Главная страница
Навигация по странице:

  • . МОЊИЯТ ВА ХУСУСИЯТЊОИ АНДОЗБАНДИИ АРЗИШИ ИЛОВАШУДА.

  • БОБИ 2. Бахисобгири ва тахлили ААИ оид ба арзишхо дар мисоли ЧДММ «Шохин»

  • ХУЛОСА

  • МУЌАДДИМА Муњимияти мавзуъ

  • Дараљаи омухта шудани мавзуъ.

  • Маќсад ва вазифањои рисолаи хатм.

  • Объекти тадќиќот

  • Манбаи иттилоотии тадќиќот

  • Ањамияти назариявї ва амалии рисолаи хатм.

  • «Моњият ва хусусиятњои андозбандии арзиши иловашуда»

  • БОБИ I . МОЊИЯТ ВА ХУСУСИЯТХОИ АНДОЗБАНДИИ АРЗИШИ ИЛОВАШУДА.

  • Бахисобгирии ААИ оид ба арзишхои харидоришуда, дар мисоли ЧДММ “Шохин”. 987654321 - копия. Вазорати маориф ва илми УМурии тоикистон донишгои давлатии УУ, бизнес ва сиёсати тоикистон


    Скачать 442.65 Kb.
    НазваниеВазорати маориф ва илми УМурии тоикистон донишгои давлатии УУ, бизнес ва сиёсати тоикистон
    АнкорБахисобгирии ААИ оид ба арзишхои харидоришуда, дар мисоли ЧДММ “Шохин
    Дата08.02.2021
    Размер442.65 Kb.
    Формат файлаdocx
    Имя файла987654321 - копия.docx
    ТипДокументы
    #174826
    страница1 из 7
      1   2   3   4   5   6   7

    ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН
    ДОНИШГОЊИ ДАВЛАТИИ ЊУЌУЌ, БИЗНЕС ВА СИЁСАТИ ТОЉИКИСТОН
    ФАКУЛТЕТИ БАЊИСОБГИРЇ ВА АНДОЗ
    КАФЕДРАИ БАЊИСОБГИРИИ БУХГАЛТЕРЇ
    Баҳисобгирии андоз аз арзиши иловашуда оид ба арзишҳои харидоришуда

    дар мавзуи: «Бахисобгирии ААИ оид ба арзишхои харидоришуда, дар мисоли ЧДММ “Шохин”

    Иљрокунанда: донишчуи курси 4-уми

    ихтисоси 1-25 01 08

    Ахмедова М.

    Роњбари илмї: сармуаллим Нишонбоев А.

    Хуљанд 2020


    МУНДАРИЉА


    МУЌАДДИМА …………………………………………………………

    4


    БОБИ I. МОЊИЯТ ВА ХУСУСИЯТЊОИ АНДОЗБАНДИИ АРЗИШИ ИЛОВАШУДА. ………………………………………….


    8

    1.1.

    Мафњуми андозњои ѓайримустаќим ва мавќеъи онњо дар низоми андоз ……………………………………………………..


    8

    1.2.
    1.3.

    Хусусиятњои андоз аз арзиши иловaшуда дар Љумњурии Тoљикистoн ……………………………………………………….

    Таљрибаи татбиќи андоз аз арзиши иловашуда дар мамлакатњои хориља ва Љумњурии Тољикистон …………………


    17
    28

    БОБИ 2. Бахисобгири ва тахлили ААИ оид ба арзишхо дар мисоли ЧДММ «Шохин»

    2.1. Тартиби барасмиятдарории хуччатии андозбандии ААИ

    2.2. Бахисобгири ААИ оид ба арзишхои бадастовардашуда

    2.3. Тахлили амалиётхои андозбандишаванда оид ба ААИ













































    ХУЛОСА ……………………………………………………………….

    69


    ФЕЊРИСТИ АДАБИЁТИ ИСТИФОДАШУДА …………………..


