педагогика. Педагогика якҷавоба. Объекти фанни педагогикаро муайян намоед
Скачать 28.27 Kb.
|
@1. Объекти фанни педагогикаро муайян намоед;$A) Объекти фанни педагогикаро он қисмати зуҳуроти воқеияти мавҷуда ташкил медиҳад, ки худ сабабгори рушду инкишофи инсон аст; @2. Предмети фанни педагогика чист?$A) Предмети фанни педагогика фарогири маълумоту маърифатест, ки ҳамчун раванди воқеӣ ва ҳақиқати педагогӣ дар институтҳои махсуси иҷтимоӣ аз қабили оила, муассисаҳои таълимӣ ва фарҳангӣ-тарбиявӣ ба роҳ монда мешавад; @3. Вазифаҳои фанни педагогика аз чӣ иборатанд?$A) Вазифаҳои фанни педагогика аз тадқиқ ва муайянсозии қонуниятҳо дар соҳаи таълиму тарбия, идораи низоми таълим ва тарбия, омӯзиш ва ҷамъбасти таҷрибаи пешқадами педагогӣ, пешбинии инкишофи минбаъдаи системаҳои таълим, таҳия ва такмили роҳҳо, воситаҳо ва шаклҳои нави таълиму тарбия, ҷорӣ намудани натиҷаҳои тадқиқоти педагогӣ дар амалияи омӯзиш иборат мебошад; @4. Методҳои тадқиқотии педагогикаро шарҳ диҳед;$A) Методҳои тадқиқотии педагогиро тарзу усулҳои омӯзиши зуҳуроти педагогӣ, касб ва маълумоти роҷеъ ба онҳоро бо мақсади муайян намудани қонуниятҳо ва робитаҳои мутақобилаи ин зуҳуротҳо ташкил медиҳанд; @5. Педагогика чист?$A) Педагогика маҷмӯи илмҳои назариявӣ ва амалист, ки тарбия, таҳсилот ва таълимро меомӯзад; @6. Ба сохтори анъанавии тадқиқоти илми педагогӣ кадом соҳаҳо дохил мешаванд?$A) Педагогикаи умумӣ, таърихи педагогика, педагогикаи синну солӣ (томактабӣ, мактабӣ, педагогикаи калонсолон) , педагогикаи ислоҳкунӣ; педагогикаи ношунавоён, педагогикаи нобиноёну заифчашмон, педагогикаи лакнатзабонон, усулҳои хусусӣ, педагогикаи соҳавӣ (ҳарбӣ, варзиш, мактаби олӣ, истеҳсолӣ) , этнопедагогика; @7. Этнопедагогика чиро меомӯзад?$A) Этнопедагогика як соҳаи илми педагогика буда, тарбияи мардумиро дар миёни нажодҳои гуногун меомӯзад; @8. Фанни педагогика бо кадом илмҳо робита дорад?$A) Бо фалсафа, психология, биология, ҳуқуқ, тиб, сиёсатшиносӣ, адабиёт, таърих ва ҷомеашиносӣ; 9. Асосгузори равияи «неотомизм» кист ва пайравони он чӣ ақида доранд?$A)Асосгузори ин равия файласуфи машҳури асримиёнагӣ Фомаи Аквинӣ буда, пайравонаш исбот месозанд, ки нақши дин дар тарбияи насли наврас ниҳоят бузург аст; @10. Барои пайравони ҷараёни «позитивизм ва неопозитивизм» кадом натиҷаҳо дурусту санҷидашуда ҳисобида мешуданд?$A) Барои пайравони ин ҷараён натиҷаҳое дурусту санҷидашуда ҳисобида мешаванд, ки бо ёрии усулҳои миқдорӣ ба вуҷуд омадаанд, яъне барои онҳо на дониш, балки роҳҳои фарогирии он муҳимтар мебошад; @11. Бунёдгузорони ҷараёни материализми диалектикӣ киҳоянд?$B) К.Маркс ва Ф.Энгелс; @12. Мафҳуми «экзистенсиализм»-ро шарҳ диҳед;$B) Мафҳуми аслии ин равияи фалсафӣ мавҷудият, яъне ҳастии инсоне мебошад, ки дар «Ман»-и худ ғарқ аст; @13. Илми педагогика фарогири кадом дараҷаҳои мушаххаси илмӣ аст?$B) Муносибати шахсӣ, фаъолиятӣ, диалогӣ, фарҳангӣ ва педагогӣ; @14. «Инсон ҳамчун мавзӯи тарбиявӣ» асари кадом олим аст?$B) К.Д.Ушинский; @15. Маҳдудиятҳои қабилавӣ ва нажодиро дар соҳаи таълим зери танқиди ниҳоят ҷиддӣ кадом олим матраҳ намудааст?$B) А.В.Дистерверг; @16. Ҳар як бахши системаи маориф аз ҷониби кадом муассисаҳо дар ҳаёт амалӣ мешавад?$B) Аз ҷониби муассисаҳои таълимию илмӣ; @17. Муассисаҳои томактабии таълимӣ кадомҳоянд?$B) Боғча, кӯдакистон ва марказҳои инкишофи кӯдакон; @18. Лихачев Б.Т. усулҳои бунёдгузории мундариҷаи маълумотро ба чанд гурӯҳ тақсим мекунад?$B) Ба ду гурӯҳ-усулҳои методологӣ ва усулҳои махсус; @19. Дар асоси назарияи умумии стандарти давлатӣ мундариҷаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар мактаб дар чӣ инъикос меёбад?$B) Дар нақшаи таълимӣ; @20. Мақсаду маром ва арзишҳои нави ҷамъиятӣ дар соҳаи таълиму тарбия бо пайдоиши кадом равияву тамоюлҳои нав дар раванди педагогӣ сабабгор шудаанд?