Главная страница
Навигация по странице:

  • БОБИ II

  • обучение монологической речи. матн монолог. Донишгои Давлатии омзгории Тоикистон ба номи Садриддин Айнї факултети забони англисї кафедраи методикаи таълими забони англисї Ихтисос 1020306 Забони англисї


    Скачать 86.04 Kb.
    НазваниеДонишгои Давлатии омзгории Тоикистон ба номи Садриддин Айнї факултети забони англисї кафедраи методикаи таълими забони англисї Ихтисос 1020306 Забони англисї
    Анкоробучение монологической речи
    Дата23.03.2022
    Размер86.04 Kb.
    Формат файлаdocx
    Имя файламатн монолог.docx
    ТипДокументы
    #410491
    страница2 из 3
    1   2   3

    1.2 Хусусиятњои психологї ва педагогии таълими

    нутќи монологї

    Забони хориљї дар шароити муосир ва имкониятњое, ки љамъияти имрўза фароњам овардааст, омили рушти иљтимої ва иќтисодї, илмї ва техникї, ва умумифарњангии љомеаи имрўза шуда аст. Омўзиши он имкониятњои беканори дастрасии маълумот, баланд гаштани сатњи фарњангї ва салоњияти касбиро таъмин месозад.

    Тањлили раванди таълими забони англисї дар шароити мактаб ва комплексњои таълимии муосир ба хулосае оварданд, ки масъалаи таълими нутќи мустаќили монологї то њол пурра омўхта нашуда, камбудињои худро дорад.

    Барои методикаи таълими нутќи монологии англисї на танњо намудњои гуфтори монологї, балки намудњои омехтаи он низ муњиманд. Ин чунин маъно дорад, ки гуфтори монологии як намуд дар худ метавонад хусусиятњои гуфтори монологии намуди дигарро дошта бошад. Ин намуди гуфтори монологиро омехта меноманд. Ќайд бояд гардад, ки дар раванди муоширати табиї, яъне дар шароити коммуникативии табиї, нутќи монологии мо дар бисёр маврид мањз омехта мебошад. Аз ин љост, ки навъњои матн дар раванди таълими нутќ, ки дар онњо навъњои гуногуни функсионалї ва семантикии нутќ оварда шуда, њадафи ташаккул додани малакањои коммуникативии монологї доранд, мавќеи басо муњимро љоизанд.

    Сатњи ташаккулёбии нутќи монологиро дар хонандагон тавсиф дода, чунин гуфтан мумкин аст, ки дар раванди таълим дар онњо мураккабшавї, комплексшавии гуфтори њам шифоњї ва њам нутќї, аз њисоби зиёд шудани њаљми њиссањои дуюмдараљаи љумла, дида мешавад. Дар баробари ин, аз њисоби васеъ шудани њаљми луѓавии хонандагон њаљми љумлањо дар гуфтор низ зиёд мешавад. Фаолияти нутќї рўз аз рўз характери рефлексиро пайдо мекунад. Хонанда, дар ин маврид, љараёнњои фикрии худро идора карда, мустаќилона фикронї мекунад.

    Хусусиятњои дар боло овардашудаи ташаккулёбии коммуникативии хонандагон шањодат медињанд, ки

    • Таашаккулёбии табии гетерохронии намудњои шифоњї ва хаттии муошират, яъне пешбиникунии гуфтор ва истемоъ.

    • Ташаккули нокифояи механизмњои нутќї, аз љумла, фањмиши пурра.

    • ташаккули нокифояи ќобилиятњои шаклњои баёни фикр.

    Њамин тариќ, гуфтан лозим аст, ки фикри хонанда њанўз ба наќшаи мантиќии пешнињоди он итоат намекунад. Гуфтор, алахусус гуфтори муфассал, аксаран мантиќї нестанд. Гуфтор ташаккули њаматарафаи намудњои гуногуни нутќро таъмин месозанд.

    Гуфтор чунин намуди фаолияти нутќ мебошад, ки ба воситаи он муоширати вербалї амалї карда мешавад. Таълими гуфтор бо истифодаи усулњои шахсї ва ориентирї, ки шавќу раѓбати хонандагон ва ќобилиятњои инфиродии онњоро ба назар мегирад, зич алоќаманд аст.