    75



    МУЌАДДИМА
    Муњимияти мавзуъ. Дар амсилаи амалкунандаи низоми андози кишвар, имконияти потенсиалии бењтаркунї ва истифодабарии самарабахши њар як намуди андоз вуљуд дорад. Бо ин маќсад зарурати пурзур намудани љанбахои назариявии тањќиќи муаммои андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) дар асоси аниќкунии минбаъдаи табиати иќтисодї, тавсифоти моњиятї, сабабњои ташкилёби, механизми њисобкунї ва пардохти он ба миён меояд. Дар назарияи бахши андозбандї табиати иќтисодии андоз аз арзиши иловашуда, вазифањои иљроиши он дар сатњи кофї тањќиќ карда нашудааст, ки ин боиси инкишофи усулњои асоснокнашудаи татбиќи он мегардад.

    Дараљаи омухта шудани мавзуъ. Ба муаммоњои андозбандии арзиши иловашуда, тадќиќоти олимони ватанї ва хориљї бахшида шуда, масъалањои андозбандии ѓайримустаќим дар таълифоти М.Пантелеоне аллакай дар садсолаи 19 баррасї карда шудааст.

    Дар таљрибаи љањонї бори аввал, андоз аз арзиши иловашуда дар Фаронса ситонида шуда, тартиби он соли 1954 аз љониби М.Лоре пешнињод гардидааст. Сањми намоён дар коркарди назарияи андозбандии арзиши иловашуда олимони рус, аз љумла Л.Ф. Катаева, О.Г.Лапина, Ю.М. Лермонтов, С.Г.Пепеляев, В.М.Пушкарева, И.В. Соколов, Д.Г. Черник, Т.Ф. Юткина гузоштаанд.

    Новобаста аз ба миќдори зиёди тадќиќоти гузаронидашуда як ќатор масъалањои муаммои андозбандии арзиши иловашуда њанўз пурра њалли худро наёфтаанд, аз љумла тањќиќи масъалањои арзёбии имконият ва њадафмандии камшавии гаронии андози ташкилотњо оид ба ААИ, тањќиќи хавфњои андози ташкилотњо вобаста ба пардохти ААИ ва муайян кардани роњњои кам намудани ин гуна андозњо. Гуфтањои болои оид ба муњимияти мавзўи рисола ва коркарди гайрикифояи масъалањои алоњидаи он шањодат медиханд ва њадаф ва вазифањои рисоларо муайян намуданд.

    Маќсад ва вазифањои рисолаи хатм. Њадафи рисолаи хатм – инкишофи асосњои назариявии асосноккунии табиати иќтисодии андоз аз арзиши иловашуда, аниќкунии сабабњои зарурати он дар низоми андозбандї, мураттабу муназзам гардонидани омилњои таъсиррасонї ба хусусияти ташаккул, усулњои њисобкунї ва пардохти андоз аз лињози такмили механизми воридоти пардохтњои андозї ба буљет буда, он бо роњи њалли чунин вазифањои тадќиќоти таъмин карда мешавад:

    - аниќ намудани тавсифи моњиятии табиати иќтисодии андоз аз арзиши иловашуда ва шаклњои зоњиршавии он;

    - омўзиши ќонунгузории андози Тољикистон ва хориља, тарзу усулии амалии њисобкунї ва пардохти андоз аз арзиши иловашуда ба буљет;

    - тањлили динамикаи нишондињандањои воридоти ААИ ва арзёбии самаранокии буљетии он, аз љумла дар заминаи меъёрњои инкишофи вазифањои фискалї ва хавасмандгардонии он;

    - коркарди системаи тарзу усул ва самтњои нишондињандањои љамъоварии ААИ;

    - ошкор наудани омилњои ташаккули зиддиятњои механизми воќеии њисоб намудани андоз аз арзиши иловашуда, имконияти бартараф намудани онњо бо роњи такмили механизми маъмурикунонии андоз, мутобиќатии принсипњои иќтисодї ва самаранокии муќаррар кардани меъёри он, бењтар намудани масъалањои бањисобгирї ва баргардонидани андоз аз арзиши иловашуда.

    Объекти тадќиќот низоми андозбандии андоз аз арзиши иловашудаи ташкилотњо дар Љумњурии Тољикистон баромад мекунад.

    Предмети тадќиќот муносибатњои иќтисодие мебошад, ки байни давлат ва субъектњои хољагидор оид ба андозбандии андоз аз арзиши иловашудаи онњо ба миён меояд.

    Манбаи иттилоотии тадќиќот маводи тањлилгардидаи Кумитаи андози назди Њукумати Љумњурии Тољикистон, Агентии давлатии омори назди Президенти Љумњурии Тољикистон, дастурамалњо ва нашрияњои давравї ба њисоб мераванд.

