Кодекси тандурустии Чумхурии точикистон 2017. Кодекси тандурустии умурии Тоикистон
Скачать 1.07 Mb.
|
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тандурустӣ. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тандурустӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад. БОБИ 2. ТАНЗИМ ВА ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ Моддаи 3. Принсипҳои сиёсати давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ. Сиёсати давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ба принсипҳои зерин асос меёбад: - таъмини баробарҳуқуқии шаҳрвандон барои гирифтани кумаки тиббии бехатар, самарабахш ва сифатнок; - ҷавобгарии якҷояи давлат, корфармоён ва шаҳрвандон ҷиҳати нигоҳдорӣ ва таҳкими саломатии инфиродӣ ва ҷамъиятӣ; - таъмини ҳаҷми кафолатноки кумаки ройгони тиббӣ; - ҳифзи солимии модару кӯдак; - афзалиятнок будани самти пешгирӣ дар фаъолияти низоми тандурустӣ; - дастрас будани кумаки тиббӣ; - мунтазам баланд бардоштани сифати кумаки тиббӣ; - таъмини бехатарии санитарию эпидемиологии аҳолӣ; - васеъ намудани имкониятҳои ҷомеа оид ба масъалаҳои ҳифзи саломатӣ; - пайдарпайии фаъолияти ташкилотҳои тандурустӣ дар хизматрасонии тиббӣ; - таъмини муттасилӣ ва пайдарҳамии таҳсилоти тиббӣ ва фарматсевтӣ бо истифода аз технологияҳои замонавии таълим; - дастгирии давлатии илми тибби ватанӣ, ҷорӣ намудани дастовардҳои пешқадами илмӣ, техникӣ ва таҷрибаи ҷаҳонӣ дар соҳаи тандурустӣ; - ҳавасмандгардонии донории ройгони ихтиёрӣ; - дастгирии давлатӣ оид ба таҳия ва рушди рақобатпазирии саноати тиббӣ ва фарматсевтии ватанӣ; - иштироки иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар таъмини ҳуқуқҳои шаҳрвандон ба ҳифзи саломатӣ; - самтнокии иҷтимоии тандурустӣ, ки ба қонеъ гардонидани талаботу эҳтиёҷоти аҳолӣ ва беҳтар намудани сифати зиндагӣ равона карда шудааст; - мусоидат дар ташаккули тарзи ҳаёти солим ва ғизои солим; - алоқамандии саломатии аҳолӣ, бехатарӣ, самарабахшӣ ва сифати маводи доруворӣ ба омилҳои таъмини амнияти миллӣ. Моддаи 4. Танзими давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ. 1. Танзими давлатиро дар соҳаи тандурустӣ инҳо амалӣ менамоянд: - Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; - мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ; - мақоми ваколатдори назорати давлатии фаъолияти тиббӣ; - мақоми ваколатдори назорати давлатии фаъолияти фарматсевтӣ; - мақоми ваколатдори назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ; - мақоми ваколатдори давлатии экспертизаи тиббию иҷтимоӣ; - мақомоти дигари иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар доираи ваколатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст. 2. Танзими давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ бо роҳҳои зерин амалӣ карда мешавад: - назорати давлатии фаъолияти тиббӣ, фарматсевтӣ ва таъмини бехатарии санитарию эпидемиологӣ; - иҷозатномадиҳӣ ва додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ барои машғул шудан ба фаъолияти тиббӣ ва фарматсевтӣ; - аккредитатсия ва аттестатсия дар соҳаи тандурустӣ; - бақайдгирии давлатӣ, азнавбақайдгирии маводи доруворию молҳои тиббӣ ва намудҳои алоҳидаи маҳсулот ва моддаҳое, ки ба саломатии инсон таъсири зарарнок мерасонанд; - тасдиқи мутобиқати мол (кор ва хизматрасонӣ) дар соҳаи тандурустӣ ба талаботе, ки бо дастури техникӣ, ҳуҷҷатҳои меъёрӣ оид ба стандартизатсия ва шартҳои шартномаҳо муқаррар гардидаанд; - танзими давлатии арзиши хизматрасониҳои тиббӣ, маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ. Моддаи 5. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи тандурустӣ. