Главная страница
Навигация по странице:

  • Мавқеи нақлиёт дар дар иқтисодиёти кишвар ва сиёсати давлати

  • Мундариа муадима боби соаи налиёт амчун инфрасохтори пешбарандии итисодиёти кишвар


    Скачать 54.27 Kb.
    НазваниеМундариа муадима боби соаи налиёт амчун инфрасохтори пешбарандии итисодиёти кишвар
    Дата26.04.2022
    Размер54.27 Kb.
    Формат файлаdocx
    Имя файла2.docx
    ТипДокументы
    #498583

    МУНДАРИҶА

    МУҚАДИМА...................................................................................................... 3-6

    БОБИ 1. СОҲАИ НАҚЛИЁТ ҲАМЧУН ИНФРАСОХТОРИ ПЕШБАРАНДИИ ИҚТИСОДИЁТИ КИШВАР........................................7-28

      1. . Мавқеи нақлиёт дар дар иқтисодиёти кишвар ва сиёсати давлати ......7-15

      2. . Мақомоти ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи нақлиёт........................................................................................................16-28









    1. Мавқеи нақлиёт дар дар иқтисодиёти кишвар ва сиёсати давлати

    Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ мисли дигар давлатҳои собиқ иттифоқӣ ба вазъи ногувори иқтисоди дучор гардид. Сабаб дар он буд ки сиёсати пешгирифта дар солҳои ҳокимияти шурави кушиши ба давлати ягона табдил додани ИҶШС буд. Бо ин мақсад аз фишангҳои иқтисодӣ васеъ истифода карда, низоми иқтисоди тавре ба роҳ монда шуда буд, ки як давлат аз давлати дигар вобаста буд. Дар чунин вазъ пайванд сохтани гӯшаю каноридохили худи давлат назар ба пайвастан бо дигар давлатҳо масъалаи дуюм дараҷа буд. Бо ҳамин сабаб маҷмааи нақлиёти давлатҳои аъзои он дорои якҷонибагии бунбасти марзи дошт. Масалан, дар Тоҷикистон дар фасли зимистон барои роҳ ёфтан ба шимоли кишвар зарурат пеш меомад, ки аз қаламрави дигар давлат истифода намоем. Ин ҳолат ба вазъи иқтисодиикишвар таъсири манфи мерасонад. А з ин рӯ, яке аз масъалаҳои муҳиме, ки дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити давраи гузариш қарор дошт, ин аз аз бунбасти камуникатсиони баровардани иқтисодиёти ҷумҳури мебошад

    Нақши роҳҳо дар рушди хоҷагии тамоми давлатҳо аввалин дараҷа ва бебаҳс аст ва мол бояд дар муомилот бошад. Маҳз фаъолияти нақлиёти ин нақшро дар ин ҷода иҷро менамояд, вале мутаасифона имкониятҳои сифатии фаъолияти нақлиёти Тоҷикистон дар байни давлатҳои ИДМ дар асоси баъзе таҳлилҳо ба талаботи зарури ҷавобгу намебошанд. Фаъолияти нақлиёти соҳаи истеҳсолоти модиест, ки кашонидани борҳо, мусофирон ва бағоҷро дар шаклҳо ва намудҳои алоҳида амали мегардонад,

    Ҳамчунин таҳти мафҳуми нақлёт ба ақидаи мо инфросохтор, идоракунӣ воситаҳои техники ва ташкили нақлёте, ки неъматҳои нави модиро ба вуҷуд намеорад, танҳо арзишҳои мавҷудбуда дар доираи талаботҳои махсус интиқол мегардад. Дар адабиёти иқтисодӣ баҳс атрофи он меравад ки оқибати муфиди фаъолияти нақлёт чист?-маҳсулот ё хизматрасони то ҳол идома дорад. Баъзан бо ислоҳоти маҳсулоти нақлёт вохурдан мумкин аст. Вале дар илми ҳуқуқшиноси истилоҳи хизматрасонии нақлиёти ҳамеша роиҷ буд. Фаъолияти нақлёт ин идомаи раванди истеҳсолот дар доираи раванди робита мебошад. Вале дар таркиби арзиши аслии маҳсулот хароҷоти нақлиёти ворид мегардад.

