Ҳуқуқ якҷавоба. Сохтори давлат ва маъмурию удуд институти кадом соаи уку аст$D ууи конститутсион
Скачать 193.5 Kb.
|
«Сохтори давлатӣ ва маъмурию ҳудудӣ» институти кадом соҳаи ҳукуқ аст?$D) Ҳуқуқи конститутсионӣ; «Танбеҳ» ба кадом намуди ҷазои ҳуқуқӣ мансуб аст?$B) Интизомӣ; 1. Адвокатура – ёрии ҳуқуқӣ?$A) Додани маслиҳату тавзеҳот, маълумоти шифоҳӣ ва хаттӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, тартиб додани ариза, шикоятнома, дархост ва дигар ҳуҷҷатҳои дорои хусусияти ҳуқуқӣ, гирифтани маълумотҳо, ҷамъ намудани далелҳо ва тайёр намудан барои баррасӣ ва ҳал кардани онҳо мувофиқи тартиби муқарраршуда, ба ҷо овардани вазифаи намояндагӣ оид ба парвандаҳои гражданӣ, парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва навъҳои дигари парвандаҳо; 2. Аз нафақа андоз ситонида мешавад?$B) Намешавад; 3. Аз синни чанд солагӣ шахс ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешавад?$D) 16 солагӣ; 4. Аз чандсолагӣ шахс ба кор қабул карда мешавад?$D) Аз 15-14 солагӣ; 5. Аз чандсолагӣ шахсро ба вакили Маҷлиси намояндагон интихоб намудан мумкин аст?$C) Аз 30 солагӣ; 6. Айбдоркунӣ чист?$B) Айбдоркунӣ – ин фаъолияти мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори онҳо мебошад, ки ба исбот кардани гунаҳгории шахси содирнамудаи ҷиноят ва муайян кардани ҳолатҳои ҷавобгариро вазнинкунанда, равона карда шудааст; 7. Андозаи алимент барои ду ва се фарзанд чӣ қадар аст?$D) 30 ва 50 фоизи музди кор; 8. Андозаи алимент барои як фарзанд чӣ қадар аст?$B) 25 фоизи музди кор; 9. Андозҳои маҳаллӣ?$D) Андоз аз воситаҳои нақлиёт, андозҳо аз молу мулки ғайриманқул; 10. Андозҳои умумидавлатӣ?$B) Андоз аз даромад, андоз аз фоида, андоз аз арзиши иловашуда, аксизҳо, андози иҷтимоӣ, андозҳо барои захираҳои табиӣ; 12. Асосҳои ба даст даровардани мерос?$A) Аз рӯи қонун, аз рӯи васиятнома; 13. Асосҳои ба даст овардани шаҳрвандӣ?$C) Бо роҳи таваллуд ва гирифтани шаҳрвандӣ; 14. Асосҳои қатъ гардидани никоҳ?$C) Вафот кардан, ба тариқи судӣ вафотёфта эълон кардани зан ё шавҳар, талоқ; 15. Асосҳои маҳдудкунии ҳукуқи инсон кадомҳоянд?$E) Ҳамаи ҷавобҳо якдигарро пурра менамоянд; 16. Асосҳои ташкиёбӣ ва фаъолияти мақомоти давлатӣ дар асоси чӣ сурат мегирад?$C) Қонунгузорӣ; 11. Аҳдномаи никоҳ чист?$A) Ин созишномаи шахсони издивоҷшуда ё зану шавҳар мебошад, ки ҳуқуқи молумулкӣ ва ӯҳдадориҳои онҳоро дар давраи зану шавҳарӣ ва дар ҳолатҳои бекор кардани он муайян менамояд; "Б" 17. Ба васоят ва парасторӣ кӯдакони ноболиғӣ синни чандсола гирифта мешаванд?$C) Ба васоят кӯдакони синнашон ба 14 нарасида ва ба парасторӣ кӯдакони синнашон аз 4 солагӣ то 18 солагӣ гирифта мешаванд; 18. Ба кадом тартиб судяҳои вилояту шаҳрҳоро аз вазифа озод менамоянд?$C) Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон; 19. Ба кормандон кадом намудҳои рухсатиҳо дода мешавад?$E) Рухсатиҳои меҳнатии ҳарсолаи пардохтшаванда, рухсатиҳои иҷтимоӣ, рухсатиҳои бе музди меҳнат; 20. Ба мақомоти худидора дар маҳаллҳо кӣ роҳбарӣ менамояд?$C) Раисони маҳалла ва ҷамоат; 21. Ба низоми судҳои иқтисодӣ кадом судҳо шомил мешаванд?$E) Суди олии иқтисодӣ, судҳои иқтисодии вилоятҳо ва шаҳри Душанбе; 22. Ба низоми хизмати давлатии ҶТ кадомҳо дохил мешаванд?$E) Хизмати давлатии шаҳрвандӣ, хизмати давлатии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизмати давлатии ҳарбӣ; 23. Барои вайрон кардани интизоми меҳнат чӣ гуна чораҳо андешида мешавад?$D) Сарзаниш, танбеҳ, аз кор озод намудан; 24. Бастани никоҳ бо шахси ба синни никоҳӣ нарасида бо маҳрум кардан аз озодӣ ба кадом муҳлат аст?$B) Ба муҳлати то 2 сол ё бо корҳои ислоҳкунӣ ба ҳамин муҳлат ё ҳабс ба муҳлати то 6 моҳ; 25. Бекор кардани ақди никоҳ дар мақомоти САҲШ?$E) Розигии ҳамсарон ва мавҷуд набудани баҳсҳои молу мулкӣ; 26. Беэътибор донистани фарзандхонӣ?$C) Ҳуҷҷатҳои қарор қалбакӣ бошад, маҳрум кардан аз ҳуқуқи падару модарӣ, надоштани қобилияти амалкунӣ, ғайриқобили амал дониста шуда бошад ва ҳоказо; 27. Билл оид ба ҳуқуқҳои инсон;$E) Ҳамаи ҷавобҳо якдигарро пурра менамоянд; 28. Боҷи давлатӣ чист?$B) Боҷи давлатӣ гуфта боҷҳоеро меноманд, ки барои ҷуброни хароҷоти давлат ҳангоми расонидани хизматҳо ба пулдиҳандагон таъин карда шудаанд; "В" 29. Вазифаи асосии андоз дар шароити ҳозира чист?$E) Пурра кардани буҷети давлатӣ; 30. Вазифаи асосии мақомоти прокуратура кадом аст?$C) Назорат аз боли аниқ ва бечунучаро риоя кардани қонунҳо; 31. Вазифаи асосии мақомоти судӣ кадом аст?$A) Ба амал баровардани адолати судӣ; 32. Вазифаи асосии милитсия кадом аст?$B) Таъмини тартиботи ҷамъиятӣ; 33. Вазифаи асосии суд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон?$D) Таҳкими ҳамаҷонибаи қонуният ва таъмин намудани адолати иҷтимоӣ мебошад; 34. Вазифаҳои омӯзиши фанни ҳуқуқ?$A) Додани донишҳои асосии ҳуқуқӣ, шинос намудан бо масъалаҳои воқеияти ҳуқуқӣ, баланд бардоштани шуури ҳуқуқӣ, тарбияи ҳуқуқӣ, маданияти ҳуқуқӣ, ҳамчунин ҳисси миллӣ ва ифтихори ватандории донишҷӯён; 35. Вазифаҳои шартномаи меҳнатӣ?$C) Ҳамчун факти ҳуқуқӣ, асоси пайдоиши муносибатҳои меҳнатӣ, робитаи ҳуқуқии байни корфармо ва корманд; 36. Васигӣ нисбати киҳо муқарар карда мешавад?$B) Барои кӯдакони то 14 сола ва номукалафон; 37. Вафотёфта эълон кардани хизматчиёни ҳарбӣ ё дигар шахсон?$A) Хизматчиёни ҳарбӣ ё шахсони дигаре, ки аз сабаби амалиёти ҷангӣ бедарак гум мешаванд баъд аз ду соли тамом шудани амалиёти ҷанг вафотёфта эълон мешаванд; 38. Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон кадом намуди мухториятро соҳиб аст?$B) Мухторияти маъмурӣ; 40. Воситаҳои таъмини иҷроиши ӯҳдадориҳо кадомҳоянд?$E) Байъона, гарав, замонат; 39. Воҳидҳои маъмурӣ-ҳудудии Тоҷикистонро номбар кунед?$D) Деҳа, шаҳрак, ноҳия, шаҳр, вилоят; "Г" 41. Гипотеза, диспозитсия ва санксия чи маъно доранд?$B) Гипотеза – шарту шароити татбиқшавии меъёр, диспозитсия – қоидаи рафтори муносибатҳо ва санксия маҷбурсозӣ барои вайрон намудани қоидаи рафторро мефаҳмонад; "Д" 42. Давлат субъекти муносибатҳои ҳуқуқи маъмурӣ баромад мекунад?$C) Ҳа; 43. Давомияти вақти кории ноболиғон дар як ҳафта чанд соат аст?$D) 24 соат; 44. Давомнокии кутоҳи вақти корӣ?$B) 35 соат дар як ҳафта; 45. Давомнокии муътадили вақти корӣ?$E) 40 соат дар як ҳафта; 46. Дар баъзе мавридҳо аз руи илтимосҳои никоҳшавандагон мувофиқи Кодекси оилаи ҶТ синни никоҳиро кам кардан мумкин аст?$E) Илтимоси никоҳшавандагон ба назар гирифта мешавад, вале на бештар аз як сол синни никоҳиро кам кардан мумкин аст; 47. Дар кадом ҳолат никоҳ бекор дониста мешавад;$A) Вайрон кардани принсипи якканикоҳӣ, бастани никоҳ бо шахси ғайри қобили амал донисташуда, байни хешони наздик, бо роҳи фиреб бастани никоҳ, бастани никоҳ бо шахси ба синни никоҳ нарасида, вайрон кардани принсипи ихтиёрӣ; 49. Дар миқёси сайёраи мо аз 100 % захираҳои об чи қадар обҳои шӯр ва чи қадар обҳои тоза мавҷуданд?$D) 97,5% обҳои шӯр ва 2,5% обҳои тоза 50. Дар мурофиаи гражданӣ адвокат ба сифати кӣ баромад менамояд;$B) Намоянда; 51. Дар мурофиаи ҷиноятӣ адвокат ба сифати кӣ баромад менамояд;$C) Ҳимоячӣ; 48. Дар ҶТ чанд маротиба Кодекси гумрукӣ қабул карда шудааст?$C) Се маротиба соли 1992, 1995, 2004; 52. Дафтарчаи меҳнатӣ баъди чанд рӯзи корӣ кушода мешавад?$B) 5 рӯз; 53. Душаҳрвандӣ дар асоси кадом санади ҳуқуқӣ ба даст оварда мешавад?$D) Созишномаи байнидавлатӣ «Дар бораи ба даст овардани душаҳрвандӣ»; "И" 54. Илми ҳуқуқшиносӣ чист? $E) Илми ҳуқуқшиносӣ – ин соҳаи донишҳои махсусест, ки ба воситаи онҳо омӯзиши назариявию амалии зуҳуроти давлатию ҳуқуқӣ сурат мегирад; 55. Илмҳои ҳуқуқшиносӣ ба низоми кадом илмҳои муосир дохиланд?$C) Ҷамъиятӣ; 56. Истилоҳи ибораи «Конститутсия» чиро мефаҳмонад?$E) Аз калимаи лотини гирифта шуда маънояш сохт, муқарраркунӣ мебошад; 57. Иштирокчиёни асосии мурофиаи гражданӣ?$C) Даъвогар, ҷавобгар; 58. Иштирокчиёни асосии мурофиаи ҷиноятӣ?$D) Ҷабрдида, гумонбаршаванда, айбдоршаванда; 59. Иштирокчиёни муносибатҳои ҳуқуқи молиявӣ?$B) Шахсони воқеӣ, шахсони ҳуқуқӣ, давлат; "К" 60. Кадом шартҳои монеаи бастани ақди никоҳ медонед?$D) Дар никоҳ будани яке аз тарафҳо, никоҳи хешони наздик, ғайри қобилияти амал будани яке аз тарафҳо; 61. Калимаи «метод» моли кадом давлат аст?$C) Юнонӣ; 62. Ки ба сифати судяи суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб мешавад?$D) Ҳуқуқшиносе интихоб мегардад, ки синни он аз 30 кам ва аз 65 зиёд набошад ва беш аз 10 сол собиқаи кории касбӣ дошта бошад; 63. Ки тарафҳои шартномаи коллективӣ шуда метавонад?$A) Коллективи меҳнатӣ ва маъмурият; 64. Кодекси граждании ҶТ аз чанд қисм иборат аст?$D) Кодекси граждании ҶТ аз се қисм иборат аст; 65. Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ кай қабул карда шудааст?$D) 01 апрели соли 2009; "Қ" 66. Қатъ гардидани васигӣ?$A) Баргардонидани кӯдакон ба тарбияи падару модар, ба фарзандӣ қабул шудани кӯдакон, ба муассисаҳои давлатӣ ё ҷамъиятӣ супоридани кӯдакон; 67. Қобилияти амалкунии шаҳрвандӣ чист?$E) Қобилияти шаҳрванд барои бо ҳаракатҳои худ соҳиби ҳуқуқу ӯҳдадориҳои гражданӣ шуданро меноманд; 68. Қобилияти ҳуқуқдории шаҳрвандӣ чист?$E) Қобилияти ҳуқуқдорӣ – ин қобилияти соҳиби ҳуқуқу ӯҳдадориҳои гражданӣ буда, барои ҳамаи шаҳрвандон баробар эътироф шуда, аз лаҳзаи таваллуд пайдо ва баъди вафот қатъ мегардад; 69. Қонун чист?$B) Қонун – санади олии ҳуқуқист, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ ва халқ қабул гардида муносибатҳои муҳими ҷамъиятиро ба танзим медарорад; 70. Қонуни ҶТ «Дар бораи боздоштани татбиқи ҷазои қатл» кай қабул карда шудааст?$B) 15 июли соли 2004; 71. Қонунҳои конститутсиониро нишон диҳед?$A) Дар бораи интихоботи Президенти ҶТ, дар бораи низоми ҳуқуқии вазъияти фавқулода, дар бораи райпурсӣ; "М" 72. Маданияти ҳуқуқӣ чист?$A) Маданияти ҳуқуқӣ як намуди маданияти ҷамъиятӣ буда, арзишҳои ҳуқуқиро дар бар гирифта, оиди шуури ҳуқуқӣ маълумот дода, вазъи сифатии ҳаёти ҳуқуқии ҷомеаро ифода менамояд; 73. Мазмуни муносибатҳои ҳуқуқи гумрукӣ;$D) Муносибати байни субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқи гумрукӣ бо объектҳои он; 74. Мазмуни ҳуқуқ ба моликият?$B) Ҳуқуқи истифода бурдан, ихтиёрдорӣ кардан, доштан; 75. Мазмуни ҳуқуқи инсон;$B) Ҳуқуқу озодиҳо ва вазифаҳои инсон ва шаҳрванд; 76. Мазмуни ҳуқуқи ҷиноятӣ?$E) Ҳуқуқи ҷиноятӣ ҳамчун соҳаи ҳуқуқ, ҳамчун соҳаи қонунгузорӣ, ҳамчун илми ҳуқуқи ҷиноятӣ; 77. Мақоми роҳбарикунандаи хоҷагии деҳқонӣ?$B) Маҷлиси аъзоёни хоҷагии деҳқонӣ; 78. Мақомоти амнияти миллӣ?$A) Мақомоти амнияти миллӣ амнияти шахс, ҷамъият ва давлатро аз таҳдидҳои дохилӣ ва берунӣ таъмин менамоянд; 79. Мақомоти андоз дар ҶТ?$B) Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ; 80. Мақомоти гумрук дар ҶТ?$C) Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ; 81. Мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноятӣ;$A) Ҳукумати ҶТ, вазорати адлияи ҶТ, раёсати мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, колонияҳо, маҳбасхонаҳо, сизо; 82. Мақомоти корҳои дохилӣ?