Главная страница
Навигация по странице:

  • Моддаи 176. Ташхис ва табобати шахсони гирифтори бемори ҳ ои р ӯҳӣ .

  • Моддаи 177. Намояндагии манфиат ҳ ои қ онунии шахсоне, ки ба он ҳ о кумаки тиббии р ӯҳӣ расонида мешавад.

  • Моддаи 178. Табобати ма ҷ бурии шахсони гирифтори бемори ҳ ои р ӯҳ ие, ки кирдори ба ҷ амъият хавфнок содир намудаанд.

  • Моддаи 179. Муоинаи тиббии р ӯҳӣ барои ҳ алли масъалаи муносиб будани ша ҳ рванд ба хизмати ҳ арб ӣ .

  • Моддаи 180. Ҳ амкории муассиса ҳ ои кумаки тиббии р ӯҳӣ бо ма қ омоти кор ҳ ои дохил ӣ .

  • Моддаи 181. Кумаки тиббии р ӯҳӣ ва ҳ ифзи и ҷ тимоие, ки давлат кафолат меди ҳ ад.

  • Моддаи 182. Муассиса ва шахсоне, ки кумаки тиббии р ӯҳӣ мерасонанд.

  • Моддаи 183. Муста қ илияти табиби бемори ҳ ои р ӯҳӣ ҳ ангоми расонидани кумаки тиббии р ӯҳӣ .

  • Моддаи 184. Кафолат ва имтиёз ҳ ои табибони бемори ҳ ои р ӯҳӣ , табибони ихтисос ҳ ои дигар, ҳ айати тибб ӣ ва дигар ҳ

  • Моддаи 185. Асос ҳ о барои бистар ӣ намудан дар беморхонаи бемори ҳ ои р ӯҳӣ .

  • Моддаи 186. Ба таври таъ ҷ ил ӣ дар беморхонаи бемори ҳ ои р ӯҳӣ бистар ӣ намудани шахсоне, ки қ обилияти дарк намудани

  • Моддаи 187. Муоинаи ма ҷ бурии шахсон дар беморхонаи бемори ҳ ои р ӯҳӣ .

  • Моддаи 188. Тартиби баррасии ариза дар бораи табобат ва муоинаи шахсон дар беморхонаи бемори ҳ ои р ӯҳӣ .

  • Моддаи 190. Ҳ у қ у қ ва у ҳ дадори ҳ ои шахсони дар беморхонаи бемори ҳ ои р ӯҳӣ бистаришуда.

  • Моддаи 191. Асос барои ҷ ой додани шахс дар муассиса ҳ ои р ӯҳ у асаби ма қ

  • Моддаи 192. Назорати ҷ амъият ӣ оид ба риоя намудани ҳ у қ у қ ва манфиат ҳ ои қ онунии шахс ҳ

  • Кодекси тандурустии Чумхурии точикистон 2017. Кодекси тандурустии умурии Тоикистон


    Скачать 1.07 Mb.
    НазваниеКодекси тандурустии умурии Тоикистон
    Дата15.11.2021
    Размер1.07 Mb.
    Формат файлаdoc
    Имя файлаКодекси тандурустии Чумхурии точикистон 2017.doc
    ТипКодекс
    #272401
    страница12 из 15
    1   ...   7   8   9   10   11   12   13   14   15

    БОБИ 25. РАСОНИДАНИ КУМАКИ ТИББИЮ ИҶТИМОӢ БА

    ШАХСОНИ ГИРИФТОРИ БЕМОРИҲОИ РӮҲӢ

    Моддаи 175. Маҳдуд кардани ҳуқуқҳои шахсони гирифтори бемории рӯҳӣ.

    1. Ғайри қобили амал эътироф кардани шахси гирифтори бемории рӯҳӣ, танҳо аз ҷониби суд тибқи асос ва тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

    2. Шахсоне, ки дар натиҷаи бемории рӯҳӣ муваққатан ғайри қобили амал эътироф шудаанд, барои анҷом додани намудҳои алоҳидаи фаъолияти касбии вобаста ба манбаи хатари зиёд, бо қарори комиссияи тиббӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳ дода мешаванд.

    3. Номгӯи бемориҳои рӯҳиро, ки монеаи амалӣ кардани намудҳои алоҳидаи фаъолияти касбӣ ва фаъолияти бо хатари зиёд алоқаманд мебошанд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад. Номгӯи зикргардида бо назардошти таҷрибаи ҳосилшуда ва дастовардҳои илмӣ давра ба давра (на камтар аз як маротиба дар 5 сол) аз нав баррасӣ мегардад.

