Кодекси тандурустии Чумхурии точикистон 2017. Кодекси тандурустии умурии Тоикистон
Скачать 1.07 Mb.
|
Моддаи 54. Уҳдадориҳои шахсони мансабдор ва дигар шаҳрвандон барои мусоидат ба кормандони тиб дар расонидани кумаки тиббӣ ва пешгирии бемориҳо. 1. Барои ҷойгир намудани муассисаҳои тиббӣ дар корхона ва ташкилотҳо шахси мансабдор уҳдадор аст, ки бинои зарурӣ ҷудо намояд ва ҳамчунин ба кормандони тиб дар иҷрои уҳдадориҳои касбиашон ёрӣ расонад. 2. Шаҳрвандон уҳдадоранд дар ҳолатҳои ба ҳаёти бемор таҳдид кардани хатар барои бо нақлиёт ба беморхона бурдан ва кумаки тиббӣ расондан мусоидат намоянд. Моддаи 55. Масъулияти корфармоён ва шахсони мансабдор барои ҳифзи саломатии аҳолӣ. 1. Корфармоён новобаста аз шакли моликият ва шахсони мансабдор барои чорабиниҳои зерин масъул мебошанд: - таъмини бехатарии санитарию эпидемиологӣ, ҳифзи муҳити зист ва пешгирии бемориҳо; - фароҳам овардани шароити меҳнат, маишат ва истироҳати кормандон; - риояи меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва қоидаҳои нигоҳдории биноҳои истеҳсолӣ ва ҳудудӣ; - ба кормандон ва аҳолӣ расондани маълумот дар бораи омилҳои зарарноки истеҳсолот; - муҳайё кардани шароит, таҳия ва истифодаи низоми ҳавасмандгардонии маънавӣ ва моддии кормандоне, ки тарзи ҳаёти солимро пеш мебаранд; - ҷуброни зараре, ки ба саломатии шахсони алоҳида расонида шудааст. 2. Ҳамаи хароҷоти ташкилотҳои тандурустӣ вобаста ба табобат ва нест кардани бемориҳо ва осеббинӣ, ки аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли моликият расонда шудааст, дар ҳаҷми пурра ба фоидаи мақомот ва муассисаҳои дахлдори тандурустӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн карда мешавад. Моддаи 56. Масъулияти кормандони тиб ва фарматсевтӣ. Кормандони тиб ва фарматсевтӣ барои ҷуброни зараре, ки ба ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон расонидаанд, инчунин барои иҷрои уҳдадориҳои касбиашон масъул мебошанд. Моддаи 57. Интиқоли коргароне, ки дар ҷои кор бемор шудаанд. Ба ташкилот ва муассисаҳои тандурустӣ интиқоли коргарон, ки дар ҷои кор бемор шудаанд, дар мавридҳои зарурӣ бо воситаҳои нақлиёт ва аз ҳисоби маблағҳои корхонаҳо, муассисаҳо, дигар ташкилотҳо ё субъектҳои хоҷагидор сурат мегирад, ки коргари бемор дар он ҷо фаъолият мекунад. БОБИ 8. НАМУД ВА ШАКЛҲОИ КУМАКИ ТИББӢ Моддаи 58. Намудҳои кумаки тиббӣ. 1. Намудҳои кумаки тиббӣ: - кумаки пеш аз табибӣ; - кумаки аввалияи тиббию санитарӣ; - кумаки тахассусии тиббӣ; - кумаки махсусгардонидашудаи тиббӣ; - кумаки баландихтисоси тиббӣ; - кумаки тиббию иҷтимоӣ. 2. Тартиби расонидани ҳамаи намудҳои кумаки тиббӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ муқаррар карда мешавад. Моддаи 59. Шаклҳои расонидани кумаки тиббӣ. 1. Кумаки тиббӣ дар шаклҳои зерин расонида мешавад: - кумаки амбулаторию дармонгоҳӣ (кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва кумаки машваратию ташхисӣ); - кумаки беморхонавӣ; - кумаки беморхонаивазкунанда; - кумаки таъҷилии тиббӣ; - авиатсияи санитарӣ; - кумаки тиббӣ ҳангоми ҳолатҳои фавқулода; - табобати барқароркунанда ва тавонбахшии тиббӣ; - кумаки паллиативӣ ва нигоҳубини ҳамширагӣ; - тибби халқӣ. 