Главная страница
Навигация по странице:

  • Моддаи 163. Ҳ у қ у қ и шахсони сироятшудаи вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният.

  • Моддаи 164. Масъулияти шахсони сироятшудаи вируси норасоии масунияти одам.

  • Моддаи 165. Манъи ма ҳ дуд намудани ҳ у қ у қ и шахсони сироятшудаи вируси норасоии масунияти одам.

  • Моддаи 166. Кумаки тиббию и ҷ тимо ӣ ва равоншинос ӣ , инчунин чорабини ҳ ои дорои хусусияти пешгирикунанда дар муассиса ҳ ои низоми и

  • Моддаи 167. Ҳ ифзи и ҷ тимоии шахсони мубталои вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният ва аъзои оилаи он ҳ о.

  • Моддаи 168. Ҳ у қ у қ и падару модароне, ки к ӯ дакони он ҳ

  • Моддаи 169. Ҳ ифзи и ҷ тимоии кормандоне, ки дучори хатари касбии сирояти вируси норасоии масунияти одам мебошанд.

  • Моддаи 170. Ҳ у қ у қ ва масъулияти кормандони тиббии мубталои вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният.

  • Моддаи 171. Имтиёз ҳ ои ме ҳ

  • Моддаи 172. Ҳ амо ҳ ангсоз ӣ , мониторинг ва арзёбии самаранокии му қ

  • Моддаи 173. Ҳ амкории байнисо ҳ ав ӣ дар му қ овимат ба вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният.

  • Моддаи 174. Ҳ у қ у қ ба пешгирии вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният.

  • Кодекси тандурустии Чумхурии точикистон 2017. Кодекси тандурустии умурии Тоикистон


    Скачать 1.07 Mb.
    НазваниеКодекси тандурустии умурии Тоикистон
    Дата15.11.2021
    Размер1.07 Mb.
    Формат файлаdoc
    Имя файлаКодекси тандурустии Чумхурии точикистон 2017.doc
    ТипКодекс
    #272401
    страница11 из 15
    1   ...   7   8   9   10   11   12   13   14   15

    Моддаи 162. Назорати тиббии шахсони сироятшудаи вируси норасоии масунияти одам.

    1. Назорати тиббии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ, гурезаҳо, муҳоҷирони иҷборӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон иқомат доранд ё қарор доранд ва мубталои вируси норасоии масунияти одам мебошанд (ҳомилони вирус ва беморон), танҳо бо мақсадҳои эпидемиологӣ ва дар асоси махфӣ дар ташкилотҳои дахлдори давлатии низоми тандурустӣ гузаронида мешавад.

    2. Иттилооти бадастоварда оид ба сирояти вируси норасоии масунияти одам махфӣ (сирри тиббӣ) мебошад ва мумкин аст бо дархости мақомоти тандурустӣ, агар ҳифзи саломатии аҳолӣ аз паҳншавии бемориҳои сирояткунанда инро талаб кунад, дар асоси қарори суд ё бо дархости мақомоти тафтишотӣ чунин иттилоот дода мешавад. Истифодаи чунин маълумот бо мақсади таъқиби ҷиноятӣ ва маъмурии шахсон манъ аст, ба истиснои ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

    Моддаи 163. Ҳуқуқи шахсони сироятшудаи вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният.

    1. Шахсони сироятшудаи вируси норасоии масунияти одам ва мубталои бемории пайдошудаи норасоии масуният дорои ҳуқуқҳои зерин мебошанд:

    - муносибати инсондӯстонаи ҷамъият, ки паст задани шаъну эътибори инсонро истисно менамояд;

    - талаби махфӣ нигоҳ доштани иттилоот дар бораи вазъи саломатии худ, агар шароит ва хусусияти ҳаёту меҳнати онҳо хатари сирояти ин вируси норасоии масунияти одамро ба дигарон ба вуҷуд наорад;

    - ҷуброни зарари моддию маънавие, ки бинобар ифшо кардани иттилоот дар бораи ба он шахсон сироят кардани вируси норасоии масунияти одам расонида шудааст;

    - фаъолияти касбӣ аз рӯи ихтисоси интихобкарда, ба истиснои кор аз рӯи ихтисосҳо ва дар вазифаҳое, ки бо рӯйхати махсус муқаррар шудаанд;

    - ройгон гирифтани ҳамаи намудҳои кумаки тахассусӣ ва махсуси тиббӣ, аз ҷумла кумаки доруворӣ дар ташкилотҳои давлатии тандурустӣ;

