Кодекси тандурустии Чумхурии точикистон 2017. Кодекси тандурустии умурии Тоикистон
Скачать 1.07 Mb.
|
Моддаи 39. Ҳуқуқи шаҳрвандон ба гирифтани маълумот доир ба вазъи саломатӣ ва омилҳое, ки ба саломатӣ таъсир мерасонанд. 1. Шаҳрвандон ба гирифтани маълумоти зарурӣ доир ба вазъи саломатии худ ва фарзандонашон ҳуқуқ доранд. Агар ин маълумот ба бемор таъсири ҷиддӣ расонида тавонад, он аз бемор махфӣ нигоҳ дошта шуда, дар ин хусус хешовандони наздики ӯ хабардор карда мешаванд. 2. Маълумот дар бораи вазъи саломатии бемор аз тарафи табиби муоинакунанда ва табобаткунанда, ҳамчунин мудири шуъба ва роҳбари ташкилоти тандурустӣ, ки беморро муоина ва табобат мекунанд, пешниҳод карда мешавад. 3. Шаҳрвандон оид ба усулҳои пешгирӣ, ташхису табобати беморӣ, сатҳи бемории аҳолӣ ва омилҳое, ки ба саломатии онҳо таъсир мерасонанд, аз ҷумла оид ба ҳолати муҳити зист, шароити кору маишат ва истироҳат барои гирифтани маълумот аз мақомот, ташкилот ва муассисаҳои тандурустӣ ҳуқуқ доранд. Моддаи 40. Ҳуқуқи шаҳрвандон ба гирифтани товони зараре, ки ба саломатии онҳо расонида шудааст. Шаҳрвандон ба гирифтани товони зарар (аз ҷумла зарари маънавӣ) мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд. Моддаи 41. Ҳуқуқи шаҳрвандон ба таъмини доруворӣ, кумаки ортопедӣ ва протезӣ. 1. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъмини доруворӣ, кумаки ортопедӣ ва протезӣ ҳуқуқ доранд. 2. Гурӯҳи шахсонеро, ки ба таъминоти имтиёзноки доруворӣ, кумаки ортопедӣ ва протезӣ, маснуоти имдодӣ, асбобҳои шунавоӣ, воситаҳои варзишии табобатӣ ва махсуси ҳаракаткунӣ ҳуқуқ доранд, инчунин шарту шароит ва тартиби таъминоти онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд. Моддаи 42. Ҳуқуқи шаҳрвандон барои гирифтани кумаки тиббӣ, ортопедию протезӣ дар мамлакатҳои дигар. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гирифтани кумаки тиббӣ, ортопедию протезӣ дар мамлакатҳои дигар ҳуқуқ доранд. Мақомоти давлатӣ уҳдадоранд ба эҳтиёҷмандон аз рӯи хулосаи ташкилотҳои тандурустӣ оид ба зарурати чунин кумак барои гирифтани он бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намоянд. Моддаи 43. Ҳуқуқи шаҳрвандон барои даст кашидан аз муоина ва табобат. 1. Шаҳрвандон ва намояндагони қонунии онҳо ҳуқуқ доранд аз муоина ва табобати пешниҳодшаванда даст кашанд ё онро қатъ намоянд, ба истиснои: - занони ҳомила ва ноболиғон; - шахсони гирифтори бемориҳое, ки номгӯи онҳоро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ муқаррар намудааст; - дигар ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур. 2. Ба шахсе, ки табобатро рад кардааст ё ба намояндаи қонунии ӯ бояд оқибатҳои имконпазири дасткашӣ ё қатъ кардани табобат фаҳмонида шавад. Даст кашидан аз табобат барои аз беморхона ҷавоб додан асос шуда метавонад. 3. Дасткашӣ аз табобат бо тарзи хаттӣ, бо имзои шахси бемор ё намояндаи қонунии ӯ, бо зикри маълумоти мухтасар дар бораи оқибатҳои имконпазири дасткашӣ аз табобат, ба расмият дароварда мешавад. Моддаи 44. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бешаҳрванд ва гурезагон дар соҳаи ҳифзи саломатӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳуқуқу уҳдадориҳои шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бешаҳрванд ва гурезагон дар соҳаи ҳифзи саломатӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, Кодекси мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ карда мешаванд. Моддаи 45. Ҳуқуқи модар ба ҳифзи саломатӣ. 