Кодекси тандурустии Чумхурии точикистон 2017. Кодекси тандурустии умурии Тоикистон
Скачать 1.07 Mb.
|
Моддаи 144. Манъи ошкор намудани маълумот дар бораи донор ва ретсипиент. 1. Ба табибон ва кормандони дигари муассисаҳои тандурустӣ ошкор намудани маълумот дар бораи донор ва ретсипиент манъ аст. 2. Шахсони мазкур, инчунин хешовандони ретсипиент барои ошкор намудани чунин маълумот ҷавобгар мебошанд. БОБИ 21. РАСОНИДАНИ КУМАКИ ТИББӢ БА ГУРӮҲҲОИ АЛОҲИДАИ ШАҲРВАНДОН Моддаи 145. Расонидани кумаки тиббӣ ба шаҳрвандоне, ки таҳти таъсири шуоъҳои ионизатсияшуда қарор доштанд. 1. Расонидани кумаки тиббӣ ба шаҳрвандоне, ки таҳти таъсири шуоъҳои ионизатсияшуда қарор доштанд, бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад. 2. Тартиби хунгирӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии хун ва бофтаҳои шаҳрвандон, ки таҳти таъсири шуоъҳои ионизатсияшуда қарор доштанд, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад. Моддаи 146. Расонидани кумаки тиббӣ ба шаҳрвандоне, ки дар натиҷаи офатҳои табиӣ зарар дидаанд. 1. Ба шаҳрвандоне, ки дар натиҷаи офатҳои табиӣ зарар дидаанд, шахсоне мансуб меёбанд, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст. 2. Ба шаҳрвандони дар натиҷаи офатҳои табиӣ зарардида, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кумаки тиббӣ расонида мешавад. Моддаи 147. Расонидани кумаки тиббию санитарӣ ба шаҳрвандоне, ки ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш машғуланд. 1. Расонидани кумаки тиббию санитарӣ ба шаҳрвандоне, ки ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш машғуланд, дар ташкилотҳои тиббӣ бо тартибе, ки мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ муқаррар намудааст, сурат мегирад. 2. Мақомоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ба ҳолати биноҳо ва ҷойҳое, ки барои машғулият ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш истифода бурда мешаванд, назорат мекунад. Моддаи 148. Расонидани кумаки тиббӣ ба шахсоне, ки озодии онҳо маҳдуд мебошад. Шахсоне, ки боздошт шудаанд, дар ҳабсхона мебошанд, дар ҷойҳои маҳрум сохтан аз озодӣ ё дар ҳабси маъмурӣ адои ҷазо менамоянд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилотҳои низоми давлатии тандурустӣ ба гирифтани кумаки тиббӣ ҳуқуқ доранд. БОБИ 22. ТАНЗИМИ МУНОСИБАТҲОИ АЛОҲИДА ДАР СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ Моддаи 149. Тартиби амалиёти ҷарроҳӣ, гузаронидани хун ва ҷузъҳои он ва истифодаи усулҳои мураккаби ташхис. 1. Амалиёти ҷарроҳӣ, гузаронидани хун ва ҷузъҳои он, усулҳои мураккаби ташхис бо розигии хаттии беморон истифода бурда мешавад. Ба беморони ғайри қобили амал ва ба балоғат нарасида, амалиёти ҷарроҳӣ, гузаронидани хун ва ҷузъҳои он, усулҳои мураккаби ташхис бо розигии намояндагони қонунии онҳо амалӣ карда мешавад. Розигӣ метавонад бозхонда шавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки кормандони тиббӣ аллакай ба амалиёти ҷарроҳӣ шурӯъ карда бошанд ва қатъи он ба ҳаёт ва саломатии шахси мазкур хатарнок бошад. 2. Дар ҳолатҳое, ки таъхири амалиёти ҷарроҳӣ, гузаронидани хун ва ҷузъҳои он, истифодаи усули мураккаби ташхис ба ҳаёти бемор хатар дошта ва аз шахсони номбурда гирифтани розигӣ имкон надошта бошад, қарор аз тарафи табиб ё машварати табибон (консилиум) қабул карда мешавад. 3. Феҳристи усулҳои мураккаби ташхисро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ муайян менамояд. Моддаи 150. Муайянкунии лаҳзаи фавт. Манъи эвтаназия. 