$D) Мақомоти давлатии ҳифзи ҳуқуқ, таҳқиқу тафтишот буда, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, тартиботи ҷамъиятӣ, манфиатҳои ҷамъияту давлатро аз кирдорҳои ҷинояткорона ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо муҳофизат менамояд; 83. Мақомоти ҳокимияти иҷроия аз кадом мақомот иборат аст?$B) Президент, Ҳукумат, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ; 85. Мақсади омӯзиши фанни ҳуқуқ дар чи ифода меёбад?$C) Дар додани донишҳои асосии ҳуқуқӣ дар бораи зуҳуроти давлатию ҳуқуқӣ; 86. Мақсади татбиқи ҷазои ҷиноятӣ дар чист?$E) Барқарор намудани адолати иҷтимоӣ, ислоҳи маҳкумшуда, пешгирии содиршавии ҷиноятҳои нав; 84. Мақсади ҷазои ҷиноятӣ аз чӣ иборат аст?$A) Тарбияи маҳкумшудагон дар рӯҳи муносибати софдилона ба меҳнат, ҳурмат намудани қонунҳо, ислоҳ шудан; 89. Мафҳуми андоз?$D) Андоз гуфта боҷ, хироҷ ва дигар пардохтҳои умумиҳатмии давлатиро меноманд; 91. Мафҳуми аризаро маънидод кунед?$C) Ариза ин муроҷиатномаи шаҳрванд барои бартараф намудани ҳуқуқвайронкуниҳои барояш маълумшуда равона карда шудааст ё ин, ки хоҳиши амалӣ намудани ҳуқуқҳо ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ва ташкилотҳо мебошад; 90. Мафҳуми аҳд?$B) Аҳд яке аз фактҳои ҳуқуқӣ буда, амали шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқиро, ки барои ба вуҷуд овардан, таъғир додан ё қатъ намудани ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои гражданӣ равона карда шудаанд, эътироф мекунад; 92. Мафҳуми гуноҳ?$E) Ин муносибати рӯҳии шахс дар шакли қасдона ё беэҳтиётӣ нисбат ба кирдори содирнамуда ё оқибатҳои он мебошад, ки муносибати манфии ӯро нисбат ба манфиатҳои шахс ва ҷомеа нишон медиҳад; 93. Мафҳуми давлати ҳуқуқбунёд?$B) Давлати ҳуқуқбунёд гуфта давлатеро меноманд, ки дар он ҳуқуқ ҳукумрон аст; 94. Мафҳуми дастгоҳи давлатӣ?$E) Дастгоҳи давлатӣ аз мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор иборат буда, функсияҳои давлатро ба амал мебарорад; 95. Мафҳуми мақомоти прокуратура?$B) Мақоми ягонаи марказонидашуда мебошад, ки дар доираи ваколатҳои худ риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳоро дар қаламрави ҶТ назорат мекунад; 96. Мафҳуми методҳои омӯзиши фанни ҳуқуқ?$C) Методҳои омӯзиши фанни ҳуқуқ гуфта он роҳу восита ва тарзу усулҳоеро меноманд, ки тавассути онҳо объетҳои омӯзиши предмети фанни ҳуқуқ омӯхта мешавад; 97. Мафҳуми меъёрҳои ҳуқуқи молиявӣ?$D) Меъёрҳои ҳуқуқи молиявӣ гуфта он қоидаҳои умумиҳатмии рафторро меноманд, ки бо ҳуқуқи молиявӣ ба танзим дароварда шудааст; 98. Мафҳуми муносибатҳои ҳуқуқӣ?$D) Муносибатҳои ҳуқуқӣ муносибатҳои ҷамъиятии бо меъёрҳои ҳуқуқ танзимшударо меноманд; 99. Мафҳуми назарияи давлат ва ҳуқуқ чист?$E) Назарияи давлат ва ҳуқуқ – ин маҷмӯи донишҳои назариявӣ-ҳуқуқӣ буда, дар он масъалаҳои давлатию ҳуқуқӣ омӯхта мешаванд; 100. Мафҳуми низоми гумрукӣ;$B) Низоми гумрукӣ гуфта маҷмӯи режимҳои гумрукиро меноманд, ки рафти интиқоли молу воситаҳои нақлиёт аз сарҳади гумрукӣ ба воситаи онҳо сурат мегирад; 101. Мафҳуми никоҳ?$D) Никоҳ – ин иттифоқи ихтиёрона ва озодонаи зану мардро меноманд, ки бо ҳиссиёти меҳру муҳаббат, дустию садоқати тарафайн, баробарҳуқуқӣ чун қоидаи умрбоди зану шавҳар асос меёбад ва бо мақсади барпо намудани оила баҳри тавлид ва тарбияи фарзанд ва бо риояи ҳамаи шартҳои нишондодаи қонун, умумияти маънавӣ ва хоҷагӣ, ҳуқуқу ӯҳдадориҳоро дар байни аъзоёни оила ба миён меорад ва инчунин дар ҳифз ва ҳимояи давлат қарор дорад; 102. Мафҳуми позитивии ҳуқуқро кушода диҳед?$E) Ҳуқуқ – қоидаҳои ба ҳама ҳатмии рафтор буда, аз тарафи давлат қабул, муқаррар ва тасдиқ карда шуда, муносибатҳои муҳими ҷамъиятиро ба танзим медарорад; 103. Мафҳуми принсипи ҳуқуқ?$B) Принсипҳои ҳуқуқ гуфта он асосҳои роҳбарикунандаеро дар илми ҳуқуқ меноманд, ки барои ба амал баровардани муносибатҳои ҳуқуқӣ ҳамчун замина хизмат менамоянд; 104. Мафҳуми сарчашмаҳои ҳуқуқ?$D) Сарчашмаҳои ҳуқуқ гуфта шакли зоҳирии ифодаёбӣ ва мустаҳкамкунии меъёрҳои ҳуқуқро меноманд; 105. Мафҳуми сарчашмаҳои ҳуқуқи андоз?$A) Шакли зоҳирии ифодаёбӣ ва мустаҳкамкунии меъёрҳои ҳуқуқи андозро сарчашмаҳои ҳуқуқи андоз меноманд; 106. Мафҳуми ӯҳдадорӣ;$D) Ин чунин муносибати ҳуқуқиест, ки як шахс (қарздор) ӯҳдадор аст, ки ба фоидаи шахси дигар (кредитор) амали муайянеро ба ҷо оварад (чунончи молу мулкро супорад, корро иҷро кунад, пул диҳад) ё аз иҷрои амалиёти муайян худдорӣ кунад, кредитор бошад ҳақ дорад аз қарздор иҷрои онро талаб кунад; 107. Мафҳуми фалсафии ҳуқуқро кушода диҳед?$E) Ҳуқуқ – ин арзиши умумибашарӣ буда, ба инсон аз лаҳзаи таввалуд тааллуқ дошта, давлат онро эътироф, риоя ва ҳифз менамояд; 108 Мафҳуми функсияҳои давлат?$A) Функсияҳои давлат гуфта яке аз самтҳои асосии фаъолияти давлатро меноманд; Мафҳуми хироҷ?$C) Зери мафҳуми хироҷ – хароҷотҳо барои ҳуқуқи савдо дар бозорҳо барои баровардани хароҷот омода сохтани шароити мусоид барои фурушандагон таъин карда шудаанд; 109. Мафҳуми хоҷагии деҳқонӣ?$A) Хоҷагии деҳқонӣ – субъекти хоҷагидории мустақилест, ки фаъолияти он ҳамчун соҳибкор ба меҳнати шахсии як нафар, аъзои як оила ё гурӯҳи шахсон асос ёфта, заминаи онро қитъаи замин ва дигар молу мулки ба аъзои он тааллуқдошта ташкил медиҳанд; 110. Мафҳуми ҳуқуқвайронкунӣ?$D) Ҳуқуқвайронкунӣ гуфта кирдори содирнамудаи (ҳаракат ва беҳаракатии) ба ҷамъият хавфнок, гунаҳгорона, зиддиҳуқуқиро меноманд, ки ба ҷамъияту давлат ва шахсони алоҳида зарар расонида бо таҳдиди татбиқи ҷавобгарии ҳуқуқӣ манъ карда шудааст; 111. Мафҳуми ҳуқуқи андоз?