Кодекси тандурустии Чумхурии точикистон 2017. Кодекси тандурустии умурии Тоикистон
Скачать 1.07 Mb.
|
БОБИ 18. МАВОДИ ДОРУВОРӢ ВА ФАЪОЛИЯТИ ФАРМАТСЕВТӢ Моддаи 121. Муомилоти маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ, танзими фаъолияти фарматсевтӣ. Муомилоти маводи доруворӣ, молҳои тиббӣ ва танзими фаъолияти фарматсевтӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи талаботи Кодекси мазкур, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фарматсевтӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд. Муомилоти маводи дорувории нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо» ба амал бароварда мешавад. Моддаи 122. Фаъолияти ширкатҳои фарматсевтӣ ва намояндагии онҳо. 1. Фаъолияти ширкатҳои фарматсевтӣ ва намояндагии онҳо аз тарафи мақоми ваколатдори давлатии назорати фаъолияти фарматсевтӣ назорат карда мешавад. 2. Ширкатҳои фарматсевтӣ ва намояндагии онҳо ҳуқуқ надоранд: - бо роҳбарони муассисаву ташкилотҳо ва кормандони соҳаи тандурустӣ доир ба таъйинот ва додани тавсияҳо ба беморон оид ба дорувории ширкатҳои дахлдор шартнома банданд ё ҳамкорӣ намоянд; - барои беҳтар ба роҳ мондани фурӯши маводи дорувории ширкатҳое, ки дар онҳо кор мекунанд, ё худ истеҳсолкунандаи онҳо мебошанд ва ё ширкатҳое, ки ҳуқуқи истифодабарии номҳои тиҷоратии маводи дорувориро доранд, туҳфа ва маблағҳои пулӣ пешниҳод намоянд; - бе розигии мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ конфренсияҳо, семинарҳо ё машваратҳо гузаронанд, маълумотро доир ба маводи дорувории ширкатҳое, ки дар онҳо кор мекунанд, диҳанд; - намунаҳои маводи доруворӣ ва молҳои тиббии худро ба роҳбарон ва ё кормандони ташкилотҳои тиббӣ пешниҳод намоянд; - барои маводи доруворӣ ва молҳои тиббии дахлдор иттилооти нопурра ё бардурӯғ пешниҳод ва ё маълумотро нисбат ба онҳо рӯйпуш намоянд. Моддаи 123. Таҳлили этикии маводи доруворӣ. 1. Таҳлили этикии маводи доруворӣ бо мақсади риоя намудани этикаи гузаронидани озмоишҳои клиникии доруворӣ аз ҷониби Шӯрои этикӣ бо тартиби муайяннамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ гузаронида мешавад. 2. Низомнома ва ҳайати Шӯрои этикиро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ таҳия ва тасдиқ менамояд. БОБИ 19. ДОНОРИИ ХУН ВА ҶУЗЪҲОИ ОН Моддаи 124. Фаъолияти донорони хун. 1. Ҳар шаҳрванди қобили амали аз 18 то 65 сола, ки ҳангоми аз муоинаи тиббӣ гузаштан гирифторшавиаш ба бемориҳои зидди нишондоди донорӣ ошкор нашудааст, донори хун шуда метавонад. 2. Донорони хун шахсоне дониста шуда метавонанд, ки ҳадди ақал ҳар сол як ё ду маротиба хун месупоранд. Дар ҳолатҳои зарурӣ тибқи дастури муассисаҳои дахлдор, бо розигии онҳо ин амал такрор карда мешавад. Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи донори хун аз ҷониби муассисаҳои давлатие дода мешавад, ки ба тайёр кардан, коркард, нигоҳдорӣ ва таъмини бехатарии хуни донорӣ ва ҷузъҳои он машғуланд. 3. Хун ва ҷузъҳои он, ки бо мақсади табобатӣ истифода мешавад, танҳо аз инсон гирифта мешаванд. 4. Гирифтани хуни донорӣ ва ҷузъҳои он дар ҳолате мумкин аст, ки ба саломатии донори хун зиён расонида нашавад. Моддаи 125. Гурӯҳҳои донорони хун. Гурӯҳҳои зерини донорони хун мавҷуданд: - донорони фаъоли хун; - донорони эҳтиётии хун; - донорони қарордодии хун. Моддаи 126. Ташкили ҳаракати донорӣ. 1. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар ташкилотҳое, ки дар ҳуҷҷатҳои таъсисиашон мусоидат намудан ба масъалаҳои ҳифзи саломатии аҳолӣ пешбинӣ шудааст, якҷоя дар ташкили ҳаракати донорӣ, тарғиби хундиҳии ройгон ихтиёрӣ дар байни аҳолӣ бо мақсади табобатӣ, иштирок ва мусоидат мекунанд. 2. Маблағгузории чорабиниҳо вобаста ба ташкил, рушд ва тарғиби донории оммавии хун, аз ҷумла моҳияти иҷтимоии он дар доираи маблағгузориҳои соҳаи тандурустӣ, ки дар буҷети давлатӣ пешбинӣ шудаанд, инчунин аз ҳисоби кумакҳои эҳсонкории шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ амалӣ карда мешавад. Моддаи 127. Уҳдадориҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот оид ба рушди донории хун ва ҷузъҳои он. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар доираи ваколатҳои худ иҷрои барномаҳои давлатии рушди донории хун ва ҷузъҳои он, маблағгузорӣ ва таъмини заминаи моддиву техникии ташкилотҳои тандурустиро, ки ба тайёр кардан, коркард, нигоҳдорӣ ва таъмини бехатарии хуни донорӣ ва ҷузъҳои он машғуланд, истифодаи имтиёзҳои муқарраршударо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои донори хун таъмин менамоянд. Моддаи 128. Уҳдадориҳои маъмурияти корхона ва ташкилотҳо оид ба мусоидати донории хун ва ҷузъҳои он. Роҳбарони корхона ва ташкилотҳо уҳдадоранд: - барои ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафи донорони хун мусоидат намоянд; - кормандонеро, ки донори хун мебошанд, дар рӯзи муоина ва супоридани хун ва ҷузъҳои он ба ташкилотҳои тандурустӣ бемамониат ҷавоб диҳанд; - биноҳои заруриро барои гирифтани хун ройгон ҷудо намоянд; - ба корманде, ки донори хун мебошад, чораҳои дастгирии иҷтимоиро тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намоянд. Моддаи 129. Ҳимояи ҳуқуқи донорони хун аз тарафи давлат. 1. Давлат ҳифзи ҳуқуқ ва саломатии донорони хун, инчунин андешидани чорабиниҳои дастгирии иҷтимоии онҳоро кафолат медиҳад. 2. Шахсони мансабдори ташкилотҳои тандурустӣ уҳдадоранд ба донорони хун дар бораи уҳдадориҳои донорӣ ва кафолатҳои саломатии онҳо ҳангоми супоридани хун ва ҷузъҳои он маълумот диҳанд. 3. Донорони хун аз ҳисоби маблағи ташкилотҳое, ки тайёр кардан, коркард, нигаҳдорӣ ва таъмини бехатарии хуни донорӣ ва ҷузъҳои онро анҷом медиҳанд, ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои донорӣ барои ҳодисаи осеби бемориҳои сироятӣ суғуртаи ҳатмӣ карда мешаванд. 4. Муоинаи тиббии донорони хун пеш аз додани хун ва ҷузъҳои он, инчунин додани маълумотнома дар бораи вазъи саломатии онҳо ройгон амалӣ карда мешавад. Моддаи 130. Чорабиниҳои дастгирии иҷтимоии донорони хун. 1. Донорони хун дар рӯзи супоридани хун аз ҳисоби маблағҳои буҷети дахлдор бо хӯроки ройгон таъмин карда мешаванд. Донорони хун ҳуқуқ доранд пас аз супоридани хун бар ивази ғизо ба андозаи муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ҷубронпулӣ гиранд. 2. Дар рӯзи супоридани хун, ҷузъҳои он ва муоинаи тиббӣ кормандоне, ки донори хун мебошанд, аз ҷониби корхонаву муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо бо нигоҳдории маблағи миёнаи музди меҳнат ҷавоб дода мешаванд. 3. Ҳангоми супоридани хун ва ҷузъҳои он дар давраи рухсатии меҳнатӣ, рӯзҳои истироҳат ва рӯзҳои ид ба донори хун мувофиқи хоҳиши ӯ рӯзи дигари иловагии истироҳат пешниҳод карда мешавад. 