Главная страница
Навигация по странице:

  • Моддаи 194. Намуд ҳ ои кумаки нарколог ӣ ва ҳ ифзи и ҷ тимоие, ки давлат кафолат меди ҳ ад.

  • Моддаи 195. Ҳ у қ у қҳ

  • Моддаи 196. Ма ҳ дуд намудани ҳ у қ у қҳ ои шахсони гирифтори бемори ҳ ои нарколог ӣ .

  • Моддаи 197. Вазифа ҳ ои муассиса ҳ ои табобатию пешгирикунандае, ки кумаки беморхонавии нарколог ӣ мерасонанд.

  • Моддаи 198. У ҳ дадори ҳ ои кормандони тиббии муассиса ҳ ои нарколог ӣ .

  • Моддаи 199. Асос ҳ

  • Моддаи 200. Ба қ айдгир ӣ ва назорати диспансерии шахсони гирифтори бемори ҳ ои нарколог ӣ .

  • Моддаи 201. Муста қ илияти табибони нарколог ва бемори ҳ ои р ӯҳӣ ҳ ангоми расонидани кумаки нарколог ӣ .

  • Моддаи 202. Муоинаи тиббии шахсони гирифтори бемори ҳ ои нарколог ӣ .

  • Моддаи 203. Табобати ма ҷ бурии шахсони гирифтори бемори ҳ ои нарколог ӣ .

  • Моддаи 204. Ҳ амкори ҳ ои муассиса ҳ ои нарколог ӣ бо ма қ омоти ҳ ифзи ҳ у қ у қ .

  • Моддаи 205. Тавонбахшии шахсони гирифтори бемори ҳ ои нарколог ӣ .

  • Моддаи 206. Тартиби муайян намудани майзадаг ӣ , за ҳ рманд ӣ ё нашъаманд ӣ .

  • Моддаи 207. Мониторинг, ба ҳ оди ҳӣ ва та ҳ лили вазъи нашъаманд ӣ .

  • Моддаи 208. Пешгирии вобастаг ӣ аз восита ҳ ои нашъадор, модда ҳ ои психотроп ӣ ва машруботи спирт ӣ .

  • БОБИ 27. Ҳ ИМОЯИ ТИББИЮ И Ҷ ТИМОИИ ША Ҳ РВАНДОНИ МУБТАЛОИ ДИАБЕТИ Қ АНД Моддаи 209. Асос ҳ

  • Моддаи 210. Ҳ у қ у қҳ ои ша ҳ рвандони мубталои диабети қ анд.

  • Моддаи 211. Низоми давлатии таъмини дастрас ӣ ба маводи дорувор ӣ барои ша ҳ рвандони мубталои диабети қ анд.

  • Моддаи 212. Таъмини ҳ имояи и ҷ тимоии ша ҳ рвандони мубталои диабети қ анд.

  • Кодекси тандурустии Чумхурии точикистон 2017. Кодекси тандурустии умурии Тоикистон


    Скачать 1.07 Mb.
    НазваниеКодекси тандурустии умурии Тоикистон
    Дата15.11.2021
    Размер1.07 Mb.
    Формат файлаdoc
    Имя файлаКодекси тандурустии Чумхурии точикистон 2017.doc
    ТипКодекс
    #272401
    страница13 из 15
    1   ...   7   8   9   10   11   12   13   14   15

    БОБИ 26. РАСОНИДАНИ КУМАКИ ТИББИЮ ИҶТИМОӢ

    БА БЕМОРОНИ НАРКОЛОГӢ

    Моддаи 193. Принсипҳои расонидани кумаки наркологӣ.

    1. Расонидани кумаки наркологӣ дар асоси принсипҳои шафқат ва башардӯстона анҷом дода шуда, аз ҳуқуқи инсон ба саломатӣ, инчунин уҳдадориҳои асосии табиб ҷиҳати расонидани кумак ба бемор, ки дар фаъолияти худ ба қарзи табибӣ ва одоби касбӣ пайравӣ менамояд, ибтидо мегирад.

    2. Кумаки наркологӣ ба беморон бо муроҷиат ё розигии онҳо ва ба шахсони ноболиғ бошад, бо хоҳиш ё розигии падару модар ё намояндагони қонунии онҳо, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад.