$B) Ҳуманизатсияи маълумот, демократикунонӣ, фардикунонӣ, индустрикунонӣ, навъбахшӣ, ҳамгироӣ, психологикунонии раванди таълими муосир, гузариш аз роҳҳои ахбор ба роҳҳои фаъоли таълим ва стандартикунонии мундариҷаи маълумот бо равияҳои амалии байналхалқии маориф; @21. Омӯзиши олии касбӣ дар кадом муассисаҳо сурат мегирад?$C) Донишгоҳҳо, донишкадаҳо ва академияҳо; @22. Техникумҳо, коллеҷу омӯзишгоҳҳо чӣ гуна муассисаанд?$C) Муассисаҳои таълимии касбӣ; @23. Мактабҳои бадеӣ, мусиқӣ, хонаҳои эҷодӣ, марказҳои омодагии касбӣ, курсҳои такмили ихтисос ва ғ. чӣ гуна муассисаанд?$C) Муассисаҳои иловагии таълимӣ; @24. Мундариҷаи маълумот аз чӣ иборат аст?$C) Аз маҷмӯи донишҳо, малакаҳо, маҳорати иҷтимоӣ, ки ба таври махсус интихоб шудаанд ва барои ташаккули шахсият ва пайванди ӯ ба зиндагии иҷтимоӣ заруранд; @25. Фанни педагогика дар раванди омӯзиш ба кадом пояҳои асосӣ такя мекунад?$C)Мақсади омӯзиш, мазмуни омӯзиш ва шаклу усулҳои омӯзиш; @26. Сохтори донишҳои методологӣ дар чанд замина мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд?$C) Дар чор замина — фалсафӣ, умумиилмӣ, заминаи мушаххаси илмӣ ва технологӣ; @27. Заминаи фалсафӣ дар сохтори донишҳои методологӣ фарогири кадом усулҳост?$C)Заминаи фалсафӣ дар сохтори донишҳои методологӣ фарогири усулҳои умумӣ - маърифатӣ ва илмӣ мебошад; @28. Илми педагогика боз фарогири кадом дараҷаҳои мушаххаси илмист?$C) Муносибати шахсӣ, фаъолиятӣ, диалогӣ, фарҳангӣ, педагогӣ ва антропологӣ; @29. Тадқиқоти педагогиро ба чанд гурӯҳ ҷудо менамоянд?$C) Ба ду гурӯҳ — тадқиқоти бунёдӣ ва тадқиқоти амалӣ; @30. Мафҳумҳои асосии педагогикаро номбар кунед;$C) Маълумот, тарбия, таълим, фаъолияти педагогӣ, раванди педагогӣ ва фаъолияти муштараки педагогӣ; @31. Мафҳуми тарбияро шарҳ диҳед;$D) Мафҳуми тарбия амалро ифода мекунад, амал бошад маънии фаъолиятро дорад, фаъолият бошад ба инсон вобаста аст; @32. «Қобуснома» асари кадом адиб маҳсуб мешавад?$D) Унсурмаолии Кайковус; @33. Навъҳои аввалин мактабҳоро нишон диҳед;$D) Хусусӣ, мардона, занона, савтия, қорихона, далоилхона ва мадраса; @34. «Мактаби кӯҳна» асари кадом адиб аст?$D) С.Айнӣ; @35. Мактабҳоро дар замони гузашта кӣ идора мекард?$D) Мактабҳои мардонаро халифа ва занонаро бибихалифа; @36. Дар мактабҳои кӯҳнаи тоҷикӣ дар ташкили корҳои таълим чӣ гуна низом вуҷуд дошт?$D) Низоми муайян вуҷуд надошт; @37. Карл Маркс кадоме аз ин мадрасаҳоро «беҳтарин академия» номида буд?$D)«Низомия» дар Бағдод; @38. Ин қитъа аз кадом адиб Ба ту хонам зи дафтари ахлоқ,$D) Аз Ҳофизи Шерозӣ ва яке аз хислати беҳтарини инсонӣ — бахшоишро талқин мекунад; @39. Мавзӯъҳои педагогии адабиёти асри X асосан аз тавсифи кадом хислатҳои ҳамида иборат уданд?$D) Тавсифи ақл-хирад, ситоиши илму дониш, омӯзиши ҳунар, кӯшишу ғайрат дар ҳар кор, ростӣ, ёрӣ расондан ба дармондагон, мазаммати афъоли бад, тарғиби рафтори ҳамида ва амсоли ин; @40. Таълимоти зер дар ситоиши фазилати муаллим ба кадом адиб тааллуқ дорад: «Муаллим пас аз анбиё ва шуҳадо назди Худо маҳбубтарин халқанд»;$D)Абулҳайси Самарқандӣ; @41. Асоси таълимоти Форобиро кадом ақидаи педагогӣ ташкил медиҳад?$E) Меҳвари асосии таълимоти педагогии Форобӣ андеша дар бораи инсон аст; @42. Усулҳои илтифот ва ҷабрро барои таълими тарбиятгирандагон кадоме аз ин мутаффакирон пешниҳод кардаанд?$E) Абунасри Форобӣ; @43. Абунасри Форобӣ омили инкишофу такомули одамро дар чӣ мебинад?$E) Дар таъсири муҳити ҷамъиятӣ; @44. Ақидаи педагогии «Ахлоқ маҳсули муносибатҳои иҷтимоӣ буда, дар муоширати байни одамон ташкил меёбад» ба кадоме аз ин адибон мутааллиқ аст?$E) Ибни Сино; @45. Тарбияи рӯҳониро дар баробари тарбияи ҷисмонӣ барои инсон кадом адиби машҳур талқин кардааст?$E) Закариёи Розӣ; @46. Дар таълимоти педагогии кадом адиб масъалаҳои ахлоқ аз назари ҳиссиёту ҳолатҳои рӯҳонии инсон баён карда мешавад?