$D) Ҳуқуқи андоз соҳаи мустақили ҳуқуқи ҶТ буда, аз маҷмӯи меъёрҳои ҳуқуқие иборат аст, ки муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба андоз ва андозбандӣ ба танзим медарорад; 112. Мафҳуми ҳуқуқи байналхалқӣ?$A) Низоми ҳуқуқие мебошад, ки аз маҷмӯи принсипҳо ва меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқие, ки аз ҷониби худи субъектони байналхалқӣ қабул гардида, муносибатҳои субъектони ҳуқуқи байналхалқиро ба танзим медарорад; 113. Мафҳуми ҳуқуқи гражданӣ?$D) Ҳуқуқи гражданӣ соҳаи мустақили ҳуқуқи ҶТ буда, аз маҷмӯи меъёрҳои ҳуқуқие иборат аст, ки муносибатҳои молумулкӣ ва шахсии ғайримолумулкиро ба танзим медарорад; 114. Мафҳуми ҳуқуқи гумрукӣ?$E) Ҳуқуқи гумрукӣ соҳаи мустақили комплексии ҳуқуқи ҶТ буда, аз маҷмӯи меъёрҳои ҳуқуқие иборат аст, ки муносибатҳои ҷамъиятиро дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ танзим менамояд; 115. Мафҳуми ҳуқуқи инсон?$B) Ҳуқуқи инсон ин чораи рафтори имконпазири инсон аст, ки бо қонун, ҳамчунин бо қоидаҳои ахлоқӣ, сиёсӣ ва динӣ кафолат дода шудааст; 116Мафҳуми ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ?$E) Соҳаи мустақили ҳуқуқ буда, аз маҷмуи меъёрҳои умумиҳатмии давлатӣ иборат мебошад, ки аз ҷониби мақомоти олии қонунгузор қабул карда шуда, муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба иҷро ва адои ҷазои ҷиноятӣ батанзим месозад; 117. Мафҳуми ҳуқуқи кишоварзӣ?$E) Ҳуқуқи кишоварзӣ соҳаи комплексии ҳуқуқ буда, аз маҷмӯи меъёрҳои ҳуқуқие иборат аст, ки муносибатҳои ҷамъиятиро дар кор ва фаъолияти хоҷагии қишлоқ ва истеҳсолоти кишоварзӣ ба танзим медарорад; 118. Мафҳуми ҳуқуқи меҳнатӣ?$E) Ҳуқуқи меҳнатӣ яке аз соҳаҳои мустақили ҳуқуқи ҶТ ба шумор рафта, аз маҷмӯи меъёрҳои ҳуқуқие иборат аст, ки муносибатҳои меҳнатии ҷомеаро, ки корманд ба онҳо дар иртибот бо татбиқи қобилияти меҳнатӣ ва корфармо бошад, дар иртибот бо истифода аз қобилияти меҳнатии корманд ба вуҷуд меоянд ба танзим медарорад; 119. Мафҳуми ҳуқуқи молиявӣ?$C) Ҳуқуқи молиявӣ соҳаи мустақили ҳуқуқи ҶТ буда, аз маҷмӯи меъёрҳои ҳуқуқие иборат аст, ки муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба ташкил, тақсим ва истифодабарии захираҳои молиявии давлатӣ ба танзим медарорад; 120. Мафҳуми ҳуқуқи оилавӣ?$D) Ҳуқуқи оилавӣ яке аз соҳаи мустақили ҳуқуқи ҶТ ба шумор рафта, аз маҷмӯи меъёрҳои ҳуқуқие иборат мебошад, ки муносибатҳои шахсӣ ва молу мулкие, ки дар натиҷаи никоҳ, таваллуди кӯдак, фарзандхонӣ, хешу таборӣ, ба тарбия гирифтани кӯдак байни шаҳрвандон, байни шаҳрвандону шахсони ҳуқуқӣ, шаҳрвандону давлат пайдо мешаванд, ба танзим медарорад; 121. Мафҳуми ҳуқуқи соҳибкорӣ?$E) Ҳуқуқи соҳибкорӣ соҳаи комплексии ҳуқуқ буда, аз маҷмӯи меъёрҳои ҳуқуқӣ иборат аст, ки муносибатҳои ҷамъиятиро оиди кор ва фаъолияти озоди соҳибкорӣ ва муносибатҳои ба он зич алоқамандро бо мақсади таъмину манфиати давлат ва ҷамъият ба танзим медарорад; 122. Мафҳуми ҳуқуқи фитриро кушода диҳед?$D) Ҳуқуқи фитрӣ – ин маҷмуи ҳуқуқу озодиҳои инсон аст, ки аз табиати биологӣ, иҷтимоӣ ва рӯҳии инсонҳо ба миён омада, шарти мавҷудияти ӯро ҳамчун махлуқи бошуур ва иҷтимоӣ ифода менамояд; 123. Мафҳуми ҳуқуқи экологӣ?$D) Ҳуқуқи экологӣ соҳаи мустақили ҳуқуқи ҶТ буда, аз маҷмӯи меъёрҳои ҳуқуқие иборат аст, ки муносибатҳои ҷамъиятиро дар соҳаи экология ва ҳифзи муҳити зист ба танзим медарорад; 124. Мафҳуми ҷавобгарӣ дар соҳаи ҳуқуқи андоз;$C) Дар зери мафҳуми ҷавобгарӣ дар соҳаи ҳуқуқи андоз таҳти маҷбурияти давлатӣ иҷро кардани ҷазои маъмурӣ ва ҷазои ҷиноиро меноманд; 125. Мафҳуми ҷавобгарии маъмурӣ?$B) Ҷавобгарии маъмурӣ ҷавобгарии ҳуқуқӣ буда, барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар ҳаққи шахси воқеӣ, мансабдор ва ҳуқуқӣ аз ҷониби суд татбиқ карда мешавад; 126. Мафҳуми ҷавобгарии ҳуқуқӣ?$A) Ҷавобгарии ҳуқуқӣ гуфта таҳти маҷбурияти давлати иҷро намудани ҷавобгарии ҳуқуқиро меноманд; 127. Мафҳуми ҷазои маъмурӣ?$C) Ҷазои маъмурӣ чораи маҷбуркунии давлатӣ буда, аз ҷониби судя, мақомоти ваколатдори давлатӣ нисбат ба шахсони воқеӣ, мансабдор ва ҳуқуқӣ барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ татбиқ карда мешавад; 128. Мафҳуми ҷиноят?$A) Кирдори (ҳаракат ё беҳаракатӣ) содиршудаи гунаҳгоронаи барои ҷамъият хавфнокест, ки кодекси ҷиноятӣ бо таҳдиди татбиқи ҷазо онро манъ кардааст; 129. Мафҳуми ҷомеаи шаҳрвандӣ?$A) Ҷомеаи шаҳрвандӣ гуфта ҷомеаеро меноманд, ки он худташкилшаванда, худидорашаванда, кушод ва гуногунақида аст; 130. Мафҳуми шахси ҳуқуқӣ чист?$B) Ташкилотҳое, ки молу мулки алоҳида доранд, аз номи худ ҳуқуқҳои молумулкӣ ва шахсии ғайримолумулкӣ ба даст дароварда, ӯҳдадориҳоро ба ҷо оварда, дар суд, суди иқтисодӣ ё суди ҳакамӣ даъвогар ё ҷавобгар шуда метавонанд, шахсони ҳуқуқӣ эътироф карда мешаванд; 131. Мафҳуми шаҳрвандиро муайян намоед?$B) Мансубияти шахсро ба ин ё он давлат меноманд; 132. Мафҳуми шикоятро маънидод кунед?$A) Шикоят ин муроҷиатномаи шаҳрванд бо талаби барқарор намудани ҳуқуқу манфиатҳои қонунии он, ки аз амал, беамалӣ ё бо қарорҳои мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, ташкилотҳо, муассисаҳо ва шахсони мансабдор вайрон карда шудаанд, мебошад; 133. Маҳрум сохтан аз озодӣ барои ҷиноятҳои начандон вазнин ва барои ҷиноятҳои дараҷаи миёна?$D) Барои ҷиноятҳои начандон вазнин на бештар аз ду сол, барои ҷиноятҳои дараҷаи миёна зиёда аз панҷ сол; 134. Маҷлиси Миллӣ ба кадом мӯҳлат интихоб карда мешавад?