Кодекси тандурустии Чумхурии точикистон 2017. Кодекси тандурустии умурии Тоикистон
Скачать 1.07 Mb.
|
Моддаи 106. Эмкуниҳои пешгирикунанда, нақшавӣ ва ҳатмӣ. 1. Эмкунии пешгирикунандаи шаҳрвандон бо мақсади пешгирии пайдоиш ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ анҷом дода мешавад. Номгӯи бемориҳо, ки алайҳи онҳо эмкуниҳои пешгирикунанда сурат мегирад, тартиб, муҳлати гузаронидан ва гурӯҳҳои аҳолии эмшавандаро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ муайян менамояд. 2. Шахсони воқеии дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта, уҳдадоранд, ки мувофиқи Тақвими миллии эмкунӣ бар зидди бемориҳои сироятӣ, эмкунии пешгирикунандаро ба таври ройгон гиранд. 3. Талабот, нишондод, муҳлати гузаронидан, гурӯҳи аҳолӣ ва номгӯи бемориҳое, ки бар зидди онҳо эмкунии пешгирикунандаи нақшавӣ ва ё дар асоси нишондодҳои эпидемиявӣ гузаронида мешаванд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. 4. Эмкуниҳои пешгирикунандае, ки ба Тақвими миллии эмкунӣ дохил нашудаанд ва нишондодҳои эпидемиявӣ надоранд, ба шаҳрвандон, бо ташаббуси онҳо ва бо мақсади пешгирии бемориҳои сироятӣ аз ҳисоби онҳо гузаронида мешавад. 5. Назорати нигоҳ доштан, интиқол ва истифодаи воситаҳои пешгирикунанда, иммунобиологӣ, ташхисӣ ва безараркунандаро мақомоти ваколатдори давлатии назоратӣ таъмин менамояд. 6. Эм накардан боиси оқибатҳои зерин мегардад: - сафари шаҳрвандон ба мамлакатҳое, ки бинобар будубошашон дар он ҷо мутобиқи қоидаҳои байналмилалии тиббию санитарӣ ё шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон эмкунии мушаххас шарт аст, манъ карда мешавад; - ҳангоми хурӯҷи оммавии бемориҳои сироятӣ ё пешомади хатари эпидемия, шаҳрвандон ба муассисаҳои таълимӣ ва табобатӣ муваққатан қабул карда намешаванд; - шаҳрвандон ба корҳое, ки иҷрояшон бо хатари зиёди мубталои бемориҳои сироятӣ алоқаманд аст, қабул намегарданд ё аз чунин корҳо дур карда мешаванд. 7. Номгӯи корҳоеро, ки иҷрояшон бо хатари зиёди мубталои бемориҳои сироятӣ шудан алоқаманд аст ва эмкунии ҳатмиро талаб мекунад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд. 8. Ҳангоми ба вуҷуд омадани ҳолати номатлуби баъдиэмкунӣ экспертизаи корношоямии шаҳрванд тибқи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад. Алоқамандии беморӣ, маъюбӣ ва фавт бо эмкунӣ бо назардошти хулосаи шӯрои экспертӣ оид ба эмкунии назди мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ муқаррар карда мешавад. Моддаи 107. Пешгирии пайдоиш ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ, паразитарӣ ва ғайрисироятии оммавӣ. 1. Бо мақсади пешгирии пайдоиш ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ, паразитарӣ ва ғайрисироятии оммавӣ, сари вақт ва дар ҳаҷми пурра гузаронидани чорабиниҳои зарурии ташкилӣ, муҳандисию техникӣ, табобатию пешгирикунанда, санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемикӣ, аз ҷумла чорабиниҳо оид ба анҷом додани ҳифзи санитарии ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷорӣ кардани карантин, анҷом додани назорати истеҳсолӣ, чораҳо нисбат ба шахсони гирифтори бемориҳои сироятӣ, доир намудани муоинаҳои тиббӣ, эмкуниҳои пешгирикунанда, тарбия ва таълими гигиении шаҳрвандон анҷом дода мешавад. 