аз вируси норасоии масунияти одам зиёд мегардад, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ, маҳбусон, кӯдакони бесаробон, ҷавонони бемори дорои нишонаи бемориҳои бо роҳи алоқаи ҷинсӣ сирояткунанда, шарикони ҷинсии шахсоне, ки воситаҳои нашъадорро бо усули тазриқ истеъмол мекунанд; - гигиена – илме, ки таъсири муҳити зистро ба организми инсон бо мақсади муносиб гардонидани таъсири мусбат ва пешгирии таъсири манфӣ меомӯзад; - ғизои кӯдакони ширмак – ғизои омехтаи кӯдакон ё ғизои дигари барои кӯдакони ширмак муносиб, ғизои омехта барои кӯдакони ширмаки синну соли нисбатан калонтар; - ғизои иловагӣ – ғизое, ки ҳамчун ғизои иловагӣ ба шири модар, ба ғизои омехтаи кӯдакон ё ба ғизои омехтаи кӯдакони ширмаки синну соли нисбатан калонтар муносиб мебошад ё ба сифати ғизои мувофиқ пешниҳод карда мешавад; - ғизои таъйинотӣ – ғизо барои кӯдакони ширмак, ки тавассути воситаҳои махсус, шишачаҳои ширмаконӣ (шишачаҳои ширдӯшӣ), маккаку пистонак дода мешавад; - ғизои омехтаи кӯдакон – ғизои ширӣ ё ширмонанди ҳайвонот ё наботот, ки мутобиқи стандартҳои давлатӣ ё байналмилалии озуқа дар саноат истеҳсол гардида, онро Комиссияи байналмилалӣ оид ба стандартҳои озуқа барои қонеъ гардонидани талаботи кӯдакон ба ғизо аз давраи таваллуд то шаш моҳи аввали ҳаёти онҳо тасдиқ кардааст; - ғизои омехтаи кӯдакони ширмаки синну соли нисбатан калонтар – ғизои ширӣ ё маҳсулоти ширмонанди ҳайвонот ё наботот, ки мутобиқи стандартҳои давлатӣ ё байналмилалии озуқа дар саноат истеҳсол гардида, онро Комиссияи байналмилалӣ оид ба стандартҳои озуқа тасдиқ кардааст ва ҳамчун ғизои мувофиқ барои кӯдакони ширмаки аз шашмоҳа калон ва кӯдакони хурдсол пешниҳод мешавад; - ғизодиҳии табиӣ (синамаконӣ) – ғизодиҳии табиии кӯдакони ширмак (тифлон) ва кӯдакони хурдсол; - дезинсексия – нобуд кардани канаҳои буғумпо, ки интиқолдиҳандагони барангезандаҳои бемориҳои сироятӣ мебошанд, инчунин дигар намуди ҳашароти дорои аҳамияти санитарию гигиенӣ, ки ба меҳнат ва фароғати одамон халал мерасонанд; - дератизатсия – нобуд кардани хояндагон – интиқолдиҳандагони бемориҳои сироятӣ бо мақсади аз онҳо ҳифз намудани ҳосил, маводи озуқа ва молу мулк; - дезинфексия – нобуд кардани барангезандагони бемориҳои сироятӣ ва паразитарӣ дар иншооти муҳити зист; - диабети қанд – бемории музмине, ки ба он баландшавии сатҳи глюкозаи хун бар асари норасоии инсулин хос аст; - донори хун – шахсе, ки бо хоҳиши худ аз муоинаи тиббӣ гузашта, хун ва ё ҷузъҳои онро месупорад; - донорҳои фаъоли хун – шахсоне, ки ба муассисаи хадамоти хунгирӣ муроҷиат намуда, мунтазам (на камтар аз 3 маротиба дар як сол) хун ва ҷузъҳои онро ба таври пулакӣ ё ройгон (барои хуни супоридаашон ҷуброни пулӣ мегиранд ё ҳеҷ гуна фоидаи моддӣ намегиранд) месупоранд; - донор – шахсе, ки ягон узв ва ё бофтаи худро барои пайвандсозӣ ба шахси дигар (ретсипиент) ихтиёран медиҳад; - донорҳои эҳтиётии хун – шахсоне, ки ба таври муташаккилона ба донорӣ ҷалб мешаванд ва ё ба таври инфиродӣ хун ва ҷузъҳои онро номунтазам, на бештар аз 2 маротиба дар як сол месупоранд (барои хуни супоридаашон музд намегиранд); - донорҳои қарордодии хун – шахсоне, ки бо муассисаи хадамоти хунгирӣ оид ба супоридани хун ва ҷузъҳои он шартнома (қарордод) мебанданд; - заҳрмандӣ – беморие, ки аз заҳролудшавии музмини организм дар натиҷаи суиистеъмоли маводи доруворӣ ва моддаҳои дигари ба воситаҳои нашъадор мансубнабуда ба вуҷуд омада, хусусияти вобастагии рӯҳӣ ва ҷисмонӣ аз онҳо дорад; - ивазкунандаи шири модар – ҳама гуна ғизои кӯдаконаи ба фурӯш баровардашуда ё ба тарзи дигар пешниҳодшаванда, ки шири модарро қисман ё пурра иваз менамояд; - инъоми анатомӣ – хайрияи ихтиёрии бофтаҳо ва узвҳои шаҳрванд тавассути додани васиятнома; - карантин – чорабиниҳои маъмурӣ, тиббию санитарӣ, байторӣ ва дигар тадбирҳое, ки ба пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ нигаронида шуда, низоми махсуси хоҷагидорӣ, дигар навъи фаъолият, маҳдудсозии ҳаракати аҳолӣ, воситаҳои нақлиёт, бор, мол ва ҳайвонотро пешбинӣ менамояд; - кӯдакони ширмак (тифлон) – кӯдакони то 12 моҳа; - кӯдакони хурдсол – кӯдакони аз 1 то 3 сола; - кӯдаки маъюб – шахси маъюби то 18 сола; - кумаки тиббӣ – тадбирҳои пешгирию ташхиси бемориҳо, заҳролудшавӣ, ҷароҳат, табобат ва барқарорсозии саломатии беморон, назорати ҳомиладорӣ, кумаки момодоягӣ ва назорати давраи баъди таваллуд; - кумаки паллиативӣ – шакли расонидани кумаки тиббӣ ба шахсони дорои бемориҳои табобатнашаванда бо мақсади сабук гардонидани вазъи саломатии онҳо; - кумаки аввалияи тиббию санитарӣ – сатҳи хизматрасонии тиббӣ, ки дар он робитаи нахустини шаҳрвандони солим ва бемор бо табибон ба вуқӯъ меояд; - кумаки тиббии рӯҳӣ – пешгирӣ намудани бемориҳои рӯҳӣ, муоинаи солимии рӯҳии шаҳрвандон, назорати диспансерӣ, ташхиси носолимии рӯҳӣ, табобат, нигоҳубин, барқарорсозии тиббӣ ва иҷтимоии шахсони гирифтори бемориҳои рӯҳӣ; - кумаки зидди бемории сил – маҷмӯи чорабиниҳои иҷтимоӣ, тиббӣ, санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемикӣ, ки барои ошкор, ташхис ва табобат кардан, аз ҷумла ташхису табобати ҳатмӣ, назорати диспансерӣ ва тавонбахшии беморони гирифтори бемории сил, ки дар беморхона ва (ё) дармонгоҳ бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд, равона карда шудаанд; - кумаки наркологӣ – маҷмӯи чорабиниҳо иборат аз пешгирӣ, назорати диспансерӣ, ташхис, табобат, нигоҳубин ва барқарорсозии тиббию иҷтимоии бемориҳои наркологӣ; - қоида ва меъёрҳои давлатии санитарию эпидемиологӣ – санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки талаботи санитарию эпидемиологиро (аз ҷумла меъёрҳои бехатарӣ ё безарарии омилҳои муҳити зист барои инсон, гигиенӣ ва дигар меъёрҳоро) муайян менамоянд ва риоя накардани онҳо метавонад ба ҳаёти инсон, инчунин барои пайдо шудан ва паҳншавии беморӣ таҳдид намояд; - қоидаҳои фитосанитарӣ – маҷмӯи ҳуҷҷатҳои меъёрии илман асоснокшуда, ки талаботро нисбат ба ҳолати замин, ҷангал ва растаниҳо, инчунин теъдоди зараррасонҳои растаниҳо, паҳншавии бемории растаниҳо ва миқдори алафҳои бегона муқаррар менамояд; - қобилияти наслдиҳӣ (фертилӣ) – шумораи миёнаи кӯдакон, ки зан метавонад дар давоми синну соли репродуктивӣ таваллуд кунад; - мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ – мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, ки сиёсати давлатиро дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ амалӣ мекунад ва ба раванди ташхис, пешгирӣ ва табобат дар ташкилотҳои соҳаи тандурустӣ новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ назорат ва роҳбарӣ менамояд; - маводи пайвандсозӣ – узв ё бофта, ки барои пайвандсозӣ истифода бурда мешаванд; - марги мағзи сар – пурра ва бебозгашт қатъ гардидани ҳама вазифаҳои мағзи сар, ки дар ҳолати кор кардани дил ва таҳвияи сунъии шуш ба қайд гирифта шудааст; - маъюб – шахсе, ки дар натиҷаи нуқсёбии саломатӣ бо коҳиши устувори вазифаҳои организм аз беморӣ, ҷароҳат, иллати ҷисмонӣ ва зеҳнӣ боиси маҳдуд шудани фаъолияти ҳаётӣ гардидааст ва ба ҳифзи иҷтимоӣ ниёз дорад; - маъюбӣ – дараҷаи маҳдудияти фаъолияти ҳаётии инсон дар натиҷаи нуқсёбии саломатӣ бо коҳиши устувори вазифаҳои организм; - махфият – маҳрамияти нигоҳ доштани далели ба муассисаи тиббӣ ташриф овардан, вазъи саломатӣ ва маълумоти дар бораи шахсият гирифташуда; - машварати табибон (консилиум) – машварати гурӯҳи табибон барои муайян намудани вазъи вазнини саломатии бемор, ташхиси беморӣ, муайян намудани усулҳои табобат ва лаҳзаи марг; - майзадагӣ – бемории наркологӣ, ки хусусияти истеъмоли давомдори машруботи спиртӣ дошта, бо зуҳуроти вобастагии рӯҳӣ ва биологӣ аз машруботи спиртӣ, тағйирёбии таъсири он, пайдоиш ва инкишофи таназзули рӯҳӣ ва соматикии машруботи спиртӣ сурат мегирад; - меъёрҳои гигиенӣ – тавассути тадқиқот муқаррар намудани нишондиҳандаҳои имконпазири ниҳоӣ ё ҳадди ақали теъдодӣ ва (ё) сифатие, ки омили муҳити зистро аз нигоҳи бехатарӣ ва (ё) безарарӣ ба инсон тасниф мекунад; - моддаҳои психотропӣ – маводи сунъӣ ё табиӣ, шакли дорувории онҳо, ки дар конвенсияҳои байналмилалии дахлдор ва Рӯйхати миллӣ гурӯҳбандӣ шудаанд; - муассисаи тиббӣ – шахси ҳуқуқие, ки новобаста аз шакли моликият бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешгирӣ, ташхис, табобат ва барқарорсозии саломатии аҳолӣ машғул мебошад; - маводҳои дорувории тибби халқӣ – маводи аз наботот, ҳайвонот, маъданҳо ва дигар маводи барои пешгирӣ, ташхис, табобат ва солимгардонӣ истифодашаванда, ки ба фасли махсуси Феҳристи давлатии дорувории Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда шудаанд; - муомилоти ғизои кӯдакон – фаъолияти мақомоти давлатӣ, инчунин корхонаю муассиса ва ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравиашон, ки ғизои таъйинотиро истеҳсол ва коркард менамоянд, нигоҳ медоранд, интиқол медиҳанд, мефиристанд, мефурӯшанд, тақсим мекунанд, нобуд месозанд, воридоту содирот менамоянд; - муҳити зисти инсон – маҷмӯи иншоот, зуҳурот ва омилҳои муҳити зист (табиӣ ва сунъӣ), ки шароити фаъолияти ҳаёти инсонро муайян менамоянд; - муассисаҳои бемориҳои рӯҳӣ – беморхонаҳои рӯҳӣ ва рӯҳу асаб, марказҳои бемориҳои рӯҳӣ ва рӯҳу асаб, ҳуҷраи табиби бемориҳои рӯҳии марказҳои саломатии шаҳрҳо ва ноҳияҳо, ки дар ҳамкории зич бо шабакаи муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ба шахсони гирифтори бемории рӯҳӣ кумаки тиббии махсусгардонидашударо мерасонанд; - муҳофизати санитарии ҳудуд – маҷмӯи