Бахисобгирии ААИ оид ба арзишхои харидоришуда, дар мисоли ЧДММ “Шохин”. 987654321 - копия. Вазорати маориф ва илми УМурии тоикистон донишгои давлатии УУ, бизнес ва сиёсати тоикистон
Скачать 442.65 Kb.
|
Хусусиятњои андоз аз арзиши иловашуда дар Љумњурии Тољикистон. Андоз аз арзиши иловашуда аз андозњои маъмули ѓайримустаќим буда, аз лињози фискалї аз андозњои афзалиятнок дар буљети давлатии кишвар (њиссаи андоз 20 - 21 фоизи воридоти умумии андозиро ташкил медињад) ба шумор меравад. Бори аввал андоз аз арзиши иловашуда дар Фаронса соли 1958 (аз тарафи Морис Лоре) љорї карда шуда, дар Љумњурии Тољикистон аз 01.01.1992 огоз намуда, мавриди амал ќарор додашудааст. Ќонуни аввала оид ба андози арзиши иловашуда “Дар бораи андоз аз арзиши иловашуда” ном дошта, огоз аз соли 1999, боби 24-уми Кодекси андози Љумњурии Тољикистон муќаррар карда шуда буд. Дар зери мафњуми андоз аз арзиши иловашуда, андози ѓайримустаќим фањмида мешавад, ки дар њамаи марњилаи фурўши мол (кору хизматрасонї), аз сикли истењсолї то ба истеъмолкунанда ситонида шудааст. Супорандагони андоз ба ду гурўњ људо мешаванд: супорандагони андоз аз арзиши иловашудаи “дохилї”, яъне андоз аз арзиши иловашудаи њангоми фурўши молњо, корхо ва хизматрасонихо дар каламрави Љумњурии Тољикистон пардохташаванда; супорандагони андози арзиши иловашудаи “воридотї”, яъне андоз аз арзиши иловашуда, ки њангоми воридоти молњо ба њудуди Љумњурии Тољикистон пардохташаванда мебошанд. Супорандагони андоз аз арзиши иловашуда, инхо субъектњои соњибкорие мебошанд, ки даромади умумии онњо барои соли таќвимии гузашта аз як миллион сомонї зиёд гардидааст. Субъекти соњибкор уњдадор аст, ба маќомоти андоз дар мањалли бањисобгирии худ, оиди баќайдгирї барои маќсадњои андоз аз арзиши иловашуда якљоя бо ариза барои гузаштан ба низоми умумии андозбандї ариза пешниход намоянд7. Расми 1.2. Супорандагони андоз аз арзиши иловашуда Њангоми пешниходи ариза оиди баќайдгирї барои маќсадњои андоз аз арзиши иловашуда, маќомоти андоз ўњдадор мебошад соњибкорро дар фењристи супорандагони андоз аз арзиши иловашуда ба ќайд гирифта, дар давоми 10 рўзи пас аз супоридани ариза ба ў дар хусуси аз рўи андоз аз арзиши иловашуда ба ќайд гирифта шуданаш шањодатнома пешниход намояд. Супорандагони андоз аз арзиши иловашуда шуда метавонанд, ташкилот (аз љумла ѓайритиљоратї), соњибкорони инфиродї ва ашхосе, ки молњоро тавассути сарњади гумрукии Љумњурии Тољикистон интиќол медиханд. Тибќи талаботи ќонунгузории љории андоз аз санаи 1 январи 2017 сол, новобаста аз њадди даромад андозсупорандагони зерин супорандаи андоз аз арзиши иловашуда ба њисоб мераванд: фондњои инвеститсионї, иштирокчиёни касбии бозори ќоѓазњои ќимматнок, ташкилоти суѓуртавї ва ќарзї, истифодабарандагони сарватњои зеризаминї. Объектњои андозбандии андоз аз арзиши иловашуда амалиёти андозбандишаванда ва воридоти андозбандишаванда мебошанд. Субъекти соњибкорї дар давоми фаъолияти соњибкории худ тањвили