2. Шахсоне, ки ба бемориҳои давомноки сироятӣ, паразитарӣ гирифторанд ва ҳомилони доимии барангезандагони бемориҳои сироятианд ва барои атрофиён хатарноканд, дар асоси қарори сартабиби давлатии санитарӣ ва муовинони он (дар сатҳи ҷумҳурӣ, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо) муваққатан аз фаъолият барканор карда ва ё ба кори дигаре, ки ба атрофиён хатар надоранд, гузаронида мешаванд. Моддаи 108. Пешгирии бемориҳои ғайрисироятӣ, касбӣ ва осеббардорӣ. Пешгирии бемориҳои ғайрисироятӣ, касбӣ ва осеббардорӣ чорабиниҳои зеринро дар бар мегирад: - пешгирии омилҳои хатарноки бемориҳо ва баланд бардоштани савияи дониши аҳолӣ; - пешгирии ҳодисаҳои нохуш ва осеббардории кормандон; - таҳқиқ ва бақайдгирии ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ва бемории касбӣ; - суғурташавии ҳатмии кормандон аз ҳодисаҳои нохуш ва аз бемориҳои касбӣ; - тарғиби ҳаёти солим ва ғизои солим; - фаҳмондадиҳии аҳолӣ тавассути воситаҳои ахбори омма доир ба пешгирии бемориҳо; - ташкил намудани мактабҳои саломатӣ барои омӯзиши шахсоне, ки аз бемориҳои музмини ғайрисироятӣ азият мекашанд; - муваққатан гузаронидан ба кори сабук вобаста ба вазъи саломатӣ ба муҳлати дар хулосаи тиббӣ қайдшуда; - пешгирии осеббардорӣ дар сатҳи байнисоҳавии мақомоти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар доираи ваколатҳои онҳо; - назорати доимӣ ва сари вақт солимгардонии шахсони ба бемориҳои музмин, аз он ҷумла касбӣ гирифторшуда; - гузаронидани муоинаҳои тиббӣ; - мониторинги омилҳои хатарноки бемориҳо дар байни аҳолии вобасташуда дар ҳудуд аз тарафи мутахассисони кумаки тиббию санитарӣ, бемориҳои касбии кормандон – мутахассисони идораҳои давлатӣ дар соҳаи таъмини бехатарии санитарию эпидемиологии аҳолӣ; - ҳадди ақал кам намудани омилҳои хатарноки истеҳсолӣ аз тарафи идораҳои давлатӣ дар доираи ваколатҳо, инчунин дигар идора ва ташкилотҳо, соҳибкорони инфиродӣ; - ошкор намудани беморони гирифтори бемории музмини ғайрисироятӣ, аз ҷумла беморони касбӣ бо роҳҳои гузаронидани аҳолӣ аз муоинаҳои тиббӣ, ҳавасмандкунии муроҷиати барвақтӣ. Моддаи 109. Чорабиниҳои махсуси пешгирии бемориҳое, ки барои атрофиён хатарноканд. 1. Мақомот ва ташкилотҳои соҳаи тандурустӣ, инчунин кормандони тиб чорабиниҳои махсуси пешгирӣ ва ошкорсозии бемориҳоеро, ки барои атрофиён хатарноканд (бемориҳои сил, рӯҳӣ ва ҷинсӣ, ҷузом, бемории пайдошудаи норасоии масунияти бадан, карантинӣ ва дигар бемориҳои сироятӣ) амалӣ менамоянд. 2. Тартиби амалӣ намудани чорабиниҳои махсуси пешгирии бемориҳое, ки барои атрофиён хатарноканд, аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ муқаррар карда мешавад. БОБИ 17. ТАЪМИНИ АМНИЯТИ САНИТАРИЮ ЭПИДЕМИОЛОГӢ Моддаи 110. Таъмини амнияти санитарию эпидемиологӣ Амнияти санитарию эпидемиологӣ ба таври зайл таъмин мегардад: - пешгирии бемориҳо мувофиқи вазъияти санитарию эпидемиологӣ ва пешгӯии тағйирёбии он; - таҳия ва татбиқи барномаҳои давлатӣ, миллӣ ва минтақавии таъмини амнияти санитарию эпидемиологӣ ва таҳкими саломатии аҳолӣ, пешгирии бемориҳо ва солимгардонии муҳити зисти инсон ва шароити фаъолияти ӯ; - иҷрои чорабиниҳои санитарию эпидемиологӣ ва риояи ҳатмии қоидаҳои санитарӣ ҳамчун қисми таркибии фаъолияти аз ҷониби ҳамаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ амалигардида; - ташкил кардани ҳавасмандии иқтисодии шаҳрвандон, соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ҷиҳати риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ, таъмини чорабиниҳо ҷиҳати ба ҷавобгарӣ кашидани онҳо барои риоя накардани қоидаҳои санитарӣ дар соҳаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологӣ; - бамеъёрдарории