Бахисобгирии ААИ оид ба арзишхои харидоришуда, дар мисоли ЧДММ “Шохин”. 987654321 - копия. Вазорати маориф ва илми УМурии тоикистон донишгои давлатии УУ, бизнес ва сиёсати тоикистон
Скачать 442.65 Kb.
|
Сохтори даромади бучети ҷумхуриявӣ
Дар соли 2014-ум, то санаи якуми декабр маблаги даромадҳо аз ҳисоби андоз аз арзиши иловашуда 3815,9 миллион сомониро ташкил медихад ва то санаи якуми декабри соли 2015 бошад, он ба 3729,5 миллион сомонӣ баробар карда шуд. Бо ҳисоби фоиз гирем, нисбат ба ҷамъбаст дар соли 2014 он ба 57,7 фоизи даромади андозии буҷет баробар шуда дар соли 2015 он ба 60,2% баробар шудааст, ки 2,5% зиёдшавиро нишон медихад20. Х у л о с а Андоз ин як категорияи фалсафӣ ва таърихӣ мебошад, ки хамаи тағиротҳои воқеъияти ҳақиқиро инъикос менамояд, новобаста аз он ки дар давраҳои гуногуни таърихӣ шаклан тағир дидааст, вале мазмуну моҳияти худро гум накардааст. Дар ҳалли проблемаҳои рушду тараккиёти иқтисодии мамлакат бояд омилҳои гуногун ба назар гирифта шаванд, яъне пеш аз ҳама таъмин ва ҳавасмандгардони андозсупорандагони ватанӣ ва сармоягузорони хориҷӣ. Яке аз самтҳои аввалини рушди иқтисодӣ ва ғанӣ гардонидани хазинаи кишвар ба фаъолияти мақомотҳои андозӣ вобастагии калон дорад. Пўшида нест, ки бо афзудани тараққиёти истеҳсолот, давлат пурқувват мешавад ва хамчунин ҷомеа пеш меравад ва вобаста ба ин дараҷаи некуаҳволии мардум баланд мегардад. Новобаста аз қабул шудани кодекси нави андоз, боз хам дар ин бобат нофаҳмиҳо вуҷуд доранд. Дар ҷумҳурӣ зарурияти қабул намудани миқдори зиёди номгўй ва намудхои андоз нест. Бисёр хуб мешавад, ки сохтори нави идоракунии андоз ва андозситонӣ таҳия ва ба андозсупорандагон баррасӣ карда шавад. Сохтори андозситонии муосир мутакобилан бояд ба талаботи имрўзаи андозсупорандагон ҷавобгўй бошад. Дар низоми амаликунандаи андозситонӣ хусусиятҳои хоси ҷуғрофию экологии кишвари азизамон ба назар гирифта нашудааст. Аз он ҷумла кам будани заминаи корам, фарсудагии иқдории техникаю технологии корхона, сатҳи баланди камбизоати паст будани музди меҳнати кормандони андоз, сатҳи пасти дониши малакаи андозситонандагон, дуруст дарк накардани қонунҳои оиди андозбандӣ ва андозситонӣ ва умуман қонунҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар айни замон меёри калони андозбандӣ ба биною иншоотҳои шахсӣ ва корхонаҳои хусусӣ зарурият надорад, чунки ин холат метавонад ҷараёни сохтмони биною иншоотҳоро аз тарафи шаҳрвандон ба махдудият оварда мерасонад. Механизми андозӣ - аз маҷмўи муносибатҳои ташкилӣ - иқтисодӣ ва фаъолияти амалии субъектҳои ҳуқуқи андозӣ иборат мебошад. Ин низоми методҳои татбиқи амалии нерўи потенсиали категорияи иқтисодии “андоз” аст. Баъди ҷамъбасти мавзўи рисолаи хатм, ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки гаронии андози соҳаи истеҳсолоти моддӣ ниҳост назаррас аст, ҳавасмандӣ барои пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқ торафт коста мегардад. Мавҷудияти чунин доираи васеъи андозсупорандагони андоз аз арзиши иловашуда маҳдуд будани имкониятҳои техникӣ ва кадрии мақомотҳои андоз, баҳисобгирии пурраи андозсупорандагон, ҳисоб ва пардохти ин андозро ба буҷет ба пуррагӣ таъмин карда наметавонад. Амалӣ намудани шакли хозираи андоз аз арзиши иловашуда, ки бо усули ҳисобу ҷамкунӣ асос ёфтааст ва дар асл ҷорӣ намудани ҳисобнома - фактураҳои андоз аз арзиши иловашуда боиси аз тарафи андозсупорандагон барзиёд нишон додани маблағи бо ҳисобу ҷамкунӣ бурдашаванда мегардад, чуноне ки дар амалияи имрўзаи мо ба назар мерасад. Аз тарафи дигари ин масъала, ҷорӣ намудани ҳисобнома - фактураҳои ААИ хароҷотҳои зиёди моддию пулиро талаб менамояд, гарчанде ба манфиати кор хохад гашт. Яке аз масъалаҳои ҳалталаби дигари ин мавзуъ, ин номуайян мондани ҳисоби андоз аз арзиши иловашуда, ки аз тарафи андозсупорандагон - пудратчиёнест, ки дар асоси барномаҳои аз тарафи ташкилотҳои байналхалқӣ бо маблағ таъминшаванда кору хизматрасонихоро иҷро менамоянд. Аксарияти ташкилотҳои байналхалқӣ, дар асоси созишномаҳои басташуда, дар рафти амали сохтани