Тест. Якум ва дуюми ихтисосои гайрихукукшиноси, гуруххои то
Скачать 132.14 Kb.
|
C) | Аз 20 солагӣ |
D) | Аз 17 солагӣ |
96. | Вазифаҳои конститусионии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро номбар кунед. |
A) | Риояи Конститусия ва қонунхо, ҳифзи ватан, ҳимояи манфиати давлат, ҳифзи табиат, ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, додани андоз ва пардохтҳое, ки давлат муқаррар карда аст |
B) | Риояи қонунҳо, меҳнати ҳатмӣ, матбуот, озодии сухан |
C) | Боҷ супоридан, таҳсил намудан, риояи Конститусия, шартномаҳо |
D) | Таҳсил дар мактаби Олӣ, хизмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳ, меҳнат намудан |
97. | Аҳдҳо дар кадом шакл баста мешаванд. |
A) | Даҳонӣ, хаттӣ, (оддӣ ва нотариалӣ) |
B) | Ӯҳдадории даҳонӣ |
C) | Ӯҳдадории хаттӣ |
D) | Шартнома, ӯҳдадорӣ |
98. | Кадоме аз санадҳои зерин ҳуқуқи муроҷиат ба мақомоти давлатиро бевосита ба танзим медарорад. |
A) | Қонуни ҶТ "Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон" |
B) | Қонуни ҶТ "Дар бораи мақомотҳои давлатӣ" |
C) | Қонуни ҶТ "Дар бораи Ҳукумати ҶТ" |
D) | Қонуни ҶТ "Дар бораи хизмати давлатӣ" |
99. | Ҳуқуқ ва озодиҳои иҷтимоӣ ин. |
A) | Маҷмӯи ҳуқуқ ва озодиҳоест, ки ба шахс сатҳи арзандаи зиндагӣ ва ҳангоми мавҷудияти шароитҳои муайян имконияти аз давлат гирифтани арзишҳои моддиро таъмин менамояд |
B) | Маҷмӯи ҳуқукҳо ва озодиҳои табии ва ҷудонопазире мебошанд, ки ба инсон аз лаҳзаи таваллуд тааллуқ дошта, аз мансубияти ӯ ба шаҳрванди давлати мушаххасе вобаста нестанд |
C) | Маҷмӯи ҳуқуқ ва озодиҳои ба шаҳрванди давлат мутааллиқ буда, ба ӯ имконият медиҳанд, ки дар ҳаёти ҷамъиятӣ - сиёсии мамлакат ва амалисозии ҳокимияти давлатӣ, иштироки озодонаю васеъ дошта бошад |
D) | Маҷмӯи ҳуқукҳо ва озодиҳое мебошанд, ки имконияти таъмини озодона ихтиёрдорӣ кардани моликиятро дар соҳаи меҳнат ва соҳибкорӣ таъмин менамоянд |
100. | Низоми кафолатҳои ҳуқуқ ба манзилро номбар намоед. |
A) | Дахлнопазирии манзил, раво набудани маҳрум кардан аз манзил, шакли судии ҳифзи ҳуқуқҳои манзилӣ |
B) | Кафолатҳои конститутсионӣ ва ғайриконститутсионӣ |
C) | Кафолатҳои ҳуқуқӣ ва ғайрҳуқуқӣ |
D) | Кафолатҳои уммӣ ва хусусӣ |
101. | Сарвари Ҳукумат ва давлат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кӣ мебошад. |
A) | Президент |
B) | Сарвазир ва Президент |
C) | Раиси Ҳукумат |
D) | Раиси Маҷлиси Олӣ |
102. | Табъиз (дискриминатсия) чист. |
A) | Ҳама гуна тафриқагузорӣ, истиснокунӣ, маҳдудсозӣ ва имтиёзгузориест, ки ба аломатҳои нажод, ранги пӯст, забон, дин, маҳалли иҷтимоӣ, миллӣ ва ҳолатҳои дигаре, ки мақсадашон барҳам задани эътироф, истифода, ва амалисозии ҳамаи ҳуқуқ ва озодиҳо дар заминаи баробарӣ мебошанд, асос ёфтаанд |
B) | Муносибати нобаробар бо одамоне, ки бояд баробар бошанд |
C) | Муносибати нобаробар бо баробарон |