давлатии санитарию эпидемиологӣ; - назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, назорати истеҳсолию ҷамъиятӣ; - сертификатсияи мол, кор ва хизматрасоние, ки ба ҳаёт ва саломатии инсон хавфи имконпазир дорад; - пешниҳоди хулосаҳои санитарию эпидемиологӣ ба он намудҳои фаъолияте, ки ба ҳаёту саломатии инсон ва вазъи муҳити зист хавфи имконпазир дорад; - бақайдгирии давлатии навъҳои алоҳидаи мавод ва моле, ки ба саломатии инсон таъсири зараровар мерасонанд; - гузаронидани мониторинги санитарию эпидемиологӣ; - чорабиниҳо ҷиҳати сари вақт огоҳонидани аҳолӣ оид ба рух додани бемориҳои сироятӣ, паразитарӣ ва ғайрисироятии оммавӣ, ҳолати муҳити зист ва чорабиниҳои пешгирикунандаи гузаронидашаванда; - чорабиниҳо оид ба таълиму тарбияи гигиении аҳолӣ, ташвиқу таблиғи тарзи ҳаёти солим. Моддаи 111. Бамеъёрдарории давлатии санитарию эпидемиологӣ. 1. Бамеъёрдарории давлатии санитарию эпидемиологӣ инҳоро дар бар мегирад: - таҳия, экспертиза, тасдиқкунӣ ва нашри ҳуҷҷатҳои бамеъёрдарории санитарию эпидемиологӣ; - ташкил ва дохил намудани маълумоти ягона оид ба меъёрҳои санитарию эпидемиологӣ; - мутобиқ намудани ҳуҷҷатҳои бамеъёрдарории санитарию эпидемиологӣ бо талаботи байналмилалии умумии қабулшуда. 2. Қоидаҳои санитарӣ, меъёрҳои гигиенӣ, дастурамалҳо, дастурҳо ва нишондодҳои методӣ, фармоишҳо, регламентҳои техникӣ, қоида ва стандартҳо ҳуҷҷатҳои меъёрии низоми давлатии санитарию эпидемиологӣ ба ҳисоб мераванд. 3. Таҳия, тасдиқ ва бақайдгирии ҳуҷҷатҳои меъёрии низоми давлатии санитарию эпидемиологӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд. Моддаи 112. Талаботи санитарию эпидемиологӣ. Талаботи санитарию эпидемиологӣ оид ба ҳолатҳои зерин муқаррар карда мешавад: - нигоҳдорӣ ва ба истифода додани иншооти истеҳсолӣ, ҷамъиятӣ, дастгоҳ, таҷҳизот ва воситаҳои нақлиёт; - интихоби қитъаи замин барои сохтмон; - лоиҳакашӣ, сохтмон, таҷдид, таъмир, нигоҳдорӣ ва ба истифода додани иншооти истеҳсолӣ, ҷамъиятӣ ва таҷҳизот; - молҳои таъйиноти истеҳсолию техникӣ; - маҳсулот ва маводи ғизоӣ, шароити истеҳсолии онҳо, борпечкунӣ, интиқол, нигоҳдорӣ, фурӯш, несту нобудсозӣ; - муассисаҳои ислоҳӣ, маориф ва илм, табобатию пешгирӣ, кӯдакона, ғизои парҳезӣ ва ҷамъиятии аҳолӣ; - истифодабарии маводи кимиёвӣ, биологӣ ва навъҳои алоҳидаи молҳои барои инсон эҳтимолан хатарнок; - таъмини оби нӯшокию таъйиноти хоҷагӣ ва ҷойҳои маданию маишии истифодаи об; - ҳавои атмосфера дар нуқтаҳои аҳолинишин, дар ҳудуди корхонаҳои саноатӣ, ҳаво дар биноҳои истеҳсолӣ, манзил ва дигар объектҳо; - ҷамъоварӣ, истифодабарӣ, истеъмол, безараргардонӣ, интиқол, нигоҳдорӣ ва гӯронидани партовҳои истеҳсолӣ; - шароити кор бо манбаъҳои омилҳои физикӣ, ки ба инсон таъсир мерасонанд; - шароити таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии томактабӣ, ибтидоӣ, асосӣ, миёна ва олии касбӣ; - таълим ва тарбияи гигиении аҳолӣ; - коркард, озмоиш, тайёркунӣ, истеҳсол, нигоҳдорӣ, интиқол, фурӯш, истифода, хизматрасонӣ ва таъсири маводи дезинфексионӣ, дезинсексионӣ ва дератизатсионӣ; - шароити гузаронидани тамйизкунӣ ва дезинфексияи маснуоти таъйиноти тиббӣ; - ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои санитарию зиддиэпидемикӣ дар самти ҳифзи санитарии ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷорӣ намудани карантин, аз ҷумла маҳдудият нисбат ба беморони гирифтори бемориҳои сироятӣ ва паразитарӣ, оид ба гузаронидани муоинаҳои тиббӣ, эмкунии пешгирикунандаи аҳолӣ; - обҳои корезӣ, равшаннокӣ, ҳавоивазкунӣ ва гармидиҳии объектҳо; - шароити интиқол ва нигоҳдории бағоҷҳо, маводи заҳрнок; - воситаҳои нақлиётӣ ва шароити кашонидани мусофирон; - истифода ва истеъмоли иловагиҳои фаъоли биологӣ ба ғизо. Моддаи 113. Бақайдгирӣ ва таҳқиқи ҳолатҳои бемориҳои сироятӣ ва паразитарӣ, бемориҳои касбӣ, осеббинӣ ва заҳролудшавӣ. 