    4. Маҳрум намудани ҳуқуқ ва маҳдуд намудани манфиатҳои қонунии шахсони гирифтори бемории рӯҳӣ танҳо дар асоси муоинаи табиби бемориҳои рӯҳӣ, таҳти назорати диспансерӣ ва дар беморхонаи бемориҳои рӯҳӣ ё муассисаҳои рӯҳу асаби мақомоти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ қарор доштани ӯ, манъ аст.

    Моддаи 176. Ташхис ва табобати шахсони гирифтори бемориҳои рӯҳӣ.

    1.Ташхиси бемории рӯҳӣ мувофиқи стандартҳо ва таснифҳои (классификатсияҳои) маъмули байналмилалӣ муқаррар карда мешавад.

    2. Барои ташхис ва табобати шахсони гирифтори бемории рӯҳӣ восита ва усулҳои тиббие истифода бурда мешаванд, ки бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ иҷозат дода шудаанд.

    3. Восита ва усулҳои тиббӣ танҳо бо мақсади ташхис ва табобат, мувофиқи хусусияти беморӣ истифода гардида, набояд барои ҷазо додани шахсони гирифтори бемории рӯҳӣ ё ба манфиати шахсони дигар истифода карда шаванд.

    Моддаи 177. Намояндагии манфиатҳои қонунии шахсоне, ки ба онҳо кумаки тиббии рӯҳӣ расонида мешавад.

    1. Ҳангоми расонидани кумаки тиббии рӯҳӣ шахсони гирифтори бемориҳои рӯҳӣ ҳуқуқ доранд, бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонуниашон бо хоҳиши худ адвокат ё шахси дигари ваколатдорро даъват намоянд.

    2. Роҳбари муассисае, ки кумаки тиббии рӯҳӣ мерасонад, иштироки адвокатро дар давоми 48 соат, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур, таъмин менамояд.

    3. Намояндагони дар қисми 1 ҳамин модда зикршуда ҳуқуқ доранд аз лаҳзаи муроҷиат ҳар вақт ба иҷрои уҳдадориҳои худ шурӯъ намоянд, ба шахсе, ки манфиатҳои ӯро ҳифз менамояд, муроҷиат кунанд, маълумоти вобаста ба чорабиниҳои тиббӣ ва дигар чорабиниҳои нисбат ба ин шахс анҷомёфтаро ба даст оранд. Инчунин, адвокат ҳуқуқ дорад, ки бо ҳуҷҷатҳои тиббии ба бемор дахлдошта шинос шавад.

    4. Ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии ноболиғон ва шахсони ғайри қобили амал эътирофшударо намояндагони қонунии онҳо ба амал мебароранд, ки барои ин мақсадҳо ҳуқуқ доранд, инчунин адвокат ё шахси дигари ваколатдорро бо салоҳдиди худ даъват намоянд.

    5. Барои ноболиғон, падару модари онҳо, фарзандхондагон, васиён ё парасторони онҳо ва барои шахсони бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ғайри қобили амал эътирофшуда бошад, васиёни онҳо ва ё роҳбарони муассисае, ки кумаки тиббии рӯҳӣ мерасонанд, намояндагони қонунӣ мебошанд.

    Моддаи 178. Табобати маҷбурии шахсони гирифтори бемориҳои рӯҳие, ки кирдори ба ҷамъият хавфнок содир намудаанд.

    1. Бо таъйиноти судӣ маҷбуран табобат намудани шахсони гирифтори бемориҳои рӯҳӣ, ки кирдори барои ҷамъият хавфноки дар қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардидаро содир намудаанд, тибқи асос ва бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории ҷиноятӣ ва мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, ба таври беморхонагӣ дар ташкилотҳои бемориҳои рӯҳӣ, табобатию пешгирикунандаи мақомоти тандурустӣ, ба амал бароварда мешавад.

    2. Шахсоне, ки бо қарори суд дар бораи истифодаи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ дар беморхонаи бемориҳои рӯҳӣ ҷой дода шудаанд, аз ҳуқуқҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур истифода мекунанд.

    3. Онҳо дар тамоми давраи дар беморхонаи бемориҳои рӯҳӣ буданашон корношоям дониста шуда, тибқи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ ба гирифтани кумакпулӣ ё нафақа дар асосҳои умумӣ ҳуқуқ доранд.

