Рабочая программа на таджикском языке. Силлабус НХИТваА 740603. Вазорати маориф ва илми умурии Тоикистон Донишгои техникии Тоикистон ба номи академик М. С. Осим силлабу с аз фанни Назарияи хосиятои истифодабарии тракторо ва автомобтло
Скачать 97.79 Kb.
|
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ С И Л Л А Б У С аз фанни «Назарияи хосиятҳои истифодабарии тракторҳо ва автомобтлҳо» барои ихтисоси 1-740603-01 – Ташкил ва технологияи хизматрасонии техникӣ Душанбе – 2022 «Тасдиқ мекунам» декани факултети Нақлиёт ______Давлатшоев Р.А. «____» _________ 2022 Тартибдиҳа: асссистент Тиллоев Кудратулло Зувайдуллоевич Кафедра: «Ҷузъҳои мошин ва мошинҳои сохтмонию роҳсозӣ» СИЛЛАБУС аз фанни «Назарияи хосиятҳои истифодабарии тракторҳо ва автомобтлҳо» барои донишҷӯёни ихтисоси 1-740603-01 – Ташкил ва технологияи хизматрасонии техникӣ
Дар асоси Стандарти Давлатии маълумоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №__14/125__ аз «_29_»____09____ соли__2017__барои ихтисоси 1-3611-01 - «Таҷҳизот ва нақлиёти роҳ, сохтмонӣ ва борбардорӣ (аз рӯи самтҳо)» тартиб дода шудааст. Дар ҷаласаи кафедраи «Ҷузъҳои мошин ва мошинҳои сохтмонию роҳсозӣ» суратҷаласаи______, аз __________ баррасӣ ва тасдиқ шудааст. Мудири кафедраи «ҶМ ва МСР», д-ри илм. техн., и.в.проф. _______________ Сайдаминов И.А. Дар Шӯрои илмӣ методии факултети «Нақлиёт» суратҷаласаи ____, аз _____________ муҳокима ва тасдиқ шудааст. Раиси Шӯрои методии факултет__________________Юнусов М. (Имзо, ному насаб) I. Нишонии электронии омӯзгор:
Донишҷӯйи муҳтарам! Таснифотимухтасарифан: Дар дарсҳои лексионӣ маълумоти назариявӣ оид ба фани омӯхташаванда ва дар дарсҳои амалӣ донишҷӯён корҳои санҷишӣ иҷро намуда, вазифаҳои хонагӣ ва иҷроиши корҳои мустақилонаро нишон медиҳанд. Дар дарсҳои озмоишӣ донишҷӯён вазифаи муайянро дар намуди супориш барои кори озмоишӣ мегиранд ва аз рӯи дастурамал иҷро менамоянд. Пас аз он кори озмоишии иҷрокардаашонро дар намуди ҳисобот барои ҳимоя пешниҳод ва ҳимоя менамоянд Воқеияти муҳими имрӯзаи рушди индустриконии методхои сохмони роҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифодаи васеи маҷмӯи мошинҳо, ки самаранокии баланд бо истифодаи пурра аз корҳои механикунонӣ ва автоматикунониро таъмин менамояд, вобастагӣ дорад. Барои ҳалли ин масъалаҳо зарурияти ворид намудани технологияхои навин ба миён меояд. II. МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ ФАН Фанни « Назарияи хосиятҳои истифодабарии тракторҳо ва автомобтлҳо » бештар назарияи хосиятҳои истифодабарии тарторҳо ва автомобилҳо ва тарзи ҳисоби камхарҷии сузишворӣ, таъсири қувваҳои беруна ба ҳаракати мошин ва динамикаи мошинро омухта, барои осон гардонидани кори мутахассисони ин соҳаро дар истеҳсолот пешбини