    Моддаи 194. Намудҳои кумаки наркологӣ ва ҳифзи иҷтимоие, ки давлат кафолат медиҳад.

    Давлат намудҳои кумаки наркологӣ ва ҳифзи иҷтимоии зеринро кафолат медиҳад:

    - кумаки таъҷилии наркологӣ;

    - кумаки наркологӣ бо таъмини махфият дар ташкилоту муассисаҳои наркологӣ;

    - кумаки машваратию ташхисӣ, табобатию пешгирӣ, рӯҳдармонию ҷойивазкунанда, зиддихуруҷӣ ва тавонбахшии тиббию иҷтимоӣ дар шароити беморхона ва берун аз он;

    - тамоми навъи экспертизаҳои наркологӣ, муайян кардани корношоямии муваққатӣ;

    - машварат оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ва дигар навъҳои ёрии ҳуқуқӣ;

    - фарогирии иҷтимоию маишии маъюбон ва кӯҳансолони гирифтори бемориҳои наркологӣ.

    Моддаи 195. Ҳуқуқҳои шахсони гирифтори бемориҳои наркологӣ.

    Шахсони гирифтори бемориҳои наркологӣ дорои тамоми ҳуқуқ ва озодиҳое мебошанд, ки Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд, аз ҷумла:

    - муносибати эҳтиромона ва башардӯстона, ки таҳқири шаъну эътибори инсониро истисно менамояд;

    - махфияти маълумот доир ба хусусияти бемориҳои мавҷудаи наркологии онҳо ва усулҳои табобати истифодашаванда, агар он ба саломатиашон зарар наоварад;

    - истифодаи воситаю усулҳои табобатӣ, ба истиснои ҳолатҳои манъкардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

    - дар шароити дармонгоҳӣ ва беморхонавӣ гузаронидани табобат;

    - нигоҳдорӣ дар муассисаҳои табобатии беморхонаи наркологӣ дар тӯли муҳлате, ки барои муоина ва табобат зарур аст;

    - расонидани кумаки тиббӣ дар шароите, ки ба талаботи санитарию гигиенӣ ҷавобгӯ мебошад;

    - бо талаби беморон даъват намудани мутахассисони наркологӣ ва бемориҳои рӯҳӣ барои кор дар комиссияи тиббӣ оид ба масъалаҳои танзимкунандаи Кодекси мазкур;

    - гирифтани кумаки иҷтимоӣ аз давлат;

    - пешниҳоди арзу шикоят ба мақомоти давлатӣ, суд, муассисаву ташкилотҳо;

    - ёрии адвокат, намояндаи қонунӣ, инчунин шахси дигар бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

    - гирифтани иттилоот оид ба хусусияти бемориашон, мақсад ва давомнокии намуди кумаки наркологии тавсияшаванда, расмиёти таъйингардида ва усулҳои табобат, натиҷаҳои пешбинигардида, аксуламалҳои имконпазир, инчунин усулҳои алтернативии табобатӣ;

    - муроҷиат бо хоҳиши худ барои ҷавоб додан аз беморхона;

    - розигии пешакӣ ва дар ҳар марҳила даст кашидан аз истифода ба сифати объекти санҷиши воситаю усулҳои тиббӣ, тадқиқоти илмӣ ё раванди таълим, аз аксбардорӣ, сабти видео ё филмбардорӣ.

    Моддаи 196. Маҳдуд намудани ҳуқуқҳои шахсони гирифтори бемориҳои наркологӣ.

    1. Маҳдуд намудани ҳуқуқҳои шахсони гирифтори бемориҳои наркологӣ, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст.

    2. Номгӯи навъҳои фаъолияти алоҳидаи касбӣ ва корҳои вобаста ба манбаи хатари зиёд, ки ҷиҳати машғул шудан ба онҳо барои шахсони гирифтори бемориҳои наркологӣ маҳдудият муқаррар мегардад, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

    Моддаи 197. Вазифаҳои муассисаҳои табобатию пешгирикунандае, ки кумаки беморхонавии наркологӣ мерасонанд.

