Главная страница

Тест. Якум ва дуюми ихтисосои гайрихукукшиноси, гуруххои то


Скачать 132.14 Kb.
НазваниеЯкум ва дуюми ихтисосои гайрихукукшиноси, гуруххои то
Дата24.10.2022
Размер132.14 Kb.
Формат файлаdocx
Имя файлаҲуқуқ.docx
ТипДокументы
#752248
страница10 из 19
1   ...   6   7   8   9   10   11   12   13   ...   19
1   ...   6   7   8   9   10   11   12   13   ...   19

A)

Маҷмӯи ҳуқуқу ӯҳдадории тарафҳо

B)

Рафтор ва талаботи тарафҳо

C)

Дорои ӯҳдадорӣ будани тарафҳо

D)

Дорои ҳуқуқ ва ваколатҳо будани тарафҳо

174.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна мақом аст?

A)

Мақоми марказии ҳокимияти иҷроия

B)

Мақоми марказии давлатӣ аст

C)

Мақоми ичроияю амрдиҳӣ аст

D)

Мақоми назди Президенти Чумҳурии Тоҷикистон аст

175.

Андозсупоранда кист ?

A)

Шахсони воқеӣ ва (ё) шахсони ҳуқуқӣ, ки ба зиммаашон мутобиқи Кодекси андоз ўҳдадории пардохти андоз гузошта шудааст, андозсупоранда эътироф мешаванд

B)

Шахсони воқеӣ ва (ё) ташкилотҳои тиҷоратие, ки ба зиммаашон мутобиқи Кодекси андоз ўҳдадории пардохти андоз гузошта шудааст, андозсупоранда эътироф мешаванд;

C)

Шахсони воқеӣ ки ба зиммаашон мутобиқи Кодекси андоз ўҳдадории пардохти андоз гузошта шудааст, андозсупоранда эътироф мешаванд

D)

Шахсони ҳуқуқӣ, ки ба зиммаашон мутобиқи Кодекси андоз ўҳдадории пардохти андоз гузошта шудааст, андозсупоранда эътироф мешаванд

176.

Қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон аз чиҳо иборат аст?

A)

Конститутсияи ҶТ, Кодекси андози ҶТ ва дигар қонунҳои дар асоси он қабулшуда дар бораи андозҳо ва пардохтҳо

B)

Кодекси андози ҶТ ва дигар қонунҳои дар асоси он қабулшуда дар бораи андозҳо ва пардохтҳо

C)

Кодекси андози ҶТ, Кодекси гумруки ҶТ ва дигар қонунҳои дар асоси он қабулшуда дар бораи андозҳо ва пардохтҳо

D)

Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон

177.

Субъектони муносибатҳои ҳуқуқии андоз ин:

A)

Ҳамаи шахсоне, ки дорои ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои субъективии муносибатҳои ҳуқуқи андоз мебошанд

B)

Шахсони воқеие, ки дорои ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои субъективии муносибатҳои ҳуқуқи андоз мебошанд

C)

Иштирокчиёни ҳақиқии муносибатҳои андозбандӣ

D)

Танҳо шахсони ҷисмонӣ

178.

Объекти муносибатҳои ҳуқуқии андоз ин:

A)

Амвол, фоида, даромад, нархи маҳсулоти мубодилашаванда ва дигар асосҳои иқтисодие, ки арзиш доранд ё ин ки хусусияти ададӣ ва ҷисмонӣ доранд

B)

Андоз ҳамчун пардохти ҳатмӣ ба буҷети давлатӣ

C)

Иштирокчиёни ҳақиқии муносибатҳои андозбандӣ

D)

Ҳаракатҳои иштирокчиёни муносибатҳои андозбандӣ

179.

Вазифаҳои асосии андоз кадомҳоанд?

A)

Батанзимдароранда, фискалӣ (молиявӣ), назоратӣ

B)

Маҳдудсозӣ, батанзимдарорӣ, назоратӣ

C)

Фискалӣ, маҳдудсозӣ, ҳавасмандгардонӣ

D)

Батанзимдароранда, фискалӣ (молиявӣ), ҳавасмандгардонӣ

180.

Андоз гуфта:

A)

Пардохти муқаррарнамудаи Кодекси андоз ба буҷети давлатӣ ба ҳисоб рафта, дорои хусусияти ҳатмии бебозгашт ва беподош мебошад

B)

Пардохти муқаррарнамудаи қонун ба буҷети маҳаллӣ ба ҳисоб рафта, дорои хусусияти ҳатмии бебозгашт мебошад

C)

Маблағи муқаррарнамудаи қонун ба буҷети давлатӣ ба ҳисоб рафта, дорои хусусияти ҳатмӣ ва инфиродии ғайриэквивалентӣ мебошад

D)

Пардохти муқаррарнамудаи қонун ба буҷети давлатӣ ба ҳисоб рафта, дорои хусусияти ҳатмии бебозгашт мебошад

181.

Мавзўи ҳуқуқи андоз – ин муносибати байни:

A)

Давлат ва андозсупорандагон

B)

Соҳибкорони инфиродӣ ва давлат

C)

Агентҳои андоз ва андозсупорандагон

D)

Андозсупоранда ва мақомоти андоз

182.

Мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси кадом принсипҳо фаъолият менамояд?