    Таълими гуфтор ташаккул додани малакањои нутќи муколамавї ва монологиро дар назар дорад. Њар як намуди он хусусиятњои психологї ва лингвистикии худро дорад, ки дар шароити дуруст риоя кардани онњо азхуд кардани ин ёон шакли шифоњї-нутќии муошират дастрас мешавад.

    Дар зери мафњуми малакањои монологї малакањои гуфтори мантиќан дуруст ва мувофиќи вазъият ва хусусиятњои ба худ хоси навъњои нутќи монологї ва талаботњои нормативии забон дониста мешаванд. Малакањои монологї хусусияти комплексї дошта, дар худ як ќатор микромалакањоро дарбар мегиранд. Масалан, малакаи мувофиќи ваќти иљроиш пай дар пай наќл карда тавонистан, малакаи пурра «кушодани» объекти гуфтор, шаклу таркиб, сохтор, хусусиятњо, таиноти он, ташаккул додани фикр мувофиќи схемаи муайян аз ќабили ин намуди малакањо мебошанд.

    Нутќи монологї ин як шакли муошират, падидаи чандпањлў, асари фасењ, пай дар пай ва композитсионии як индивидуум мебошад. Хусусияти муњим ва ба худ хоси ин навъи нутќ ин нутќи мурољиатї ба як шахс ва ё гурўњи одамон мебошад. Ба монанди дигар навъњои нутќ нутќи монологї низ боиснок аст, яъне вазъият, айёниятї, контекст боиси ба миён омадани нутќ мегардад.

    Дар кори зерин масъалањои назариявии таълими нутќи монологї дар асоси матн дида мешавад. Зеро, дар шароити сунъии забонї мањз матн дар бисёр мавридњо воситаи муњими мотиватсияи нутќ мегардад. Масъалаи истифодаи матнњо дар раванди таълими нутќи монологї дар адабиёти методї хеле васеъ дида мешавад. Зеро матн метавонад пурра сохтори гуфтор, мундариљаи психологии он, мавзўъ, восита ва усулњои амалигардонии он, механизмњои дохилї ва берунаи танзими онро ифода кунад [10].

    Дар муассисањои таълимї дар раванди таълими забони англисї диќќати асосї ба фањмиши дурусти адабиёти илмї ва нутќи монологї дар доираи маводњои забонии омўхташудаистода зоњир карда мешавад. Њадафи асосии омўзгор ин тайёр кардани хонандагон ба фаолияти мустаќили кор бо мавод ва маълумот ва ташаккул додани малакањои нутќи мустаќили монологї мебошад. Дар раванди таълими забони англисї мавќеи матн бузург буда, яке аз воситањои муњими таълимї дониста мешавад.

    Аз љињати лингвистикї матн ин ягонагии шакл ва мафхум, наќшаи мундариља ва наќшаи ифодакунї мебошад. Чун яке аз воситањои таълими забони англисї матн метавонад объекти азхудкунї ё объекти шаклї, ё мундариља ва ё њар ду шуда тавонад. Матнро метавонем чун истиноди ќавї ва чун воситаи ѓанигардонї ва такмили нутќи хонандагон, аз он љумла, таълими мантиќан дуруст ва мунтазам баён кардани фикри худ дар шакли нутќи монологї, ќабул кунем. Ин њама ташаккул ёфтани малакањои муайяни грамматикї ва инкишоф додани малакањои нутќи монологиро талаб мекунад. Дар зери мафњуми малакањои нутќи монологї ќобилияти мантиќан дуруст ва мувофиќи хусусиятњои шакли нутќи монологї ва хусусиятњои ба худ хоси нормаи забонї сухан кардан фањмида мешавад.

    Малакаи мазкур хусусияти комплексї дошта, як ќатор малакањоро дарбар мегирад. Аз ќабили,

    - Дар раванди наќл. Малакаи дар раванди фаолияти нутќї мунтазам наќл карда тавонистани њодиса бо истифода аз воситањои забони омўхташудаистода;

    - Дар раванди тавсиф додан. Малакаи ба таври муфассал фош кардани хусусиятњои объекти нутќ, алалхусус, малакаи муайян кардани шакли он, таркиб, сохтор, хусусият ва сифат, њадафњои он ба воситаи номбар кардани хусусиятњои ба худ хоси объекти нутќ, бо истифода аз воситањои забон.