лоиҳаҳо барои пардохти андозҳо, аз он ҷумла ААИ маблағи заруриро ҷудо намекунанд. Дар навбати пудратчиён бошанд, дар вақти харидани молу маводҳо ва истифодаи хизматҳо ин намуди андозро пардохт намуда, онро ҷамкунӣ намуда истодаанд. Дар натиҷаи ин амалиётхо, дар ҳисоботҳои корхонаҳо маблағҳои барзиёд пардохтгардидаи зиёде ба миён меояд, ки онҳо бояд ба бучет ҷуброн карда шаванд. Дигар масъалаи ҳалталаби ин мавзуъ, ин мавриди андозбандии дубора қарор гирифтани воридоти молҳост, ки баъзе аз соҳибкорон аз ҷумҳуриҳои дар нисбати ҷумҳурии мо реҷаи ”мамлакат таъинот”-ро татбиқкунанда воридот карда мешаванд. Ин соҳибкорон аз бозори дохилии кишварҳои мазкур молу махсулот харидорӣ намуда, ҳам дар мақоми таҳвили молхарида ва ҳам дар вақти убури сарҳади гумрукии ҷумҳуриамон ААИ пардохт менамоянд, ки андозбандии дубораи пардохтшуда ба баландшавии нархи фурўши ин молҳо яке аз сабабхои аслӣ мегардад. Соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд бояд аз ҳисоб намудан ва пардохти андоз аз арзиши илвашуда озод карда шаванд. Зеро соҳбикорӣ бо патент ин шакли соддагардонидашудаи андозбандӣ мебошад ва ҷорӣ намудани ин намуди андоз нисбати онҳо бо мураккабшавии андозбандӣ оварда мерасонад. Бо мақсади аз байн бурдани ҳолатҳое, ки боиси барзиёд нишондиҳии маблағи ба ҷамкунӣ бурдашаванда мегардад зарур дониста мешавад, ки дар ҳар марҳила аз болонархии гузошташуда ААИ ҳисоб карда шуда, ҷамкунӣ бошад аз байн гирифта шавад. Дар ин ҳолат гуфташуда ба ҷорӣ намудани ҳисобнома - фактураҳои ААИ низ зарурате бокӣ намемонад. Аз ин лиҳоз мо дар рисолаи хатм масъалаҳои ситонидан, муқаррар кардан, тарзи ҳисоб кардан, пардохтани ин намуди андозҳоро таҳлил намуда, оиди беҳтар намудан ин тарзу усулҳо як қатор пешниҳодҳо дода мешавад: 1. Соҳибкороне, ки ба каламрави Ҷумхурии Точикистон мол ворид менамоянд, аз боҷи гумрукӣ ба пуррагӣ озод карда шаванд. Барои он ки агар ба ҷумҳурӣ чи қадар, ки маҳсулоти ниёзи мардум бисёртар ворид гардад, ҳамон қадар ирзиши ин молҳо арзон мешавад ва некуаҳволии мардум рў ба беҳбудӣ меорад. 2. Раванди ҳисоб кардан пардохтан ва ситонида андозҳо бояд ба тариқи табақаи ягонаи электронӣ гузаронида шавад. Зеро ин чора хароҷотҳои просесси андозситониро хеле кам намуда, ҳодисаҳои кам нишон додан ё пинҳон кардани баъзеи андозҳоро аз байн мебардорад. 3.Маҳсулотҳое, ки барои пешравии иқтисодиёти кишвар заруранд ва аз хориҷ ворид мегарданд аз ҷумла: таҷҳизот ва воситаҳои техникӣ бояд аз пардохти баъзе намуди андоз ба пуррагӣ озод карда шаванд. Бо мақсади такмили минбаъдаи конунгузории андоз ва гумрук, ки хадаф аз он бахисобгирии пурра ва қатъии объект ва субъектҳои андозситонӣ боз ҳам оддӣ гардонидани ҷараёни андозбандӣ, аз ҷумла аз байн бурдани андозҳои хурду бесамор ва ба қадри имкон паст намудани меъёри андозҳои боқимонда ҳавасмандгардонии истеҳсолкунандагон ватанӣ ба содироти мол ва дар ММД зиёд намудани ҳиссаи андозҳо мебошад. Инкишофи минбаъдаи иктисоди бозорӣ ба татбиқи дурусти сиёсати андозу буҷет вобастагӣ дорад. Такмили минбаъдаи он, ки ба фароҳам овардани шароити софу мусоиди рушди соҳибкории хусусӣ, ҷалби сармояи мустақими хоричӣ, ба роҳ мондани муносибатҳои дурусти субъектҳои андозсупоранда бо мақомоти андозу гумрук мусоидат менамояд, идома дода мешавад. Барои таъмин намудани шаффофияти андозситонӣ ва истифодаи самарабахши маблағҳои давлатӣ зарур аст, ки барномаи давлатии иттилоотикунонии макомоти андозу гумрук ва молияи кишвар тахия ва рохандозӣ карда шавад. Барои ба роҳ мондани истифодаи самарабахши маблағҳои буҷети давлатӣ, шаффофияти қисми хароҷоти он, такмили системаи хазинадорӣ Ҳукумат ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бояд пурра ба системаи алокаи электронй гузаштани маблаггузорй, боз ҳам беҳтар намудани интизоми хисоботдихй, пурзур намудани масъулияти рохбарони корхонаҳо ҷиҳати баҳисобгирии муҳосибавӣ ва пешниҳод намудани маълумоти мукаммали оморй, инчунин ба талаботи стандартхои байналхалкӣ мутобиқ гардонидани ҳисоботи муҳосибии корхонаҳоро таъмин намоянд ва зери назорат гиранд. |