1. Модар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти ҳимояи махсуси давлат қарор дорад. Барои занон шароите муҳайё карда мешавад, ки дар баробари кор ва модар шудан ҳифзи ҳуқуқ, дастгирии моддӣ ва маънавии онҳо таъмин карда шавад. 2. Ҳифзи саломатии модар бо усулҳои зерин таъмин карда мешавад: - ташкили шабакаи васеи ташкилотҳои тандурустӣ; - манъи истифодаи меҳнати занон дар корҳои вазнин, зеризаминӣ ва шароити меҳнаташ зараровар; - ба кор таъмин намудани занони ҳомила дар шароите, ки ба хусусиятҳои физиологӣ ва вазъи саломатии онҳо мувофиқ аст; - беҳтар ва хубтар кардани шароити меҳнату маишат; - андешидани чорабиниҳои дигари иҷтимоию иқтисодӣ ва додани имтиёзҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст; - амалӣ гардонидани чорабиниҳои солимгардонии муҳити зист, барҳам додани омилҳои манфии экологӣ, ки ба фаъолияти репродуктивии аҳолӣ таъсир расонида, боиси таваллуди кӯдакони дардманд ва сусту заиф, баландшавии бемории занон мегарданд. 3. Ба ҳар зан дар давраи ҳомиладорӣ, ҳангоми таваллуд ва баъди он дар ташкилотҳои низоми давлатии тандурустӣ бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кумаки тиббӣ расонида мешавад. 4. Модароне, ки кӯдакони ширмак доранд, дорои ҳуқуқҳои зерин мебошанд: - хизматрасонии бенавбат дар ташкилотҳои тандурустӣ, новобаста аз шаклҳои моликият; - бенавбат харидани чипта ба ҳама гуна намуди нақлиёт; - истифодаи ройгон аз хизматрасонии хонаи модару кӯдаки марбути саристгоҳҳои роҳи оҳан, фурудгоҳ ва терминалҳои нақлиёти автомобилӣ; - ройгон бо худ гирифта бурдани кӯдакони ширмаку кӯдакони хурдсоли худ бо нақлиёти ҳавоӣ, обӣ, роҳи оҳан ва нақлиёти ҷамъиятии мусофиркашони истифодаи умумӣ; - дар ҳамаи терминалҳои нақлиётӣ, фурудгоҳҳо, саристгоҳҳои роҳи оҳан, корхонаҳои калони саноатӣ, тиҷоратӣ ва дигар корхонаҳо аз ҳуҷраҳои махсус ба таври ройгон истифода баранд; - дар нақлиёти ҷамъиятии мусофиркашонӣ ва ҳавопаймоҳо аз ҷойҳои махсуси нишаст истифода баранд. Моддаи 46. Ҳуқуқи кӯдак ба ҳифзи саломатӣ. 1. Давлат ҳуқуқу манфиатҳои кӯдаконро ҳифз менамояд, ҳуқуқи онҳоро ба шароити зиндагӣ, ки барои такомули ҷисмонӣ, зеҳнӣ, маънавӣ, ахлоқию иҷтимоӣ заруранд, таъмин мекунад. 2. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, шахсони ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли моликият, шабакаи васеи муассисаҳои тиббӣ ва кӯдаконаро инкишоф медиҳанд, барои сиҳатии кӯдакон дар ин муассисаҳо масъул мебошанд. 3. Кӯдакон бояд давра ба давра ҳатман аз муоинаи тиббӣ гузаронда шаванд ва таҳти назорати доимии диспансерӣ қарор дошта бошанд. Тартиби гузаронидани муоинаи тиббӣ, назорати доимии диспансерӣ ва вақти эмкуниро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ муқаррар менамояд. 4. Кӯдакони мубталои иллатҳои ҷисмонӣ ва ё рӯҳӣ ба кумаки тиббию иҷтимоӣ ҳуқуқ доранд ва онҳо аз рӯи нишондодҳои тиббию иҷтимоӣ бо тартиби муайяннамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ дар муассисаҳои томактабии кӯдаконаи махсус, мактаб – интернат, хонаи бачагон ва хона – интернатҳои кӯдакон аз ҳисоби буҷети давлатӣ тарбия карда мешаванд. 5. Рӯйхати нишондодҳо ва зиддинишондодҳои тиббию иҷтимоиро барои ҷойгир кардани кӯдакон дар муассисаҳои дар қисми 4 ҳамин модда пешбинишуда мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф ва илм дар якҷоягӣ муқаррар менамоянд. 