1. Муайянкунии фавт аз тарафи табиб, дар набудани табиб аз тарафи кормандони миёнаи тиббӣ гузаронида мешавад. Хулосаи тиббӣ дар бораи фавт дар асоси муайян шудани фавти бебозгашти пурраи мағзи сар (марги мағзи сар) мутобиқи дастурҳои аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ тасдиқшуда дода мешавад. 2. Меъёр ва тартиби муайянкунии лаҳзаи фавти инсон, қатъи чораҳои эҳёгарӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ муқаррар карда мешавад. 3. Ба кормандони тиббӣ амалӣ намудани эвтаназия (қонеъкунонии хоҳиши бемор дар бобати тезонидани марги ӯ) бо ягон амал ё восита, аз ҷумла, бо қатъ намудани чораҳои сунъии нигоҳдории ҳаёт манъ аст. 4. Қасдан водор сохтани бемор ба эвтаназия ё амалӣ намудани эвтаназия манъ аст. Моддаи 151. Инъоми анатомӣ. 1. Маълумотро дар бораи инъоми анатомӣ ошкор намудан мумкин нест. 2. Инъоми анатомиро барои мақсадҳои илмӣ, илмию амалӣ ва таълимӣ барои гузаронидани тадқиқотҳои биологию тиббӣ истифода бурдан мумкин аст. 3. Тартиб ва шароити амалигардонӣ ва додани инъоми анатомиро ба ташкилотҳои тиббӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. БОБИ 23. ҲИФЗИ АҲОЛӢ АЗ БЕМОРИИ СИЛ Моддаи 152. Расонидани кумаки зидди бемории сил. 1. Расонидани кумаки зидди бемории силро давлат кафолат медиҳад ва он дар асоси принсипҳои қонуният, риояи ҳуқуқи инсон, дастгирии ҳамагон дар ҳаҷми муайяннамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. Кумаки зидди бемории сил ба шаҳрвандон ҳангоми муроҷиати ихтиёрӣ ва ё розигии онҳо ба истиснои мавридҳое, ки Кодекси мазкур пешбинӣ намудааст, ройгон расонида мешавад. 2. Кумаки зидди бемории сил ба ноболиғон, ҳамчунин ба шаҳрвандоне, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ғайри қобили амал эътироф шудаанд, бо розигии намояндагони қонунии онҳо, ба истиснои мавридҳои дар Кодекси мазкур пешбинишуда расонида мешавад. 3. Шахсони бо беморони сил алоқадошта, ё ин ки ба сирояти вируси норасоии масунияти одам гирифторбуда ва дигар шахсони зери гурӯҳи хатар қарордошта аз муоинаи тиббӣ оид ба бемории сил бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ мегузаранд. Эмкунии пешгирикунанда аз бемории сил мувофиқи Тақвими миллии эмкунӣ анҷом дода мешавад. Бо мақсади ошкор намудани бемории сил, давра ба давра муоинаи тиббии шаҳрвандони мансуб ба гурӯҳи зери хатар қарордошта гузаронида мешавад, ки тартиб ва муҳлати онро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ муқаррар менамояд. 4. Сари вақт ошкор намудани ҳайвоноти гирифтори бемории сил, солимгардонии ташкилотҳои истеҳсолкунанда ва нигоҳдорандаи маҳсулоти ҳайвонот, ки нисбат ба бемории сил дар ҳолати номусоид қарор доранд, бо тартиби муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардонида мешаванд. 5. Маҳсулоти ҳайвоноте, ки дар ташкилотҳои нисбат ба бемории сил номусоид истеҳсол карда шудааст, мувофиқи қоидаю меъёрҳои санитарӣ ва байтории мубориза бар зидди бемории сил фурӯхта мешаванд. Моддаи 153. Назорати диспансерӣ. 1. Назорати диспансерӣ нисбат ба беморони сил бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ гузаронида мешавад. 2. Назорати диспансерӣ нисбат ба беморони сил новобаста ба розигии бемор ва ё намояндагони қонунии онҳо муқаррар карда мешавад. 3. Қарор дар хусуси зарурати назорати диспансерӣ ва ё қатъ намудани онро комиссияи тиббӣ, ки роҳбарияти ташкилоти тандурустӣ таъйин кардааст, қабул менамояд ва дар ҳуҷҷатҳои тиббӣ сабт гардида, дар ин хусус шахси таҳти назорати диспансерӣ қарордошта, хаттӣ огоҳ карда мешавад. Моддаи 154. Ташхиси ҳатмӣ ва табобати маҷбурии беморони сил. 1. Беморони шакли гузарандаи бемории сил, вайронкунандагони чандинкаратаи низоми санитарию эпидемиологӣ, ҳамчунин қасдан аз муоина барои дарёфти бемории сил ва табобати он саркашӣ намуда, дар асоси санади судӣ дар муассисаҳои махсуси тиббии зидди бемории сил барои ташхиси ҳатмӣ ва табобати маҷбурӣ бистарӣ кунонида мешаванд. 