саразми бостони. Саразми бостонмуаррифгари тамаддуни 5500солаи то
Скачать 208.45 Kb.
|
САРАЗМИ БОСТОНӢ-МУАРРИФГАРИ ТАМАДДУНИ 5500-СОЛАИ ТОҶИКОН Ҳамарӯза дар кишвари азизамон ба истиқболи таҷлили 5500-солагии Саразми бостонӣ тадбирҳои муҳим рӯйи кор меоянд. Агар бостоншиносон ба таърихи ин ёдгории бузурги моддӣ машғул буда, китобу мақолаҳо таълиф намоянд, меъморону сохтмончиён ба бунёди иншооти ҷашнӣ камари ҳиммат бастаанд. Ин ҳама аз ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад. Пешвои миллат 26-уми декабри соли 2018 дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии мамлакат чунин таъкид доштанд: «Мо тасмим гирифтем, ки соли 2020 ҷашни яке аз ёдгориҳои бостонии кишварамон - шаҳри қадимаи Саразмро доир намоем. Ин чорабинӣ имкон медиҳад, ки мо маданияти беш аз 5500 - солаи аз ҷониби доираҳои илмии ҷаҳон эътирофшудаи худро ба ҷаҳониён ба таври шоиста муаррифӣ созем. Моро зарур аст, ки ёдгориҳои таърихии худро ҳифз кунем, обод гардонем ва ба онҳо ҳамчун ҷузъи таркибии сарнавишти миллати куҳанбунёдамон муносибат намоем». Воқеан, Саразм ҳамчун нодиртарин ёдгории тамаддуни бостонии Осиёи Миёна, маркази ташаккули маданияти кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон дар таърих ҷойгоҳи махсус дорад. Он ба аҳди энеолит ва асри биринҷии қадим пайванд мегирад. Аҷобати Саразми бостонӣ дар он зоҳир мешавад, ки бозёфтҳои сафолии он ба ҳамин гуна маҳсулоти дар ҷануби Туркманистон, шарқи Эрон, Балуҷистон, ҷануби Афғонистон ва шаҳру мулкҳои Систону Хоразм бадастомада шабоҳат дошта, ба тамаддуни аҳди неолит умумият меёбад. Аз мамнуъгоҳи Саразм беш аз 150 маҳсулоти оҳанӣ, монанди табар, гурз, теша, корд, сӯзан, ороишоти нуқрагиву тилоӣ ва ғайра дарёфт шудаанд. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 –уми сентябри 2001 Ёдгории Саразми шаҳри Панҷакент ҳамчун Маркази ташаккули тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон – «Мамнуъгоҳи таърихиву бостоншиносии Саразм» эълон гардида, 31- уми июли соли 2010 дар сессияи 34-уми ЮНЕСКО, ки дар давлати Бразилия баргузор гардид, бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ёдмони нодир ба Феҳристи мероси ҷаҳонии фарҳангӣ ворид гардид. Санаи 19-уми марти соли 2018 Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми мулоқот бо зиёиён чунин таъкид намуданд: «Дар шароити феълӣ, ки бархӯрди тамаддунҳо дар ҷаҳон торафт тезутунд мешавад, омӯхтан ва таҳқиқ кардани мероси бостонӣ, ҳифзи арзишу суннатҳои милливу мардумӣ ва ёдгориҳои таърихӣ аҳамияти махсус пайдо мекунад. Таҳқиқи ҷиддии мероси гаронбаҳои гузаштаи тоҷикон, ёдгориҳои фарҳангӣ ва тарғиби суннатҳои мардумӣ вазифаи муҳимтарини намояндагони илму маориф, аҳли эҷод ва ҳамаи зиёиёни кишвар мебошад». Аз ин рӯ, дар соли 2020 ҷашн гирифтани Саразми бостонӣ ҳамчун маркази ташаккули тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон боз як нишонаи бузурги арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихии миллати тоҷик ба шумор меравад. Саразм ҳамчун яке аз нодиртарин ёдгориҳои фарҳангии Осиёи Марказӣ, ватани аввалини зироаткорон ва аввалин филизгудозони қавми ориёӣ, маскани сароғози таъриху фарҳанг ва тамаддунсозии аҷдодони тоҷикон дар километри 12-уми қисмати ғарбии