    Муассисаҳои табобатию пешгирикунанда, ки кумаки беморхонавии наркологӣ мерасонанд, корҳои зеринро анҷом медиҳанд:

    - азназаргузаронӣ барои муайян намудани ҳолати мадҳушӣ аз воситаҳои нашъадор, заҳрнок ё машруботи спиртӣ;

    - муоинаи маҷмӯии клиникии шахсони бистаришуда ҷиҳати муқаррар намудани беморӣ;

    - табобат ва офияти тиббии шахсони гирифтори бемориҳои наркологӣ;

    - расонидани кумаки рӯҳӣ ва дигар кумакҳои тиббӣ ба шахсони гирифтори бемориҳои наркологӣ;

    - расонидани кумакҳои тиббию иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ ба шахсони гирифтори бемориҳои наркологӣ;

    - гузаронидани табобати ивазкунандаи алтернативӣ нисбат ба шахсони гирифтори бемориҳои наркологӣ.

    Моддаи 198. Уҳдадориҳои кормандони тиббии муассисаҳои наркологӣ.

    Кормандони тиббии муассисаҳои наркологӣ уҳдадоранд:

    - беморони дар муассисаҳои наркологӣ мавҷударо бо тамоми навъҳои кумаки тиббии пешбининамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ таъмин намоянд;

    - барои бурдани мукотиба, фиристодани шикоят, ариза ва мактубҳо ба мақомоти давлатӣ, прокуратура, суд, инчунин адвокат шароит фароҳам оваранд;

    - дар хусуси тағйир ёфтани ҳолати саломатии бемор ё рух додани ҳолати фавқулода бо ӯ, хешовандон ё намояндаи қонунии ӯ, дар сурати набудани онҳо бо нишондоди ӯ дигар шахсро огоҳ намоянд;

    - амнияти бемори дар беморхона қарордоштаро таъмин намуда, маводи муросилотро таҳти назорат гиранд.

    Моддаи 199. Асосҳо барои бистарикунонӣ дар беморхонаи наркологӣ.

    1. Барои бистарикунонӣ дар беморхонаи наркологӣ инҳо асос шуда метавонанд:

    - муроҷиати ихтиёрӣ ҳангоми мавҷудияти бемории наркологӣ дар шахсе, ки ҳолаташ ташхис ё табобатро тақозо менамояд ва онро дар шароити дармонгоҳӣ анҷом додан номумкин аст;

    - гузаронидани экспертизаи судию наркологӣ;

    - гузаронидани ташхиси меҳнатӣ;

    - гузаронидани экспертизаи ҳарбӣ – наркологӣ;

    - гузаронидани табобати ҷойивазкунандаи ёрирасон ба беморони гирифтори нашъамандӣ.

    2. Асосҳо барои бистарикунонӣ ба таври таъҷилӣ дар беморхонаи наркологӣ, ҳолати оҷилии рӯҳӣ ва соматикӣ мебошанд, ки дар натиҷаи истеъмоли воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ, машруботи спиртӣ ба амал омада, сабабгори инҳо мешаванд:

    - боиси хатари бевосита барои бемор ва атрофиёнаш;

    - нотавонӣ ё ғайриимкон гардидани мустақилона қаноатбахш кардани талаботи ҳаёт;

    - хатари зарари ҷиддӣ ба саломатии ӯ дар натиҷаи бадшавии ҳолати рӯҳияш, агар шахс бе кумаки наркологӣ монад.

    Моддаи 200. Бақайдгирӣ ва назорати диспансерии шахсони гирифтори бемориҳои наркологӣ.

    Бақайдгирӣ ва назорати диспансерии беморони наркологӣ ва гирифтори рӯҳиву рафтори алоқаманд ба истеъмоли воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ, машруботи спиртӣ бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ба амал бароварда мешавад.

    Моддаи 201. Мустақилияти табибони нарколог ва бемориҳои рӯҳӣ ҳангоми расонидани кумаки наркологӣ.

    1. Табибони нарколог ва бемориҳои рӯҳӣ ҳангоми расонидани кумаки наркологӣ дар фаъолияташон мустақил мебошанд ва танҳо нишондодҳои тиббӣ, қарзи табибӣ ва Кодекси мазкурро дастури амал қарор медиҳанд.

    2. Муқаррар кардани ташхиси бемории наркологӣ ҳуқуқи истисноии табиби нарколог ва табиби бемориҳои рӯҳӣ мебошад.