2. Тартиби ташкили ҳамаи шаклҳои расонидани кумаки тиббӣ, ба истиснои кумаки тиббӣ ҳангоми ҳолатҳои фавқулода, аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ муқаррар карда мешавад. 3. Тартиби ташкили расонидани кумаки тиббӣ ҳангоми ҳолатҳои фавқулода аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад. БОБИ 9. ТАРБИЯИ КАДРҲОИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ ВА ҲУҚУҚИ БА ФАЪОЛИЯТИ ТИББӢ ВА ФАРМАТСЕВТӢ МАШҒУЛ ШУДАН Моддаи 60. Тарбияи кадрҳои тиббӣ ва фарматсевтӣ. 1. Тарбияи кадрҳои тиббӣ ва фарматсевтӣ дар муассисаҳои таълимию илмӣ ва табобатӣ, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ, ки бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаҳои тандурустӣ ва маориф ба онҳо иҷозатнома барои пешбурди фаъолияти таълимӣ дар соҳаи таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ дода шудааст, ба роҳ монда мешавад. 2. Муассисаҳое, ки ба тарбияи кадрҳои тиббӣ ва фарматсевтӣ машғул мебошанд, бояд ба талаботе, ки аз қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои тандурустӣ ва маориф бармеоянд, ҷавобгӯ бошанд. 3. Шарти ҳатмии татбиқи барномаҳои таълимии тиббӣ ин мавҷуд будани заминаҳои зарурии клиникӣ ва ё доштани шартнома бо ташкилотҳои соҳаи тандурустӣ, ки барои тарбияи кадрҳои тиббӣ ва фарматсевтӣ шароитҳои мусоидро фароҳам карда метавонанд, мебошад. Ташкилотҳои соҳаи тандурустӣ, ки ҳамчун замина барои муассисаҳои таълимию илмии тиббӣ ва фарматсевтӣ истифода бурда мешаванд, бояд аз аккредитатсия дар соҳаи тандурустӣ гузаранд. 4. Дар муддати таҳсил дар муассисаҳои таълимию илмии тиббӣ ва фарматсевтӣ, донишҷӯёну шунавандагон бо тартиби муайяннамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ барои иштирок дар расонидани кумаки тиббӣ ба беморон ва муомилоти маводи доруворӣ таҳти назорати кормандони дахлдори тиббӣ ҷалб карда мешаванд. 5. Номгӯи мансабҳо ва талаботро нисбат ба ихтисосҳои соҳаи тандурустӣ ва тартиби аз як ихтисос ба ихтисоси дигар гузаштани мутахассисони тиббию фарматсевтиро баъди гирифтани таҳсилоти миёна ва олии касбии тиббию фарматсевтӣ мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ муайян менамояд. 6. Стандартҳои тахассусии таҳсилоти тиббӣ ва фарматсевтӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ карда мешаванд. 7. Тартиби таҳсилоти касбии баъдидипломӣ ва муттасили кормандони тиб ва фарматсевтиро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ муқаррар менамояд. Моддаи 61. Ҳуқуқи ба фаъолияти тиббӣ ва фарматсевтӣ машғул шудан. 1. Барои ба фаъолияти тиббӣ ва фарматсевтӣ машғул шудан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсоне ҳуқуқ доранд, ки таҳсилоти миёна ё олии касбии тиббию фарматсевтӣ, диплом, инчунин сертификати мутахассис ва бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатнома доранд. 