Главная страница

Тест. Якум ва дуюми ихтисосои гайрихукукшиноси, гуруххои то


Скачать 132.14 Kb.
НазваниеЯкум ва дуюми ихтисосои гайрихукукшиноси, гуруххои то
Дата24.10.2022
Размер132.14 Kb.
Формат файлаdocx
Имя файлаҲуқуқ.docx
ТипДокументы
#752248
страница4 из 19
1   2   3   4   5   6   7   8   9   ...   19
1   2   3   4   5   6   7   8   9   ...   19

A)

Шахси воқеӣ, шахси ҳуқуқӣ, давлат

B)

Ташкилот, соҳибкор, биржа

C)

Шахси ҳуқуқӣ, ҷамъиятҳои саҳҳомӣ, корхонаи хурд

D)

Корхона, шахси воқеӣ, муассиса

59.

Ҳуқуқи гражданӣ ҳамчун илм кадом муносибатҳои ҷамъиятиро меомӯзад.

A)

Муносибатҳои молумулкӣ ва шахсии ғайримолумулкии

B)

Муносибатҳои никоҳу оила

C)

Муносибатҳоро вобаста ба моликият

D)

Муносибатҳои молумулкии ҷамъиятро ба танзим медарорад

60.

Прокурори генералӣ дар назди кӣ масъул аст.

A)

Маҷлиси Миллӣ ва Президент

B)

Маҷлиси намояндагон

C)

Президент

D)

Маҷлиси Олӣ

61.

Қобилияти умумии меҳнатӣ ба шахси воқеӣ аз синни чандсолагӣ ба вуҷуд меояд.

A)

15 солагӣ

B)

18 солагӣ

C)

14 солагӣ

D)

16 солагӣ

62.

Ҳама гуна фарқгузорӣ, иҷозат надодан ва ё қабул накардан ба кор аз рӯи аломатҳои мансубияти миллӣ, нажодӣ, ранги пӯст, ҷинсият, синну сол, дин, ақидаи сиёсӣ, баромади хориҷӣ ё иҷтимоӣ, ки баробарии имкониятро дар соҳаи меҳнат барҳам медиҳад, манъ аст - кадом принсипи ҳуқуқи меҳнатро маънидод менамояд:

A)

Манъи маҳдудсозии ҳуқуқ дар муносибатҳои мехнатӣ

B)

Манъи меҳнати маҷбурӣ

C)

Озодии меҳнат

D)

Ҳимоя аз бекорӣ ва мусоидат ба шуғлмандӣ

63.

Изофакорӣ чист.

A)

Коре мебошад, ки бо амр ва ё вазифаи маъмурият ба амал бароварда шуда, аз давомияти вақти кории мӯътадил берун мебарояд

B)

Коре, ки бо амри маъмурият дар ҳолатҳои фавқуллода супориш дода мешавад

C)

Коре, ки бо супориши маъмурият ва розигии коркун ичро карда мешавад

D)

Коре, ки бо розигии иттифоқи касаба иҷро карда мешавад

64.

Кадом санади ҳуқуқӣ муносибатҳои байни корманд ва корфарморо ба танзим медарорад.

A)

Шартномаи меҳнатӣ

B)

Оиннома

C)

Суғуртаи меҳнатӣ

D)

Кодекси ҷиноятӣ

65.

Ҳуқуқи маъмурӣ хамчун соҳаи мустақили ҳуқуқ доираи кадом муносибатҳоро ба танзим медарорад.

A)

Муносибатҳои идоракунӣ

B)

Муносибатҳои оилавӣ

C)

Муносибатҳои гражданӣ

D)

Муносибатҳои меҳнатӣ

66.

Таърифи ҳуқуқҳои сиёсӣ.

A)

Ҳуқуқҳои сиёсӣ маҷмӯи ҳуқуқ ва озодиҳои ба шаҳрванди давлат мутааллиқ буда, ба ӯ имконият медиҳанд, ки дар ҳаёти ҷамъиятӣ - сиёсии мамлакат ва амалисозии ҳокимияти давлатӣ, иштироки озодонаю васеъ дошта бошад

B)

Ҳуқуқҳои сиёсӣ барои таъмини озодии инфиродӣ ва мухторияти шахс нигаронида шудаанд

C)

Ҳуқуқҳои сиёсӣ маҷмӯи ҳуқуқ ва озодиҳои ба шаҳрванди давлат ва шаҳрвандони хориҷию бетабаа мутааллиқ буда, ба ӯ имконият медиҳанд, ки дар ҳаёти ҷамъиятӣ - сиёсии мамлакат ва амалисозии ҳокимияти давлатӣ, иштироки озодонаю васеъ дошта бошад

D)

Ҳуқуқҳои сиёсӣ маҷмӯи ҳуқуқ ва озодиҳои ба шаҳрванди давлат мутааллиқ буда, ба ӯ имконият медиҳанд, ки дар ҳаёти инфиродӣ, ҷамъиятӣ - сиёсӣ ва дастаҷамъии мамлакат ва амалисозии ҳокимияти давлатӣ, иштироки озодонаю васеъ дошта бошад

67.

