Главная страница

РУШДИ КОРИ ИҶТИМОӢ ДАР ОЗАРБОЙҶОН. Рушди кори итимої дар Озарбойон


Скачать 21.8 Kb.
НазваниеРушди кори итимої дар Озарбойон
Дата31.08.2018
Размер21.8 Kb.
Формат файлаdocx
Имя файлаРУШДИ КОРИ ИҶТИМОӢ ДАР ОЗАРБОЙҶОН.docx
ТипДокументы
#49559

Рушди кори иљтимої дар Озарбойљон
Асосњои меъёрии њуқуқии ташкили кори иљтимої дар Озарбойљон Конститутсияи Љумњурии Озарбойљон (1995), Кодексњои шањрвандї (1999), оила (1999), мењнат (1999), муњољират (2013), Қонунњо: Дар бораи сиёсати давлатии љавонон (1991), Дар бораи забони давлатї (1992), Дар бораи озодии виљдон (1992), Дар бораи маориф (1992), Дар бораи собиқадорон (1994), Дар бораи суѓуртаи иљтимої (1997), Дар бораи њифзи саломатии ањолї (1997), Дар бораи њуқуқњои кўдак (1998), Дар бораи хизматрасонии иљтимої ба пиронсолон (2001), Дар бораи шуѓл (2001), Дар бораи мубориза бо касалии сил (2001), Дар бораи тањсилоти шахсони дорои имкониятњои мањдуди саломатї (2001), Дар бораи ѓизои ширхорањо ва кўдакони солњои аввал (2003), Дар бораи гардиши маводи мухаддир, моддањои психотропї ва прекурсорњо (2005), Дар бораи таъмини баробарии гендерї (2006), Дар бораи фаъолияти суѓуртавї (2007), Дар бораи фаъолияти худихтиёрї (2009), Дар бораи хадамоти иљтимої (2011), Дар бораи таъмини њуқуқу озодињои шахсони дар мањбас буда (2012), Дар бораи иштироки иљтимої (2013), Дар бораи суѓуртаи њатмї (2014), Дар бораи нафақањои мењнатї (2016), Дар бораи суѓуртаи њатмї аз гум кардани қобилияти мењнатии касбї дар натиљаи њодисањои нохуш дар истењсолот ва беморињои касбї (2016), Дар бораи пешгирии маъюбшавї ва мањдудшавии имкониятњои саломатии кўдакон, тавонбахшї ва њифзи иљтимоии кўдакони маъюбу кўдакони дорои имкониятњои мањдуди саломатї (2016), Дар бораи суѓуртаи бекорї (2017), Дар бораи суѓуртаи тиббї (2018), Дар бораи њадди ақали зист барои соли 2018 (2017) ва ѓайра мебошанд.

1400 нафар кормандони иљтимої дар марказњои њифзи иљтимоии ањолии Вазорати мењнат ва њифзи иљтимоии ањолии Озарбойљон ба 15 њазор нафар пиронсолон ва маъюбон хизматњои иљтимої мерасонанд, ки аз ин миқдор 8245 нафар дар шањрњову шањракњо истиқомат доранд.

Њар як кормандони иљтимої дар шањр ба 12 нафар мизољ ва дар дењот ба 8 нафар мизољ хизмат мерасонанд.

Дар ташкили кори иљтимої сањми худихтиёриёни Љамъияти Њилоли Ањмар хеле назаррас мебошад. Зиёда аз 350 њазор нафар фаъолони ин љамъият ба пиронсолону маъюбон, оилањои камбизоат кумакњои иљтимої мерасонанд.

Кори иљтимої инчунин аз тарафи фаъолони Иттињоди ташкилотњои маъюбон, Иттињоди кўдакони Озарбойљон, Иттињоди љамъиятии кумак ба кўдакони маъюб пеш бурда мешавад.

Дар Озарбойљон дар давраи њозира 410 њазор маъюбон, 400 њазор пиронсолон, 60 њазор шахсони бехонаву љой, 4300 нафар кўдакони бепарастор ба рўйхат гирифта шудаанд.

Бо дастгирии ташкилотњои байналмилалї аз соли 2015 дар Озарбойљон лоињаи “Рушди низоми хизматњои иљтимої” амалї шуда истодааст.

Дар Озарбойљон 225 њазор одам гирифтори касалии қанд, 27 њазор нашъамандон аз он љумла 585 зан истеъмолкунандагони нашъаи таљриқї, 4400 нафар гирифтори ВНМО мебошанд.