    4. Суд чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ доштаро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин менамояд.

    Моддаи 179. Муоинаи тиббии рӯҳӣ барои ҳалли масъалаи муносиб будани шаҳрванд ба хизмати ҳарбӣ.

    Асос ва тартиби муоинаи дармонгоҳӣ ва беморхонавии бемориҳои рӯҳӣ ҳангоми ҳалли масъалаи аз ҷиҳати саломатии рӯҳӣ муносиб будани шаҳрванд ба хизмати ҳарбӣ, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тартиби гузаштани хизмати ҳарбиро танзим мекунанд, инчунин бо ҳамин Кодекс муайян карда мешавад.

    Моддаи 180. Ҳамкории муассисаҳои кумаки тиббии рӯҳӣ бо мақомоти корҳои дохилӣ.

    1. Муассисаҳои рӯҳӣ ва рӯҳу асаби мақомоти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, маориф ва дигар идораҳое, ки чунин муассисаҳо доранд, уҳдадоранд дар якҷоягӣ бо мақомоти корҳои дохилӣ барои расонидани кумаки тиббии рӯҳӣ ба шахсони гирифтори бемориҳои рӯҳӣ, пешгирии аз ҷониби онҳо содир намудани амалҳои ба ҳаёти онҳо ва атрофиён хатарнок ҳамкорӣ намоянд.

    2. Дар сурати даст кашидан аз табобат, муассисаҳои мазкур уҳдадоранд фавран ба мақомоти корҳои дохилӣ хабар диҳанд.

    Моддаи 181. Кумаки тиббии рӯҳӣ ва ҳифзи иҷтимоие, ки давлат кафолат медиҳад.

    1. Ба шахсони гирифтори бемориҳои руҳӣ аз ҷониби давлат кафолатҳои зерин дода мешавад:

    - кумаки тиббии рӯҳии таъхирнопазир;

    - кумаки машваратию ташхисӣ, табобатӣ, пешгирикунанда, тавонбахшии саломатӣ дар шароити беморхона ва берун аз он;

    - тамоми намудҳои экспертизаи бемориҳои рӯҳӣ, додани корношоямии муваққатӣ;

    - нафақа, кумаки иҷтимоию маишӣ ва мусоидат оид бо кор таъминкунӣ ба шахсони гирифтори бемориҳои рӯҳӣ;

    - ҳалли масъалаҳои васоят;

    - маслиҳат оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ва дигар намуди ёрии ҳуқуқӣ дар муассисаҳои бемориҳои рӯҳӣ ва рӯҳу асаб;

    - беҳтар кардани шароити иҷтимоию маишии маъюбон ва пиронсолон, ки гирифтори бемориҳои рӯҳианд, ҳамчунин нигоҳубини онҳо;

    - таълими маъюбон ва ноболиғони гирифтори бемориҳои рӯҳӣ.

    2. Таъмини кумаки тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии шахсони гирифтори бемориҳои рӯҳӣ бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

    3. Таъмин намудани шахсони гирифтори бемориҳои рӯҳӣ ба кумаки тиббии рӯҳӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор, инчунин мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мутобиқи ваколатҳои oнҳo, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст, анҷом дода мешавад.

    Моддаи 182. Муассиса ва шахсоне, ки кумаки тиббии рӯҳӣ мерасонанд.

    1. Кумаки тиббии рӯҳиро муассисаҳои бемориҳои рӯҳӣ (рӯҳу асаб), новобаста аз шакли моликияташон, дар ҳамкории зич бо хадамоти кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва мақомоти ҳифзи иҷтимоӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонанд.

    2. Мутахассисони тибби оилавӣ дар соҳаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, ки аз тайёрии махсус гузаштаанд барои ташхиси бемориҳои рӯҳӣ, расонидани кумаки аввалияи тиббии рӯҳӣ, нисбат ба ҳолатҳои рӯҳафтодагӣ бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ, ҳуқуқ доранд.

    3. Муқаррар намудани ташхиси бемории рӯҳӣ, қабули қарор ва додани хулоса барои суд, баррасӣ намудани масъалаи расонидани кумаки ғайриихтиёрии тиббии рӯҳӣ танҳо ҳуқуқи комиссияи табибони бемориҳои рӯҳӣ мебошад.

    Моддаи 183. Мустақилияти табиби бемориҳои рӯҳӣ ҳангоми расонидани кумаки тиббии рӯҳӣ.