4. Ба донороне, ки дар давоми сол хун ва ҷузъҳои онро ба андозаи ду вояи ниҳоӣ (800 – 1000 мл.) ройгон супоридаанд, имтиёзҳои иловагии зерин пешниҳод мегарданд: - кумакпулии корношоямии муваққатӣ ҳангоми беморӣ ба андозаи пурраи музди меҳнат, новобаста аз собиқаи корӣ дар давоми сол; - аз ҷои кор ва ё таҳсил таъмин кардан бо роҳхатҳои имтиёзнок барои табобати истироҳатгоҳию курортии бенавбат дар давоми сол. Моддаи 131. Чораҳои дастгирии иҷтимоии шахсоне, ки бо унвони фахрии Донори ифтихории Тоҷикистон мукофотонида шудаанд. 1. Шахсоне, ки мувофиқи Кодекси мазкур, новобаста аз собиқаи донорӣ мардон на камтар аз 20 литр ва занон на камтар аз 15 литр хун ва ё плазма супоридаанд, бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои гирифтани унвони фахрии Донори ифтихории Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд. 2. Шаҳрвандоне, ки бо унвони фахрии Донори ифтихории Тоҷикистон сарфароз гардонида шудаанд, ҳуқуқҳои зеринро доранд: - табобати бенавбат дар муассисаҳои давлатии тандурустӣ; - тайёр кардан ва таъмири ройгони дандонҳои ориятӣ (ғайр аз металҳои қиматбаҳо) дар муассисаҳои давлатии тандурустӣ; - хариди имтиёзноки доруворӣ аз мақомоти давлатӣ (бо 50 фоиз арзиши онҳо) бо дорухати муассисаҳои давлатии тандурустӣ; - аз ҷои кор ва ё таҳсил гирифтани роҳхатҳои имтиёзноки табобатии истироҳатгоҳиву курортӣ; - гирифтани рухсатии ҳарсолаи пардохтшаванда дар вақти барои онҳо мувофиқ. Моддаи 132. Уҳдадориҳои донорони хун. 1. Шаҳрванде, ки розигии худро барои донори хун шудан додааст, уҳдадор аст, вобаста ба бемориҳои аз сар гузаронидааш ва бемориҳои доштааш, инчунин истеъмоли воситаҳои нашъадор маълумот диҳад. 2. Шаҳрванд барои дидаю дониста пинҳон ва ё нодуруст пешниҳод кардани маълумот нисбат ба ҳолати саломатиаш, агар чунин амал ба саломатии шахсе, ки ба ӯ хун мегузаронанд, таъсири ҷиддӣ расонида бошад ва ё расонида тавонад, ҷавобгар мебошад. Моддаи 133. Ташкилотҳои тандурустие, ки бо тайёр кардан, коркард, нигаҳдорӣ ва таъмини бехатарии хуни донорӣ ва ҷузъҳои он машғуланд. 1. Тайёр кардан, коркард, нигаҳдорӣ ва таъмини бехатарии хуни донорӣ ва ҷузъҳои онро ташкилотҳои тандурустии давлатӣ, ки дар ҳуҷҷатҳои таъсисиашон ин намуди фаъолият ба сифати фаъолияти асосӣ нишон дода шудааст, анҷом медиҳанд. 2. Дар ташкилотҳои тандурустии давлатӣ бо мақсади тайёр кардан, коркард, нигаҳдорӣ ва таъмини бехатарии хуни донорӣ ва ҷузъҳои он, шуъбаҳои хунгузаронӣ таъсис додан мумкин аст. 3. Талабот нисбат ба ташкилотҳои тандурустӣ (воҳидҳои зерсохторӣ), ки ба тайёр кардан, коркард, нигаҳдорӣ ва таъмини бехатарии хуни донорӣ ва ҷузъҳои он машғуланд, аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ тасдиқ карда мешавад. 4. Тартиби тайёр кардан, коркард, нигаҳдорӣ ва таъмини бехатарии хуни донорӣ ва ҷузъҳои он, инчунин назорати сифати хуни донорӣ ва ҷузъҳои он аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ тасдиқ карда мешавад. 