    - ҳимоя аз табъиз, аз ҷумла ҳангоми дастрасӣ ба табобат;

    - иштироки фаъолона дар муайян кардани мақсадҳои табобат, аз ҷумла вақт ва тарзи табобат ва хотима ёфтани он;

    - гирифтани маводи ивазкунандаи шири модар аз тарафи падару модар ё намояндагони қонунии кӯдаконе, ки аз модарони вируси норасоии масунияти одам сироятёфта таваллуд шудаанд, аз лаҳзаи таваллуд то пурра муқаррар шудани ташхиси кӯдак оид ба мавҷудияти вируси норасоии масунияти одам, бо мақсади минбаъд паст намудани хатари сироятёбӣ аз вируси норасоии масунияти одам.

    2. Дар ташкилотҳои табобатӣ ба рад кардани қабул ва расонидани кумаки таъҷилӣ ба шахсони мубталои вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният роҳ дода намешавад.

    Моддаи 164. Масъулияти шахсони сироятшудаи вируси норасоии масунияти одам.

    1. Дидаю дониста зери хатари сироят гузоштан ё сироят кардани шахси дигар (ё якчанд шахс) бо вируси норасоии масунияти одам аз ҷониби шахсе, ки ба сирояти вируси норасоии масунияти одам гирифтор буданашро медонад, манъ аст.

    2. Шахси гунаҳгор инчунин зарареро, ки бинобар расонидани кумаки тиббӣ ва иҷтимоӣ ба шахси сироятшуда расондааст, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн мекунад.

    Моддаи 165. Манъи маҳдуд намудани ҳуқуқи шахсони сироятшудаи вируси норасоии масунияти одам.

    1. Ба озод кардан аз кор, нагирифтан ба кор, ба истиснои кор аз рӯи ихтисос ва дар вазифаҳои муқаррарнамудаи номгӯи махсус, инчунин маҳдуд намудани дигар ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шахсони сироятшудаи вируси норасоии масунияти одам, ҳамчунин маҳдуд кардан аз ҳуқуқи манзил ва дигар ҳуқуқу манфиатҳои қонунии аъзои оилаи шахсони сироятшудаи вируси норасоии масунияти одам роҳ дода намешавад.

    2. Истифодаи шахсони сироятшудаи вируси норасоии масунияти одам ба сифати объектҳои санҷиши тиббии воситаҳо ва усулҳои омӯзиши илмӣ ё раванди таълим манъ аст.

    3. Табъиз дар асоси мавҷудияти сирояти вируси норасоии масунияти одам манъ аст.

    4. Дар асоси сирояти воқеӣ ва ё эҳтимолии вируси норасоии масунияти одам содир намудани ҳаракати оммавӣ бо мақсади барангехтани кинаву адоват ва паҳн намудани муносибати нафратовари шахс ва ё гурӯҳи аҳолӣ манъ аст.

    5. Маҳдудкунии ҳуқуқ ва озодиҳои шахсоне, ки мубталои вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният мебошанд, танҳо бо мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шахсони дигар тибқи талаботи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон раво дониста мешаванд.

    Моддаи 166. Кумаки тиббию иҷтимоӣ ва равоншиносӣ, инчунин чорабиниҳои дорои хусусияти пешгирикунанда дар муассисаҳои низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ.

    1. Кумаки тиббию иҷтимоӣ ва равоншиносӣ ба шахсони мубталои вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар муассисаҳои давлатии тандурустӣ дар асосҳои умумӣ, аз рӯи нишондодҳои клиникӣ расонида мешавад.

    2. Кумаки иҷтимоию равоншиносӣ дар муассисаҳои давлатии тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, маориф, инчунин дар ташкилотҳои хусусии тандурустии дорои иҷозатномаи дахлдор, ки бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва намояндагони ҷомеаи шахсони мубталои вируси норасоии масунияти одам ҳамкорӣ менамоянд, расонида мешавад.

    3. Шахсе, ки дар натиҷаи муоинаи ӯ вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи масуният муайян шудааст, ҳангоми дар ҷойҳои аз озодӣ маҳрум ё ҳабси пешакӣ қарор доштан, ҳуқуқи гирифтани кумаки тиббии дахлдор, машварат ва фиристода шудан ба дигар хадамоти мададрасонро дорад.