Унсурҳои таркиби ҷиноят.

A)

Объекти ҷиноят, тарафи объективӣ, тарафи субъективӣ, субъект

B)

Тарафи субъективии ҷиноят

C)

Тарафи объективии ҷиноят

D)

Объекти ҷиноят ва субъекти ҷиноят

68.

Аломатҳои тарафи субъективии ҷиноят.

A)

Гуноҳ, ангеза, максад

B)

Кирдори барои ҷамъият хавфнок

C)

Оқибати ҷиноятӣ

D)

Қасд, беэҳтиётӣ

69.

Шартҳои бастани никоҳро номбар кунед.

A)

Розигии тарафайн, ба синну соли никоҳ расидан, чой надоштани монеаҳои аҳди никоҳ

B)

Розигии мақомоти бақайдгирандаи аҳди никоҳ, чой надоштани монеаҳои аҳди никоҳ

C)

Розигии тарафҳо, расидан ба синну соли никоҳӣ

D)

Розигии тарафҳо, розигии падару модар, додани қалин

70.

Бо ҳаракатҳои худ ба даст овардани ҳукуқҳои гражданӣ ва барои худ ба вуҷуд овардани ӯҳдадориҳои гражданӣ.

A)

Қобилияти амалкунии гражданӣ

B)

Қобилияти ҳуқуқдорӣ

C)

Ҳуқуқи истифодабарӣ

D)

Ҳуқуқи ӯҳдадорӣ

71.

Мазмуни ҳуқуқи моликиятро чӣ ташкил медиҳад.

A)

Доштан, истифода бурдан ва ихтиёрдорӣ намудани молу мулк

B)

Қобилияти ҳуқуқдорӣ ва амалкунӣ

C)

Доштани молу мулк

D)

Истифода бурдани молу мулк

72.

Шахси воқеӣ кист.

A)

Шаҳрвандони ҶТ, хориҷиён ва шахсони бешаҳрвандӣ

B)

Шаҳрвандони Чумҳурии Тоҷикистон

C)

Шахсоне, ки дар ҳудуди давлати алоҳида истиқомат доранд

D)

Тамоми шахсоне, ки молу мулки муайян доранд

73.

Корманд дар соли аввали фаъолияти меҳнатиаш баъд аз гузаштани чанд моҳ ҳуқуқ барои ба рухсатии меҳнатӣ баромаданро пойдо мекунад.

A)

Баъд аз гузаштани 11 моҳ

B)

Баъд аз гузаштани 9 моҳ

C)

Баъд аз гузаштани 10 моҳ

D)

Баъд аз гузаштани 12 моҳ

74.

Вақти кори мӯътадил мувофиқи қонун дар ҶТ дар як хафта чанд соат муқаррар карда шуда аст.

A)

40 соат

B)

24 соат

C)

35 соат

D)

30 соат

75.

Шартнома чист.

A)

Созиши ду ва зиёда шахсонеро меноманд, ки боиси бавучуд омадан, тағйир ёфтан ва қатъ шудани ҳуқуқу ӯҳдадориҳо мегардад

B)

Созиши байни давлат ва шаҳрвандонро меноманд

C)

Созиши ду ё якчанд шахсро меноманд, ки боиси пайдо шудани хуқуқ ва ӯхдадориҳо гардидааст

D)

Созиши байни шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқӣ

76.

Аҳд чист.

A)

Ҳаракати шаҳрвандон ва ташкилотҳоро меноманд, ки барои ба вуҷуд омадан, тағир ёфтан ва ё қатъ шудани ҳуқуқу ӯҳдадориҳо равона карда шудаанд

B)

Ҳаракати шаҳрвандон ва ташкилотҳоро меноманд, ки барои ба вуҷуд омадан, аз байн бурдан, ё тағйир додани ҳуқуқи моликиятӣ равона карда шуда аст


написать администратору сайта