Главная страница
Навигация по странице:

  • Моддаи 91. Ҳ омиладоркунии сунъ ӣ ва ё к ӯ чонидани ҷ анин.

  • Моддаи 92. Қ атъи сунъии ҳ омиладор ӣ .

  • БОБИ 14. ТАЪМИНИ МОДАРОНУ К Ӯ ДАКОН БО КУМАКИ ТИББИЮ САНИТАР Ӣ Моддаи 93. Таъмини занони ҳ омиладор ва к ӯ

  • Моддаи 94. Назорати таълими ме ҳ натию исте ҳ сол ӣ ва шароити ме ҳ нати к ӯ дакон.

  • Моддаи 95. Муоинаи тибб ӣ ва эмкунии ҳ атмии к ӯ дакон.

  • БОБИ 15. Ҳ ИМОЯИ Ғ ИЗОИ К Ӯ ДАКОН Моддаи 96. Муомилоти ғ изои к ӯ дакон ва ғ изои таъйинот ӣ .

  • Моддаи 97. Ма ҳ дуд кардани фаъолияти исте ҳ солкунанда ва па ҳ нкунандаи ғ изои таъйинот ӣ .

  • Моддаи 98. Ма ҳ дудият ҳ ое, ки ба там ғ ако ғ аз ҳ ои ғ изои таъйинот ӣ дахл доранд.

  • Моддаи 99. Ма ҳ дудият ҳ ое, ки ба там ғ ако ғ ази шишача ҳ ои шир (ширд ӯ ш ӣ ), маккаку пистонак ҳ

  • Моддаи 100. Маводи иттилоот ӣ ва маърифат ӣ дар бораи ғ изоди ҳ ии таби ӣ (синамакон ӣ ).

  • Моддаи 101. Маводи иттилоот ӣ ва маърифат ӣ доир ба ғ изои омехтаи к ӯ дакон, ғ изои омехта барои к ӯ

  • Моддаи 102. Ма ҳ дудият ҳ о дар фаъолияти кормандони тиб, ки ба ҳ ифзи солимии модару к ӯ дак маш ғ уланд.

  • БОБИ 16. Ҳ ИФЗИ СОЛИМИИ Ҷ АМЪИЯТ Ӣ Моддаи 103. Ма қ сад ва намуд ҳ ои пешгирии бемори ҳ о.

  • Моддаи 104. Ташаккули тарзи ҳ аёти солим.

  • Моддаи 105. Муоина ҳ ои тибб ӣ .

  • Кодекси тандурустии Чумхурии точикистон 2017. Кодекси тандурустии умурии Тоикистон


    Скачать 1.07 Mb.
    НазваниеКодекси тандурустии умурии Тоикистон
    Дата15.11.2021
    Размер1.07 Mb.
    Формат файлаdoc
    Имя файлаКодекси тандурустии Чумхурии точикистон 2017.doc
    ТипКодекс
    #272401
    страница7 из 15
    1   2   3   4   5   6   7   8   9   10   ...   15

    Моддаи 90. Донорӣ ва тарзи нигоҳдории ҳуҷайраҳои ҷинсӣ.

    1. Донори ҳуҷайраҳои ҷинсӣ метавонанд шаҳрвандони аз 18 то 35 - сола бошанд, ки аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва рӯҳӣ солим буда, аз машварати тиббию генетикӣ гузаштаанд.

    2. Марду зан барои нигоҳ доштани ҳуҷайраҳои ҷинсии худ ҳуқуқ доранд.

    3. Тартиб ва шароити гузаронидани донорӣ ва нигоҳдории ҳуҷайраҳои ҷинсӣ аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ тасдиқ карда мешавад.

    4. Дар ҳолатҳои мавҷуд будани хатари гум кардани солимии репродуктивӣ ё хатар ба ҳаёт, ки аз фаъолияти касбӣ ва ё иҷрои уҳдадориҳои ҳарбӣ бармеоянд, инчунин дар сурати мавҷуд будани нишондодҳои тиббӣ, хизматрасонии ройгон оид ба нигоҳ доштани тухмҳуҷайраҳои ҷинсӣ аз тарафи давлат кафолат дода мешавад.