    4. Маҳбусон ва дастгиршудагон ба ташхиси ройгони махфии сирояти вируси норасоии масунияти одам ва ба машварат дар асоси розигӣ огоҳона, инчунин барои гирифтани маълумот оид ба вазъи саломатиашон ҳуқуқ доранд. Маълумот оид ба вазъи саломатӣ дар ҳуҷҷатҳое нигоҳ дошта мешавад, ки он танҳо барои табиб дастрас буда ва бо розигии маҳбус ва ё дар ҳолати зарурати таъмини бехатарии дигар маҳбусон ва кормандони маҳбасҳо бояд ошкор карда шавад. Поймолкунии ҳуқуқи маҳбусони бо вируси норасоии масунияти одам сироятшуда манъ аст.

    Моддаи 167. Ҳифзи иҷтимоии шахсони мубталои вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният ва аъзои оилаи онҳо.

    1. Мақомоти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти маориф, меҳнат ва шуғли аҳолӣ барномаҳоро оид ба дастгирии иҷтимоии шахсони мубталои вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният ва аъзои оилаи онҳо, аз ҷумла таъйин кардан ва пардохтани нафақаю кумакпулиҳо, расонидани кумакҳои иҷтимоию маишӣ, гирифтани таҳсилот, бозомузӣ ва бо кор таъмин намудани онҳоро таҳия ва татбиқ менамоянд.

    2. Мақомоти маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, инчунин барномаҳои дастгирии иҷтимоии кӯдаконеро, ки дар натиҷаи мубталои вируси норасоии масунияти одам ятим ё бепарастор мондаанд, таҳия ва татбиқ менамоянд.

    3. Ба шахсоне, ки дар натиҷаи амалиёти тиббии бо тартиби расмӣ иҷрошуда ба вируси норасоии масунияти одам сироят шудаанд, таъйини нафақа, дар навбати аввал гирифтани манзил, дар сурати набудани он ё дар ҳолатҳои зарурии беҳсозии шароити манзилӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

    4. Барои кӯдакони то 16 сола, ки мубталои вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният мебошанд, кумакпулии ҳармоҳа таъйин карда мешавад. Тартиби додани кумакпулӣ ва ҳаҷми онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

    5. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм якҷоя бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ аз рӯи нишондодҳои тиббӣ таълими кӯдаконеро, ки мубталои вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният мебошанд ва онҳо дар муассисаҳои тандурустӣ ё дар хона қарор доранд, аз рӯи барномаҳои махсуси мактаби таҳсилоти умумӣ ташкил менамоянд.

    6. Зараре, ки ба шахсони мубталои вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар натиҷаи нодуруст иҷро намудани уҳдадориҳои хизматӣ аз ҷониби кормандони тиббии ташкилотҳои хизматрасонии тиббӣ расонда шудааст, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн карда мешавад.

    Моддаи 168. Ҳуқуқи падару модароне, ки кӯдакони онҳо мубталои вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният мебошанд.

    1. Падару модарон ва шахсони онҳоро ивазкунандаи кӯдаконе, ки мубталои вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният мебошанд, ҳуқуқҳои зеринро доранд:

    - ҳамроҳи кӯдакони то 14 сола дар беморхонаҳо бошанд ва дар ин давра аз кор озод буда, ба онҳо барои муваққатан ба кор набаромадан кумакпулӣ дода мешавад;

    - дар ҳолати аз кор озод кардани падар ё модар бинобар нигоҳубини кӯдаки то 16 сола нигоҳ доштани собиқаи меҳнатӣ барои пардохти кумакпулии корношоямии муваққатӣ, агар то ба синни зикрёфта расидани кӯдак ба кор дохил шуда бошад;

    - рафту омади ройгони падар ё модар ва ё дигар намояндаи қонунии кӯдак ба ҷои табобат.

    2. Модароне, ки кӯдаки то 16 солаи мубталои вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният доранд, барои гирифтани рухсатии ҳарсола дар тобистон ё вақти дигари барояшон мувофиқ ҳуқуқ доранд. Дар сурати набудани модар ва чунин кӯдакро тарбия кардани падар ё шахси дигар, ин ҳуқуқ ба ҳамин шахсон дода мешавад.

    Моддаи 169. Ҳифзи иҷтимоии кормандоне, ки дучори хатари касбии сирояти вируси норасоии масунияти одам мебошанд.

