Главная страница
Навигация по странице:

  • Тањлили ќиёсии меъёри андози аксизї дар Љумњурии Тољикистон ва Љумњурии Ќирѓизистон дар соли 2017

  • Меъёри андоз аз арзиши иловашуда дар мамлакатњои ИДМ дар соли 2017

  • Тољикистон Озарбољон Ќирѓизистон Россия

  • Бахисобгирии ААИ оид ба арзишхои харидоришуда, дар мисоли ЧДММ “Шохин”. 987654321 - копия. Вазорати маориф ва илми УМурии тоикистон донишгои давлатии УУ, бизнес ва сиёсати тоикистон


    Скачать 442.65 Kb.
    НазваниеВазорати маориф ва илми УМурии тоикистон донишгои давлатии УУ, бизнес ва сиёсати тоикистон
    АнкорБахисобгирии ААИ оид ба арзишхои харидоришуда, дар мисоли ЧДММ “Шохин
    Дата08.02.2021
    Размер442.65 Kb.
    Формат файлаdocx
    Имя файла987654321 - копия.docx
    ТипДокументы
    #174826
    страница3 из 7
    1   2   3   4   5   6   7

    Таљрибаи татбиќ намудани андоз аз арзиши иловашуда дар мамлакатхои хориља ва Љумњурии Тољикистон


    Андоз аз арзиши иловашуда яке аз муњимтарин сарчашмаи воридоти даромади буљети давлатї ба њисоб меравад (дар соли 2018 аз ин намуд воридоти зиёда аз 2,1 млрд.сомони ба бучет таъмин гардидааст). Андоз аз арзиши иловашуда андози хеле мураккаб буда, омўзиш ва татбиќи пурраи амалии хусусиятњои он, ба андозсупорандагон ва бу худи маќомоти андоз мушкилињои љиддї ба миён меорад.

    Андоз аз арзиши иловашуда ба ѓайр аз наќши фискалї доштан, инчунин бо маќсади танзими иќтисодиёт, њамчунин ќисми асосии фишанги муттањидсозандаи иќтисодї истифода мешавад.

    Аз њамин лихоз амалиёти андози мазкур дар кишварњои Иттињоди Давлатњои Мустаќил шарти муњим дониста шуда, фарќияти меъёрии ин намуди андоз байни давлатхо густариши робитањои иќтисодиро мушкил мегардонанд. Равобити иќтисодии байни давлатї водор месозад, ки давлатњои њамкорикунанда меъёри андоз аз арзиши иловашударо дар сатњи ќариби баробар нигоњ доранд.

    Хамзамон бояд иброз дошт, ки яке аз муаммоњои механизми андозбандии арзиши иловашуда меъёри муайяншудаи он ба њисоб меравад. Дар аксар њолатњо норозигии соњибкорон нисбати баландии меъёри андоз аз арзиши иловашуда дида мешавад. Омўхтани масоили номбаршуда хангоми тањлил нишон дод, ки меъёри ААИ дар љумњурињои Ќазоќистон ва Ќирѓизистон 12 фисад ва дар љумњурии Ўзбекистон 20 фисад муќаррар шудааст.

    Инчунин, дар Љумњурии Ќирѓизистон ѓайр аз андоз аз арзиши иловашудаи (12 %), андоз аз фурўш низ муќаррар карда шудааст, ки объекти андозбандии он фуруши молњо, иљроиши корњо ва хизматрасонї мебоашд ва меъёри он то 5 фоиз муќаррар гардидааст (меъёри баланд 5 фоиз барои хизматрасонии алоќаи мобилї). Алхол дар Љумњурии Тољикистон чунин меъёрњои андоз аз арзиши иловашуда муќаррар шудааст:

    • 5 фисад - меъёри пасткардашуда барои иљрои корњои сохтмонї, хизматрасонии таълимї, муассисањои хуроки омма;

    • 10 фисад - њангоми воридоти гандум;

    • 18 фисад - меъёри стандартї;

    • сифрї - њангоми содироти молњо.

    Вобаста ба ин, бо назардошти кам нагардонидани мабалги воридоти андоз аз арзиши иловашуда ба буљети мамлакат, мавриди баррасї ќарор додани масъалаи паст намудани меъёри ААИ бояд њатман дар њамоњангсозї бо масъалаи дарёфти манбаъњои нави воридот ба бучет, аз љумла пурзўр намудани назорати воридоти мол (пешгирии ќољоќи мол), таљдиди назар кардани нишондињандањои дурнамои даромади буљети давлатї ба мувофиќи маќсад мебошад.