шаҳри Панҷакент, дар соҳили чапи дарёи Зарафшон ҷойгир буда, масоҳати умумии он зиёда аз 100 гектар ва ҳудуди омӯзишаш 30 гектарро ташкил медиҳад. Хотирнишон месозем, ки Саразм тирамоҳи соли 1976 аз ҷониби бостоншинос Абдуллоҷон Исҳоқов кашф гардида, минбаъд ба тадқиқи ҳамаҷонибаи он олимони машҳури ҷаҳонӣ машғул шуданд. Агар барҷастатарин донандаи забони суғдӣ - В. А. Литвитс маънои Саразмро «Сари замин» гуфта бошад, имрӯз муҳаққиқони дигар дар заминаи осори бозмондаи таърихӣ маъноҳои нисбатан амиқу пурғунҷоиши онро, ки ифодагари гузаштаи пурифтихори Ариянам Ваеҷаҳ – Сарзамини Ориёно мебошад, кашфу маънидод карда истодаанд. Замони бунёди Саразми бостон ба солҳои 3400 — 2000 пеш аз мелод мансуб аст. Бозёфтҳои Саразм шаҳодат медиҳанд, ки аҷдоди тоҷикон ҳанӯз то ҳуҷуми Искандари Мақдунӣ дорои маданияти пешрафтаву шукуфо будаанд. Бо мақсади ҳифзи ин иншооти арзишманди моддӣ бо дастуру ҳидоятҳои созандаю фарҳангпарваронаи Сарвари давлат солҳои 2003-2008 панҷ мавзеи асосии ҳафриётшудаи Саразм болопӯш шуд. Солҳост, ки шаҳраки Саразм ба зиёратгоҳи сайёҳон табдил ёфтааст. Ҳамасола шаҳрвандони зиёди ватанӣ ва сайёҳони хориҷӣ ин мавзеи нотакрорро зиёрат карда, аз дастовардҳои бостоншиносони тоҷик баҳравар мегарданд. Бахшида ба ҷашни 5500-солагии Саразми бостон дар Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ низ як қатор чорабиниҳо, аз қабили суҳбату намоишҳо, баргаҳои мавзӯӣ, рӯйхатҳои тавсиявӣ, хулосаи китобшиносӣ амалӣ ва доир мегарданд. Кормандони китобхона дар толори пазироии воқеъ дар ошёнаи дуюми китобхона намоиши бошукӯҳи китобию матбуотиро таҳти унвони «Саразми бостон-муаррифгари тамаддуни 5500-солаи тоҷикон » манзури хонандагон ва дӯстдорони таърихи Ватан гардониданд. Дар ин намоиш китобу рисолаҳо, мақолаву маърузаҳои илмӣ аз рӯзномаву маҷаллаҳо ва ашъори марбут ба ин мавзӯъ ба маърази тамошо гузошта шудааст. Аз ҷумла, китобҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих», Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон», М.М.Дяконов «Маданияти қадими тоҷикон», А.И.Исҳоқов «Саразм», А.Ҷалилов «Кашфиёти Панҷакенти қадим», А.Мухторов «Аз паи таърихи куҳан», «Панҷакенти қадим», З.Умарова «История развития ювелирного искусства таджиков», З. Мартынов «Методы археологического исследования», «Археологические работы в Таджикистане», «Материальная культура Таджикистана» ва дигар китобҳои ҷолибу пурмазмун пешниҳоди хонандаи ҳушманд гардонида шудаанд. Ҳамзамон намоиши филми ҳуҷҷатӣ оид ба ин ёдгории таърихӣ бо номи «Саразм-ёдгории ниёкон» дар монитори китобхона пайваста намоиш дода мешавад. Бояд зикр намуд, ки дар шуъбаи маълумотдиҳӣ-библиографии китобхона силсилабаргаи мавзӯӣ бо номи «Саразм–ёдгории бузурги таърихи тоҷикон» таҳия гардида, ба таври доимӣ такмил меёбад. Табиист, ки омӯзиши Саразми бостонӣ дар муаррифию эҳёи муҷаддади тамаддуни тоҷикон ва халқҳои дигар Осиёи Миёна нақши мунир гузошта, тарғибу ташвиқи гузаштаи ибратомӯзи ниёгон дар китобхона роҳи маърифати рӯзгори пешиниёнро ҳамвор месозад. Китобдорон ҳамеша арҷгузору рӯнамогари таърихи ниёкон мебошанд. Инак, чанд намунаи маводи гирдовардашуда, ки бозгӯи саҳифаҳои нави таърихи Саразми қадим маҳсуб меёбад, манзури хонандагон мегардад: |