Дар 10 ноњия ба 300 нафар кўдакони хона – интернатњо хизматњои иљтимої расонда мешавад. Дар 4 ноњияи 100 нафар кўдакони то њафтсола аз рўи барномаи тавонбахшии иљтимої кумакњои иљтимої мегиранд. 500 нафар кўдакони ятиму бепарастор дар тули як сол дар паноњгоњњои иљтимої нигоњубин карда мешаванд. Дар ду ноњия барои 50 нафар кўдакони ношунаво ва гунг Маркази шунавої (сурдоцентр) кушода шудааст. Барои 50 нафар кўдакони касали Даун дошта марказњои тавонбахшї кушода шудааст. Дар шањри Боку барои 50 нафар кўдакони аутизм дошта ду марказ ва барои 100 кўдаки дорои имкониятњои мањдуд як маркази тавонбахшї кушода шудаанд. 100 нафар кўдакони маъюб бо модаронашон дар хориља таълим гирифтанд.

Барои рушди иљтимої – иқтисодии кишвар, болоравии сатњи зиндагии мардум, бењтаршавии хизматњои иљтимої барномањои давлатї ва миллї қабул шудаанд ва иљро карда мешаванд: Консепсияи рушди “Озарбойљон 2020”, Барномањои давлатї: рушди манотиқи Озарбойљон барои соли 2014 – 2018, њифзи саломатии модару кўдак, рушди тандурустї барои солњои 2018 – 2022, табобат аз вобастагињои нашъамандї, Љавонони Озарбойљон барои солњои 2017 – 2021, омодасозии мутахассисони љавон дар мамлакатњои хориљї, рушди маориф, рушди фарњанги љисмонї, рушди чойпарварї, рушди меваю сабзавоткорї, амалиёт барои баланд бардоштани самаранокии њифзи њуқуқу вазифањои инсон, мубориза алайњи гардиши ѓайриқонунии маводи мухаддир ва пањншавии нашъамандї барои солњои 2013 – 2018 ва ѓайра.

Дар ин љо мо оид ба пешравии рушди иљтимої – иқтисодии Озарбойљонро баъзе мисолњо меоварем. Ањолї дар 14 сол 1,5 миллион нафар зиёд шуд. Сатњи бекорї 5 %, сатњи камбизоатї 5,4 % мебошад. Дар 14 соли охир 3100 мактаб ва 642 муассисањои табобатї, 43 маљмааи варзишї аз нав сохта шудаанд ва таъмир карда шудаанд. 20 фабрикањои қолинбофї, 30 неругоњњои барқї кор мекунанд. Сатњи бо газтаъминкунии ањолї 93 % (дар шањрњо 100 %), бо оби ошомидани 63 % (дар шањри Боку 67 %) мебошад. 4 обанбор сохта шудааст. 12500 км роњ аз таъмири пурра гузаштааст.

Доираи фарогири бо тањсилоти мактабї дар љумњурї 16,5%, дар шањрњо 23,4%, дар дењот 8,7 % мебошад. Танњо 37 % мактабњо бо алоқаи интернетї таъмин карда шудаанд. 290 њазор муњољирони иљборї бо љойи зист таъмин карда шудаанд.

Дар рушди кори иљтимої сањми устодон кафедраи кори иљтимоии Донишгоњи давлатии Боку, равоншиносон, љомеашиносони Озарбойљон ба мисли Мељидова С.М., Азимова Р.Љ., Љавадов Р.А., Расулов Р.М., Алямовская С.Н., Зейналобдинова А.Х ва дигарон назарас мебошад. Устодони кафедраи кори иљтимої дар соли 2011 дар тањия намудан ва муњокимаи лоињаи Ќонуни Љумњурии Озарбойљон “ Дар бораи хизмати иљтимої” фаъолона иштирок намуданд.

Бояд қайд кард, ки њуқуқ ва вазифањои корманди иљтимої дар моддаи 15Қонун “Дар бораи хизмати иљтимої” нишон дода шудаанд. Ба мизољон њафт намудњои хизматњои иљтимої расонида мешаванд: иљтимої – маишї, иљтимої – тиббї, иљтимої – равонї, иљтимої – педагогї, иљтимої – иқтисодї, иљтимої – њуқуқї ва паллиативї, хизматњои иљтимої ба таври ройгон, пулакї ё қисман пулакї расонида мешаванд.
Зеваров Х., Расулов О. Устодони кафедраи кори иљтимоии ДМТ.


написать администратору сайта