6. Ҳангоми табобати беморхонавии кӯдакон, ба падару модар ё шахси дигари бевосита ба кӯдак нигоҳубинкунанда имконият дода мешавад, ки ҳамроҳи кӯдак дар ин муассисаи табобатӣ истода, ба ӯ нигоҳубин намояд ва ба ин шахс бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кумакпулии дахлдор дода мешавад. Тартиби дар муассисаҳои тандурустӣ барои нигоҳубини кӯдакони бемор ҷойгир намудани ин шахсонро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ муқаррар мекунад. 7. Дар сурати набудани нишондиҳандаҳо барои табобати беморхонавӣ ё набудани имконияти ба беморхона бистарӣ намудани кӯдак, падару модар ё шахси дигаре, ки кӯдакро бевосита нигоҳубин мекунад, дар давраи табобати кӯдак дар муассисаи тиббӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кор озод ва барои нигоҳубини кӯдаки бемор ба ӯ кумакпулӣ дода мешавад. 8. Гурӯҳи кӯдакони вобаста ба синну сол ва дараҷаи беморӣ, ки табобати дармонгоҳӣ мегиранд, бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маводи дорувории ройгон ё бо шартҳои имтиёзнок таъмин карда мешаванд. 9. Кӯдакон ба табобати истироҳатгоҳӣ ва курортӣ ҳуқуқ доранд. Нишондод ва зиддинишондод, тартиби интихоб ва ба табобати осоишгоҳию курортӣ фиристодани кӯдаконро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ муқаррар менамояд. 10. Кӯдакон бо роҳхати табобати истироҳатгоҳӣ ва курортӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин карда мешаванд. 11. Ба кӯдаконе, ки дар тарбияи муассисаҳои бачагона қарор доранд ва дар муассисаҳои таълимӣ таҳсил менамоянд, шароити зарурӣ ҷиҳати нигоҳдорӣ ва мустаҳкам намудани саломатиашон ва тарбияи гигиенӣ таъмин карда мешаванд. 12. Назорат ба ҳифзи саломатии кӯдакон, гузаронидани чорабиниҳои солимгардонӣ дар муассисаҳои бачагона ва муассисаҳои таълимӣ аз ҷониби мақомот ва ташкилотҳои тандурустӣ якҷоя бо мақомот ва муассисаҳои соҳаи маориф ва илм ба роҳ монда мешавад. Тартиби ташкили кумаки тиббию санитарии пешгирии бемориҳо дар муассисаҳои таълимӣ ва муассисаҳои таълимии томактабии бачагона аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ муайян карда мешавад. Моддаи 47. Ҳуқуқҳои бемор. Бемор ҳангоми муроҷиат кардан барои гирифтани кумаки тиббӣ чунин ҳуқуқҳоро дорад: - ба муомилаи боэҳтиромона ва башардӯстонаи кормандони тиб, инчунин ҳайати хизматрасонон; - ба интихоби табиб ва муассисаи тиббӣ; - барои ҳимояи ҳуқуқаш даъват кардани адвокат ё намояндаи қонунӣ; - ба ҳуқуқҳои дигари пешбининамудаи ҳамин Кодекс ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон. Моддаи 48. Ҳуқуқ ва маҳдудиятҳои фаъолияти мутахассисони тиббию фарматсевтии ташкилот ва муассисаҳои низоми тандурустӣ. 1. Мутахассисони тиббию фарматсевтии ташкилот ва муассисаҳои низоми тандурустӣ ба тамоми кафолатҳое, ки қонунгузории меҳнат ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд, ҳуқуқ доранд, аз ҷумла: - таъмини шароити мусоиди меҳнатӣ; - такмили ихтисос аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва корфармо; - ҳимояи шаъну шарафи касбӣ; - пардохти зараре, ки ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои касбӣ расонида шудааст; - таъсиси иттиҳодияи ҷамъиятӣ; - гузаштан аз аттестатсияи давлатӣ бо тартиби муайяннамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ. 