шудааст. Фанни « Назарияи хосиятҳои истифодабарии тракторҳо ва автомобтлҳо » дар доираи системаи ягонаи донишу маълумотхои гирифташуда аз фаннҳои “Математикаи олӣ”, “Назарияи автомобил” “Истифодаи барномаҳои ҳисоби” “Назарияи мошин ва механизҳо” мукаммал мегардад. Вазифаҳои фан:- ба омӯзиши истифодабарии захираҳои энергетикӣ, пеш аз ҳама, сӯзишворӣ барои парки мошинҳо, бо истифодабарии маҳсулнокии иқтисодии максималии таркторҳо ва автомобилҳо, хизматрасонии техникӣ ва таъмири онҳо, корҳои илмию таҳқиқотӣ, ки ба мукаммал гардонии шакл ва усулҳои хосиятҳои истифодабарии таркторҳо ва автомобилҳо, равона гардидаанд, диққати махсус ҷалб намудан аст. Дониши хуби назариявӣ ва амали оиди назарияи хосиятҳои истифодабарии таркторҳо ва автомобилҳо, ояндаи мутахассиси ҷавонро бо имкониятҳои лоиҳакашӣ ва истифодаи маҳсулнокии автомобилҳоро дар истеҳсолоти хоҷагии халқ, таъмин менамояд. НАҚШАИ ТАҚВИМИИ МАВЗӮЪҲОИ ЛЕКСИОНӢ
IV. МУНДАРИҶАИ ФАН Мавзӯи 1. Муқаддимаи фанни «Назарияи хосиятҳои истифодабарии тракторҳо ва автомобтлҳо» Мафҳумҳои асосии назарияи истифодабарии тракторҳо ва автомобилҳо.[1, 2, 3]
Мавзӯи 2. Назарияи ғелиши чархи чандирӣ Маълумоти умуми дар бораи чарх. Ғелиши чарх дар режими пайрав (бурдашаванда). Ғелиши чарх дар режими баранда. Режимҳои ғелиши чарх.[1, 2]
Мавзӯи 3. Қувваҳои беруна, ки ба тратор ва автомобил таъсир мекунанд. Муқовимати аэродинамикӣ. Қувваи муқовимати баланди (фароз). Қувваи мқовимати ғелиш, коэффисиенти муқовимати ғелиш. Қувваи муқовимати суръатафзо. Тақсимот ва азнавтақсимсозии аксуламали амудӣ Rz дар тиҳо [1, 2]
Мавзӯи 4. Хосиятҳои барандаги ва суръатнокии ВН (Динамикаи автомобил ва тракорҳо). Характеристикаи суръати берунаи берунаи муҳаррикҳои дарунсуз. Аксуламали расанда Rx дар чархҳо. Муодилаи ҳаракати автомобил ва тракторҳо. Ҳисоби шитоби автомобил ва тракторҳо. [1, 4]
Мавзӯи 5. Сарфи сузишвории автомобил ва тракторҳо Характеристикаи сарфаи сузишворӣ. Баҳодиҳии сарфаи сузишворӣ. Ҳаракат бо суръати доимӣ. Масрафи сузишворӣ дар дар ҳаракати ғайрикорӣ. Омилҳои конструктивӣ, ки ба сарфаи сузишворӣ таъсир мерасонад [1, 2, 5]
Мавзӯи 6. Боздории автомобил ва тракторҳо Реҷаи боздории чархи эластикӣ. Боздории лағжон. Нишондиҳандаҳои асосии раванди боздорӣ. Вақти боздорӣ. Масофаи боздорӣ. [2, 3, 8]
Мавзӯи 7. Устувории автомобил ва тракторҳо Чаппашавии автомобил ва таркторҳо дар фазо. Ҳаракати автомобил ва тракторҳо нишедии кундалангӣ. Ғелидан аз нишебӣ. Чаппашави дар нишебӣ. Устувории автомобил ва таркторҳо бар зидди аз роҳ баромадан ва чаппашавӣ. [1, 2, 3, 8]
Мавзӯи 8. Идоракунии автомобил ва тракторҳо Маълумоти умуӣ. Трапетсияи суккондор. Динамикаи автомобил ва тракторҳо бо чархҳои эластикӣ. Гардиши автомобил ва тракторҳо бо чархҳои эластикӣ. Баҳодиҳии комплексӣ ба идоракунии автомобил ва тракторҳо[2, 5]