молњо, иљроиши корњо ва хизматрасонињоро (ба истиснои тањвили молњо, иљрои корњо ва хизматрасонињое, ки аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод карда шудаанд) дар каламрави љумњурї анљом медињад. Агар андозсупоранда, молњоро (корњо ва хизматрасонињоро) бо пардохти андоз аз арзиши иловашуда харидори карда бошад ва маблаѓи дахлдорро ба њисоб гирад (ё њуќуќи ба њисоб гирифтанро дошта бошад), истифодаи ингуна молњо (иљроиши корњову хизматрасонињо) ё натиљаи истифодаи молњо (иљроиши корњо ва хизматрасонињо) барои фаъолияти ѓайрисоњибкорї амалиёти андозбандишаванда њисобида мешаванд. Фуруши молњо, иљроиши корњо ва хизматрасонињои андозсупоранда ба кормандони худ ва њар шахси дигаре, ки супорандаи ААИ намебошанд, аз љумла ройгон, амалиёти андозбандишаванда мебошанд. Амалиёти андозбандишаванда, хизматрасонї ё иљроиши корњои берун аз ќаламрави мамлакат анљомдодашударо дар бар намегирад. Субъекти соњибкорї, воридоти молу мањсулот ё воситаи наќлиётро ба ќаламрави Љумњурии Тољикистон анљом медињад, ки ин намуди воридот, воридоти андозбандишавандаи андоз аз арзиши иловашуда ба њисоб меравад, дар холате, ки нисбат ба ин молњо озодкунии аз андоз аз арзиши иловашуда пешбинї нагардида бошад. Дар ин холат соњибкори воридоткарда уњдадор мебошад, ки андоз аз арзиши иловашударо аз арзиши гумрукии мол ё воситаи наќлиёт, ки тибќи Кодекси гумруки Љумњурии Тољикистон муайян карда мешавад, ба буљети давлатї пардохт кунад. Арзиши амалиёти андозбандишаванда дар асоси маблаѓ ки андозсупоранда њангоми фуруши мол, иљрои кор ва хизматрасонї аз мизољ ё њар шахси дигар мегирад, муайян карда мешавад. Арзиши воридоти андозбандишаванда ин арзиши гумрукии молњо, ки тибќи ќонунгузории гумрук муайян карда шудааст, инчунин љамъи маблаѓи бољи гумрукї ва дигар андозњо мебошад. Фуруши молњо аз тарафи супорандаи андоз аз арзиши иловашуда, ба истиснои истифодабарии меъёри пасткардашуда, ки ин молњоро дар натиљаи амалиёти андозбандишавандаи андоз аз арзиши иловашуда харидааст, аммо мутобиќи боби 21-уми Дастурамали мазкур, њангоми харидори намудани ин молњо барои бањисобгирии маблаѓи андоз аз арзиши иловашуда њуќуќ надошт, њамчун амалиёти андозбандишаванда њисоб карда намешавад. Агар њангоми харидори намудани молњо, њисобгирї ќисман иљозат дода нашуда бошад, он гох андозаи амалиёти андозбандишаванда мутаносибан ба њиссаи бањисобгирии иљозатнашуда кам мегардад. Озодкунї доир ба андоз аз арзиши иловашуда маънои онро дорад, ки фуруши молњо, иљроиши корхо ва хизматрасонињо, инчунин воридоти аз андоз аз арзиши иловашуда озодкардашуда амалиёти андозбандишаванда намебошанд ва арзиши онњо аз љониби андозсупоранда ба амалиёт ва воридоти андозбандишаванда дохил намешаванд. Меъёрњои андоз аз арзиши иловашуда дар Љумњурии Тољикистон: 18% - стандартї 10% - њангоми воридоти гандум 0 % - меъёри сифрї (њангоми содироти молњо)8. Тибќи муќаррароти моддаи Кодекси андози Љумњурии Тољикистон андозсупорандагон њуќуќ доранд аз