ячс. АВТОРЕФЕРАТ. Каримзода Ф. Ч.. Автореферати
Скачать 76.6 Kb.
|
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ДОНИШГОЊИ ДАВЛАТИИ ЊУЌУЌ, БИЗНЕС ВА СИЁСАТИ ТОЉИКИСТОН КАРИМЗОДА ФАРИДУН ЉАМШЕДЇ ТАНЗИМИ ЊУЌУЌЇ ВА МАСЪАЛАЊОИ ЊИФЗИ СИРРИ ТИЉОРАТЇ МУВОФИЌИ ЌОНУНГУЗОРИИ ТОЉИКИСТОН 1-24.01.02 - њуќуќшиносї АВТОРЕФЕРАТИ РИСОЛАИ МАГИСТРЇ барои ноил гаштан ба дараљаи магистри њуќуќ ХУЉАНД – 2022Рисолаи магистрї дар кафедраи њуќуќи соњибкорї ва байналмилалии ДДЊБСТ ба иљро расонида шудааст.
Њимояи рисолаи магистрї санаи «__» _____2022 соати ____ дар бинои 1-уми ДДЊБСТ, ауд. ___ дар назди Комиссияи аттестатсияи давлатии хатм доир мегардад. ТАВСИФИ УМУМИИ КОР Гузориши масъала оид ба танзими њуќуќї ва таъмини сирри тиљоратї мувофиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон яке аз масъалањои таъмини рушди муносибатњои њуќуќии хољагидорї, иќтисодї, соњибкорию тиљоратї боќї мондааст. Танзими њуќуќии сирри тиљоратї, таъмини сирри тиљоратї дар иќтисодиёти Љумњурии Тољикистон бо санадњои меъёрї-њуќуќии амалкунанда дарбар гирифта шудааст. Њарчанд ќонунгузории Љумњурии Тољикистон дар соњаи танзими сирри тиљоратї танзими њуќуќиро фаро гирифтааст, лекин масъалањои њуќуќии таъмини сирри тиљоратї дар шароити рушди раќобатнокии бозорї, тиљоратї роњњои такмили ќонунгузорї, механизмњои таъмини њифзи сирри тиљоратї таќозо менамояд. Муњиммияти мавзўи тадќиќшаванда, дар замони муосир дар кишвар ќонунгузории соњаи танзими сирри тиљоратї ќабул карда шудааст ва имрўз дар пешбарии фаъолияти самараноки соњибкорї истифода бурда мешавад. Ќонунгузории Љумњурии Тољикистон дар соњаи мазкур муносибатњоеро, ки бо мансуб донистани иттилоот ба сирри тиљоратї, пешкаш намудани чунин иттилоот ба шахсони дигар ва њифзи махфияти он бо маќсади таъмини баробарии манфиатњои дорандагони иттилооти дорои сирри тиљоратї ва дигар иштирокчиёни муносибатњои танзимшаванда, аз љумла таъмини манфиатњои давлат дар бозори молу мањсулот, кор ва хизматрасонї иртибот доранд, танзим менамояд. Дар муносибатњои њуќуќии хољагидорї, соњибкорию тиљоратї сирри тиљоратї ин махфияти иттилооте, ки имконият медињад ба дорандаи он дар њолати мављуд ва ё имконпазир даромадашро зиёд гардонад, ба харољоти бењуда роњ надињад, мавќеашро дар бозори мол, кор ва хизматрасонї нигоњ дорад ё худ фоидаи дигари тиљоратї ба даст орад. Аз мазмун ва моњияти сирри тиљоратї маълум мегардад, ки дар фаъолияти соњибкорї сирри тиљоратї ањамияти калон ва мавќеи муайянеро соњиб мебошад, ки бо риоя ва татбиќи он соњибкор таваккалии фаъолияти худро пешакї бањогузорї карда метавонад. Дар навбати худ иттилооти дорои сирри тиљоратї ин иттилооте мебошад, ки аз инњо иборатанд: илмї-техникї, технологї, истењсолї, молиявию иќтисодї ё худ дигар иттилооти дорои арзиши воќеї ё имконпазири тиљоратї, ки бинобар сабаби онро надонистани шахсони сеюм, ки наметавонанд ин иттилоотро дар асоси ќонун озодона дастрас намоянд ва нисбати он дорандаи чунин иттилоот низоми сирри тиљоратиро љорї кардааст. Низоми сирри тиљоратиро барои маќсадњое, ки алайњи талаботи њифзи асосњои сохти конститутсионї, ахлоќ, сињатї, андозбандї, њуќуќу манфиатњои ќонунии шахсони дигар, таъмини мудофиаи кишвар ва амнияти давлат равона гардидаанд, истифода кардан мумкин нест. Дар солњои охир бањри таъмини рушди фаъолияти соњибкорї ќонунњо ва дигар санадњои муњимми давлатї оид ба рушд ќабул шуда истодаанд, ки онњо тараќќиёти фаъолияти соњањои гуногуни соњибкоро таъмин менамояд. Вобаста ба ин њамасола дар Паёми худ ба маќомоти ќонунгузори кишвар Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон оид ба таъмини рушди фаъолияти соњибкорї самтњои фоидаоварро ќайд карда мегузаранд. Дар Паёми худ Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон таъкид намудаанд: «Вобаста ба таҳаввулоти босуръати ҷаҳони имрӯза ва таъсири манфии онҳо Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки фаъолияти худро дар самти муқовимат ба таҳдиду буҳронҳо, ташаккули имконияту захираҳои молиявии ба рушд нигаронидашуда, таъмин намудани гуногунсамтии иқтисодиёт, густариши раванди рақамикунонӣ, дастрасии молиявию дастгирии соҳибкорӣ, ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолии кишвар, омодагӣ ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва гузариш ба иқтисоди «сабз» тақвияти бештар бахшад. Беҳтар гардонидани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ ва ҷалби сармояи мустақим барои таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии мо ба ҳисоб меравад. Бинобар ин, роҳбарони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, дигар вазорату идораҳо, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадоранд, ки фаъолияти худро оид ба ҷалби сармояи мустақим, боз ҳам беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ, бахусус, ҷиҳати ҷорӣ кардани расмиёти электронии баррасӣ ва пешниҳоди иҷозатномаҳо, ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ва сертификатҳо барои фаъолияти соҳибкорӣ ва дар ин раванд бартараф намудани омилҳои субъективӣ густариш диҳанд»1. Њамин тариќ, сирри тиљоратї њамчун объекти њуќуќи соњибкорї ањамияти хеле калон дорад. Мафњуми сирри тиљоратї дар меъёрњои моддаи 153 Кодекси граждании Љумњурии Тољикистон ба таври зайл муќаррар шудааст. Яъне, сирри хизматї ва тиљоратї маълумоте њастанд, ки ба сабаби ба ашхоси сеюм маълум набуданашон арзиши воќеї ё имконпазири тиљоратї дошта, дастраси умум нестанд ва молики онњо ба маќсади махфї нигоњ доштани ин маълумот тадбирњо меандешад. Номгўи объектњои сирри тиљоратї хеле зиёд буда, дар њар корхонаи соњибкорї ин объектњо вуљуд доранд. Мувофиќи ќоида номгўйи иттилоотеро, ки дорои сирри тиљоратї њастанд, роњбари корхона муайян менамояд. Маълумоти сирри тиљоратдошта аз љониби маъмурияти корхона, хусусан, роњбари он њифз карда мешавад. Чунин маълумот ба сирри тиљоратї мансуб дониста мешаванд: иттилоот дар бораи кадрњои корхона, шарномањои корхона бо дигар корхонањо, матни шарномањо, сирри истењсолот, технологияи истењсолї ин ё он мањсулот, маълумот оид ба молияи корхона, роњњои тиљоратї, тартиби рекламаи мол ва монанди инњо. Љойи асосиро байни иттилооти хусусияти тиљоратї доштаро маълумоти алоќаманд бо пул, арзишњои пулї, коѓазњои ќиматнок, асъори хориљї ва ѓайра дигар неъматњои моли пулї, ки рушди фаъолияти соњибкории субъектони хољагидорї бо онњо вобастагї доранд, ишѓол менамояд. Усулњои истифодашудаи тањќиќоти рисолаи магистриро услуби тањлилї-њуќуќї, таърихї - муќоисавї, сиёсї, маърифатї, амалї, оморї ва ѓайра ташкил додааст. Сатњи коркарди мавзўи тањќиќшаванда оид ба асосњои њуќуќии муносибатњои соњибкорї дар асоси ќонунгузории кишвар якчанд нишонањоро доро мебошад. Аз тарафи дигар фаъолияти соњибкории замони муосир ба худ хос хусусият ва нишонањои фарќкунандаро соњиб мебошад. Аз љумла сирри тиљоратї низ ба яке аз нишона ва хусусияти фаъолияти соњибкорї дохил мешавад. Гуногунии фаъолияти соњибкорї аз он шањодат медињад, ки сирри тиљоратии як соњибкор ва ё шахси њуќуќиро дигар субъектони фаъолияти иќтисодї намедонанд ва фаъоляти онро дар амалияи худ татбиќ карда наметавонад. Дар асоси мустаќилияти фаъолияти соњибкорї имрўз фаъолиятњои сершумори тиљоратї љорї карда шуд. Сирри тиљоратї, яке аз воситањои фарќкунандаи фаъолияти соњибкорї мебошад. Зеро ин намуди нишонаи соњибкорї имрўз зарур буда, дар навбати худ њифз намудани ин сирро талаб мекунад. Дар китобњои њуќуќи соњибкорї ва тиљоратї имрўз мавзўи сирии тиљоратї ва дигар сире, ки барои пеш бурдани фаъолияти соњибкорї зарур аст ва њифз намудани он тадриљан оварда мешавад. Мавзўи сирри тиљоратї нисбатан мавзўи нав буда, корњои илмии олимони ватанї ва хориљї оиди ба табиати њуќуќии сирри тиљоратї дар рушди фаъолияти соњибкорї дар рисолаи магистрї ќайд гардидааст. Аз љумлаи Абдуллоев А. А., Анохин В. С., Артиков З., Болтуев С. Ш., Жилинский С. Э., Губин Е. П., Исмоилов Ш. М., Курбонов К. Ш., Лахно П. Г., Мартемьянов В. С., Меликов У. А., Нодиров Ф. М., Одинаев А. Ш., Олейник О. М., Паращук С. А., Пугинский Б. И., Рањимов М. З., Самадов Б. О., Сангинов Д. Ш., Табаров Н. А., Тољибоев Ш. А., Шарифов И. М. ва дигарон истифода гардидаанд. Масъалањое, ки дар рисола баррасї шудаанд, як зумраи андешањои илмї-тадќиќотї, назариявї-амалиро дарбар гирифтаанд. Доир ба масъалањои мавзўи мазкур аз љониби муаллифи рисолаи магистрї дар чунин корњои илмї-тањќиќотї ба нашр расонида шудаанд. Маќолаи илмї дар мавзўи “Асосҳои ҳуқуқии сирри иттилоотӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” (Маводњои Конференсияи байналхалқии илмӣ-назариявии ДДЊБСТ “Ҳамрокиҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити рақамикунонии иқтисодиёт: ҳолат ва дурнамо” 27.10.2021), “Хусусияти ҳуқуқии сирри тиҷоратӣ дар қонунгузории Тоҷикистон” (Маводњои Конференсияи апрелии ДДЊБСТ, Њамгироии илм ва истењсолот бањри татбиќи њадафњои стратегии миллї, бахшида ба эълон гаштани солњои 2022-2026 “Солњои рушди санот”, 21-25.04.2022), “Мавқеи давлат дар фаъолияти соҳибкорӣ” (Маводњои Конференсияи љумњуриявии факултети 4 Академияи ВКД ЉТ, 28-29.04. 