$E) Ибни Сино; @47. Таълимоти педагогии «табъу зеҳн воситаи асосии дарёфти илмҳои латиф мебошад» дар кадом асари адибони зерин дарҷ гардидааст?$E) «Тибби рӯҳонӣ»-и Закариёи Розӣ; @48. Мавзӯи таълиму тарбият ва ақидаҳои педагогӣ аз ҳама бештар дар кадом асари Ибни Сино баён шудаанд?$E) «Тадбири манзил»; @49. Дар афкори педагогии кадоме аз шоирони зерин ақидаи генетикӣ-ирсият, яъне меросӣ будани касбу ҳунар афзалият пайдо кардааст?$E) Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ; @50. Ақидаи кадоме аз адибони зерин дар бораи мувофиқати тану рӯҳ ба талаботи имрӯза оид ба ягонагии назария ва амалия монанд аст?$E) Носири Хусрав; @51. Ин байт аз ашъори кадом шоири классики тоҷику форс аст?Тан ба ҷон зинда аст,$A) Носири Хусрав; @52. «Муаллими ахлоқ» кадом шоири классики тоҷику форсро ном мебаранд?$A)Саъдии Шерозӣ; @53. Масъалаи ҳурмат ва эҳтироми устод дар кадом асари Ҳусайн Воизи Кошифӣ талқин шудааст?$A) «Футувватномаи султонӣ»; @54. Кадом адиби классики форсу тоҷик фалсафаро қуллаи олии илм ва моҳияти одамиро ба ақлу ҳуш, донишу хиради ӯ мебинад?$A) Мирзо Абдуқодири Бедил; @55. Муҳаққиқон «гаҳвораи педагогикаи илмӣ» гуфта чиро мешуморанд?$A)Педагогикаи халқиро; @56. Таълимоти «Тарбият яксон аст, валекин истеъдод мухталиф» аз кадом мутафаккир аст?$A) Саъдии Шерозӣ; @57. Дар Афина чанд навъи мактаб вуҷуд дошт ва онҳоро чӣ гуна номгузорӣ карда буданд?$A) Ду навъи мактаб — хусусӣ ва давлатӣ; @58. Ба ақидаи кадоме аз ин мутафаккирон ташкили тарбия бояд вазифаи давлат бошад?$A) Афлотун; @59. Таълимоти мазкур ба кадом мутафаккири қадим мансуб аст: «Оила ҷузъи ҷудонашавандаи давлат аст»?$A) Ситсерон; @60. Кадом мутафаккири аҳди қадим таълими забон, мусиқӣ ва инкишофи тафаккури мантиқиро барои ташаккули талаффузи буррои нутқ афзалият додааст?$A)Квинтилиан; @61. Таълимоти педагогии «Ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст», Ки дар ҳамаи давру замонҳо аҳамияти бузурги тарбиявию умумибашарӣ дорад, мутааллиқ ба кадом мутафаккир аст?$B) Чалолиддини Румӣ; @62. Ин таълимоти кадом мутафаккир аст: санги маҳаки камолоти инсонӣ дар тарбия аст: Хари Исо одамӣ нахоҳад шуд,$B) Саъдии Шерозӣ; @63. Иҷтимоикунонӣ чист?$B) Раванди пай дар пай ва қатънашавандае, ки дар рафти он инкишофи зиндагии инсон сурат мегирад; @64. Раванди иҷтимоикунонӣ ба кадом омилҳо таъсир мерасонад?$B) Ба ташаккул ва инкишофи шахсият, тағйироту рушди ҷомеа; @65. Воситаҳои иҷтимоикунонӣ ба кадом хусусиятҳои шахс таъсир мерасонанд?$B) Ба хусусиятҳои синнусолии инсон, тарбияи хонаводагӣ, хусусияти муносибатҳо бо ҳамсолон ва ҳок; @66. Намудҳои тарбияи хонаводагиро номбар кунед;$B) Муносибат бо ҳамсолон, шаклҳои мукофоту ҷазо; @67. Дар раванди иҷтимоикунонӣ таъсири гурӯҳҳои иҷтимоӣ вуҷуд дорад?$B) Ҳа; @68. Вазифаҳои асосии тарбия дар равандҳои иҷтимоикунонӣ кадомҳоянд?$B) Танзими таъсири омилҳои иҷтимоӣ ба шахсияти инсон, фароҳам овардани шароити иҷтимоикунонии шахсият; @69. Моҳияти тарбияро дар раванди иҷтимоикунонӣ тавсиф диҳед;$B) Фаъолияти амалӣ сохтани мақсадҳои таълим дар шароити раванди педагогӣ; @70. Нуқтаи назари «… Мақсади тарбия$B) Рубинштейн; @71. Интериоризатсияи арзишҳои умумиинсонӣ бо чанд роҳ амалӣ мешаванд?$C) Ду; @72. Намудҳои тарбия аз рӯйи таснифоти институти иҷтимоӣ кадомҳоянд?$C) Оилавӣ, мактабӣ, мазҳабӣ, қавмӣ ва ғ; @73. Намудҳои тарбия аз рӯи таснифоти усули идоракунӣ кадомҳоянд?$C) Авторитарӣ, демократӣ, либералӣ, озод; @74. Назарияҳои мухталифи тарбия кадомҳоянд?$C) Назарияи тарбияи авторитарӣ, тарбияи озод, тарбияи башардӯстона; @75. Худтарбиякунӣ чист?$C) Фаъолияти муттаасили бошууронаест, ки ба худинкишофдиҳӣ ва ташаккули фарҳанги шахсияти инсон равона шудааст; @76. Мукофот чист?$C) Мукофот — яке аз методҳои тарбия мебошад; @77. Ҳадя чист?