иљрои уњдадории пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод карда шаванд, аз љумла дар сурати аз њадди даромад, яъне як миллион сомонї зиёд нагардидани њаљми даромади умумии андозсупоранда дар давоми давраи пешинаи давомнокиаш на зиёда аз дувоздах моњи пурраи муттаасили таќвимї. Андоз аз арзиши иловашуда дар моддаи 159-уми Кодекси андози Љумњурии Тољикистон пешбинї карда шудааст ва ба андозњои умумидавлатї шомил мебошад. Њиссаи андози арзиши иловашуда дар буљети давлатии Љумњурии Тољикистон дар маљмуъ зиёда аз 40 фисади воридоти умумии маблагхои буљетро ташкил менамояд. Андоз аз арзиши иловашудаи “бароришї” ин дар њолате, ки субъект андоз аз арзиши иловашударо ба маблаѓи умумии аз харидорон гирифташаванда њисоб мекунад. Субъекти иктисоди њуќуќ дорад, ки андози њисобшударо ба маблаѓи андози арзиши иловашудаи “воридотї” – ро аз рўи хариди молњо тарх намояд. Фарќият байни андоз аз муомилоти фурўш њисобшуда ва андози њангоми харидори пардохтшуда, маблаѓи андози ба буљет пардохташаванда мебошад. Маблаѓи андоз аз арзиши иловашуда, ки ба буљет пардохт карда мешавад њангоми истифодаи меъёри стандартї, њамчун фарќи байни маблаѓи андози аз амалиёти андозбандї њисобшуда ва маблаѓи андози њангоми хариди молњо, иљроиши корхо ва хизматрасонињо пардохташуда, хисоб карда мешавад. Љадвали 1.1. Меъёр,_объект,_давраи_андоз_ва_м_у_њ_лат_њ_ои_пешни_њ_оди_њ_исоб_оти_андоз_аз_арзиши_иловашуда'>Меъёр, объект, давраи андоз ва муњлатњои пешнињоди њисоботи андоз аз арзиши иловашуда
Сарчашма: дар асоси талаботи моддањои 164 – 181 Кодекси андози Љумњурии Тољикистон тартиб дода шудааст Дар вакти гузаштан ба низоми умумии андозбандї, маблаѓњои андоз аз арзиши иловашуда, ки супорандагони андози тибки низоми соддакардашуда барои баќияи молњои харидаашон супоридаанд, аз љониби низоми умумии андозбандї доир ба андоз аз арзиши иловашуда ба њисоб гирифта мешаванд. Маблаѓњои ААИ, ки то баќайдгирї ба сифати пардохткунанда оид ба андоз аз арзиши иловашуда нисбати боќимондаи молњои бо меъёри стандартї харидоришуда, ки каблан њангоми андозбандї аз даромади андозбандишаванда тарњ нашуда буданд, њангоми истифодаи меъёри стандартї пас аз баќайдгирї ба сифати супорандаи ААИ тибќи тартибе, ки Кодекси андоз пешбинї кардааст, ба њисоб гирифта мешаванд9. Дар њолати истењсол намудани молњо, иљроиши корњо ва хизматрасонињо аз масолех ва маводи фармоишдиханда, њангоме, ки соњиби масолех, мавод ва мањсулоти коркарда худи фармоишгар мемонад, амалиёти андозбандишаванда барои коркардкунанда (истењсолкунанда, иљрокунанда) оид ба коркарди масолеху мавод барои молњо ба њисоб меравад. Хама гуна молњо, махсулотхо ва воситањои наќлиёти ба ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон воридшаванда, тибќи ќонунгузории гумрук воридоти андозбандишаванда њисобида мешаванд. Субъектони соњибкор - ѓайрирезидент, ки дар Љумњурии Тољикистон ќайди андозї надорад, барои хизматхои расонидашуда андози даромад пардохт