    - Дар раванди мулоњиза. Малакаи ба таври собиткунанда васеъ баён кардани фикри худ мувофиќи схемањои муайян ва мањорати тањлилкунии маъної.

    Ташаккул додани малакањои истифода бурдани навъњои овардашудаи гуфтори монологї дар асоси матн бояд марњила ба марњила гузаронида шавад. Бо ин маќсад, ду марњилаи кор бо матнро дар раванди таълими нутќи мустаќили монологї људо кардан мумкин аст: дар асоси матн ва бе истифода аз он, вале дар робита бо он. Њадафи нињоии ташаккул ёфтани малакањои нутќи шифоњии монологї дар асоси матн ин баёни дурусти маводи хондашуда бо суханони худ мебошад.

    Наќши хониш дар раванди таълим хеле гарон аст, зеро таълим дар шароити ѓайризабонї мегузарад, вале њадафи таълим ин ба таври максималї азхуд кардани нутќи гуфтугўї мебошад. Истифодаи маълумотњои нави китобњои дарсї ба омўзгор имконият медињад, ки хонандагонро ба фаолияти нутќї њавасманд гардонад. Дар ин њолат, мо бояд кўшиш кунем, ки хонандагон ба таври максималї ба фаолияти нутќї водор карда шаванд ва мувофиќї вазъият сухан кунанд. Бо вуљуди ин, наќли мавод бо истифода аз матн дар раванди таълими нутќи мустаќили монологї њадафу марњилањои махсусро ба миён меоранд. Далелњои дар матн овардашуда албатта шакли махсуси забониро доранд, ки дар раванди баён хонандагон аз онњо истифода мебаранд.

    Ин њолат, аз як тараф, кори хонандагонро осон мегардонад, вале аз љињати дигар ба онњо имконият намедињад, ки воситањои луѓавии инфиродии онњо истифода бурда шавад. Зеро мувофиќи маълумотњои психолингвистикї, воситањои забонии маводи хондашуда бо амалияи он мутобиќат намекунанд.

    Барои пешгирї кардани фарќият байни воситањои баён ва амалияи онњо дар раванди баёни фикр бо забони англисї, бояд воситањои мувофиќи забонї интихоб карда шаванд. Љараёни фањмидани маводи хондашудаистода иљроиши як ќатор амалиётњоро талаб мекунад: људо кардани мундариља, муайян кардани љузъиятњои маъної, муттањид кардани маводи нав бо маводи омўхташуда, наќли мавод бо суханони худ.

    Бархе аз муаллифон ба гурўњбандї ва муайян кардани мафњуми нутќи монологї чун соњаи гуфтори бевоситаи амалї рў меоваранд (В.В. Виноградов). Бешубња, намудњои гуногуни монологњо ба соњањои гуногуни муоширатї тааллуќ доранд. Масалан, монолоњое ки хусусияти маълумотї дошта, монологњои лирикї ва ё драматикї, монологњое ки доир ба ягон њодиса наќл мекунанд аз ќабили намудњои монологњо мебошанд. Бинобар њамин, вобаста ба хусусиятњои маъної ва функсионалї наќли монологї мешавад: монолог бо ташаккул ёфтани амал; гуфтори монологї бо номбар кардани хусусиятњои объект; монологњои хусусияти сабабї – тафтишї дошта, ки худ шакли функсионалї ва маъноии нутќро муайян мекунанд.

    Дар љараёни кор бо матн бошад, мо танњо бо азхуд кардани воситањои забонии дар матн буда мањдуд шуда наметавонем. Бояд маводњо аз сарчашмањои хаттї гирифта шуда, сохтори коммуникативии баъдинаи онњо ташкил карда шаванд. Дар оянда, фаолияти хонандагон бояд ба мањдуд ва васеъ кардани маълумоти мавзўї ва маъноии дар матнбуда ва дар баробари ин, кор ба автоматикикунонии малакањои лексикї ва грамматикї равона карда шавад [3].

    Маводи нави забонї дар љараёни њалли як ќатор масъалањои нутќї, дар раванди иљро кардани супоришњои матнї азхуд карда мешаванд. Марњилаи нав аз ќабл бо чунин хусусиятњо фарќ мекунад: Воњидњои забонии дар матн буда дар нутќи инфиродии хонандагон чун таљрибаи нутќї пайдо мешавад, яъне нутќ ба таври автоматикї бо воњидњои нави семантикї, сохторї ва коммуникативї, ки аз воњидњои дар матни китоб буда фарќ мекунанд, бой мегардад.

