АҲАМИЯТИ ИСТИФОДАИ БОСАМАРИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИТТИЛООТӢ – КОММУНИКАТСИОНӢ ДАР РАВАНДИ ТАЪЛИМИ ФАНҲОИ ГУМАНИТАРӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ТА. маколаи камолова м. Камолова М. Т., муовини директор оид ба илм, инноватсия ва робитаои хори, кмои ноияи аббор Расулов
Скачать 74.5 Kb.
|
Камолова М.Т., муовини директор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои хориҷӣ, КМО-и ноҳияи Ҷаббор Расулов АҲАМИЯТИ ИСТИФОДАИ БОСАМАРИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИТТИЛООТӢ – КОММУНИКАТСИОНӢ ДАР РАВАНДИ ТАЪЛИМИ ФАНҲОИ ГУМАНИТАРӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМӢ Имрӯз дар ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо таваҷҷуҳ бештар ба масъалаи информатизатсия, ки ҳамчун самти асосии модернизатсияи низоми таҳсилот равона карда мешавад ва акнун ҳамчун яке аз масъалаҳои асосии страгегии рушди тамаддун баррасию арзёбӣ карда мешавад, эътибори аввалиндараҷа дода шудааст. Дар робита ба ин дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар соҳаи сиёсати давлатӣ оид ба таҳсилот якчанд барномаҳои давлатӣ, қонун ва консепсияҳо ба монанди Барномаи давлатии компютеркунонии мактабҳои миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Стратегияи давлатии технологияи иттилоотӣ- коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи давлатии рушд ва вориднамоии технологияҳои иттилоотӣ- коммуникатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Стратегияи миллии рушди таҳсилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайраҳо қабул карда шудаанд. [1, 16] Яке аз самтҳои афзалиятноки беҳтар намудани сифати таҳсилот ба таври васеъ татбиқ намудани технологияи иттилоотии коммуникатсионӣ, техникаи компютерӣ, китобҳои дарсии электронӣ, воситаҳои мултимедиа, таъмини таҷҳизоти навтарини таълимӣ ва лабораторӣ мебошад. Тараққиёти босуръати технологияи иттилоотӣ, ки имрўз мушоҳида мегардад, пайдошавии усулҳо ва воситаҳои педагогии навро ба вуҷуд овард. Истифодаи ин усулҳо ба устод имконият медиҳад, ки на танҳо раванди ташкили дарсро таҳлилу назорат намояд, балки барои зоҳиршавии қобилияти зеҳнии хонанда шароит фароҳам оварад. Ҳоло бошад барои мутобиқгардонии раванди таълим ба стандартҳои байналмилалӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дарсҳо бо истифодаи технологияи муосир мегузарад. Чаро мо “тамоми дарсҳо” гуфта наметавонем? Барои он ки баъзе мактабҳое, ки дар ноҳияҳои дурдаст, деҳаҳо аст, воситаҳои техникӣ камшумор аст. Ё ин ки ба мутахассис ниёз доранд, тарзи дуруст истифода бурдани тахтаи электронӣ, сохтани слайдҳоро аз худ накардаанд. Ҳол он ки дар асоси мактуби Вазири Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вақти таътили зимистона барои омӯзгорон махсус дарсҳои омӯзишӣ барои аз худ намудани технологияи иттилоотӣ, кор бо компютер ва проектор, тахтаи электронӣ ташкил ва гузаронида мешавад. Пайдоиши воситаҳои тавонои барномавии нав доираи истифодаи компютерҳоро хеле васеъ намуд. Имрӯзҳо барномаҳои компютерии омӯзандаро ба бахшҳои зерин ҷудо кардан мумкин аст: иттилоотӣ, назораткунандаҳо, намоишдиҳидандаҳо, тарҳсозандаҳо, дастгоҳҳои барномасоз, малумотдиҳандаҳо ва баҳисобгирандаҳо. Мо – омӯзгорон дар дарсҳо барои баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагон бисёртар аз барномаҳои иттилоотӣ истифода мебарем. Дар ҷараёни таълим дар амал ҷорикунии воситаҳои нави иттилоотӣ ва техникӣ имконият медиҳад, ки шавқу рағбати хонандагон нисбат ба фан зиёд гардида, сифати дарс баланд мегардад. Технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, ки