    Бањри дастгирии истењсолкунандагони дохилии ватанї, мусоидат ба афзоиши истењсоли мањсулоти босифати раќобатпазир ва бањри содирот пешбинишуда ва дар ин асос таъсиси љойњои нави кор ба шањрвандон, инчунин, бо назардошти таљрибаи давлатњои њамсоя (амсоли Љумњурињои Ќазоќистон ва Ќирѓизистон), давра ба давра дар њар сол 2 фоизї (аз 18 фоиз то 12 фоиз) паст кардани меъёри ААИ мувофиќи маќсад аст. Чунки то 12 фисад паст намудани меъёри андоз аз арзиши иловашуда пастшавии нархњои бозории молњои воридотї ва бењтар гардонидани сатњи некўањволии ањолї мегардад.

    Дар шароити љањонишавї ва њамгироии иќтисодии мамлакатњо субъектњои соњибкорї ниёз ба дастгирии давлатї љињати содагардонии танзими фаъолияти соњибкорї доранд.

    Таљрибаи мамлакатњои аъзои ИДМ нишон медињад, ки дар чунин шароит тамоми кушишу њаракатњои худро бањри мусоид намудани фазои пешбурди соњибкории ояндадор ва сармоягузорї равона менамояд ва бо ин васила бахши хусусиро дастгирї мебахшад.

    Дар ин радиф, баробари таќвият ёфтани равандњои њамгироии иќтисодии минтаќавї дар мамолики ИДМ ва ташкили иттињоди гумрукии Иттифоќи иќтисодии АвруОсиё, ки ба он Љумњурии Беларус, Федератсияи Руссия, Арманистон, Љумњурии Ќазоќистон ва Љумњурии Ќирѓизистон дохил шудаанд, шароитњои пешбурди соњибкорї ва фазои сармоягузорону соњибкорї дар мамолики аъзои он нисбат ба Љумњурии Тољикистон ба ќадри назаррас бењтар гардид.

    Бењтар гардидани фазои софи корбарии соњибкорї дар мамолики минтаќа асосан бо истифодаи меъёри сифрии андоз аз арзиши иловашуда, озодкунї аз пардохти андози аксизї ва бољи гумрукї њангоми барасмиятдарории содирот вобаста мебошад. Дар натиљаи нисбатан мусоид гардидани фазои соњибкории мамолики минтаќа тамоюли ба љумњурињои њамсоя (Ќирѓизистон ва Ќазоќистон) рафтани соњибкорони ватанї ба назар мерасад. Аз љумла, дар Ќирѓизистон љињати ба роњ мондани коркарди мањсулоти кишоварзї ва содироти он шароити хеле мусоид фароњам оварда шудаанд, ки таваљљўњи соњибкорони кишвари моро љалб намудааст. Хусусан пас аз ворид шудани Љумњурии Ќирѓизистон ба ЕАЭС барои кишвари мазкур бо назардошти љойгиршавии љуѓрофї имкониятњои васеъ фароњам оварда шуд.

    Боиси тазањњур аст, ки Љумњурии Ќирѓизистон имрўз дар минтаќаи ИДМ дар самти “реэкспорт” – коркарди мањсулоти кишоварзї, масолењи сохтмонї ва дигар молњои ниёзи мардум мавќеи худро тавассути фазои нисбатан софу мусоиди соњибкорї мустањкам карда истодааст. Ин њолат ба Ќирѓизистон имконияти фаъолона истифода намудани мавќеи љуѓрофии худро њамчун кишвари “миёнарав” байни Тољикистон ва Федератсияи Руссия ва Ќазоќистон дар тањвили мол ва воситањои наќлиёт ба вучуд оварда, ба афзоиши содирот ва воридоти ќочоќи молу мањсулот ба Тољикистон мусоидат менамояд12.

    Омилњое, ки ба воридоти ѓайриќонунии мол ва воситањои наќлиёт сабаб шуда метавонад, фарќияти назаррас дар меъёрњои андозњои давлатњои њамсоя мебошад. Барои мисол, маълумот оид ба меъёрњои андози аксизии Љумњурии Тољикистон ва Ќирѓизистон ба тариќи ќиёсї оварда мешавад:


    Љадвали 1.2.