    Навоварии илмї. Навоварии илмии рисолаи хатм дар маљмуъ, коркарди як ќатор масоили назариявї ва тавсияњои методї оид ба идоракунии андоз аз арзиши иловашуда дар доираи ташаккули сиёсати андозии ташкилот ва њалли муаммоњои пасткунии хавфи андоз аз арзиши иловашуда аз мавќеи муаллиф мебошад. Натиљањои асосии илмии тадќиќот инњо мебошанд:

    - аниќ кардани табиати иќтисодии андоз аз арзиши иловашуда;

    - тањќиќи механизми андозбандии андоз аз арзиши иловашуда дар Љумњурии Тољикистон;

    - ошкор кардани моњияти сиёсати андозии ташкилот, њамчун як ќисми стратегияи молиявии он, ки маљмўи усулњову чорањои хусусияти танзимотии таъминкунандаи риояи ќонунгузории андозро пешбинї менамояд. Ва инчунин дар интихоби варианти самараноки банаќшагирї ва пардохти андоз аз арзиши иловашуда ба маќсади камкунии хавфњои андоз зоњир мегардад;

    - шароитњои баргузарии «баръакси» андоз аз арзиши иловашуда, ки дар он хавфи афзоиши ѓайринаќшавии манбаи андоз оид ба андоз аз арзиши иловашуда (дар њолати озодкунии андозсупоранда аз пардохти он; вобаста ба манъ кардани бањисобгирии андоз аз арзиши иловашуда аз руи содироти молњо ва гайрахо).

    Ањамияти назариявї ва амалии рисолаи хатм. Натиљањои рисолаи хатм имкон медињанд, ки як ќатор масъалањои назариявии андозбандии арзиши иловашудаи ташкилотњо њаллу фасл карда шуда, самтњои асосии такмили раванди идоракунии андози арзиши иловашуда дар доираи сиёсати андозии ташкилот коркарда баромада шавад. Муќаррароти асосии рисолаи хатмро метавон дар фаъолияти Кумитаи андози назди Њукумати Љумњурии Тољикистон, маќомоти давлатї њангоми коркарди санадњои меъёрии њуќуќї, инчунин дар таљрибаи амалии ташкилотњо њангоми ташаккулёбии сиёсати андозї – буљетї, дар ќисмати андоз аз арзиши иловашуда истифода намудан мумкин аст.

    Сохтори рисола. Њадаф ва вазифањои тањќиќот сохтори рисолаи хатмро муайян намуданд, ки он аз муќаддима, ду боб, хулоса ва фењристи адабиёти истифодашуда иборат мебошад.

    Дар муќаддима муњимияти мавзуи рисола дар шароити муосир ва ањамияти назариявї ва амалии он асоснок карда шуда, инчунин маќсад ва вазифањои рисолаи хатм муайян карда шудааст.

    Дар боби якуми рисола, «Моњият ва хусусиятњои андозбандии арзиши иловашуда» масъалаи табиати иќтисодии андоз аз арзиши иловашуда ва шакли зоњиршавии он, моњияти андоз аз арзиши иловашуда, механизми њисоб намудан ва пардохти он дар Љумњурии Тољикистон, инчунин таљрибаи татбиќи он дар мамолики хориља тањќиќ карда шудааст.

    Дар боби дуюми рисола «Бахисобгири ва тахлили ААИ оид ба арзишхо дар мисоли ЧДММ «Шохин» тамоюлњои воридоти андоз аз арзиши иловашуда дар Љумњурии Тољикистон ва арзёбии самаранокии буљетии он мавриди тањлил ва арзёбї ќарор гирифтааст.

    Дар хулоса, мавзуъи тањќиќшуда љамъбаст гардида, муќаррароти асосии он аниќ гардида, тавсияњо оид ба такмили механизми њисобкунї ва пардохти арзиши иловашуда пешнињод карда шудааст.

    БОБИ I. МОЊИЯТ ВА ХУСУСИЯТХОИ АНДОЗБАНДИИ АРЗИШИ ИЛОВАШУДА.