дар таълим истифода мебарем, компютер, тахтаи электронӣ, проектор (асбоби акскунанда барои калон карда нишон додан дар экран), фитта (диск), мултимедиа, видео, слайдҳо аст. Технологияи муосири таълимӣ бояд ҳамчун дастгоҳҳои бесим бо барномаҳои мобилӣ ва дастрасии интернет фаҳмида шаванд, ки ба муҳассилин ҳар вақт дастрасӣ ба маводи таълимӣ ва иттилоотию маълумотиро таъмин мекунанд, ҳамчунин барои ба роҳ мондани алоқаи шабакавии байни иштирокчиёни раванди таълим (хонандагон ва омӯзгор)-ро ба мақсади созмондиҳии ҷанбаҳои малакаи муошират дар таълими фанҳои гуманитарӣ мусоидат мекунанд. [1, 17] Бояд хотирнишон кард, ки ҳангоми истифодаи тахтаи электронӣ самаранокии истифодаи аёният дар дарс, имконияти намоиш додани равандҳо ва объектҳо, ҷараёни инкишофи моҳиронаи тағйир додан, тарҳсозӣ ва барпо намудани таҷрибаҳо баланд мегардад. Кор бо тахтаи электронӣ ҷараёни дарсро инкишоф медиҳад. Истифодаи тахтаи электронӣ саъю кӯшиши зиёдро талаб намекунад, афзорест басо сода, танҳо кор кардан ба онро омӯхт. Барои он ки тахтаро кор фармоед, веб- сайт кушоед, ё ин ки тасвири онро дигар кунед, танҳо хонанда ба болои тахта даст мерасонад – ангушт нақши мушакро мебозад. Чунин тарзи одии бархӯрд ба тахтаи электронӣ тез ба ахбор ворид шудан хонандагонро шавқманд мегардонад ва онҳо бо майлу хоҳиши зиёд аз паи иҷрои супоришҳо мешаванд. Танҳо бо як ангушт онҳо метавонанд бо харитаҳои таърихӣ кор кунанд, ахбори заруриро дар шабака ҷустуҷӯ ва ё муаррифӣ намоянд, бо ёрии маркер, ки дар ҷои махсус ҷойгир аст, онҳо метавонанд аз навъҳои рангҳо истифода намоянд. Имкониятҳои асосии тахтаи электронӣ чӣ гуна аст? Дар дарсҳо расмҳои тайёрро оид ба мавзӯъҳои зарурӣ истифода бурдан имкон медиҳад, ки тахтаро ҳангоми тайёрӣ ба дарс имконият доред васеъ истифода карда, маводро дар якчанд саҳифа ҷой кунед. Барои омӯзгор ҳангоми тайёрӣ ба дарс зарурияти истифодабарӣ аз тахтаи электронӣ вуҷуд надорад, танҳо дар нақшаи конспекти худ онро бояд ҷой дод. Пешакӣ маводи зарурӣ интихоб гардида, дар чанд саҳифа ҷой дода мешаванд. Баъд ҳангоми дарс, омӯзгор вақтро тавассути тахтаи электронӣ пурсамар истифода барад. Вай тавассути ангушт саҳифаҳои заруриро ба рӯи хонандагон боз карда, дар шарҳу тафсили мавзӯъ метавонад хеле дақиқназар бошад. Гуфтан ҷоиз аст ки хонандагон мехоҳанд тахтаи электрониро баъзан чун пардаи синамо қабул намоянд, ин вақти зиёдатиро мегирад, омӯзгор метавонад лаҳзаҳои ба дарс нозарурро тавассути пардача пӯшонад, то таваҷҷуҳи шогирдон ба чизҳои дуюмдараҷа ҷалб нагардад. Тахтаи электронӣ барои омӯзиши ҳамаи аҳли синф асбоби бебаҳост. Он ба омӯзгор имконият медиҳад, ки мавзӯи навро бисёр диққатҷалбкунанда ва пурҷӯшу хурӯш газаронад. Дар тахта мумкин аст на танҳо тасвирҳои омориро нишон дод, балки тахтаро ҳамчун экран истифода бурд. Тахтаи электронӣ кори маводи аудио ва видеоро хеле сабук мегардонад. Имконияти дигари тахтаи электронӣ - ин бо маводи шабакаи Интернет кор карданро осон мегардонад. Ангушт расондан ба тахта имконияти кор кардан ва истифодаи сомонаҳо ба миён меояд. Барои мустаҳкам кардани маводи таълимӣ ва ё санҷиши дониши хонандагон тахтаи электронӣ ба омӯзгор имкониятҳои зиёд медиҳад. Агар дарсҳо дар синфҳои болоӣ якҷоя гузаранд, мавод ва санҷишро якҷоя додан мумкин аст. Дарс бе фосила ва пурмазмун мегузарад. Дар маркази ҳар як раванди таълим хонанда меистад, агар хонанда аз далели “даркор” ба далели “ба ман шавқовар аст ва ман инро донистан мехоҳам” гузарад, ин роҳ бисёр хурсандибахш ва самаранок мебошад. Дар ҳалли ин масъала имкониятҳои истифодаи тахтаи электронӣ мусоидат мекунад. [3, 43.44] Дар