    5. Номгӯи намудҳои фаъолияти касбӣ ва нишондодҳои тиббие, ки дар асоси онҳо давлат ҷиҳати ройгон нигоҳ доштани ҳуҷайраҳои ҷинсӣ хизматрасониро кафолат медиҳад, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

    Моддаи 91. Ҳомиладоркунии сунъӣ ва ё кӯчонидани ҷанин.

    1. Ҳар як зани қобили таваллуди ба балоғатрасида, ба ҳомиладоркунии сунъӣ ва ё кӯчонидани ҷанин ҳуқуқ дорад.

    2. Ҳомиладоркунии сунъӣ ва ё кӯчонидани ҷанин ба шаҳрвандоне, ки дар ақди никоҳ мебошанд, танҳо бо розигии тарафайн ва ба зани бешавҳар бо хоҳиши ӯ гузаронида мешавад. Тартиби шарти ҳомиладоркунии сунъӣ ё кӯчонидани ҷанинро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ муқаррар менамояд.

    3. Ҳангоми истифодаи технологияи репродуктивӣ ба интихоби ҷинсияти кӯдаки оянда роҳ дода намешавад, ба истиснои мавридҳое, ки имконияти ирсияти бемориҳое, ки ба ҷинс вобастаанд, мавҷуд бошад.

    4. Истифодаи ҷанини инсон бо мақсади тиҷорат ва истифода дар саноат, инчунин ҳомиладоркунии сунъӣ ва ё кӯчонидани ҷанин аз ҷониби ноболиғон ва занҳое, ки ғайри қобили амал ва ё қобилияти амалашон маҳдуд эътироф шудаанд, қатъиян манъ аст.

    Моддаи 92. Қатъи сунъии ҳомиладорӣ.

    1. Қатъи сунъии ҳомиладорӣ бо Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешавад.

    2. То қатъи сунъии ҳомиладорӣ ва пас аз он машварати тиббию иҷтимоӣ дода мешавад. Қатъи сунъии ҳомиладории интихобӣ вобаста ба ҷинси ҷанин манъ аст.

    3. Қатъи сунъии ҳомиладорӣ, аз ҷумла аз рӯи нишондодҳои иҷтимоӣ ва тиббӣ, бо хоҳиши зан дар давраи ҳомиладорие, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ муқаррар гардидааст, гузаронида мешавад.

    4. Муҳлат ва рӯйхати нишондиҳандаҳои тиббӣ барои қатъи сунъии ҳомиладорӣ аз ҷониби мақоми ваколадори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ва рӯйхати нишондодҳои иҷтимоӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

    5. Тартиби гузаронидани ҷарроҳии қатъи сунъии ҳомиладорӣ аз ҷониби мақоми ваколадори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ муқаррар карда мешавад.

    6. Қатъи сунъии ҳомиладории ноболиғон ва шаҳрвандоне, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ғайри қобили амал ё қобилияти амалашон маҳдуд эътироф шудаанд, бо розигии намояндагони қонунӣ (падару модар, фарзандхондагон, васиён ва парасторон) гузаронида мешавад.

    7. Баҳсҳо вобаста ба қатъи сунъии ҳомиладорӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда мешаванд.
    БОБИ 14. ТАЪМИНИ МОДАРОНУ КӮДАКОН БО КУМАКИ ТИББИЮ САНИТАРӢ

    Моддаи 93. Таъмини занони ҳомиладор ва кӯдакони навзод бо кумаки тиббию санитарӣ.

    1. Занони ҳомиладор ва кӯдакони навзод тавассути муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, беморхонаҳо ва дигар ташкилотҳои тандурустӣ бо кумаки тиббию санитарӣ таъмин карда мешаванд.

    2. Муассисаҳои тандурустӣ занонро бо назорати тиббӣ дар давраи ҳомиладорӣ, аз ҷумла бо машварати тиббию генетикӣ ва машварат дар соҳаи танзими оила, кумаки тиббӣ ҳангоми таваллуд, кумаки табобатию пешгирӣ ба модарон ва кӯдакони навзод бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ таъмин менамоянд. Занони ҳомиладор, падару модари кӯдакони навзод бояд сари вақт барои гирифтани кумаки тиббию санитарӣ ба муассисаҳои тандурустӣ муроҷиат намоянд.