2022) бахшида шудаанд. Маќсад ва вазифаи тадќиќоти рисолаи магистрї аз тањлил, омўзиш, муќаррар намудани муносибатњои фаъолияти соњибкорї дар истифода ва мањфуз нигоњ дотани сирри тиљоратї дар асоси талаботи ќонунгузории ҷории ватанї ва хориљї, пешнињоду тавсияњо барои бењтар намудани дастгирии воќеъонаи институти сирри тиљоратї иборат мебошад. Дар ин љода, вобаста ба маќсад ва вазифањои пешгузошта шуда њадафњои асосии тањќиќоти илмї ба даст оварда шудаанд. Объекти тадќиќоти рисолаи магистриро танзими њуќуќии сирри тиљоратї, њифзи њуќуќии сирри тиљоратї ва дигар намудњои иттилооти дорои сирри тиљоратидошта дар пешбурди соњибкорї истифода мешавад, асосњои њуќуќии сирри тиљоратї, инчунин муносибатњои вобаста ба иттилоот, додан ва њифзи он бо маќсади таъмини манфиатњои дорандагони чунин иттилоот пањн мегардад, њуќуќ ва уњдадорињои субектон, рушди муносибатњои њуќуќии њамкорињои байналмилалї дар замони муосир, омўзиши ќонунгузории љорї, ва ѓайра бо он алоќаманд ташкил медињад. Предмети тадќиќоти рисолаи магистриро муносибатњои њуќуќї дар доираи иттилооти сирри тиљоратї, хизматї, давлатї вобаста ба мансуб донистани маълумот ба сирри давлат, махфї доштан, ошкор кардан ва њифзи онњо ба манфиати таъмини амнияти Тољикстон ба вуљуд меоянд, ба танзим медарорад. Инчунин танзими њуќуќии онњо дар асоси ќонунгузории Љумњурии Тољикистон ва санадњои байналмилалї, ки Тољикистон онњоро эътироф кардааст, баромад мекунад. Асосҳои назариявӣ ва методологии рисолаи магистрӣ. Дар љараёни омода намудани рисолаи магистрї асарњои илмии олимони ватанї ва хориљї дар соњаи танзми њуќуќии сирри тиљоратї дар Љумњурии Тољикистон ташкил менамояд. Инчунин, ќонунгузории љорї, санадњои меъёрї-њуќуќии зерќонунї оид ба мавзўи тањќиќот, маводњои таљрибавї истифода бурда шудаанд. Навгонии илмии рисолаи магистриро тањќиќоти маљмаавї, ки дар шароити имрўзаи муносибатњои соњибкорї вобаста ба муносибатњои њукуќии соњибкорї ва тиљоратї, њифзи он, ки яке аз самтњои асосии фаъолияти соњибкорї ба њисоб меравад ва сабаби мавриди омўзиш ќарор додани ин мавзўъ дар он мебошад, ки наќши сирри тиљоратї дар амал татбиќ намудани фаъолияти соњибкории шањрванд ва шахсони њуќуќї љой ва мавќеи муайянро соњиб мебошад. Инчунин алоќамандии фаъолияти мазкур бо дигар соњаи њуќуќи иќтисодї, маъмурї ва ғайра, натиљањои таљрибавї, амалияи дар муносибатњои њуќуќї дарбар гирифтааст, ташкил медињанд. Дар натиљаи тањќиќоте, ки ба даст омадааст, чунин мавќеъ ва њолатњои илмї барои њимоя пешкаш карда мешаванд: 1. Сирри тиљоратї иттилоотест, ки дар љараёни ба амал бароварда шудани фаъолияти хољагидорї, соњибкорї ва тиљоратї пайдо гардида, мувофиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон танзим ва њифз мегардад. Асоси онро меъёрњои Конститутсияи Љумњурии Тољикистон, Кодекси граждании Љумњурии Тољикистон, Ќонуни Љумњурии Тољикистон “Дар бораи сирри тиљоратї” кафолат додааст. 2. Дар Љумњурии Тољикистони муосир муносибатњои њуќуќии нави фаъоляти соњибкорї аз ќабили фаъолияти инноватсионї, танзими њуќуќии реклама, сармоягузории дохилию хориљї вобаста ба рушди замон ва истифода аз технологияњои нави замони муосир ва бо дигар давлатњои љањон оид ба њамкорињои судманд бањри рушди фаъолиятњои соњибкорї дар љодаи сирри тиљоратї дар асоси ќонунгузории љорї пешбинї гардидааст. 3. Дар Тољикистон маќомоти њокимияти давлатї, маќомоти мањаллии њокимияти давлатї, маќомоти худидоракунии мањаллї мутобиќи Ќонуни мазкур ва дигар ќонунњои Љумњурии Тољикистон ўњдадоранд барои њифзи махфияти иттилооте, ки шахсони њуќуќї ё соњибкорони инфиродї барояшон расонидаанд, шароит муњайё намоянд. Зеро асоси рушди иќтисодиёти мамлкатро соњибкорон, корхонањои хурду миёна ташкил медињанд ва сектори хусусї элементи асосии муносибатњои бозорї мебошад. 4. Инкишофи бозори сирри тиљоратї ва њифз намудани он дар рушди соњибкорї ва паст намудани сатњи раќобат ва мањдудкунии фаъолияти инњисорї, васеъ намудани фаъолияти озоди иќтисодї шароит фароњам оварда, доираи фаъолияти соњибкории хусусиро васеъ ва имконияти ањолиро зиёд намуд, ки ин ба ворид шудани даромадњои иловагї ба буљети давлатї мусоидат мекунад ва маблаѓњои иловагї барои њалли масъалањои иљтимої равона карда мешаванд. 5. Сирри тиљоратї њамчун маљмўи иттилоот дар љараёни ба амал баровардани фаъолияти соњибкорї ва тиљоратї пайдо мегардад. Сирри тиљоратї маълумотест, ки бевосита бо дигар иттилооти бо фаъолияти асосї пешбаранда алоќамандї дорад, ба монанди, иттилооти хизматї, иттилооти истењсолї, ташкилию идоракунии фаъолият, робитањои тиљоратї, доду гирифти молумулкї ва ѓайра. Арзишњои ифодакунандаи муносибатњои њуќуќї байни њар кадом иштирокчии муносибатњои њуќуќии хољагидорї бо ифодаи пул, арзишњои пулї ба миён меоянд, ки аз тарафи ќонунгузории љорї танзим ва њифз карда мешаванд. Ањамияти назариявї ва амалии рисолаи магистрї аз он иборат аст, ки хулосаю пешнињодот, тавсияњое, ки дар тањќиќот оварда шудаанд, мумкин аст дар оянда барои такомули ќонунгузории љорї, амалияи фаъолияти соњибкорї, ки бо сирри тиљоратї алоќмандї доранд, мањфуз нигоњ доштани сирри тиљоратї, њамкорї бо маќомоти давлатї оид ба муносибатњои андоз, молу мулкї, њифзи њуќуќ ва манфиатњои ќонунии соњибкорї равона карда шудаанд, танзими давлатии иттилоотонї ва ѓайрањо истифода бурда шаванд. Аз рўи сохтор рисолаи магистрї мазкур аз се боби ба њам мазмунан алоќаманд, шаш зербоб, хулоса, фењристи адабиётњои истифода шуда иборат мебошад. МУНДАРИЉАИ АСОСИИ КОР Дар муќаддима мубрамият ва муњим будани мавзўи тањќиќотї, иќтибос аз Конститутсия, Паёми