    Мањорати нутќи шифоњии монологї дар асоси матн дар ин марњила характери комплексиро пайдо мекунад, зеро малакањои таркибии он ба таври автоматикї амал мекунанд, ки дар истифодабарї дар иборањои алоњида ва дигар амалиётњо (азнавтакроркунї, мањдудкунї ва васеъкунї, умумикунонї, дигаргункунї) дида мешаванд. Ин ё он амалиёти номбаршуда метавонад асосї шавад. Ин худ аз њадафи коммуникативии дар назди гўяндаистода ва аз характери баёнот вобастагї дорад, яъне аз навъи монолог – наќлї, тавсифкунї ва ё муњокимавї.

    Дар асоси матн се намуди супоришњоро барои таълими нутќи мустаќили монологї истифода бурдан мумкин аст:

    • Супоришњо барои инкишофи нутќи монологї, ки барои гирифтани маълумот равона карда мешаванд;

    • Супоришњо барои таѓйидињии маълумоти мундариљавї ва забонии матн;

    • Супоришњо барои ташаккул додани малакањои мустаќили монологї вобаста ба матни нав.

    Њадафи супоришњои навъи аввал ин дар хонандагон ташаккул додани малакањои аз матн гирифта тавонистани маълумоти воќеї ва истифодаи баъдинаи он мувофиќи њадафи коммуникатї ва вазъияти таълимї-нутќї. Дар ин марњила, супоришњоеро ки барои муайян кардан ва азнавтакроркунии маълумот пешбинї карда шудаанд, ќайд кардан зарур аст. Ба ин гурўњ супоришњо инњо дохил карда мешаванд: муайян ва азнавтакроркунии вазъиятњои асосии матн, номбаркунии тафсилотњои асосии матн, ки амалиёт ва ё њодисотро тавсиф медињанд, људо кардани љузъиётњои матн, дарёфтан ва такроркунии ќисматњои матн, ки дар он муаллиф муносибати худро оид ба персонажњо баён месозад [5].

    Њадафи супоришњои навъи дуюм ин ба хонандагон омўзонидани гуфтори монологї оид ба маводи хондашуда мебошад, ки дигаргунињои маъної ва забониро талаб мекунад. Таѓйиркунии воситањои маъної ва забонї бо амалиётњои мањдудкунї ва васеъкунии амалиётњои дар матн овардашуда вобастагї дорад, яъне бо овардани аналогияњои гуногун, љойивазкунии ќисматњои гуногуни матн, ивазкунии компонентњои маъної ва забонї.

    Њадафи супоришњои навъи сеюм ин анљом додани ташаккулдињии малакањои гуфтори шифоњии монологї мебошад. Машќхои марказии ин навъи супоришњо инњоянд: тавсият кардани идеяњое ки дар матн на он ќадар аниќ фањмонида шудаанд, иброз кардани фикру аќидаи худ оид ба рафтори персонажњо, исбот карда тавонистани нуќтаи назари худ оид ба рафтори ин ё он персонажи дар матн оварда шуда, далелнок карда тавонистани хулосањо, истифода бурда тавонистани далелњои дар матн оварда шуда дар раванди ифода кардани мавзўи дигар.

    Хулоса, дар раванди иљроиши супоришњо бояд аз нутќи тайёридидашуда ба нутќи бетайёрї рў оварем, яъне дар раванди дарс омўзгор бояд хонандагонро ба баёни фикри худ оид ба мавзўи дар матн ифодашуда водор созад. Матнњое ки барои ташаккул додани нутќи мустаќили монологї дар дарси забони англисї истифода бурда мешаванд, бояд барои ташкил кардани вазъиятњои пролемавї ёрї расонанд, то дар оянда барои мукаммал шудани муоширати нутќї асос шуда тавонанд.