    Моддаи 94. Назорати таълими меҳнатию истеҳсолӣ ва шароити меҳнати кӯдакон.

    1. Таълими меҳнатию истеҳсолии кӯдакон аз рӯи он касбҳое иҷозат дода мешавад, ки ба синну сол, инкишофи ҷисмонӣ, зеҳнӣ ва вазъи саломатии онҳо мувофиқат мекунад. Таълими меҳнатӣ ва истеҳсолии кӯдакон таҳти назорати мунтазами тиббӣ сурат мегирад.

    2. Риояи шароити меҳнатии кӯдакон, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст, инчунин гузаронидани чорабиниҳои махсус, ки барои пешгирии садама ва бемории онҳо равона карда шудаанд, аз ҷониби мақоми ваколатдори назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва ташкилотҳои тиббӣ якҷоя бо мақомоти соҳаҳои маориф, меҳнат, ташкилотҳои иттифоқҳои касаба ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ назорат карда мешаванд.

    Моддаи 95. Муоинаи тиббӣ ва эмкунии ҳатмии кӯдакон.

    1. Бо мақсади амалӣ намудани назорати мунтазами вазъи саломатӣ ва инкишофи ҷисмонии кӯдакон ба кор қабул намудани онҳо баъди муоинаи пешакии тиббӣ бо тартиби муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

    2. Минбаъд то ба 18 - солагӣ расидан кӯдакон бояд ҳар сол на камтар аз як маротиба аз муоинаи ҳатмии тиббӣ гузаранд.

    3. Кӯдакон бояд аз бемориҳо ба воситаи эмкунии пешгирикунанда бо тартибе, ки мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ муқаррар кардааст, ҳифз карда шаванд.
    БОБИ 15. ҲИМОЯИ ҒИЗОИ КӮДАКОН

    Моддаи 96. Муомилоти ғизои кӯдакон ва ғизои таъйинотӣ.

    1. Назорати давлатӣ дар соҳаи муомилоти ғизои кӯдакон ва ғизои таъйинотӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ, мақомоти дигари давлатӣ дар доираи ваколатҳои муайяннамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва амалӣ карда мешавад.

    2. Фурӯши яклухт ва чаканаи ғизои таъйинотӣ бо риояи меъёру қоидаҳои амалкунандаи савдо, санитарӣ ва дигар меъёру қоидаҳо анҷом дода мешавад.

    Моддаи 97. Маҳдуд кардани фаъолияти истеҳсолкунанда ва паҳнкунандаи ғизои таъйинотӣ.

    1. Ба истеҳсолкунанда ва паҳнкунандаи ғизои таъйинотӣ бевосита ё ба воситаи шахсони дигар иҷро намудани амалҳои зерин манъ аст:

    - истифодаи усулҳои фурӯши ғизои таъйинотӣ ба монанди ташкили намоиши махсус ва фурӯши ғизо, мукофотонӣ, гузаронидани бозиҳо ва озмунҳо, аз арзиши аслӣ пасттар фурӯхтани ғизо, агар он ҷорӣ намудани сиёсат ва амалияи нархгузориро бо мақсади ба муддати дароз, бо нархи нисбатан арзон фурӯхтани ин ғизо маҳдуд накунад;

    - ба шахс супоридани намунаи ғизои мазкур;

    - туҳфа кардан ё нисбат ба нархи эълоншудаи яклухт арзон фурӯхтан, агар чунин нарх эълон нашуда бошад, на камтар аз 80 фоизи нархи чакана фурӯхтани ҳар гуна ғизои таъйинотӣ ба кормандони тиб ё ба муассисаҳои тиббию санитарӣ;

    - туҳфа кардан ё дар муассисаҳои тиббию санитарӣ ба кор бурдани таҷҳизот ё хизматрасоние, ки бо истифодаи ғизои таъйинотӣ алоқаманд аст ё мусоидат ба он;