    Тањлили ќиёсии меъёри андози аксизї дар Љумњурии Тољикистон

    ва Љумњурии Ќирѓизистон дар соли 2017

    Рамз

    Намуди моли андози зераксизї

    Тољикистон

    Ќирѓизистон

    Тафовут

    2201

    обњо, маъдании табиї ва сунъї

    0,02 евро барои 1 воњид

    мављуд нест

    0,02

    2202

    обњо, маъдании табиї ва сунъї

    0,03 евро барои 1 воњид

    мављуд нест

    0,03

    220290

    пивои ѓайриспиртї

    0,10 евро барои 1 воњид

    мављуд нест

    0,1

    2710

    бензин

    55 евро барои 1 тонна

    15 евро барои 1 тонна

    40

    2710

    сўзишвории дизелї

    8 евро барои

    1 тонна

    2,7 евро барои 1 тонна

    5,3

    2710

    сўзишвории авиатсионї

    25 евро барои

    1 тонна

    мављуд нест

    25

    3403

    равѓани молиданї

    60 евро

    1 тонна

    мављуд нест

    60

    2711

    гази моеъ

    8 евро барои

    1 тонна

    мављуд нест

    4

    4011 - 4012

    шина барои автомошина

    13%

    мављуд нест

    13%

    7113 - 7115

    маснуоти заргарї

    2$ барои

    1 грамм

    мављуд нест

    2$ барои

    1 грамм

    Сарчашма: дар асоси маълумоти њисоботии Кумитаи андози назди Њукумати Љумњурии Тољикистон тартиб дода шудааст

    Чунончи, њангоми барасмиятдарории як ќатор шарбати нектари аз Љумњурии Украина воридшаванда маблаѓи пардохтњои гумрукї дар Љумњурии Ќирѓизистон 47 000 сомониро ташкил медињанд. Хангоми барасмиятдарории гумрукї воридоти ин миќдор махсулот дар Љумњурии Тољикистон ба маблаѓи 90 000 сомонї пардохтњои гумрукї хисоб мешавад, ки дар киёси Љумњурии Ќирѓизистон ба маблаги 43 000 сомонї ва ё дар хачми 91 фисад зиёд мебошад. Мањз њамин тафовут соњибкоронро водор месозад, ки аввал молро ба Љумњурии Ќирѓизистон ворид намуда, сипас бо истифода аз роњњои ѓайрирасмї ба тариќи ќочоќ ба марзи љумњурии мо ворид намоянд. Вобаста ба ин, барои пешгирии воридоти ќочоќи молу мањсулот, таъмини фазои софи раќобатї дар мамлакат ва мутобиќ намудани меъёрњои андози аксизии Љумњурии Тољикистон ба Љумњурии Ќирѓизистон ва дигар мамлакатхои њамсоя дида баромадани меъёрњои андози аксизї дар Тољикистон лозим мебошад.

    Бо баробари фарќияти аён дар меъёрњои андози аксизї барои њавасмандгардонии субъектњои соњибкорї дар соњаи истењсолї, тибќи ќонунгузории амалкунандаи Љумњурии Ќирѓизистон воридоти як ќатор молњои лозимаи хоричї ба њудуди мамлакат тибќи моддањои 257, 258 ва 259 Кодекси андози Љумњурии Ќирѓизистон аз андоз аз арзиши иловашуда имтиёз ё худ озод карда шудаанд. Инчунин, тибќи банди 1-уми моддаи 259, Кодекси андози Љумњурии Ќирѓизистон ворид кардани воситањои асосии ба њудуди гумрукии Љумњурии Ќирѓизистон аз тарафи субъектњои хољагидорие, ки ба сифати пардохткунандаи андоз аз арзиши иловашуда ба ќайд гирифта шудааст, мустакиман ба маќсадњои истењсолии худ ворид карда мешаванд, аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешаванд13. Мутобиќи банди 3 - юми моддаи 259 - и Кодекси андози Љумњурии Ќирѓизистон ворид кардани воситањои асосї аз љониби истењсолкунандагони мањсулоти кишоварзї ва кооперативи кишоварзї бевосита ба маќсадњои истењсолии худї ва барои аъзои кооперативи истехсолї ва ё субъекти хољагидор аз рўи шартномаи иљораи молиявї, новобаста аз баќайдгирии ин субъекти хољагидор ба сифати пардохткунандаи андоз аз арзиши иловашуда, аз пардохти ин намуди андоз озод карда мешавад.
    Љадвали 1.3.