$C) Ба муҳлати 5 сол; 135. Механизмҳои байналхалқии ҳимояи ҳуқуқи инсон?$B) Универсалӣ, минтақавӣ; 136. Механизмҳои миллии ҳимояи ҳуқуқи инсон?$C) Судӣ, маъмурӣ, ғайридавлатӣ; 137 Муносибатҳои ҳуқуқи кишоварзӣ?$C) Муносибатҳои ҳуқуқи кишоварзӣ гуфта он муносибатҳои ҷамъиятиеро меноманд, ки бо меъёрҳои ҳуқуқӣ кишоварзӣ мустаҳкам гардонида шудаанд; 138. Муносибатҳои ҳуқуқи экологӣ?$A) Муносибатҳои ҳуқуқи экологӣ гуфта он муносибатҳои ҷамъиятиеро меноманд, ки дар онҳо меъёрҳои ҳуқуқи экологӣ мустаҳкам карда шудаанд; 139. Мӯҳлати баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон?$A) 15 рӯз, аз 1 моҳ то 2 моҳ; 140. Мӯҳлати бастани шартномаҳои меҳнатӣ?$C) Номуайян, муайян, вале на бештар аз 5 сол, барои вақти иҷрои кори муайян ва иҷрои корҳои мавсимӣ; 141. Муҳлати даъво байни ташкилотҳо, муассисаҳо ва корхонаҳо?$B) Муҳлати даъво 3 сол; 142. Мӯҳлати изофакорӣ дар як сол набояд аз чанд соат зиёд бошад?$A) 120 соат; 143. Мӯҳлати муваққатан ба кори дигар гузаронидан дар сурати бекористӣ?$B) 1 моҳ; 144. Мӯҳлати пешниҳоди муроҷиатҳо аз ҷониби шаҳрвандон?$E) то 3 сол; "Н" 145. Навъҳои андоз?$D) Андозҳои умумиҷумҳуриявӣ, андозҳои маҳаллӣ; 146. Навъҳои вақти корӣ?$B) Муътадил, кӯтоҳ ва нопурра; 147. Навъҳои таърихии ҳуқуқ вобаста ба назарияи форматсионӣ?$A) Ғуломдорӣ, феодалӣ, буржуазӣ, сотсиалистӣ; 148. Навъҳои шахсони ҳуқуқиро номбар кунед?$C) Тиҷоратӣ, ғайритиҷоратӣ; 149. Назарияҳои асосии пайдоиши давлат?$C) Назарияи илоҳӣ, шартномавӣ, патриархалӣ, зуроварӣ, нажодӣ, органикӣ, марксистӣ, иригатсионӣ; 150. Намудҳои аҳд?$A) Яктарафа, дутарафа ва бисёртарафа, хаттӣ, даҳонӣ, музднок ва бемузд ва ҳоказо; 151. Намудҳои баҳсҳои меҳнатӣ?$A) Инфиродӣ, коллективӣ; 152. Намудҳои вақти истироҳат?$D) Танафус дар давоми рӯзи корӣ, танафуси байни бастҳои корӣ, рӯзҳои истироҳат, рӯзҳои ид, рухсатии ҳарсола; 153. Намудҳои колонияҳои тарбиявӣ?$D) Низоми умумӣ ва низоми пурзур; 154. Намудҳои маданияти ҳуқуқӣ;$E) Ҷамъиятӣ, шахсӣ; 155. Намудҳои мақомоти давлатӣ?$D) Президент, Маҷлиси олӣ, Ҳукумат, Мақомоти судӣ, Прокуратура, Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ; 156. Намудҳои маҳбасҳо?$B) Низоми умумӣ ва низоми сахт; 157. Намудҳои методҳои омӯзиши фанни ҳуқуқ?$B) Умумӣ ва махсус; 158. Намудҳои меъёрҳои ҳуқуқ?$E) Ваколатдоркунанда, ӯҳдадоркунанда, манъкунанда; 159. Намудҳои мурофиаи гражданӣ кадомҳоянд?$D) Мурофиаи фармонӣ, даъвогӣ, парвандаҳое, ки аз муносибатҳои ҳуқуқии омма бармеоянд, махсус; 160. Намудҳои муроҷиатҳои шаҳрвандон?$D) Бо таклифҳо, аризаҳо, шикоятҳо; 161. Намудҳои нафақаи меҳнатӣ кадомҳоянд?$E) Пиронсолӣ, маъюбӣ, ба сабаби гум кардани саробон, барои хизмати дарозмуддат; 162. Намудҳои низоми гумрукӣ;$C) Воридоти муваққатӣ, анбори гумрукӣ, нобудкунӣ; 163. Намудҳои низоми ҳуқуқи байналхалқӣ?$C) Ҳукуқи байналхалқии оммавӣ, ҳукуқи байналхалқии хусусӣ; 164. Намудҳои пардохти гумрукӣ кадомҳоянд?$C) Андози арзиши иловашуда, аксиз, боҷи гумрукӣ; 165. Намудҳои принсипҳои ҳуқуқ?$D) Умумӣ-ҳуқуқӣ ва соҳавӣ-ҳуқуқӣ; 166. Намудҳои санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ;$A) Қонун ва санадҳои зериқонунӣ; 167. Намудҳои сарчашмаҳои ҳуқуқ;$E) Ҳамааш якдигарро пурра менамоянд; 168. Намудҳои сарчашмаҳои ҳуқуқ?$B) Миллӣ ва байналмиллалӣ; 169. Намудҳои сарчашмаҳои ҳуқуқи гумрукӣ;$A) Конститутсия, Кодекси гумрукӣ, дигар қонунҳо, шартномаҳои байналхалқӣ, санадҳои зериқонунӣ; 170. Намудҳои сарчашмаҳои ҳуқуқи инсон?$E) Сарчашмаҳои миллӣ ва байналхалқии ҳуқуқи инсон; 171. Намудҳои сарчашмаҳои ҳуқуқи молиявӣ?$A) Конститутсия, Қонун «Дар бораи буҷети давлатӣ», Қонун «Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ», Қонун «Дар бораи бонки миллӣ», Қонун «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ»; 172. Намудҳои сарчашмаҳои ҳуқуқи экологӣ?$A) Конститутсия, қонун «Дар бораи истифодабарӣ ва ҳифзи олами ҳайвонот», қонун «Дар бораи ҳифзи тандурустии аҳолӣ», кодексҳои замин, об, ҷангал, фазои ҳаво; 173 Намудҳои соҳибихтиёрӣ кадомҳоянд?$E) Нисбӣ ва мутлақ; 174. Намудҳои субъектони ҳуқуқи гражданӣ;$B) Шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ, давлат; 175. Намудҳои факти ҳуқуқӣ?$C) Ҳодиса, ҳаракат; 176. Намудҳои ҳукуқ ва вазифаҳои ҳамсарон?$A) Молумулкӣ, шахсӣ; 177. Намудҳои ҳуқуқвайронкуниро муайян созед?$C) Ҷиноят, кирдорҳои зиддиҳуқуқии маъмурӣ, интизомӣ ва гражданӣ; 178. Намудҳои ҷавобгарӣ дар ҳукуқи гражданӣ?$D) Молумулкӣ, маънавӣ; 179. Намудҳои ҷавобгарии маъмурӣ?$D) Огоҳӣ, огоҳии сахт, сарзаниш ва ҳадди охир аз кор озод намудан; 180. Намудҳои ҷавобгарии ҳуқуқӣ?$E) Ҷавобгарии ҷиноятӣ, гражданӣ, маъмурӣ, интизомӣ, моддӣ, маънавӣ; 181. Намудҳои ҷазои гумрукӣ?$B) Огоҳӣ, ҷарима, бозхонди литсензия ё шаҳодатномаи ихтисос, мусодираи молу воситаҳои нақлиёт, ситонидани арзиши молу воситаҳои нақлиёт, мусодираи воситаи нақлиёт; 182. Низоми илми ҳуқуқшиносӣ чи гуна ифода меёбад?$D) Низоми илми ҳуқуқшиносӣ дар ягонагии илмҳои ҳуқуқӣ ифода ёфта, ба ҳалли вазифаҳои гуногун дар таркиби илмҳои ҳуқуқшиносӣ ҳамчун маҷмӯи томи донишҳои ҳуқуқӣ фаъолият менамояд; 183. Низоми механизмҳои ҳифзи ҳуқуқҳои инсон?$B) Дохилидавлатӣ ва байналхалқӣ; 184. Нисбати киҳо парасторӣ таъин карда мешавад?$C) Нисбати ноболиғони аз 14 то 18 сола ва шахсони қобилияти амалкуниашон маҳдуд; 185. Нишонаҳои авалиндараҷаи давлат?$B) Ҳокимияти оммавӣ, ҳудуд, аҳолӣ, соҳибихтиёрӣ, ҷамъоварии андоз; 186. Нишонаҳои давлати ҳуқуқбунёд?