      1. Мафњуми андозњои ѓайримустаќим ва мавќеъи онњо дар низоми андоз


    Андозњо вобаста аз тарзи ситониданашон ба андозњои мустаќим ва ѓайримустаќим људо карда мешаванд. Аз руи таърих, собит шудааст, ки чунин таснифоти андоз дар тули тахминан сесад сол аз руи нишондињандаи баргузарии гаронии андоз амалї карда мешаванд. Аввалин маротиба нишондињандаи зерин дар охири асри XVII аз љониби Дж.Локк љорї карда шудаааст ва дар мухлати дањсолањо номгуи андозњои мансуб ба мустаќим ва ѓайримустаќим мутобиќи таѓйирёбии назарияњои андозбандї иваз карда мешуданд. Лекин моњияти чунин таснифот бетаѓйир мондааст: андозњои мустаќим андозхое мебошанд, ки гаронии онњоро бояд худи андозсупоранда ба зима гирад, андозњои ѓайримустаќим бошад, метавонанд ба зиммаи дигар шахсон аз руи усули баргузарии онњо вобаста карда шавад.

    Назарияи гузарониши андозњо адолатнокии таќсимоти гаронии андозро вобаста аз шаклњои андозбандї, чандирии талабот ва таклифот тањќиќ мекунад. Тањќиќи гузариши вазнинии андоз аз руи сарчашмаи даромад ва гуруњњои андозсупоранда бурда мешавад. Аз руи аќоиди Э. Селигман, профессори Донишгоњи Колумбия, баргузории андозњо ду намуд мешавад: баргузарии андоз аз фурушанда ба харидор (дар холати андозбандии ѓайримустаќим) ва баръакс, яъне баргузории андоз аз харидор ба фурушанда. Барои аниќ муайян кардани холатхои баргузории њар як пардохтњои андозї, табиати андозњои мушаххас, шартњои иќтисодї ва сиёсии ситонидани онро ба назар гирифтан зарур мебошад.

    Баргузории вазнинии андоз ба души гуруњи андозсупорандагон, асосан харидорон ва истеъмолкунандагон ин гузоштани пардохти як ќисм ва ё тамоми андоз бо роњи дохил кардани он ба нархи мол ва ё арзиши хизматрасонї ва ба њамин рох баланд гардидани нархи молу мањсулот мебошад. Ба мисоли андоз аз арзиши иловашуда, аксиз ва андоз аз фуруш, ки ба нархи молу мањсулоти фурухташуда илова карда мешаванд.

    Иќтисоддонњои англис О.Фишер ва А.Калдор мењисобиданд, ки объекти андозбандї нисбат ба хачми истеъмолот ва микдори пасандоз таќсим карда шаванд. Аз њамин љо аввалин маротиба акидаи андозњои истеъмолї ба миён омадааст, ки дар як ваќт њамчун усули њавасмандгардонии пасандоз ва воситаи мубориза бо таваррум хисоб меёбад1. Акидаи андозбандии истеъмолот омили асосии рушд буда, яъне њавасмандгардонии фаъолияти сармоягузорї ва пасандозро асос мегузорад ва аз њамин нуќтаи назар, назарияи неокейнсї таъкид мекунад, ки ситонидани андозњои ѓайримустаќим хусусияти нисбатан босубот ва устуворро барои буљети давлатї аз нигохи фискалї доранд.

    Бо андозбандии андозхои ѓайримустаќим пеш аз њама манфиатњои фискалии давлат вобаста мебошад. Андозњои фискалї – андозњо ба сатхи истеъмолот мебошад ва мутаносибан ситонидани онњо бевосита ба сатњи некуањволии ањолї вобаста нест, чунки ин андозњо њангоми истеъмоли молу хизматњо аз харидорон ва истеъмолкунандагон дошта мешаванд. Андозњои ѓайримустаќим дар таркиби нархи мањсулот њамчун болонарх љой дошта, механизми баргузории онњо аз истеьмолкунандагон ба харидорон вобаста аз хачми талабот ба мол сурат мегирад, яъне чи ќадаре ки мањсулот хуб ба фуруш равад, хамин кадар вазнинии маблаги андоз ба души истеъмолкунанда рост меояд. Вобаста ин андозњои ѓайримустаќим аз нуќтаи назари фискалї, таъмини воридоти андоз ба буљети давлатї хусусияти устувор ва босубот дошта, барои ќонеъ гардонидани талаботи фискалии давлат, истеъмолот кифоя мебошад. Хусусияти алохидаи андозбандии ѓайримустаќим, ин вуљуд надоштани алоќаи бевосита байни пардохти андоз, ки ба таркиби нархи мол дохил шудааст ва дарки ин пардохт мебошад. Бояд гуфт, ки аз байни андозњои ѓайримустаќим андоз аз арзиши иловашуда мавќеи калонро ишѓол намуда, зиёда аз 20 фоизи воридоти умумии андозхоро ташкил медихад. Аз соли 2009 то инљониб меъёри дар сатњи 18 % муќаррар карда шудааст.