    БОБИ II. ИНТИХОБИ МАТН БАРОИ ТАЪЛИМИ ГУФТОРИ МУСТАЌИЛИ МОНОЛОГЇ
    2.1 Тањлили матнњо барои таълими гуфтори монологї

    Матн њамчун "ахбороте, ки дар шакли њуљљати хаттї, вобаста ба намуди ин њуљљат аз љињати бадеї коркада шуда, ки худ аз якчанд воњидњое ки бо намудњои гуногуни лексикї, грамматикї ва мантиќї пайваста шудаанд, иборат аст ва хусусияти муайяни модалї дорад, мебошад" [Леонтев А. А.]. Дар ин таъриф факти синтезатсияшавии фикри муаллиф дар матн ва равонасозии он ба хонанда нишон дода шудааст. Аз инљо маълум мешавад, ки барои ќабул кардани матн тањлилкунии љанбањои гуногун лозим аст. Инчунин, дигар намуди тарифи матн мављуд аст, ки аз љињати њамчун мавод барои тањлил истифода шуданаш шавќовар аст. Дар ин тариф матн гуфта гуфтори њаќиќї, љумла ва ё љамъи љумлањо (аз он љумла порчаи нутќи хаттї ва ё шифоњие ки њаљми гуногун дорад, њатто то асари бадеї , асари одиёти шифоњї ва ѓайра) дониста мешавад [16]. Хулоса, матнро метавонем њамчун љамъи маълумот, ки бо системаи забони додашуда рамзгирї шудааст.

    Њар яке аз љумлањои матн дар дараљаи маъної пайдарпайии категорияњои маъноиро дар назар дорад. Масалан, як чумлаеро бо забони тољикї дида мебароем: "Дар рўйи мизи на он ќадар калон гулдони зебое бо гулњои рангоранг гузошта шуда буд". Дар ин гуфтор хабар дар бораи маълумоти маъноии муайяни категорияи ашёї (миз, гулдон, гулњо), амал (меистод), сифат (зебо, рангоранг), макон (дар рўйи миз) дода шудааст. Чунин њодисотро мо дар забони хориљї низ дида метавонем. Мо аз њамбастагии категорияњои маъної худ онро њис накарда истифода мебарем, вале мувофиќи системаи муайян. Агар мо "миз" гуфта бошем (категорияи аслї), то ба он категорияи сифатї (зебо, нав) , категорияи амал ва ё њолат (меистад), категорияи вазъиятхои лозима (аз магоза харида шуда) низ пайваст карда мешавад. Агар мо "миз меистад", яъне категорияи амал, гўем, то албатта бояд категорияи муайянкунандаи љойи он (дар назди тиреза) низ баён карда шавад. Категорияњои маъної структураи маъноии гуфтори нутќиро пурра мекунад.

    Ба воситаи категорияњои маъної муаяйнкунии ашёњо ва њодисањо ба амал меояд, ки аз рўйи хусусиятњои маъноии категорияи зерин монанданд, ва муайянкунии муносибатњои баёнињамдигарии онњо ва инсон ба амал меояд. Категорияњои маъної худ ба сифати структурае хизмат мерасонанд, ки дар шакли забонї, бакоргирии маълумот амалї мегардад, ки онро як шахс ба шахси дигар мегўяд.

    Аз сабаби он, ки амалиёти фањмидагирї бисёр пахлўњо дорад, яъне фањмидагирии њам ашьёњо ва њам муносибати субъекте ки фањмидагиранда аст, мебошад. Интихоби маълумоти маъної бояд бо назардошти хусусиятњои коммуникативї, забонї, синну соли хонанда амалї гардонида шавад. Ў бояд хусусиятњои слективї - интихобї дошта бошад, ки диќќати инсон муайян месозад.

    Њар як ахбороти нутќї (матн) худ як амалиёти объективии фањмидагирї мебошад. Мундариљаи маъноияш бошад, худ хусусияти категориалї дорад. Аз гуфтањои дар боло омада ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки муаллиф ба воситаи кодњои чопї дар матн ду намуд компонентњоро љоё медињад: 1) мундариљаи маъноии ашёгї ва 2) категорияњои маъної, ки худ истифода мебарад. Яъне, ахбороти хаттии матнї - мањсулоти фикрии фаолияти индивидуум, ки дар он ба тавассути категорияњои маъноии тафаккур, ки дар шаклњои забонї кушода мешаванд, мебошад. Аввалан, муносибати байнињамдигарии байни ашъёњо (ашъёњо ва њодисањо) ва воќеият. Дуюмин, муносибати онњо ба нависанда. Сеюмин, муносибати онњо ба баёнкунии аќида ва хонандаи оянда. Матн ин њамбастагии мундариљаи маъної ва шакли забонї мебошад. Дар зинаи маъної он худ маълумоти муайянро мефањмонад, ки категорияњои маъноиро ифода мекунанд.