$C) Ҳадя як шакли муокфотдиҳӣ аст, ки бештар ба туфайли мукофоти молӣ ба амал меояд; @78. Чазо чист?$C) Чазо ин методи тарбия мебошад, ки ҳадафаш омӯзондани меъёрҳои қабулшуда аст; @79. Асоси ҷаҳонбинии илмӣ чист?$C) Андешаҳо, эътиқодҳо; @80. Тарбияи шаҳрвандӣ чист?$C) Тарбияи шаҳрвандӣ як бахши муҳими назарияи тарбия мебошад, ки ҳадафи он ташаккули меҳру муҳаббат ба Ватан мебошад; @81. Ба андешаи Ж.Ж.Руссо асоси тарбияи шаҳрвандӣ чист?$D) Ташаккул ва инкишофи озоди шахсият; @82. Олими олмонӣ дар тарбияи шаҳрвандӣ кадом омилҳоро муҳим меҳисобад?$D)Ташаккули мақсадноки шуури шаҳрвандӣ, донистани таърихи давлат, маърифати сиёсии мардум; @83. Воситаҳои асосии тарбияи ахлоқӣ кадомҳоянд?$D) Истифодаи идеалу ормонҳои ахлоқӣ; @84. Башардӯстӣ чист?$D) Башардӯстӣ ин тавсифдиҳандаи хоси шахсияти инсон аст, ки маҷмӯи хислатҳои ӯро дар бар дорад ва баёнгари муносибати байни инсонҳост; @85. Воситаи асосии тарбияи башардӯстонаро номбар кунед;$D) Ташаккули эҳсоси эҳтиром ба шахс; @86. Вазифаҳои тарбияи ахлоқиро номбар кунед;$D) Тарбияи интизоми бошуурона, маданияти рафтору кирдор; @87. Интизом чист?$D) Интизом ҳамчун қисмати таркибии тарбияи ахлоқӣ мебошад, ки дар пояи масъулият асос ёфтааст; @88. Боинтизомӣ чист?$D) Боинтизомӣ ҳамчун сифати шахсӣ, ки дар мафҳуми маданияти рафтор ифода меёбад; @89. Rисматҳои асосии маданияти рафторро номбар кунед;$D) Маданияти нутқ, маданияти муошират, маданияти зоҳирӣ, маишӣ; @90. Маданияти нутқ чист?$D) Маданияти нутқ — доштани маҳорати мубоҳисаву баҳс, аз худ намудани меъёрҳои шифоҳӣ ва хаттӣ; @91. Маданияти муошират чист?$A) Ташаккули маданияти рафтор; @92. Маданияти зоҳирӣ чист?$A) Муоширати фардӣ, риояи покизагӣ, завқи эстетикӣ; @93. Маданияти маишӣ чист?$A) Фаъолияти ҷамъиятии шахс аст; @94. Вазифаҳои тарбияи меҳнатӣ кадомҳоянд?$A) Ташкили меҳнати истеҳсолӣ, хоҷагӣ; @95. Намудҳои тарбияи меҳнатиро номбар кунед;$A) Ҷамъиятӣ, зеҳнӣ; @96. Шаклҳои меҳнати фоиданоки ҷамъиятиро номбар кунед;$A) Ташаккули фаъолияти меҳнатии фардӣ ва коллективӣ; @97. Ҳадафи меҳнати истеҳсолӣ чист?$A) Бо кори хона машғул шудан; @98. Тамоюли касбӣ чист?$A) Раванди чорабиниҳои таълимӣ-тарбиявӣ; @99. Ҳадафи тарбияи иқтисодӣ дар чист?$A) Истифодаи донишҳо дар амалия, меҳнати @100. Тарбияи иқтисодӣ чист?$A) Мусаллаҳ намудани хонандагон бо малака ва маҳорати гуногуни меҳнатӣ; @101. Тарбияи экологӣ чист?$A) Тарбияи экологӣ ин ташаккули шуури экологӣ, @102. Тарбияи ҳуқуқӣ чист?$A) Тарбияи ҳуқуқӣ ин ташаккули шуури ҳуқуқӣ мебошад; @103. Мафҳуми раванди педагогиро шарҳ диҳед;$A) Раванди педагогӣ ин ҳаракатест, ки аз мақсадҳои омӯзиш оғоз гардида, ба воситаи таъмини ягонагии таълиму тарбия ба суӯи натиҷаҳои омӯзиш равона мешавад; @104. Фаъолияти муштараки педагогӣ чанд ҷузъи асосӣ дорад?$A) Ду ҷузъи асосӣ — таъсири педагогӣ ва амали ҷавобии шогирд; @105. Омили ҳаракатдиҳандаи мазмуни маълумот кадом муҳит ба шумор меравад?$A)Муҳити иҷтимоӣ; @106. Омилҳои муайяне, ки дар интихоби мавод мазмуни омӯзишро ташкил медиҳанд, кадомҳоянд?$A) Илм, истеҳсоли неъматҳои моддиву маънавӣ, таҷрибаи муносибатҳои ҷамъиятӣ, арзишҳои маънавӣ, шаклҳои шуури ҷамъиятӣ ва соҳаи фаъолияти инсон; @107. «Муаллим нигоҳбон ва муҳофизи кӯдак аз вайроншавӣ ва дигар зуҳуротҳои номатлуб аст» ақидаи кадом педагог аст?$A) Ж. Руссо; @108. «Муаллим бояд шахси накӯкор ва накӯхислате бошад, ки кӯдакро бо ахлоқи намунаи хеш тарбия карда тавонад» ба кӣ тааллуқ дорад?$A) Л. Толстой; @109. «Муаллим сеҳргарест, ки метавонад иродаи дигареро ба худ ҷалбу тобеъ намояд» ақидаи кадом педагог аст?$A) Гаюӣ; @110. Кадом муҳаққиқон ва педагогҳо тарбиятгарро боғбони кӯдак номидаанд?$A)Песталотси ва Фребел; @111. Кадоме аз ин педагогон дар симои муаллим техникаи инсонпарвариро медид?