Пешвои миллат-Президенти Љумњурии Тољикистон, ќонунгузории амалкунанда нисбат ба мавзўи мазкур, навоварї дар самти тањќиќот, ањамияти назариявї ва амалии он, объект ва предмет, услуби тањќиќот, алоќамандии назария ва амалия муайян карда шудаанд. Боби якуми рисола, «Мафњум, мундариља ва љойи сирри тиљоратї дар ќонунгузории Тољикистон» ном дошта аз ду зербоб иборат аст. Дар ќисматњои ин боб оид ба мафњум ва мундариљаи сирри тиљоратї, ќонунгузории Љумњурии Тољикистон дар бораи сирри тиљоратї, меъёрњои конститутсионї, хусусият ва мавќеи сирри тиљоратї дар замони муосир баррасї карда шудааст. Зербоби якуми боби якум - «Мафњум ва мундариљаи сирри тиљоратї» оид ба мафњум ва муќаррароти ќонунгузории амалкунанда дар бораи сирри тиљоратї дар иќтисодиёти кишвар бахшида шудааст. Сирри тиљоратї – пинњон доштани аќидањо, усулњои муваффаќият, даромади тиљоратї. Сирри тиљоратї яке аз объектњои муносибатњои гражданї аст, ки тартиби махсуси њимояро доро мебошад. Дар сарчашмаи њуќуќї ќайд карда мешавад, ки њамон маълумот сирри тиљоратї эътироф карда мешавад, ки он натанњо наву оригиналї, балки дар айни замон ва дар оянда дорои арзиши истеъмолї бошад. Дорандаи иттилоот ўњдадор нест, ки ба шахсони заруратдошта иттилоотро музднок ё бемузд пешнињод кунад, дар воситањои ахбори умум фош намояд, дар девор насб накунад, ташвиќоту тарѓибот набарад, дар љойњои ба њама дастрас нигоњ надорад. Шахсоне, ки бо усулњои ѓайриќонунї чунин маълумотро ба даст меоранд, инчунин хизматчиён, ки хилофи шартномаи (ќарордоди) мењнатї ё раќибон, ки хилофи шартномаи гражданї њуќуќи сиррии тиљоратиро фош кардаанд, бояд зиёни расонидаро љуброн намоянд. Дар низоми иттилоотонии љабњањои фаъолияти соњибкорї сирри тиљоратї мавқеи асосї ва муњимро дарбар гирифтааст. Сирри тиљоратї ин махфияти иттилооте, ки имконият медињад ба дорандаи он дар њолати мављуда ё имконпазир даромадашро зиёд гардонад, ба харољоти бењуда роњ надињад, мавќеашро дар бозори молї, кор ва хизматрасонї нигоњ дорад ё худ фоидаи иловагии тиљоратї ба даст орад. Маълумот, иттилооти дорои сирри тиљоратї бо худ иттилооти илмї-техникї, технологї, истењсолї, молиявию иќтисодї ё худ дигар иттилооти дорои арзиши воќеї ё имконпазири тиљоратї, ки бинобар сабаби онро надонистани шахси дигар, ки наметавонанд ин иттилоотро дар асоси ќонун озодона дастрас намоянд ва нисбати он дорандаи чунин иттилоот низоми сирри тиљоратиро љорї кардааст, ифода менамояд. Сирри тиљоратї аз рўи моњияти худ њамчун объекти махсуси њуќуќи соњибкорї ва тиљоратї баромад мекунад, аз љумла натиљаи объектњои њуќуќи моликияти зењнї ба њисоб меравад. Дар адабиёти њуќуќшиносї ва мувофиќи ќонунгузории ҷорӣ ба объектњои њуќуќи моликияти зењнї дохил мешаванд: 1. Натиљањои фаъолияти эљодии зењн: асарњои илм, санъат ва адабиёт, аз љумла барномањо барои мошинњои электронии њисоббарор, барномањои компутер ва маљмўи маълумот; иљрои фонограммањо, ташкили намоиши эфир ё намоиши кабел; ихтироот, тамсилањои (модел) муфид, намунањои саноат; дастовардњои зотпарварї (селексионї); топологияи микросхемањои интегралї; маълумоти дорои сирри хизматї ё тиљоратї. 2. Воситањои фардикунонии иштирокчиёни ањдњои гражданї, мол, кор ва хизматрасонї: номи ширкат; тамѓаи мол ва тамѓаи хизматрасонї; номи мањалли истењсоли мол ва нишондоди истењсолї. 3. Натиљањои дигари фаъолияти зењн ва воситањои фардикунонии ба онњо баробар, ки тибќи ќонун ва санадњои њуќуќи байналмилалии эътирофнамудаи Љумњурии Тољикистон њифз карда мешаванд. Зербоби дуюми боби якум бо ном «Ќонунгузории Љумњурии Тољикистон дар бораи сирри тиљоратї» нисбат ба тањќиќоти меъёрњои ќонунгузории Љумњурии Тољикистон дар соњаи танзими муносибатњои њуќуќї бо сирри тиљоратї бахшида шудааст. Дар асоси муќаррароти ќонунгузории ҷорӣ иттилооти дорои сирри тиљоратї дар соњаи фаъолияти соњибкорї ба танзими њуќуќї дароварда шудааст. Пеш аз њама, Ќонуни Љумњурии Тољикистон “Дар бораи сирри тиљоратї” муносибатњоеро, ки бо мансуб донистани иттилоот ба сирри тиљоратї, додани чунин иттилоот ва њифзи махфияти он бо маќсади таъмини баробарии манфиатњои дорандагони иттилооти дорои сирри тиљоратї ва дигар иштирокчиёни муносибатњои танзимшаванда, аз љумла таъмини манфиатњои давлат дар бозори мол, кор ва хизматрасонї иртибот доранд, танзим менамояд. Баробари ин, асоси њуќуќи низоми сирри давлат меъёрњои Конститутсияи Љумњурии Тољикистон мебошад: «Номгўи маълумотњоеро, ки сирри давлатї доранд, ќонун муайян мекунад» (моддаи 30). Мувофиќи Ќонуни Љумњурии Тољикистон №1095, аз 26 июли соли 2014 «Дар бораи сирри давлатї» сирри давлат маълумоти соњаи мудофиа, иќтисодиёт, робитањои хориљї, амнияти давлат ва њифзи тартиботи њуќуќиест, ки аз тарафи давлат њифз гардида, пањн кардани онњо ба амнияти Љумњурии Тољикистон зарар расонда метавонад. Сирри давлатї моликияти Љумњурии Тољикистон мебошад. Маълумоте, ки дорои сирри давлат