    Меъёри андоз аз арзиши иловашуда дар мамлакатњои ИДМ дар соли 2017



    Тољикистон

    Озарбољон

    Ќирѓизистон

    Россия

    Ќазоќистон

    Меъёри ААИ

    18%

    18%

    12%

    18%

    12%

    Манбаи андоз

    арзиши иловашуда

    арзиши иловашуда

    арзиши иловашуда

    арзиши илова-

    шуда

    арзиши иловашуда

    Усули пардохт

    электронї

    электронї

    -

    онлайн

    онлайн

    Шумораи пардохт дар як сол, адад

    12

    1

    12

    1

    1

    Њаљми ваќт барои пардохт

    (соат)

    154

    57

    95

    39

    43

    Њиссаи андоз дар гаронии умумии андоз,

    0

    0

    0

    0

    0

    Гаронии андоз

    (% аз фоида)

    81,8%

    39,8%

    29%

    47,1%

    29,2%

    Сарчашмаи маълумот: ахбори тањлилии Кумитаи андози назди Њукумати Љумњурии Тољикистон
    Чи хеле, ки аз маълумоти љадвал маълум аст, меъёри андоз аз арзиши иловашуда дар Љумњурии Ќирѓизистон 12 фоизро ташкил медињад, ки сатњи он нисбат ба меъёри андоз аз арзиши иловашуда дар љумњурињои мо 50 фисад паст буда, маъмурикунонии он бо вуљуди љорї гардидани низоми электронии хисобгири ва пардохт њоло њам на он кадар содда боќї мемонад.

    Мувофиќи Кодекси андози Љумњурии Тољикистон њангоми воридот барои молњои истифодаи мактабї, хўроки бачагона, гандум, нурињои минералї, тухмињои растанї, чорвои хушзот, таљњизоти технологї ва фондњои асосї аз супоридани андози арзиши иловашуда озод мебошанд. Њол он ки барои ин номгўи молњо дар Љумњурии Тољикистон 18 фоизаи чунин андоз муќаррар гардидааст ва ин омил низ ба интиќоли молњои ѓайриќонунии воридшаванда таъсири худро мерасонад.

    Тибќи моддаи 257 Кодекси андози Љумњурии Ќирѓизистон аз пардохти ААИ воридоти молњо ва маводи зерин озод карда шудаанд:

    • коѓазњои ќиматнок, муќоваи шиноснома ва шањодатномаи шањрвандии Љумњурии Ќирѓизистон;

    • молњои махсусгардонидашуда барои маъюбон;

    • маводи таълимї ва лавозимоти мактабї, нашрияњои илмї;

    • молњое, ки нисбат ба онњо озоднамої аз ААИ дар доираи низомњои гумрукии ќонунгузории Љумњурии Ќирѓизистон пешбинї намудааст;

    • таљњизоти илмї барои кашфиёти геологї оид ба ченкунї ва назорати вазъияти сейсмологї;

    • молњо барои расонидани кўмак њангоми бартарафнамоии оќибатњои офатњои табиї ва муноќишањои њарбї;

    • ба сифати ёрии башардўстонаи грантњо бо тартиби муайяннамудаи њукумат;

    • ѓизои кўдакон;

    • маводи доруворї ва ѓайра.

    Аз хисоби чунин имтиёзњо соњибкорони Љумњурии Тољикистон дар Љумњурии Ќирѓизистон фаъолият огоз карда, њамчун пардохткунандагони андоз аз арзиши иловашуда ба ќайд гирифта шудаанд ва ташкили корхонањои коркарди мањсулоти кишоварзиро ба рох монда истодаанд. Ин њолат ба камшавии содироти расмии меваю сабзавот ва хушкмева ва афзоиши содирот ва воридоти ќочоќи ин мањсулот шуда истодааст.

    Мувофиќи ќонунгузории мавчудаи мамлакат, воридоти таљњизоти технологї аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва бољи гумрукї тибќи номгўи тасдиќшуда озод карда мешавад, ки ба номгуи мазкур таљњизоти истењсолии саноати хурокворї дохил шуда, имтиёзњои андоз гуруњи молии 8438-и номгўи гумрукии фаъолияти иќтисодии беруна, аз љумла таљњизоти истењсоли мањсулоти нонї, саноати ќаннодї ва шакар, истењсоли оби љав, коркарди мева, чормаѓз ва сабзавотро фаро гирифтааст.