$E) Волоияти қонун, кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таҷзияи ҳокимият, назорати суди конститутсионӣ ва масъулияти тарафайни давлат ва шахс; 187. Нишонаҳои дуюминдараҷаи давлат?$D) Рамзҳои давлатӣ, забон ва пойтахти давлат; 188. Нишонаҳои ҷиноят кадомҳоянд?$E) Ҳамааш нишонаҳои ҷиноят мебошанд; 189. Нишонаҳои шахси ҳуқуқӣ?$A) Ягонагии ташкилӣ, молу мулки мустақил доштан, ҷавобгарии мустақили молу мулкӣ, дар муомилоти граждани аз номи худ баромад намудан; 190. Номукаллафӣ чист?$C) Номукаллафӣ гуфта чунин ҳолати нимсолими рӯҳиву зеҳнии шахсро меноманд, ки бар асари он ӯ хафнокии кирдорашро дарк намекунад ё онро идора карда наметавонад; "О" 191. Оё судя ҳақ дорад, ки ба кор ва фаъолияти тиҷоратию соҳибкорӣ машғул шавад?$D) Наметавонад; "П" 192. Пардохтҳои гумрукӣ гуфта чиро меноманд?$E) Пардохтҳои гумрукӣ гуфта боҷҳои гумрукиро меноманд; 193. Пойдевори тамоми соҳаҳои ҳуқуқро кадом қонун муаррифӣ мекунад?$E) Конститутсияи ҶТ; 194. Предмети омузиши фанни ҳуқуқ чиро ифода мекунад?$A) Он аз маҷмӯи донишҳои асосии ҳуқуқӣ дар бораи давлат ва ҳуқуқ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, вазифаҳои он, соҳаҳои алоҳидаи ҳуқуқ, ҳуқуқи байналхалқӣ ва асосҳои ташкил ва фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иборат аст; 195. Принсипҳои асосии қонуниятро нишон диҳед?$E) Ягонагии қонуният дар миқёси давлат, вологии қонун, ҷорӣ намудани назорати қатъӣ аз болои риояи қонуният, ҳатмӣ будани талаботи қонуният барои ҳама; 196. Принсипҳои баробарҳуқуқии зану мард ва якканикоҳӣ (моногамӣ) дар кадом моддаҳои Конститутсияи ҶТ таъкид шудаанд?$B) Дар моддаҳои 17 ва 33; 197. Принсипҳои ҳуқуқи байналхалқӣ?$C) Принсипҳои ҳуқуқи байналхалқӣ гуфта он асосҳо ва ғояҳои роҳбарикунадаи фаъолияти субъектҳои ҳуқуқи байналҳалқиро меноманд, ки табиати асосии онро баён намуда, нисбати меъёрҳои он қувваи баланди ҳуқуқӣ доранд; 198. Прокурорҳо ба кодом муҳлат таъин мешаванд?$D) 5 сол; "Р" 199. Раис ва судяҳои Суди конститутсионӣ ва Суди Олиро кӣ интихоб менамояд?$C) Президенти кишвар; 200. Розигии кӯдаки ноболиғ аз синни чандсолагӣ барои ба фарзандӣ гирифтан эътибори қонунӣ дорад?$E) Бо розигии кӯдак ва мақомоти судӣ аз синни 10 солагӣ; "С" 201. Сабабҳои пайдоиши давлат?$D) Тараққиёти ҷамъияти ибтидоӣ, бавуҷуд омадани зиддияти байни синфҳо, пайдоиши моликияти хусусӣ; 202. Санадҳои таъсиррасонии прокурор?$C) Эътирози прокурор, пешниҳоди прокурор, қарори прокурор ва амри прокурор; 203. Сарчашмаи асосии низоми ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон кадом аст?$D) Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ; 204. Сарчашмаҳои асосии ҳуқуқи гражданӣ;$A) Конститутсияи ҶТ, кодекси граждании ҶТ, қонун дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ ва ғ; 205 Сарчашмаҳои ҳуқуқи инсон чист?$D) Шакли зоҳирии ифодаёбии меъёрҳои ҳуқуқиеро меноманд, ки дар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ оварда шуда, ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро фаро гирифтаанд; 206. Сарчашмаҳои ҳуқуқи инсон?$B) Сарчашмаҳои ҳуқуқи инсон он санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқиро меноманд, ки дар онҳо ҳуқуқу озодиҳои инсон эътироф, танзим ва ҳифз карда мешаванд; 207. Сарчашмаҳои ҳуқуқи мурофиаи гражданӣ?$A) Сарчашмаҳои ҳуқуқи мурофиаи гражданӣ гуфта қонунҳо ва санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқиеро меноманд, ки дар онҳо меъёрҳои ҳуқуқи мурофиаи гражданӣ танзим шудаанд; 208. Сертификатсияи ҳатмӣ ба тамоми молу маҳсулот дар қаламрави ҶТ аз кай ҷори карда шуд?$C) 11 январи соли 1995; 209. Синни ба нафақа баромадан чи қадар аст?$E) Мардҳо аз 63 соллагӣ, занҳо аз 58 солагӣ; 210. Сохти дохилии меъёрҳои ҳуқуқ?$B) Гипотеза, диспозитсия, санксия; 211. Сохти дохилии фанни ҳуқуқ чи гуна аст?$B) Мафҳум ва мавзӯи фанни таълимии ҳуқуқ, асосҳои назарияи давлат ва ҳуқуқ, асосҳои ҳуқуқи инсон, асосҳои соҳаҳои ҳуқуқ, асосҳои ҳуқуқи байналхалқӣ, асосҳои ташкил ва фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ; 212. Сохти назарияи давлат ва ҳуқуқ чи гуна аст?$C) Назарияи умумии давлат ва ҳуқуқ; 213. Соҳаҳои асосии ҳуқуқро номбар кунед;$B) Ҳуқуқи маъмурӣ, гражданӣ, экологӣ, ҷиноятӣ, ҳуқуқи конститутсионӣ, меҳнатӣ, молиявӣ; 214. Соҳаҳои ҳуқуқӣ байналхалқӣ?$D) Ҳуқуқи шартномаи байналхалқӣ, ҳуқуқи дипломатӣ, консулӣ, атомӣ, кайҳонӣ, ҳавоӣ, ҷиноятӣ, бехатарӣ, инсондустӣ; 215. Соҳибкор кист?$B) Соҳибкор шахси иштироккунандаи асосии бозор ва пояи ҳар низоми иқтисодие мебошад, ки на дар заминаҳои давлатӣ балки дар заминаи рақобати бовиҷдон бунёд ёфтааст; 216. Субъектони мурофиаи гражданӣ?$E) Суд, шахсони иштирокчии парвандаи гражданӣ, шахсони ба адолати судӣ ёрирасон; 217. Субъектони ҳуқуқи маъмурӣ кадомҳо эътироф шудаанд?$D) Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ; 218. Суди конститутсионӣ ба кадом навъи ҳокимият дохил мешавад?$A) Ҳокимияти судӣ; 219. Судяи ноҳияро кӣ таъин менамояд?$C) Президенти кишвар; "Т" 220. Тавсифи умумии соҳаҳо ва фаслҳои ҳуқуқи молиявӣ?$A) Ҳуқуқи буҷетӣ, ҳуқуқи бонкӣ, ҳуқуқи андоз, молиякунонии давлатӣ, назорати молиявӣ; 221. Талаботҳои асосии экологӣ дар кадом қонун оварда шудаанд?$B) Дар Қонун «Дар бораи муҳофизати табиат»; 222. Тарафҳои шартномаи меҳнатӣ киҳо мебошанд?$A) Корманд, корфармо; 223. Тарбияи ҳуқуқӣ чист?$A) Тарбияи ҳуқуқӣ ҷараёни муташаккил, мақсаднок, таъсиррасон ба шуури одамон аст, ки баҳри ташаккули донишу арзишҳои ҳуқуқӣ ва таъмини рафтори қонунии шахс истифода мешавад; 224. Таркиби дастгоҳи давлатӣ?