    - дар муассисаҳои тиббию санитарӣ туҳфа кардан ё паҳн кардани мавод, аз ҷумла қалам, тақвиму плакатҳо, дафтар, ҷадвали ченаки қад, бозичаҳо, инчунин дигар ашёе, ки ба истифодаи ғизои таъйинотӣ дахл доранд ё ба ин мусоидат карда метавонанд;

    - бо усулҳои гуногун ҳавасмандгардонии кормандони тиб ё иттиҳодияҳои ҷамъиятии онҳо (иттифоқҳо, ассотсиатсияҳо), ки бо масъалаҳои ҳифзи саломатии модару кӯдак сарукор доранд, аз ҷумла ҷудо кардани гранту идрорпулиҳо, кумакпулӣ барои тадқиқот ё маблағгузории маҷлису семинарҳо, курсҳои такмили ихтисос ё конференсияҳо;

    - сарпарастӣ дар чорабиниҳо, мусобиқаҳо ё маъракаҳои вобаста ба масъалаҳои занони ҳомила ё заноне, ки кӯдакони ширмак доранд, падару модари кӯдакони ширмак ё кӯдакони хурдсол ё аъзои оилаи онҳо, инчунин мусобиқаву маъракаҳои марбути ҳомиладорӣ, таваллуд, ғизодиҳии табиии кӯдакони ширмак ё кӯдакони хурдсол, ки бо ин масъалаҳо алоқаманданд;

    - ҳамроҳ кардани ҳаҷми фурӯши ғизои таъйинотӣ ба ҳисоби мукофотонӣ ё иловапулии кормандон ё муқаррар намудани супориши камтарин барои фурӯши ғизои таъйинотӣ;

    - туҳфа ё паҳн намудани маводи иттилоотӣ ё маърифатии санитарӣ нисбати ғизодиҳии табиии кӯдакони ширмак ва кӯдакони хурдсол ё иҷрои уҳдадориҳои вобаста ба ғизодиҳии табиии кӯдакони ширмак ё кӯдакони хурдсол, ба истиснои ҳолатҳое, ки онҳо иттилоотро оид ба ғизои таъйинотӣ манзури кормандони тиб менамоянд ва бо маводи илмӣ ва воқеӣ маҳдуд буда, ба ҷиҳатҳои техникӣ ва усулҳои истифодаи ғизои мазкур дахл доранд ва танҳо агар онҳо ҷавобгӯи талаботи Кодекси мазкур бошанд.

    2. Сертификатсия, бақайдгирӣ ва аз нав бақайдгирии ғизои таъйинотӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори назорати давлатии фаъолияти фарматсевтӣ амалӣ карда мешавад.

    Моддаи 98. Маҳдудиятҳое, ки ба тамғакоғазҳои ғизои таъйинотӣ дахл доранд.

    1. Истеҳсолкунанда ё паҳнкунандаи ғизои таъйинотӣ ҳуқуқ надорад ғизои кӯдаконро, ба тариқи яклухт ё чакана фурӯшад, агар дар борҷома ё тамғакоғази онҳо ба забони давлатӣ возеҳу хоно маълумоти зерин сабт нашуда бошад:

    - таркиб ва миқдори моддаҳои ғизоӣ;

    - синну соли зарурӣ (бо рақам ишорашуда), ки баъди расидан ба он ғизо тавсия карда мешавад;

    - хатаре, ки дар сурати нодуруст пухтан ё ғизодиҳӣ то синну соли тавсияшуда ба саломатии кӯдак таҳдид менамояд;

    - ҷузъу таркибҳои истифодашуда бо ишораи ҷои истеҳсоли шир ё ғизои ширмонанди истифодашаванда;

    - шароити зарурии нигоҳ доштани ғизо пеш аз кушодани борбанд ва баъди он, бо назардошти вазъи иқлим;

    - рақами намуд (гурӯҳ), таърихи истеҳсол ва санае, ки ғизо бояд пеш аз гузаштани он, бо назардошти вазъи иқлим ва шароити нигоҳдошт мавриди истеъмол қарор гирад;

    - ном ва нишонии истеҳсолкунанда ё паҳнкунанда;

    - талаботи дигари тавсиянамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ.