    Тањлилњои гузаронида исбот месозанд, ки номгуи пешниходшуда нињоят мањдуд буда, хамагї 20 фоизи номгўи таљњизот ва технологияи ба мамлакат воридшавандаро дар бар мегирад, бокимонда воридоти техника, технология ва ќисмњои эњтиётии онњо бо ситонидани андоз аз арзиши иловашуда ва бољи гумрукї фаро гирифта мешаванд. Аз љумла, ќобили ќайд аст, ки хангоми пешниходи номгуи таљњизоти техникї ва технологие, ки барои озод намудан аз ААИ пешнињод шудаанд, иќтидор ва имкониятњои афзалиятноки рушди сохтори соњавии иќтисодиёти миллиро ба инобат гирифта нагирифтаанд.

    Њамзамон, корхонањои истењсолї бо мушкилоти ворид намудани ќисмњои эњтиётї барои таљњизоти технологии ќаблан воридшуда, ки бо назардошти ќатъи мунтазами ќувваи барќ тањти хавфи зиёд ќарор дорад, дучор мегарданд. Ин њолат ба иќтисодиёт зарари љиддї меорад, зеро арзиши даврагии техникаю технология ва мањсулоте, ки тавассути онњо истењсол карда мешавад, гарон менамояд. Ба замми ин, пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва бољи гумрукї, ин воридоти якмаротибаи маблаѓ ба буљет буда, воридоти техникаю таљњизот бошад, бартарињои зиёди иќтисодї меорад. Аз љумла, ба рушди истењсолоти раќобатпазири ватанї, кам кардани шиддати бекорї паст кардани сатњи камбизоатї, пайдо шудани манбаъњои нисбатан васеи андозбандї барои даврањои оянда мусоидат намуда, диверсификатсияи истењсолот ва содироти мањсулоти тайёрро тавсеа мебахшад.

    Вобаст ба ин зарур аст, ки љињати дастгирї ва њавасмандгардонии ташкилотњои давлатї, рушди истењсолоти дохилї бо назардошти татбиќи сиёсати воридотивазкунї ва ба содиротнигаронидашуда, номгуи мазкур бо назардошти таљрибаи кишварњои гайр бори дигар таљдиди назар карда шуда, озод намудани воридоти њама намуди мањсулоти ашёи хом барои ба роњ мондани истењсолоти ватанї, хуроки омехтаи чорво ва парранда, нурињои минералї ва воситањои доруворї барои њайвонот бояд аз воридоти андоз аз арзиши иловашуда ва бољњои гумрукї кобили кабул мегардад.

    Илова бар ин, ќайд намудан зарур аст, ки Љумњурии Ќирѓизистон аз соли 1994 аъзои Созмони Умумиљањонии савдо буда, барои молњои истењсоли аъзои ин созмон савдои озодро татбиќ намуда, њангоми воридот бољи гумрукї ситонида намешавад, ки ба нархи аслии моли воридот таъсири худро мерасонад. Дар айни замон, Љумњурии Тољикистон ба ѓайр аз молњои истењсоли Федератсияи Россия, љумњурињои Беларус, Ќазоќистон ва Ќирѓизистон, бољи гумрукї аз 5% то 15 % аз арзиши гумрукии мол меситонад, ки ин низ ба воридоти ѓайриќонунии мол дар сатњи мамолики њамсоя боис гардад. Масоили номбурда бо мурури шомил шудани Љумњурии Тољикистон ба иттињоди гумрукии Авру-Осиё метавонад њалли худро ёбад. Бо раванди иљроиши уњдадорињои Љумњурии Тољикистон дар назди Созмони Умумиљањонии Савдо, сол ба сол меъёрњои бољи гумрукї паст карда мешаванд.

    Пешнињод карда мешавад, ки ба моддаи 181-уми Кодекси Андози Љумњурии Тољикистон ворид намудани ќисми нав, яъне ќисми 4, ба маќсади љорї намудани меъёри пасткардашудаи андози 10 фоиза барои корхонањои истењсолї пешбинї карда шавад, ки ин намуди имтиёз на ба корхонањо, балки ба фаъолияти молистењсолкунии онњо, ба истиснои истењсоли молњои ниёзи мардум набуда, аз љумла молњои зераксизї, истихрољи сарватњои зеризаминї мебошад.

