Бахисобгирии ААИ оид ба арзишхои харидоришуда, дар мисоли ЧДММ “Шохин”. 987654321 - копия. Вазорати маориф ва илми УМурии тоикистон донишгои давлатии УУ, бизнес ва сиёсати тоикистон
Скачать 442.65 Kb.
|
БОБИ 2. Бањисобгири ва таҳлили андоз аз арзиши иловашуда оид ба арзишҳо, дар мисоли ЧДММ “Шохин” 2.1 Тартиби барасмиятдарории ҳуҷҷатии андозбандии андоз аз арзиши иловашуда. Арзиши амалиёти андозбандишаванда дар асоси арзише, аз ҷумла дар шакли натуралӣ, ки андозсупоранда аз мизоҷ ё аз ҳар шахси дигар мегирад ё ҳуқуқии гирифтанро дорад, аз ҷумла ҳама гуна боҷҳо, андозҳо ва ё дигар пардохтҳо, бе назардошти ААИ ва андоз аз фурўши чакана, муайян карда мешавад. Дар холате, ки андозсупоранда бар ивази амалиёти андозбандишаванда молҳо, корҳо ё хизматрасониҳоро ба даст орад ё ҳуқуии гирифтани онҳоро пайдо кунад, арзиши амалиёти андозбандишаванда нархи бозории ин молҳо корҳо ва хизматрасониҳоро (аз ҷумла ҳама гуна боҷ андоз ё дигар пардохтҳоро), бе назардошти ААИ ва андоз аз фуруши чакана дар бар гирифта мешавад15. Дар ҳолате, ки агар андозсупоранда бар ивази амалиёти андозбандишаванда ҳеҷ сарвате нагирад ё ҳуқуқи гирифтанро надошта бошад, арзиши амалиёти андозбандишаванда ба арзиши бозории молҳои таҳвилкардашуда, корҳои иҷрошуда, ё хизматрасонии андозсупоранда дар рафти чунин амалиёти андозбандишаванда (аз чумла хама гуна боч, андоз ва дигар пардохтҳо), бе назардошти ААИ ва андоз аз фуруши чакана, баробар дониста мешавад. Дар сурати бо мақсадҳои гайритичоратй истеъмол ё истифода бурдани молҳо (корҳо ё хизматрасониҳо) тибқи қисми 3 моддаи 206 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин ҳангоми таҳвили молҳо (иҷрои корҳо ё хизматрасониҳо) ба кормандони худ мувофиқи қисми 4 моддаи 206 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши амалиёти андозбандишаванда ба нархи бозории ин молҳо, корҳо ва хизматрасониҳо (аз ҷумла ҳама гуна боҷ андоз ва дигар пардохтҳо), бе назардошти ААИ, баробар аст. Дар холати гарави амвол (мол) арзиши чунин амалиёти андозбандишавандаи гаравдиҳанда бо назардошти маблағи қарзи барои гарави чунин амвол (мол) гирифта шуда, бе илова намудани ААИ муайян мегардад16. Хангоми фарқияти манфии арзиши амалиёти андозбандишаванда барои ҳисобкунии ААИ баробари сифр қабул карда мешавад. Қисмҳои 2 ва 4-и моддаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоме татбиқ карда мешвад, ки ҳисобкунии маблағи аксиз ба арзиши молҳои зераксизӣ ва меъёри аксиз, ки бо фоиз нисбати арзиш ифода шудааст, асос меёбад. Ҳангоми татбиқи меъёри адвалории аксиз ҳисобкунии маблағи андози аксиз бо роҳи зарби арзиши молҳои зераксизӣ мутобиқ қисмҳои 2-4 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ба меъёри адвалории муқарраршуда амалй карда мешавад.