2. Ҳалнома оид ба бистарикунонии шахсони гирифтори бемории сил аз тарафи суди маҳалли истиқомати ин шахсон ё ҷойгиршавии ташкилоти тиббии зидди бемории сил, ки дар он беморони сил таҳти назорати диспансерӣ қарор доранд, қабул карда мешавад. 3. Аризаро ба суд оид ба бистарикунонии шахсони гирифтори бемории сил, ки таҳти назорати диспансерӣ қарор доранд, хешовандони наздик ё роҳбари муассисаи тиббии зидди бемории сил пешниҳод менамоянд. Моддаи 155. Мушоҳидаи давлатии оморӣ дар соҳаи ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил. 1. Ташкилотҳои дахлдори тиббӣ дар соҳаи ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушоҳидаи давлатии оморӣ мебаранд. 2. Ташкилотҳои зидди бемории сил уҳдадоранд оид ба ҳолатҳои ошкор намудани беморони гирифтори бемориҳои сироятӣ ба марказҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологии минтақаи худ маълумот диҳанд. Моддаи 156. Ҳуқуқи шахсони гирифтори бемории сил ва ё вобаста ба он таҳти назорати диспансерӣ қарордошта. 1. Шахсони гирифтори бемории сил ва ё вобаста ба он таҳти назорати диспансерӣ қарордошта, ҳангоми ба онҳо расонидани кумаки зидди бемории сил ҳуқуқ доранд: - ба муносибати эҳтиромона ва башардӯстонаи кормандони тиб ва дигар кормандоне, ки дар расонидани кумаки зидди бемории сил иштирок доранд; - ба гирифтани маълумот оид ба ҳуқуқу уҳдадориҳои беморони сил ва шахсони вобаста ба он таҳти назорати диспансерӣ қарордошта, инчунин дар шакли дастрас оид ба хусусияти бемориашон ва усулҳои истифодашавандаи табобат; - ба интихоби табиб ва беморхона барои табобат новобаста аз ҷои истиқомати бемор; - ба нигоҳ доштани сирри тиббӣ; - ба ташхис ва табобат дар ташкилотҳои зидди бемории сил бо шароити ба талаботи санитарӣ ва гигиенӣ ҷавобгӯ; - ба табобати истироҳатгоҳӣ ва курортӣ мувофиқи нишондоди тиббӣ; - ба табобат дар ташкилотҳои тиббии зидди бемории сил дар муҳлати муайяншудаи зарурӣ барои ташхис ва табобат. 2. Шахсоне, ки барои ташхис ва ё табобат дар ташкилоти тиббии табобати бемории сил бистарӣ шудаанд, ҳуқуқ доранд: - аз роҳбарони ташкилотҳои тиббӣ оид ба табобат ва ташхиси бемории сил маълумот гиранд; - таҳсилро мувофиқи барномаи таҳсилоти миёнаи умумии асосӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон идома диҳанд; - бо адвокат, равоншинос ва ходими дин танҳо вохӯранд; - расму оини диниро ба ҷо оваранд, агар онҳо ба ҳолати саломатии бемор таъсири манфӣ нарасонанд. 3. Шахсони гирифтори бемории сил ва ё вобаста ба он таҳти назорати диспансерӣ қарордошта, инчунин дорои ҳуқуқҳои дигаре мебошанд, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд. Моддаи 157. Уҳдадориҳои шахсони гирифтори бемории сил ва ё вобаста ба он таҳти назорати диспансерӣ қарордошта. Шахсони гирифтори бемории сил ва ё вобаста ба он таҳти назорати диспансерӣ қарордошта уҳдадоранд: - реҷаи чорабиниҳои табобатию солимгардонӣ ва ташхисии муайяннамудаи кормандони тибро риоя намоянд; - қоидаҳои тартиботи дохилии ташкилоти тиббии зидди бемории силро ҳангоми бистарӣ шудан дар ин гуна ташкилот риоя намоянд; - қоидаҳои санитарию гигиениро, ки барои беморони сил муқаррар шудааст, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ иҷро намоянд. Моддаи 158. Дастгирии иҷтимоии шахсони гирифтори бемории сил ва ё вобаста ба он таҳти назорати диспансерӣ қарордошта. 