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи тандурустӣ салоҳияти зеринро дорад: - пешбурди сиёсати давлатиро дар соҳаи тандурустӣ таъмин менамояд; - сохтори мақомоти идоракунии давлатии низоми тандурустӣ, тартиби ташкил ва фаъолияти онҳоро муқаррар менамояд; - идоракунии моликияти давлатиро дар соҳаи тандурустӣ назорат менамояд; - чорабиниҳоеро, ки ҳангоми ҳолатҳои фавқулода ба наҷотдиҳии ҳаёти инсон ва ҳифзи саломатии онҳо равона гардидаанд, ба амал мебарорад; - барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо кумаки тиббию санитариро тасдиқ менамояд; - барои солимгардонии муҳити зист ва фаъолияти инсон, аз ҷумла таъмини амнияти экологӣ ва радиатсионӣ, ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳо меандешад; - тартиби иҷозатномадиҳиро дар соҳаи тандурустӣ муқаррар менамояд; - тартиби гузаронидани аккредитатсияи ташкилотҳои соҳаи тандурустиро, новобаста аз шакли моликият, муайян менамояд; - сохтори идоракунии тандурустиро муайян менамояд; - стратегия, консепсия ва барномаҳои миллии дахлдорро оид ба ҳифзи саломатӣ тасдиқ менамояд; - номгӯи хизматрасониҳои кафолатнок оид ба ҳифзи солимии репродуктивиро муқаррар менамояд; - номгӯи бемориҳое, ки шахсони ба онҳо мубталогашта ҳуқуқи дар муассисаҳои таълимии тиббӣ таҳсил карданро надоранд, муайян менамояд; - тадқиқоти илмӣ, маблағгузории барномаҳои ҷумҳуриявии тадқиқоти илмиро дар соҳаи тандурустӣ муқаррар менамояд; - ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи тандурустӣ муайян менамояд; - дигар салоҳиятеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, амалӣ менамояд. Моддаи 6. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ваколатҳои зеринро дорад: - фаъолияти ташкилоту муассисаҳои зертобеи худ, ташкилотҳо ва муассисаҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии низоми тандурустиро роҳбарӣ намуда, вазъи саломатии аҳолиро таҳлил ва стратегияи ҳифзи саломатии аҳолиро таҳия менамояд; - фаъолияти мақомот ва ташкилотҳои низоми тандурустӣ, сифати расонидани кумаки тиббию санитарӣ ва дорувориро новобаста аз шакли моликият назорат менамояд; - ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқиро вобаста ба масъалаҳои татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ ва ба танзим даровардани меъёрҳои ҳуқуқии фаъолият дар соҳаи тандурустӣ пешниҳод менамояд; - дар доираи ваколатҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартибот ва талаботро нисбат ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба фаъолияти тиббӣ ва фарматсевтӣ машғуланд, новобаста аз шакли моликият, инчунин фаъолиятро дар самти таъмини бехатарии санитарию эпидемиологӣ муайян менамояд; - талаботро нисбат ба сифат ва муомилоти маводи доруворӣ, молҳои тиббӣ, моддаҳои фаъоли биологӣ ва сифати хизматрасониҳои тиббӣ муайян менамояд; - роҳбарони муассисаҳо ва ташкилотҳои ҷумҳуриявии низоми тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоиро ба вазифа таъйин ва аз вазифа озод менамояд; - роҳбарони муассисаҳо ва ташкилотҳои тиббии вилоятӣ, сартабибони беморхонаҳои марказӣ, роҳбарони шабакаҳои муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои ҷумҳуриявии соҳаи ҳифзи иҷтимоии шаҳру ноҳияҳоро дар мувофиқа бо раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ба вазифа таъйин ва аз вазифа озод менамояд; - талаботи соҳаи тандурустии давлатиро ба мутахассисони соҳаи тиббӣ ва фарматсевтӣ муайян менамояд; - дигар ваколатҳоеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, амалӣ менамояд. Моддаи 7. Ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ. Ба ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ инҳо дохил мешаванд: - ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар соҳаи тандурустӣ; - ташаккул додани буҷети соҳаи тандурустии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ; - ташкили рушди шабака ва таҳкими заминаҳои моддию техникӣ, бо маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ таъмин намудани ташкилотҳои ҳудуди низоми давлатии тандурустӣ, муайян кардани намуд ва ҳаҷми фаъолияти онҳо тибқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи саломатии аҳолӣ ва тандурустӣ; - ташкили расонидани кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва дигар намуди кумакҳои тиббӣ, таъмини дастрасии онҳо ба аҳолӣ, таъмини аҳолӣ бо маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ дар ҳудуди худ; - ташкили шароит барои рушди фаъолияти хусусии тиббӣ; - таъмини бехатарии санитарию эпидемиологии аҳолӣ ва шароит барои амалигардонии назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ дар ҳудуди худ; - ҳифзи муҳити зист ва таъмини бехатарии экологӣ; - таҳия