    Андозњои ѓайримустаќим аз амалиётњои фуруши молхо, иљроиши корхо, хизматрасонхо ва воридоти молњо ситонида шуда, маблаѓи онњо дар намуди болонарх ба арзиши мол ва ё фоизњо аз арзиши иловашуда муайян мегардад. Умуман дар назария оид ба андозбандии ѓайримустаќим таълимотхои гуногун вуљуд дорад. Ин намуди андозњоро ноадолатнок мењисобанд, зеро онњо ба воситаи механизми нарх ва тариф дар охири кор, ба ањолї, ки пардохткунандаи воќеии онњо мебошад, гузошта мешавад. Ба сифати сарчашмањои даромадњои маблагхои буљетї, андозњои ѓайримустаќим дорои бартарињои муайян мебошанд ва нисбат ба андозњои мустаќим аз таѓйироти сиклии конюктураи иќтисодї вобастагии кам доранд, аз ин сабаб сарчашмаи боэътимоди буљети давлатї масъуб меёбанд.

    Таљрибахои амалии системаи андозбандии мамолики љањон гувоњї медињад, ки давлат дар баробари андозњои мустаќим, андозњои ѓайримустаќимро низ истифода мебарад. Ин намуди андозњо аз љониби давлат ба маќсади тањти андозбандї њарчи бештар объектњои фаъолияти андозсупоранда ќарор додан, ба роз монда мешавад.

    Гурўњбандии андозњо ба намудхои мустаќим ва ѓайримустаќим дар бисёр холатхо аз сатњи тараќќиёти иќтисодии мамлакат вобастагии мустаким дорад. Дар њолати сатњи баланди тараккиёти иќтисодї андозњои мустаќим ва баръакс дар мавриди сатњи пасти рушди иктисодї андозњои ѓайримустаќим зиёдтар мебошанд. Холати мазкур дар аввалхои солњои 90-ум ба иќтисодиёти Љумњурии Тољикистон хос буд, зеро дар он њиссаи андозњои ѓайримустаќим нисбат ба андозњои мустаќим зиёдтар дида мешуд. Албатта ин нишондихандаи чандон дуруст нест, зеро зиёд будани њиссаи андозњои мустаќим тавсифи сифатии иќтисодиёти мамлакатро инъикос мегардонад2.

    Новобаст аз он, ки аз лињози шумора андозњои мустаќим зиёда аз нисфи номгуи андозњои дар низоми андоз амалкунандаро ташкил медињанд, наќши ин андозњо дар амалияи андозбандї чандон назаррас набуд.

    Њамоњангсозии андозњои мустаќим ва ѓайримустаќим дар системаи андозбандї, устувории воридоти андозї ва њамзамон вобастагии њаљми андозњои пардохташавандаи андозсупорандагонро аз самаранокии фаъолияти онњо пурзур мегардонад. Андозњои ѓайримустаќиме, ки њамчун изофанарх ба арзиши мол (кор ва хизматрасонї) дар њар як марњилаи истењсолот ва муомилот чам карда шуда, намунаи андозбандии ѓайримустаќим дар низоми андози Љумњурии Тољикистон – андоз аз арзиши иловашуда ва аксизњо ба њисоб мераванд, ки њамчун андозњои аз лињози фискалї ањамиятноки буљети давлатї дониста шудаанд.

    Дар адабиётхои иќтисодї мафњуми «андози ѓайримустаќим» оварда шудааст ва байни олимону иќтисоддонњо оид ба моњияти андозњои ѓайримустаќим ва наќши онњо дар ташкилёбии даромадњои буљетї нуќтаи назари гунгун вуљуд дорад.

