Хисобкунии шабонарузи ва солонаи нишондодхои техникиистифодабари аз руии таркиби харакаткунанда
Скачать 349.51 Kb.
|
Чен. Варақ № ҳуҷҷат Имзо Сана Саҳ КК 440302А1.02.11.2018 11.2018 Мундариҷа Сарсухан ..............................................................................................4
Хулоса ..........................................................................................29 Руйхати адабиёт ..........................................................................30 Сарсухан Нақлиёт аз калимаи лотинии transport гирифта шуда маънояш ҷойивазкунӣ, мекашонам, мебарамро фаҳмонда тамоми соҳаҳои истеҳсолӣ ва ғайриистеҳсолиро дарбар мегирад. Якумин воситаи техникии хушкигардон, ки ҳамчун нақлиёт истифода мебурданд ин чағанаҳои чӯбин ва барои ҳаракат дар об заврақҳои аз чуб сохташуда буданд. Нақлиёти Тоҷикистон яке аз ҷузъҳои ҷудонашавандаи иқтисодиёт буда, элементи асосии инфраструктура (зерсохтор)-и истеҳсолӣ мебошад. Дар Тоҷикистон нақши муҳим доштани инфраструктураи нақлиётӣ аз мураккабии релефи кӯҳии маҳал бар меояд. Оғози ташаккули системаи нақлиётии мамлакатамон ба миёнаи солҳои 20-и асри гузашта тааллуқ дорад, ҳангоме, ки ҳалли масъалаҳои ҳалталаби нақлиётӣ барои тамоми равандҳои инкишофи иҷтимоӣ- иқтисодии ҷумҳурии ҷавон асосӣ буд. Дар солҳои 1926-1929 роҳи оҳани Термез - Душанбе сохта шуд, ки мушкилоти алоқаи ҷумҳуриро бо шабакаи роҳи оҳани собиқ ИҶШС ҳал намуд. Солҳои 1929-1931 барои хизмати нақлиётии сохтмони канали обёридиҳандаи Вахш роҳи оҳани камбари Панҷи Поён сохта шуд, ки сониян ба роҳи истифодаи умум табдил меёбад. Дар ҳамин давра роҳҳои автомобилгарди ниҳоят муҳим барои ҷумҳурӣ ва нахустин дар ҳудуди он сохта шудаанд, ки алоқаи дохилии иқтисодиро, алалхусус, дар ноҳияҳои ҷанубӣ (Душанбе - Термез, Душанбе - Қурғонтеппа, шоҳроҳи Помири шарқӣ Уш - Хоруғ, Душанбе - Ленинобод (ҳозира Хуҷанд), сонитар шоҳроҳи калони Помир Душанбе - Хоруғ) таъмин мекард. Дар соли 1924 аввалин хатсайри ҳавоии Душанбе - Тошкент кушода шуд. Дар фурсати начандон калони таърихӣ Тоҷикистон аз кишвари қадимаи бероҳ ба ҷумҳурии дорои нақлиёти замонавӣ мубаддал шуда, дар ин самт роҳро аз пайраҳаҳои куҳӣ ва шоҳроҳҳои корвон то ба автомагистралҳо ва роҳҳои ҳавоӣ тай намуд. Сохтмони роҳи оҳани Қурғонтеппа-Кӯлоб, таъмири роҳи мошингарди Кӯлоб-Қалаихумб ва сохтмони нақби Анзоб, Истиқлол, Чормағзак, Дӯстӣ таҷдиди роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Дарвоз пурра ба охир расид. Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик - Эйр» ва «Сомон-Эйр» сафарҳои ҳавоиро ба Аморати Муттаҳидаи Араб, Ҷумҳурии Халқии Чин, Туркия, Ҳиндустон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Русия, як қатор давлатҳои Аврупо ва дигар давлатҳо ба роҳ мондааст. Қайд кардан лозим аст, ки имрӯз дар бозори хизматҳои ҳавоӣ ширкатҳои дигар давлатҳо ворид шудаанд, ки шумораашон зиёда аз 20 ададро ташкил медиҳанд. Нақлиёт низоми мураккаби динамикӣ ва соҳаи бисёр муҳими иқтисодиёти ҳар як мамлакат мебошад. Дар сарсухани кори курсӣ моҳият ва мавқеи нақлиёт, аз он ҷумла, нақлиёти автомобилӣ дар рушди иқтисодиёти миллӣ оварда шуда, сабабҳо ва паёмадҳо аз интихоби дурусти таркиби ҳаракаткунанда нишон дода мешавад. Дар хулоса самаранокии истифодабарии таркиби ҳаракаткунанда муайян ва таркиби ҳаракаткунандаи аз ҷиҳати иқтисодӣ самаранок ва камхарҷ барои амалигардонии ҳамлу нақли борҳо тавсия карда мешавад. Маълумотҳои ибтидоӣ
Ҳаҷми интиқол: Q – 195000 Зариби барориши автомобил ба хатсайр: α – 0,75 Навъи бори кашонидашуда: Шифер Масофаи интиқол: –31 км Суръати миёнаи техникӣ: m –27 Зариби истифодаи гашт: β – 0,50 Синфияти бор: IV Зариби истифодаи борбардорӣ: γ– 0,5 Вақти боркуни борфарорӣ: tб-б –6 дақ. = 0,1соат 1. ҲИСОБКУНИИ ШАБОНАРӮЗӢ ВА СОЛОНАИ НИШОНДИҲАНДАҲОИ ТЕХНИКӢ – ИСТИФОДАБАРӢ БАРОИ НАМУДҲОИ ТАРКИБИ ҲАРАКАТКУНАНДА.
Тд = tс * z, (1) Тд1) = 2* 5=10 Тд2) = 2* 5=10 дар ин ҷо tс – вақти як сафар, z – шумораи сафарҳо
(2) Бузургии зариби истифодабарии гашт (β) ва давомнокии бекормонии автомобилҳо ҳангоми боркунӣ ва борфарорӣ барои l гашт (tб-б) дар вобастагӣ аз масофаи миёнаи интиқоли борҳо, борбардории автомобил ва тарзи ташкили корҳои боркунӣ ва борфарорӣ қабул карда мешаванд (ҷад. 4-7). Суръати миёнаи техникии автомобил (vт), км/соат (дар вобастагӣ аз lм гирифта мешавад) (ҷад. 5).
, (3) дар ин ҷо Тдт - вақти тавсиявии дар дастур будани автомобил. Нишондиҳандаҳои солонаи кори парки таркиби ҳаракаткунанда.
W = Q * l, т.км (4) W = 195000 * 31=6045000 т.км дар ин ҷо: Q – ҳаҷми солонаи кашондани бор; l – масофаи боркашони бо километр.
(5)
(6) дар ин ҷо – коркарди як автомобил бо тонна дар як соати кор
(7)
(8) Нишондиҳандаҳои кори 1 автомобил дар як шабонарӯз.
z1) = 3 z2) = 3
(9)
(10)
(11) Нишондодҳои кори солонаи 1 автомобил.
(12) дар ин ҷо - рузҳои тақвимӣ
(13)
(14)
(15)
(16) Натиҷаи ҳисобҳои қисми якум ба ҷадвали 1 ворид карда мешавад. Ҷадвали 1 Маълумотҳои аз қисми якум баромада
|