намоянд. Дар ин маврид, соњибкор бояд уњдадории агентии андозро иљро намуда, ААИ-ро њисоб намояд ва ба буљети давлатї пардохт намояд. Агенти андоз, ин андозсупоранда – ташкилот ё соњибкори инфиродии дар каламрави Љумњурии Тољикистон фаъолияткунанда мебошад. Маблаѓи андоз бо татбиќи меъёри 18 % ба маблаѓи ба ѓайрирезидент пардохтшаванда, баъд аз нигоњ доштани андоз хисоб карда мешавад. Уњдадории андозсупорандагон оид ба андоз аз арзиши иловашуда ба буљет ба зиммаи таъминотчиён, иљрокунандаи корхо ва хизматрасонихо гузошта мешавад. Бањисоб гирифтани амалиёт дар њолате иљозат дода мешавад, ки агар молу корњо ё хизматрасонињо ба маќсадњои фаъолияти соњибкории андозсупоранда истифода шуда бошад. Ислохоти муомилоти андозбандишаванда вобаста ба амалиёти андозбандишавандаи андозсупоранда дар њолатњои зерин: инкор кардани амалиёт ё таѓйирёбии хусусияти он; иваз гардидани арзиши амалиётии андозбандишаванда; таѓйир ёфтани љуброни мувофиќашуда барои амалиётхо бо сабаби камшавии арзиш ва бо дигар сабабњо; пурра ва ё ќисман баргардониши молњо ба андозсупоранда (ќабул накардани кор ва ё хизматрасонии ба итмом расида аз тарафи андозсупоранда); тарњ намудани ќарзњои шубњанок тибќи моддаи 115 Кодекси андоз, гузаронида мешавад. Хангоми андозсупоранда дар натиљаи яке аз сабабњои пешбинишуда њисобнома – фактураро оид ба андоз аз арзиши иловашуда пешнињод карда бошад, ки дар он маблаѓи андоз аз арзиши иловашуда нодуруст инъикос карда шуда бошад, дар эъломияи андоз аз арзиши иловашуда маблаѓи андоз аз арзиши иловашударо нодуруст кайд карда бошад, пас арзиши амалиёти андозбандишаванда тасњењ карда мешавад10. Тасњењи амалиётњои андозбандишаванда дар асоси њисобнома – фактураи иловагї ва ё тасњењї оид ба андоз аз арзиши иловашуда ё дигар њуљљатњо, ки фарорасии њолатњои пешбинишудаи ќонунгузорї баъди содир кардани амалиёти ибтидоии андозбандишаванда тасдиќ менамоянд, ичро карда мешавад. Раванди низоми маъмурикунонии андоз аз арзиши иловашуда исбот менамояд, ки ин намуди андоз нисбати дигар андозњои амалкунанда мураккаб буда, омўхтан ва пурра татбиќ намудани амалии хусусиятњои он ба андозсупорандагон ва маќомоти андоз мушкилињоро ба миён меорад. Дар низоми маъмурї гардонидани андоз, њисобнома-фактурањои ААИ ва аксизњо наќши муњимро дорад. Њисобнома–фактураи ААИ барои дуруст ва пурра ба њисоб гирифтани амалиётњои андозбандишавандаи шахсони њукукї, баъдан ба андозбандї љалб намудани манбаъњои андозбандї пешбинї гардидааст. Ашхосе, ки ба сифати супорандаи андоз аз арзиши иловашуда ба ќайд гирифта шудаанд ва аз рузи амалї гардидани баќайдгирї барои маќсадњои андози арзиши иловашуда ўњдадор мебошанд, њангоми иљрои амалиёти андозбандишаванда ба ќабулкунандаи молњо, иљроиши корњо, ё хизматрасонї њисобнома – фактурањо андоз аз арзиши иловашуда ва аксизњоро пешнињод намоянд. Барои амалї намудани Барномаи рушди маъмурї гардонидани андоз, барномаи бурдани њисобот ва пешнињоди њисобнома – фактурањои андоз аз арзиши