Тест. Якум ва дуюми ихтисосои гайрихукукшиноси, гуруххои то
Скачать 132.14 Kb.
|
C) | Муносибатҳои муҳими байни инсон, давлат ва ҷомеа, инчунин муносибатҳое, ки бо иштироки аҳолӣ дар амалигардонии ҳокимияти халқӣ (умумӣ, оммавӣ, ошкоро) алоқаманд аст, ташкил медиҳад |
D) | Шарт ва тартиби ақди никоҳ, қатъ ва беэътибор донистани онро муқаррар менамоянд, муносибатҳои шахсии ғайримолумулкӣ ва молумулкиеро, ки дар оила миёни зану шавҳар, падару модар фарзандон, дигар аъзои оила ба миён меоянд, муносибатҳое, ки вобаста бо фарзандхондӣ, васояту парасторӣ, ба тарбия гирифтани кӯдакон ба миён меоянд, тартиби сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва муносибати дигари гражданиро танзим менамоянд |
155. | Иштирокчиёни муносибатҳои ҳуқуқи гражданӣ киҳо ба ҳисоб мераванд? |
A) | Шахсони воқеӣ, шахси ҳуқуқӣ, давлат ва воҳидҳои марзию маъмурӣ; |
B) | Давлат, шахси ҳуқуқӣ ва воҳидҳои марзию маъмурӣ; |
C) | Шаҳрвандони ҶТ, шаҳрвандони хориҷӣ, шаҳрвандони бешаҳрвандӣ |
D) | Шахсони ҷисмонӣ ва шахсони ҳуқуқӣ |
156. | Ба мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот кӣ роҳбарӣ менамояд? |
A) | Раиси ҷамоат |
B) | Раиси маҳалла |
C) | Раисони маҳалла ва ҷамоат |
D) | Раисони ҷамоат, маҳалла, шаҳр, ноҳия |
157. | Нишонаҳои ҳатмии субъекти ҷиноят кадомҳоанд? |
A) | Шахси воқеӣ будан; ба синну соли бо қонуни ҷиноятӣ муқарраршуда расидан; мукаллаф будан |
B) | Шахси воқеӣ будан; ба синну соли бо қонуни ҷиноятӣ муқарраршуда нарасидан; мукаллаф будан |
C) | Шахси ҳуқуқӣ будан; ба синну соли бо қонуни ҷиноятӣ муқарраршуда расидан; мукаллаф будан |
D) | Шахси воқеӣ будан ба синну соли бо қонуни ҷиноятӣ муқарраршуда расидан; номукаллаф будан |
158. | Кадом шахс узви якумраи Мачлиси Миллӣ мебошад? |
A) | Ҳар як собиқ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон |
B) | Собиқ вакилони Маҷлиси Олӣ |
C) | Аъзои Маҷлиси миллӣ |
D) | Шахсоне, ки дар ду мўҳлат вакили Маҷлиси намояндагон буданд |
159. | Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро кӣ сарварӣ мекунад? |
A) | Раиси ҷумҳур |
B) | Раиси Маҷлиси Олӣ |
C) | Сарвазир |
D) | Сарвазир ва раиси Маҷлиси Олӣ |
160. | Давлати президентӣ чист? |
A) | Ҳукумат аз тарафи Президент новобаста аз ҳайати ҳизбии парламент ташкил карда мешавад |
B) | Президент сарвари давлат аст |
C) | Давлатро Президент тавассути ҳизбхо идора мекунад |
D) | Ягонагии президент (доимии вазифа) |
161. | Ба сифати Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон кӣ интихоб шуда метавонад? |
A) | Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синни ӯ аз 30 кам набошад, забони давлатиро донад ва дар қаламрави ҷумҳурӣ на камтар аз 10 соли охир истиқомат дошта бошад |
B) | Ҳар як шаҳрванди аз 35 то 65 сола, ки забони давлатиро медонад ва дар қаламрави Тоҷикистон ҳадди ақал 10 соли охир истиқомат дорад; |
C) | Ҳар як шаҳрванди аз 35 сола то 60 сола, ки ҳадди ақал 15 соли охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат дорад |
D) | Ҳар як шаҳрванди аз 30 то 65 сола, ки забони давлатиро медонад ва дар қаламрави Тоҷикистон ҳадди ақал 10 соли охир истиқомат дорад |
162. | Сохибихтиёрии Ҷумҳурии Тоикистон чиро ифода мекунад? |
A) | Мустақилона, новобаста аз иродаи давлатҳои дигар, тибқи майлу хоҳиш ва иродаи халқ пеш бурдани сиёсати дохилӣ ва берунии давлат |
B) | Ихтиёран ташкилшавии давлат |