    Дар баробари муайян кардани наќши андоз аз арзиши иловашуда дар рушди њамгироии иќтисодї, ААИ-ро маъмулан «андози аврупої» низ ном мебаранд. Вуљуд доштани андоз аз арзиши иловашуда дар низоми андози мамлакат шарти муњим буда, дар самти воридшавии кишвар ба аъзогии Иттифоќи Аврупо ба њисоб меравад. Принсипњои умумии ташкилии ААИ барои њама малакатњо якхела мебошад ва бартарии раќобатии ин воситаи фискалиро таъмин менамояд.

    Аммо, тарзњои амалї гардонидани онњо дар амалия хусусиятњои хоси худро дорад ва одатан бо хусусияти муњити институтсионалї, анъанањои буљетї – андозї, инчунин вазифањои стратегї ва љории марњилаи муосири рушди иљтимої - иќтисодии мамлакат муайян карда мешавад. Аз љумла, инро тафриќанокии меъёрњо ва имтиёзњои татбиќшавандаи ААИ дар љањон исбот менамояд.

    Миёнасатњии меъёри андоз аз арзиши иловашуда дар мамлакатхои Иттифоќи Аврупо баланд буда, ќарибии 20 фоизро ташкил медињад. Меъёри пасткардашудаи андоз аз арзиши иловашуда, имтиёзе барои баъзе намудњои молхо, корхо ва хизматрасонињои андозбандишаванда ба њисоб меравад. Ба мислои Олмон, ки меъёри пасткардашудаи андоз аз арзиши иловашуда хамаги 7 фоизро ташкил дода, нисбат ба молњои озуќаворї, васоити ахбори умум, наќлиёти мусофиркашонии љамъиятии шањрї ва берун аз шањрї, ташкилотњои табобатї, эњсонкорї, динї, эљодиёти санъат ва ѓайра муќаррарї дорад.

    Дар баробари меъёрњои пасткардашудаи андоз аз арзиши иловашуд, меъёрњои баланди андоз низ дида мешавад, аз љумла дар Фаронса барои автомобилњои сабукрав меъёри андоз 22% муќаррар шудааст.

    Дар мамолики Иттињоди Аврупо ду намуди имтиёз оид ба андози мазкур – озодкунї аз андоз аз арзиши иловашуда ва равияи меъёри сифрї истифода карда мешавад. Тафриќанокии меъёрњои ААИ, яке аз муаммоњое, ки дар шароити њозира њалли худро наёфтааст боќї мемонад, зеро аз як тараф, њавасмандии андозї барои рушди соњањои алоњидаи иќтисодиёт буда, аз тарафи дигар, ба низоми мураккаби маъмуригардонии андоз мебарад.

    Дар таљрибаи худ, маќомоти андози аврупої бар он назар аст, ки манфиат аз татбиќи меъёрњои мухталифи андоз харољоти маъмурикунонии онро кам намекунад ва ё намепушонад. Сарбастагихои гуруњи дуюм, ин тањќиќи љараёни идоракунии андоз аз арзиши иловашудаи корхонањои ватанї, дар раванди амалї намудани сиёсати андозии он мансуб мебошад.

    Дар ин холат, банаќшагирии андоз наќши њалкунанда мебозад, мутахассисони соњаи андоз дар шароити имруза аќидаи ягона оид ба мундариљаи банаќшагирии андозро дар ташкилотро надоранд. Одатан, ин мафњумро бо оптимизатсияи андозбандї тавсия дода, онро њамчун синоними сиёсати андозии ташкилот баррасї мекунанд.

    Аз нигоњи мо, банаќшагирии андоз – ин, асоси моддии амалишавии сиёсати андозии ташкилот мебошад, ки бо роњи коркард ва роњандозї намудани чорањои расидан ба маќсадњои сиёсати андозиро таъмин мекунад. Ба сифати самтњои афзалиятноки банаќшагирии андоз таъмини имконнопазирии љамъоварии воситањои пулї ба андозбандии ѓайриќонунии ташкилот, роњ надодани талафоти имконпазири андози дар шакли муљозот, ки танњо бо рохи судї баргардонида шаванд, муайян карда шудааст14.

    Банаќшагирии ААИ маљмуъи амалњои ќонунии маќсадноки андозсупоранда мебошад, ки бо истифода аз усулњои муайян, инчунин имтиёзњо ва сабукињои пешбининамудаи ќонуният ба маќсади оптимизатсияи пардохтњои андози арзиши иловашуда, инчунин ба маќсади пешгирии муљозоти андозї аз љониби маќомоти дахлдор алоќамандии мутакобила дорад. Рушди системаи банаќшагирии андози ташкилот ба рушди фаъолияти хољагидории корхона, ба истењсолоти он таъсири мусбї мерасонад, ки боиси афзоиши воридоти андозї ба буљет дар натиљаи тавсеи манбаи ААИ мегардад.