    1. Кормандоне, ки бо расонидани кумаки тиббӣ ба аҳолӣ, тадқиқоти озмоишгоҳӣ ё илмӣ аз рӯи масъалаҳои вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният ва истеҳсоли дорувории вирусӣ машғуланд, инчунин донорҳо, кормандони хадамоти иҷтимоӣ ва дигар шахсоне, ки ҷиҳати расонидани кумак ба шахсони сироятшудаи вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният ҷалб шудаанд, дар ҳолатҳои мубталои вируси норасоии масунияти одам, инчунин маъюб гаштан ва фавтидани онҳо аз чунин беморӣ ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои хизматӣ суғуртаи ҳатмии давлатӣ карда мешаванд. Тартиби суғуртаи ҳатмии ин гурӯҳи кормандонро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

    2. Маъмурияти муассисаҳои тиббӣ, ки кормандони онҳо барои сирояти вируси норасоии масунияти одам тадқиқоти ташхисӣ мегузаронанд ва ба шахсони мубталои вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният кумаки тиббӣ мерасонанд, инчунин бо хун ва дигар маводи шахсони мазкур сарукор доранд, уҳдадоранд ин кормандонро бо воситаҳои зарурии муҳофизатӣ таъмин намоянд ва онҳоро бо мақсади ошкор сохтани сирояти вируси норасоии масунияти одам мунтазам муоина кунанд.

    3. Дар вақти иҷрои уҳдадориҳои хизматӣ ба сирояти вируси норасоии масунияти одам гирифтор шудани кормандони тиббӣ, фарматсевтӣ ва дигар кормандон ба гурӯҳи бемориҳои касбӣ мансуб дониста мешаванд.

    Моддаи 170. Ҳуқуқ ва масъулияти кормандони тиббии мубталои вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният.

    1. Кормандони тиббие, ки дар натиҷаи ба таври дахлдор, бинобар иҷро намудани уҳдадориҳои хизматӣ ба онҳо вируси норасоии масунияти одам сироят кардааст ё гирифтори бемории пайдошудаи норасоии масуният шудаанд, дорои чунин ҳуқуқҳо мебошанд:

    - дар навбати аввал ба беҳтар кардани шароити манзилӣ бо тартиби муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

    - ба нафақаи имтиёзноки пиронсолӣ, дар мавриди фавтидани онҳо аз бемории пайдошудаи норасоии масуният ба пардохт кардани нафақа дар ҳаҷми 100 фоизи музди кор ба аъзои корношоями оила ва фарзандони онҳо то расидан ба синни балоғат;

    - ба рухсатии ҳарсолаи давомнокиаш на камтар аз 36 рӯзи корӣ бо истифодаи он дар тобистон ё дигар вақти барои онҳо мувофиқ;

    - ба табобати ҳарсола дар муассисаҳои санаторию курортӣ новобаста ба тобеияти идоравии онҳо;

    - ба ҷуброни зарар, ки ҳаҷм ва тартиби онро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.

    2. Дар сурати сироят кардани вируси норасоии масунияти одам ҳангоми ба таври дахлдор иҷро накардани уҳдадориҳои касбӣ, дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳо ва меъёрҳои бехатарӣ бо гуноҳи корманд, ҳуқуқи ӯро барои ҷуброни зарар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

    3. Кормандони тиббӣ ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои касбӣ барои хунукназарона ба ҷо овардан ва сироят кардани шахси дигар (якчанд шахс) бо вируси норасоии масунияти одам ҷавобгар мебошанд.

    Моддаи 171. Имтиёзҳои меҳнатии кормандоне, ки ба шахсони бо вируси норасоии масунияти одам сироятшуда ва мубталои бемории пайдошудаи норасоии масуният кумаки тиббӣ мерасонанд.

    Кормандони дахлдори ташкилотҳои давлатии махсусгардонидашудаи низоми тандурустӣ, ки ба шахсони бо вируси норасоии масунияти одам сироятшуда ё беморони мубталои бемории пайдошудаи норасоии масуният кумаки тиббӣ ё дигар кумакҳо мерасонанд ва ба гузаронидани тадқиқоти илмӣ бо истифодаи маводи сироятёфта, истеҳсоли дорувории биологӣ барои ташхис машғул мебошанд, ҳуқуқ доранд:

    - мутобиқи рӯйхати аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқгардида оид ба истеҳсолот, корҳо, ихтисосҳо, вазифаҳо ва нишондиҳандаҳои корҳои зеризаминӣ, кор дар шароити махсусан вазнини меҳнат, ки машғул будан бо онҳо ба нафақа аз рӯи синну сол бо шартҳои имтиёзнок ҳуқуқ медиҳад, ба нафақа бароянд;

    - иловапулӣ ба маоши вазифавӣ дар ҳаҷми 100 фоиз гиранд;

    - ба рухсатии ҳарсолаи давомнокиаш то 56 рӯзи тақвимӣ бароянд;

    - ба рӯзи кӯтоҳи корӣ (рӯзи кории 6 соата).