    Ҳамлу нақли борҳо, мусофирон ва бағоҷ дар як вақт раванди истеҳсолот ва маҳсули фаъолияти нақлиёти мебошад. Аз ин ру такрористеҳсол дар ин соҳа на дар шакли мол, балки шакли пул таҷасум меёбад. Ин раванд бо маҳсулаш вобаста ба замон ва макон мувофиқ омада, инкомпазир аст. Бинобар ин нақши асосиро дар ин масъала сохтмони роҳҳои нав, беҳтар сохтани роҳҳои мавҷуда ва баланд бардоштани қобилияти интиқолӣ дар маҷмуъ фаъолияти нақлиётиро ташкил медиҳад. Фаъолияти нақлёт зерсохтори алоҳида дар муносибатҳои иқтисодиёт буда, пайвандгар мебошад ва тамоми соҳаи истеҳсолотро фаро мегирад.

    Дар рушди сайёҳи нақши нақлиёт калон аст. Чун ки яке аз хизматҳои бахши сайёҳи хизматрасонии нақлиёти ба шумор меравад. Яне нақлёт бевосита ва бавосита ба рушдии иқтисодиёт таъсир мерасонад, ба он мусоидат менамояд ва баръакс монеаи он мегардад. Ҳамин тавр, нақши нақлёт дар фаъолияти нақлиёт дар гузариш ба иқтисодиёти бозорӣ на танҳо воситаҳои иловагӣ балки нақши асоси комил дорад. Фаъолияти нақлиёти гуногунҷабҳа буда нақлиёти ҳавои, баҳри,роҳи оҳан автомобилӣ ва ғайраро дар бар мегирад. Дар сурати сари вақт диққат надодан ба соҳаи нақлёт мушкилоти зиёде ба вуҷуд меоянд, ки бартараф намудани он имконнопазирва душвор мегардад. Ин масъала дар «Барномаи мақсадноки давлатии рушди комплекси нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2025» қайд гардидааст. Я қатор мушкилиҳои ҷой доранд, ки метавонад дар маҷмуъ ба тамоюли мусбат дар ин ҷода таъсир расонад. Дар Барномаи мазкур чунин омилҳои номбар шудааст;

    • Зиёд будани (дар баъзе ноҳия ва зерсоҳаҳо 50-70 фисад) хӯрдашавии таркиби ҳаракаткунанда;

    • Ҷараёни тағирёбии нархҳои хизматрасонии нақлиёти, ки ба таври устувор сатҳи таварумро баланд мебардорад;

    • Ҳаҷми зиёди сохтмонҳои нотамом ва сари вақт ба истифода надодани иншооти магистралии инфрасохтори нақлиёти;

    Нисбатан паст будани сатҳи бехатарии фаъолияти маҷмааи нақлиёти. Ҳамчунин таҳлтли парки воситаҳои нақлиёти автомабили аз рӯи муҳлати истифодабариашон куҳнававиипайдарҳамиионҳоро нишон медиҳа. Дар як вақт нақлиёт манбаи асоси зарар ба муҳити зист ба шумор меравад (яке аз сабабҳои гармшавии иқлим нақлиёт ба ҳисоб меравад). Безарагардонии он маблағҳои зиёдро талаб мекунад ва баъзе оқибатҳои дигар умуман барқарорнашавандат мебошанд. Фаъолияти нақлиёт қисми таркибии асосии поёгоҳи моддии иқтисодиёти тамоми давлатҳо мебошад. Он фаъолияти муътадили иқтисодиё, ҷойгиршавии оқилонаи истеҳсолкунанда ва самаранокии истеҳсолот ва хизматрасониҳор таъмин менамояд. Маҷмааи нақлиёти ин маҷмӯи якчанд соҳаҳои иқтисодиёт мебошад, ки барои қонеъ намудани талабот дар ҳамлу нақли мусофирон, ӣор ва бағоч равона шудаанд. Ба маҷмааи мазкур худи нақлиёт, ки раванди интиқолро таъмин мекунад ва саноати нақлёт, муасисаҳои омодасозандаи мутахасисон барои нақлиёт, гузарониданикорҳои лоиҳави ва илмию татқиқотӣ ташкилотӣ таъмирӣ дохил мешавад. Фаъолияти нақлиёти дар маҷмуъ қисми низоми нақлиётиро дар бар мегирад. Низоми нақлиёти ин соҳаи иқтисодиёт мебошад, киба он шабакаҳои нақлиётии ҳамаи намудҳои нақлёт, воситаи нақлиёти мутаҳарик, захираҳои меҳнати ва низоми идоракунии ҳамаи нақлёт дохил мешавад. Қисми таркибии низоми нақлиётиро инфрасохтори нақлиёти ташкил медиҳад. Инфрасохтори нақлиёт асмоси маҷмааи нақлиётиро ташкил намуда, аз шабакаи воқеии нақлиёти, ки барои ҳамлу нақли мусофир, бор ва бағоҷ истифода мешавад, инчунин аз сохтори муташаккил ки истифодаи самараноки воситаҳои нақлиёт ва сохторҳои доимиро таъмин мекунад, иборат мебошад. Нақлиёт дар навбати худ қисми инфрасохтори бозор маҳсуб мешавад. Дар он мубодилаи борҳо ва хизматрасониҳо амали мешаванд. Ҳамчунин нақлиёт дар ин муносибат бор вҷа мусофиронро интиқол дода, хизматрасонии худро амали месоза. Суръати инкишофинақлиёт бояд ба инкишофи иқтисодиёт мувофиқ бошад. Бо дараҷаи инкишофи иқтисодиёти кишвар бояд соҳаи нақлиёт мувофиқи талабот ба хизматрасонии нақлиёти тағир ёбад.