РӮЙХАТИ МАШҒУЛИЯТҲОИ АМАЛӢ
НОМГӮИ МАВЗӮЪҲОИ МАШҒУЛИЯТҲОИ ОЗМОИШӢ Аз фанни мазкур корхои озмоиши ба нақша гирифта нашудааст. НОМГӮИ МАВЗӮЪҲОИ КОРИ КУРСӢ Аз фанни мазкур кор (лоиха)-и курсӣ ба нақша гирифта нашудааст. АДАБИЁТИ АСОСӢ Вахламов В.К. Автомобили: эксплуатақионнҷе свойства / В.К. Вахламов. – М.: Академия, 2006. – 240 с. Котков В.М. Тракторҷ и автомобили / В.М. Котиков, А.В. Ерхов. – М.: Академия 2008. – 416 с. Матяш С.П. Теория трактора и автомобиля: краткий курс лекқий / С.П. Матяш, П.И. Федюнин, С.П. Салӣников / Новосиб. гос. аграр. ун-т. Инжинер ин-т. – Новосибирск, 2010. – 83 с Савочкин В.А. Тяговҷй расчет трактора. Методические указания для вҷполнения корсовой работҷ по дисқиплине “Теория трактора” для студентов спеқиалӣности 150100 “Автомобиле и тракторостроение” . – М.: МГТУ “МАМИ”, 2001. –48 с. Львов Е.Д. Теория трактора. Учебник. – М.: Машгиз 1960 Максименко А.Н. Эксплуатация строительных и дорожных машин. Учебник. Минск. 2004.-404саҳ МАВОДҲОИ ТЕХНИКИ БАРОИ ОМӮЗИШИ ФАН - Компютер; - Видеопроектор; - Ҳисобкунак; - Дастгоҳи нусхабардорӣ. ПЕШНИҲОДИ МЕТОДӢ БАРОИ ОМӮЗИШИ ФАНН БО ЯКҶОЯГИИ КМРО ВА КМД Иштирок ба дарсхои амалии хатми аст. Кори мустақилонаи донишчӯён аз ичро намудани вазифахо дар факултаи “Нақлиё”, инчунин кор бо адабиёт, ҷустуҷӯйи маводхои навтарин, тайёр намудани супоришхо иборат аст. Хамаи вазифахои фардӣ хангоми гузаронидани дарсҳои амалӣ аз мавзӯи гузашта супорида шуда дар вақти барои ичроиши корхои мустақилонаи донишчӯён бо рохбарии устод чудо кардашуда қабул карда мешаванд. Вазифахое ки ичрои онхо дар А3 пешбини шудааст, дар намуди вазифа барои хар як донишчӯ алохида супорида мешаванд. Донишчӯёне, ки корхои мустақилона сари вақт насупоридаанд, бояд хатман то омӯзиши мавзӯи нав онхоро супоранд. Санчишхои фосилави аз мавзӯъхои гузашта баъди хар 8 хафта гузаронида мешаванд. Донишчӯёне, ки дарсшикани кардаанд, бояд дар вақти барои корхои мустақилона чудо кардашуда сабақгардони намоянд ва мавзӯъро ба устод супоранд. Донишҷӯёне, ки корҳои санҷиширо пурра иҷро накардаанд, аз як қисми холхо махрум мегарданд. Донишчӯёне, ки бесабаб ба 1/3 хиссаи дарс иштирок накардаанд, ба имтихон рох дода намешаванд. Дар вақти дарс истифодаи телефонҳои дасти, қафо мондан ва баромадан аз синф ичозат дода намешавад. Баҳои натиҷавии донишҷӯ аз рӯи система хол бо ҳарфҳо, ки мувофиқи Низомнома оид ба ташкили ҷараёни таълим бо истифодаи системаи кредитии таҳсилот, ки Шӯрои илмии донишгоҳ тасдиқ кардааст, муайян карда мешавад. МАВЗУЪҲО БАРОИ КОРҲОИ МУСТАҚИЛОНАИ ДОНИШҶӮЁН Донишҷӯ дар вақти интихоби мавзӯҳои мустақилона (КМД) аз рӯи рақамҳои тартибии дар журнали академи гурӯҳ омада шуда мавзӯъро интихоб менамояд.