5. Ҳангоми ҳолатҳои фавқулода – садамаҳо, офатҳои табиӣ, фалокатҳо, эпидемияҳо ва дигар ҳодисаҳои дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуқӯомада, ташкили донории хун ва ҷузъҳои он бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад. Моддаи 134. Тартиби иваз намудани хуни донорӣ ва ҷузъҳои он, доруворӣ аз хуни донорӣ ва баровардани онҳо аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон. 1. Тартиби иваз намудани хуни донорӣ ва ҷузъҳои он, доруворӣ аз хуни донорӣ, ки бо иштироки ташкилотҳои тиббии хориҷӣ сурат мегирад, аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ муайян карда мешавад. 2. Аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардани хуни донорӣ ва ҷузъҳои он, доруворӣ аз хуни донорӣ, танҳо дар ҳолатҳои расонидани кумаки таъҷилии башардӯстона ва ҳолатҳои фавқулода бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад. 3. Фурӯхтани хуни донорӣ ва ҷузъҳои он, дорувории аз хуни донорӣ тайёркардашуда бо мақсади ба даст овардани фоидаи молиявӣ, инчунин ба дигар давлатҳо манъ аст. БОБИ 20. ПАЙВАНДСОЗИИ УЗВ ВА (Ё) БОФТАҲОИ ИНСОН Моддаи 135. Шароит ва тартиби пайвандсозии узв ва (ё) бофтаҳои инсон. 1. Пайвандсозии узв ва (ё) бофтаҳои инсон аз донори зинда ё майит танҳо дар ҳолате истифода карда мешавад, ки агар воситаҳои тиббии дигар нигаҳдории ҳаёти ретсипиент ё худ барқарорсозии саломатии ӯро кафолат дода натавонанд. 2. Гирифтани узв ва (ё) бофтаҳо аз донори зинда танҳо дар ҳолате имконпазир аст, ки агар мувофиқи хулосаи гурӯҳи машваратии табибони дахлдор амали мазкур ба саломатии ӯ зарари ҷиддӣ нарасонад. 3. Пайвандсозии узв ва (ё) бофтаҳои инсон танҳо дар асоси розигии донори зинда ва бо розигии ретсипиент анҷом дода мешавад. 4. Гирифтан, тайёр кардан ва пайвандсозии узв ва (ё) бофтаҳои инсон танҳо дар ташкилотҳои давлатии тиббӣ бо тартиби муайяннамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ иҷозат дода мешавад. 5. Хулосаи тиббӣ оид ба зарурияти пайвандсозии узв ва (ё) бофтаҳои инсон аз ҷониби гурӯҳи машваратии табибони ташкилотҳои тандурустии дахлдор, дар ҳайати табибони табобаткунанда, ҷарроҳ, эҳёгар ва ҳангоми зарурат табибони ихтисосҳои дигар дода мешавад. Моддаи 136. Номгӯи маводи пайвандсозӣ. 1. Дил, гурда, ҷигар, шуш, мағзи устухон, дигар узв ё бофтаҳо, ки номгӯи онҳо аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ муайян карда мешавад, маводи пайвандсозӣ шуда метавонанд. 2. Узвҳо, қисмати онҳо ва бофтаҳои мутааллиқи раванди таваллуд шудани инсон, аз ҷумла бофтаҳои репродуктивӣ (ҳуҷайра, нутфа, тухмдонҳои мардона ва занона ё ҷанинҳо), инчунин хун ва ҳиссаҳои таркибии он маводи пайвандсозӣ шуда наметавонанд. Моддаи 137. Маҳдудсозии доираи донорҳои зинда. 1. Гирифтани узв ва (ё) бофтаҳо барои пайвандсозӣ аз донорҳои зиндае, ки ба 18 - солагӣ нарасидаанд (ба истиснои ҳолатҳои кӯчонидани мағзи устухон), ё худ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ғайри қобили амал эътироф шудаанд, манъ аст. 2. Агар муайян шуда бошад, ки узв ва (ё) бофтаҳо ба шахси гирифтори беморӣ тааллуқ дошта, барои ҳаёт ва саломатии ретсипиент хатар дорад, гирифтани онҳо мумкин нест. 3. Зӯроварӣ нисбат ба донори зинда ҷиҳати гирифтани розигии ӯ барои гирифтани узв ва (ё) бофтаҳо барои пайвандсозӣ манъ аст. Моддаи 138. Розигии ретсипиент барои пайвандсозии узв ва (ё) бофтаҳои инсон. Пайвандсозии узв ва (ё) бофтаҳои инсон бо розигии хаттии ретсипиент анҷом дода мешавад. Дар ин маврид ретсипиент оид ба имконпазирии нуқс барои саломатии ӯ бо сабаби дахолати ҷарроҳии дар пешистода бояд огоҳонида шавад. Агар ретсипиент ба 18 - солагӣ нарасида бошад ё мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ғайри қобили амал эътироф шуда бошад, пайвандсозии зикршуда бо розигии хаттии падару модар ё намояндаи қонунии ӯ анҷом дода мешавад. Моддаи 139. Иҷозат барои гирифтани узв ва (ё) бофтаҳо аз майит. 