    Дар акси ҳол иқтисодиёт ақиб мемонад ва давлат пеш рафта наметавонад. Ин нуқта хеле моҳирона дар муроҷиати Б.Б. Карисмов ба Президенти Федератсияи росия таҷасум ёфтааст. Чуноне номбурда қаёд мекунад: «Дар арзиши аслии маҳсулот таркиби нақлиёти доимо зиёд шуда истодааст, вале суръати ҳаракати молҳо бино бар бад будани роҳҳо, баръакс афтида истодааст. Ин боиси пас шудани рақобатпазирии молҳои ватани гардида, инкишофи иқтисодиётро боз медорад»1.

    Нақлиёт таркибан аз маҷмуи воситаҳои нақлёт роҳҳоии алоқа ва воситаҳои техникию дигар иншоот иборат мебошад.

    Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон воситаи нақлиёт ба таври гуногун шарҳу тасвир ёфтааст дақиқ муаян кардани он аҳамияти ҳам назарияви ва ҳам амалияви дорад. «Дар модаи 3 қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 ноябри оли 1995, №196 «Дар бораи ҳаракат дар роҳ» таҳти мафҳуми воситаҳои нақлиёт ҳамаи навъҳои автомабилҳо тракторҳо ва воситаҳои механикӣ фаҳмида мешавад, ки ҳаҷми кори муҳарикашон – беш аз 50 см мукааб ва ҳадди аксари суръати конструктивиашон беш аз 40 км дар як соат аст»2. Таъмини дастрасии нақлиёт дар сатҳе, ки суботи иҷтимоӣ, рушди муносибатҳои байниминтақавӣ ва бозори миллии меҳнатро кафолат медиҳад, дар заминаи баланд бардоштани эътимоднокӣ ва дастрасии хизматрасонии нақлиёти магистралии мусофирбар имконпазир аст. Нақлиёт вобаста ба таъинот ба нақлиёти дохили ташкилот, байниноҳияви, дохилиноҳияви ва таъиноти умумӣ ҷудо мекунан. Баъзан аз рӯи таъинот ду гурӯҳи нақлиётро аз ҳамдигар фарқ мекунанд.

    Нақлиёти истифодаи умумӣ - соҳаи хоҷагии халқ мебошад, ки талаботи ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ ва аҳолиро дар ҳамлу нақли бор ва мусофирон қонеъ менамояд. Ин гурӯҳи нақлиёт ба соҳаи муомилот (дар ҷодаи ҳамлу нақли бор) ва аҳолӣ (дар ҷодаи мусофиркашонӣ) хизмат мерасонад. Нақлиёти ҷамъиятӣ намуди алоҳидаи он мебошад.