ва татбиқи барномаҳои минтақавии рушди соҳаи тандурустӣ ва барномаҳои муҳим дар самти ҳифзи саломатии аҳолӣ, аз ҷумла барномаҳое, ки ба мақсад ва вазифаҳои барномаҳои миллӣ, ҷумҳуриявӣ, соҳавӣ ва байнисоҳавии мубориза бо бемориҳо асос ёфтаанд; - маблағгузории таҳсилоти баъдидипломии кормандони ташкилотҳои тандурустии вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ; - бо кор таъмин намудани мутахассисони ҷавони тиббӣ тибқи роҳхати мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ва ҳавасмандгардонии онҳо; - ташкили шароити зарурии моддию техникӣ ва дигар шароитҳо барои фаъолияти муассисаҳои давлатии соҳаи тандурустӣ; - ба вазифа таъйин ва аз вазифа озод намудани сардорони раёсатҳои тандурустии вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, раёсатҳо, шуъба ва бахшҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар мувофиқа бо роҳбари мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; - иҷрои дигар ваколатҳое, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд. Моддаи 8. Ҳамкории байниидоравӣ ва ҳамоҳангсозӣ дар соҳаи тандурустӣ. 1. Барои таъмини ҳамкории мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва дигар ташкилотҳо дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои миллӣ оид ба тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таъсис дода мешавад. 2. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ фаъолияти дигар вазоратҳо ва идораҳо, корхонаҳо ва ташкилотҳоро новобаста аз шакли моликият, инчунин мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро оид ба масъалаҳои тандурустӣ ҳамоҳанг месозад. 3. Талаботҳо, низомномаҳо, қоидаҳо ва меъёрҳо дар соҳаи тандурустӣ, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ таҳия ва тасдиқ шудаанд, барои иҷро ба ҳамаи вазоратҳо ва идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо новобаста аз шакли моликият, инчунин ба шахсони воқеӣ ҳатмӣ мебошанд. 4. Ҳамоҳангсозӣ ва ҳамкории мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои тандурустӣ дар соҳаи тибби офатҳо аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ амалӣ карда мешавад. Моддаи 9. Ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи саломатии аҳолӣ 1. Ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи саломатии аҳолӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ ва мақомоти дахлдори давлатҳои хориҷӣ тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. 2. Мақомоти тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи тандурустӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ, давлатҳои хориҷӣ ва мақомоти дахлдори онҳо ба роҳ мемонад. БОБИ 3. НИЗОМИ ТАНДУРУСТӢ Моддаи 10. Низоми тандурустӣ. Ба низоми тандурустӣ дохил мешаванд: - мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ, мақомоти ваколатдори назорати давлатии фаъолиятҳои тиббию фарматсевтӣ, экспертизаи тиббию иҷтимоӣ, назорати санитарию эпидемиологӣ, раёсатҳои тандурустии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе; - ташкилотҳо ва муассисаҳои зертобеи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ, инчунин ташкилотҳо ва муассисаҳои тиббию фарматсевтии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо; - ташкилотҳо, муассисаҳои тандурустӣ ва фарматсевтии дар сохтори дигар вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта; - субъектҳои фаъолияти хусусии тиббӣ ва фарматсевтӣ, муассисаҳои таълимию илмии тиббии хусусӣ. Моддаи 11. Ҳуқуқи ташкилот ва муассисаҳои давлатии тандурустӣ. Ташкилот ва муассисаҳои давлатии тандурустӣ ҳуқуқ доранд: - сохтори ташкилии худро бо тартиби муқарраргардида муайян намоянд; - аз ҳуқуқҳои шахси ҳуқуқӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода баранд; - шаҳрвандонро бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кумаки тиббию санитарии ройгон таъмин намоянд; - ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматрасонии тиббию санитарии пулакиро ташкил намоянд, инчунин ба дигар фаъолияти соҳибкорӣ, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад, машғул шаванд. Моддаи 12. Уҳдадориҳои ташкилот ва муассисаҳои давлатии тандурустӣ. Ташкилот ва