аст, бо роњи гузоштани мўњри махфият ба рўи њуљљат, маснуот ё дигар манбаи моддии дорои иттилоот махфї гардонида мешавад. Мўњри махфият маълумоти њатмии њар манбаи моддии дорои иттилооти мансуб ба сирри давлат мебошад. Дар он бояд оид ба дараљаи махфї будани ин иттилоот («фавќулодда муњим», «комилан махфї», «махфї»), муњлати махфї будани иттилоот ва шахси мансабдоре, ки ин мўњрро гузоштааст, маълумот мављуд бошад. Махсусан, дар соњаи ба амал баровардани фаъолияти хољагидорї, соњибкорї иттилооти њатмию зарур маълумоти тиљоратї мебошад. Муносибатњои њуќуќие, ки бо иттилооти соњибкорї, тиљоратї алоќаманданд, тибќи меъёрњои Ќонуни Љумњурии Тољикистон №403 аз 18 июни соли 2008 «Дар бораи сирри тиљоратї» ба танзим дароварда мешаванд. Сирри тиљорат махфияти иттилоотест, ки имкон медињад, ба дорандаи он дар њолати мављуда ё имконпазир даромадашро зиёд гардонад, ба харољоти бењуда роњ надињад, мавќеашро дар бозори мол, кор ва хизматрасонї нигоњ дорад ё худ фоидаи дигари тиљоратї ба даст орад. Иттилооти дорои сирри тиљоратї иттилооти илму техника, технология, истењсолот, молиявию иќтисодї ё худ дигар иттилооти дорои арзиши воќеї ё имконпазири тиљоратиест, ки бино бар сабаби онро надонистани шахсони сеюм, ки наметавонанд, иттилоотро дар асоси ќонун озодона дастрас намоянд ва нисбати он дорандаи чунин иттилоот низоми сирри тиљоратро љорї кардааст. Низоми сирри тиљоратро тадбирњои њуќуќї, ташкилї, техникї ва дигар тадбирњое, ки дорандаи иттилооти дорои сирри тиљоратї барои њифзи махфияти он меандешад, ифода менамояд. Боби дуюми рисолаи магистрї - «Хусусияти таъмини њифзи сирри тиљоратї дар муносибатњои њуќуќи соњибкорї» аз ду зербоб иборат мебошад. Дар он оид ба ањамияти сирри тиљоратї дар муносибатњои њуќуќи соњибкорї, таъминоти њуќуќии њимояи сирри тиљоратї аз тарафи давлат мавриди баррасї ќарор дода шудааст. Зербоби якуми боби дуюм - «Ањамияти сирри тиљоратї дар муносибатњои њуќуќи соњибкорї» нисбат ба танзими њуќуќї, ањамияти сирри тиљоратї дар соњањои фаъолияти соњибкорї, муносибатњои њуќуќї бо сирри тиљоратї баррасї гардидаанд. Сирри тиљоратї маљмўи иттилоотест, ки тамоми муносибатњои њуќуќии соњањои фаъолияти соњибкориро дарбар гирифтааст. Њуќуќи њар кадом давлат аз соњањои њуќуќ иборат мебошад. Ба сифати унсурњои људонамоии соњањои њуќуќ одатан матлаб ва услуби танзими њуќуќиро истифода менамоянд. Матлаби њуќуќ ин њамон муносибатњои љамъиятї мебошад, ки соњаи муайяни њуќуќ ба танзими худ даровардааст. Услуби танзимнамої бошад, чї тавр амалї карда шудани ин танзимнамоиро ишора менамояд. Дар шароити иќтисодиёти бозорї соњибкорон, корхонањо, хољагии дењќонї, кооперативњо, бонкњо, биржа ва дигар субъектон фаъолияти хољагидории худро оиди истењсоли мањсулот (иљрои кор ва хизматрасонї) бо маќсади мунтазам ба даст овардани фоида равона менамоянд. Баробари њамин, барои маќсаднок пеш бурдани фаъолияти соњибкорї зарур аст, ки сохторњои соњибкорї (ширкатњои хољагидорї, љамъиятњои хољагидорї ва дигарњо) таъсис дода, онњоро бо сармояи оинномавї, иншоотњои истењсолї, таљњизот, ашёи хом, сўзишворї, ќувваи кор таъмин намоянд. Дар ин љода соњибкорон фаъолияти хољагидории худро пеш бурда, њама ваќт байни худ ба муносибатњои љамъиятї, ки аз љониби меъёрњои ќонунгузории гражданї ва соњаи соњибкорї ба танзим дароварда шудааст, ворид мегарданд. Дар натиљаи ба роњ мондани љараёни истењсолї муносибатњо оид ба фурўш баровардани мањсулот, тањвилоти он, нигањдорї ва ғайра пайдо мегарданд. Муомилоти хољагидорї ќисми људонашавандаи фаъолияти соњибкорї мебошад. Њамаи чунин муносибатњо дар матлаби њуќуќи соњибкорї асосї ва марказї аст. Онњоро муносибатњои молумулкї номидан њам мумкин аст. Шахсоне, ки дар ин муносибатњо иштирок мекунанд, маќсади ба даст овардани фоидаро доранд. Њамин тавр, матлаби њуќуќи соњибкорї муносибатњои љамъиятие мебошад, ки дар асоси меъёрњои њуќуќи соњибкорї ба танзим дароварда шудаанд. Дар асоси ишорањо дар адабиёти њуќуќшиносї ин муносибатњоро ба чунин гурўњњо људо кардан мумкин аст: а) муносибатњое, ки дар љараёни ба амалбарории фаъолияти соњибкорї пайдо гардидаанд (муносибатњои хариду фурўш, иљора, ќарздињї, нархгузорї ва ѓайра); б) муносибатњои дорои хусусияти ѓайритиљоратӣ, ки бо фаъолияти соњибкорї алоќаманд мебошанд, масалан, њангоми таъсис додани субъекти хољагидор, фаъолияти ташкилотњои ѓайритиљоратї (муассисањо, ташкилоти худтанзим); в) муносибатњо оид ба танзими давлатии баъзе љабњањои фаъолияти соњибкорї. Ба танзимдарории давлатии фаъолияти соњибкорї дар самтњои гуногун ба амал бароварда мешавад. Зарурияти чунин батанзимдарорї бо он асоснок карда мешавад, ки дар љараёни фаъолиятбарї манфиатњои шахсии соњибкорон ва манфиатњои љамъиятї бо њам бармехўранд. Ин намуди муносибатњо бояд дуруст ба роњ монда, бо якдигар ба зиддият надароянд. Зербоби дуюми боби дуюм - «Таъминоти њуќуќии њимояи сирри тиљоратї