2. Мутахассисони тиббию фарматсевтии ташкилот ва муассисаҳои низоми тандурустӣ ҳуқуқ надоранд: - ба беморон маълумоти барои онҳо зараровар ва хусусияти махфидоштаи тиббиро бе иҷозати роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ пешниҳод намоянд; - бо ширкатҳои фарматсевтӣ ва намояндагии онҳо дар масъалаҳои таъйинот ва додани маълумоти нодуруст доир ба маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ, ба истиснои шартнома оид ба гузаронидани озмоиши клиникии маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ ё фаъолияти илмӣ ҳамкорӣ намоянд; - аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ба коркард, истеҳсол, паҳн, тақсим ва таҳвили маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ машғуланд, инчунин шахсоне, ки ҳуқуқи истифодаи тамғаи молӣ ва савдои маводи доруворӣ ва молҳои тиббиро доранд, ба истиснои шартнома оид ба гузаронидани озмоиши клиникии маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ ё фаъолияти илмӣ, туҳфа ва маблағи пулӣ, аз ҷумла пардохти фароғат, истироҳат ва роҳкиро то ҷои истироҳатро гиранд; - намунаҳои маводи доруворӣ, молҳои тиббӣ ва дигар маводи таъйиноти рекламавӣ доштаи онҳоро аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ба коркард, истеҳсол, паҳн, тақсим ва таҳвили маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ машғуланд, инчунин шахсоне, ки ҳуқуқи истифодаи тамғаи молӣ ва савдои маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ доранд, ба истиснои шартнома оид ба гузаронидани озмоиши клиникии маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ ё фаъолияти илмӣ, қабул намоянд; - иттилооти нопурра ё бардурӯғро доир ба маводи дорувории истифодашаванда пешниҳод намуда, маълумотро дар бораи маводи дорувории ба он монанди дар муомилот буда, пинҳон намоянд; - намояндагони ширкатҳои фарматсевтӣ, истеҳсолкунандаҳо ё фурӯшандаҳои молҳои тиббиро қабул намоянд, ба истиснои ҳолатҳое, ки ба гузаронидани озмоиши клиникии маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ, иштирок дар маҷлисҳои кормандони тиб ё дигар чорабиниҳое, ки оид ба баланд бардоштани сатҳи ихтисоси онҳо вобаста аст; - маводи дорувориро дар варақаҳои дорухате, ки иттилооти рекламавӣ дорад, инчунин дар онҳо ба таври чопӣ номгӯи маводи доруворӣ пешакӣ навишта шудааст, таъйин намоянд; - иттилоотро ба аҳолӣ дар бораи дар фурӯш мавҷуд будани маводи доруворӣ ва молҳои тиббие, ки номҳои якхелаи байналмилалии ғайрипатентӣ доранд, аз ҷумла иттилоотро дар бораи дар фурӯш мавҷуд будани маводи доруворӣ ва молҳои тиббие, ки нархи нисбатан пастар доранд, пинҳон кунанд. Моддаи 49. Уҳдадориҳои касбии кормандони тиббӣ ва фарматсевтӣ. Кормандони тиббӣ ва фарматсевтӣ уҳдадоранд: - дар асоси меъёрҳои башардӯстонаи одобу ахлоқи тиббие, ки муносибати ахлоқии кормандони тибро бо беморон, хешу табори онҳо ва байни онҳо танзим менамоянд, фаъолият кунанд; - донишу малакаи касбии худро мунтазам такмил дода, талаботи Кодекси ахлоқи табиби Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ таҳия ва қабул шудааст, риоя намоянд; - дар фаъолияти худ комёбиҳои муосири илму техникаи тиббӣ ва фарматсевтиро ба манфиати беморон истифода намоянд; - ба амале, ки бар зарари саломатии шаҳрванд мебошад, роҳ надиҳанд; - меъёрҳои одобу ахлоқи тиббиро риоя намоянд, нисбат ба беморон бораҳму шафқат бошанд, аз амале, ки ба иҷрои уҳдадориҳои меҳнатии кормандони дигар халал мерасонад, худдорӣ кунанд; - ба