    2. Истеҳсолкунанда ё паҳнкунанда ҳуқуқ надорад ғизои омехтаи кӯдаконро ба истиснои шартҳои дар қисми 1 ҳамин модда пешбинишуда, ба таври яклухт ё чакана фурӯшад, агар дар борҷома ё тамғакоғази он ба забони давлатӣ возеҳу хоно маълумоти зерин сабт нашуда бошад:

    - дар бораи афзалият ва манфиати шири модар барои саломатии кӯдак;

    - дар бораи зарурати маслиҳати табиб, қабл аз оғози истифодаи ғизои иловагӣ;

    - дар бораи тарзу усули пухтан, ҷадвали ғизодиҳӣ, риояи гигиенӣ ва шуста партофтани пасмондаи омехтаҳои пухташуда.

    3. Дар борҷома ё тамғақоғаз сабт намудани чунин истилоҳот ба монанди «мисли шири модар», «беҳтар аз шири модар» ё истилоҳоти ба ин монанд, инчунин қиёс бо шири модар ё матнҳое, ки бо ин ё он усул барои ғизодиҳии табиии кӯдак монеъ мешаванд ё аҳамияти онро паст мезананд, манъ аст.

    4. Дар борҷома ё тамғақоғази ғизои омехтаи кӯдакони ширмаки синнашон калонтар ғайр аз шартҳои дар қисмҳои 2 ва 3 ҳамин модда пешбинигардида бояд маълумоте сабт шуда бошад, ки ин ғизоро ба кӯдакони аз шашмоҳа хурд низ додан мумкин нест.

    5. Ҳангоми ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани ғизои таъйинотии дар ҳамин модда пешбинишуда дар борҷома ё тамғакоғази онҳо маълумоти зикргардида бояд ба забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифода шавад.

    Моддаи 99. Маҳдудиятҳое, ки ба тамғакоғази шишачаҳои шир (ширдӯшӣ), маккаку пистонакҳо дахл доранд.

    Истеҳсолкунанда ё паҳнкунанда ҳуқуқ надорад шишачаҳои шир (ширдӯшӣ), маккаку пистонакҳоро ба таври яклухт ё чакана фурӯшад, агар дар борҷома ё тамғақоғази он маълумоти зерин ба забони давлатӣ возеҳу равшан сабт нашуда бошад:

    - афзалият ва фоиданокии шири модар барои саломатии кӯдак;

    - зарурати риояи қатъии дастури шустан ва тамйиз кардан, ки бояд бо навиштаҷот ва суратҳо ифода ёфта бошанд;

    - муддати дароз истифодабарии маккаку пистонакҳо, истеъмоли ғизои моеи ширин, аз ҷумла ғизои омехта, ки боиси пӯсидани дандони кӯдак мегардад;

    - суроғаи ҳуқуқии истеҳсолкунанда ё паҳнкунанда.

    Моддаи 100. Маводи иттилоотӣ ва маърифатӣ дар бораи ғизодиҳии табиӣ (синамаконӣ).

    Маводи иттилоотӣ ё маърифатӣ (хаттӣ, сабтӣ ё аёнӣ) марбут ба ғизодиҳии табиии кӯдакон бояд:

    - ғизодиҳии табиӣ (синамаконӣ), фоида ва эҳтимоли зиёни онро ҳангоми иваз намудан бо ивазкунандагони шири модар тарғиб намояд;

    - танҳо иттилооти дурустро фаро гирифта, дар он ягон тасвир ё матне, ки аз шишачаҳои шир (ширдӯшӣ) ғизо доданро ташвиқ менамояд ё монеаи ғизодиҳии табиии кӯдак мегардад, истифода нашуда бошад;

    - ба забони давлатӣ баён гардида бошад;

    - таассурот ё тасаввуротеро, ки ғизои таъйинотӣ баробари шири модар ё монанди он аст ва ё хубтар аз он, ё беҳтар аз ғизодиҳии табиӣ аст, ба миён наоварад;

    - дорои ном ё тамғаи (нишонаи) ягон ғизои таъйинотӣ ё ягон истеҳсолкунанда ё паҳнкунандаи ғизои таъйинотӣ набошад;

    - аҳамияту манфиат, арзиш ва бартарияту афзалияти ғизодиҳии табииро хусусан дар давоми шаш моҳи аввал ва минбаъд то ду сол ё бештар аз ин возеҳу равшан фаҳмонад.