    3. Қарор дар хусуси муқаррар намудани назорати диспансерӣ ё аз қайди наркологӣ баровардани шахсони гирифтори бемории наркологӣ ё онҳое, ки ба истеъмоли ғайритиббии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ, машруботи спиртӣ ва моддаҳои ба онҳо баробар роҳ медиҳанд, аз ҷониби комиссияи табибони нарколог ва бемориҳои рӯҳӣ қабул карда мешавад.

    4. Табиби нарколог ва бемориҳои рӯҳӣ, ки ақидааш бо ақидаи аъзои комиссия мувофиқ нест, ҳуқуқ дорад фикри худро ба таври хаттӣ алоҳида баён созад, ки он ба ҳуҷҷатҳои тиббӣ замима карда мешавад.

    Моддаи 202. Муоинаи тиббии шахсони гирифтори бемориҳои наркологӣ.

    Муоинаи тиббии шахсони гирифтори бемориҳои наркологӣ бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ гузаронида мешавад.

    Моддаи 203. Табобати маҷбурии шахсони гирифтори бемориҳои наркологӣ.

    1. Нисбат ба шахсоне, ки ҷиноят содир кардаанд, инчунин шахсоне, ки ҳуқуқвайронкунии маъмуриро содир намудаанд ва ҳамзамон эҳтиёҷ ба табобати бемории тасдиқшудаи наркологӣ доранд ва аз табобати ихтиёрӣ дасткашӣ менамоянд, дар асоси қарори суд чораҳои маҷбурии хусусияти тиббӣ дошта, андешида мешаванд.

    2. Табобати маҷбурии шахс дар шуъбаҳои махсусгардонидашудаи ташкилотҳои тиббии тахассусӣ амалӣ карда мешавад. Табобати маҷбурии шахсоне, ки аз озодӣ маҳрум шудаанд, дар муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ бо тартиби муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

    3. Ҳолатҳое, ки ба амалӣ намудани табобати маҷбурӣ мухолифат менамоянд:

    - шахсоне, ки ба 18 солагӣ нарасидаанд;

    - занҳои ҳомила ва модароне, ки фарзандони то 8 сола доранд;

    - шахсоне, ки ба синни нафақа расидаанд;

    - маъюбони гурӯҳҳои I ва II;

    - беморони рӯҳӣ;

    - шахсоне, ки гирифтори бемориҳои ҳамрадифи вазнинанд ва аз ин сабаб монеагӣ ҷиҳати амалӣ намудани табобати маҷбурӣ вуҷуд дорад. Рӯйхати чунин бемориҳоро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ тасдиқ менамояд.

    4. Ташкили табобати маҷбурии бемориҳои наркологӣ дар асоси чорабиниҳои маҷмӯии тиббию иҷтимоӣ, табобати меҳнатӣ, ташаккули тарзи ҳаёти солим ва офияти иҷтимоӣ бо риояи реҷаи муқарраргардида амалӣ карда мешавад.

    5. Реҷаи нигоҳдорӣ дар шуъбаҳои махсусгардонидашудаи ташкилотҳои тиббии тахассусӣ тарзе муқаррар карда мешавад, ки барои табобати маҷбурӣ, табобати меҳнатӣ ва ташаккули тарзи ҳаёти солим, инчунин қатъи дастрасии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ, машруботи спиртӣ ва тавонбахшии иҷтимоӣ шароити мусоидро фароҳам оварад.

    Моддаи 204. Ҳамкориҳои муассисаҳои наркологӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ.

    Муассисаҳои наркологии мақомоти тандурустӣ ва дигар идораҳое, ки чунин муассисаҳо доранд, уҳдадоранд бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои расонидани кумаки наркологӣ ба шахсони гирифтори бемориҳои наркологӣ, пешгирии содир намудани кирдори барои онҳо ва атрофиён хатарнок ҳамкорӣ намоянд.

    Моддаи 205. Тавонбахшии шахсони гирифтори бемориҳои наркологӣ.

    Шахсони гирифтори бемориҳои наркологӣ баъди қабули даври табобат дар ташкилотҳои наркологӣ бо тартиби муайяннамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ба тавонбахшии рӯҳӣ ва тиббию иҷтимоӣ дар марказҳои давлатӣ ва ғайридавлатии тавонбахшӣ ҳуқуқ доранд.

    Моддаи 206. Тартиби муайян намудани майзадагӣ, заҳрмандӣ ё нашъамандӣ.