аз тарафи давлат» оид ба таъминоти њуќуќии њимояи њуќуќ ва манфиатњои ќонунї нисбати сирри тиљоратї аз љониби давлат дарбар гирифтааст. Меъёрњои Конститутсияи Љумњурии Тољикистон дар бораи њимояи шаклњои гуногуни моликият, аз љумла моликияти хусусї (моддаи 12), моликияти истисноии давлат будани замин (моддаи 13), соњиби моликият будани њар як шахс (моддаи 32), њамчунин дар бораи давлати иҷтимої, (моддаи 1) ташкил медињанд. Ин моддањо танзими давлатии иќтисодиётро муайян намуда, асоси танзими њуќуќиро ташкил медињанд. Ќонун, санадњои байналмилаии эътирофнамудаи Тољикистон ва санадњои зерќонунї шаклњои асосии њуќуќии танзими давллатии фаъолияти соњибкорї мебошанд. Дар фаъолияти аудиторї, тиљоратї, бањодињї, инноватсионї, бонкї, реклама, иќтисодї беруна, иштирокчиёни касбии бозорї, коғазҳои ќиматнок, фаъолияти сармоягузории касбї, умуман нисбати фаъолияти соњибкорї дар танзими давлатї татбиќ карда мешаванд. Шањрвандон, соњибкорони инфиродї, шахсони њуќуќї дар љараёни ба амал баровардани фаъолияти худ аз оғоз намудани фаъолият то давраи мунтазам ба даст овардани фоида аз дуруст истифода гардидани маълумот, яъне сирњои истењсолї, бафурўшбарорї, муносибатњои созиши шартнома ва ғайра вобастагии калон доранд. Мувофиќи муќаррароти Ќонуни Љумњурии Тољикистон "Дар бораи сирри тиљоратї" иттилооте, ки аз он шахс мустаќиман воќиф шудааст, ќатъи назар аз он ки мазмуни ин иттилоот метавонад, бо мазмуни иттилооти дорои сирри тиљоратї бо шахси дигар мансуббуда мувофиќ бошад, иттилооти ба таври ќонунї аз он воќифгардида ба њисоб меравад. Он иттилооти дорои сирри тиљоратї ќонунї њисоб ида мешавад, ки шахс аз дорандааш дар асоси шартнома ва ё бо дигар асоси ќонунї гирифтааст. Аз тарафи шахси дигар ғайриќонунї њисобида шудани иттилооти дорои сирри тиљоратї аз он муайян мегардад, ки агар бар хилофи чорањои андешидаи дорандаи он вобаста ба њифзи махфияти ин иттиоот гирифта шуда бошад. Агар шахси иттилооти сирри тиљоратиро гирифта донад, ки иттилооти гирифтааш дорои сирри тиљоратист ва аз ин дигаронро бохабар созад, бояд донад, ки барои бохабар гардонидани он асоси воќеї надорад. Боби сеюми рисолаи магистрї - «Љабњањои њуќуќии таъминоти сирри тиљоратї: такмили ќонунгузорї ва роњњои бењтарнамої» аз ду зербоб иборат буда, нисбати сирри тиљоратї њамчун натиљаи фаъолияти зењнї мувофиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон, таъмини сирри тиљоратї: масъалањои такмили ќонунгузории соњањои фаъолияти соњибкорї дарбар гирифта шудаанд. Зербоби якуми боби сеюм бо ном «Сирри тиљоратї њамчун натиљаи фаъолияти зењнї мувофиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон» доираи мазмун ва моњияти сирри тиљоратї яке аз натиљањои ба даст овардани моликияти зењнї дар асоси ќонунгузории амалкунанда дарбар гирифта шудааст. Моликияти зењнї ин њуќуќњои амволї ва (ё) ѓайриамволии шахсї нисбат ба натиљањои фаъолияти зењнї, воситањои фардикунонии иштирокчиёни ањдњои гражданї, фардикунонии мањсулот, кор ё хизматрасонии иљрошаванда (воситањои фардикунонї) ва њамчунин объектњои дигари ба онњо баробаркардашуда мебошад (моддаи 1125 КГ ЉТ). Ќонунгузории гражданї ба объектњои њуќуќи моликияти зењнї инњо дохил намудааст: 1) натиљањои фаъолияти эљодии зењнї: - асарњои илмї, санъат ва адабиёт, аз љумла барномањо барои мошинњои электронии њисоббарор, барномањои компютерї ва маљмўи маълумот; - иљро намудан, фонограммањо, ташкили намоиши эфирї ё намоиши кабелї; - ихтироот, моделњои муфид, намунањои саноатї; - дастовардњои селексионї; - топологияи микросхемањои интегралї; - маълумоти дорои сирри хизматї ё тиљоратї: 2) воситањои фардикунонии иштирокчиёни ањдњои гражданї, молњо, корњо ва хизматрасонї: - номи фирмавї; - тамѓаи молї ва тамѓаи хизматрасонї; - номи мањалли истењсоли мол ва нишондоди истењсолї: 3) натиљањои дигари фаъолияти зењнї ва воситањои фардикунонии ба онњо баробаркардашуда, ки мутобиќи ќонунњо ва санадњои њуќуќии байналмилалии эътирофнамудаи Љумњурии Тољикистон њифз карда мешаванд (моддаи 1126 КГ ЉТ). Њуќуќи моликияти зењнї ба объектњои дахлдор дар натиљаи ташкили онњо ё шурўи истифода ё баќайдгирии давлатї ва њамчунин бо асосњои дигар, ки бо ќонун ё санадњои њуќуќии байналмилалии эътирофнамудаи Љумњурии Тољикистон пешбинї шудаанд, ба миён меоянд. Њуќуќи моликияти зењнї ба тариќу воситањое, ки моддаи 12 Кодекси гражданї пешбинї менамояд ва њамчунин бо воситањои зерин њифз карда мешавад: - пардохти љубронпулињо, ки бо тартиби судї муайян гардидаанд; - гирифтани маводу таљњизоте, ки бо истифодаи онњо вайронкунї содир мегардад ва объектњои моддие, ки дар натиљаи њамин гуна вайронкунї ташкил гардидаанд; - нашр намудани мавод дар воситањои ахбори омма оид ба вайронкунии содиршуда; - воситањои дигаре, ки ќонун пешбинї менамояд. Мувофиќи Ќонуни Љумњурии Тољикистон аз 28 феврали соли 2004, № 17 «Дар бораи ихтироъ» ихтироъ гуфта