СИЁСАТИ ФАН ОИД БА РАФТОРИ АКАДЕМӢ ВА АХЛОҚӢ (низоми талаботе, ки омӯзгор ба донишҷӯён пешниҳод менамояд) 1. Иштироки дарсҳои лексионӣ ва амалӣҳатмӣ аст. Кори мустақилонаи донишҷӯён аз хондани адабиёти иловагӣ, истифода аз Интернет (дар рӯзи муайяншуда супоридани он), мутолиаи мақолаҳои даврӣ ва тарҷумаи онҳо, тайёр намудани рефератҳо (доир ба мавзуъҳои ҳамкории намудҳои нақлиёт), баромадҳо дар конференсияҳои илмӣ-амалии донишҷӯён иборат аст. 2. Ҳамаи вазифаҳо (хонагӣ, синфӣ, корҳои мустақилона)-и ҳангоми гузаронидани дарсҳои амалӣ вобаста ба мавзуъ супорида мешавад. Донишҷӯён вазифадоранд, ки вазифаҳои хонагӣ, синфӣ, корҳои мустақилонаи ба онҳо додашударо ҳатман то гузашти мавзӯи нав супоранд. Санҷишҳои фосилавӣ аз рӯйи ҳар як кредит баъди 2-3 ҳафта гузаронида мешаванд. 3. Донишҷӯёне, ки ба дарсҳо иштирок намекунанд, бояд сабақгардонӣ намоянд. Донишҷӯёне, ки вазифаҳои синфӣ, хонагӣ, корҳои мустақилонаро пурра иҷро намекунанд, аз як қисми холҳо маҳрум мегарданд. Донишҷӯёне, ки бесабаб 1\3 фоизи дарсҳо иштирок накардаанд, ба имтиҳон ва санҷишҳо роҳ дода намешаванд. Дар вақти дарс истифодаи телефонҳои мобилӣ ва баромадан аз синфхона (ва донишҷӯёне, ки дер ба дарс меоянд) ба дарс иҷозат дода намешаванд. Сиёсат ва амалкунӣ Ҳозиршавӣ ба дарсҳо:Ҳозиршавӣ ба дарс ҳатмӣ мебошад. Дар мавриде ки донишҷӯ бо ягон сабаб дар машғулият иштирок карда натавонист, барои аз худ кардани маводи таълимии гузаронидашуда ҷавобгӯ аст. Дар мавриде ки миқдори дарсшиканиҳо аз миқдори соатҳои кредитӣ ду маротиба зиёд мегардад, донишҷӯ аз курси омӯзиш хориҷ карда мешавад. Ин қоида барои мавриди ба машғулиятҳои дигар иштирок кардан рух додани дарсшиканӣ татбиқ карда намешавад. Инчунин ба рӯйхати иштироки ҷорӣ бояд донишҷӯ шинос шавад. Санҷиши тести кӯтоҳмуддат Санҷишҳои тестии кӯтоҳмуддат дар давоми 5-10 дақиқаи аввали ҳар як машғулият гузаронида мешавад. Ин санҷиши тестӣ аз ҳар як саволи лексионии гузашта ё аз вазифаи хонагӣ иборат мебошад. Холи гирифтаи донишҷӯ барои иҷрои ин вазифа ҷиддӣ ба эътибор гирифта мешавад ва бо хоҳиши донишҷӯ ин хол ба холи аз ҳама пасттари яке аз 10-то вазифаҳои хонагие, ки дар поён дар бораи он сухан меравад, иваз карда мешавад. Вазифаи хонагӣ Иҷрои вазифаи хонагӣ ҳатмист ва он ҳар рӯзи дарс баробари тамомшавии машғулият супорида мешавад. Аз нафароне, ки