    1. Шахсро танҳо дар асоси хулосаи комиссияи тиббии муассисаи тахассусии тандурустӣ майзада, заҳрманд ё нашъаманд донистан мумкин аст.

    2. Аз болои қарори комиссия, шахс ба мақомоти тандурустии болоӣ ё суд шикоят карда метавонад.

    Моддаи 207. Мониторинг, баҳодиҳӣ ва таҳлили вазъи нашъамандӣ.

    1. Ҳамоҳангсозии фаъолият оид ба мониторинг, баҳодиҳӣ ва таҳлили вазъи нашъамандӣ бо ҳамоҳангсозии мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ва дигар мақомоти давлатӣ, инчунин ташкилотҳои ғайридавлатӣ дар доираи салоҳияте, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст, сурат мегирад.

    2. Тартиби ташкили мониторинг, баҳодиҳӣ ва таҳлили вазъи нашъамандиро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ муайян менамояд.

    Моддаи 208. Пешгирии вобастагӣ аз воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва машруботи спиртӣ.

    1. Пешгирии вобастагӣ аз воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва машруботи спиртиро инҳо дар бар мегиранд:

    - ташвиқи маълумот оид ба зарари суиистеъмоли воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва машруботи спиртӣ бо назардошти оқибатҳои тиббию иҷтимоӣ ва ҳуқуқии он;

    - манъ кардани рекламаи муомилоти воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ, ташвиқи тарз ва усули тайёр, истифода ва макони дастрас кардани он, инчунин маҳдуднамоии рекламаи намунаи маводи доруворие, ки дар таркибашон воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳоро дорад.

    2. Чорабиниҳои пешгирикунанда аз вобастагии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва машруботи спиртӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар доираи ваколатҳояшон амалӣ карда мешаванд.
    БОБИ 27. ҲИМОЯИ ТИББИЮ ИҶТИМОИИ ШАҲРВАНДОНИ

    МУБТАЛОИ ДИАБЕТИ ҚАНД

    Моддаи 209. Асосҳои сиёсати давлатӣ ва принсипҳои ҳимояи тиббию иҷтимоии шаҳрвандони мубталои диабети қанд.

    1. Сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи саломатӣ ва иҷтимоии шаҳрвандони мубталои диабети қанд соҳаи афзалиятноки фаъолияти мақомоти давлатӣ буда, бо роҳҳои зерин амалӣ карда мешавад:

    - дастгирии давлатии ин гурӯҳи шаҳрвандон бо мақсади таъмини ҳифзи ҳаёт, ҳимояи ҳуқуқ, муҳайё кардани шароити зиндагии арзандаи онҳо дар ҷомеа;

    - муқаррар ва риоя кардани стандартҳои давлатӣ оид ба хизматрасонии тиббӣ ва иҷтимоӣ;

    - дастгирии давлатии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва дигар ташкилотҳое, ки барои ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандони мубталои диабети қанд фаъолият мекунанд.

    2. Принсипҳои ҳимояи тиббию иҷтимоии шаҳрвандони мубталои диабети қанд инҳо мебошанд:

    - расонидани кумаки ройгони кафолатноки тиббию иҷтимоӣ;

    - дастрасии ҳимояи тиббию иҷтимоӣ новобаста ба маҳалли истиқомат ё будубоши шаҳрвандон;

    - риояи ягонагии манфиат ва ҳамоҳангии фаъолияти мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, субъектҳои хоҷагидор, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон дар соҳаи ҳимояи тиббию иҷтимоии шаҳрвандони мубталои диабети қанд;

    - афзалиятнокии ҳимояи тиббию иҷтимоии шаҳрвандони мубталои диабети қанд, кӯдакон ва ҷавонон, занони ҳомила ва заноне, ки кӯдакони ширмак доранд, калонсолон ва маъюбон;

    - дастгирии давлатии тадқиқотҳои илмӣ дар соҳаи пешгӯӣ ва тадқиқи тарзу усулҳои нави пешгирӣ, ташхис ва табобати диабети қанд ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии бо он алоқаманд;

    - муҳайё намудани шароити баробари фаъолияти тиббию иҷтимоӣ барои ҳамаи шаҳрвандони мубталои диабети қанд.