1. Ҳамаи ҳолатҳои бемориҳои сироятӣ ва паразитарӣ, бемориҳои касбӣ, осеббинӣ ва заҳролудшавии дарёфтшуда дар муассисаҳои табобатию пешгирӣ ба қайд гирифта шуда, ба ҳисобгирии давлатӣ, ҳисоботи мақомоти давлатӣ ва муассисаҳои хадамоти давлатии санитарию эпидемиологӣ дохил карда мешаванд. Тартиби бақайдгирӣ, ҷорӣ намудани ҳисоботи ҳолатҳои бемориҳои нишондодашуда, осеббинӣ ва заҳролудшавӣ, инчунин тартиби ҷорӣ намудани ҳисоботи онҳоро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ муайян менамояд. 2. Ҳолатҳои бемориҳои сироятӣ, паразитарӣ, касбӣ, осеббинӣ ва заҳролудшавии аҳолӣ бо тартиби муайяннамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ таҳқиқ карда мешаванд. Моддаи 114. Мониторинги санитарию эпидемиологӣ. 1. Мониторинги санитарию эпидемиологӣ низоми назоратии давлатӣ буда, вазъияти саломатии аҳолӣ ва муҳити зист, таҳлили онҳо, арзёбӣ ва пешбинӣ, инчунин сабабу оқибатҳои алоқамандии вазъи саломатии аҳолиро бо таъсири омилҳои муҳити зист муайян менамояд. 2. Мониторинги санитарию эпидемиологӣ аз тарафи мақомоти давлатӣ ва муассисаҳои санитарию эпидемиологӣ бо тартиби муайяннамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ амалӣ карда мешавад. Моддаи 115. Муҳофизати санитарии ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон 1. Муҳофизати санитарии ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирии ворид намудан ва паҳн кардани бемориҳои сироятӣ, инчунин пешгирӣ намудани воридоти мол, маводҳои кимиёвӣ, биологӣ ва партовҳои радиоактивӣ, ки барои аҳолӣ хатарнок мебошанд, амалӣ карда мешавад. 2. Номгӯи бемориҳои сироятӣ, ки гузаронидани чорабиниҳоро оид ба ҳифзи санитарии ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тақозо менамоянд, аз ҷониби мақоми ваколатдори назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ муайян карда мешавад. 3. Муҳофизати санитарии ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби нуқтаҳои санитарию карантинии мақоми ваколатдори назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ дар нуқтаҳои гузаргоҳи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад. 4. Шартҳои гузаронидани чорабиниҳо оид ба анҷом додани муҳофизати санитарии ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи меъёр ва қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. 5. Тартиби кори нуқтаҳои санитарию карантиниро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд. Моддаи 116. Ҷорӣ намудани карантин ҳангоми пайдошавии эпидемияи бемориҳои сироятӣ. 1. Дар ҳолати таҳдиди воридшавӣ ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ бо амри Сартабиби давлатии санитарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуқтаҳои гузаргоҳҳои сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳудудҳои муайян карантин ҷорӣ карда мешавад. 2. Ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар ҳолати ҷорӣ намудани карантин ба зиммаи комиссияи давлатии байниидоравӣ ва зиддиэпидемикии ҳудудӣ оид ба пешгирӣ, маҳдуд ва нест кардани эпидемия ва заҳролудшавии оммавии аҳолӣ, ки бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтааст, гузаронида мешавад. 