$A)Блонский П. П; @112. Оё ҳамаи ин сифатҳо хоси табиати психологии муосири муаллимонанд?$A) Заҳмати муаллим барои ҳаракати фаъоли хонанда, ки ҳама ҷо машғули ҷустуҷӯ ва касби @113. Оё илм то ба имрӯз калиди даричаи маълумот ва кашфиётро оид ба психикаи омӯзгор пайдо намудааст ё не?$A) Пайдо накардааст; @114. Услуби фаъолият аз система ва шароитҳо вобастагӣ дорад?$A) Услуби фаъолият иборат аз системаи роҳҳо ва тарзҳои устуворест, ки дар шароитҳои гуногуни мавҷудияти он зуҳур меёбад; @115. Услуби фаъолияти педагогӣ таъсиру нуфузи кадоме аз ин се омилро ошкор месозад? 1. Хусусиятҳои фардӣ- психологии омили ин фаъолият-муаллимро, ки дар навбати худ дорои хусусиятҳои фардӣ намунавӣ, шахсӣ ва ахлоқӣ мебошад. 2. Хусусиятҳои худи фаъолиятро. 3. Хусусиятҳои хонандагонро (сину сол, ҷинс, мақом, сатҳи дониш ва ғ.);$A) Сеяшонро; @116. Хусусияти таъсири мутақобила, хусусияти ташкили фаъолият, салоҳияти касбии муаллим, хусусияти муошират дар кадом шароити мушаххаси фаъолияти педагогӣ сурат мегиранд?$A) Таълимӣ; @117. Ба ақидаи кадоме аз ин мутаффакирон таҳти мафҳуми «услуби муошират» хусусиятҳои фардӣ- намунавӣ ва таъсири мутақобилаи иҷтимоӣ — психологии муаллиму хонандагон фаҳмида мешавад?$A) Канн Калик В.А; @118. Ба ақидаи кадоме аз ин муҳаққиқон асоси фарқияти услуби меҳнати муаллимро бунёдҳои зерин ташкил менамоянд? 1) . Тавсифи мазмуни услуб. 2) . Тавсифи динамики услуб. 3) . Самаранокӣ;$A) Марков А.К., Никонова А.Я; @119. Бо истифодаи кадом услуб дарс шавқангез мегузарад?$A) Услуби эмотсионалӣ (ҳиссӣ); @120. Оё фақат фаъолияти педагогӣ метавонад дорои услубҳои муайян бошад?$A) Ҳамаи фаъолиятҳо метавонанд дорои услубҳои хоси худ бошанд; @121. Кадоме аз ин олимони илми педагогика қобилиятҳои педагогиро ба таври умумӣ гурӯҳбандӣ намудааст?$B) Крутетский В.А; @122. Моҳияти қобилияти дидактикӣ аз чӣ иборат аст?$B) Аз мутобиқсозии маводи таълимӣ, пешниҳоди соддаву фаҳмои донишҳо, бедор намудани шавқу рағбати хонанда нисбат ба фанҳои таълимӣ, барангехтани фаъолияти маърифатӣ, қобилияти ташкили кори мустақилона, ташаккули талабот ба азхудкунии мустақили донишҳо; @123. Қобилияти академикӣ гуфта маҷмӯи кадом қобилиятҳоро мефаҳмед?$B)Rобилиятҳои академикӣ қобилиятҳое мебошанд, ки ба соҳаҳои мухталифи илм (риёзӣ, физика,биология ва ғ.) мутааллиқанд; дониши фанни омӯхташаванда аз ҳаҷми курси таълимӣ амиқтару васеътар аст; бештар талаботи гузаронидани корҳои тадқиқотиро доранд; @124. Кадоме аз ин қобилиятҳоро қобилияти суханронӣ (нутқ) мегӯянд?$B) Омӯзгор тибқи он бояд андешаҳои хешро кушоду равшан ва возеҳ баён сохта, эҳсосоти худро бо ёрии ҳаракату ишораҳо ифода намояд; @125. Кадоме аз ин қобилиятҳо фарогири қобилияти ташкилотчигии муаллим мебошад?$B) Маҷмӯи қобилиятҳое, ки аз як тараф коллективи хонандагонро ташкил мекунанд аз тарафи дигар кори хусусии муаллимро ба низом медарорад; @126. Тавассути кадом қобилият, муаллим ба хонандагон таъсири ҳиссии бевосита расонида, соҳиби обрӯ шудани онҳоро таъмин мекунад?$B) Қобилияти авторитарӣ; @127. Қобилияти перспективиро чӣ гуна шарҳ додан мумкин аст?$B) Ин қобилияти мушоҳидакории психологӣ, маҳорати дарк намудани тағйирот дар ҳолати ботинии хонанда мебошад; @128. Қобилиятҳои коммуникативӣ аз кадом навъи қобилиятҳо иборатанд? 1.Аз малакаю маҳорати муошират намудан; 2. Аз пайдо намудани муносибати мувофиқ ба хонандагон; 3. Аз барқарор намудани робитаҳои дуҷониба;$B) Аз ҳар сеяшон; @129. Тавассути кадом қобилият омӯзгор бояд оқибатҳои рафтори худро бубинад?$B)Қобилияти тассавуроти педагогӣ (пешгӯӣ); @130. Ҳадафи қобилияти тақсим намудани таваҷҷӯҳу диққати қавӣ фарогири кадоме аз ин се самти фаъолияти педагогӣ мебошад? 1. Байни мундариҷаю шакли баёни мавод ва ташаккули андешаи худ. 2. Таҳти назорат қарор додани ҳамаи хонандагон ва эҳсос намудани аломатҳои хасташавии онҳо, нофаҳмии онҳо ва вайрон намудани интизом. 