    1. Табиби бемориҳои рӯҳӣ ҳангоми муқаррар намудани ташхиси бемор ва иҷрои вазифае, ки бо расонидани кумаки тиббӣ ба шахсони гирифтори бемориҳои рӯҳӣ ба пешгирии имкони содир кардани амали барои ҷомеа хатарнок аз ҷониби онҳо вобаста аст, дар қабули қарор мустақил буда, танҳо нишондодҳои тиббӣ, қарзи табибӣ ва талаботи Кодекси мазкурро дастури амал қарор медиҳад.

    2. Дар сурати бо фикри аъзои комиссия номувофиқ будани фикри табиби бемориҳои рӯҳӣ ӯ ҳуқуқ дорад фикрашро хаттӣ баён намояд, ки он ба ҳуҷҷатҳои тиббӣ ҳамроҳ карда мешавад.

    Моддаи 184. Кафолат ва имтиёзҳои табибони бемориҳои рӯҳӣ, табибони ихтисосҳои дигар, ҳайати тиббӣ ва дигар ҳайат, ки дар расонидани кумаки тиббии рӯҳӣ ширкат меварзанд.

    1. Табибони бемориҳои рӯҳӣ, табибони ихтисосҳои дигар, ҳайати тиббӣ ва дигар ҳайат, ки дар расонидани кумаки тиббии рӯҳӣ ширкат меварзанд, ба имтиёзҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шахсони ба фаъолият дар шароити махсуси меҳнат машғул ҳуқуқ дошта, инчунин дap мавридҳои расонидани зарар ба саломатии онҳо ё фавт ҳангоми иҷрои уҳдадории хизматӣ бояд таҳти суғуртаи ҳатмии давлатӣ қарор дода шаванд.

    2. Дар сурати расонидани зарар ба саломатӣ, ки боиси муваққатан гум кардани қобилияти кории шахси дар расонидани кумаки тиббии рӯҳӣ ширкатварзида, инчунин ҳангоми маъюб шудан ё дар ҳолати фавти ӯ ба ворисонаш товони зарар бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт карда мешавад.

    3. Кормандони хурди тиббӣ, ки собиқаи кории 15 солаи бефосила дар муассисаҳои соҳаи тиббии рӯҳӣ доранд ва доимо дар байни беморони рӯҳӣ кор мекунанд, ҳуқуқ доранд, ки аз 50 солагӣ ба нафақа бароянд, кормандон – заноне, ки 3 кӯдак ва ё зиёда аз он доранд аз 48 солагӣ, кормандони миёнаи тиббӣ, ки собиқаи кории бефосилаи 15 сол ва зиёда аз онро дар муассисаҳои бемориҳои рӯҳӣ доранд, ҳуқуқи аз 53 солагӣ ва занони 3 кӯдак ва ё зиёда аз он дошта аз 50 солагӣ ҳуқуқи ба нафақа баромаданро доранд. Имтиёзҳои мазкур ба табибон дахл надорад.

    Моддаи 185. Асосҳо барои бистарӣ намудан дар беморхонаи бемориҳои рӯҳӣ.

    1. Мавҷуд будани бемории рӯҳӣ, ки муоина ё табобатро тақозо намуда, дар шароити дармонгоҳӣ (берун аз беморхона) гузаронидани онҳо имконнопазиранд, барои дар беморхонаи бемориҳои рӯҳӣ бистарӣ намудани шахс асос шуда метавонад.

    2. Ҷой додани шахс дар беморхонаи бемориҳои рӯҳӣ, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур, ихтиёран бо муроҷиат ё бо розигии ӯ анҷом дода мешавад.

    3. Шахсе, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ғайри қобили амал эътироф шудааст, дар беморхонаи бемориҳои рӯҳӣ бо муроҷиат ё розигии намояндаи қонунии ӯ ҷой дода мешавад. Дар ҳолати норизо будани яке аз падару модар ё ҳангоми ҳузур надоштани онҳо, ё ин ки дигар намояндаи қонунии ӯ, ҷой додани ноболиғ дар беморхонаи бемориҳои рӯҳӣ бо қарори мақомоти васоят ва парасторӣ сурат мегирад, ки аз болои он ба суд шикоят кардан мумкин аст.

    4. Розигӣ барои дар беморхона бистарӣ намудан гирифта шуда бо сабт дар ҳуҷҷатҳои тиббӣ ба расмият дароварда шуда, бо имзои шахс ё намояндаи қонунии ӯ ва табиби бемориҳои рӯҳӣ тасдиқ карда мешавад.