D) | Ҳамаи шаклҳои нобоварӣ дар истифодаи ҳуқуқ, ки ба аломатҳои гуногуни иҷтимоӣ, мисли забон, дин, нажод, миллат, ранги пӯст асос ёфтаанд |
103. | Дар кадом холатҳо маҳрумнамоии ҳуқуқҳои волидайн имконпазир аст. |
A) | Аз иҷрои вазифаҳои худ саркашӣ намудан, аз ҳуқуқҳои хеш сӯйистифода намудан, муносибати бераҳмона ба кӯдакон, рафтори ғайриахлоқӣ доштан, майзада ва нашъаманд будани волидайн |
B) | Аз озодӣ маҳрум шудани волидайн, ғайриқобили амалкунӣ эътироф шудани онҳо |
C) | Аз иҷрои вазифаҳои худ саркашӣ намудан, рафтори ношоям содир намудани волидайн |
D) | Аз иҷрои вазифаҳои худ саркашӣ намудан, сахтгирӣ ва азоб додани фарзандон |
104. | Шаклҳои гуноҳ. |
A) | Қасд (бевосита ё бавосита), беэҳтиётӣ (худбоварӣ ё бепарвоӣ) |
B) | Қасд, ангеза, мақсад |
C) | Беэҳтиётӣ, худбоварӣ ё бепарвоӣ, ангеза |
D) | Қасдан, бевосита ё бавосита, алтернативӣ, номуайян |
105. | Ҳуқуқи гражданӣ гуфта кадом соҳаи ҳуқуқро меноманд. |
A) | Ин соҳаи мустақили ҳуқуқ буда, муносибатҳои молумулкӣ ва шахсии ғайримолумулкиро меомӯзонад |
B) | Соҳаи ҳуқуқе, ки аз мачмӯи меъёрҳои ҳуқуқӣ иборат аст |
C) | Ин соҳаи ҳуқуқ ба муҳофизати моликият равона карда шудааст |
D) | Ин соҳаи ҳуқуқ, ҳуқуқи муаллиф, мерос, ном ва шаъну шарафи шаҳрвандонро ба танзим медарорад |
106. | Ҳуқуқи маъмурӣ гуфта кадом соҳаи ҳуқуқро меноманд. |
A) | Ин соҳаи мустақили ҳуқуқ буда, муносибатҳои ҷамъиятиро дар соҳаи идоракунии давлатӣ, ҳокимияти иҷроия ба танзим медарорад |
B) | Ин соҳаи ҳуқуқ, ҳуқуқи муаллиф, мерос, ном ва шаъну шарафи шаҳрвандонро ба танзим медарорад |
C) | Соҳаи ҳуқуқе, ки аз мачмӯи меъёрҳои ҳуқуқӣ иборат аст |
D) | Ин соҳаи ҳуқуқ муносибатҳои молумулкӣ ва шахсии ғайримолумулкиро танзим менамоянд |
107. | Шакли асосии фаъолияти ҷамоат. |
A) | Маҷлиси ҷамоат |
B) | Шӯрои ҷамоат |
C) | Раиси ҷамоат |
D) | Вакили ҷамоат |
108. | Эъломия дар бораи истиқлолияти Чумҳурии Точикистон кай қабул шудааст. |
A) | 24 августи соли 1990 |
B) | 9 сентябри соли 1991 |
C) | 10 октябри соли 1993 |
D) | 4 октябри соли 1992 |
109. | Сохтори давлатии Точикистон чӣ гуна аст. |
A) | Унитарӣ (ягона) |
B) | Федеративӣ |
C) | Ягона ва мустақил |
D) | Демократӣ ва ҳуқуқбунёд |
110. | Андозаи алимент барои як фарзанд чӣ қадар аст. |
A) | 25 фоизи музди кор |
B) | бо қарори суд муайян карда мешавад |
C) | 30 фоизи музди кop |
D) | 50 фоизи музди кор |
111. | Мазмуни шартномаро чӣ ташкил медиҳад. |
A) | Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои иштирокчиёни он |
B) | Шарту шароитҳои он |
C) | Рафтори субъектони ҳуқуқ |
D) | Ҳаракати тарафҳо |
112. | Ба мақомоти худидора дар маҳалҳо кӣ роҳбарӣ менамояд. |
A) | Раиси чамоат |
B) | Раиси маҳалла |
C) | Раисони махалла ва чамоат |
D) | Раисони чамоат, махалла, шахр, нохия |
113. | Тақсимоти (таҷзияи) ҳокимият ин. |
A) | Шохаҳои ҳокимияти давлатӣ аст |
B) | Асоси сиёсати давлат аст |
C) | Рукнҳои давлат аст |
D) | Нишонаи давлати ҳукуқбунёд аст |