3. Назорати рафтори шахсӣ (тарзи нишаст, ҳаракатҳо, имову ишора худтанзимкунӣ);$B)Ҳар сеяшон; @131. Маҳоратҳои педагогии мавҷударо ба се гурӯҳ ҷудо намоед. А) Маҳорати расонидани донишҳои маълуму маъруф аз ҷониби муаллим бо намуду қоидаву тарзҳои таълиму тарбия дар шароити нави вазъияти педагогӣ. Б) Маҳорати ёфтани роҳҳои нави ҳал барои ҳар як вазъияти педагогӣ. В) Маҳорати кор кардани усулҳои нави азхудкунии донишҳои педагогӣ, тарҳрезӣ, муайян намудани намудҳои нави ҳалли вазъиятҳои мушаххаси педагогӣ. Г) Маҳорати расонидани донишҳои маълуму маъруфи мавҷуда аз ҷониби муаллим. Д) Маҳорати пайдо намудани усулҳои нави педагогӣ дар шароитҳои мушаххас. Е) Маҳорати баромадан аз вазъиятҳои педагогии мушкили бавуҷудомада;$C) А, б, в; @132. Педагог ва психологи маъруф - Маркова А.К. ҳангоми баррасӣ маҳоратҳои педагогиро ба чанд гурӯҳ ҷудо намуда буд?$C) Ба 8 гурӯҳ; @133. Педагоги бузург Маркова А.К. маҳорати дар вазъияти педагогӣ дарёфтани масъалаву проблема ва тавсифи он ҳамчун вазифаи педагогӣ, маҳорати дар раванди педагогӣ дар симои хонанда иштирокчии фаъолро дида тавонистан, омӯхтан ва ташаккул додани вазъияти педагогиро ба кадом гурӯҳи маҳоратҳо дохил намуда буд?$C) Гурӯҳи аввал; @134. Кадом гурӯҳи маҳорати педагогиро олими бузург Маркова А.К. ба се зергурӯҳ ҷудо намудааст?$C) Гурӯҳи дуюмро; @135. Маркова А.К. педагог ва психологи маъруф ҳангоми барассии яке аз гурӯҳҳои маҳорати педагогӣ, мафҳуми «чиро биомӯзем»-ро мутаалиқи кадом зергурӯҳ шуморида буд?$C) Зергурӯҳи аввал; @136. Мафҳуми «киро биомӯзонем»-ро педагог Марков А.К. ба кадом гурӯҳ ва кадом зергурӯҳи маҳорати педагогӣ мутаалиқ медонист?$C) Ба гурӯҳи дуюм,зергурӯҳи дуюм; @137. Педагог Маркова А.К. зергурӯҳи сеюми «чӣ гуна биомӯзонем»-и гурӯҳи дуюми маҳорати педагогиро иборат аз чиҳо медонист?$C) Иборат аз интихоб ва истифодаи шаклҳо ва тарзу роҳҳои таълиму тарбия, маҳорати қиёс намудан ва умумият бахшии вазъиятҳои педагогӣ, ташкили фаъолияти мустақили таълимӣ, амалисозии вазифаҳои таълимӣ бо роҳҳои гуногун; @138. Маҳорати истифодаи донишҳои психологӣ-педагогӣ ва бохабарӣ аз вазъи илми психология ва педагогикаи муосир ва таҷрибаи пешқадами педагогиро педагоги маъруф Маркова А.К. ба гурӯҳи чандуми маҳоратҳои педагогӣ марбут шуморидааст?$C) Ба гурӯҳи сеюм; @139. Олим ва педагоги бузург Маркова А.К. муҳимтарин вазифаи коммуникативӣ (ахборӣ) -и муаллимро мутаалиқи кадом шароит медонист?$C) Фароҳамсозии шароити бехатарии психологӣ; @140. Маркова А.К.- педагог ва психолог, роҳҳои ёрирасонӣ ба сатҳи баланд расонидани муоширатро ба кадом гурӯҳҳои маҳорати педагогӣ ҷудо намудааст?$C) Гурӯҳи панҷум; @141. Маҳорати донистан ва дарк кардани мавқеи каси дигар дар аснои муошират, ба шахсияти он мароқ зоҳир кардан, омӯхтан ва фаҳмидани ҳолати ботинии вай ба ақидаи Маркова А.Н. барои чӣ мусоидат мекунанд?$D) Барои ба сатҳи баланди муоширати педагогӣ расидан; @142. Маҳорати қабул намудани нуқтаи назари хонанда, барқарорсозии вазъияту фазои боэътимод, муссалаҳ будан бо воситаҳои мақбули таъсиррасонӣ, истифода бурдани усули демократии роҳбариро педагог Маркова А.К. ба кадом гурӯҳҳои маҳорати педагогӣ тақсимбандӣ намудааст?$D) Ба гурӯҳи панҷум; @143. Зимни муошират омодагӣ барои изҳори сипосгузорӣ аз хонанда ва зимни зарурат узрхоҳӣ аз хонандагон, маҳорати дастгирӣ ва тарафдории муносибати баробар бо ҳамаи бачагон мувофиқи таълимоти педагог ва психологи маъруф Маркова А.К. ба кадом гурӯҳи маҳоратҳои педагогӣ ҷудо шудаанд?$D) Ба гурӯҳи панҷум; @144. Педагог ва психологи бузург Маркова А.К. маҳорати бо ҳазлу шӯхӣ ҳал намудани муаммоҳои гуногуни вазъияти педагогӣ, нодида гирифтани баъзе аз ҳолатҳои ногувор, маҳорати наҳаросидан аз аксуламалҳои пайдошавандаро мутаносиби кадом гурӯҳҳои педагогӣ медонист?