офаридаи нави техникиеро меноманд, ки имконият медињад масъалањои мушаххаси истењсолот ва соњањои дигари фаъолияти инсон њал карда шаванд. Ба њайси объектњои моликияти саноатї – ихтироот, намунањои саноатї ва моделњои судманд, ки мањсули фаъолияти зењнии инсон мебошанд баромад мекунанд. Зербоби дуюми боби сеюм «Таъмини сирри тиљоратї: масъалањои такмили ќонунгузории соњањои фаъолияти соњибкорї» нисбат ба масъалањои такимили ќонунгузории сирри тиљоратї, таъмини механизми њифзи њуќуќ оид ба сирри тиљоратї бахшида шудааст. Махсусан дар соњаи ба амал баровардани фаъолияти хољагидорї, соњибкорї иттилооти њатмию зарур маълумоти тиљоратї мебошад. Муносибатњои њуќуќие, ки бо иттилооти соњибкорї ва тиљоратї алоќаманданд, тибќи меъёрњои Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи сирри тиљоратї» ба танзим дароварда мешаванд. Сирри тиљорат махфияти иттилоотест, ки имкон медињад, ба дорандаи он дар њолати мављуда ё имконпазир даромадашро зиёд гардонад, ба харољоти бењуда роњ надињад, мавќеашро дар бозори мол, кор ва хизматрасонї нигоњ дорад ё худ фоидаи дигари тиљорати ба даст орад. Иттилооти дорои сирри тиљоратї иттилооти илму техника, технология, истењсолот, молиявию иќтисодї ё худ дигар иттилооти дорои арзиши воќеї ё имконпазири тиљоратиест, ки бино бар сабаби онро надонистани шахсони сеюм, ки наметавонанд, иттилоотро дар асоси ќонун чунин иттилоот низоми сирри тиљоратро љорї кардааст. Низоми сирри тиљоратро тадбирњои њуќуќї, ташкилї, техникї ва дигар тадбирњое, ки дорандаи иттилооти дорои сирри тиљоратї барои њифзи махфияти он меандешад, ифода менамояд. Сирри тиљоратї маълумоте мебошад, ки бо амалї гардонидани фаъолияти соњибкорї алоќаманд буда, дастрасшавии онњо дар асоси меъёрњои Кодекси гражданї ва ќонунњо танзим карда шудааст. Ќонуни Љумњурии Тољикистон “Дар бораи сирри тиљоратї” муносибатњоеро, ки бо мансуб донистани иттилоот ба сирри тиљоратї додани чунин иттилоот ва њифзи махфияти он бо маќсади таъмини баробарии манфиатњои дорандагони иттилооти дорои сирри тиљоратї ва дигар иштирокчиёни муносибатњои танзимшаванда аз љумла таъмини манфиатњои давлат дар бозори мол, кор ва хизматрасонї иртибот доранд, танзим менамоянд. Доираи амали ќонуни мазкур нисбат ба муносибатњои вобаста ба ба иттилоот, сирри тиљоратї, додан ва њифзи он бо маќсади таъмини манфиатњои дорандагони чунин иттилоот ва нисбат ба муносибатњои ба маълумоти дорои сирри давлат ва бонк алоќаманд татбиќ мегардад. Њамин тариќ, сирри тиљоратї махфияти иттилоотест, ки имкон медињад ба дорандаи он дар њолати мављуда ё имконпазир даромадашро зиёд гардонад, ба харољоти бехуда роњ надињад, мавќеашро дар бозори мол, кор ва хизматрасонї нигоњ дорад ё худ фоидаи иловагии тиљоратї ба даст орад. Њамчунин, иттилооти дорои сирри тиљоратї иттилооти илму техникї, технологї, истењсолї, молияву иќтисодї ё худ дигар иттилооти дорои арзиши воќеї ё имконпазири тиљоратї аст, ки бино бар сабаби онро надонистани шахсони сеюм, ки наметавонанд, ин иттилоотро дар асоси ќонун озодона дастрас намоянд ва нисбати он чунин иттилоот доранд, низоми сирри тиљоратро љорї кардааст. Низоми сирри тиљоратї дар худ тадбирњои њуќуќї, ташкилї, техникї ва дигар тадбирњоеро, ки дорандаи иттилооти дорои сирри тиљорат мебошад, барои њифзи махфияти он меандешад. Дорандагони иттилооти сирри тиљоратї шахсони воќеї ва њуќуќї соњиби иттилооти сирри тиљоратї буда, дастрасии ин иттилоотро мањдуд ва барои он низоми сирри тиљоратро муќаррар кардаанд. Фош кардани иттилооти сирри тиљоратї дар натиљаи амал ё беамалї, ки дар натиљаи он иттилооти дорои сирри тиљоратї дар њар шакли имконпазир (шифоњї, хаттї, шакли дигар, аз љумла бо истифодаи воситањои техникї) бе розигии дорандаи чунин иттилоот, ё худ бар хилофи шартномаи мењнатї ё њуќуќи гражданї ба шахсони сеюм маълум мегардад. Шахсоне, ки бо ба амал баровардани фаъолияти хољагидорї, соњибкорї машѓуланд ва ба њам алоќамандона пеш мебаранд, аз доираи маълумоте иборатанд, ки дорои сирри тиљоратї мебошад. Шањрвандон – соњибкорони инфиродї, шахсони њуќуќї дар љараёни ба амал баровардани фаъолияти худ, аз оѓоз намудани фаъолият то давраи мунтазам ба даст овардани фоида аз дуруст истифода гардидании маълумот, яъне, асрори истењсолї, ба фурўшбарорї, муносибатњои созиш шартнома ва дигарњо вобастагии калон дорад. Сирри хизматї ва тиљоратї њуќуќи бо ќонунгузорї њимояшавандаи соњибкорони инфиродї ва ташкилотњои тиљоратї ва ѓайритиљоратї мебошад, ки маълумоти муайяни фаъолияти истењсолї, иќтисодї ва молиявии худро пинњон намоянд, чунки ошкор гардидани онњо ба раќибон ё дигар шахсони бегона боиси расонидани зарари моддї ва маънавї ба дорандаи аввалаи онњо мегардад. ХУЛОСА ВА ПЕШНИҲОДҲО Иќтисодиёти бозории имрӯза дар Љумњурии Тољикистон бо муносибатњои раќобатї зич алоќаманд аст, ки яке аз унсурњои асосии он муносибатњои њифзи сирри тиљоратї мебошад. Дар њар