    Тибќи ќонунгузории андозбандии Љумњурии Тољикистон мафњуми «андози ѓайримустаќим» ин, андозе (андоз аз арзиши иловашуда ва аксизе), ки дар намуди иловапулї ба нархи молњои воридотї ва (ё) тањвилшуда, корњои иљрошуда ва (ё) хизматрасонињо анљомдодашуда ва аз љониби истеъмолкунанда њангоми харидории молњо, корњои иљрошуда ва (ё) хизматрасонињои анљомдодашуда бо нархи ба маблаѓи њамин андоз замшуда пардохт мегардад. Ўњдадорихо оиди пардохти андози ѓайримустаќим ба буљет ба зиммаи молтаъминкунанда, иљрокуннандаи корхову хизматрасонхое гузошта мешавад, ки барои маќсадњои андозбандї тибќи талаботи Кодекси андоз њамчун андозсупоранда эътироф шудаанд3.

    Дар раванди тањќиќи масоили рушди андозбандии ѓайримустаќим дар Љумњурии Тољикистон, бояд ќайд кард, ки дар кишвар дар тањрири нави Кодекси андоз мавриди амал ќарор гирифта, як ќатор унсурњои мусбиро дар самти андозбандии ѓайримустаќим ва таъсири он ба самаранокии фаъолияти соњибкорї инъикос менамояд:

    • андоз аз фурўши чакана аз номгўи андозњо хориљ карда шуд, ки дар натиља њиссаи харољоти андозии корхона аз фоидаи гирифташуда аз 86 фоиз то ба 68,3 фоиз кохиш дода шуд;

    • меъёри ААИ аз соли 2013 нисбат ба намудњои алоњидаи фаъолият, яъне, соњањои савдо, хуроки омма, сохтмон ва муассисањои таълимї тафриќанок ба андозаи меъёри пасткардашуда (5 фоиз) муќаррар карда шудааст, ки дар натиља њиссаи харољоти андозии ин соњањо дар фоидаи бадастовардаашон аз 68,3 фоиз то ба 35 фоиз кам гардид;

    • шуруъ аз 01- июли 2015сол, њисобнома – фактурањои андоз аз арзиши иловашуда љорї карда шудааст;

    • барасмиятдарории андозбандї ва њисоботдињї, аз љумла тавассути ба роњ мондани эъломияњои моњона оид ба аксизњо содда карда шуд;

    • меъёри андоз аз арзиши иловашуда дар мавриди ворид кардани гандум ва коркарди мањсулоти он пасттар муќаррар гардид яъне 10%.

    Таносуби андозњои мустаќим ва ѓайримустаќим дар мамолики мухталиф аз сатњи рушди иќтисодии онњо вобаста мебошад.

    Дар низоми андозњои мамлакатхои тараќќикарда, њиссаи андозњои мустаќим зиёд буда, баръакс дар кишварњои иќтисодиёташон наонкадар устувор мавќеи калонро андозњои ѓайримустаќим (махсусан, андоз аз арзиши иловашуда) ташкил медиханд4.

    Дар рисолаи хатм, шароитњои ба миён омадани баргузарии баръакси ААИ муайян карда шудааст, дар њолати озодкунии андозсупоранда аз ААИ ў наметавонад андози њангоми хариди молњо пардохташударо ба њисоб гирад, вобаста ба манъ шудани бањисобгирии андоз аз арзиши иловашуда аз руи молњои содиротї, дар њолатњои таваррум, ки натиљаи татбиќи андоз аз арзиши иловашуда мебошад, коњиши талабот ба молњо ва мутаносибан, коњиши фоида аз фурўши онњо имконпазир мебошад.

    Андоз аз арзиши иловашуда дар гуруњи андозњои гайримустаќим, андозе мебошад, ки дар намуди иловапулї ба нархи молњои воридотї ва (ё) тањвилшуда, корњои иљрошуда, хизматрасонї чамъ карда мешавад ва аз љониби истеъмолкунанда њангоми харидории ин гуна молњо, иљроиши корхо ва хизматрасонињо бо нархи чамшудаи маблаѓи андоз пардохт карда мешавад.