    Моддаи 101. Маводи иттилоотӣ ва маърифатӣ доир ба ғизои омехтаи кӯдакон, ғизои омехта барои кӯдакони ширмаки аз яксола калон ва дар бораи шишачаҳои шир (ширдӯшӣ).

    Маводи иттилоотӣ ва маърифатӣ оид ба ғизои омехтаи кӯдакон, ғизои омехта барои кӯдакони ширмаки аз яксола калон ё ғизо ё моеи дигар барои аз шишачаҳои шир (ширдӯшӣ) маконидани кӯдак бояд маълумоти зеринро бо забони давлатӣ дошта бошанд:

    - дар бораи дуруст пухтан ва истифода кардани ғизо, аз ҷумла шустушӯ ва тамйиз намудани зарф ва макак, аз пиёла хӯронидани кӯдакони ширмак;

    - дар бораи аҳамияти тахминан аз шашмоҳагӣ ба кӯдак додани ғизои иловагӣ, чӣ тавр ва чаро аз шишаи шир (ширдӯшӣ) маконидани кӯдак ё худ барвақт ба кӯдак додани ғизои иловагӣ ба ғизодиҳии табиии ӯ таъсири манфӣ мерасонад, дар бораи ба саломатии кӯдак хатар доштани маконидани ӯ аз шишачаи шир (ширдӯшӣ) ва нодуруст пухтани ғизо.

    Моддаи 102. Маҳдудиятҳо дар фаъолияти кормандони тиб, ки ба ҳифзи солимии модару кӯдак машғуланд.

    Ба кормандони тиб, ки дар соҳаи ҳифзи солимии модару кӯдак фаъолият мекунанд, иҷрои амалҳои зерин манъ аст:

    - гирифтани туҳфаҳо, пардохту ҳадя дар ҳар гуна шакл аз истеҳсолкунанда ё аз паҳнкунандаи ғизои таъйинотӣ ё аз шахси дигаре, ки аз номи онҳо фаъолият мекунад;

    - гирифтани намунаи ғизоҳои таъйинотӣ ё тақсими онҳо ба ягон шахс, инчунин намоиш додани истифодаи ғизои омехтаи кӯдакон ба ягон шахс (ба истиснои баъзе модарон ё аъзои оилаи онҳо дар ҳолатҳои истисно ва ҳангоме, ки зарур аст ва дар ин ҳолат низ ҳатман дар хусуси хатари истифодаи ғизои омехтаи кӯдакон бояд равшану фаҳмо тавзеҳ дода шавад).
    БОБИ 16. ҲИФЗИ СОЛИМИИ ҶАМЪИЯТӢ

    Моддаи 103. Мақсад ва намудҳои пешгирии бемориҳо.

    1. Мақсади пешгирии бемориҳо ин огоҳкунии пайдоиш ё авҷгирии бемориҳо, инчунин оқибатҳо ва зиёни мушкилоти онҳо мебошад.

    2. Пешгирии бемориҳо ба аввалиндараҷа, дуюминдараҷа ва сеюминдараҷа тақсим мешаванд.

    3. Пешгирии аввалиндараҷаи бемориҳо (оммавӣ ва фардӣ) барои ташкили шароити мусоиди зиндагӣ бо мақсади огоҳкунии пайдоиши бемориҳо равона карда шудааст.

    4. Пешгирии дуюминдараҷаи бемориҳо барои огоҳкунии бемориҳо дар ҳолатҳои аввали авҷгирӣ ва оқибатҳои онҳо равона карда шудааст.

    5. Пешгирии сеюминдараҷаи бемориҳо барои назорати оқибатҳои аллакай пайдошуда, узвҳо ва бофтаҳои зарардида равона карда шудааст.

    Моддаи 104. Ташаккули тарзи ҳаёти солим.