    Нақлиёти истифодаи умумиро нақлиёти магистрали низ меноманд,ки фарогирандаи нақлиёти автомабилӣ, ҳавои, роҳи оҳан, оби қубури мебошад; Нақлиёти ғайри истифодаи умумӣ – нақлиёти дохили истеҳсолӣ, ҳамчунин воситаҳои нақлиёти тамоми навъҳо мебошад, ки ба ташкилоти ғаёринақлиётӣ таалуқ доранд. Дар тафовут аз нақлиёти истифодаи умуӣ хизматрасонии онҳо танҳо ба субъекти мушахас маҳдуд мегардад. Таснифоти дигар вобаста ба категория мебошад, ки он дар баробари нақлиёти истифодаи умумӣ,нақлиёти истифодаи махсус (нақлиёти дохилиистеҳсолӣ ва дохили идоравӣ) ва нақлити инфиродӣ (автомабили сабукрав,дучархаҳо,киштиҳои хусусӣ) низ ҷудо карда мешавад. Ҳамчунин дар истеҳсолоти кишоварзӣ нақлиёт ба дохилихоҷагӣ (нақлиёти хоҷагиҳои деҳқони ва ғайра) ва байнихоҷагӣ (нақлиёти итиҳодияҳои агросаноатии ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ, нақлиётибарои ҷамъоварии ҳосил аз хоҷагии халқ ҷалбшаванда) ҷудо мекунаад. Шабакаи нақлиёти аз шабакаҳои хатсайрии намудҳои алоҳидаи нақлиёт ташаккул меёбад. Онроба хатҳои магистралӣ ва шабакаҳои поёни ҷудо мекунанд. Шабакаҳои нақлиётии хатҳои магистралиаз роҳи оҳан, роҳҳои дарёӣ ва баҳри , хатҳои қубури, хатҳои ҳавои ва роҳҳои автомабилгард иборат мебошад. Шабакаҳои поёни дар тафовут аз хатҳои магистралӣ аслан дар дохили ноҳияҳои иқтисодӣ қарор доранд. Раванди нақлиёт муомилоти зеринро фаро мегирад: омодаги (истифодабари), ёридиҳанда (боркунию борфарори)ва ҳамлу нақл. Раванди истеҳсолии нақлиётӣ ба ғайр аз ин муомилоти технологии истеҳсолоти кишоварзиро дар бар мегирад. Дар иқтисодиёти кишвар нақши хизматрасониҳои нақлиёти хеле калон аст. Вазифаҳои хизматрасонии нақлиёти чунин мебошад: интихоби намуди воситаи нақлиёт, интихоби навъи воситаи нақлиёт, банақшагирии якҷояи раванди нақлиёт бо истеҳсолот, банақшагирии якҷояи раванди нақлиёт дар намудҳои гуногуни нақлиёт, таъмини ягонагии технологии раванди нақлиётиву анборӣ, муаян намудани хатсайри оқилонаи расонидан то нуқтаи таъинот. Хизматрасонии ннақлиёти гуногун буда, дар маҷмуъ бозори нақлиётро ташкил медиҳад. Дар шароити рушди босуръати техника ва техналогия, кионро инқилоби илмию техники замина гузошт, ҳаҷми истеҳсолоти давлатҳои абарқудрат фатҳи бозорҳои нав ба навро талаб мекунад.Дар як вақт истеҳсолкунандагони маҳсулоти хом роҳ ба бозорҳои ҷаҳониро меҷӯянд.

    Дар чунин вазъ дар баробари мавҷудияти заминаи ҳуқуқӣ эҳтиёҷот ба роҳ ва нақлиёт пеш меояд. Дар ин ҷо мушкилоти сиёси пеш меояд. «Роҳ ва ҳамлу нақл, ба шумули роҳи бурунрафта, дар сархати феҳристи умдатарин мушкилотҳои Тоҷикистон қарор дорад. Роҳ дар дохили Тоҷикистон масъалаи иқтисодист, вале дар як қадам берун аз марз мавзӯъи сиёсӣ ва мавзӯъи муносибатҳои байналмиллалист»3.