    Моддаи 186. Ба таври таъҷилӣ дар беморхонаи бемориҳои рӯҳӣ бистарӣ намудани шахсоне, ки қобилияти дарк намудани қабули бошууронаи қарорро аз даст додаанд.

    1. Шахсе, ки гирифтори бемории возеҳи рӯҳӣ гардида, қобилияти дарк намудани қабули бошууронаи қарорро аз даст додааст ва бинобар ҳолати рӯҳӣ барои худ ва атрофиён хатарнок аст, ё шахсе, ки бо табобат ва кумаки тиббии рӯҳӣ фаро нагирифтани он боиси хатар ба саломатии ӯ ва расонидани зарари ҷиддии маънавӣ ва моддӣ ба атрофиён мегардад, бо қарори табиби бемориҳои рӯҳӣ бе розигии бемор ва намояндаи қонунии ӯ дар беморхонаи бемориҳои рӯҳӣ бистарӣ карда мешавад.

    2. Асоснокии дар беморхона бистарӣ намудан дар чунин ҳолатҳо бояд аз ҷониби комиссияи табибони бемориҳои рӯҳӣ бо тартиби пешбининамудаи Кодекси мазкур тасдиқ карда шавад.

    Моддаи 187. Муоинаи маҷбурии шахсон дар беморхонаи бемориҳои рӯҳӣ.

    1. Шахсоне, ки ба беморхонаи бемориҳои рӯҳӣ қабул гардидаанд, бо тартиби пешбининамудаи Кодекси мазкур дар давоми 72 соат бояд аз ҷониби комиссияи табибони бемориҳои рӯҳӣ мавриди муоинаи ҳатмӣ қарор дода шаванд. Дар ин ҳолат комиссия бояд дар бораи асоснокии дар беморхонаи бемориҳои рӯҳӣ бистарӣ намудан ё дар хусуси мавҷуд набудани асосҳои кофӣ барои ин амал, қарор қабул намояд. Агар бе розигӣ дар беморхонаи бемориҳои рӯҳӣ бистарӣ намудан беасос дониста шавад ва бистаригардида хоҳиши дар беморхонаи бемориҳои рӯҳӣ монданро надошта бошад, ӯ фавран бояд ҷавоб дода шавад. Агар дар беморхонаи бемориҳои рӯҳӣ бе розигӣ бистарӣ намудан асоснок дониста шавад, хулосаи комиссияи табибони бемориҳои рӯҳӣ дар бораи ҳалли масъалаи минбаъд нигоҳ доштани шахс дар муассисаи бемориҳои рӯҳӣ ба суди маҳалли ҷойгиршавии он дар давоми 48 соат фиристода мешавад.

    2. Минбаъд азназаргузаронии комиссиявӣ ҳар ним сол бо мақсади муайян кардани зарурати давом додани табобат дар беморхонаи бемориҳои рӯҳӣ гузаронида мешавад.

    3. Пас аз шаш моҳи дар беморхонаи бемориҳои рӯҳӣ ҷой додани шахси бемор, хулосаи комиссия дар бораи зарурати табобати минбаъда дар беморхона бе розигии ӯ аз ҷониби роҳбари беморхона ба суд, ки бо ҳалномаи худ метавонад табобати беморхонавиро дароз намояд, фиристода мешавад.

    4. Минбаъд дароз намудани муҳлати табобати беморхонавӣ ҳар 6 моҳ аз ҷониби суд амалӣ карда мешавад. Тартиби мазкур, инчунин нисбат ба шахсоне, ки бо таъйиноти суд маҷбуран табобат меёбанд, татбиқ мегардад.

    Моддаи 188. Тартиби баррасии ариза дар бораи табобат ва муоинаи шахсон дар беморхонаи бемориҳои рӯҳӣ.

    1. Ариза дар бораи табобат ва муоинаи шахсон дар беморхонаи бемориҳои рӯҳӣ тибқи қонунгузории мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда мешавад.

    2. Ба аризаи мазкур, ки дар он мутобиқи нишондоди асоснокии бистарӣ намудан дар беморхонаи бемориҳои рӯҳӣ омадааст, хулосаи комиссияи табибони бемориҳои рӯҳӣ оид ба зарурияти нигоҳ доштани шахс дар беморхонаи бемориҳои рӯҳӣ, замима карда мешавад.