шаҳрвандон дар кӯча ва ҷойҳои дигари ҷамъиятӣ ва дар хона, дар ҳама ҳолатҳое, ки имкони расондани кумаки саривақтии муқаррарӣ вуҷуд надорад, кумаки аввалияи тиббӣ расонанд; - сирри тиббӣ (иттилоот вобаста ба вазъи саломатӣ, дар бораи ташриф ба муассисаи тандурустӣ) ва дигар маълумоти хусусияти шахсӣ доштаро нигоҳ доранд; - масъалаи аз худи бемор пинҳон доштани сирри тиббиро дар ҳолати мушаххас ба манфиати бемор ҳал кунанд; - оид ба бемории шаҳрвандон ба мақомоти тандурустӣ хабар диҳанд, агар онро ҳифзи саломатии аҳолӣ талаб кунад, инчунин маълумотро дар асоси қарори мақомоти тафтишотӣ ё таъйиноти суд диҳанд; - дар амалияи тиб усулҳои пешгирӣ, ташхис ва табобат, доруворӣ ва воситаҳои дигарро, ки бо тартиби муқарраргардида ба истифодаи онҳо иҷозат дода шудааст, истифода намоянд; - таъсири суханони табибро ба рӯҳияи бемор то ҳадди имкон бештар истифода намоянд, ба рафторе (ба тариқи имову ишора, бо сухан), ки ба бемор ва наздикони ӯ таъсири манфӣ мерасонад, роҳ надиҳанд, ҳангоми ҳамсуҳбат шудан бо бемор ва хешу табори ӯ қоидаҳои одоби табибиро қатъиян риоя намоянд. Моддаи 50. Уҳдадориҳои шаҳрвандон оид ба риояи талаботи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи тандурустӣ. Шаҳрвандон уҳдадоранд: - талаботи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи тандурустӣ риоя намуда, ба саломатии худ, саломатии аҳолӣ, оила ва одамони гирду атрофашон буда бо эҳтиёт муносибат намоянд; - барои пешгирии бемориҳои сироятӣ дастури тиббиро оид ба муоинаи флюрографӣ, эмкунии пешгирикунанда ва муоинаи тиббӣ дар муҳлати муқаррарнамудаи мақомоти тандурустӣ ба ҷо оваранд; - тартиботи ҷории мақомот, ташкилот ва муассисаҳои тандурустиро риоя намоянд; - таъйиноти табиби табобаткунандаро иҷро намоянд. Моддаи 51. Уҳдадориҳои шахсони никоҳшаванда оид ба гузаштани муоинаи тиббии ҳатмӣ. 1. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки ақди никоҳ мебанданд, аз муоинаи тиббии ҳатмӣ дар муассисаҳои давлатии соҳаи тандурустии маҳалли зист ё истиқомати доимӣ ба таври ройгон мегузаранд. 2. Қоидаҳои гузаронидани муоинаи тиббии ҳатмии шахсони никоҳшавандаро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд. Моддаи 52. Уҳдадории шаҳрвандон оид ба таъмини ҳифзи саломатии кӯдакон. 1. Шаҳрвандон уҳдадоранд дар бораи саломатии кӯдакон, инкишофи ҷисмонию рӯҳӣ ва ахлоқии онҳо ғамхорӣ намоянд ва онҳоро дар рӯҳияи пешбурди тарзи ҳаёти солим тарбия кунанд. 2. Падару модарон уҳдадоранд қоидаҳоеро, ки ба таваллуди кӯдаки солим мусоидат менамоянд, риоя кунанд ва баъди таваллуди кӯдак дастури табибро ба ҷо оваранд. Моддаи 53. Уҳдадориҳои шаҳрвандони мубталои бемориҳои сил, ҷузом, вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният, узвҳои таносулӣ ва дигар бемориҳои хатарнок. 1. Шаҳрвандони мубталои бемориҳои сил, ҷузом, вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният, узвҳои таносулӣ ва дигар бемориҳои хатарнок уҳдадоранд, бо талаби ташкилотҳои тиббӣ аз муоинаи тиббӣ гузаранд ва худро табобат кунанд. 2. Агар шаҳрвандони мубталои бемориҳои дар қисми 1 ҳамин модда зикргардида аз муоинаи тиббӣ ва табобат саркашӣ намоянд, онҳо дар беморхона бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мусоидати мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ва мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷбуран ташхис ва табобат карда мешаванд. |