$D) Гурӯҳи панҷум; @145. Маҳорати нигоҳдории мавқеъи устувори касбии омӯзгор, ки аҳамияти касби худро дарк карда қодир аст ба хотири арзишҳои иҷтимоӣ ва умумибашарӣ ба душвориҳо муқовимат кунад ба таълимоти кадоме аз ин устодони соҳаи педагогика рост меояд?$D) Ба таълимоти Маркова А.К; @146. Маҳорати идораи вазъу ҳолати бошидати рӯҳӣ бо дарки ин, ки ин эҳсосот метавонад аҳамияти амалӣ ва гоҳҳо харобиоварро дошта бошад мутаалиқи кадом намуди маҳорати педагогист?$D) Мутаалиқи маҳорати санъати педагогӣ; @147. Моҳияти гурӯҳи ҳафтуми маҳорати педагогӣ мувофиқи таълимоти Маркова А.К. дар чист?$D) Дар маҳорати муайянсозии хосияту хусусиятҳои донишҳои хонандагон дар оғоз ва охири соли хониш; @148. Маҳорати фароҳам овардани шароит барои ташаккули танзими хусусиятҳои шахсии хонандагоне, ки инкишофи заиф доранд мувофиқи таълимоти Маркова А.К. мутаносиби кадом гурӯҳ аст?$D) Гурӯҳи ҳаштум; @149. Шарҳи дурусти маданияти педагогиро муайян созед;$D) Ин қисмате аз маданияти умумиро ташкил медиҳад, ки дар он арзишҳои маънавию моддӣ ва тарзҳои фаъолияти эҷодии педагогӣ ба роҳ монда мешаванд; @150. Асоси метологии маданияти педагогиро кадом назария ташкил медиҳад?$D)Назарияи фалсафӣ ва гуфтугӯи тамадунҳо; @151. Маълум аст, ки падидаи маданият тавассути гуфтугӯ ва таъсиру нуфузи фарҳанги гузашта, имрӯз ва оянда муайян мегардад ва барои таҳвили маданияти инсонӣ барассии кадоме аз падидаҳои маданияти педагогии зерин зарур аст? 1) Зимни гуфтугӯ ҳамчун «Ман» дар «Онҳо» ва «Ту» дар «ман» . 2) Бунёди ҷаҳони педагогӣ ҳамчун муҳити маънавӣ, эстетикӣ ва фикрии инкишофи омилҳои таъсири мутақобилаи педагогӣ. 3) Бозкушоӣ ё шинохти шахсияти худ туфайли шахсияти дигар;$E) Баррасии ҳарсеяш; @152. Маданияти педагогӣ ба чанд гурӯҳ тақсим мешавад?$E) Ба се гурӯҳ; @153. Rисматҳои маданияти педагогӣ, ки ба он мавқеи сифатҳои шахсӣ-касбии омӯзгор дохил мешаванд, мутаалиқи кадом гурӯҳи маданияти педагогиянд?$E) Мутаалиқи гурӯҳи якум; @154. Дониш ва тафаккури баланди педагогӣ мутаносиб ба кадом гурӯҳи маданияти педагогӣ дониста мешаванд?$E) Ба гурӯҳи дуюм; @155. Маҳорати касбӣ ва хусусиятҳои эҷодии маданияти педагогӣ хоси кадом гурӯҳи маданияти педагогиянд?$E) Хоси гурӯҳи якум; @156. Се сатҳи маданияти касбии мавҷудбуда, сатҳи касбии баланд, сатҳи касбии тезмутобиқшавӣ бо муҳиту шароитҳо, сатҳи пасти касбӣ ифодагари дараҷаи такмили пурраи унсурҳои фарҳангӣ ҳастанд?$E) Дутои аввалаш; @157. Дар раванди таълим ташаккули шахсияти инсон бо кадом роҳ амалӣ мегардад?$E) Тавассути фарогирии донишҳои мухталиф; @158. Мақсади асосии таълим чист?$E) Дастгирии раванди пешрафти ҷомеа; @159. Вазифаҳои таълимро номбар кунед;$E) Интиқол ва азхудкунии амиқи таҷрибаи фарҳангӣ-иҷтимоӣ дар шакли донишҳои илмӣ ва тарзҳои бадастории онҳо, инкишофи шахсият; @160. Функсияҳои таълимро номбар кунед;$E) Функсияи маълумотдиҳӣ, тарбиявӣ, инкишофдиҳӣ; @161. Функсияи маълумотдиҳиро шарҳ диҳед;$A) Функсияи маълумотдиҳӣ иборат аст аз интиқол ва азхудкунии системаи донишҳои илмӣ, маҳорату малакаҳо ва имконияти истифодаи онҳо дар амал; @162. Ду принсипи аввали таълимро нишон диҳед;$A) Принсипи хусусияти инкишофдиҳандаю тарбиядиҳандагӣ доштани таълим ва ҷанбаи илмӣ доштани мазмун; @163. Дидактика чиро меомӯзад?$A) Асосҳои илмии омӯзишро таҳия ва танзим менамояд; @164. Системаҳои таълимро дар дидактика номбар кунед;$A) Таълим ва тарбияи фардӣ, системаи дарси синфӣ, системаи лексионию семинарӣ; @165. Кадом шакли таълим то асри XVIII маъмултарин маҳсуб меёфт?$A) Системаи таълим ва тарбияи фардӣ; @166. Низоми системаи синфӣ-дарсиро нахуст кӣ бунёдгузорӣ намудааст?$A)Я.А.