2. Ба шахсоне, ки ҳуқуқи ба фаъолияти тиббӣ машғул шуданро доранд ва курси такмили ихтисос оид ба савдои чаканаи маводи дорувориро гузашта, соҳиби иҷозатнома доир ба фаъолияти фарматсевтӣ мебошанд, дар муассисаҳои тиббии дурдаст, ки дар мавқеи ҷойгиршавии онҳо муассисаҳои дорухонагӣ фаъолият надоранд, бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ барои фурӯши доруворӣ иҷозат дода мешавад. 3. Мутахассисони тиббие, ки дараҷаи тахассусӣ надоранд, ҳамчун шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба фаъолияти тибби хусусӣ ҳуқуқи машғул шуданро надоранд. Чунин шахсон метавонанд дар ташкилотҳои давлатию ғайридавлатӣ якҷо бо мутахассисони дараҷадор фаъолият намоянд. 4. Сертификати мутахассис дар асоси маълумоти тиббию фарматсевтӣ, инчунин санҷиши омӯзишӣ бо тартиби муайяннамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ дода мешавад. 5. Тартиб ва талаботи додани сертификат, тартиби гирифтани таҳсилоти касбии баъдидипломӣ (интернатура, ординатура, такмили ихтисос, бозомӯзӣ, ихтисосгирии аввалия) барои мутахассисони тиббию фарматсевтӣ, инчунин тартиби гузаронидани аттестатсияи кадрҳои тиббӣ ва фарматсевтиро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ муқаррар менамояд. 6. Тартиби ба фаъолияти тиббию фарматсевтӣ машғул шудани шахсоне, ки дар муассисаҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои хориҷӣ зинаҳои гуногуни таҳсилоти тиббию фарматсевтиро гузашта, соҳиби ҳуҷҷати намунаи давлатӣ оид ба таҳсилот шудаанд, бо назардошти шартномаҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ таҳия ва тасдиқ карда мешавад. 7. Кормандони тиббие, ки аз рӯи ихтисоси худ 3 сол кор накардаанд, ба фаъолияти тиббӣ танҳо баъди таҷрибаомӯзӣ ва тасдиқ намудани ихтисоси худ бо тартиби муқарраркардаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ роҳ дода мешаванд. 8. Дахолат ба фаъолияти касбии кормандони тиббӣ ва фарматсевтӣ аз ҷониби мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, муассисаю ташкилотҳо, инчунин шаҳрвандон ба истиснои мавридҳои аз ҷониби кормандони тиббӣ ва фарматсевтӣ риоя накардани уҳдадориҳои касбиашон манъ аст. 9. Ғайриқонунӣ машғул шудан ба фаъолияти тиббӣ ва фарматсевтӣ манъ аст. 10. Маҳрум кардан аз ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти тиббӣ ва фарматсевтӣ бо тартиби судӣ сурат мегирад. Моддаи 62. Танзими бархӯрди манфиатҳо ҳангоми машғул шудан ба фаъолияти тиббӣ ва фарматсевтӣ. 1. Дар ҳолатҳои пайдошавии бархӯрди манфиатҳо шахсони ба фаъолияти тиббӣ ва фарматсевтӣ машғулшаванда бояд ҳатман ба роҳбарони ташкилотҳое, ки дар онҳо кор мекунанд, ба тариқи хаттӣ хабар диҳанд. 2. Роҳбарони ташкилотҳо ва муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ, бояд дар хусуси ҷой доштани бархӯрди манфиатҳо ба мақоми ваколатдори назорати давлатии фаъолияти фарматсевтӣ дар муҳлати ҳафт рӯз ба тариқи хаттӣ маълумот пешниҳод намоянд. 3. Барои ҳалли масъалаи бархӯрди манфиатҳо аз ҷониби мақоми ваколатдори дар қисми 2 ҳамин модда пешбинишуда комиссия таъсис дода мешавад. Низомнома дар бораи комиссияи мазкур аз ҷониби мақоми ваколатдори назорати давлатии фаъолияти фарматсевтӣ таҳия ва тасдиқ карда мешавад. Моддаи 63. Савганди табиби Ҷумҳурии Тоҷикистон. 