Хисобкунии шабонарузи ва солонаи нишондодхои техникиистифодабари аз руии таркиби харакаткунанда
Скачать 349.51 Kb.
|
Ҳисобкунии арзиши аслии воҳидҳои маҳсулот.
Тартиб додани харҷномаи (сметаи) хароҷот. Харҷнома (смета) – ин гурӯҳбандии хароҷоти ҷорӣ аз рӯи ҷузъҳои (элементҳо) иқтисодии якхела, яъне хароҷоти тағйирёбанда ва доимӣ, ки аз рӯи аломатҳои дигар аз нав гуруҳбандӣ шудаанд. Фарқияти харҷнома (смета) аз арзишмуайянкунӣ дар он аст, ки аломатҳои гурӯҳбандии хароҷоти ҷорӣ гуногун буда, мақсадҳои гуногуни тартибдиҳӣ доранд. Мақсади тартибдиҳии арзишмуайянкунӣ – ҳисобкунии арзиши аслии воҳиди маҳсулот аз рӯи намуди маҳсулот мебошад. Мақсади тартибдиҳии харҷнома (смета) – барои андозбандӣ. Ягонагии харҷнома (смета) ва арзишмуайянкунӣ ин натиҷаҳо якхела мебошад, зеро ҳамон як хароҷотҳо бо тарзи гуногун гурӯҳбандӣ карда мешаванд. Дар мувофиқат бо қонунгузории ватанӣ харҷнома (смета) аз панҷ қисм иборат мебошад: хароҷоти пулӣ; музди меҳнат; маблағ ҷудокунии иҷтимоӣ; истеҳлок (амортизатсия); хароҷоти дигар.
Хароҷот барои рушноӣ ва гармкунӣ аз ҳисоби 15%-и хароҷотҳои иловагӣ қабул карда мешаванд: 2. Музди меҳнат.
Музди меҳнати ҳайати кормандони маъмурӣ-идоракунанда аз ҳисоби 30%-и хароҷоти иловагӣ қабул карда мешаванд: 3. Маблағҷудокунии иҷтимоӣ.
4. Истеҳлок 54. Таркиби ҳаракаткунанда:
Истеҳлоки фондҳои асосӣ дар кори курсӣ аз ҳисоби 30%-и хароҷотҳои иловагӣ қабул карда мешаванд: 5. Хароҷоти дигар
дар инҷо Ка – қувваи асп, ки аз тавсифи техникии таркиби ҳаракаткунанда гирифта мешавад; Ма– меъёри андоз, ки бо фоиз нисбат ба нишондиҳанда барои ҳисобҳо муайян карда мешавад. Агар дар ҷадвали меъёрҳо меъёри андоз 7,5% нишон дода шуда бошад, пас меъёри андоз 3 сомонӣ (40*7,5/100). Меъёри андоз барои автомобилҳои боркаш, ки иқтидори борбардориашон то 10 тонна аст 11%, аз 10 то 20 тонна 12,5%. Барои автобусҳо то 12 ҷой 7,5%. Аз 13 то 30 ҷой 8,5%.
Натиҷаҳои бадастомадаро ба ҷадвали 4 медарорем. Ҷадвали 4 Харҷномаи хароҷотӣ барои як сол
3. ҲИСОБКУНИИ ҲАҶМИ СОЛОНАИ ДАРОМАД, ФОИДА ВА НИШОНДИҲАНДАИ ДАРОМАДНОКӢ.
дар инҷо Синтиқол – ҷамъи хароҷот барои ҳамлу нақл.
Фоидаи соф ҳамчун фарқи фоидаҳои балансӣ ва андози фоида муайян карда мешавад. Андоз барои фоида дар кори курсӣ ба андозаи 25% аз фоидаи тавозунӣ қабул карда мешавад:
дар инҷо СГ – сармоягузорӣ ба фондҳои асосии истеҳсолӣ.