    Сиёсати андозбандии ташкилот аз љониби андозсупоранда, ин интихоб намудани маљмуъи тартиби пешбининамудаи ќонунгузории андоз муайян кардани даромад ва харољот, эътирофи онњо, арзёбї ва таќсимоти даромад, инчунин бањисобгирии дигар нишондињандањои фаъолияти молиявию хољагидории андозсупорандаро барои маќсадњои андозбандї пешбинї мекунад.

    Дар рисола тартиби пешбурди бањисобгирии алоњидаи амалиёти андозбандишаванда ва андозбандинашавандаи андози арзиши иловашударо дар мисоли фаъолияти корхона баррасї менамоем. Дар натиља барои муайян кардани маблаѓи њисобшудаи пардохтњои андозї оид ба ААИ усуле пешнињод шудааст, ки ба усули адаптивии њисоб асос карда шуда, муайян кардани љузъиёти арзиши иловашудаи ташкилотро дар давраи наќшавї (музди мењнат, истењлок, андоз ва ѓайра) пешбинї мекунад.

    Барои њисоб намудани ин нишондодњои бањисобгирии идоравии андоз, ки ба маълумоти шартномањои бо харидорон, супоришдихандогон ва молтаъминкунандагону пудратчиён дар давраи наќшавї басташуда асос гирифтааст, истифода карда мешавад. Баъд аз ин, алгоритми њисоби пардохтњои андозї оид ба ААИ. Маблаѓи њисобии ААИ бо роњи љамъи маблаѓњои истењлок, харољот барои пардохти музди мењнат, инчунин харољоти дигари пешбинишуда, муайян мешавад. Маблаѓи њисобшудаи арзиши иловашуда ба меъёри ин намуди андоз зарб зада мешавад. Дар рисола варианти њисоби ААИ аз руи усули адаптивї, ки чунин марњилањоро дар бар мегирад, пешниход мегардад:

    - ташаккули њисобот оид ба даромади ташкилот, ки ба он њамаи намудњои даромадњои гирифташудаи андозсупоранда аз фурўши молњо (корњо, хизматрасонињо), њуќуќњои молу мулкї дохил мегардад;

    - ташкили њисобот оид ба њамаи харољоти истењсоли молу махсулот, корњо, хизматрасонињо, њуќуќњои молу мулкї;

    - ташкили њисобот оид ба њисоби арзиши иловашуда дар заминаи маълумотњои ду намуди њисоботи пешина. Ба ин намуди њисобот, интихоби њисобњои бањисобгирии муњосибї дохил мешаванд, ки љузъњои арзиши иловашуда њисобида мешаванд;

    - њисоб намудани ААИ бо роњи љамъ намудани њамаи љузъњои арзиши иловашуда ва зарб кардани њосили љамъ ба меъёри мукарраргаштаи андоз аз арзиши иловашуда.

    Дар шароити умумї, маблаѓи андоз аз арзиши иловашуда бо усули пешнињоднамудаи мо њисоб кардашуда бо андоз аз арзиши иловашуда тибќи усули дар амалия татбиќшаванда бояд мутобиќат намояд. Лекин, дар амалия чунин њолат хеле кам ба назар мерасад, зеро маблаѓњое вуљуд доранд, ки ба манбаи андозбандии андоз аз арзиши иловашуда дохил гардида, ба даромад аз фуруш дохил карда намешаванд. Сабаби асосии фаркият дар андоз аз арзиши иловашудаи дар асоси њисоботи раќамњои вокеї њисобшуда тибќи эъломияи андоз дар он аст, ки андоз аз арзиши иловашуда бо маблаѓњои пардохтњои воридшудаи авансї, андоз аз арзиши иловашуда бо маблаѓи додани ройгон, андоз аз арзиши иловашудаи њисобшуда аз маблаѓи барои истеъмолоти худї

    Усули пешнињодшудаи њисоб намудани андоз аз арзиши иловашуда ба корхонањо имкон медињад, ки дурустии њисоби пардохтњои андозиро назорат баранд.
    1   2   3   4   5   6   7


    написать администратору сайта