    Моддаи 172. Ҳамоҳангсозӣ, мониторинг ва арзёбии самаранокии муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният.

    1. Ҳамоҳангсозии амалиёт оид ба муайян намудани афзалиятҳои муқовимат бо паҳншавии вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният, таҳияи барнома ва нақшаҳои фаъолият, омода намудани нақшаҳои молиявӣ, амалӣ гардонидани мониторинг ва арзёбии самаранокии фаъолият дар ҳамаи зинаҳо аз ҷониби кумитаи миллии ҳамоҳангсозӣ, ки намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҷомеаи шахсони сироятшудаи вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳоро дар бар гирифта, дар фаъолияти муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар зинаҳои дахлдор фаъолона ширкат меварзанд, анҷом дода мешавад.

    2. Мақомоти дахлдори иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ, дар якҷоягӣ бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ барномаҳои муқовимат ба вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуниятро барои гурӯҳҳои осебпазир ва махсуси аҳолӣ бо хатари бештари сироятёбӣ аз вируси норасоии масунияти одам ва инчунин барои кӯдакони бесарпараст таҳия ва татбиқ менамоянд.

    Моддаи 173. Ҳамкории байнисоҳавӣ дар муқовимат ба вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният.

    1. Муассисаҳои маориф ба нақшаҳои таълимӣ ва фаъолияти таълимию тарбиявӣ масъалаҳои тарғиби тарзи ҳаёти солимро ворид намуда, ба хонандагон дар бораи роҳҳои сироятёбӣ ва усулҳои пешгирии вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният маълумоти пурра, босифат ва дастрас медиҳанд.

    2. Муассисаҳои давлатии тандурустӣ бо мақомоте, ки назорати ғайриқонунии муомилоти воситаҳои нашъадорро ба уҳда доранд, дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ, барномаҳои пешгирии вируси норасоии масунияти одамро барои истеъмолкунандагони воситаҳои нашъадор тариқи сӯзандору ва дигар гурӯҳҳои осебпазир таҳия ва амалӣ мегардонанд.

    Моддаи 174. Ҳуқуқ ба пешгирии вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният.

    1. Ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ, гурезаҳо, муҳоҷирони иҷборӣ ва шахсони бешаҳрванд ҳуқуқҳои зерин кафолат дода мешавад:

    - муоинаи пешгирикунанда бо риояи усулҳои махфӣ, пинҳонӣ ва ихтиёрии ташхис бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ;

    - азназаргузаронии тиббии ихтиёрӣ, махфӣ ва пинҳонӣ бо мақсади ошкор сохтани мубталошавии шахс бо вируси норасоии масунияти одам ва ташхис дар муассисаҳои тиббӣ новобаста аз шакли моликият;

    - мунтазам гирифтани иттилооти пурра ва босифат, аз ҷумла тавассути воситаҳои ахбори омма оид ба роҳҳои сироятёбӣ ва усулҳои пешгирии вируси норасоии масунияти одам, барномаю хизматрасониҳои мавҷудаи пешгирӣ, ҳуқуқҳои инсон вобаста бо эпидемияи вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният, инчунин оид ба табобат, нигоҳубин ва дастгирии шахсони аз вируси норасоии масунияти одам сироятёфта ва мубталои бемории пайдошудаи норасоии масуният;

    - баргузор намудани чорабиниҳои маърифатию оммавӣ, аз ҷумла вохӯриҳо, семинарҳо, аксияҳо ва таъсиси маҳфилҳои пешгирии вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар байни аҳолӣ.

    2. Ба гурӯҳҳои махсуси аҳолӣ бо хатари бештари сироятёбӣ аз вируси норасоии масунияти одам ва гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ барои тағйирёбии рафтори хатарнок хизматрасониҳо ва иттилооти махсус дода мешавад.

    3. Бо мақсади пешгирии паҳншавии вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният, инчунин дигар бемориҳое, ки ба воситаи хун мегузаранд, мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ дар якҷоягӣ бо мақомоти адлия барномаи пешниҳод кардани иттилоот ва баргузор намудани корҳои маърифатиро дар муассисаҳои низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ таҳия ва татбиқ менамоянд.
    1   ...   7   8   9   10   11   12   13   14   15


    написать администратору сайта