иловашуда дар шакли электронї наќши мухимро ичро менамояд. Баъд аз мавриди истифода ќарор гирифтани барномаи мазкур, андозсупорандагон имкон пайдо намуданд, ки бо истифодаи шабакаи “Интернет” аз утоќи кории худ набаромада, њамаи амалиётњои ба андозбандї алоќамандро анљом дињанд, ваќти сарфанамудаи худро на барои пешнињоди њисоботу эъломия, балки ба фаъолияти асосии худ равона созанд. Боиси кайд аст, ки чунин тартиби корбарии барнома оид ба пешнињоди њисобнома – фактурањои андоз аз арзиши иловашуда дар таљрибаи давлатњои Осиёи Миёна ва Федератсияи Руссия, бори аввал дар Тољикистон ба роњгузорї шудааст. Барномаи андоз, ба таври пурра автоматикунонидашуда барои истифода намудани он андозсупорандагонро лозим меояд, ки маълумоти мизољони худ, намуди амалиёти соњибкориро бо маблаѓи шартномаи тарафайн ворид намоянд. Барнома ба таври автоматикї њисобнома–фактураи андози арзиши иловашуда ташкил намуда, ба андозсупоранда пешнињод мегардонад. Тибќи фармоиши Раиси Кумитаи андоз тахти №220 аз 30.06.2015, дар миќёси љумњурї шуруъ аз 1-уми июли соли 2015 истифодаи шакли коѓазии њисобнома–фактураи ААИ ва аксизњо манъ карда шуда, тањияи њисобнома – фактураи андоз аз арзиши иловашуда ва аксизњо тариќи электронї љорї карда шудааст. Инчунин, дар асоси фармони №438 аз 29.12.2015 шуруъ аз 01.01.2016, бо баробарии истифода бурдани шакли электронии њисобнома-фактурањои ААИ, шакли соддакардашудаи њисобнома-фактураи ААИ ва аксизњо љорї карда шудааст, ки дар њолатњои муќаррарнамудаи ќонунгузорї њамаи супорандагони андози арзиши иловашуда метавонанд аз он истифода баранд. Гузариш намудан ба шакли электронии пешнињоди њисобнома – фактураи ААИ ба раванди электроникунонии пешнињоди эъломия таќвият бахшида, имкон медињад, ки амалиётњои андозбандишавандаи дохилї дар мавриди хариду фурўши мол, истењсол, иљроиши корхо ва хизматрасонї тањти назорат гирифта, манбаъњои иловагии андозро муайян менамояд ва ба андозбандї љалб карда мешавад. Бо маќсади маъмурї гардонидани ААИ, барномаи компютерии Системаи иттилоотии андоз «Андоз аз арзиши иловашуда ва пайгирии њисобнома – фактурањо» такмил дода шуда, шуруъ аз санаи 1-уми июли соли 2015, пешнињод намудани њисобнома – фактурањои ААИ ва аксизњо дар шакли электронї љорї карда шуд. Баъд аз љорї намудани низоми пешнињоди электронии њисобнома – фактурањои андоз аз арзиши иловашуда ва аксизњо, кори андозсупорандагон нисбатан содда ва осон гардидааст. Огоз аз санаи 1уми январи соли 2016, алоќамандии њисобнома - фактурањои пешниходшуда ва ќабулшуда ба нишондодњои амалиёти фуруш ва хариди мол, иљрои кор ва хизматрасонии эъломияи андоз аз арзиши иловашуда љорї карда шуда, ба эъломияи андоз аз арзиши иловашуда ворид шудани маълумотњои мошинањои назоратї – хазинавии дорои хотираи фискалї ба роњ монда шуд. Оиди дигаргун намудани истифодаи њисобнома – фактурањои электронї барномаи компютерии андоз такмил дода шуд: огоз аз якуми январи соли 2016,вобастагии њисобнома – фактурањои