дар ин ҷо Нава Нядак – мутаносибан нархи автомобил ва ядак; Амм ва Амм-ядак-шумораи миёнаи автомобилҳо ва ядакҳо.
4. ИНТИХОБИ НАМУДИ САМАРАНОКТАРИ ТАРКИБИ ҲАРАКАТКУНАНДА АЗ РӮИ МЕЪЁРИ ДОДАШУДА Ҳисобкунии меъёри самаранокӣ. Мӯҳлати баргардондани сармоягузориҳо (инвеститсия) – муддати вақт бо сол, ки дар вақти ба итмом расидани он хароҷотҳои яквақтаи кардашуда аз ҳисоби фоидаи соф ва бардошти истеҳлокӣ бармегардад. t – ҷадвали овардан ба вақт (дискретӣ, бо қадами = 1 рақамгузорӣ мешавад), барои соли базавӣ дар ҷадвали тартиборӣ «0» навишта мешавад. Ҳамчун соли базавӣ соли 1-ум қабул карда мешавад. Ҳисоб карда мешавад, ки сармоягузорӣ ба таркиби ҳаракаткунанда дар аввали сол карда мешавад ва баргашти онҳо аз ҳисоби фоидаи соф аллакай дар охири сол ба амал меояд. αt– зариби овардан ба вақт (дисконт): , дар ин ҷо: r–меъёри дисконт – индексе, ки бо тарзи зерин меъёрбандӣ мешавад: 1) индекс фоизро аз рӯи қарзҳои бонкӣ ба назар мегирад; 2) индекс фоизро аз рӯи қарзҳои бонкӣ + беқурбшавии пул (инфляция) ба назар мегирад; 3) индекс фоизро аз рӯи қарзҳои бонкӣ + беқурбшавии пул (инфляция) + таваккали сармоягузориҳо ба назар мегирад. СГ – маблағгузорӣ ё сармоягузории яквақта ба таркиби ҳаракаткунанда; Фс – фоидаи соф дар як сол; Исолона – истеҳлоки солона аз рӯи таркиби ҳаракаткунанда; – фоидаи софи дисконтшуда ва истеҳлок, шартан ҳисоб мекунем, ки иваз намешавад. – фоидаи софи дисконтшуда ва истеҳлок «бо ҷамъкуниҳои зиёдшаванда». Ҳамин ки ба сармоягузориҳои яквақта расад ё аз он гузарад, ин сол соли пурра баргардондани сармоягузориҳо номида мешавад. Арзиши ҳақиқии тоза (АҲТ) барои се сол ҳисоб карда мешавад. Намунаи ҳисобкуниҳо дар ҷадвалҳо оварда шудааст: Ҳангоми меъёри дисконт ба 0,3 баробар будан: КамАЗ – 65155 ФС + Исолона=2845974 + 1920000 =4765974 α0 = (1 + 0,3)0 = 1 α1 = (1 + 0,3)-1 = 0,76 α2 = (1 + 0,3)-2 = 0,59 α3 = (1 + 0,3)-3 = 0,45
АҲТ барои се сол = -СГ++*0,76+*0,59 Ҳангоми меъёри дисконт ба 0,7 баробар будан: АҲТ = - 1920000 +11200039= 9280039 α0 = (1 + 0,7)0 = 1 α1 = (1 + 0,7)-1 = 0,58 α2 = (1 + 0,7)-2 = 0,34 α3 = (1 + 0,7)-3 = 0,20
АҲТ барои се сол = -СГ++*0,58+*0,34 Ҳангоми меъёри дисконт ба 1,2 баробар будан: АҲТ = - 1920000 + 9150670= 7230670 α0 = (1 + 1,2)0 = 1 α1 = (1 + 1,2)-1 = 0,45 α2 = (1 + 1,2)-2 = 0,20 α3 = (1 + 1,2)-3 = 0,09
АҲТ барои се сол = -СГ++*0,45+*0,20 АҲТ = - 1920000 +7863857= 5943857 |