экран бо ёрии проектор расмҳои рангаи нависандагону шоирон, иллюстратсияҳо барои асарҳо, суратҳо намоиш дода мешаванд, ки рафти дарсро зинда мегардонанд, ба таври образнок ҳаёт ва шахсияти нависанда, шавқу ҳаваси адабиро ба асарҳои бадеӣ бедор мекунанд. Вазифаи дуюми воситаҳои техникӣ иттилоотӣ аст. Барои кори мустақилона дар экран саёҳатҳои «мукотиботӣ» виртуалӣ, супоришҳо, саволҳо, матнҳои калон, супоришҳои эҷодӣ намоиш дода мешаванд, презентатсияҳо низ яке аз шаклҳои ҳисоботдиҳӣ баъди анҷоми кори лоиҳаи адабӣ дар мактаб, махсусан дар дарсҳои забон ва адабиёт шуда метавонанд. “Истифодаи воситаҳои иттилоотӣ ва техникӣ имкон медиҳад, ки мақсадҳои инкишофёбандаи ҷараёни таълим ба монанди инкишофи намудҳои гуногуни тафаккур, ташаккули маҳорати қабули қарорҳои оптималӣ аз вариантҳои имконпазири мавҷуда, малакаҳои амалисозии фаъолиятҳои таълимӣ, ташаккули маданияти иттилоотӣ, қобилиятҳои амалисозии коркардҳо барои иттилоот фаъол гардонида шаванд”, [2] Техника аз тарафи омӯзгор ба тариқи шифоҳӣ бо ду роҳ истифода бурда мешавад: тасвир ва намоиш. Намоиш одатан тавассути абобҳои аёнӣ, ки ба дарси ҳаррӯза тааллуқ дорад, ба роҳ монда мешавад. Масалан, омӯзгор дар синфи 5 аз фанни табиатшиносӣ сабаби пайдоиши шамолро бо намоиши таҷрибаи одӣ исбот мекунад: пайдоиши шамол аз ҷойивазкунии ҳавои сарду гарм ба миён меояд. Ҳавои сард вазнин, ҳавои гарм сабук аст. Ҳавои сард ҳавои гармро ба боло фишор медиҳад. Инро дар таҷриба месанҷем. Омӯзгор шамъро фурӯзон карда дари синфхонаро мекушояд ва вақте ки шамъро дар остонаи дар нигоҳ медорад, забонаи он ба дохил майл мекунад. Сипас шамъро ба болои дар мегузаронад, дар ин ҳол, забонаи оташ ба берун майл мекунад. Омӯзгор мефаҳмонад, ки аз поёни дар ба дарун ҳавои сард ва ба берун ҳавои гарм ҳаракат дорад. Ин гардиши ҳаво дар берун, яъне, дар фазои озод шамолро ҳосил мекунад, ки баъзан сахт мевазад. Истифодаи намоиши филми таълимӣ ё аёнияти муҳаррикӣ дар таҷриба ба ҳодисаҳои анъанавӣ табдил ёфтааст, он кӯдаконро барои хуб омӯхтани маводи тадрисӣ омода мекунад. [4,56] Компютер дар худ як қатор воситаҳои анъанавии ҷараёни таълимро, ки ҳамеша бо мақсади пурра намудани аёният истифода мешаванд, пайваст мекунад. Масалан, компютер имконият медиҳад, ки вазъият тарҳсозӣ, муқоиса, монандӣ ва ғайра сифатан оммафаҳм гарданд. Ҳамаи ин ҷараёни омӯзишро фаъол гардонида, тафаккурро инкишоф медиҳад, маҳсулнокии ҷараёни таълимро зиёд мегардонад. Бо воситаи истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникативӣ ташаккули маданияти иттилоотӣ, қобилиятҳои амалисозии коркардҳо барои иттилоот фаъол гардонида мешавад. [4,56] Хулоса, ҳамаи ҷонибҳои мусбии истифодаи воситаҳои техникии таълим дар машғулиятҳоро зикр намуда, таъкид кардан ба маврид аст, ки ҳеҷ ягон технологияҳои иттилоотии навтарин наметавонанд дар дарс омӯзгорро иваз намоянд. Танҳо омӯзгор бо ҷаззобияти шахсӣ ва кордонии сатҳи баланди худ метавонад, дар машғулиятҳои фаннӣ фазои аз нигоҳи психологии мусоидро ба вуҷуд орад. Адабиётҳои истифодашуда: 1. Масълаҳои методикаи таълим, №10, соли 2019, Душанбе, “Табъу нашр”, 2019 2. Маорифи Тоҷикистон №4, 2018 3. Масъалаҳои методикаи таълим, №4, 2020, Душанбе, “Суфра”, 2020 4. Маърифати омӯзгор, №4, 2019, Душанбе, “Пилтан”, 2019 5.Воронин Ю. А. Компьютеризированные технологии в процессе предметной подготовки учителя.// Педагогика.-2003.-№ 6. Маликова С. Б., Насонова Л. В. Интерактивное оборудование и интернет-ресурсы в школе. — М.: БизнесМеридиан, 2011. 7.Новиков С. П. Применение новых информационных технологий в образовательном процессе //Педагогика.-2003.- № 9. |