1. Шахсоне, ки муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистонро хатм намуда, дипломи табибро гирифтаанд, савганди табиби Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо чунин мазмун қабул мекунанд: «Ман, хатмкунандаи муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо масъулияти баланд дипломи табибро гирифта, ба фаъолияти табибӣ шурӯъ менамоям ва тамоми уҳдадориҳоеро, ки ин ихтисос ба зиммаи ман мегузорад, дарк намуда, савганд қабул мекунам, ки: - вориси сазовори олим ва табиби бузург Абӯалӣ ибни Сино бошам; - тамоми донишу қувваамро ба ҳифз ва беҳтар кардани саломатии инсон, пешгирӣ ва табобати бемориҳо бахшам, дар ҳар ҷое, ки манфиатҳои одамон тақозо дорад, софдилона меҳнат кунам; - барои кумак ба одамони муҳтоҷи табобат ҳамеша тайёр бошам, ба беморон бодиққат ва ғамхорона муносибат намоям, сирри табибиро муқаддас нигоҳ дорам ва маҳорати табибиро ба мақсади бад истифода набарам; - дониши тиббии худро мунтазам такмил диҳам, бо меҳнати худ ба инкишофи илму амалия мусоидат намоям; - агар манфиати бемор тақозо кунад, барои маслиҳат ба ҳамкорон муроҷиат намоям ва худ низ ҳеҷ вақт маслиҳату кумакамро ба онҳо дареғ надорам; - анъанаҳои тибби халқиро ҳифз кунам ва инкишоф диҳам, дар тамоми фаъолияти худ аз рӯи меъёрҳои ахлоқи умумибашарӣ амал кунам, вазифаи олии ворисони Синоро ҳамеша дар хотир нигоҳ дорам; - қавл медиҳам, ки ба ин савганд умрбод содиқ бошам!». 2. Савганди табиби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазъияти тантанавӣ қабул карда мешавад. Дар диплом дар бораи қабул кардани савганд қайди махсус гузошта мешавад. 3. Табибон барои вайрон кардани савганд ва риоя накардани меъёрҳои Кодекси ахлоқи табиби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошанд. Моддаи 64. Фаъолияти илмӣ дар соҳаи тандурустӣ. 1. Фаъолияти мутахассисони тиббию фарматсевтӣ ба дастовардҳои илми ҷаҳонӣ ва ватанӣ асос меёбад. Фаъолияти илмӣ дар соҳаи тандурустӣ аз ҷониби муассисаҳои илмию таълимӣ, пешгирию табобатӣ ва фарматсевтӣ ба роҳ монда мешавад. Самтҳои афзалиятноки илм аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ таҳия ва ба мақомоти дахлдор пешниҳод карда мешавад. 2. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ дар доираи ваколатҳои худ сифати корҳои илмӣ, таълимию табобатиро дар муассисаҳои илмию таълимӣ, пешгирӣ, ташхисиву табобатӣ назорат мекунад. Моддаи 65. Гузаронидани озмоишҳои клиникӣ ва тиббию биологӣ, истифодаи усулҳои нави пешгирӣ, ташхис ва табобат. 1. Озмоишҳои клиникӣ ва тиббию биологӣ дар ҳайвонот татбиқ мегарданд, нисбати инсон бошад, бо розигии хаттии ӯ ва иҷозати махсуси мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ гузаронида мешаванд. Мавриди озмоиши маҷбурии тиббӣ ва илмӣ қарор додани инсон манъ аст. Озмоиш дар ҳар марҳила бо талаби шахсе, ки таҳти озмоиш қарор дорад ва дар ҳолатҳои ба амал омадани хатар ба саломатии ӯ қатъ карда мешавад. 2. Дар амалияи тандурустӣ усулҳои нави пешгирӣ, ташхис, табобат, маводи доруворӣ, дорувории иммунобиологӣ, воситаҳои дезинфексионӣ, дезинсексионӣ, дератизатсионӣ ва технологияҳои тиббие, ки бо тартиби муқарраршуда иҷозат дода шудааст, истифода бурда мешаванд. 