$B) Мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор; 225. Таркиби муносибатҳои ҳуқуқи андоз?$B) Субъект, объект, мазмун; 226. Таркиби муносибатҳои ҳуқуқи молиявӣ?$E) Суъект, объект ва мазмун; 227. Таркиби муносибатҳои ҳуқуқи экологӣ?$E) Фактҳои ҳуқуқӣ, субъект, объект, мазмун; 228. Таркиби муносибатҳои ҳуқуқӣ?$B) Субъект, объект, мазмун, факти ҳуқуқӣ; 229. Таркиби шуури ҳуқуқӣ;$C) мафкураи ҳуқуқӣ, психологияи ҳуқуқӣ; 230. Таснифоти ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд?$A) Ҳуқуқҳои шахсӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ; 231. Таснифоти ҳуқуқи инсон вобаста ба вазъи сиёсӣ-ҳуқуқии шахс?$A) Ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқи шаҳрванд; 232. Таснифоти ҳуқуқи инсон вобаста ба дараҷаи фардикунонии субъект?$C) Ҳуқуқҳои инфиродӣ ва дастаҷамъӣ; 233. Таснифоти ҳуқуқи инсон вобаста ба замони пайдоиш?$B) Ҳуқуқҳои насли якум, дуюм, сеюм; 234 Таснифоти ҳуқуқи инсон вобаста ба имконияти маҳдудсозии муваққатӣ?$B) Ҳуқуқҳои мутлақ ва нисбӣ; 235. Таснифоти ҳуқуқи инсон вобаста ба субъектҳои махсуси ҳуқуқ?$E) Ҳуқуқҳои кӯдакон, занон, гурезагон, маъюбон, маҳбусон; 236. Татбиқи ҷавобгарии маъмурӣ боиси доғи судӣ мегардад?$C) Намегардад; 237. Таъғйиру иловаҳоро ба Конститутсия кӣ пешниҳод менамояд?$D) Президент ё ҳадди ақал аз се як ҳиссаи умумии аъзо ва вакилони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон; 238. Таъмин ва кафолати ҳуқуқии ҳуқуқу ӯҳдадориҳои шаҳрвандро дар соҳаи идоракунии давлатӣ ба чанд намуд тақсим мекунанд ва кадомҳо?$C) Ба ду намуд – судӣ ва ғайрисудӣ; 239. Таъмини амнияти шахсӣ корманди милитсия?$E) Барои таъмини амнияти шахсӣ корманди милитсия метавонад аз яроқи табелӣ, тоскулоҳ, сипар, нимтанаҳои зиреҳдор ва дигар воситаҳои муҳофизати инфиродӣ истифода намояд; 240. Таърифи классикии давлат?$A) Давлат – ин машинаест, ки идоракунии як синфро аз болои синфи дигар ба танзим медарорад; 241. Таърифи муосирии давлат?$A) Давлат – ин ташкилоти сиёсии муайянест, ки бо ёрии он синфи ҳукумрон идоракунии ҷамъиятро ба амал мебарорад; "У" 242. Узвият ба хоҷагии деҳқонӣ чи гуна муайян карда мешавад?$D) Дар асоси сабти ном дар дафтарчаи меҳнатӣ ва шартномаи фаъолияти якҷояи аъзои хоҷагии деҳқонӣ; "Ф" 243. Фарзандхонӣ чист?$C) Фарзандхонӣ – ин санади ҳуқуқӣ буда, дар натиҷаи он байни шахсони фарзандқабулкунандаю хешовандони онҳо ва шахсони фарзандхоншаванда ҳуқуқу ӯҳдадориҳои падару модарӣ ва фарзандӣ пайдо шуда, танзимкунонида мешавад; 244. Фарқияти синну соли фарзандқабулкунанда аз фарзандхоншаванда чи қадар бояд бошад?$B) На камтар аз 16 сол; 245. Фаъолияти соҳибкорӣ бо қарори кӣ қатъ гардонида мешавад?$D) Соҳибкор ва суд; 246. Фаъолияти соҳибкориро аз руи доираи субъектҳояш ба чанд гурӯҳ тақсим мекунанд?$E) Соҳибкории инфиродӣ, дастаҷамъӣ ва соҳибкории шахси ҳуқуқӣ; 247. Фаъолияти шахси ҳуқуқӣ чи гуна барҳам дода мешавад?$E) Ихтиёран ва маҷбуран; 248. Функсияҳои шуури ҳуқуқӣ;$B) дарккунӣ, танзимӣ, нусхасозии фикрӣ; "Х" 249. Хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) -ро ки ташкил карда метавонад?$B) Ҳар як шаҳрванди қобили амал дошта – як шахс, як оила ва гурӯҳи шахсон; 250. Хусусигардонӣ чист?$D) Харидани молу мулки давлатӣ (корхона, бино, иншоот ва ғ.) ва ба моликияти хусусӣ гардонидани он; "Ҳ" 251. Ҳабси маъмурӣ ба мӯҳлати чанд шабонарӯз пешбинӣ шудааст?$D) то 15 шабонарӯз; 252. Ҳангоми ба кор дохил шудан кадом ҳуҷҷатҳо пешниҳод мешаванд?$D) Дафтарчаи меҳнатӣ, шиноснома, ҳуҷҷатҳо дар бораи маълумот, билети ҳарбӣ ё шаҳодатномаи бақайдгирӣ; 253. Ҳимоя чист?$C) Ҳимоя – ин рад кардани айбдоркунӣ, исбот кардани бегуноҳии гумонбаршаванда (айбдоршаванда, судшаванда) ё ин, ки муайян кардани ҳолатҳои ҷавобгарии онҳоро сабуккунанда мебошад; 254. Ҳокимияти давлатӣ ба кадом шохаҳои ҳокимият ҷудо мешавад?$D) Ҳокимияти давлатӣ ба шохаи ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ; 255. Ҳокимияти давлатӣ ба чанд шохаи ҳокимият ҷудо мешавад?$D) Ба се шохаи ҳокимият; 256. Ҳокимияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кадом шохаҳо ҷудо мешавад?$C) Ба шохаи қонунгузор, иҷроия, судӣ; 257. Ҳокимияти давлатӣ чист?$B) Ҳокимияти давлатӣ ин ҳокимияти халқ аст, ки идоракунии давлатро ба воситаи мақомотҳои салоҳиятдор амалӣ мегардонад; 258. Ҳокимияти иҷроияро кӣ сарварӣ менамояд?$E) Раиси Ҳукумат, Раиси Ҷумҳур; 259. Ҳокимияти судӣ?$B) Ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ шуда, дар баробари ҳокимияти қонунгузор ва иҷроия амал карда, танҳо ба суд тааллуқ дорад; 260. Ҳолатҳое, ки ҷиноятро истисно мекунанд?$A) Мудофиаи зарурӣ, расонидани зарар, зарурати ниҳоӣ; 261. Ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ чист?$E) Ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ кирдори зиддиҳуқуқӣ ва гунаҳгоронаи шахси воқеӣ, мансабдор ё ҳуқуқӣ мебошад, ки содир намудани он тибқи кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ боиси ҷавобгарии маъмурӣ мегардад; 262. Ҳуқуқи инсон кадом муносибатҳои ҷамъиятиро батанзим медарорад?$D) Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд; 263. Ҳуқуқи конститутсионӣ чист?$A) Ҳуқуқи конститутсионӣ яке аз соҳаи намоёни ҳуқуқи ҶТ буда, аз маҷмуъи меъёрҳои ҳуқуқӣ иборат аст, ки асосҳои сохтори конститутсионии ҶТ-ро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мустаҳкам менамояд; 264. Ҳуқуқи маъмурӣ чист?