чорабиниҳое, ки барои пешгирии воридшавӣ ва паҳншавии барангезандагони бемориҳои карантинӣ ва дигар бемориҳои сироятӣ ба ҳудуди кишвар, ки аз ҷониби хадамоти сарҳадӣ, муассисаҳои маҳаллии тиббӣ ва хадамоти санитарию эпидемиологӣ анҷом дода мешаванд; - муассисаи хусусии тиббӣ – муассисаи тиббие, ки молу мулки он аз моликияти хусусӣ ё моликияте, ки дар асоси шартномаи иҷора истифода мешавад, иборат аст; - мутахассисони тибби оилавӣ – табиби оилавӣ ва ҳамшираи шафқати тибби оилавӣ; - муассисаҳои наркологӣ – беморхонаҳо ва марказҳои наркологӣ, шуъбаҳои тавонбахшӣ ё марказҳо барои расонидани тавонбахшии тиббию иҷтимоӣ ба беморони наркологӣ, ҳуҷраҳои наркологӣ дар марказҳои саломатии ноҳиявӣ ва шаҳрӣ, ки дар ҳамкории зич бо хадамоти кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, кумаки тиббии махсусгардонидашударо ба шахсони гирифтори бемориҳои наркологӣ мерасонанд; - носолимии (бемории) рӯҳӣ – вайрон шудани фаъолияти муътадили рӯҳии инсон, ки дар пастшавии қобилияти ақлӣ ва тағйирёбии возеҳи тафаккур ифода меёбад; - назорати давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ – маҷмӯи чорабиниҳое, ки ба санҷиши риоя ва иҷрои талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамчунин ба огоҳонидан, пешгирӣ ва бартараф намудани ҳуқуқвайронкуниҳо дар соҳаи тандурустӣ равона гардидаанд; - нашъамандӣ - беморие, ки аз заҳролудшавии музмини организм дар натиҷаи суиистеъмоли воситаҳои нашъадор, ки дар конвенсияҳои байналмилалии дахлдор ва Рӯйхати миллӣ гурӯҳбандӣ шудаанд, ба вуҷуд омада, хусусияти вобастагии рӯҳӣ ва ҷисмонӣ аз онҳо дорад; - омилҳои муҳити зист - омилҳои биологӣ (заррамавҷудотҳо, соддатаринҳо, бактерияҳо, паразитҳо, замбуруғҳо, моддаҳои сафедадор ва вирусҳо), кимиёвӣ ва ҷисмонӣ (садо, ларзиш, ултрасадо, инфрасадо, афканишоти гармӣ, ионикунанда, ғайриионикунанда ва дигар афканишот), иҷтимоӣ (ғизо, таъминоти об, шароити маишӣ, меҳнат, истироҳат) ва дигар омилҳои муҳити зист, ки ба инсон ва (ё) вазъи саломатии насли оянда таъсир мерасонанд ё метавонанд таъсир расонанд; - пайвандсозӣ – пайванд сохтани узвҳо ё бофтаҳо бо мақсади пайваст кардани онҳо дар дохили як организм (аутотрансплантатсия) ё аз як организм ба организми дигар (гомотрансплантатсия) пайванд намудан бо мақсади наҷот додани ҳаёти инсон ё барқарорсозии фаъолияти организми ӯ; - пешгирӣ – маҷмӯи чорабиниҳои тиббӣ ва ғайритиббие, ки пешгирӣ аз пайдошавии беморӣ, авҷгирӣ дар марҳилаи аввали беморӣ ва назорати оризаҳои бавуҷудомада, зарар дидани узвҳо ва бофтаҳоро дар бар мегиранд; - ретсипиент – шахсе, ки бо мақсади табобат ба ӯ ягон узв ё бофтаи дигари инсон ё организм (донор) пайванд карда мешавад; - саломатӣ – ҳолати беҳбудии пурраи ҷисмонӣ, рӯҳӣ ва иҷтимоӣ, набудани беморӣ ва нуқсонҳои ҷисмонӣ; - сирояти вируси норасоии масунияти одам – бемории музмине, ки сабабгори он вируси норасоии масунияти одам аст; - синну соли репродуктивӣ – синну соли қобили таваллуд (15 – 49 солагӣ); - солимии репродуктивӣ – ҳолати беҳбудии комили ҷисмонӣ, рӯҳӣ ва иҷтимоӣ вобаста ба ҳамаи масъалаҳое, ки ба узвҳои репродуктивӣ ва қобилияту ҷараёни он алоқаманданд; - субъектҳои