Коменский; @167. Бартарии системаи синфӣ-дарсиро аз дигар системаҳо шарҳ диҳед;$A) Зимни системаи синфӣ-дарсӣ имкони пайваст намудани шаклҳои оммавӣ, гурӯҳи ва фардии раванди таълимӣ вуҷуд дорад; @168. Камбудии систмеаи синфӣ-дарсиро нисбати дигар системаҳо муайян намоед;$A)Зимни ин система дарс ҳамчун шакли асосии раванди педагогӣ амал мекунад ва аксар вақт мазмуни якхела дораду бештар ба хонандагони миёна равона аст; @169. Системаи синфӣ-дарсӣ таърихи чандсола дорад?$A) 300 сола; @170. Системаи синфӣ-дарсӣ дар таърихи мавҷудияти худ оё тағйироти зиёдеро аз сар гузаронидааст?$A) Не; @171. Системаи лексионӣ-семинарӣ чӣ гуна системаи таълимист ва дар куҷо истифода мешавад?$A) Дар муассисаҳои таълимоти олии касбӣ дар амалияи омодагии касбӣ истифода мегардад; @172. Марҳалаҳои дарсро номбар кунед;$A) Марҳалаи омодагӣ, омӯзиши фаъол ва баҳодиҳӣ ба натиҷаи дарс; @173. Лексия чист?$A) Лексия — ин баёни муфассал ва бонизому давомдори моҳияти ин ё он масъалаи таълимӣ, тарбиявӣ, илмӣ ва ғ. мебошад; @174. Санҷиш ва имтиҳон бо кадом мақсад гузаронида мешавад?$A) Бо мақсади басистемадарорӣ, мустаҳкамнамоӣ ва ошкорсозии амиқи дониш, маҳорат ва малакаи хонандагон; @175. Машғулиятҳои иловагӣ бо донишҷӯён ба чӣ хотир гузаронида мешавад?$A) Ба хотири пурра намудани норасоиҳо дар донишҳо ва маҳорату малакаи хонандагон; @176. Методҳои таълимро баён кунед;$A) Шифоҳи, айёнӣ, амалӣ, эзоҳӣ-намоишдиҳӣ, ҷустуҷӯӣ-тадқиқотӣ, тадқиқотӣ; @177. Ҳадафи таълими методи проблемавиро муайян созед;$A) Мақсади методи проблемавӣ ошкор намудани проблемаҳои мухталиф дар маводи таълимӣ ва нишон додани роҳи ҳалли онҳо мебошад; @178. Идоракунӣ чист;$A) Таҳияи қарорҳо, назорат ва танзими соҳаи идоракунӣ; @179. Rонуни XТ «Дар бораи маориф» кай қабул карда шуд?$A) 17 майи соли 2004; @180. Консепсияи миллии таҳсилоти XТ кай таҳия ва қабул гардид?$A) 3 майи соли 2002; @181. Аттестацияи муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ дар чанд сол як маротиба гузаронида мешавад?$B) Дар 5 сол; @182. Консепсияи миллии тарбия кай қабул гардид?$B) 3 марти соли 2006; @183. Истифодаи мақсадноки маблағи аз буҷа ҷудошудаи муассиссаи таълимиро бояд кӣ сарфакорона истифода намояд;$B) Директори мактаб; @184. Маданияти идоракунии роҳбари муассиссаи таълимӣ, мактаб дар чӣ зоҳир мегардад?$B) Дар фаъолияти эҷодкории ӯ дар лаҳзаҳои гуногуни фаъолияти идоракунӣ; @185. Маданияти идоракунӣ аз кадом қисматҳо иборат аст?$B) Аксиологӣ, теникӣ ва тахт-эҷодӣ; @186. Таҳлили мутахассотӣ аз ҷониби кӣ амалӣ мегардад?$B) Аз ҷониби директори мактаб ва муовинони ӯ; @187. Нақшаи дурнамо барои чанд сол сохта мешавад?$B) 5; @188. Нақшаи солона чиро дар худ фаро мегирад?$B) Фаъолияти яксолаи муассисаи таълимӣ; @189. Мустаҳакамнамоии пояи моддии мактаб дар кадом ҳуҷҷат нишон дода мешавад?$B)Дар нақшаи солона; @190. Мақоми олии идоракунии муассисаи таълимӣ чӣ ба ҳисоб меравад?$B) Шӯрои педагогӣ; @191. Оинномаи муассисаи таълимиро дар кадом мақомот қабул мегардад?$C) Шӯрои педагогӣ; @192. Шӯрои педагогиро кӣ идора мекунад?$C) Директори мактаб; @193. Rарори шӯъбаи педагогӣ кай асоси ҳуқуқӣ қабул мекунад?$C) Агар ба он аз ду қисмати ширкаткунандагон овоз диҳанд; @194. Қарори ҲXТ «Дар бораи марҳилаҳои гузориши муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба шаклҳои нави идоракунӣ ва маблағгузорӣ» кай қабул шуд?$C) Аз 30 июни соли 2007; @195. Қонуни ҶТ «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи таълимӣ» аз чанд боб ва чанд модда иборат аст?$C) Аз 8 боб 39 модда; @196. Бакаловр чист?$C) Маълумоти олии нопурра; @197. Коллеҷ чист?$C) Мактаби маълумоти миёнаи касбӣ; @198. Комисияи рушди таҳсилоти касбӣ дар ҶТ кай қабул карда шуд?$C) 1 ноябри соли 2006; @199. Дар сохтори Донишгоҳ кадом муассисаҳои таълимӣ метавонанд фаъолият кунанд?$C) Донишкадаҳо, коллеҷҳо, филлиалҳо, литсейҳо, гимназияҳо; @200. Аспирантура чист?$C) Яке аз усулҳои тайёр намудани кадрҳои илмӣ ва илмию педагогӣ; |