муассисаҳои давлатии тандурустӣ уҳдадоранд, таъмин намоянд: - дастрасии кумаки тиббию санитарӣ ба аҳолӣ мутобиқи меъёрҳои Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи тандурустӣ; - омодагӣ барои кор дар шароити зарарнок ва вазнини меҳнат; - расонидани кумаки таъҷилии тиббӣ; - амалӣ намудани чорабиниҳои махсуси тиббӣ оид ба пешгирӣ, ташхис ва табобати бемориҳое, ки барои атрофиён хатарнок аст; - риоя намудани реҷаҳои санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемикӣ; - ҳамкории якҷоя ва муттасил бо дигар ташкилоту муассисаҳои тандурустӣ; - таблиғи тарзи ҳаёти солим ва тарбияи санитарию гигиении аҳолӣ; - ҳамкорӣ бо мақомоти корҳои дохилӣ, комиссариатҳои ҳарбӣ, мақомоти таъминоти иҷтимоӣ, комиссияҳои экспертии тиббию иҷтимоӣ ва дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо мақсади таъмини солимии аҳолӣ. Моддаи 13. Маҳдудияти фаъолияти ташкилот ва муассисаҳои тандурустӣ новобаста аз шакли моликият. Ташкилот ва муассисаҳои тандурустӣ новобаста аз шакли моликият ҳуқуқ надоранд: - бо ширкатҳои фарматсевтӣ ва намояндагии онҳо оид ба таъйинот ва ё тавсияҳои маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ шартномаҳои ҳамкорӣ банданд; - намунаҳои маводи доруворӣ ва молҳои тиббиро аз ширкатҳои фарматсевтӣ ва намояндагии онҳо бо мақсадҳои рекламавӣ, тарғибию ташвиқотӣ қабул намоянд. Моддаи 14. Иштироки иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ дар ҳифзи саломатии аҳолӣ. Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оинномаҳои онҳо дар таъмини ҳифз ва мустаҳкам кардани саломатии аҳолӣ иштирок менамоянд, донишҳои тиббӣ ва гигиениро тарғиб мекунанд. Моддаи 15. Масъулияти мақомоти давлатӣ оид ба ҳифзи саломатии аҳолӣ. Мақомоти давлатӣ оид ба ҳифзи саломатии аҳолӣ барои таъмини шароитҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва дигар шароитҳои аҳолӣ, ки ба ташаккулёбӣ ва ҳифзу мустаҳкам шудани саломатии аҳолӣ, беҳбудии экологӣ ва санитарию эпидемиологӣ, пешгирии бемориҳо ва инкишофи соҳаи тандурустӣ мусоидат менамоянд, масъул мебошанд. БОБИ 4. МАБЛАҒГУЗОРИИ НИЗОМИ ДАВЛАТИИ ТАНДУРУСТӢ Моддаи 16. Манбаъҳои маблағгузории низоми давлатии тандурустӣ. Манбаъҳои маблағгузории низоми давлатии тандурустӣ инҳо мебошанд: - маблағҳои буҷетӣ; - маблағҳое, ки ташкилотҳои соҳаи тандурустӣ дар натиҷаи фаъолияти дигаре, ки мухолифи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон намебошанд, ба даст овардаанд; - пардохтҳои эҳсонкорӣ ва хайрияҳои ташкилотҳо, корхонаҳо новобаста аз шакли моликият, шаҳрвандон, аз ҷумла шахсони воқеии давлатҳои дигар; - дигар сарчашмаҳое, ки истифодаи онҳо ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат намекунад. Моддаи 17. Баҳисобгирии тарифҳои хизматрасонии тиббӣ. 1. Тартиби баҳисобгирии тарифҳои хизматрасонии тиббии ташкилотҳои давлатии тандурустӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи зиддиинҳисорӣ таҳия ва тасдиқ карда мешавад. 2. Тартиби баҳисобгирии тарифҳои хизматрасонии тиббӣ аз ҷониби субъектҳои фаъолияти хусусии тиббӣ бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад. Моддаи 18. Истифодаи захираҳои молиявии низоми давлатии тандурустӣ. 1. Захираҳои молиявии низоми давлатии тандурустӣ барои мақсадҳои зерин равона карда мешаванд: - нигоҳдорӣ ва рушди ташкилотҳои тандурустии давлатӣ; - амалӣ намудани чорабиниҳои пешгирӣ аз бемориҳо, зиддиэпидемикӣ, ташхису табобат; - ҷорӣ намудани барномаҳои мақсадноки тандурустӣ; - рушди заминаи моддию техникии низоми давлатии тандурустӣ; - тайёр намудан ва баланд бардоштани ихтисоси кадрҳои амалиявӣ ва илмию педагогии соҳаи тандурустии давлатӣ; - рушди илм ва таҳсилоти тиббӣ; - пешгирӣ ва аз байн бурдани эпидемияҳо, бемориҳои сироятӣ ва дигар бемориҳои оммавӣ; - дигар мақсадҳое, ки аз хароҷоти низоми давлатии тандурустӣ вобастагӣ доранд. 2. Маблағҳое, ки ташкилотҳои тандурустии давлатӣ дар натиҷаи хизматрасонӣ ё фаъолияти дигаре, ки тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст меоранд, дар асоси Низомнома дар бораи истифодаи маблағҳои махсуси соҳаи тандурустӣ, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, хароҷот карда мешаванд. |