    Протсеси идоракунии андоз аз арзиши иловашуда дар низоми сиёсати андозии ташкилот, ташкил ёфтани сиёсати муњосибии ташкилот дар самти андозбандии арзиши иловашуда, банаќшагирии маблаѓњои њисобии пардохти андозхо оид ба андоз аз арзиши иловашуда, пешбиникунии хавфњои андози ташкилот, ки бо пардохти андоз аз арзиши иловашуда алоќаманд мебошад ва коркарди тадбирњо оид ба паст намудани онњоро дар бар мегирад.

    Сиёсати андозии ташкилот дар соњаи андозбандии анлоз аз арзиши иловашуда, ин тартиби бурдани бањисобгирии алоњидаи унсурњои манбаи андоз, њангоми аз љониби ташкилотњо содир намудани амалиётњои андозбандинашавандаи андоз аз арзиши иловашуда, амалиётњои аз руи меъёрњои андозбандишаванда, инчунин тартиби ташаккули њуљљатњои зарурї оиди тасдиќи њуќуќ барои татбиќи меъёри сифрї дар бар мегиранд.Банаќшагирии андоз ба сохибкорон имкон медињад, ки њаљми пардохтњои андози пардохташаванда пешбинї карда шуда, оиди дурустии њисоби онњо назорати махсус бурда шавад. Дар сурати ба миён омадани холати нави хољагидорї, банаќшагирї имкон медихад, ки омилњои андозї тањлил карда шаванд ва дар раванди амалї гардидани сиёсати андоз ба эътибор гирифта шаванд. Харољоти банаќшагирифтаи андозхо, бояд аз сарфаи гирифташудаи андозї ба маротиб камтар бошад.

    Сарфаи андозї - ин на танњо дар паст шудани сатњи вазнинии андози ташкилотњо, балки дар намуди самараи иловагї аз њисоби паст шудани хавфи андоз, коњиши андозаи муљозоти андозї аз тарафи макомотхо ва дигарон ифода мегардад.

    Яке аз маќсадњои банаќшагирии андоз, ин паст кардани хавфи андоз ва бартарафкунии вазъиятњои њисобкунии ѓайриќонунии љаримањо аз тарафи маќомоти дахлдор њисобида мешавад.

    Дар љараёни ташаккули сиёсати андозбандии ташкилот, дар ќисмати андоз аз арзиши иловашуда зарур аст, ки хусусияти андози номбурда ба њисоб гирифта шавад.

    Андоз аз арзиши иловашуда њамчун як андози ѓайримустаќим дорои хусусияти баргузарї мебошад. Дар рисолаи хатм вариантњои баргузарии оддї ва мураккаб, мустаќим ва баръакси андоз аз арзиши иловашуда дар шароити хозираи пешбурди фаъолияти молияви - хољагии ташкилот мавриди баррасї ќарор дода шудааст. Баргузарии мураккаб, ки якчанд марњилањои зинањои истењсолот ва фурўши молњову корхо ва хизматрасонихоро дар бар мегирад, ба андоз аз арзиши иловашуда хос мебошад. Тањти баргузарии баръакс, амалиёте дониста мешавад, ки бадўшгирандаи андоз, маблаѓи андозхоро ба зиммаи андозсупоранда мегузаронад.

    Андоз аз арзиши иловашуда як намуди андозњои асосии умумидавлатї ба хисоб рафта, дар гани гардонидани ќисми даромади буљети давлатї ва мутаносибан тараќќиёти иљтимої – иќтисодии кишварамон наќши муњимро ичро мекунад.

    Тибќи маълумотхои омории Кумитаи андози назди Њукумати Љумњурии Тољикистон, дар соли 2018, њиссаи андоз аз арзиши иловашуда дар даромадњои буљети давлатї зиёда аз 22 фоизро ташкил медод.

    Дар замони муосир, андозњои ѓайримустаќим дар ташаккули сиёсати андозї ва фароњам сохтани асосњои њуќуќии иќтисодиёти бозорї наќши мухим бози мекунанд. Дар байни онњо андоз аз арзиши иловашуда њамчун яке аз танзимкунандаи азнавтаќсимкунии неъматњои љамъиятї ва сарчашмаи асосї ва босуботи воридоти буљети давлатї баромад менамояд, инчунин тарзи таќсимоти вазнинии андоз, ки таъмини риояи баробарии иќтисодї ва њуќуќии андозсупорандагон имкон фарохам меорад. Маъмурикунонии ААИ аз муаммоњои мураккаб дар назди маќомоти андоз буда, дар шароити хозира њиссаи баќияи ќарзи андоз оид ба андоз аз арзиши иловашуда дар маблаѓи баќияи ќарзи хамами андозњо зиёда аз 40 %-ро ташкил медињад5.