    Маводи таълимї дар матни таълимї мутањњид мегардад. Дар зери мафњуми матни таълимї, ки вазифањои мотиватсионї, маълумотї ва идоракунандаро таъмин карда метавонад ва шароитњои мувофиќро барои ташаккул ёфтани механизмњои хониш фароњам меорад, фањмида мешавад (Беспальчикова Е.В.).

    Матнњои таълимиро бояд аз рўйи хусусиятњои њадафнокии онњо људо кард. Албатта як матни таълимиро мо наметавонем дар љараёни таълими њамаи намудњои фаолияти нутќ истифода барем. Матн бояд њатман аз рўйи њадафи таълимии муайян шуда интихоб карда шавад. Масалан, як матн барои таълими хониш, дигаре барои таълими нутќи монологї ва ё муколамавї истифода бояд шавад. Ќобили диќќати омўзгор ин албатта бояд тадриљи матнњо мебошад, яъне:

    • матнњои машќї

    • матнњои тасвирї

    • умумии мавзўї

    • матнњои иловагї ба мавзўъ.

    • азназаргузаронї-санљишї.

    Якум намуди матн ин микроматн мебошад, ки факат яз 2-3 ибора иборат аст. Мувофиќи аќидаи муаллифон Малявин Д.В., Аникина В.Н., Латушкина М.С., чунин намуди матнњо бояд дар њар як сархат на камтар аз 3 - 4 бошанд. Дар асоси чунин матнњо нутќи монологї инкишоф таълим дода мешавад. Дар асоси ин намуд матнњо хонандагон паси сар намудани мушкилињои артикулятсиониро ёд мегиранд. Матнњои машќї дар худ маводе, ки алакай дар шакли нутќи азхуд шудааст, дарбар мегирад. Вале ин мавод дар матнњо ба шакли камтар дигаргун шуда пешнињод карда мешавад. Дар фањмидани чунин матнњо хонандагон ягон мушкилиро њис намекунанд. Љойи хониш - синфхона, ваќти хониш - баъд аз кор аз рўйи љумлањо-намунањо.

    Намуди дуюми матнњо низ инчунин гурўњи микроматнњоро ташкил медињад. Вале шумораи онњо на камтар аз 5 љумла дар њар як параграф аст. Хусусияти фарќунандаи ин намуд матнњо ин дар онњо љой додани калимањои пештар шинос набуда мебошад.

    Муаллифон пешнињод мекунанд, ки ду намуди аввали матнњо дар тахтањои синфии маљозї ва плакатњо ба воситаи алифбои буридашаванда љой карда шаванд, самараноктар мешавад. Ба сифати чунин матнњо метавон машкњои пеш аз матниро истифода барем.

    Намуди сеюми матн ин матни умумикунонидашуда мебошад, ки аз 10 то 15 сатрро дарбар мегирад. Ин маводњои оддии таълимї мебошанд, ки аз матнњои ду матни дар боло ќайд гашта тартиб дода мешаванд.

    Матнњои иловагї - матнњои фабулї мебошанд, ки дар мундариљаи худ якчанд воњидњои лексикии ношинос, ки маънои онњоро худи хонандагон пешгўї карда метавонанд, доранд. Муаллифон шарњдињии ин гуна ќисматњои матнро иљозат медињанд. Одатан, ин намуди матнњо барои кор дар хона пешбинї шудаанд. Њачми онњо калон аст, ба андозаи 1 ва ё якуним сањифа. Фањмидагирии ин намуд матнњо дар синфхона санљида мешавад ва мундариљаи онњо бошад барои ташаккулёбии нутќи мустаќили монологї хизмат мерасонад.

    Билохира, намуди охирони матн ин азназаргузаронї-санљишї мебошад, ки барои хониши бе тарљума истифода бурда мешавад. Санљиши дараљаи фањмидагирї ба тариќи истифодабарии усули хониши бетарљума гузаронида мешавад.

    Ба ѓайр аз ин, талаботњои умумї ба матн омўзгор бояд инчунин баъзе хусусиятњои матнро, ки бавосита ва ё бевосита метавонанд ба љараёни таълим таъсир расонанд, донад.