    Танҳо имловҷа бояд кард, ки роҳи нақлиёт имрӯз дар Тоҷикистон низ ба масъалаи сиёсӣ табдил ёфтааст, агар мо сиёсатро идома ё фишурдаи иқтисодиёт шуморе. Набуданироҳ ба тамоми гушаю канори кишвар дар тамоми мавсими сол, ташаккул наёфтани роҳҳо вадигар мушкилот дар ин слҳа зарар ба андоҳзаи хеле калон ба иқтисодиёти кишвар аст.Чунин ҳолат ба вазъи сиёсию ҳуқуқии кишвар ногузир таъсир мерасонад, кион низ дар нигоҳи авал ниҳон буд, чун мутобиқ ба шароити воқеӣ қабул намудани қарорҳои сиёсию санадҳои меъёрӣ менамояд. Дар заминаи мантиқи солим ва мушоҳтдаи одӣ овзои ҷойдоштаро ошкор намудан мумкин аст, вале дарки миқиёс ва оқибатҳои он таҳлилҳои амиқ ва фахъолияти дастҷамъонаи мутахасисони касбҳои гуногун ( иқтисодчиён ҳуқуқшиносон ва ғайра) – ро талаб менамояд. Инкишофи соҳаи нақлиёт дар навбати худ воситаи мусоидат ба савдои дохилӣ ва хориҷӣ буда, омили асосии рушди муносибатҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва транзитии байналмиллалии кишвар мансуб меёбад. Бино бар ин, аз марҳилаи аввали соҳибистиқлолӣ роҳбарият ва Ҳукумати ҷумҳурӣ масъалаи ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистонро яке аз авлавиятҳои рушд муайян намуда, дар доираи «Стратегияи аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани Тоҷикистонро муайян намуд, ки он дар Паёми ҳарсолаи Президенти мӯҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2010 дарҷ гардид.

    Стратегияи мазкур ду самти асоси фаъолияти соҳаро дар бар мегирад:

    • якум,  ташаккули  шабакаи ягонаи роҳҳои автомобилгарди дохили кишвар ва пайваст намудани он ба шоҳроҳҳои байналмилалӣ;

    • дуюм, ҳамроҳ шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсия ва Созишномаҳои байналмилалӣ оид ба равобити нақлиётӣ.  

    Дар доираи татбиқи ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне раҳои аз бунбасти коммуникатсионӣ, бунёд ва азнавсозии як қатор иншоотҳои роҳдорӣ, аз ҷумла,  роҳҳои мошингарди Кӯлоб - Хоруғ - Кулма - Қароқурум (Шоҳон–Зиғар ва Шкев–Зиғар), Душанбе - Қурғонтеппа - Кӯлоб ва кушода шудани нақбҳои Истиқлол, Озодӣ, Шаҳристон ва Чормағзак анҷом ёфта, роҳҳои автомобилгарди Душанбе - Чаноқ, Ваҳдат-Ҷиргатол ‑ Саритош Айнӣ-Панҷакент, Душанбе-Турсунзода дар арафаи амалшуда қарор доранд»4. Лозим ба ёдоварист, ки сохтмони роҳи оҳани Қӯрғонтеппа - Кӯлоб ва як қатор шоҳроҳҳои байналмилалӣ, нақбҳо ва пулҳои байнимарзӣ низ анҷом дода шуд, ки дар натиҷаи он Тоҷикистон ба як қаламрави воҳид табдил ёфта, рафтуомади доимӣ ба тамоми минтақаҳои мамлакат ва дар чор самт ба давлатҳои ҳамсоя таъмин гардид. Ҳадафи стратегии фаъолият ва рушди системаи нақлиёт таъмини рушди иқтисодӣ ва баланд бардоштани сифати зиндагии наслҳои ҳозира ва ояндаи русҳо тавассути нақлиёт мебошад. Вазифаҳои рушди системаи нақлиёт, ки ба татбиқи ҳадафи стратегӣ нигаронида шудаанд, бевосита ба афзалиятҳои дарозмуддати иҷтимоию иқтисодӣ ва геополитикии давлат алоқаманданд.

    Дар охир қайд намудан ба маврид аст, ки фаъолияти нақлиёти ҳамчун фаъолияти гуногунҷабҳаи нақлиёти ҳавоӣ, баҳрӣ, роҳи оҳан, автомобилӣ ва ғайраҳо пеш аз ҳама барои пешрафти иқтисодиёти мамлакат фаъолият менамояд ва ҳамчун як ниҳоди муҳим барои амалисозии манфиатҳои иқтисоди ба шумор рафта рушди ин соҳа дар шароити имруза барои шаҳру ноҳия хеле муфид аст.



    1 Каримов Б. О Дорогах Росии и удвоения ВВП//Транспорта Росии г . Масква 2010 С.12

    2 Ахбори маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли1995 №22 мод 336, соли 1997№23-24 мод 333, соли 2000 №11мод 527, соли 2008 №13 мод 189


    3 Бури Карим. Тоҷикистон: Дурнамои рушд. Китоби сафеду сабз. Душанбе 2004. С. 167.

    4 Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2011 165. Барномаи давлатии рушди комплекси нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2025


    написать администратору сайта