Хангоми аз тарафи андозсупоранда маълумоти барои ҳисоб кардани андоз заруриро пешниҳод нашудан, мақомоти андоз ҳуқуқ доранд, ки андозро дар асоси ҳама гуна маълумоти дастрасбуда ҳисоб намоянд. Дар ин холат аз тарафи макомоти андоз, андозсупорандаи мазкур аз ҳисоб карда шудани ўҳдадории андоз огоҳ карда мешавад (расми № 1). Расми 1. Инъикоси маълумот дар огоҳномаи ҳисоби андоз Мақомоти андоз хукук доранд, маблағи ҳисобшудаи андозро аз шахсони воқеию ҳуқуқӣ дар мўҳлати 4 соли баъди ба охир расидани давраи андозбандӣ ҳисоб намоянд ва инчунин тағйир диҳанд, маблағи ҳисобшудаи (ислоҳшудаи) андозро бошад, дар мўҳлати 8 соли баъди ба охир расидани давраи андозбандӣ ситонанд. Бо меъёри сифр амалиётҳое, ки дар боби 30 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини шудаанд, андозбандй карда мешаванд. Муомилоти андозбандишаванда аз арзиши хамагии амалиётҳои андозбандишаванда дар давраи ҳисоботӣ иборат мебошанд. Маблағи андози аз муомилоти андозбандишаванда хисобшуда дигар мақсадҳо пешбинй шудааст, бояд пардохт намояд ё ки пардохтааст, ба хисоб гирифтани ААИ дар асоси вазни қиёсии истифодабарии онҳо дар фаъолияти соҳибкорй анҷом дода мешавад17. Доир ба молҳое (ичроиши корҳо ва хизматрасониҳо), ки барои мақсадҳои муомилотҳои озодкардашуда истифода мешаванд, ААИ-е, ки бояд ба тахвилкунандагон ва оид ба воридот пардохта шаванд, ба ҳисоб гирифта намешаванд. Ҳангоми мавҷуд будани муомилоти андозбандишаванда ва озодкардашуда бо интихоби андозсупоранда маблағи андоз аз арзиши иловашуда бо ёрии макомоти дахлдори андоз тартиб дода мешаванд. Маблағи ААИ, ки аз муомилоти андозбандишаванда дар давраи ҳисоботӣ ба буҷет бояд пардохта шавад, ҳамчун фарки байни маблағи андоз, аз муомилоти андозбандишаванда ҳисоб шудааст бо назардошти маблағи андоз, ки бояд ба ҳисоб гирифта шавад, муайян карда мешавад. 2.3 Тахлили амалиётхои андозбандишаванда оид ба андоз аз арзиши иловашуда. Дар солҳои 2017 то 2019 иҷроиши нишондихандаҳои даромадҳои буҷети давлатӣ сол ба сол зиёд карда мешавад. Тамоми воридоти маблагхои андозӣ зиёд шуд ва алалхусус ААИ. Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар Чумхурии Точикистон дар соли 2014 - 45605,2 млн.сомониро ташкил намуда (ҷадвали 1) дар соли 2016 ба 57346,0 млн. сомонӣ расид, ки дар давоми ду сол ба 11740,8 сомонӣ зиёд гардидааст. Агар бо чунин тарз пешравии иқтисодиёт давом ёбад, он гоҳ дар ҷамбасти соли 2017 он ба 64289,8 млн.сомонӣ ва дар соли 2018 он ба 72059,1 сомонӣ мерасад. Дар байни ин нишондиҳандаҳо нақши андоз аз арзиши иловашуда хеле калон ба назар мерасд. Дар соли 2014 воридот аз ин намуди андоз 4636,7 млн.сомониро дар бар гирифт, ки вазни қиёсии он нисбати ММД 7,1%-ро дар бар гирифтааст. Аз он 1483,8 млн. сомонӣ аз манбаҳои дохилӣ ва боқимонда маблаг бошад 3152,9 млн. сомонӣ аз хисоби манбаҳои берунӣ ба амал оварда шудаанд. Дар соли 2015 бошад, даромад аз ин намуди андоз 5037,2 млн.сомониро дар бар гирифт, ки вазни қиёсии он нисбати ММД 9,5%-ро ташкил медихад. Аз он 1726,8 млн. сомонӣ аз манбаҳои дохилӣ буда, 3310,4млн. сомонӣ аз манбаҳои берунӣ ворид гаштаанд. Дар соли 2016-ум бошад ин нишондиҳанда ба 5368,4 млн. сомонӣ расида вазни қиёсии он нисбати ММД ба 9,4% баробар шуд, ки ин хеле назаррас мебошад. Дар ин васила дар раванди пешравии иқтисодиёт ва давлат, иқтисодчиёни ватани дурнамои буҷетиро пешгӯи мекунанд, ки дар ҷамбасти соли 2017 даромад аз ин намуди андоз, яъне ААИ 6212,0 млн. сомониро ташкил дода дар соли 2018 бошад ба 7085,7 млн. сомонӣ баробар карда мешавад18. Дар давоми панҷсола, яъне аз соли 2014 то 2018 даромаднокии буҷети давлат аз ҳисоби танхо андоз аз арзиши иловашуда ба 2449 млн.сомонӣ зиёд мешавад ва дар навбати худ, вазни қиёсӣ низ аз 7,1% ба 9,8% расида, 2,7% болоравиро ташкил медихад, ки танхо аз худи ААИ мебошад.
|