    Моддаи 210. Ҳуқуқҳои шаҳрвандони мубталои диабети қанд.

    1. Ба ҳуқуқҳои шаҳрвандони мубталои диабети қанд инҳо дохил мешаванд:

    - гирифтани кумаки ройгони тиббии махсусгардонидашудаи дармонгоҳӣ ва беморхонавӣ, пешгирии оризаҳои музмини диабети қанд;

    - дастрасии нақшаҳои муайяни табобати диабети қанд, аз ҷумла таъмини ройгони доруворӣ ва воситаҳои худназораткунӣ дар доираи муқаррарнамудаи барномаи кафолатҳои давлатӣ, ба аҳолӣ расонидани кумаки тиббию санитарӣ;

    - интихоби ташкилот ва шакли хизматрасонии тиббию иҷтимоӣ;

    - гирифтани маълумоти ройгон дар бораи ҳуқуқу уҳдадориҳои худ;

    - гирифтани хизматрасонии тиббию иҷтимоӣ ё рад намудани он;

    - дар навбати аввал истифода аз хизматрасонии ташкилотҳои табобатию пешгирии беморӣ, дорухонаҳо ва инчунин ҳуқуқи истифода кардани рухсатии меҳнатии навбатӣ дар вақти мувофиқ.

    2. Хизматрасонии тиббию иҷтимоӣ дар асоси муроҷиати шаҳрванд, васӣ, парастор, дигар намояндаи қонунӣ, мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, иттиҳодияи ҷамъиятии таъсисдодаи шаҳрвандони мубталои диабети қанд расонида мешавад.

    Моддаи 211. Низоми давлатии таъмини дастрасӣ ба маводи доруворӣ барои шаҳрвандони мубталои диабети қанд.

    1. Таъмини дастрасии маводи доруворӣ барои шаҳрвандони мубталои диабети қанд тибқи рӯйхати маводи дорувории асосӣ дар доираи барномаҳои миллӣ ва минтақавии таъмини ин гурӯҳи беморон ва суғуртаи ҳатмии тиббӣ анҷом дода мешавад.

    2. Таъмин намудани шаҳрвандони мубталои диабети қанд бо маводи доруворӣ аз ҳисоби маблағҳои дар буҷети давлатӣ пешбинишуда амалӣ карда мешавад.

    3. Таъминоти кафолатноки маводи доруворӣ чораҳои зеринро пешбинӣ менамояд:

    - қонеъ гардонидани талаботи шаҳрвандони мубталои диабети қанд дар доираи маблағҳои пешбинишуда ба инсулинҳои аълосифати генно-инженерӣ ва воситаҳои инсулингузаронӣ (аз ҷумла автоматонидашуда) ба беморони диабети қанди навъи 1 ва ҳамчунин ба навъи 2, ки инсулингузаронӣ барояшон мумкин аст;

    - танҳо аз рӯи нишондиҳандаҳои тиббӣ аз як намуди инсулин ба намуди дигари он гузаронидани беморони мубталои диабети қанд;

    - ҳуқуқи шахси мубталои диабети қанд ба интихоби инсулин бо маслиҳати табиби табобаткунанда.

    Моддаи 212. Таъмини ҳимояи иҷтимоии шаҳрвандони мубталои диабети қанд.

    1. Давлат ба шаҳрвандони мубталои диабети қанд ҳуқуқи хизматрасонии иҷтимоиро кафолат медиҳад.

    2. Қоида ва тартиби расонидани хизматрасонии иҷтимоӣ ба шахсони мазкур аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ таҳия ва тасдиқ карда мешавад.

    3. Чораҳои ҳимояи иҷтимоии шаҳрвандони мубталои диабети қанд инҳоро дар бар мегиранд:

    - таъмини имконоти баробари шаҳрвандони мубталои диабети қанд ба таҳсил, варзиш ва фаъолияти касбӣ;

    - мусоидат намудан ба таҳкими ягонагии иҷтимоӣ ва роҳ надодан ба ҷудоии иҷтимоӣ;

    - расонидани кумаки зарурии иҷтимоӣ ба шаҳрвандони мубталои диабети қанд;

    - тавонбахшии иҷтимоии шаҳрвандони мубталои диабети қанд.
    1   ...   7   8   9   10   11   12   13   14   15


    написать администратору сайта