1. Корношоямии муваққатии беморони сил бо тартиби пешбининамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад. 2. Барои шаҳрвандони гирифтори бемории сил, ки қобилияти кориашонро муваққатан гум кардаанд, ҷои корашон (вазифа) ба муҳлати муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ дошта мешавад. 3. Дар давраи аз кор (вазифа) озод гардидани корманд вобаста ба бемории сил ва ба гирифторони бемории сил дар асоси суғуртаи иҷтимоии давлатӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кумакпулӣ дода мешавад. 4. Шахсони гирифтори бемории сил ва ё вобаста ба он таҳти назорати диспансерӣ қарордошта барои ташхис ва табобати бемории сил бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо доруворӣ ройгон таъмин карда мешаванд. 5. Беморони силе, ки дар беморхона таҳти табобат қарор доранд, мувофиқи меъёри махсуси муайяншуда барои чунин гурӯҳи беморон бо хӯроки серғизо ройгон таъмин карда мешаванд. 6. Барои беморони гирифтори шакли фаъоли бемории сил, ки аз рӯзи муайян шудани беморӣ бекоранд, ба муҳлати як сол гурӯҳи маъюбӣ муқаррар карда мешавад. 7. Барои беморон истиқоматкунандагони хобгоҳҳои умумӣ ва хонаҳои бисёрошёна, ки бемориашон гузаранда аст, мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзили алоҳида ҷудо карда мешавад. Моддаи 159. Дастгирии иҷтимоии кормандони тиб ва дигар кормандоне, ки дар расонидани кумаки зидди бемории сил иштирок мекунанд. 1. Кормандони тиб ва дигар кормандоне, ки дар расонидани кумаки зидди бемории сил бевосита иштирок менамоянд, ба чунин имтиёзҳо ҳуқуқ доранд: - рухсатии иловагӣ барои шароити кори вазнин ва хатарнок барои саломатӣ ва ба вақти кори кӯтоҳ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон; - иловапулӣ ба маоши вазифавӣ (ставкаи тарифӣ) дар ҳаҷми 100 фоиз; - табобати имтиёзнок дар истироҳатгоҳҳо ва курортҳо; - ҳангоми марг аз бемории сил ба оилаи фавтида пардохти 100 фоиз музди меҳнати ӯ то ба балоғат расидани фарзандонаш. 2. Номгӯи кормандони тиб ва дигар кормандоне, ки дар расонидани кумаки зидди бемории сил иштирок мекунанд ва тартиби додани кафолатҳои мазкурро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. БОБИ 24. МУҚОВИМАТ БО ВИРУСИ НОРАСОИИ МАСУНИЯТИ ОДАМ ВА БЕМОРИИ ПАЙДОШУДАИ НОРАСОИИ МАСУНИЯТ Моддаи 160. Сиёсати давлатӣ дар самти муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният. 1. Сиёсати давлатӣ дар самти муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар асоси Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда мешавад. 2. Давлат кафолат медиҳад, ки: - тамоми ҳуқуқ ва озодиҳои одамони аз вируси норасоии масунияти одам сироятёфтаю мубталои бемории пайдошудаи норасоии масуният ва аъзои оилаи онҳо, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон риоя карда шаванд; - назорати эпидемиологии паҳншавии сирояти вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти риоя ва афзалияти ҳуқуқи инсон, пинҳонӣ будани ташхис, риояи усулҳои махфӣ ва анҷом додани он амалӣ гардад; - ба шахсони аз вируси норасоии масунияти одам сироятёфтаю мубталои бемории пайдошудаи норасоии масуният ва аъзои оилаи онҳо кумаки ройгони босифат ва аз ҷиҳати илмӣ асосноки тахассусии тиббӣ ва иҷтимоию равоншиносӣ расонида шавад; - азназаргузаронии тиббӣ барои ошкор намудани сирояти вируси норасоии масунияти одам дастрас ва бехатар бошад; - воситаҳои пешгирӣ, ташхис ва табобати сирояти вируси норасоии масунияти одам, инчунин назорат ба бехатарии маводи тиббӣ, моеъҳои биологӣ ва бофтаҳое, ки бо мақсадҳои ташхисӣ, табобатӣ ва илмӣ истифода бурда мешаванд, таъмин карда шавад; - тадқиқотҳои илмӣ оид ба масъалаҳои вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният инкишоф дода шаванд; - мунтазам ба аҳолӣ вобаста ба вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният иттилоот дода шавад; - ҳамкориҳои байналмилалӣ ва мубодилаи доимии иттилоот дар доираи барномаҳои байналмилалии муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният рушд дода шавад; - кумаки тиббӣ ва иҷтимоию равоншиносӣ дастрас ва саривақтӣ бошад; - Барномаи даврии давлатии мубориза бар зидди вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният қабул карда шавад. 3. Чорабиниҳои муқовиматро ба вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ амалӣ мегардонанд. Дар татбиқи чорабиниҳо оид ба муқовимат ба вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният бо тартиби муқарраргардидаи корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла иттиҳодияҳои байналмилалӣ, инчунин шахсони воқеӣ, аз ҷумла шаҳрвандони хориҷӣ иштирок карда метавонанд. Давлат дастгирии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи барномаҳои мазкур кафолат медиҳад. Моддаи 161. Азназаргузаронии тиббӣ. 1. Азназаргузаронии тиббӣ дар ташкилотҳои давлатии тандурустӣ, инчунин дар муассисаҳои хусусии тиббӣ, ки ба онҳо бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатнома дода шудааст, сурат мегирад. Азназаргузаронии ҳатмии тиббӣ бояд махфӣ сурат гирад. 2. Азназаргузаронии тиббӣ ихтиёрӣ ва махфӣ баргузор мегардад ба истиснои ҳолатҳое, ки дар қисмҳои 8 – 10 ҳамин модда пешбинӣ гардидаанд. Дар азназаргузаронии тиббии шахс намояндаи қонунии ӯ низ ҳуқуқи иштирок карданро дорад. 3. Азназаргузаронии тиббии ноболиғон ва шахсоне, ки бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон корношоям эътироф шудаанд, бо хоҳиш ё розигии намояндагони қонунии онҳо баргузор мешавад ва онҳо ҳуқуқ доранд ҳангоми азназаргузаронии тиббӣ иштирок намоянд. 4. Натиҷаҳои азназаргузаронӣ ба шахси азназаргузарониро гузашта ё намояндаи қонунии ӯ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад. 5. Шахсе, ки азназаргузаронии тиббиро гузаштааст, ҳуқуқ дорад дар ҳамин ташкилот, инчунин дар ташкилоти дигари низоми давлатии тандурустӣ, новобаста аз муҳлати гузаштаи азназаргузаронӣ мавриди азназаргузаронии такрории тиббӣ қарор гирад. Тартиби азназаргузаронии тиббӣ бо мақсади ошкор сохтани сирояти вируси норасоии масунияти одам, баҳисобгирӣ, муоинаи тиббии сироятшавӣ ба вируси норасоии масунияти одам ва муоинаи пешгирии онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад. 6. Ба шахсе, ки сирояти вируси норасоии масунияти одам дар ӯ ошкор шудааст, оид ба кафолатҳои давлатӣ, ҳуқуқу озодиҳо ва масъулият, ки ба зиндагӣ бо сирояти вируси норасоии масунияти одам алоқаманд аст, инчунин дар бораи хадамоти дастгирии иҷтимоию равоншиносӣ ва гурӯҳҳои кумаки якдигарии сирояти вируси норасоии масунияти одам маълумоти пурра дода мешавад. 7. Барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ, гурезаҳо, муҳоҷирони иҷборӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон иқомат доранд ё қарор доранд, азназаргузаронии тиббӣ ба тариқи ихтиёрӣ ва пинҳонӣ бо хоҳиш ё розигии онҳо гузаронида мешавад. 8. Донорҳои хун, моеъҳои биологӣ, узв ва бофтаҳои бадан азназаргузаронии ҳатмии тиббиро мегузаранд. 9. Шахсоне, ки азназаргузаронии ҳатмии тиббиро рад кардаанд, донорони хун, моеъҳои биологӣ, узв ва бофтаҳои бадан буда наметавонанд. 10. Шахсони алоҳида аз рӯи нишондодҳои эпидемиологӣ, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад, азназаргузаронии ҳатмии пинҳониро барои сирояти вируси норасоии масунияти одам мегузаранд. |