C) | Соҳибистиқлолии давлат |
D) | Ягонагии сохти давлатӣ |
163. | Воҳидҳои маъмурӣ-ҳудудии Тоҷикистонро номбар кунед |
A) | Деҳа, шаҳрак, ноҳия, шаҳр, вилоят |
B) | Кӯлоб, деҳа, вилояти Ленинобод, ноҳия |
C) | Шаҳрак, ноҳия, вилояти автономии Бадахшони кӯҳи, Калининобод |
D) | Деҳа, шаҳрак, вилоят, кишвар |
164. | Вазифаҳои конститусионии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро номбар кунед? |
A) | Риояи Конститусия ва қонунхо, ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, ҳифзи табиат, ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, додани андоз, пардохтҳо ва ғайраҳо |
B) | Риояи қонунҳо, меҳнати ҳатмӣ, матбуот, озодии сухан |
C) | Боҷ супоридан, таҳсил намудан, риояи Конститусия, шартномаҳо |
D) | Таҳсил дар мактаби олӣ, хизмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳ, меҳнат намудан |
165. | Кодекси ҷиноятии ҶТ кай қабул карда шудааст ? |
A) | 21 майи 1998 |
B) | 6 ноябри 1994 |
C) | 9 сентябри 1991 |
D) | 17 майи 2004 |
166. | Низоми ҳуқуқи ҷиноятӣ аз кадом қисмҳо иборат аст? |
A) | Аз 2 қисм иборат мебошад: умумӣ ва махсус |
B) | Аз 1 қисм иборат мебошад, қисми умумӣ |
C) | Аз 2 қисм иборат мебошад: асосӣ ва иловагӣ |
D) | Аз чор қисм иборат мебошад: умумӣ, махсус, асосӣ ва иловагӣ |
167. | Оё Конститутсия-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам чун сарчашмаи ҳуқуқи меҳнат баромад мекунад? |
A) | Конститутсия ҳамчун сарчашмаи ҳуқуқи меҳнат баромад мекунад |
B) | Конститутсия муносибатҳои муҳими ҷамъиятиро ба танзим медарорад ва ҳамчун сарчашмаи ҳуқуқи меҳнат баромад намекунад |
C) | Конститутсия ҳамчун сарчашмаи ҳуқуқи меҳнат баромад намекунад |
D) | Конститутсия ҳамчун сарчашмаи ҳуқуқи меҳнат баромад мекунад, вале дар ҷои аввал Кодекси меҳнат қарор дорад ва меъёрҳои Конститутсия бояд ба кодекси мазкур мухолиф набошад |
168. | Ҳуқуқ ба озодии ҳаракат ва интихоби ҷои зист чиро ифода мекунад? |
A) | Имконияти мустақилона ҳаракат намудан дар дохили кишвар, интихоби озодонаи ҷои зисти худ, тарки Ватан ва имконияти ба он баргаштан |
B) | Имконияти сафар ба давлатҳои хориҷа |
C) | Озодии ҳудудиро ифода мекунад |
D) | Ҳуқуқи озодона саёҳат кардан |
169. | Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти шаҳрванди Ҷумхурии Тоҷикистон кадом аст? |
A) | Шиноснома |
B) | Маълумотнома |
C) | Китоби қайди шуъбаи шиносномадиҳӣ |
D) | Ҳуҷҷате, ки дар он расми шаҳрванд бо муҳр тасдиқ карда шудааст |
170. | Дахлнопазирии манзил чӣ мазмун дорад? |
A) | Номумкин будани бе асоси қонунӣ ва бар хилофи хоҳиш ба манзил дохил шудан |
B) | Ҳуқуқи на зиёда аз як чои истиқомат доштан |
C) | Ба шахс дахлдор будани манзил |
D) | Ҳуқуқи доштани манзил |
171. | Аз номи халқи Тоҷикистон кӣ ҳуқуқи баромад карданро дорад? |
A) | Президент ва Маҷлиси Олӣ; |
B) | Намояндагони халқ |
C) | Президент ва раиси Маҷлиси миллӣ |
D) | Ҳамаи шаҳрвандон |
172. | Дар Тоҷикистон кадом вилоятҳо арзи вуҷуд доранд? |
A) | Вилоятҳои Суғд, Хатлон, Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон |
B) | Вилояти Суғд, вилояти Хатлон; Ноҳияҳои тобеи марказ |
C) | Вилоятҳои Суғд, Хатлон, Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, шаҳри Душанбе |
D) | Вилоятҳои Суғд, Хатлон, Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, шаҳри Душанбе ва дигар нохияхои тобеи марказ |
173. | Мазмуни муносибатҳои ҳуқуқиро чӣ ташкил медиҳад? |