    Моддаи 189. Огоҳсозӣ дар бораи бистарӣ намудани шахс дар беморхонаи бемориҳои рӯҳӣ

    Ба шахси дар беморхонаи бемориҳои рӯҳӣ бистаришуда, агар ҳолати рӯҳии ӯ имкон диҳад, бояд аз ҷониби маъмурияти беморхонаи бемориҳои рӯҳӣ асос ва мақсади дар беморхонаи бемориҳои рӯҳӣ ҷой додани ӯ фаҳмонида шавад. Дар давоми 24 соат хешовандон ё намояндаи қонунии вай дар бораи ба беморхонаи бемориҳои рӯҳӣ бистарӣ намудани ӯ бояд расман ва хаттӣ хабардор карда шаванд. Ба хешовандон ё намояндаи қонунии шахси дар беморхонаи бемориҳои рӯҳӣ бистаришуда, тартиби шикоят кардани қарор дар бораи ҷой додан дар беморхонаи бемориҳои рӯҳӣ фаҳмонида мешавад.

    Моддаи 190. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои шахсони дар беморхонаи бемориҳои рӯҳӣ бистаришуда.

    1. Шахсони барои табобат ё муоина дар беморхонаи бемориҳои рӯҳӣ бистаришуда дорои ҳуқуқҳои зерин мебошанд, ки аз ҷониби табиби табобаткунанда ва мудири шуъба танҳо дар ҳолати зарурияти ниҳоӣ ба манфиати саломатӣ ё бехатарии худи бемор ё шахсони дигар маҳдуд карда мешаванд:

    - истифода аз рухсатии табобатӣ;

    - мукотиба дар шароите, ки сензураро истисно менамояд;

    - пазироии аёдаткунандагон дар рӯзҳои қабул;

    - гирифтани фиристода ва муросилот;

    - доштан ва ба даст овардани маводи зарурати аввалия.

    2. Шахсони дар беморхонаи бемориҳои рӯҳӣ бистаришуда, ки аз рӯи ҳолати рӯҳии худ қобилияти дарк намудани қабули қарори бошууронаро доранд, уҳдадоранд, қоидаҳои тартиботи дохилии барои беморхонаҳои бемориҳои рӯҳӣ муқарраргардидаро риоя намоянд.

    Моддаи 191. Асос барои ҷой додани шахс дар муассисаҳои рӯҳу асаби мақомоти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.

    1. Асос барои ҷойгир намудани пиронсолон ва маъюбон, аз ҷумла ноболиғон дар муассисаҳои дахлдори рӯҳию асаби мақомоти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хулосаи комиссияи машваратию табибони бемориҳои рӯҳии муассисаи давлатии тандурустӣ ва санади муассисаҳои мақомоти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар хусуси мавҷуд будани бемории рӯҳӣ мебошад.

    2. Шахсони мазкур дар муассисаҳои дахлдори рӯҳиву асаби мақомоти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ихтиёран тибқи аризаи хаттӣ, ноболиғон тибқи аризаи намояндаи қонунӣ ва шахсони ғайри қобили амал эътирофшуда бо қарори суд ҷойгир карда мешаванд.

    3. Қоидаҳои ҷойгир намудан ва нигоҳдории пиронсолон ва маъюбони бемориҳои рӯҳӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ таҳия ва тасдиқ карда мешавад.

    Моддаи 192. Назорати ҷамъиятӣ оид ба риоя намудани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахс ҳангоми расонидани кумаки тиббии рӯҳӣ.

    1. Ҳангоми расонидани кумаки тиббии рӯҳӣ иттиҳодияҳои ҷамъиятии табибони бемориҳои рӯҳӣ, дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ мутобиқи оинномаҳои худ метавонанд бо хоҳиш ё бо розигии шахс назорати ҷамъиятиро, ҷиҳати риоя намудани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии онҳо амалӣ гардонанд. Қоидаи ташриф овардан ба муассисаҳои бемориҳои рӯҳӣ ва рӯҳу асаб бояд дар оинномаи ин иттиҳодияҳо инъикос ёфта бошад.

    2. Намояндагони иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ уҳдадоранд, ки шартҳои ташриф оварданро бо роҳбарияти муассисаҳои бемориҳои рӯҳӣ ва рӯҳу асаб мувофиқа намуда, бо қоидаҳои амалкунандаи он шинос шаванд ва уҳдадории ифшо накардани сирри тиббиро имзо ва риоя кунанд.
    1   ...   7   8   9   10   11   12   13   14   15


    написать администратору сайта