A)

Қонуният, риояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таҳти назорат ва ҳисоботдиҳанда будан ба мақомоти болоӣ

B)

Қонуният, риояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд

C)

Қонуният, баробарии тарафҳо, ҳисоботдиҳанда будан ба мақомоти болоӣ

D)

Баробарии тарафҳо, риояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таҳти назорат ва ҳисоботдиҳанда будан ба мақомоти болоӣ

183.

Мафҳуми ҳуқуқвайронкунии андоз:

A)

Ҳуқуқвайронкунии андоз – ин амал ё беамалии зиддиқонунии (хилофи қонунгузории андоз) шахси воқеӣ ё ҳуқуқие мебошад, ки содир намудани он боиси ҷавобгарии муқаррарнамудаи қонун мегардад

B)

Ҳуқуқвайронкунии андоз – ин амал ё беамалии зиддиқонунии (хилофи қонунгузории андоз) шахси воқеӣ ё ҳуқуқие намебошад, ки содир намудани он боиси ҷавобгарии муқаррарнамудаи қонун мегардад

C)

Ҳуқуқвайронкунии андоз – ин амал ё беамалии зиддиқонунии (хилофи қонунгузории андоз) шахси воқеӣ ё ҳуқуқие мебошад, ки содир намудани он боиси ҷавобгарии муқаррарнамудаи қонун намегардад

D)

Ҳуқуқвайронкунии андоз – ин амал ё беамалии қонунии (хилофи қонунгузории андоз) шахси воқеӣ ё ҳуқуқие мебошад, ки содир намудани он боиси ҷавобгарии муқаррарнамудаи қонун мегардад

184.

Мафҳуми шаҳрвандро тибқи қонунгузории гражданӣ муайян намоед:

A)

Таҳти мафҳуми шаҳрвандон (шахси воқеӣ) шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони давлатҳои дигар, инчунин шахси бешаҳрвандӣ фаҳмида мешавад

B)

Таҳти мафҳуми шаҳрвандон (шахси воқеӣ) шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон фаҳмида мешавад

C)

Таҳти мафҳуми шаҳрвандон (шахси воқеӣ) шаҳрвандони давлатҳои дигар фаҳмида мешавад

D)

Таҳти мафҳуми шаҳрвандон , шахси бешаҳрвандӣ фаҳмида мешавад

185.

Қобилияти ҳуқуқдории гражданӣ аз кадом лаҳза ба миён меояд?

A)

Қобилияти ҳуқуқдории шаҳрванд аз лаҳзаи таваллуд ёфтанаш ба миён омада, пас аз вафоташ қатъ мегардад

B)

Қобилияти ҳуқуқдории шаҳрванд аз синни 18 солагӣ ба миён омада, пас аз вафоташ қатъ мегардад

C)

Қобилияти ҳуқуқдории шаҳрванд аз лаҳзаи эмансипатсия ба миён омада, пас аз вафоташ қатъ мегардад

D)

Қобилияти ҳуқуқдории шаҳрванд бо қарори суд ба миён омада, пас аз вафоташ қатъ мегардад

186.

Қобилияти амалкунии шаҳрванд чист ва аз кадом лаҳза ба миён меояд?

A)

Қобилияти шаҳрванд барои бо амали хеш ба даст овардан ва татбиқ намудани ҳуқуқи гражданӣ, барои худ муқаррар намудани ӯҳдадорӣ ва иҷро намудани он (мукаллафияти гражданӣ) дар ҳаҷми пурра бо фаро расидани балоғат, яъне пас аз расидан ба синни ҳаждаҳ, ба миён меояд

B)

Қобилияти шаҳрванд барои бо амали хеш ба даст овардан ва татбиқ намудани ҳуқуқи гражданӣ, барои худ муқаррар намудани ӯҳдадорӣ ва иҷро намудани он (мукаллафияти гражданӣ) дар ҳаҷми пурра бо фаро расидани балоғат, яъне пас аз расидан ба синни шонздаҳ, ба миён меояд

C)

Қобилияти шаҳрванд барои бо амали хеш ба даст овардан ва татбиқ намудани ҳуқуқҳои маъмурӣ, барои худ муқаррар намудани ӯҳдадорӣ ва иҷро намудани он (мукаллафияти гражданӣ) дар ҳаҷми пурра бо фаро расидани балоғат, яъне пас аз расидан ба синни ҳаждаҳ, ба миён меояд

D)

Қобилияти амалкунии шаҳрванд аз лаҳзаи таваллуд ёфтанаш ба миён омада, пас аз вафоташ қатъ мегардад

187.

  1. Қисми якуми кодекси гражданӣ кай қабул шудааст?

A)

30 июни соли 1999

B)

12 феврали 2005

C)

13 октябри 1998

D)

11 декабри соли 1999

188.

Дар ҳолати вафот, истеъфо ё ғайри қобили амал донистани Президент ӯҳдадориҳои ӯро то ба шурӯъи вазифа оғоз кардани Президенти нав интихобшуда иҷро мекунад:

A)

Раиси Маҷлиси Миллӣ

B)

Раиси Маҷлиси Олӣ

C)

Сарвазир

D)

Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президент

189.

  1. Қисми дуюми кодекси гражданӣ кай қабул шудааст?

A)

11 декабри соли 1999

B)

30 июни соли 1999

C)

2 октябри 1998

D)

12 феврали 2006

190.

  1. Мерос кай кушода мешавад?

A)

Мерос дар натиҷаи вафоти шаҳрванд ё фавтида эълон гардидани ў кушода мешавад


написать администратору сайта