1. Узв ва ё бофтаҳо барои пайвандсозӣ аз майит дар ҳолате гирифта мешаванд, ки агар бо далелҳои бебаҳс ҳолати фавт аз ҷониби гурӯҳи машваратии табибон қайд шуда бошад. Иштироки мутахассисони пайвандсоз ва аъзои гурӯҳ, ки кори хадамоти донориро таъмин менамоянд ва аз ин ҳисоб музд мегиранд, ҳангоми ташхиси марг вобаста ба эҳтимолияти истифодашавии майит ба сифати донор манъ аст. 2. Гирифтани узв ва (ё) бофтаҳо аз майит бо розигии хешовандони наздик ё намояндаи қонунии ӯ ва иҷозати роҳбари ташкилоти тандурустӣ дар ҳолати риояи талаботи Кодекси мазкур сурат мегирад. 3. Дар сурати пайдо гардидани зарурат, барои гузаронидани экспертизаи судию тиббӣ, иҷозат барои гирифтани узв ва (ё) бофтаҳо аз майит, инчунин аз ҷониби хадамоти экспертизаи судию тиббӣ дода шуда, дар ин хусус мақомоти прокуратура огоҳонида мешавад. Моддаи 140. Шароитҳои гирифтани узв ва (ё) бофтаҳо аз донори зинда барои пайвандсозӣ. 1. Гирифтани узв ва (ё) бофтаҳо аз донори зинда барои пайвандсозӣ танҳо ба манфиати саломатии бемор ва дар ҳолати мавҷуд набудани узв ва (ё) бофтаҳои барои пайвандсозӣ лозими майит ё усули табобати алтернативӣ, ки таъсирнокии он ба таъсири пайвандсозии узв (ё) бофтаҳо қиёспазир мебошад, амалӣ гардонида мешавад. 2. Гирифтани узв ва (ё) бофтаҳо аз донори зинда барои пайвандсозӣ ба ретсипиент дар ҳолати риояи шартҳои зерин иҷозат дода мешавад, агар: - донор оид ба нуқси эҳтимолӣ барои саломатии ӯ бо сабаби дахолати ҷарроҳии дар пешистода ҳангоми гирифтани узв ва (ё) бофтаҳо огоҳонида шуда бошад; - донор бо хоҳиши худ ва огоҳона ба таври хаттӣ розигиашро барои гирифтани узв ва (ё) бофтаҳо изҳор намуда бошад; - донор муоинаи ҳамаҷонибаи тиббиро гузашта, хулосаи гурӯҳи машваратии табибон дар хусуси имкони гирифтани узв ва (ё) бофтаҳои ӯ барои пайвандсозӣ мавҷуд бошад; - донор аз оқибатҳои розӣ нашудан ба гирифтани узву бофтаҳо барои ретсипиент дар давраи охирини тайёрӣ ба пайванд кардани онҳо огоҳонида шуда бошад. 3. Аз донори зинда гирифтани узвҳо дар ҳолате иҷозат дода мешавад, ки агар ӯ бо ретсипиент ҳамбастагии ирсӣ дошта бошад, ба истиснои ҳолатҳои пайвандсозии мағзи устухон. Моддаи 141. Ҳуқуқҳои донор. Доноре, ки розигиашро барои пайвандсозии узв ва (ё) бофтаҳои худ изҳор намудааст, ҳуқуқ дорад: - аз муассисаи тандурустӣ маъумоти пурраро оид ба нуқсҳои эҳтимолӣ барои саломатии ӯ бо сабаби дахолати ҷарроҳии дар пешистода ҳангоми гирифтани узв ва (ё) бофтаҳо талаб намояд; - табобати ройгон, аз ҷумла маводи дорувориро бо сабаби ҷарроҳӣ аз муассисаҳои тандурустӣ гирад. Моддаи 142. Маҳдудиятҳо ҳангоми гирифтани узв ва (ё) бофтаҳо аз донори зинда. Аз донори зинда барои пайвандсозӣ гирифтани танҳо яке аз узвҳои ҷуфт, қисми узв ва (ё) бофта, ки набудани он сабаби халалдоршавии бебозгашти саломатӣ намегардад, мумкин аст. Моддаи 143. Манъ будани фурӯши узв ва (ё) бофтаҳои инсон. Фурӯши узв ва (ё) бофтаҳои инсон манъ аст. |