3. Тартиби гузаронидани озмоишҳои клиникӣ ва тиббию биологӣ, истифодаи усулҳои нави пешгирӣ, ташхис ва табобатро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ муқаррар менамояд. ФАСЛИ 2. МУҚАРРАРОТИ МАХСУС БОБИ 10. ФАЪОЛИЯТИ ХУСУСИИ ТИББӢ Моддаи 66. Тартиби ташкил ва фаъолияти субъектҳои фаъолияти хусусии тиббӣ. 1. Субъектҳои фаъолияти хусусии тиббӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, фаъолият менамоянд. 2. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии давлатҳои хориҷӣ, инчунин шахсони бешаҳрванд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври доимӣ зиндагӣ мекунанд, метавонанд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилоти хусусии тиббӣ таъсис диҳанд. 3. Субъектҳои фаъолияти хусусии тиббӣ метавонанд: - танҳо дар сурати мавҷуд будани иҷозатнома ба фаъолияти тиббӣ машғул шаванд; - дар баробари ташкилотҳои давлатии тиббӣ амалӣ гардидани сиёсати давлатиро дар соҳаи ҳифзи саломатӣ таъмин намоянд; - дар ҳуҷҷатгузорӣ варақаи ҳуҷҷатҳои тиббӣ, маълумотномаҳо дар бораи таваллуд ва вафот, варақаҳои дорухат, варақаи корношоямӣ ва ҳисоботи қатъии намунаи давлатиро истифода намоянд. Моддаи 67. Манбаъҳои маблағгузории фаъолияти хусусии тиббӣ. Фаъолияти хусусии тиббӣ аз ҳисоби маблағҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, воситаҳои суғуртаи ҳатмӣ ва ихтиёрии тиббӣ, дигар манбаҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, маблағгузорӣ карда мешавад. Моддаи 68. Шартнома ва пардохт барои кумак ва хизматрасонии тиббӣ. 1. Шартнома дар бораи расонидани кумак ва хизматрасонии тиббӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, тартиби тағйир додани он, тамдиди муҳлат ва қатъ намудани он бояд ба талаботи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқат намояд. 2. Пардохти кумак ва хизматрасониҳои тиббие, ки субъектҳои фаъолияти хусусии тиббӣ расонидаанд, дар асоси шартномаи зерини басташуда сурат мегирад: - бевосита бо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ; - бо корхонаҳо ва ташкилотҳо; - бо ташкилоти суғуртаи тиббӣ барои расонидани кумаки тиббӣ аз рӯи суғуртаи ҳатмӣ ва ихтиёрии тиббӣ; - тавассути барномаҳои хайриявӣ. Моддаи 69. Ҳуқуқи субъектҳои фаъолияти хусусии тиббӣ. Субъектҳои фаъолияти хусусии тиббӣ ҳуқуқ доранд: - аз рӯи бемориҳое, ки номгӯи онҳоро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ тасдиқ кардааст, кумаки тиббӣ расонанд; - усулҳои тибби халқиро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода баранд; - бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои тиббӣ диҳанд; - барои амалӣ гардидани фаъолияти касбӣ бо санадҳои меъёрӣ шинос шаванд; - бо дигар шахсоне, ки ба фаъолияти тиббӣ машғуланд, бо мақсади расонидани кумаки тиббӣ якҷоя фаъолият намоянд; - дар шакли нусха аз ҳуҷҷатҳои тиббӣ дар бораи беморӣ ва вазъи саломатии беморон хулосаҳои хаттӣ ва тавсияномаҳо диҳанд, ки онҳоро ташкилотҳои тиббӣ истифода бурда метавонанд; - барои ба даст овардани молҳои тиббӣ, доруворӣ, аз ҷумла воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва доруворие, ки бо шартҳои имтиёзнок фурӯхта мешаванд, ба бемор дорухат навишта, онро бо муҳри ташкилоти хусусии тиббӣ ё муҳри шахсии табиб тасдиқ намоянд; - дар бахши беморхонавии ташкилоти хусусии тиббӣ барои мақсадҳои тиббӣ дар сурати мавҷуд будани иҷозатнома, ки мутобиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст, воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропиро гиранд, нигоҳ доранд ва истифода баранд. Моддаи 70. Маҳдудияти субъектҳои фаъолияти хусусии тиббӣ. Ба субъектҳои фаъолияти хусусии тиббӣ амалҳои зерин манъ аст: - гузаронидани сеансҳои оммавии табобатӣ, аз ҷумла бо истифодаи воситаҳои ахбори омма; - истифодаи тарзу усулҳои пешгирӣ, ташхис, табобати бемориҳо, инчунин доруворие, ки истифодаи онҳо дар амалияи тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода нашудааст. Моддаи 71. Уҳдадории субъектҳои фаъолияти хусусии тиббӣ. Субъектҳои фаъолияти хусусии тиббӣ уҳдадоранд: - танҳо ҳамон намуди фаъолиятро, ки барои он иҷозатнома дода шудааст, амалӣ намоянд; - шарту қоидаҳои кумаки тиббиро, ки мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ тасдиқ намудааст, риоя намоянд; - ҳуҷҷатгузории зарурии тиббиро, ки вазъи саломатии бемор, ҳаҷм ва натиҷаҳои кумаки тиббии ба ӯ расондашударо инъикос менамояд, ба роҳ монанд; - ҳисоботи тиббӣ, оморӣ ва молиявиро дар муҳлатҳои муқарраршуда пешниҳод намоянд; - ҳангоми гузаронидани санҷиш аз ҷониби мақоми ваколатдори назорати давлатии фаъолияти тиббӣ санадҳои тиббӣ ва маълумотҳоро пешниҳод намоянд; - усулу воситаҳои ташхис, пешгирӣ ва табобат, дорувориеро, ки бо тартиби муқарраргардида дар амалияи тиббии кишвар иҷозат дода шудааст, истифода баранд; - ба марказҳои санитарию эпидемиологӣ ва мақомоти дахлдори ҳифзи саломатии аҳолӣ ҳолатҳои дар беморон ошкор шудани бемориҳои сироятӣ, ангалӣ ва таносулӣ, ҷузом, заъфати пӯст, шукуфаи мӯйчин, хоришак, сил, вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният, бемориҳои саратонӣ, нашъамандӣ, рӯҳӣ бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ хабар диҳанд; - дар муҳлати муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои худ дараҷаи ихтисоси кормандонро баланд бардоранд, агар ин дар шартномаҳо бо ташкилотҳое, ки расонидани кумаки тиббиро маблағгузорӣ мекунанд, пешбинӣ нашуда бошад; - ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар бораи шахсоне, ки дар натиҷаи ҷароҳати ҷисмонӣ, осеббинӣ, заҳролудшавӣ ва ҷиноятҳо ба муқобили озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсӣ барои кумаки тиббӣ муроҷиат кардаанд, хабар диҳанд; - бақайдгирии оморӣ ва ҳисоботро, ки дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон дода шудааст, дуруст ба роҳ монанд ва ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ доир ба фаъолияти худ маълумот пешниҳод намоянд; - аз аккредитатсияи давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаранд; - ба шахсоне, ки ба кумаки таъҷилии тиббӣ эҳтиёҷ доранд, бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кумаки тиббии ройгон расонанд. |