фаъолияти хусусии тиббӣ – муассисаҳои хусусии тиббӣ ва шахсони воқеии ба амалияи хусусии тиббӣ машғулбуда, ки фаъолияти хусусии тиббиро амалӣ мегардонанд; - тақвими миллии эмкунӣ – санаде, ки муҳлат ва тартиби эмкунии пешгирикунандаи шаҳрвандонро аз бемориҳои сироятӣ муқаррар менамояд; - табобати маҷбурӣ – табобате, ки дар асоси аризаи шахс, коллективҳои меҳнатӣ, ташкилотҳои давлатию ғайридавлатӣ ё бо ташаббуси мақомоти корҳои дохилӣ тибқи муқаррароти Кодекси мазкур дар асоси хулосаи комиссияи мақомоти ваколатдори тандурустӣ, бо қарори суд дар шуъбаҳои махсусгардонидашудаи муассисаҳои тиббӣ ва бо реҷаи муқарраршудаи нигоҳ доштан ва табобати меҳнатӣ гузаронида мешавад; - табиби оилавӣ – мутахассиси дорои таҳсилоти олии касбии тиббӣ ё аз рӯи ихтисоси «тибби оилавӣ» бозомӯзонидашуда, ки ҳуҷҷати тасдиқкунанда (диплом ва ё сертификат) дорад; - табиби халқӣ – шахсе, ки шаҳодатномаи табиби халқӣ дошта, солимгардонии аҳолӣ, пешгирӣ, ташхис ва табобатро бо усул ва маводҳои дорувории тибби халқӣ амалӣ мегардонад; - тандурустӣ – низоми тадбирҳои хусусияти сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва тиббӣ дошта, ки ба пешгирӣ ва табобати бемориҳо, нигоҳдории гигиенӣ ва санитарии ҷамъиятӣ, нигоҳдорӣ ва таҳкими солимии ҷисмонӣ ва рӯҳии инсон, инчунин нигоҳдории ҳаёти фаъоли дарозумрӣ ва расонидани кумаки тиббӣ ба ӯ дар ҳолати аз даст додани солимӣ равона карда шудааст; - ташкилотҳои зидди бемории сил – ташкилотҳои тиббие, ки кумаки зидди бемории силро мерасонанд ва пешгирии онро анҷом медиҳанд, аз ҷумла ташкилотҳои махсуси зидди бемории сил, шабакаи муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, муассисаҳои зидди бемории сили низоми корҳои ислоҳӣ, муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбии миёна, олӣ ва баъдидипломии тиббии дорои сохторҳои дахлдор, муассисаҳои санитарию эпидемиологӣ ва байторӣ; - тибби оилавӣ – самти кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ҷиҳати расонидани кумаки бисёрсоҳавии аввалиндараҷа ба аҳолӣ аз ҷониби мутахассисони тибби оилавӣ бо мақсади пешгирию табобати бемориҳо дар ҳолатҳои таъхирнопазир; - тибби халқӣ – бахши соҳаи тандурустӣ, ки дар он усулҳои солимгардонии аҳолӣ, пешгирии бемориҳо, ташхис ва табобат ба дониш, малака ва таҷрибаи аз давраҳои қадим бадастомада асос ёфта, бо анъанаҳои халқӣ муқарраргардида, истифода мешаванд; - узв – ҷузъи бадан, ки сохти муайян ва таъйиноти махсус дорад (дил, гурда, ҷигар, шуш, ғадуди зери меъда, устухонҳо, мағзпардаи сахти сар ва шоҳпардаи чашм); - фаъолияти хусусии тиббӣ – фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба расонидани кумак ва хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ тибқи шартнома, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон; - хизматрасонии тиббӣ – кумаки тиббие, ки аз рӯи намуди муайяни беморӣ ва дар ҳаҷми муайян расонида мешавад; - хуни донорӣ – хуне, ки аз донор гирифта шуда, бо мақсади истифодабарӣ дар табобати беморон, коркарди ҷузъҳои хун, тайёр намудани доруворӣ ва истифодаи онҳо бо мақсади илмию тадқиқотӣ равона мегардад; - хулосаи санитарию эпидемиологӣ – ҳуҷҷати