$A) Ҳуқуқи маъмурӣ соҳаи мустақили ҳуқуқи ҶТ буда, бо маҷмуъи меъёрҳои ҳуқуқӣ ҷо ба ҷо шуда, муносибатҳои ҷамъиятиро дар соҳаи идоракунии давлатӣ, ташкил ва фаъолияти он ба танзим медарорад; 265. Ҳуқуқи мерос зерсоҳаи кадом соҳаи ҳуқуқ аст?$D) Ҳуқуқи гражданӣ; 266. Ҳуқуқи моликият зерсоҳаи кадом соҳаи ҳуқуқ аст?$C) Ҳуқуқи гражданӣ; 267. Ҳуқуқу озодиҳои иқтисодӣ кадомҳоянд?$C) Ҳуқуқ ба моликият, озодии фаъолияти соҳибкорӣ; 268. Ҳуқуқу озодиҳои иҷтимоиро нишон диҳед?$D) Ҳуқуқ ба таъминоти иҷтимоӣ, ҳифзи саломатӣ, ҳаёти арзанда; 269. Ҳуқуқу озодиҳои сиёсӣ кадомҳоянд?$B) Озодии сухан, ҳуқуқи ба интихобот, ҳуқуқ ба иштирок дар корҳои идоракунии давлатӣ; 270. Ҳуқуқу озодиҳои шахсиро нишон диҳед?$A) Ҳуқуқ ба ҳаёт, озодӣ, дахлнопазирии шахсӣ; 271. Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои зану шавҳар аз кадом лаҳза пайдо мешавад?$E) Аз лаҳзаи дар мақомоти САҲШ ба қайди давлатӣ гирифтани ақди никоҳ ба миён меояд; 272. Ҳуқуқҳои инсон аз чанд насл иборатанд?$D) Ҳуқуқҳои инсон аз се насл иборатанд; "Ҷ" 273. Ҷавобгарии ҷиноятӣ аз синни чанд солагӣ ба вуҷуд меояд?$E) аз 16 солагӣ ва дар мавридҳои пешбини намудаи қонунгузор аз 14 солагӣ; 274. Ҷавобгарии ҷиноятӣ?$B) Ҷавобгарии ҷиноятӣ ин аз номи давлат маҳкум кардани шахси ҷиноятсодиркарда буда, он дар баровардани ҳукми айбдориаш ифода мегардад; 275. Ҷавобгарии экологӣ?$A) Ҷавобгарии экологӣ дар натиҷаи вайронкунии экологӣ ба вуҷуд омада, вақти содиршавии он дар доираи муқарраршудаи ҳуқуқ табиат зарар мебинад; 276. Ҷазо чист?$C) Ҷазо чораи маҷбуркунии давлатие мебошад, ки бо ҳукми суд таъин карда мешавад; 277. Ҷамоати деҳа?$B) Ҷамоати деҳа мақомоти худидора буда, онро раиси ҷамоат идора карда, намояндагони деҳаҳои дахлдор дар он чун вакил иштирок менамоянд; 278. Ҷамоати шаҳрак?$A) Ҷамоати шаҳрак мақомоти худидораи шаҳрак буда онро раиси ҷамоат идора карда, намояндагони кӯчаю маҳаллаҳо, дигар воҳидҳои марзии дар ҳайати ӯ буда чун вакил иштирок менамоянд; 279. Чанд намуд пардохти гумрукиро ҳангоми гузаронидани мол аз сарҳади гумрукии 280Ҷумҳурии Тоҷикистон Кодекси гумрукӣ муқаррар кардааст?$D) 3 намуд; 281 Чанд намуди нафақа мавҷуд аст?$C) Меҳнатӣ, иҷтимоӣ; 282. Ҷиноят ба чанд категория ҷудо мешавад?$B) Ҷиноятҳои начандон вазнин, дараҷаи миёна, вазнин, махсусан вазнин; 283. Ҷиноятҳои аз беэҳтиётӣ содиршуда ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнинро ташкил мекунанд?$B) Не; 284. Чораҳои ҷазои интизомӣ?$B) Сарзаниш, танбеҳ ва аз кор озод намудан; "Ш" 285. Шаклҳои давлат?$D) Шакли идоракунӣ, сохти давлатӣ, режими сиёсӣ; 286. Шаклҳои демократия?$B) Намояндагӣ ва бевосита; 287. Шарикӣ дар ҷиноят?$D) Шарикӣ дар ҷиноят гуфта иштироки якҷояи қасдонаи ду ё зиёда ашхос дар содир намудани ҷинояти қасдона эътироф мешавад; 288. Шартнома чист?$B) Шартнома созиши ду ва якчанд шахсро меноманд, ки барои ба вуҷуд овардан, тағйир додан ё қатъ гардидани ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои гражданӣ равона карда шудааст; 289. Шартнома чист?$E) Созиши ду ва зиёда шахсонеро меноманд, ки боиси ба вуҷуд омадан, тағйир ёфтан ва қатъ шудани ҳуқуқу ӯҳдадориҳо мегардад; 290. Шартномаи коллективӣ чист?$C) Шартномаи коллективӣ санади меъёрие фаҳмида мешавад, ки муносибатҳои истеҳсолию меҳнатӣ ва иҷтимоиро дар байни корфармо ва меҳнаткашон дар корхона, муассиса, ташкилот новобаста аз шаклҳои моликият ва хоҷагидорӣ ба танзим медарорад; 291. Шартномаи меҳнатӣ чист?$A) Шартномаи меҳнатӣ гуфта созишномаи байни корфармо ва кормандро меноманд, ки тибқи он корманд вазифадор аст, корҳоро аз рӯи як касб, якчанд касби муайян, ихтисос ё вазифа бо дараҷаҳои дахлдор, бо риояи тартиби дохилии меҳнатӣ иҷро намояд, корфармо бошад, вазифадор аст барои ҳамин кор ба корманд музд диҳад ва шароити меҳнатиро, ки санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ оид ба меҳнат ва созишномаи тарафҳо муайян намудаанд, таъмин кунад; 292. Шартҳое, ки ташкилотҳо бидуни он шахси ҳуқуқӣ эътироф намешаванд?$C) Коллективи ягонаи муташаккил, молумулки алоҳида, аз номи худ дар муомилоти гражданӣ иштирок карда тавонад, дар судҳо даъвогар ва ҷавобгар шуда тавонад; 293. Шартҳои бастани никоҳ?$C) Розигии никоҳшавандагон, ба синни никоҳи расидан, ҷой надоштани монеаҳои ақди никоҳ; 294. Шахс кай мақоми соҳибкорро пайдо менамояд?$A) Аз лаҳзаи гузаштан аз қайди давлатӣ; 295. Шахси бедарак ғоибро вафотёфта эълон кардан?$D) Агар дар ҷои сукунати доимии шаҳрванд дар бораи ҷои исти ӯ дар тӯли се сол маълумот набошад, агар ӯ дар ваъзият ба тахмин намудан асос диҳад, ки ӯ аз ҳодисаи бадбахтонаи муайян ҳалок шудааст, баъд аз гузаштани шаш моҳ ӯро дар асоси аризаи шахсони манфиатдор, бо роҳи судӣ, вафотёфта эълон мекунанд; 296. Шахсони воқеӣ гуфта киҳоро дар назар дорем?$A) Шаҳрвандони давлат, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бетабаа; 297. Шахсони ҳуқуқӣ гуфта киҳоро дар назар дорем?$A) Шахсони ҳуқуқӣ гуфта корхонаҳо, ташкилотҳо, муассисаҳои тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳои диниро, ки иштирокчии муносибатҳои ҳуқуқианд, меноманд; 298. Шахсони ҷисмонӣ?$C) Шаҳрванди ҶТ, шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бетабаа; 299. Шаҳрвандии фахрии Тоҷикистон дар асоси кадом санади меъёрию ҳуқуқӣ ба танзим дароварда шудааст?$E) Низомномаи шаҳрвандии фахрии Тоҷикистон; 300. Шуури ҳуқуқӣ чист?$A) Шуури ҳуқуқӣ ин маҷмӯи ҳиссиёт, эҳсосот, ақидаҳо, ғояҳо, арзишҳо, нишондодҳо, фаҳмишҳо, мафҳумҳои ҳуқуқӣ, ки муносибати одамонро бо ҳуқуқ ифода мекунад, мебошад; |