3. Карантин дар иншооти алоҳида бо қарори Сартабиби давлатии санитарӣ ҷорӣ карда мешавад. Моддаи 117. Чорабиниҳои дезинфексионӣ, дезинсексионӣ ва дератизатсионӣ. 1. Бо мақсади пешгирии пайдоиш ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва паразитарӣ шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ уҳдадоранд, ба истиснои шахсони имтиёздор, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст, аз ҳисоби худ вобаста ба нишондиҳандаҳои эпидемиологӣ ва дастурҳои мақоми ваколатдори назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ чорабиниҳои дезинфексионӣ, дезинсексионӣ ва дератизатсионӣ гузаронанд. 2. Ҳангоми пайдоиши ҳолатҳои фавқулодаи эпидемикӣ бо қарори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тибқи пешниҳоди мақоми ваколатдори назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ чорабиниҳои ғайринавбатии ҳатмии дезинфексионӣ, дезинсексионӣ ва дератизатсионӣ гузаронида мешавад. 3. Дезинфексияи макон аз ҷониби ташкилотҳои тиббӣ, инчунин шабакаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва марказҳои дезинфексионии профилактикӣ гузаронида мешавад. Моддаи 118. Бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ. Таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳифзи ҳаёту саломатии инсон, манфиатҳои истеъмолкунандагон, олами набототу ҳайвонот ва муҳити зист тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» амалӣ карда мешавад. Моддаи 119. Бақайдгирии давлатии навъҳои алоҳидаи мавод ва моле, ки ба инсон таъсири зараровар мерасонанд. 1. Навъҳои алоҳидаи мавод ва моле, ки ба инсон таъсири зараровар доранд, бояд дар мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ба қайди давлатӣ гирифта шаванд, ки ба онҳо дохил мешаванд: - маводи мавҷуда ва бори аввал дар истеҳсолот ҷоришаванда ва қаблан истифоданашуда ва воситаҳои дар асоси онҳо таҳияшаванда, ки барои саломатии аҳолӣ эҳтимолан хатарноканд; - иловаҳои хӯрокворӣ, рангомезиҳо, мавод ва моли бо об алоқаманд ва дорои маҳсулоти озуқа, ё ин ки бори аввал ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда. 2. Бақайдгирии давлатии навъҳои алоҳидаи мавод ва моле, ки ба инсон таъсири зараровар мерасонанд, тибқи асосҳои зерин гузаронида мешавад: - арзёбии экспертии навъҳои алоҳидаи мавод ва моли барои инсон ва муҳити зист хатарнок; - муқаррар намудани меъёрҳои гигиенӣ ва дигар меъёрҳои таркиби мавод ва унсурҳои алоҳидаи маҳсулот; - таҳияи чорабиниҳои махсус, аз ҷумла шартҳои партов кардан ва нобуд сохтани мавод ва навъҳои алоҳидаи мол, оид ба пешгирии таъсири зараровари онҳо ба аҳолӣ ва муҳити зист. 3. Бақайдгирии давлатии навъҳои алоҳидаи мавод ва моли дар ҳамин модда зикршуда, бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ анҷом дода мешавад. 4. Номгӯи мавод ва маҳсулоте, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодабариашон иҷозат дода шудааст, аз ҷониби мақоми ваколатдори назорати давлатии санитарию эпидемиологии аҳолӣ дар маҷаллаҳои расмӣ нашр карда мешаванд. Моддаи 120. Таъмини бехатарии радиатсионӣ. Таъмини бехатарии радиатсионӣ, ҳифзи ҳаёт, саломатӣ ва молу мулки шаҳрвандон, ҳамчунин муҳити зист аз таъсири зараровари афканишоти иондоркунанда алоқаманданд, тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии радиатсионӣ» амалӣ карда мешавад. |