вазифаи хонагиро саривақт иҷро накардаанд, иҷрои баъдинаи он қабул карда намешавад. Дар асоси сифати иҷрои вазифаи хонагии беҳтарини донишҷӯ баҳои миёнаи умумӣ бароварда мешавад ва он як баҳо барои тест ба ҳисоб меравад. Аз ҳар як вазифа бо усули тасодуфӣ масъалаҳо барои баҳодиҳӣ бо системаи холдиҳӣ интихоб карда мешаванд ва дар ин ҳолат суммаи умумии холҳо аз 100 бояд нагузарад. Вазифаи хонагии пешкаш кардашуда махсусан барои инкишофи қобилияти азхудкардаи маводи таълимӣ зарур мебошад. Донишҷӯ бояд сиёҳнависҳои худро, ки ҳангоми иҷрои вазифаи хонагӣ навиштааст, нишон диҳад ва онҳо ҳатман ҳамчунин вазифаҳоро дарбар гиранд. Дар мавриди иҷро накардани вазифаи хонагӣ донишҷӯ насия (кредит) гирифта наметавонад. Дар давоми омӯзиш имтиҳони стандартӣ гузаронида мешавад. Аз рӯзу соати доиршавии имтиҳонҳо ба донишҷӯ пешакӣ хабар дода мешавад. Ин имтиҳонҳо дар маркази тестқабулкунӣ гузаронида мешавад. Дар мавриди баҳои паст гирифтан барои баланд бардоштани он ягон хел саволи иловагӣ бо мақсади баланд намудани холҳо дода намешавад. Инчунин аз нав супоридани имтиҳон манъ аст. Дар мавриди бо ягон сабаби узрнок ба имтиҳон наомадани донишҷӯ дар имтиҳон холи пасттарин (сифр) гузошта мешавад. Ҳангоми имтиҳонсупорӣ истифода бурдани матни лексияҳои дар машғулиятҳо навишта ва китобҳои дарсии дилхоҳ манъ аст. НАМУНАИ СИСТЕМАИ РЕЙТИНГИИ БАҲОИ ДОНИШИ ДОНИШҶӮЁН ДАР ЯК НИМСОЛА
ШАКЛҲОИ САНҶИШИ ҶОРӢ ВА ФОСИЛАВӢ
XII. БАҲОИ ҶАМЪБАСТИИ ИМТИҲОНӢ
БАҲОИ ҶАМЪБАСТӢ БО ФОРМУЛАҲОИ ЗЕРИН ҲИСОБ КАРДА МЕШАВАНД:
Холи миёнаи санҷиши фосилавии 1 ва 2 бо формулаи зерин ҳисоб карда мешавад: дар ин ҷо: ХмСФ-1, СФ-2 – холи миёнаи санҷишҳои фосилавии 1 ва 2; СФ-1 – эквиваленти ададии баҳои санҷиши фосилавии якум; СФ-2 – эквиваленти ададии баҳои санҷиши фосилавии дуюм. Холи ҷамъбастӣ бо формулаи зерин ҳисоб карда мешавад: дар ин ҷо: Хҷ – холи ҷамъбастии имтиҳони ҷамъбастӣ; Иҷ – эквиваленти ададии баҳои имтиҳони ҷамъбастӣ. Баҳои умумии донишҷӯ бо формулаи зерин ҳисоб карда мешавад: дар ин ҷо: Буд – Баҳои умумии ҷамъбастӣ; ХмСФ-1, СФ-2 – Холи миёнаи санҷишҳои фосилавии 1 ва 2; Хҷ – Холи ҷамъбастии имтиҳони ҷамъбастӣ. Баҳои умумии донишҷӯҳамаро фарогиранда буда, ҳамчун як имтиҳони муқаррарии стандартӣҳисоб карда мешавад. Қайдҳои махсус: ______________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________ |