навишташуда ва ќабулкардашуда ба нишондодњои амалиёти фуруш ва хариди мол, иљроиши корхо ва хизматрасонии дар эъломияи андоз аз арзиши иловашуда љорї карда шуда, ба эъломияи ААИ ворид гардидани маълумотњои мошинањои назоратї – хазинавї ба роњ монда шудааст; ба њисоби андзсупоранда воридшавии маълумоти амалиёти андозбандишаванда, ки њисобнома – фактураи электронї навишта шудааст, ба таври автоматики дар нишондоди тањвили андозсупоранда роњгузорї карда шудааст; бо воситаи барномаи андоз ба ќисми воридоти молњо дохил шудани нишондињандањои њисобнома – фактурањои хариди молњо, иљроиши кор ва хизматрасонињои навишташуда аз тарафи фурўшандагони молу корњо ба роњ монда шудааст; дар барномаи электронии андоз ба эъломияи андоз аз арзиши иловашуда таѓйирот ворид карда шудааст, ки замимањои эъломия аз 7 адад то ба 10 адад зиёд шудааст; бањри дастрасии маълумоти мошинњои назоратї – хазинавии дорои хотираи фискалї, ки таљњизоти интиќолдињандаи маълумот дорад, дар эъломаия замимаи 9 дар шакли электронї ва барои маълумоти мошинњои назоратї – хазинавие, ки таљњизоти интиќолдињандаи маълумот насб нашудааст, замимаи 10 пешбинї карда шудааст. Супорандагони ААИ бояд дарк намоянд, ки бе истифодаи њисобнома – фактурањои андоз аз арзиши иловашуда ва бе истифодаи мошинњои назоратї – хазинавии дорои хотираи фискалї пешнињоди эъломияи андоз аз арзиши иловашуда номумкин аст. Дар ќисми 15-уми моддаи 186-и “Кодекси андози Љумњурии Тољикистон” њангоми фуруши чаканаи молњо, корњо ва хизматрасонињо ба харидороне, ки супорандагони ААИ нестанд, бар ивази њисобнома – фактурањои андоз аз арзиши иловашуда ва аксизњо, расид (квитансия) ё њисобнома – фактураи соддашуда ва ё чиптаи мошини назоратї – хазинавии дорои хотираи фискалиро пешбинї намудааст. Аз њамин сабаб, дар асоси фармоиши раиси Кумитаи андози назди Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 29.12.2015, №438 шакли соддаи њисобнома – фактурањои ААИ ва аксизњо тасдиќ карда шуда, огоз аз санаи якуми январи соли 2016, истифодаи њисобнома – фактурањои содакардашудаи электронї љорї карда шуд11. Аз руи тањлилњои гузаронидашудаи пешнињоди электронии њисобнома – фактурањо нишон дод, ки баъзе андозсупорандагон њисобнома – фактураи электронї навишта, эъломияи ААИ-ро пешнињод намекунанд, аммо ширкатњои харидор бошанд, ин маблаѓњоро ба њисоб гирифтаанд. Барои бартарафсозии норасогихо, дар барнома мањдудияти хисобгирї љорї карда шуд ва дар асоси он то ваќте, ки фурўшанда эъломия пешнињод накунад, ташкилоти харидор имкони ба хисоб гирифтани маблаѓи андозро надорад. Њисобнома – фактураи навишташудаи ААИ ба сахифаи электронии мизоч ворид шуда, то ваќте ки фурушанда эъломия пешнињод накунад ба ќисми харид ворид намешавад ва бо ранги сурх ишора мешавад. Хангоми аз тарафи харидорон нагирифтани тасдики эъломияи фуруш то то санаи 15-уми моњи минбаъда, имконият доранд, ки баъди санаи 15 бо пешнињоди эъломияи ислоњотї маблаѓњои хариди худро ба њисоб гиранд. |