    Сабабњои микдори зиёди баќияи ќарзи ААИ, дар механизми мураккабии пардохтњо, ки бисёргунагии њисобњо ва имкони саркашї аз пардохти андозњо хисоб намудан мумкин аст.

    Хамзамон ба ин, ваќтњои охир дар арбитражхо шумораи бањсњои судї зиёд гардидааст, ки бо њисоби ѓайриќонунии андозњо ва муљозоти андозї аз њисоби норасогихои касбии маќомоти андоз алоќаманди дорад. Бинобар ин, муаммоњои такмили андозбандии ААИ дар маркази таваљљуњи муњаќќиќон ќарор дорад, дар баробари тадбирњои алоњида оид ба бењтар намудани љараёни амали ААИ чорањои ќатъї то ба холати бекор кардани онхоро тавсия менамояд.

    Дар шароити муосир такмили раванди идоракунии ААИ дар доираи сиёсати андози ташкилот ањамияти махсус дошта бошад. Дар марњилаи хозираи рушди иќтисодї, сиёсати андози ташкилот бояд ба риояи ќатъии меъёрњои ќонунгузории андоз хам аз тарафи корхонаву ташкилотњо ва хам аз тарафи маќомоти андоз нигаронида шуда бошад. Ин холат, маънои истиснои њамаи тарзњои ѓайриќонунии кам кардани андоз аз таљрибаи корхонањо, инчунин бартараф кардани њолатњои вайронкунии ќонунгузории андоз аз љониби маќомоти дахлдорро дорад.

    Хар як давлат ба рушди соњибкории ватани њавасманд мебошад, бинобар ин фаъолияти маќомоти андоз бояд воридоти маблаѓњои андозро аз њисоби корхонањо танњо дар њудуди пешбинишудаи ќонунгузории чори таъмин намояд. Ин масъалањо дар раванди ташкилёбии сиёсати андозии ташкилот, аз љумла дар самти ААИ баррасї карда мешаванд. Дар ин асос, тањќиќи масоили илми, назариявї ва амалии идоракунии ААИ-и корхонањо дар доираи ташаккули сиёсати андозии онњо ба маќсади коркарди тавсияњо љињати такмили раванди андозбандии ААИ муњим мебошад. Бањисобгирии сабабњо њангоми ташкилёбии сиёсати андозии ташкилот имкон медињад, ки оќибатњои номатлуби молиявии баргузарии баръакси андоз барои ташкилот пешгуї карда шавад, бахри љињати кам кардан ё бартараф кардани онњо чорањои мушаххас андешад.



    Расми 1.1.Намудњoи андoзњoи ѓайримустаќими амалкунанда дар Љумњурии Тoљикистoн.
    Њамин тавр, њангоми тањќиќи моњияти хоси андозњои ѓайримустаќим як ќатор аломатњои асосии онњо ба назар гирифта шуданд, аз чумла:

    • њангоми мављудияти вокеъии объектхои андозбандї ба миён меоянд;

    • андозњои ѓайримустаќим ба арзиши молњо (корњо, хизматрасонї) хамрох карда мешаванд;

    • маблаѓи андоз дар њама њуљљатњои муњосибї, инчунин дар хисоботхои мухосибї дар сатри алоњида инъикос карда мешаванд;

    • љамъоварандагони андозњо субъектњои хољагидор мебошанд, ки ба истехсоли мол ё хизматрасонї машгуланд;

    • супорандагони аслии андозњо истифодабарандагони нихои, худ истеъмолкунандагон (харидорони) молњо ба њисоб мераванд.

    Андозњои ѓайримустаќим, ин намуди андозњое мебошад, ки аз руи тарзи пардохт фарќ карда, нархи фуруши молњои андозбандишавандаро ба маблаѓи андози аз тарафи харидорони молњо (корњо, хизматрасонињо) пардохташаванда баланд менамояд, ки дар навбати худ супорандагони расмии онњо субъектњои хољагидор ба хисоб мераванд6.
      1.   1   2   3   4   5   6   7


    написать администратору сайта