    1. Ташаккули тарзи ҳаёти солим тарғиби ҳаёти солим, ғизои солим ва пешгирии бемориҳоро тариқи таъмини маълумот, таълими гигиенӣ, омӯзиши аҳолӣ дар масъалаҳои устувор намудани саломатӣ ва пешгирии бемориҳое, ки ба ҳаёти солим алоқамандӣ доранд, дар бар мегирад.

    2. Ташаккули тарзи ҳаёти солим дар таъмини ҳамоҳангсозӣ ва дастурҳои методии роҳбарикунандаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ якҷоя бо дигар мақомоти давлатӣ бо тартиби муқарраргардида бо иштироки ташкилотҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятӣ таъмин карда мешавад.

    Моддаи 105. Муоинаҳои тиббӣ.

    1. Бо мақсади ҳифзи саломатӣ, пешгирии пайдоиш ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ, бемориҳои ғайрисироятии оммавӣ, бемориҳои касбӣ ва ҳодисаҳои нохуш, соҳибкорони инфиродӣ, кормандони корхонаву ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликият, ки ягон фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолияти истеҳсолиро анҷом медиҳанд, бояд пеш аз дохилшавӣ ба кор аз муоинаҳои тиббӣ гузаранд.

    2. Муоинаҳои тиббӣ метавонанд ҳатмӣ ва пешгирикунанда бошанд.

    3. Муоинаҳои тиббии ҳатмӣ ба қаблӣ ва давравӣ тақсим мешаванд.

    4. Муоинаҳои тиббии ҳатмии қаблӣ аз ҳисоби шаҳрвандон ҳангоми ба кор қабул шудан бо мақсади ба кор ё ба хондан лоиқ будан, инчунин пешгирии бемориҳои касбӣ ва умумӣ, пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва паразитарӣ гузаронида мешаванд.

    5. Муоинаҳои тиббии ҳатмии давравӣ аз ҳисоби маблағҳои корфармо бо мақсади мушоҳидаи вазъи саломатии кормандон, сари вақт муайян намудани нишонаҳои аввали беморӣ, пешгирии бемориҳои касбӣ ва паҳн нагаштани бемориҳои сироятӣ ва паразитарӣ гузаронида мешаванд.

    6. Номгӯи омилҳои зараровари истеҳсолӣ ва касбҳое, ки гузаронидани муоинаҳои тиббии ҳатмиро талаб менамояд ва тартиби онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

    7. Муоинаҳои тиббии пешгирикунанда оммавӣ ва интихобӣ мешаванд.

    8. Муоинаҳои тиббии пешгирикунандаи оммавӣ бо таври пурра дар гурӯҳҳои мақсадноки аҳолӣ оид ба муайян намудани беморӣ дар зинаҳои саршавӣ ва пешгирии онҳо, омилҳои хатарнок, ки боиси ба вуқӯъ омадани беморӣ мегарданд, бо мақсади таҳкими саломатии аҳолӣ гузаронида мешаванд.

    9. Муоинаҳои тиббии интихобӣ бо мақсади назорати амалисозии танзими чорабиниҳои табобати беморӣ ва барқарорсозии саломатии шаҳрвандони гирифтори бемориҳои алоҳида ё ба гурӯҳҳои хатарнок мансуббуда гузаронида мешаванд.

    10. Тартиби гузаронидани муоинаи тиббии пешгирикунандаи гурӯҳҳои шахсони мақсаднокро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ муайян менамояд.

    11. Соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ бояд шахсонеро, ки аз муоинаи тиббии қаблӣ ё мавсимӣ нагузаштаанд, ё ин ки бинобар сабаби вазъи саломатӣ ба кор лоиқ нестанд, ба кор қабул накунанд.

    12. Тартиби додан, ҳисобот ва бурдани дафтарчаҳои шахсии тиббиро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ муайян менамояд.

    13. Сари вақт гузаронидан ва гузаштани муоинаҳои тиббии ҳатмӣ ва пешгирикунанда аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ назорат карда мешавад.
    1   2   3   4   5   6   7   8   9   10   ...   15


    написать администратору сайта