тасдиқкунандаи мутобиқати (номутобиқатии) омилҳои муҳити зист, фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолият, мол, кор, хизматрасонӣ, инчунин лоиҳаи санадҳои меъёрӣ, лоиҳаҳои сохтмони иншоот, ҳуҷҷатгузории истифодабарӣ ба қоида ва меъёрҳои давлатии санитарию эпидемиологӣ; - ҳомиладоркунии сунъӣ – ҳомиладоркунии тухмҳуҷайра берун аз бадан ва кӯчонидани ҷанини тақсимшудаистода ба ковокии бачадон; - ҳуқуқи репродуктивӣ – ҳуқуқи шаҳрвандон оид ба ҳифзи солимии репродуктивӣ ва озодии қабули қарор вобаста ба таваллуди кӯдак ё даст кашидан аз он, инчунин истифодаи кумаки тиббию иҷтимоӣ, иттилоотӣ ва машваратӣ дар ин соҳа; - чорабиниҳои санитарию зиддиэпидемикӣ – чорабиниҳои ташкилӣ, маъмурӣ, муҳандисию техникӣ, тиббию санитарӣ, байторӣ ва дигар чорабиниҳое, ки барои бартараф ё кам кардани таъсири зараровари муҳити зист ба инсон, пешгирии пайдоиш ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва бемориҳои оммавии ғайрисироятӣ нигаронида шудаанд; - шакли фаъоли бемории сил – шакли бемории сил, ки нишонаҳои фаъоли он дар натиҷаи гузаронидани тадқиқоти клиникӣ, озмоишгоҳӣ, рентгенелогӣ, генетикӣ, бактериологӣ, ситологӣ, гистологӣ, лапораскопӣ ва бронхоскопӣ муқаррар гардидааст; - шакли гузарандаи бемории сил – шакли беморие, ки бо сабаби хориҷ намудани микробактерияҳои сил ба муҳити атроф хатар дорад; - шахсони сироятшудаи вируси норасоии масунияти одам – шахсоне, ки гирифтори вируси норасоии масунияти одам шудаанд (шахсони ҳомили вируси норасоии масунияти одам ва мубталои бемории пайдошудаи норасоии масуният); - шахсони мубталои бемории пайдошудаи норасоии масуният – шахсони дорои зуҳуроти клиникии беморӣ, ки барои онҳо иллатнокии амиқи низоми масуният аз таъсири вируси норасоии масунияти одам хос аст; - шароити мусоиди фаъолияти ҳаёт – ҳолати муҳити зисте, ки дар он хатари таъсири зараровари омилҳои муҳити зист ба инсон (шароити безарар) ҷой надорад ва имконияти барқарорсозии фаъолияти вайроншудаи узвҳои инсон вуҷуд дорад; - шаҳодатномаи табиби халқӣ – ҳуҷҷат оид ба сатҳи таҳсилот, тахассус ва такмили ихтисос, ки аз тарафи муассисаҳои таҳсилоти тиббӣ, инчунин ташкилотҳои соҳаи тандурустӣ дода мешавад; - эпидемия – дараҷаи шиддатнокии ҷараёни эпидемикие, ки мубталои оммавии аҳолӣ ё гурӯҳҳои алоҳидаи онро ба бемориҳои сироятӣ инъикос намуда, аз сатҳи бемориҳои маъмулан дар ин ҳудуд қайдшаванда ба таври назаррас бештар мебошад; - эмкунии пешгирикунанда – ба организми инсон гузаронидани дорувории иммунобиологӣ бо мақсади тобовар гардонидани он ба бемориҳои сироятӣ; - экспертизаи сифати хизматрасониҳои тиббӣ – маҷмӯи чорабиниҳои ташкилӣ, таҳлилӣ ва амалӣ, ки барои баровардани хулосаи мутобиқати сатҳи сифати хизматрасонии тиббии расонидашуда тибқи стандартҳои дар соҳаи тандурустӣ тасдиқшуда, амалӣ карда мешаванд; - экспертизаи санитарию эпидемиологӣ – фаъолият оид ба муайян намудани мутобиқати (номутобиқатии) ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо, иншооти фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар намуди фаъолият, маҳсулот, кор ва хизматрасонӣ ба қоида ва меъёрҳои давлатии санитарию эпидемиологӣ. |