як корхона мављуд будани сирри тиљоратї табиї буда, пањну таблиғи он байни њамаи кормандон пазируфта намешавад. Ба ин маълумот дар бораи барномањои нав коркардшуда, презентатсияњо, таблиғоти дар пешистода ва ғайра дохил мешванд. Раќобат асоси фаъолияти иќтисодии бозори муосир мебошад. Муваффаќият дар истењсоли мањсулоти раќобатпазир натанњо бо имконияти дастрасии соњибкорон ба ашёи хом ва захирањои табиї мебошад. Муњимтарин омили фаъолияти самаранок моликияти зењнии корхона мебошад, тавре истифода мешавад, ки мањсулоте, ки арзонтар истењсол ва осонтар истифода мешаванд, истењсол ва ба бозори раќобат пешнињод карда мешавад. Институти њуќуќии сирри тиљоратї хусусияти муњими иќтисоди бозор мебошад. Дар љараёни пешбурди фаъолияти соњибкорї миќдори зиёди иттилооти гуногун ғун мешаванд, ки барои рушди бомуваффаќияти тиљорат муњиманд. Дар иќтисодиёти бозори замони муосир низоми сирри тиљоратї, ки торафт мавќеи њуќуќии, он дар муносибатњои ташкилї, техникї ва дигар тадбирњое, ки дорандаи иттилооти дорои сирри тиљоратї барои њифзи махфияти он чорањои зарурї меандешад ва дар баробари он мавќеи иттилоот (маълумот) хеле калон ва муњим аст. Аз ин рў, сирри тиљорат иттилоот аст ва иттилоот дар навбати худ яке аз сарчашма ва захирањои асосии ба амал бароварда шудани фаъолияти соњибкорї аст. Иттилоот мафњуми мураккаби умумиилмї буда, вобаста аз хусусияти кушода додан ва фањмида шудани он дар доираи илмњои гуногун, ба монанди даќиќ, техникї, љамъиятї ва ѓайра, муайян карда мешавад. Вобаста аз маќсадњои танзими њуќуќи мафњуми иттилоот дар ќонунгузорї омадааст, ки маълумотеро дар бораи шахс, матлаб, воќеањо, падидањо ва љараён, новобаста аз шакли пешбаришудаи онњо ифода менамояд. Љараёни умумии иттилоотонї тамоми љабњањои њаёти иљтимої, тамоми њаёт ва фаъолияти љамъият, шахсро фаро гирифтааст. Умуман, соњаи ќонунгузорие вуљуд надорад, ки санадњояш ин ва ё он масъалањои иттилоот, иттилоотониро алоќаманд нагардонида бошад. Пайваста ба ин, як ќатор ќонунњо ќабул карда шудаанд, ки бевосита муносибатњоро оиди тањия, љамъоварї, љустуљў, пањн сохтан, коркард, пешкаш намудан (муносибатњои иттилоот) ба танзим медарорад. Дар замони муосир пайдо гардидани компутерњои шахсї, њуљљатњои электронї ба рушди муносибатњои иттилоотонї оварда расонидааст. Њамчунин, пайдо шудан ва вуљуд доштани хатњои алоќаи телекоммуникатсионї тамоми асосњоро барои ба танзим даровардани муносибатњои њуќуќи иттилоотонї ташкил доданд. Иттилоот хусусияти њуќуќи худро дорад ва чун объекти муносибатњои њуќуќи гражданї ба гурўњи неъматњои ѓайримоддї амал мекунад. Арзиши иттилоотро мазмуни он ифода менамояд. Масалан, дар муносибатњои њуќуќи гражданї ва соњибкорї арзиши моддиро њамон шакли иттилоот дарбар мегирад, ки шакли хаттии шартнома ишора мекунад. Барои њамин њам иттилоот дар соњаи њуќуќи гражданї ба объекти њуќуќи уњдадорї дохил карда шудааст. Иттилоот дар муносибатњои њуќуќи шартномавї њамчун объекти асосии муносибатњои тарафайн баромад мекунад, ки ба ин маќсадњо равона карда мешавад: – барои таъсиси объектњои иттилоот; – аз нав ташаккулдињии объектони иттилоот, таѓйирдињии шакл ва ё мазмуни он; – истифодаи объектони иттилооти њуќуќи истисної; – баррасї кардан ва додани объектњои иттилоот; – нигоњдорї ё интиќолдињии объектњои иттилоот. Њамин тарз, иттилоот њамчун объекти муносибатњои њуќуќї ба њуќуќи моликият тааллуќ дорад. Якум, њуќуќи соњибї кардан, яъне имконияти бо ќонун асосёфтаи ба тарзи воќеї доштани амволи муайянро дарбар мегирад. Дуюм, њуќуќи истифодабарї имконияти бо ќонун асосёфтаи субъекти муносибатњои њуќуќї, соњибкорро оиди истифодаи объекти (амвол) асосї ва гирифтани хусусияти фоиданокии он фаро мегирад. Сеюм, њуќуќи ихтиёрдорї имконияти бо ќонун пешбинишудаи соњибмулкро нисбати муайян намудани таќдири њуќуќи иттилоот (амвол) ифода менамояд. РЎЙХАТИ КОРЊОИ ЧОПШУДАИ МАГИСТРАНТ: 1. Каримзода Ф. Ҷ., Самадов Б. О. Асосҳои ҳуқуқии сирри иттилоотӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон // Конференсияи байналхалқии илмӣ-назариявии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон “Ҳамрокиҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити рақамикунонии иқтисодиёт: ҳолат ва дурнамо”. 27 октябри соли 2021 –Хуҷанд, 2021, 0,3 љ.ч. 2. Каримзода Ф. Љ. Хусусияти ҳуқуқии сирри тиҷоратӣ дар қонунгузории Тоҷикистон // Њамгироии илм ва истењсолот бањри татбиќи њадафњои стратегии миллї, бахшида ба эълон гаштани солњои 2022-2026 “Солњои рушди санот”. Конференсияи апрелии ДДЊБСТ. – Хуљанд, Дабир, 2022, 0, 2 љ.ч. 3. Каримзода Ф. Љ., Ҳоҷибобо З. М. Мавқеи давлат дар фаъолияти соҳибкорӣ // Бахшида ба илми тољик. Конференсияи љумњуриявии факултети 4 Академияи ВКД ЉТ. 28-29 апрели соли 2022. – Хуљанд, Дабир, 2022, 0,3 љ.ч. 1Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 26.01.2021с. // www.president.tj (санаи мурољиат 10.02.2021.) |