    Хусусияти мантиќї- маъноии матн.

    Яъне ягонаги семантикї ва маъноии матн дар назар дошта шудааст. Яке аз хусусиятњои марказии матн, аз он љумла матни таълимї ин ягонагии семантикї-маъноии матн мебошад. Ягонагї дар њамљоягии маъноии матн дарљ мегардад. Маънои феномини ягонагї ин психолингвистикї мебошад.

    Чунин та]рифи феномини ягонагї инчунин дар нутќї хаттї низ вомехўрад. Интенсияи нависанда ва барномаи ў ягонагии ахбороти хаттиро муайян месозад. Корњои гузаронида шуда нишон медињанд, ки ягонагї инчунин метавонад ифодаи муайянро надошта бошад. Вале он дар њама намуд матн, дар шакли мотиватсияи муайян вомехўрад. Вале бояд кайд намуд, ки бисёре аз матнњои таълимї ягонагии маъноиро надоранд. Шарти ягонагї ин алоќамандї мебошад. Вале, ба гуфтаи А.А. Леонтев, ягонагї на њама вакт метавонад бо алокамандї тариф дода шавад, зеро матнњои алоќаманд на њама ваќт ягона мешаванд [18].

    Структураи мантиќї - маъноии матн.

    Компоненти асосии оѓози маъноии матн ин мавзўъ, идея ва масъалаи њалталаби асар мебошад. Мављуд набудани мафњумњои "мавзўъ", "идея", ва "проблема" дар адабиётшиносї метавонад ба он оварда расонад, ки дар психология ин компонентњое ки асоси мундариљаи матнро ташкил мекунанд, нодуруст фањмида шаванд.

    Дар матни таълими факат ягон мавзўъ ва ё проблема шарњ дода мешавад. Проблема на фаќат дар матн нишон дода мешавад. Дар зинаи аввали таълим идеяи матн метавонад содда бошад. Масалан, дар тирамоњ дењќон њосили зиёд чамъ мекунад, табиат дигаргун мешавад. Дар зинањои болої бошад, матнњо њам аз љињати мавзўъ ва њам аз љињати идея мураккабтар мешаванд.

    Тањлили матнњои таълимї нишон дод, ки зиёде аз онњо, таќрибан 86 фисад, як мавзўъро доранд. Сабабаш дар он аст, ки матнњои таълимї њаљман на он ќадар калонанд ва муаллифон мекўшанд то ки дар фањмиши онњо хонандагон мушкилии зиёдро њис накунанд.

    Мавќеи муњимро дар вонамудани мавзўъ сарлавња мебозад. Чї хеле, ки тањлил нишон дод, мавзўи матнро сарлавха баён менамояд. Сарлавња имконият медињад, ки мавзўъњои асосї муайян карда шаванд, дар мавриде ки матн якчанд мавзўъњоро пешнињод кунад. Матнњои таълимї кариб ки њамаваќт сарлавња доранд. Вале дар бисёр мавридњо хонандагон ба он ањамияти зарураро намедињанд.

    Хусусияти баёни мавзўъ гуногун шуда метавонад. Он метавонад фањмондадињї, тасвиркунї ва ё муайянсозии мавзўъи мавод ва инчунин бањодињии он шуда тавонад. Баъзан метавонад мавзўе бошад, ки дар худ ду баёнкуниро дарбар мегирад. Бисёрвохўрии ин намуд баёнкунињо, чї хеле ки тањлили маводњо ва матнњои таълимї нишон доданд, гуногунанд. Он вобаста аз хусусияти матн дигаргун шуда меистад.

    Фарќияти идея аз мавзўъ дар он ифода мегардад, ки мавзўъ дар бисёр мавридњо метавонад дар матн ва њам дар сархати аввал ифода ёбад. Идея бошад фаќат дар матн ифода меёбад.

    Гуфтањои дар боло оварда ба он хулосае оварда мерасонанд, ки матн худ объекти мураккаб барои фањмидагирии хонанда мебошад. Хусусиятњои тањлилкарда ин факторњои объективї мебошанд, ки ба дараљаи фањмидагирї таъсир мерасонанд. Омўзгор бояд хусусиятњои басифати матнро хуб донад, то љараёни таълим хуб ташкил карда шуда, натиљањои дилхоњро дињад.
    1   2   3


    написать администратору сайта